title
stringclasses
1 value
author
stringclasses
1 value
language
stringclasses
1 value
text
stringclasses
1 value
Достонҳои шоҳнома китоби 1
Сотим У.
tajik
Китоби аввал КАЮМАРС ВА АВЛОДИ ӯ Дар қадимтарин ривоятҳои аҷдодони мо (cid:) қавму қаби- лаҳои Бохтария, Суғд, Эронзамини бостонӣ чунин омадааст, ки инсонҳо нахуст дар ҷангалҳо мезистанд, хӯрокашон меваҳои ёбоӣ, пӯшокашон барги дарахтон будааст, на кишту корро медонистаанд ва на шикорро. Як вақт аз байнашон Каюмарс ном марди доное баромада, ба онҳо шикори ҷонваронро ёд додааст. Каюмарс ойини подшоҳиро ба ҷаҳон овард ва нахустин подшоҳ ӯ шуд. Бохирад марде буд, ақли ҷӯяндаву офарандае дошт. Аз санг ва чӯб олатҳои бурандаву шикофанда таро- шида, ба воситаи онҳо ба шикори ҷонварон пардохт, дар ҷангалзору кӯҳсорон даррандаю чаранда фаровон буд. Каюмарс мақомгоҳашро аз ҷангалзор ба кӯҳсор кӯчонида, пойтахти худро дар вай устувор кард. Мардумон чун шикорро ёд гирифтанд, ба хӯроквориашон гӯшт зам шуд, машаққати пайдо кардани хӯрок осонтар гардид. Аз ин гузашта, онҳо метавонистанд акнун дар хунукиҳо тани бараҳнаашонро бо пӯсти ҳайвонот пӯшонанд. Нахуст худи Каюмарс пӯшоки баргинашро ба палангина табдил дод. Одамиён ром кардани ҷонваронро ҳам ёд гирифтанд. Каюмарс дар бошишгоҳи кӯҳии худ аз ҳар ҷинси ҷонвар ҷуфт-ҷуфт нару мода нигоҳ дошта парвариш кард. Мардумон аз вай дӯшидани шири буз ва модаговро омӯхтанд. Саги ёбоӣ ба одамон унс гирифт ва боқадр шуд, зеро онҳоро аз ҳуҷуми душманон ва ҳайвоноти дарранда огоҳ мекард. Мардумон хурӯсро ҳам азиз медоштанд, зеро ақида дош- танд, ки бонги хурӯс торикиро мепароканад ва мардумонро ба ибодати саҳаргоҳӣ, ба кору меҳнат даъват менамояд. Донишу қудрати Каюмарсшоҳ чандон боло гирифт, ки рафта-рафта ҳукмаш ба даррандагон ҳам раво гардид, шеру бабру палангон гала-гала ба даргоҳи вай омада, фармонбар- дораш мешуданд. Каюмарс ба адлу дод подшоҳӣ кард. Дар даврони вай киш- вараш чун баҳор шукуфт. Аммо давлати ӯро душмани бадкине дар камин буд. Аҳриман (cid:) деви бадӣ, зулмат ва аҷал, ки бо ҳурмузд (cid:) Худои некӣ, рӯшноӣ ва ҳаёт доим ба ҷангу ҷидол аст, аз тахту бахти Каюмарс рашк бурд ва роҳи душманӣ пеш гирифт. Аҳриман бачаи гургсурате дошт, ки аз сипоҳиёни Каюмарс буд. Вай бо таълими Аҳримани калон дар хуфия аз ҳамҷинсонаш лашкаре сохт ва фитна сар кард. Чун ӯ беш аз ҳама аз писари шоҳ (cid:) Сиёмаки далер ҳаросон буд, аввал вайро аз миён бардоштанӣ шуд. Шоҳ аз душмании ӯ бехабар буд. Рӯзе фариштаи некукор Суруш бо қиёфаи марди палангинапӯше назди шоҳ омада, ӯро аз қасди девбача хабар- дор кард ва шоҳ ба писараш Сиёмак огоҳӣ дод, шоҳзода дар ғазаб шуда лашкар гирд овард ва ба болои девон тохт. ҷанги шадиде ба амал пайваст. Сиёмак тани бараҳнаашро танҳо бо як сипари чармипалангӣ панаҳ карда, дар размгоҳ ҷавлон мезад. Гурзи вай чандин девро ҳалок кард. Аммо ҷавонпаҳлавони ҷангнодида ва аз макри девон бехабар дар ҷанги тан ба тан бо аҳриманбачаи гургсурат мағ- луб гардид; даме ки Сиёмак гурзро ба сари ҳарифаш фурӯ мео- вард, дев як ҷаҳида ба китфи ӯ савор шуд ва зер карда миё- нашро шикаст, ғалтонд ва бо чанголи сиёҳаш синаи ӯро чок карда партофт. ҳ У Ш А Н Г Соле бар ин баромад, лекин Каюмарси пир ҳамоно ба доғи фарзандаш месӯхт, мегиристу менолид. Суруши накукор бори дуюм аз ҷониби ҳурмузд ба наздаш омад, салом кард ва гуфт: (cid:) Эй шоҳ, беш аз ин манол, лашкар бисоз ва бар девони палид битоз, гардашонро ба осмон барор. ҳурмузди бузург мададгори туст. Каюмарс шукри Худовандашро баҷо овард ва ашки чашмонашро пок кард: Ва з-он пас ба кини Сиёмак шитофт, Шабу рӯз орому хуфтан наёфт. Аз Сиёмак писаре монда буд, ҳушанг ном; ӯ ҳушу хирадро аз бобояш, зӯру тавоноиро аз падараш мерос гирифта буд, Каюмарс ба ҷон дӯсташ медошт, ҳама корро бо машварати ӯ мекард. Набераи ба умр ҷавон ва ба ақл пир гӯё вазири бобояш буд. Каюмарс рози худро бо ӯ дар миён гузошт ва гуфт: (cid:) Ман лашкар месозам ва ба кини падарат бо девон меҷан- гам. Солори лашкар ту мешавӣ, зеро ман пирам ва рафтаниам. ӯ лашкаре аз париён ва шеру палангон гирд овард: Паси пушти лашкар Каюмарсшоҳ, Набера ба пеш-андарун бо сипоҳ равона шуданд. Чун ба наздики қароргоҳи девон расиданд, ҳушанг ба тале баромада нигоҳ кард, дид девон фазои даштро аз гарду хок тира сохта пеш меоянд, онҳо пешакӣ аз тараддуди Каюмарсу ҳушанг огоҳӣ ёфта, омодаи ҷанг шуда буданд. Сипаҳсолори зирак ба дарозӣ ва паҳнои гард мулоҳиза карда, аз тал фуруд омад ва ба шоҳ гуфт: (cid:) Сипоҳи девон аз мо ду-се карат зиёд ва ба илова мастии зафаре, ки бар падарам ёфта буданд, ҳанӯз аз димоғашон нарафтааст. Онҳоро мағлуб наметавон кард, магар бо тадбир. (cid:) Чӣ гуна тадбир? (cid:) пурсид Каюмарс. (cid:) Ту ҳоло инро хоҳӣ дид, бобо, (cid:) ҷавоб дод ҳушанг. Вай нисфи сипоҳашро ба муқобили девон равона кард ва фармуд, ки ба ҷанг дароянду бардурӯғ гурезон шаванд, худаш бо ними дигари сипоҳ дар паси кӯҳ шинак гирифт. Девҳо лашкари «гурезон»-ро таъқибкунон аз наздики камингоҳи ҳушанг гузаштанд. ҳушанг бо сипоҳи шинакги- рифтааш якбора аз паси кӯҳ ҷаста худро ба онҳо зад. Девҳо саросема шуданд, сафҳояшон дарҳам шикаст, он гоҳ гурезаҳои дурӯғӣ ҳам қафо гашта ҳуҷум оварданд. ӯрдуи девон аз пеш ва ақиб дучори ҳамла шуд ва торумор гардид. ҳушанг яке чангол ёзонду деви гургсурат (cid:) кушандаи пада- рашро пӯст дарид ва ба хок афканда сарашро бурид. ҳамин тавр, ба туфайли фаросату тадбири диловарии ҳушанг ҷанги пурхатари одамиён бо девон ба ғолибияти одамиён анҷомид. Дар поёни ин фатҳи бошараф Каюмарс аз олам гузашт. Набера бар тахти бобояш нишаст. ҳушанг аз бобояш на танҳо тахту тоҷ, балки ақли кунҷков, фикри ихтироъкорро ҳам ба мерос гирифта буд. Вай усули аз конҳо оҳан истеҳсол карданро ёфт ва нахустин худаш оҳангарӣ оғоз кард. Одамон дар замони вай оҳангудозӣ, сохтани табар, теша, каланду арраро ёд гирифтанд. Ба замин тухм пошида ҳосил рӯёнданро омӯхтанд. Аммо оҳангарӣ бе оташ намешавад, ҳол он ки одамон то замони ҳушанг чӣ тавр даргирондани оташро намедонистанд. Инро аввал ӯ ёфт. Як рӯз ҳушанг бо чанде аз ёрони худ пайи шикор ба кӯҳсор рафт. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур як чизи дарозу сиёҳи хазанда падидор гашт, ки ду чашми сурхаш гӯё ду чашмаи хун буду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он чиз мори калони ҳавлангезе буд. Хушанг санги калонеро бардошта ба тарафи мор ҳаво дод, мор фавран ба як сӯ ҷаҳида ҷонашро халос кард, санги калон ба санги хурде бархӯрд ва ҳар ду шикастанд, аз сангҳо шарораҳо ба атроф ҷаст ва шуоъ падид омад. Мор кушта нашуд, лекин сирри оташ кушода шуд. ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат монданд. ӯ гуфт: (cid:) «Ин шуоъ фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук дошт ва парастид». Ин маросим, ки ҳар сол дар рӯзи муайян такрор мешуд, ба ҷашн табдил ёфт ва Сада номида шуд. Дар қадим халқҳои эро- нинажод ҷашни Садаро гиромӣ дошта, гулханҳо меафрӯхтанд, ки ин аз ҳамон шаби оташафрӯзии ҳушанг ба ёдгор монда буд. ТАҳМУРАС Баъд аз ҳушанг писараш Таҳмурас подшоҳ шуд. Дар замони вай одамон пашми гӯсфанд тарошидан, аз пашм либосворӣ ва намад бофтанро ёд гирифтанд. Аз даррандагон юз ва сиёҳгӯшро, аз парандагон боз ва шоҳинро барои шикор дастомӯз карданд. Таҳмурас девҳоро дар банд андохт, девҳо гуфтанд, ки агар подшоҳ онҳоро накушад, онҳо ба вай як ҳунари нав ёд медиҳанд. Сипас ба ӯ навиштанро ёд доданд. Девҳо хати румӣ, порсӣ, тозӣ, суғдӣ, чинӣ, паҳлавӣ ва ғайраро медонистанд, ҳамаро ба Таҳмурас ёд доданд ва Таҳмурас ба дигарон ёд дод. Бо ин тариқ, аз рӯйи ривояти қадима, дар подшоҳии Таҳмурас хатту савод падид омадааст. ҷАМШЕД Баъд аз Таҳмурас подшоҳӣ ба писараш ҷамшед расид. ӯ ҳукмдори ғаюр ва тавоное буд, ихтироъкории василаҳои беҳбудии ҳаёти мардумонро давом дод; ба онҳо риштатобӣ, матоъбофӣ, либосдӯзӣ омӯзонд. Иморат андохтан, ҳаммом сохтанро ҳам ҷамшед бунёд кард. Нахуст ӯ аз оҳан зиреҳ, ҷавшан, хӯд ва дигар олатҳои ҷанг сохт. Киштирониро ҳам аввал ӯ сар кард. Вақте ки ин ҳама корҳои нек анҷом ёфта, кишвар ба ободию оростагӣ расид, ҷамшед ба бузургӣ ва тавоноӣ дар ҷаҳон овоза шуд. Он гоҳ вай худро дар ҷаҳон ягона ва беҳамто донист ва мағрур шуд, бори шуҳраташро бардошта натавонист. Бузургони мамлакатро гирд оварда гуфт: (cid:) «Дар ҷаҳон ғайр аз ман подшоҳе нест. Ин ҳама ҳунарҳоро кӣ эҷод кард? Ман! Хӯроку пӯшок ва осудагии шумоён аз куҷост? Аз ман, аз қудрати ман! Пас шумо бояд маро Худо хонед ва ҷаҳонофарин гӯед». Ин навъ мағрурӣ ва худхоҳии ҷамшед сабаб шуд, ки мардумон кам-кам аз вай рӯ гардонданд. Заҳҳок чун шунид, ки мардумон аз ҷамшед рӯй гардо- нидаанд, ба қасди гирифтани мамлакати ӯ ба Эронзамин лашкар кашид. ЗАҳҳОК Дар ҳамсоягии давлати ҷамшед мамлакате буд бузург ва паҳновар, ки биёбонҳои бекарон дошт; подшоҳи он мамлакат, ба ном Мардос, дар саховату некукорӣ машҳур буд. Писари ӯ Заҳҳок ҷавони сабук, бодӣ, сангдил ва бедодгаре буд. Аҳримани фитнаангез, ки барои корҳои зишт ҳамин гуна одамони камхирад ва худкомро меҷӯяд, як пагоҳ худро ба сурати марди некандеш дароварда, назди Заҳҳок омад ва бо забони нарму овози форам ба гӯши вай афсун хондан гирифт: Фаровон сухан гуфт зебову нағз, ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз. (cid:) Розе ҳаст, ба ту дахл дорад, онро ғайр аз ман ҳеҷ кас намедонад, (cid:) афсуни худро оғоз кард Аҳриман. (cid:) Бигӯ, чист он роз? (cid:) пурсид Заҳҳок. (cid:) Аввал савганд бихӯр, ки ба касе намегӯйӣ, (cid:) талаб кард Аҳриман. Заҳҳок савганд хӯрд, Аҳриман гуфт: (cid:) Падари пире, ки ҳамчун ту писаре дорад, чаро бояд дар тахт нишинад? То кай менишинад? Подшоҳӣ ба ту мезебад. Чаро ту сустӣ мекунӣ? Агар хоҳӣ, метавонӣ падаратро ба осонӣ аз миён бардорӣ ва ба ҷояш худат биншинӣ. Ба дили Заҳҳок алав афтод, ҳирси ҷоҳталабиаш ҷӯшид, лекин ҳар чӣ ҳам бошад, аз падаркушӣ андеша кард ва гуфт: (cid:) Ин кор шоиста нест. (cid:) Ту савганд хӯрдӣ, (cid:) тарсонд ӯро Аҳриман, (cid:) агар гуфтаи маро накунӣ, савгандзада мешавӣ, ба балое гирифтор мешавӣ. ҷавон ба доми Аҳриман ғалтида, пурсид: (cid:) Подшоҳро чӣ тавр аз миён мебардорам? (cid:) Чораи инро ман месозам, (cid:) гуфт Аҳриман, (cid:) сари туро ба авҷи хуршед мерасонам, лекин ту ҳоли ҳозир хомӯш бош, то ман ин корро ба анҷом расонам. Мардос боғи дилкушое дошт, ҳар бомдод худаш танҳо ба он боғ даромада таҳорат ва намоз мекард. Деви бадсиришт шабона дар боғ бар сари роҳи подшоҳ чоҳе канда, даҳони онро хаспӯш кард. Саҳар Мардоси бахтбаргашта чун ба боғ даро- мад, ногаҳон ба он чоҳ ғалтида ҳалок шуд. Заҳҳоки падаркуш бар тахти подшоҳӣ нишаст. МАКРИ ДИГАРИ АҳРИМАН Аҳриман бори дигар худро ба сурати ҷавони донои сухан- варе дароварда, назди Заҳҳок омад, ӯро ситоиш кард ва гуфт: (cid:) Ман пазандаи моҳирам, таомҳои шоҳона мепазам. Заҳҳок вайро ошпази хоси худ таъйин кард. Аҳриман: Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой Хуриш карда овард як-як ба ҷой, Ба хунаш бипарвард бар сони шер, Бад-он то кунад подшоро далер. Рӯзи дигар ба ноштои шоҳ хӯрише аз кабку тазарв тайёр карда овард. Заҳҳоки шикампарвар хушнуд гашт. Рӯзи сеюм дастархони шоҳро бо чӯҷакабобу барракабоб ороста кард. ҳар рӯз хӯроке беҳтару лазизтар аз дирӯз мепухт. Меҳри Заҳҳок бар вай афзуд. Рӯзи чаҳорум ҷавон аз гӯшти гӯсола хӯроки дил- каше, омехта бо заъфарону гулобу шароби солхӯрдаву мушки ноб, тайёр карда овард. Заҳҳок чунон табъаш болид, ки ба пазанда гуфт: (cid:) Аз ман ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ! Аҳриман, ки мунтазири ҳамин фурсат буд, гуфт: (cid:) Эй, подшоҳ, ҳамеша шод ва фармонраво бизӣ: Маро дил саросар пур аз меҳри туст, ҳама тӯшаи ҷонам аз чеҳри туст. Ягона орзуи ман ин аст, ки иҷозатам диҳӣ, то ба тариқи бандагӣ ду китфи туро бибӯсам. Заҳҳок иҷозат дод. Аҳриман ҳар ду китфи ӯро бӯсид ва ҳамон дам нопадид гашт. Аз ду китфи шоҳ ду мори сиёҳ рӯид. Заҳҳок тарсид, ваҳмид, фармон дод, ки морҳоро аз бех бурида партоянд. Буриданд, лекин ҳамон дам боз ду мори дигар мисли шохи дарахт қад кашид. Табибони донишманд чӣ қадарҳо кӯшиданд, ки моронро нест кунанд, лекин натавонистанд. Он гоҳ Аҳриман худро ба сурати табиби пурдонише даро- варда назди Заҳҳок омад ва гуфт: (cid:) Буридани морон суд надорад. Онҳоро хӯрок дода ором кардан лозим аст. Хӯриши ин махлуқҳо мағзи сари одам аст. Барои он ки ором шаванду ба ту осебе нарасонанд, бифармой (cid:) ҳар рӯз аз мағзи сари ду кас хӯрок пухта ба онҳо хӯронанд. Шояд морон оқибат аз ин навъ парвариш бимиранд. Душмани одамиён Аҳриман бо ин чӣ мехост? ӯ мехост, ки ҳамаи одамиён кушта шаванд ва насли инсон несту нобуд гардад. ТОХТАНИ ЗАҳҳОК БА ЭРОН Дар ҳамон вақт буд, ки ғурури ҷамшед боло гирифт. Бисёрии саркардагон, ҳокимони вилоятҳо аз вай рӯ гардонда буданд; аз ҳар гӯшаи мамлакат сардоре сар бардошта даъвои истиқлол мекард, давлати ҷамшедро шӯру ошӯб фаро гирифта буд. Раият ва сипоҳ ҷӯёи подшоҳи дигаре шуда буданд, ки тавонад осудагии мамлакат ва халқро барқарор намояд. Заҳҳокро ба подшоҳӣ даъват карданд. Онҳо аз золимиву хунхории Заҳҳок бехабар буданд. Заҳҳок лашкари гароне бар зидди ҷамшед равона кард. ҷамшед тоб наёвард ва гурехт, лекин пас аз чанде ба даст афтод. Заҳҳок фармон дод (cid:) ӯро бо арра бурида ду ним карданд. Фотеҳи бегона қасрҳо ва тахту тоҷу ганҷи ӯро ба даст даровард: Саросар замона бад-ӯ гашт боз, Баромад бар ин рӯзгори дароз. Ниҳон гашт ойини фарзонагон, Пароканда шуд номи девонагон. ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд, Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд. Шуда бар бадӣ дасти девон дароз, Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз. Оҳу нолаи ҷафокашон чун абри сиёҳ фазои Эронзаминро фаро гирифт. Навкарони Заҳҳок аз халқ хироҷи яғмогарона меситониданд, деҳқону косибони нофармонӣ кардаро мекуш- танд, бисоташонро ғорат мекарданд, хонаҳошонро оташ мезаданд. Аммо аз ҳама бадтар ин буд, ки ҳар шаб ҷаллодони шоҳи аждаҳопайкар ба хонаҳои мардум шабехун зада, ду ҷавони солими навқиронро кашон-кашон ба дарбор бурда мекуштанду аз мағзи сарашон барои морони Заҳҳок хӯриш месохтанд. Морони аждаҳоваш шаб ором мешуданду саҳар боз фаш-фашкунон гирди сари Заҳҳок печида, ӯро ба қину азоби тоқатнофарсо меандохтанд. Доду фарёди падару модарони мусибатзада ба ҳеҷ ҷо намерасид. АРМАИЛ ВА КАРМАИЛ Дар шаҳр Армаил ва Кармаил ном ду марди поксириште мезистанд, ки ҳам далер ва ҳам раҳмдил буданд. Дуяшон чора андешиданд. Кармаил гуфт: (cid:) Медонем, ки ҷавононро баста оварда ба дари ошхонаи подшоҳӣ мепартоянд, аммо баъд бо онҳо чӣ кор мекунанд, ҳеҷ кас намедонад. Армаил гуфт: (cid:) Моро лозим аст, ки вориди ошхонаи подшоҳ шавем, то ин розро дарёбем. Пас ҳар ду ба хизматгории ошхонаи подшоҳӣ дохил шуданд. Муддате хизмат карданд, лекин воқифи асрор нашу- данд, зеро Аҳриман хӯриши моронро дар ғайби хизматгорон мепухт. Шабе аз шабҳо Армаил ва Кармаил дар ошхона монданд ва дар гӯшае поида хоб рафтанд. Бомдод аз доду фарёде бедор шуда диданд, ки навкарон ду ҷавони хунолуда ва ҳаросону ларзонро кашон-кашон оварда ба фарши хона афканданд. ҷаллоде табар ба даст ҳозир шуда сари онҳоро бурид ва сипас ошпаз сарҳои буридаро кафонда, мағзи онҳоро гирифта, бо дорувор омехта ба деги тафсон андохт(cid:) Армаил ва Кармаил бо дили пур аз ошӯбу ғазаб он амали даҳшатангезро дида, рози пинҳонии даргоҳи Заҳҳокро донистанд. Аҳриман он «хӯрок»-и офатнишонро пухта ба табақи заррин андохт. Хушҳол буд, иблисона ришханд мекард. Армаил ба сараш фикри тозае омаду ба дил гузаронд, ки ин розро то охир бояд донист. Дӯстон худҳошонро ошкор сохта чунин вонамуд карданд, ки гӯё ҳамин дам омада ба ошхона даромадаанд. Армаил бо таъзиму эҳтирому фармонбарӣ назди Аҳриман омада дастонашро дароз кард, то табақи таомро гираду барад. Аҳриман чобукию хизматгузории ӯро хуш кард ва табақро ба дасташ дод. Армаил бо он табақ ба боргоҳи подшоҳ равон шуд. Чӣ дид? Дид дар боргоҳи калони пурнақшу нигор бар тахти зарандудӣ мурассаъ ба дурру гавҳару лаълу фирӯза як марди лоғари зишт- андоми кареҳманзаре бо ранги зарди заъфаронӣ нишастаасту ду мори сиёҳи ваҳшатангез аз ду китфи ӯ қад кашида фаш- фашкунон гирди сари тоҷдораш печу тоб мехӯранд. Армаил аз он пеш подшоҳро надида буд, зеро Заҳҳок шамоили нафрат- ангезашро ба халқ нишон намедод ва аз қасраш намебаромад. Армаили ҳайратзадаи ба даҳшат афтода дар дами дари боргоҳ барҷо монду маҷоли қадам бардоштан надошт. Он гоҳ Заҳҳок бо асабияту беқарорӣ бо дасташ ба вай ишора кард, ки пеш биёяд. Армаил наздик рафта табақи зарринро ба вай дароз карда буд, ки дарҳол морҳо фаш-фашкунон ба хӯрок дарафти- данд ва онро дар як дам бо забонҳои сурху дарози теғмонан- дашон лесида тамом карданду ором шуда, рӯйи китфи шоҳ дароз кашида пинак рафтанд. Армаил ба ошхона баргашт ва он чӣ дида буд, ҳамаро ба Кармаил нақл кард. Кармаил аз ҷигар оҳи дарднок кашид ва гуфт: (cid:) ҳоло маълум шуд чаро он ҷавонони нагунбахт беному нишон мерафтаанд! Одамизодагони сарсабзи неруманд туъмаи морони манҳус мешудаанд! Дод аз дасти шоҳи аждаҳобардӯш! (cid:) Мо ба ошхонаи Заҳҳок роҳ ёфтем, хизматгори одамкушон шудем, то ки ба мардуми бахтбаргашта мададе расонем, (cid:) гуфт Армаил, акнун магар ин бадкирдории даҳшатангезро дида дам меистем? (cid:) Хӯриши морон фақат мағзи сари одамӣ будааст, чора чист? (cid:) маъюсона пурсид Кармаил. Армаил ба андеша рафта, бо як умедворӣ чунин ҷавоб дод: (cid:) Мағзи сари одамиро бо мағзи сари гӯсфанд омезем, чӣ шавад? Дар ин сурат ҳар рӯз аз ду ҷавони гирифторшуда якеро наҷот додан мумкин мебуд. Ин сухан писанд афтод ва ду дӯсти далер пинҳонӣ ба кор сар карданд. Бо ҳилаю найранг худҳошонро ба иблиси ошпаз хуш карда, эътимоди ӯро ноил шуданд ва он гоҳ вай рухса- ташон дод, ки аз он баъд ҳамон хӯроки манҳусро дуяшон пазанд. Аҳримани бадсиришт ҳатто хушнуд шуд, ки ду шогирд (cid:) ду хизматгори чобук ва содиқе ба даст овард: акнун вай мета- вонист вақташро ба эҷоди бадиҳо ва фитнаю фасодҳои дигаре сарф кунад. Армаил ва Кармаил мағзи сари одамиро ба мағзи сари гӯсфанд омехта мепухтанду бо ин тариқ ҷони яке аз ду ҷавони гирифторшударо халос мекарданд. Ба халқи мазлуми ҷафокаш фақат ҳамин қадар некӣ кардан аз дасташон омад, беш аз ин чорае наёфтанд. Бо ҷавони наҷот додаашон видоъ карда мегуфтанд: (cid:) Бираву пинҳон шав, аз шаҳрҳо дур бош: Нигар, то набошӣ ба ободшаҳр, Туро дар ҷаҳон кӯҳу дашт асту баҳр. Бо ин тариқ ҳар моҳ сӣ нафар ҷавон аз кушта шудан наҷот меёфтанд. Чун дусад нафар мешуданд, Армаил ва Кармаил ба онҳо пинҳонӣ аз рамаҳои подшоҳӣ чанде гӯсфанду буз дода, ҳамаашонро ба дашту кӯҳҳо равона мекарданд. Ровиёни ахбори қадим ривоят мекунанд, ки халқи бодия- нишини курд авлоди ҳамон ҷавонони гуреза аст ва курдҳо мардумони шуҷоъ, кӯҳу саҳродӯст, ба сахтиҳои зиндагӣ тобовар мебошанд. ХОБ ДИДАНИ ЗАҳҳОК Шабе аз шабҳо Заҳҳоки ситамгар хоб дид, ки ногаҳон се паҳлавони ҷанговар пайдо шуданд, ду нафари онҳо калонсол буданд ва як нафарашон ҷавон. Хурдашон паҳлавоне буд барно ва зебо, қоматаш чун сарв, камари шоҳворе ба миёнаш баста ва бар дасташ яке гурзи гарони говсар дошт. Вай хурӯшону дамон омада гурзро ба сари Заҳҳок зад ва ӯро ғалтонда, дастҳояшро баст, ба гарданаш каманд андохт ва баъд ҳар се паҳлавон ӯро дар гарду хок кашон-кашон ба сӯйи кӯҳи Дамованд бурданд. Бипечид Заҳҳоки бедодгар, Бидарридаш аз бим, гуфтӣ, ҷигар. Вай аз тарс ба сони даррандаи захмхӯрда: Яке бонг барзад ба хоб андарун, Ки ларзон шуд он хонаи садсутун. Саҳар фармон дод, ки аз тамоми мамлакат мубадон ва ситорашиносонро ба дарбор даъват кунанд. Чун ҳозир шуданд, Заҳҳок ба онҳо хоби машъумашро гуфта, таъбир пурсид: Бигуфто: Маро зуд огаҳ кунед, Равонро сӯйи равшанӣ раҳ кунед, Ки бар ман замона кай ояд ба сар? Киро бошад ин тоҷу тахту камар? Мубадон се рӯз муҳлат хостанд. Агарчи таъбири хоби Заҳҳок ба онҳо маълум шуда буд, лекин то се рӯз ба гуфтан ҷуръат накарданд, метарсиданд, ки агар росташро гӯянд, подшоҳи золим онҳоро мекушад. Рӯзи чаҳорум Зирак ном мубади хирадманди ростгӯй ва нотарс бо Заҳҳок рӯёрӯй истода гуфт: (cid:) Таъбири хобат ин аст, ки подшоҳии ту дер намепояд. Фаридун ном баҳодури ҷавоне аз насли шоҳони қадимии Эрон падид меояду туро сарнагун мекунад. Фаридунро ҳанӯз модараш назоидааст, лекин ӯ ба дунё меояд, туро бо гурзи гарони говсар зада ҳалок мегардонад ва молики тахту тоҷ мешавад. Заҳҳок чун гуфтори Зираки донишманд ва далерро шунид, беҳуш шуда аз тахт фурӯ ғалтид. Чун ба ҳуш омад, амр кард, ки Зиракро фавран гирифта лабонашро буранд ва пӯст кананд, лекин мубади ҳушманди оқибатандеш нопадид гашта буд. ӯро дар саросари шаҳр ҷустанду наёфтанд, вай аз шаҳр бадар рафта пинҳон шуда буд. Аз ҳамон рӯз Заҳҳок ба воҳима афтод: Нишони Фаридун ба гирди ҷаҳон ҳаме бозҷуст ошкору ниҳон. На ором будаш, на хобу на-х(в) ард Шуда рӯзи равшан бад-ӯ лоҷвард. ЗОДАНИ ФАРИДУН АЗ МОДАР Дар он кишвари зулмобод, ки подшоҳаш Заҳҳоки аждаҳо- бардӯш буд, Отибин ном марди некусириште мезист, ки нажодаш ба шоҳони Эронзамин ва ба Таҳмураси девбанд мера- сид. Аёли вай Фаронак ном зани покдил ва меҳрубоне буд. Боре Фаронак хоб дид, ки дар марғзори сабзу шукуфоне сайр мекунад, баногоҳ ҷавони барнои хушсурате падидор шуда ба вай мегӯяд: (cid:) Эй зани покдил, ба хонаат биштоб ва ба шавҳарат хабари хуш бирасон; шумоён писаре меёбед, ки ситораи иқболи кишвараш ва халқаш хоҳад шуд. Ту номи писаратро Фаридун мегузорӣ; вай сарвари паҳлавонони Эронзамин, ба қомат чун сарв, ба чеҳра чун хуршед, ба шуҷоат чун шер хоҳад буд. Барои кишвари ҷафокаши худ вай чун борони пурфайзи баҳорон ба замини хушку ташна хоҳад буд. Гӯянда Суруши некукор буд, ки худро ба сурати ҷавони зебое намудор карда буд. Фаронак бедор шуда, шавҳарашро ҳам бедор ва ба вай хоби аҷиби худро нақл кард. Отибин шодикунон гуфт: (cid:) Ман аз нажоди шоҳони қадими Эронзаминам, пас чӣ аҷаб, агар фарзандам озодибахши кишвари мо гардад! Башорати Суруши некукор ба вуҷуд омад, Фаронак писар зоид ва номи ӯро Фаридун гузошт. Аммо шодии модару падари хушбахт дер накашид. Навка- рони Заҳҳок, ки ба ҷустуҷӯйи Фаридун дар саросари кишвар такопӯ доштанд, пайи ӯро гирифтанд. Отибин ва Фаронак дар пайи халосии ҷони фарзандашон ӯро бардошта, сар ба кӯҳу биёбон гирифтанд. Шаб ба ғоре ё бешазоре паноҳ мебурданд. ҳар гоҳ, ки Отибин ба ҷустуҷӯйи хӯрокворӣ мерафт, Фаронак бо кӯдакаш дар ҳамон ғор ё бешазор мемонд. Рӯзе Отибинро навкарони Заҳҳок дар саҳро дастгир карда ба дарбор бурданд. (cid:) Писарат Фаридун куҷост? (cid:) дод зад Заҳҳок. (cid:) Писарамро одамҳо, кӯҳҳо, бешазорҳо аз ту пинҳон медо- ранд, то ба воя расад. Чун ба воя расид, зоҳир хоҳад шуд, тахту тоҷро аз ту хоҳад рабуд, диёрашро аз ситами ту, ки подшоҳи бегона ҳастӣ, озод хоҳад кард! Заҳҳок хашмгин шуд, фармон дод, ки Отибинро сар бурида аз мағзи сараш барои морон хӯриш бипазанд. Фаронаки шӯрбахт ҳамоно бо кӯдакаш дар кӯҳу бешазорҳо саргардон мегашт. Модари бечора хаставу нотавон шуда буд, бачааш аз гуруснагӣ мегирист. Боре Фаронак дар марғзор ба модагови аҷоибе дучор шуд. Модагов ниҳоят зебо, хушранг, назаррабо буд, ҳар тори мӯяш чун пари товус ранги дигаре дошт. Фаронак аз дидани он ҳайвони рангини муъҷизаосо чашмонаш хира гашт. Чун хастаҳол буд, нишаста бар рӯйи сабза паҳлу зад ва пинак рафт. Шарфаи поеро шунида чашм боз кард, дид, ки чӯпоне таёқ ба даст дар болои сараш истодааст. ҳаросон шуда пурсид; (cid:) Ту кистӣ? (cid:) Ман нигаҳбони ҳамин марғзору бешазор ҳастам ва ин модагови аҷоибро, ки номаш Бармоя аст, мепоям, (cid:) ҷавоб дод чӯпон. (cid:) Ман зани Отибини номдор ҳастам, ки подшоҳи ажда- ҳопайкар ӯро кушт; номам Фаронак ва ин кӯдак писари ман Фаридун аст. (cid:) Номи Фаридуни баҳодурро кӣ нашунидааст? (cid:) гуфт чӯпон ва ба тарафи кӯдак таъзим кард. (cid:) Халқон дар интизори озод- кунандаи худанд. Ту хаставу беҳол шудаӣ, дар кӯҳсору беша- зорон овораву саргардон гаштани ту ба ҷони худат ва ҷони писарат хатар дорад, ту бачаатро ба ман бидеҳ, ман нигаҳ- бонаш мешавам, аз чашми навкарони Заҳҳок пинҳон ва бо шири Бармояи нестдарҷаҳон парваришаш мекунам. Модари ғамзадаи парешонрӯзгор дилаш ба сидқи гуфтори пирамард гувоҳӣ дод ва бачаро ба вай супурд. Чӯпон Фаридунро бо меҳрубонии падарона се сол парварид. Дар ин миён ба Заҳҳок хабар расид, ки дар фалон марғзор модагови аҷоибе мечарад ва Фаридун бо шири вай парвариш меёбад. Дили модар хатари ба ҷони фарзандаш омадаро ҳис кард; вай бо шитобу ҷадал дар козаи пирамарди чӯпон ҳозир шуд ва бачаашро ба синааш пахш карда гуфт, ки ғайр аз гурехтану пинҳон шудан чорае нест: Бибуррам пай аз хоки ҷодуситон, Шавам бо писар сӯйи ҳиндустон. Шавам нопадид аз миёни гурӯҳ, Мар инро барам то ба Албурзкӯҳ. Фаронак пас аз тайи дашту биёбонҳо бо Фаридун ба кӯҳи Албурз расид. Дар Албурзкӯҳ Фаридунро ба як марди порсо, ки тарки дунё карда дар он ҷо мезист, супурд ва гуфт: (cid:) Эй некмард, ман зани мусибатзадае ҳастам: шавҳарам (cid:) падари ин кӯдак қурбони морони Заҳҳок шуд ва акнун он золими хунхор ба қасди ҷони писарам афтодааст. Таваллуди писарам ва сарнавишти ӯро Суруш ба ман хабар дода буд. Фаридуни ман рӯзе пешвои халқ шуда, интиқоми ситамкашон ва кушташудагонро аз Заҳҳоки хунхор хоҳад гирифт. Ту Фари- дуни маро ба ҷойи падар бош ва чун фарзанди худат тарбия карда ба воя расон. Марди порсо қабул кард ва тарбияи Фаридунро ба уҳда гирифт. Навкарони Заҳҳок ба чарогоҳи Бармоя рафта, Фаридунро дар он ҷо наёфтанд, марғзорро поймол карданд ва он модагови яктои нестдарҷаҳонро куштанд, сипас ба хонаи пештараи пада- ру модари Фаридун рафта, онро оташ заданд. ОГОҳ ШУДАНИ ФАРИДУН АЗ НАСАБИ ХУД Фаридун дар Албурзкӯҳ бо парвариши пирамарди порсо дар шонздаҳсолагӣ ҷавони қоматбаланд ва диловаре гардид, аммо намедонист падараш кист. Рӯзе аз кӯҳ ба дашт фаромада назди Фаронак рафт ва гуфт: (cid:) Модар, ба ман ниҳонро ошкор кун: падарам кӣ буд? Аз насли киям ман? Фаронак рози пинҳонро ошкор кард: (cid:) Писари далерам, падари ту марди хирадманд ва нексириште буд, аз нажоди шоҳони қадими Эронзамин буд, насабаш баъди якчанд пушт ба шоҳ Таҳмураси девбанд мерасид. Заҳҳоки золим ӯро кушта, аз мағзи сараш барои морони худ хӯрок пазонд. Баъд Заҳҳок хобе дидааст, мубадон хоби ӯро чунин таъбир кардаанд, ки аз эрониён Фаридун ном паҳлавоне падид меояд ва ӯро бо гурзи гарон зада мекушад. Заҳҳок ба ҷустуҷӯйи ту афтод, ман туро бардошта аз тарс ба кӯҳу даштҳо гурехтам, нигаҳбони марғзоре ба ман раҳмаш омада гуфт: (cid:) «Бачаатро ба ман деҳ, ман вайро бо шири гови хушзоти худам мепарварам». Розӣ шудам ва туро ба вай супур- дам. Заҳҳок хабардор шуда, он гови хушзотро кушт, ба хонаи мо оташ зад. Ман боз ночор аз тарси шоҳи аждаҳобардӯш ба Албурзкӯҳ паноҳ бурдам ва туро ба тарбияи марди порсо додам: Фаридун барошуфту бикшод гӯш, Зи гуфтори модар баромад ба ҷӯш. Дилаш пур зи дарду сараш пур зи кин, Бар абру зи хашм андаровард чин. Ба модараш гуфт: (cid:) Шамшер мекашам, аз Заҳҳок интиқоми зулмдидагон ва хонавайроншудагонро мегирам, рӯзгорашро табоҳ ва борго- ҳашро ба хок яксон мегардонам! Фаронак аз ғаюрӣ ва диловарии писараш ҳам фахр мекард ва ҳам метарсид, ки мабодо вай фалокате, балое ба сари ҷавони худ оварад. Пандаш дод, ки: (cid:) Эй фарзанд, беандеша мабош, ба ҷаҳон бо чашми ҷавонӣ нигоҳ накун. Заҳҳок подшоҳи зӯрмандест, сипоҳи фаровон дорад, боз агар хоҳад, аз ҳар вилоят сад ҳазор марди ҷангӣ ба хизматаш камар баста меоянд. ҳар кас, ки шароби ҷавонӣ чашид, дар ҷаҳон танҳо худашро мебинаду бас. Ту низ ҳамин тавр, аммо бидон, ки мастии ҷавонӣ мумкин аст сари касро ба бод диҳад. Панди модаратро шунав, писар, аз ин ниятат баргард. Аммо Фаридун бар азми худ устувор буд. КОВАИ ОҳАНГАР Дар ин миён Заҳҳок дар андешаи Фаридун рӯзу шаб ба тарсу ваҳм буд; пайваста номи Фаридунро бар забон меронд. Медонист, ки Фаридун зинда ва ташнаи хуни ӯст. қарор дод бузургон ва мубадони мамлакаташро даъват карда, бо ёрии онҳо пояи салтанаташро мустаҳкам гардонад. Бузургон ва мубадон ба боргоҳи ӯ ҷамъ омаданд. Заҳҳок тоҷи фирӯза бар сар ниҳода бар тахти оҷ нишаста ва ба мубадон рӯ оварда гуфт: (cid:) Эй номвар хирадмандони пурҳунар! Ба шумо маълум аст, ки ман як душмани ниҳонӣ дорам. Агарчи ӯ ҷавон аст, лекин ман ӯро хурд намебинам, ӯ далер ва номҷӯй аст, мехоҳад маро сарнагун, давлатамро вожгун созад. Аз бади рӯзгор метарсам. . Оҷ (cid:) устухони фил. Бояд чора ҷуст. Шумо як гувоҳнома нависед, ки ман подшоҳи одил, раҳмдил, ростқавл ҳастам ва ҳамеша ба ростию некӣ амал кардаам, то ки душманонам баҳонаи теғкашию интиқомҷӯйӣ надошта бошанд. Бузургон магар ҳад доштанд, ки амри подшоҳашонро баҷо наёранд? Ночор аз тарс гувоҳнома навиштанд ва ҳамаашон дар он гувоҳнома имзо карданд. ҳамин вақт дар майдони пеши қаср халқи ситамдида ҷамъ омада, аз дасти шоҳи аждаҳобардӯш дод мегуфтанд, ғавғо мекарданд. Як марди тануманди бокитфу бозу, ки дар чашмонаш оташи кину ғазаб шуълавар буд, ба боргоҳ зада даромад. ҷӯшону хурӯшон даст бар сар зада, рӯёрӯйи Заҳҳок истода фарёд кашид: (cid:) Эй ситамгар, ман Коваи оҳангарам: Бидеҳ доди ман! Омадастам давон, ҳаменолам аз ту ба ранҷи равон. Зи ту бар ман омад ситам бештар, Занӣ ҳар замон бар дилам нештар. Ситам гар надорӣ ту бар ман раво, Ба фарзанди ман даст бурдан чаро? Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон, Аз эшон яке мондааст ин замон. Бубахшою бар ман яке дарнигар, Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар. Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгӯй, Агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй. ҷавонӣ намондасту фарзанд нест, Ба гетӣ чу фарзанд дилбанд нест. Агар ҳафт кишвар ба шоҳӣ турост, Чаро ранҷу сахтӣ ҳама баҳри мост? Заҳҳок гуфтори Коваро шунида, дар ҳайрат монд ва боз бештар тарсид. Андешид, ки беҳтар аст аз оҳангари додхоҳ дилҷӯйӣ кунад ва худро боадлу инсоф нишон диҳад. Охирин фарзанди ӯ (cid:) писари ҳаждаҳумашро аз куштан барои хӯриши морон озод карда, ба падараш баргардонд. Пас ба Кова гувоҳномаро дароз кард ва фармуд, ки ба он имзо кунад. Кова онро гирифта хонду барошуфт, ба бузургон ва мубадон рӯ оварда бонг зад: (cid:) Эй беномусҳо, бевиҷдонҳо, тарсуҳо! Аз шоҳи аждаҳо- пайкари худ тарсида ҳамаатон мункири ҳақиқат шудед! Ба гуфтори ӯ дил супурдед! Бардурӯғ гувоҳӣ додед! Ман аз подшоҳи ситамгар наметарсам, бигузор маро кушад, лекин ман ба ин номаи мунофиқӣ даст намемонам, гувоҳӣ намедиҳад! Инро гуфта, вай гувоҳномаро бо қаҳру ғазаб дарронда партофт ва поймол кард. Сипас писарашро пешандоз карда хурӯшону дамон аз боргоҳ бадар рафт. Коваи оҳангар дар берун пешдомани чарминашро ба нӯги найза баст ва онро чун байрақ барафрошта бар сари бозор рафт ва нидо андохт: (cid:) Эй халқ! Дод аз дасти ситамгар! Дод аз зулми подшоҳи аждаҳобардӯш! То ин деви одамхорро аз сари худ дафъ накунем, ба мо зиндагӣ нест. Агар туъмаи аждаҳо шудан нахоҳед, агар ҳамият доред, бо ман биёед! Меравем назди Фаридун! Он баҳодурро ба худ сардор мекунем ва бо ситамгар меҷангем, аз вай интиқоми фарзандони қурбоншудаамонро мегирем! Гуфтори пурсӯзу алами Кова шӯре дар дилҳои мардумон ангехт, издиҳоми косибон ва деҳқонони ситамдида аз дунболи Кова, ки байрақи чармини сари найза ба даст, пеш-пеш қадам мезад, равон гардиданд. Сари роҳ ба онҳо тӯда-тӯда мардумони шаҳру деҳоти дигар ҳамроҳ мешуданд. ВОХӯРӣ БО ФАРИДУН Чун ба нишемангоҳи Фаридун расиданд, Фаридун нигоҳ кард, дид, ки халқи бисёре хурӯшону дамон аз роҳ мерасанд ва пешопеши издиҳоми халқ марде тануманди ришсиёҳ бо чармпорае, ки ба сари найза бастааст, меояд. Ба пешвози онҳо баромад. Кова истода ба ӯ хитоб кард: (cid:) Эй Фаридуни баҳодур, мо бар зидди шоҳи бегонаи золими одамхор қиём кардем, назди ту додхоҳ омадем. Кини халқро аз ситамгар биситон, моро ба ҷанги ӯ бибар! Мо сипоҳи туем ва ту солори мо! Фаридун байрақи чарминро ба фоли нек гирифт, шод шуд, гуфтори мардумони ҷафодидаро шунид. Нахуст фармон дод, то чармпораи Коваро бо порчаҳои гаронбаҳо ва бо зару гавҳар оростанд ва онро «Дирафши коваёнӣ» хонданд. Аз он баъд ҳар касе, ки подшоҳ мешуд, он чарми оҳангарии коваёниро бо дурру гавҳарҳои нав ва порчаҳои нафиси гарон- баҳо меорост, ба тавре ки дирафш дар шаби тор низ чун ситора медурахшид, аз ин рӯ онро «Ахтари коваёнӣ» ҳам мегуфтанд. Фаридун тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода назди Фаронак омад ва гуфт: (cid:) Модар маро дуо кун, фотиҳа бидеҳ, ман ба корзор меравам, то Заҳҳокро сарнагун кунам. Фаронак гириста фотиҳа дод, фарзандашро ба ҷиҳоди муқаддас равона кард. Бо фармоиши Фаридун аз растаи оҳангарон беҳтарин усто- дони ин ҳунарро ба наздаш оварданд, вай бо паргор ба замин шакли гурзро кашида ба онҳо нишон дод ва гуфт: «Барои ман ба ҳамин шакл гурзе бирезед». Сари гурз монанди сари барза- гов буд. Оҳангарон баъди чанд рӯз гурзро сохта оварданд. Фаридун онро писандид ва ба устоҳои оҳангар сарулибос, симу зар бахшид. ЮРИШИ ФАРИДУН Фаридун бар аспи кӯҳпайкаре нишаста он гурзи говсарро ба даст гирифт ва дар сари лашкаре, ки аз халқ ба ҳам омада буд, рӯ ба сӯйи пойтахти Заҳҳок ниҳод. Пешопеши лашкараш бо як азми ғазаболуди ҷангҷӯ асп меронд: ҳамерафт манзил ба манзил чу бод, Саре пур зи кину диле пур зи дод. Шомгоҳ дар манзиле фуруд омад, лашкараш бору буна афканд. Дар шаби тор ҷавоне бас хубрӯ бар сони парӣ назди Фаридун ҳозир гашт, ба ӯ суханҳо гуфт, роҳи кушодани тилисмҳои Заҳҳок ва шикастани бандҳоро ёд дод ва ғоиб . Дирафш (cid:) байрақ. гардид. Фаридун донист, ки ин ёрирасони ногаҳонии ӯ боз ҳамон Суруши некукор аст, ки ин дафъа худро ба сурати ҷаво- ни парипайкаре зоҳир кард. Донисту аз шодӣ чеҳрааш чун гули арғувонӣ шукуфт. Бахташро ҷавон ва давлатро ҳамъинон дид. Хони зиёфат оростанд, бода нӯшиданд. Фаридун аз бода сараш гарон шуд, майли хоб кард, дар пояи кӯҳи Бурд ба хоб орамид. Ногоҳ садои ғуррише бедораш кард, чашм кушода дид, ки санги калоне паррону ғуррон аз кӯҳ ба болояш фурӯ меояд. ҳамон лаҳза ба афсуне, ки Суруш ба ӯ ёд дода буд, сангро баргардонда ба танаи кӯҳ баст. Сипас чашмаш ба ду марде ғалтид, ки дар болои кӯҳ истода аз паси харсанге бо тарсу ҳарос ба поин нигоҳ мекарданд. ҳар дуро шинохт (cid:) онҳо писарони ҳамон пирамарди албурзкӯҳӣ буданд, ки Фаридунро тарбия карда буд ва ба Фаридун нисбати бародарӣ доштанд, зеро мураббии порсо падархондаи Фаридун ҳам буд. Бародарон чун беҳунар буданд, ба ҷойи ҳунар бахилиро пешаи худ карда, аз бахти бедори Фаридун ҳасад бурда, ба қасди куштани ӯ он санги калонро аз тори кӯҳ ба болояш ғелонда буданд. Фаридун камар баста, боз ба роҳ афтод. Аз сирри он ду бедодгар огоҳ будани худро ба онҳо нафаҳмонд. Кова байрақи коваёниро барафрошта пеш-пеши сипоҳ мерафт. Лашкар ба сӯйи Арвандрӯд, ки арабҳо Даҷла хонандаш, равона буд. Ин дафъа бар лаби рӯд дар шаҳри Бағдод манзил карданд. Фаридун ба рӯдбонҳо фармон дод, ки зуд бо киштию заврақҳояшон лашкари ӯро аз об гузаронанд, рӯдбонҳо қабул накарданд, гуфтанд, ки бе фармон ва иҷозати шоҳ Заҳҳок киштӣ намеронанд. Фаридун хашмнок шуда, аспи гулранги бодпойро бо тундӣ ба дарё ронд; аз паси ӯ ёронаш ҳам сар ба дарё ниҳоданд.. Аспҳо то зинашон дар об ғарқ шуданд, фақат ёли онҳо чун шаҳбози хаёл дар шаби тор, бар рӯйи об намудор буд. Ба хушкӣ баромада, беист роҳи Ганги Дижхухтро, ки арабҳо Байтул (cid:) муқаддасаш меноманд ва он шаҳр пойтахти Заҳҳок буд, пеш гирифтанд. ФАТҳИ КОХИ ЗАҳҳОК Чун аз дашт ба наздики шаҳр расиданд, Фаридун аз масо- фаи як мил ба он нигоҳ кард, кохе дид, ки ба сипеҳр қад кашида ва ҳамчун ситораи Муштарӣ фурӯзон буд, донист, ки мақомгоҳи шоҳи аждаҳобардӯш он ҷост. Гурзи гаронро бардошта сари аспи тезтакро сар дод, дар як дам ба кох расид, - гӯё оташе гардиду ногаҳон дар пеши посбони қаср аз зери замин барҷаст. Зарби гурзи говсар дар як он кори посбону рӯз- бонҳоро тамом кард. Баҳодури ҷавон савора ба қаср зада даромад. ҳар кӣ пеш омад, бо гурзи говпайкар бар сараш зада ҳалокаш сохт. ҷодугарон, наррадевони даргоҳ низ аз зарбаҳои кушандаи гурзи вай амон наёфтанд. Тилисмеро, ки Заҳҳок дар қасраш сохта буд, Фаридун дарҳам шикаст, хароб кард. ҳама ҷойи қасрро кофтуков карда Заҳҳокро ҷуст, лекин наёфт: шоҳ дар пойтахташ набуд. Фаридун бар тахти ӯ нишаст. Аз шабистони ӯ хоҳарони ҷамшед (cid:) Шаҳрноз ва Арнавозро, ки Заҳҳок бо зӯрӣ ба ҳарами худ гирифта буд, берун овард. Хоҳарон ҷавони сарвқомат, хуршедталъат ва шерсалобатеро диданд, ки бо карру фарри хусравона бар тахти оҷ нишаста ва онҳоро ба паҳлуи худ мехонад. ҳайратзадаву дилбохта, ба ду паҳлуи ӯ нишастанд. Аввал Шаҳрноз ба забон омада пурсид: (cid:) Ту кистӣ? Аз куҷо омадӣ? Чӣ ахтар буд ин аз ту, эй некбахт, Чӣ борӣ? Зи шохи кадомин дарахт, Ки эдун ба болини шер омадӣ, Ситамгора марди далер омадӣ? Фаридун ному насабаш ва мақсадаш баён кард: Манам нури он некдил Отибин, Ки Заҳҳок бигрифт аз Эронзамин, Бикушташ ба зориву ман кинаҷӯй, Ниҳодам сӯйи тахти Заҳҳок рӯй.. Кох (cid:) қаср Сипас вай бо теғи ҷаллодони Заҳҳок кушта шудани дояаш Бармоя (cid:) он гови нестдарҷаҳонро, ки «зи пайкар танаш ҳамчу пероя буд», бо аламу ҳасрат нақл кард. Хоҳарони ҷамшед чун донистанд, ки ӯ Фаридун аст, шодӣ карданд. Арнавоз гуфт: (cid:) Пас ҳалоки Заҳҳок дар дасти туст. Мо ду шоҳдухтар чӣ ранҷу балое, ки аз ин Аҳриманзод накашидем! Мо аз бими ҳалок ба вай ром шудем. Чӣ азобе сахттар аз ин аст, ки кас ҳамхобаи ҷуфти мор бошад! (cid:) Ман пайи он аждаҳоро аз замин бармеканам, (cid:) барошуфт Фаридун, (cid:) ҷаҳонро аз вуҷуди нопокаш пок мекунам! Шумо ба ман бигӯед, ҳоло Заҳҳок куҷост? (cid:) Вай тарафи ҷануб рафт, (cid:) ҷавоб доданд хоҳарон, мехоҳад дар он тарафҳо ҷодуе пайдо карда, аз банди ту раҳо ёбад, зеро ахтаршиносон ба ӯ гуфта буданд, ки аҷали ӯ ва заволи дав- латаш ба дасти Фаридун аст. Ин фол оташе бар дилаш афканда зиндагониро барояш талх гардонидааст. Вай ҳазорон дарран- даву чаранда ва марду занҳоро кушта, хунашонро дар як ҳавз рехта, дар он танашро мешӯяд, ба умеди он ки шояд бад-ин восита фоли ахтаршиносон маҳв шавад. Аз ду мори сиёҳаш пайваста ба ранҷу азоб аст, қарору ором надорад, кишвар ба кишвар мегардад. Фаридун ба ёфтани Заҳҳок чораҷӯй шуд. Дар набудани Заҳҳок нигаҳбонии кох ва хазина ба уҳдаи вакили ӯ Кундрав буд. Вакил дар вақти ҳуҷуми Фаридун пинҳон шуда буд. Кундрав рӯзи дигар дар паноҳгоҳи худ аз дур овози дафу дуҳул, суруду нағмаро шунида, тарсону ҳаросон берун омад ва шаҳрро пур аз мардумоне дид, ки бо шамшеру шашпар, табару тешаву таёқҳои одӣ мусаллаҳ шуда, дар раставу майдонҳо гулхан афрӯхта, ҷашни зафар барпо карда буданд. Паҳлавонон гӯштин мегирифтанд, ҳофизон суруд мехонданд, дорбозҳо, шуъбадабозҳо, масхарабозҳо ҳунарнамоӣ карда дил хуш мена- муданд. Аҳолии шаҳр, марду занҳо ба шӯришгарони фотеҳ- лашкари Коваю Фаридун дастархон мекашиданд. Аз гирудор ва ғорату яғмо, ки Кундрав ва монанди ӯ навкарони Заҳҳок мунтазири он буданд, нишоне набуд. Кундрав ҳайрон монд ва як қадар аз тарсу ҳарос фориғ шуда ба қасри шоҳ даромад. Дид, дар пешгоҳ ҷавоне тоҷ бар сар бо карру фарри хусравӣ нишаста, дар дасти росташ Шаҳрнози паричеҳра ва дар дасти чапаш Арнавози моҳлиқо ҷой гирифта, дар гирдаш сипоҳиёни зарринкамар ва мулозимони кулоҳ бар сар бастаанд. Саросема замин бӯсид, Фаридунро ситоиш кард. Фаридун чун аз кӣ будани вай огоҳӣ ёфт, фармуд ки биравад, асбоби базми шоҳо- наро муҳайё созад. Кундрав хон орост, шаробҳои ноб овард ва мувофиқи фармон созандаву сарояндагони номӣ, аъёну ашрофи шаҳрро ба маҷлиси шоҳ ҳозир кард. Шаби дарозро ба ҷашни шоҳонаву зиёфату базми ҷамшедӣ ба саҳар оварданд. РАФТАНИ КУНДРАВ БА НАЗДИ ЗАҳҳОК Дар бомдод Кундрав аз кох баромаду бар аспи роҳворе нишаста шитобон назди Заҳҳок раҳсипор гардид. Морбардӯш он рӯзҳо дар шаҳре аз шаҳрҳои Нимрӯз тавақ- қуф карда буд. Кундрав ба он ҷо расида, ҳар он чӣ дар пойтахт дида буд, ба Заҳҳок нақл кард. Вакили шоҳ Фаридунро наши- нохта ва кӣ буданашро ҳам аз касе напурсида буд. Ба Заҳҳок чунин гуфт: (cid:) Ногаҳон аз кишваре се марди сарафроз лашкар кашида омаданд ва пойтахти туро забт карданд. Аз ин се яке ҷавон аст, ба қомат чун сарви сиҳӣ, аз чеҳрааш фарри шоҳӣ тобон; дуи дигар калонсоланд (гӯянда Коваю Каёнуши паҳлавонро дар назар дошт), лекин сардор ӯст. Гурзе дорад, ки агар ба кӯҳ занад, кӯҳро мекафонад. Савора ба кох зада даромада, ҳамаи банду тилисмҳои туро дарҳам шикаст, паҳлавонон ва девони туро зада мағзи сарҳошонро ба хунашон омехт. Ранг аз рӯ ва ҳуш аз сари Заҳҳок парид, морони китфаш мисли ин ки хатарро ҳис карда бошанд, бесаранҷом шуда сар барафрохтанд. Вай тарси худро базӯр пинҳон карда гуфт: (cid:) Шояд меҳмон бошанд. Ба меҳмон шод бояд буд. (cid:) Меҳмон бо гурзи говсар? (cid:) тааҷҷуб кард Кундрав. (cid:) Охир, вай посбонони кохро кушт, тахти туро забт кард, аз тоҷу камар номи туро тарошид! Ин тоифа мардумро ту агар меҳмон шиносӣ, шинос! . Систон ва Зобулистон. (cid:) Ту манол, меҳмони густох ба фол беҳтар аст, (cid:) гуфт Заҳ- ҳок. (cid:) Хуб агар он номвар меҳмони туст, пас ба ҳарами ту чӣ кор дорад? Охир вай бо занони ту нишаста, гоҳ мушки зулфони Шаҳрнозро мебӯяд ва гоҳ ақиқи лабони Арнавозро мебӯсад. ҳам аз ин бадтар (cid:) шаб гесувони онҳоро ба худ болин мекунад! Аз шунидани ин сухан, ки барои вай аз заҳри зақум кушан- датар буд, Заҳҳок марги худро орзу кард, ба сони карг барошуфт ва морони сиёҳаш ҳам фашфашкунон ба сараш печиданд. Ба вакили нагунбахт шӯрид, тунду зишт дашномаш дод ва гуфт: (cid:) Аз ин баъд ту кадхудои хонаву шаҳри ман нахоҳӣ буд! Кундрав ришханде карду ҷавоб дод, ки: (cid:) Эй шаҳриёр, ба гумонам, бахт аз ту баргаштааст; аз тахту тоҷ маҳрум ки шудӣ, кадхудоии шаҳрро ба ман чӣ гуна медиҳӣ? Охир, ту чун мӯй аз хамир, аз ҷоҳи бузургӣ ҷудо шудаӣ, чораи кори худ бисоз! НАБАРД БО ФАРИДУН Заҳҳок аз ин гуфтугӯ ба ҷӯш омада бархост ва ба сипоҳу навкаронаш фармон дод, ки аспҳоро зин кунанд. Ва фавран бо сипоҳи гароне, ҳама наррадевони ҷангҷӯй, сӯйи пойтахташ ба роҳ афтод. Чун наздик расид, дуздона ба бераҳа рафта вориди шаҳр шуд. Дидбони Фаридун дарвақт огоҳ шуда, бонги хатар заданд ва он гоҳ сипоҳи Фаридун шитобон савор шуда рӯ ба он бероҳа овард. Мухолифон дар ҷойи тангӣ ба ҳам даровехтанд. Дар шаҳр ошӯбе бархост. Аҳолӣ, ки: ҳама дар ҳавои Фаридун буданд, Ки аз ҷаври Заҳҳок пурхун буданд, ба по бархоста ба мадади лашкари Фаридун расиданд. Ба бо- лои сипоҳи Заҳҳок чун жола аз бомҳо санг борида, аз деворҳо хишт борид. ҷавонони шаҳр гурӯҳ-гурӯҳ омада ба сафи лашкари Фаридун дохил мешуданд. Дар кӯчаҳои шаҳр сипоҳию шаҳрӣ ба ҳам омехта меҷангиданд. Кова ба як даст байрақи коваёнӣ, ба дасти дигар шамшер, шаҳриёнро сардорӣ карда, дар сафи пеш набард мекард. Теғи буррони ӯ даҳҳо душманро дар хоку хун ҷӯлонд. Заҳҳок дар байни ғавғои ҷанг ҳам хаёлаш ба Шаҳрнозу Арнавоз буд. Хандону шукуфон, бо нозу ишва дар ду паҳлуи фотеҳи ҷавон нишастани онҳоро ба пеши назар оварда, дар оташи рашк месӯхт. Тоқат накард, дар байни ҷӯши ҷанг аз лашкар ҷудо шуда ба пойи қалъа рафт ва камандашро бар кунгураи кох андохта боло баромад. Табдили пӯшоку қиёфа карда буд, то ӯро нашиносанд. Аз болои боми кох нигоҳ карда, дар айвон Шаҳрнози нозанинро дид, ки (cid:) «ду рухсора рӯзу ду зулфон чу шаб» (cid:) дар айвон истода Фаридунро офарин мефи- ристоду Заҳҳокро нафрин мекард. Морбардӯш оташи рашку алам ба мағзаш зада, камандро сӯйи айвон поин андохт. Дар ин лаҳза на ёди тахт будаш ва на андешаи ҷон. Ташнаи хуни паричеҳрагон буду бас. Ханҷари обгунро ба дандон газида бо каманд аз бом фуруд омад. Аммо толеи баргашта кай ба мадади ӯ мерасид? Даме ки пой бар замин ниҳод, Фаридун чун аҷали беамон дар болои сараш падидор гашт. Вай ба тарафи қалъа рафтани Заҳҳокро дида, аз паяш афтода буд. Бо гурзи говсар ӯро зада бар замин нақш кард; морони сиёҳи Заҳҳок аз тарс дар китфонаш фурӯ рафтанд. Фаридун боз гурзро бардошт, то бо зарби дигар рақиби шумро ҳалок созад, лекин Суруш ҳозир шуда, дасташро дошт ва гуфт: (cid:) Назан. ҳоло аҷали ӯ нарасидааст. Бибараш то ҷое, ки тангнои ду кӯҳ пеш ояд. Он ҷо ӯро дар банд андоз, то аз ранҷу азоб бимирад. Фаридун каманде аз чарми шер бофонда, бо вай ҳар ду даст ва миёни Заҳҳокро ба сутун чунон маҳкам баст, ки ӯро зӯри фил ҳам аз он сутун канда наметавонист. Сипас, ҷорчиён дастгир шудани Заҳҳокро дар шаҳр эълон карданд. ҷанг ба музаффарияти сипоҳи Фаридун ва шӯриш- гарони Кова анҷомид. Аз лашкари Заҳҳок камтар касе ҷон ба саломат бурд. Заҳҳоки даступобастаро ба пушти шутур партофта аз байни издиҳоми халқ, ки ба тамошои ин ҳол ҷамъ омада буд ва шодӣ мекард, гузаронда ба сӯйи кӯҳсори Шерхон ронданд. Дар он ҷониб вайро ба Дамованд бурданд ва бар танаи кӯҳ мехҳои оҳанин зада, аз ду дасташ ба он мехҳо овехтанд. Он ҷо вай муддати дарозе бо азоби азим овезон монда, хунаш қатра- қатра ба замин чакида, оқибат туъмаи марги пурнангу нагбат гардид. ДОСТОНИ ФАРИДУН ВА ПИСАРОНИ ӯ ҷАШНИ МЕҳРГОН Фаридун дар сари моҳи Меҳр тоҷ бар сар гузошт, подшоҳ шуд. Халқ ӯро сарнагункунандаи шоҳи ситамгар ва озодкунанда аз салтанати бегонагон медонист, бинобар ин ба подшоҳиаш хушнуд шуд ва таҳнияташ кард. Ба ёди ғалаба бар истилогарон ва озод шудани кишвар аз ситамгарони аҷнабӣ рӯзи тахтнишинии Фаридун (cid:) сари моҳи Меҳр рӯзи муборак дониста шуд. Аз он баъд ҳар сол сари он моҳро бо номи Меҳргон ҷашн гирифта, дар он рӯз гулханҳо меафрӯхтанд ва анбару заъфарон месӯхтанд. Фаридун се фарзанд ёфт: ду писари калонӣ аз Шаҳрноз ва писари хурдӣ аз Арнавоз зода шуданд, ки ҳар се: Ба боло чу сарву ба рух чун баҳор, Ба ҳар чиз монандаи шаҳрёр буданд. Писаронро ном наниҳоданд, то замоне ки ба воя расанду аз худ коре нишон бидиҳанд. Вақте ки писарҳо ба воя расида зебандаи тахту тоҷ шуданд, падару модаронашон барои онҳо арӯсони муносиб ҷустанд. ХОСТГОРИИ ДУХТАРОНИ ШОҳИ ЯМАН Фаридун аз хизматгорони худ ҷандал номеро: Ки бедордил буду покизамағз, Забончарбу шоистаи кори нағз, фармуд: (cid:) Бирав, гирди ҷаҳон бипӯй аз се духтар аз нажоди меҳта- рон биҷӯй, ки сазовори се фарзанди ман бошанд, аз як падару . Меҳтар (cid:) бузург, баландмақом. модар бошанд ва чандон ба ҳам монанд бошанд, ки кас ната- вонад якеро аз дигаре бишносад. Мувофиқи фармон ҷандал бо якчанд нафар ҳамроҳону хизматгорон ба сафар баромад. Онҳо чандин моҳу сол шаҳр ба шаҳр ва кишвар ба кишвар гаштанд, ба гуфтугӯи мардумон гӯш андохтанд, матлубаҳоро суроғ карданд; ниҳоят ба Яман афтоданд ва шуниданд, ки шоҳи он кишвар (cid:) Сарв се духтар дорад, ба дидор чун се гули як гулбун монанди ҳам ва аз як падару як модар. ҷандал шодикунон назди шоҳ рафт ва ӯро ситоиш, худро муаррифӣ ва мақсадашро баён кард: (cid:) Ман хизматгори шоҳ Фаридунам, аз Эронзамин омадам, ба ту шоҳам паём ва дуруд овардам. Шоҳи ман ҷӯёи дӯстӣ ва хешии туст. ӯ се нури чашми туро ба се фарзанди арзандааш хостгорӣ мекунад. Сарвшоҳ, ки аз духтарони дилбандаш асло ҷудо шудан намехост, аммо аз тарафи дигар хостгории ҷаҳондори бузург ва тавоное ҳамчун Фаридунро рад карда наметавонист, бо шуни- дани суханони ҷандал чун ёсуман дар оби ганда пажмурда гардид, ба худ гуфт, ки дар ҷавоб додан шитоб набояд кард. ӯ ба фиристодагони Фаридун ҷойгоҳ таъйин кард ва сипас дар хилват нишаста, ба андеша фурӯ рафт. Фармон дод, ки бузур- гони мамлакатро ба дарбор даъват кунанд. Бузургон ва аркони давлат ҷамъ омаданд. Сарв пеши онҳо рози нуҳуфтаро аз ну- ҳуфт берун овард ва гуфт: (cid:) Чашми ман ба се шамъ равшан аст ва ин се шамъ духтарони мананд. Фаридуншоҳ мехоҳад маро аз онҳо ва онҳоро аз ман ҷудо кунад. Агар гӯям, ки розӣ ҳастам, дурӯғ мешавад, зеро дилам розӣ нест ва дурӯғ гуфтан ба шоҳ раво намебошад; агар духтаронамро ба вай супорам, рӯзи равшан ба чашмам торик ва агар аз талабаш сар бипечам, дилам аз озори ӯ ҳаросон мешавад. ҷаҳондоре чун Фаридунро ба худ душман кардан беандешагӣ мебуд. Чӣ бояд кард? Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Аркони салтанат (cid:) мардони корозмудаву ҷаҳоншинохта ба ҷавобаш як-як забон кушоданд. Хулосаи сухани онҳо чунин буд: (cid:) Шоҳо, ту набояд ба ҳар бод аз ҷой биҷунбӣ. Агар Фаридун чунин подшоҳе бошад, пас мо магар бандагони содиқи ту нестем? Инону синони душманонатро тофтан одати мост. Агар Фаридун ба ҷанг ояд, мо бо ханҷару найзаҳои хун- резамон заминро майистон ва фазоро найистон мегардонем. Ту дари хазинаро бикушо ва лаб фурӯ бибанд. Агар аз қаҳри Фаридун тарсӣ, ба ӯ шартҳое пешниҳод кун, ки ба ҷо овардани онҳо номумкин бошад. Аммо сухани бузургон ба Сарвшоҳи эҳтиёткор ва оқиба- тандеш маъқул наафтод, (cid:) ӯ фиристодаи шоҳи Эронро хонда, пеши ӯ бо забони нарм чунин суханҳо ронд: (cid:) Ман додари шоҳи туям, ҳар чӣ ӯ фармояд, фармон мебарам. Аз забони ман ба ӯ чунин бигӯ: (cid:) «Агар писарони ту бароят азизанд, духтарони ман ҳам бароям азиз, ҳатто аз чашмонам, аз мамлакатам ва тахту тоҷам азизтаранд; агар як дам онҳоро набинам, парешонҳол ва ғамгин мешавам. Бо ин ҳама, модоме хоҳиши ту ҳамин бошад, хоҳишат барои ман фармон аст ва маро аз фармони ту ёрои сар печидан нест, лекин духтарони ман ҳамон вақте аз наздам мераванд, ки аввал ман ҳар се писари туро бо чашми худам бибинам: Биёянд шодон ба наздики ман, Шавад равшан ин ҷони торики ман. Шавад шодмон дил зи дидорашон, Бубинам равонҳои бедорашон. Пас он гаҳ се равшан ҷаҳонбини хеш Бад-эшон супорам ба ойину кеш . ҷандал ҷавоби Сарвро шунида, бандавор пояи тахташро бӯсид ва бо иҷозати вай баромада ба роҳи бозгашт рӯ овард. Чун назди Фаридун расид, гуфтугӯйи худро бо шоҳи Яман ва ҷавоби шоҳро ба ӯ расонд. Фаридун писаронашро талабида ба онҳо натиҷаи сафорати ҷандал ва раъйи худро якояк баён кард ва илова намуд, ки: (cid:) Духтарони носуфтагавҳари Сарв нестдарҷаҳонанд; агар фаришта монанди онҳо арӯсе ёбад, хоки пояшонро ба чашмаш . Кеш (cid:) дин, мазҳаб. тӯтиё мекунад. Акнун ҳар сеятон ба Яман биравед. (cid:) Сипас ӯ шоҳзодагонро чунин насиҳат кард: (cid:) Гуфтори Сарвшоҳро ба гӯши ҳуш бишнавед, ба суханонаш бо забони чарбу гӯё ҷавобҳои оқилона бидиҳед. Парвардаи подшоҳ бояд, ки порсо, ростқавл, ҷӯяндаи донишу хирад ва ҳам: Сухангӯю равшандилу покдин, Ба коре ки пеш оядаш, пешбин бошад. Ва боз Фаридун писаронашро огоҳ кард, ки: (cid:) Шоҳи Яман ҷоду ва афсун медонад, шояд афсунҳо ба кор бурда шуморо озмуданӣ шавад: духтаронашро чун боғи баҳори пур аз рангу бӯю нигор дар базмгоҳ оварда, бар тахтҳо менишонад. ҳар се хоҳарон ба қаду баст ва ҳусну ҷамол яке мебошанд; шоҳ аз шумо мепурсад: (cid:) «Аз инҳо меҳ кист, миёна ва кеҳ кадом аст?». Шумо бояд борикбин бошед ва меҳу кеҳи хоҳаронро тамиз кунед. Писарон ба гуфтаҳои падар дил ниҳода ба зудӣ омодаи сафар шуданд. Дар он сафар ба онҳо боз ҳамон ҷандал ва чанде аз мубадон ҳамроҳӣ карданд. Чун ба сарҳади Яман расиданд, дидбонҳои сарҳад пайкеро ба назди Сарвшоҳ давонида, ба вай аз омадани шоҳзодагони эронӣ огоҳӣ доданд. Сарвшоҳ ба истиқболи меҳмонони оли- қадр сипоҳи чун пари товус оростаеро фиристод. Чун шоҳзо- дагон вориди шаҳр шуданд, шаҳриёни марду зан ба пазироӣ баромада, дар қадами онҳо дурру гавҳар рехтанд, ба аспҳоя- шон мушку анбар пошиданд. Шоҳ домодҳои ояндаашро дар кохи зарнигоре, ки ҳуҷра- ҳояш бо қолинҳои рангин ва дебои румӣ зинат ёфта буданд, фуруд овард. Меҳмонон чанд рӯзи аввал дар он кох истироҳат карданд. ҷандал дар ҳамаи ин муддат парешонхотир буд ва меандешид, ки оё шоҳзодагон дар озмоиши Сарв калону хурди духтарони ӯро шинохта метавониста бошанд ё на; агар мабодо шинохта натавонанд, шарманда мешаванд ва балки нокому номурод ба ватан бармегарданд. . Кеҳ (cid:) хурд; меҳ (cid:) калон. . Пайк (cid:) қосид, хабаррасон. Бо ин андеша вай аз ҷумлаи хизматгорони даргоҳи Сарв касеро меҷуст, ки воқифи асрори шоҳдухтарон бошанду шояд ба ивази ҳадяву бахшиш чӣ гуна шинохтани калону хурди онҳоро ба вай бигӯяд. ҷӯянда ёбанда аст. ҷандал чунин касеро пайдо кард ва аз вай ба ивази дираму динор он чиро ки донистан мехост, донист: шоҳзодахонимҳо ҳангоми даромадан ба даргоҳи дигар одатан хурдиашон пеш-пеш медаромадаасту калонӣ аз қафо ва миёна дар миёнаи хоҳарон. Инак, ҷандали корсоз рози ниҳонро ба шоҳзодагон ошкор ва мушкилашонро осон кард. Сарв духтаронашро ба базмгоҳ даровард. Хоҳарон, ба қавли Фаридун, дар воқеъ чун боғи баҳор пур аз рангу бӯю нигор буданд ва ҳамчун се гули як гулбун ба ҳам монанд: чӣ дар сарви қоматашон, чӣ дар либоси ҳариру дебояшон ва чӣ дар моҳваш чеҳраҳои дилрабояшон камтарин фарқе дида наме- шуд. Оне, ки пеш-пеш меомад, назди бародари калонӣ нишаст, вопасин назди хурдӣ ва миёна ба паҳлуи бародари миёна. Сарвшоҳ суоле ки бародарон интизораш буданд, дод: (cid:) Ку бигӯед, аз ин се ситора меҳ кист, кеҳ кадом аст ва миёна кадом? Бародарон бехато ҷавоб гардонданд. Сарви Яман ва дарбо- риёнаш дар ҳайрат монданд ва бехабар аз кори ҷандали корсоз ба фаросати шоҳзодагон тан доданд. Сарв боз пурсид; (cid:) Чӣ гуна донистед? Бародарон ин дафъа дар ҷавобаш дармонданд, саросема шуданд; калонӣ бо назари таъну маломат ба ҷандал нигарист, ки яъне: чаро ту ин суолро пешбинӣ накардӣ ва ҷавобашро ба мо ёд надодӣ? Лекин бародари хурдӣ, ки боҳуштар буд, ба шоҳ гуфт: (cid:) Яздони пок, ки духтарони туро насиби мо гардонида ва моро ба даргоҳи ту раҳнамо шуд, нахост, ки мо дар шинохтани калону хурди инҳо дармонем, ӯ ин рози нуҳуфтаро ба дили мо ошкор кард. Шоҳ ва дарбориёнаш гуфтори ӯро писандиданд ва офари- наш хонданд; бародарони калонӣ аз хиҷолат баромаданд ва дар айни ҳол ба бародари хурдиашон рашк бурданд, ки чаро чунин ҷавобро ба шоҳ ӯ дод, на онҳо. Сарв дид, ки найрангаш ба кор наёмад, хост озмоиши дигаре бикунад, то шояд шоҳзодагон ин дафъа дармонанду ба вай баҳонаи радди хостгориашонро диҳанд. Падар ба духтаронаш унс гирифта буд ва тоқати ҷудои- яшонро надошт. Фармуд, май кашиданд, созанда ва сарояндагонро ҳозир карданд. Хӯру нӯш, суруду нағма то дили шаб тӯл кашид. Пас аз он ки шароб ақлҳоро тира ва сарҳоро гарон кард, барои шоҳзодагони эронӣ дар боғ ба лаби ҳавзи гулоб, зери дарахти гулафшон ҷойи хоб андохтанд. Сипас шоҳи ҷодушинос ба ҷоду дар боғ шамоле дамонд ва сармое эҷод кард, ки дар асари он боду сармо дарахтон якбора пажмуриданд ва мурғони ҳаво аз парвоз монданд. Саҳар офтоб аз паси теғаи кӯҳ сар бароварда буд, ки шоҳ ба боғ омад, то ба дилхоҳаш домодшавандагонро аз хунукӣ шахшудаву афсурда бубинад, аммо нишаста дид. Писарони Фаридун бо афсуне, ки аз падарашон омӯхта буданд, ҷодуи Сарвро баста аз таъсири сармо раҳо ёфта буданд. Сарвшоҳ донист, ки ҷоду ва афсунаш кор надод, ночор сарон ва номдоронро ба дарбор хонда анҷуман орост, дари ганҷинаҳои куҳанро кушод ва он сиҳиқадони хуршедрухашро, ки шояд дар боғи биҳишт ҳам монанди онҳо санавбаре нарӯида бошад, бо ганҷи фаровон ба он се бародар супурд. Бо дареғу надомат дар дилаш мегуфт: (cid:) «Гуноҳи Фаридун нест, гуноҳи худам аст, ки духтарон ёфтам, на писарон. Хушбахт касе, ки духтар надорад». Сипас тахтҳои равони зарандуд ба пушти шутурони роҳвор баста шуданд ва Сарв арӯсу домодҳоро дар он тахтҳои равон нишонда ба Эрон гусел кард. ОЗМУДАНИ ФАРИДУН ПИСАРОНИ ХУДРО Дар Эрон Фаридун ба пешвози писаронаш ба роҳ баромад. Писарон ба рушду камол расида ва инак акнун зандор ҳам шуда буданд, лекин Фаридун то ҳанӯз дилу гурдаи онҳоро наоз- муда буд. ӯ қарор дод, ки онҳоро дар ҳамин пешвозгирӣ биоз- мояд, то якбора чигунагии ҳар кадомро бидонаду дилосуда шавад. Фаридун ҳам монанди шоҳи Яман аз ҷоду ва афсун бохабар буд, бо қувваи ҷоду худро ба қиёфаи аждаҳо дароварду аз даҳо- наш оташу дуд дамонда, гард барангехта, сӯйи писари калонӣ тохт, писар гурехт: падар ба писари миёна ҳамлаовар шуд, шоҳ- зодаи далер камонро зеҳ карду гуфт: (cid:) ҷанг бошад ҷанг, чи бо шери жаён, чи бо ҷангисаворон! Дар он дам писари хурдӣ гурз ба даст назди онҳо шитофт ва сӯйи аждаҳо фарёд кашид, ки: (cid:) Дафъ шав! Зӯри ту аз зӯри паланге беш нест, сари роҳи шерон магир. Агар номи Фаридуншоҳро шунида бошӣ, бо мо зӯрозмой машав, ки ҳар сеямон фарзанди ӯем ва гурздорони шерафканем. Дур шав, вагарна бо ҳамин гурзи гарон ба сарат зада туро ҳалок мекунам! Фаридун андозаи мардонагии ҳар кадом писарро донисту нопадид гашт ва сипас дар қиёфаи падар пеш омад. Писарон пиёда шуда ба пешвозаш давиданд ва наздаш замин бӯсиданд. ӯ дар боргоҳ ба писаронаш гуфт: (cid:) Он аждаҳои оташнафас ман будам, хостам шуморо озмоям. Мардонагиатонро дидам (cid:) хушнуд шудам. Акнун вақти он расид, ки ҳар кадоми шуморо номи нағз ва муносибе ниҳам. Фаридун ба писари калониаш рӯ оварда гуфт: (cid:) Ту нағз кардӣ, ки сари вақт аз коми бало ҷастӣ; диловаре, ки дидаю дониста ҷони худро ба хатар меандозад, диловар нест, девона аст. Номи туро ман Салм мениҳам. (cid:) Падар ба писари миёна рӯ овард: (cid:) Ту, (cid:) гуфт, (cid:) аз аввал тезӣ кардӣ, оташи кину ғазаб бар далериат афзуд; ту шере ҳастӣ, ки аз жандапил ҳам наметарсӣ. Туро ном Тур бошад. (cid:) Ба писари хурдӣ ишора карда гуфт: (cid:) ин диловар, чунон ки марди оқилу ҳушёрро шояд, ҳам бешитоб аст ва ҳам бо диранг (cid:) ӯ бе зарурат намешитобад; ӯ ҷавони боандешаест, ки аз хок ва оташ миёнаро ихтиёр кард. ӯро номи Эраҷ муносиб аст. Фаридун дар оғози пирии худ кишварҳои зеридасташро ба писаронаш тақсим кард. қисмати ғарбии мамлакат (cid:) Рум ва Ховарзаминро ба Салм дод ва ӯро Ховархудой хонд. қисмати . Диранг (cid:) оҳистагӣ. шарқӣ (cid:) Тӯронро, ки сарзамини туркон буд, бо ҳамроҳии Чин ба Тур бахшид, аз он баъд лақаби салтанатии Тур Тӯронхудой шуд. Эрон бахши Эраҷ гардид. Салм ва Тур бо лашкаре, ки шоҳаншоҳ барои ҳар кадома- шон таъйин карда буд, ба мулкҳои худ равон шуданд. Эраҷ бар тахти зарандуди Эрон нишаст. Солиёни дароз бар ин баромад, оқибат розе, ки дар дили замона ниҳон буд, ошкор шудан гирифт. Тақсими мамлакат ба се подшоҳӣ сарчашмаи ҷангу ҷидол нашуда наметавонист. ФИТНАИ САЛМ ВА ТУР Чун Фаридун куҳансол шуд ва аз қувват монд, писарони калониаш нофармонӣ ва саркашӣ оғоз карданд. Нахуст дили Салм аз ҷой ҷунбид. Вай ба Эраҷ рашк мебурд. «Падарам дар ҳаққи ман ноинсофӣ кард, (cid:) андеша меронд ӯ. (cid:) Ман ки писари калонӣ ҳастам, тахту тоҷи Эрон ҳаққи ман буд, лекин падарам онро ба писари хурдиаш дод». Аз чунин андешаҳо алами ӯ меафзуд, дилаш пуркин ва рухаш пурчин мегардид. Билохир вай аз хаёлот ба амалиёт гузашта, яке аз одамони муътамадашро назди бародараш Тур (cid:) шоҳи Тӯрону Чин фиристод ва ӯро паём дод, ки: ман бародари меҳтарам ва баъди ман меҳтар туӣ, тахти шоҳии Эрон мебоист ба ман ва пас ба ту мерасид, лекин падарамон онро ба бародари кеҳтари мо дод, дар ҳаққи ману ту ноинсофӣ кард, ситам кард, оё ману ту метавонем ба ин ситам тан диҳему хомӯш биншинем? Тур, ки аслан марди тиҳимағзе буд, аз ин паём сараш пурбод шуда, яке барошуфт ва ба фиристодаи Салм чунин посух дод: (cid:) Ба Ховархудой бигӯ: (cid:) «Мо ҷавон будем, падарамон моро фиреб дод, ӯ бо дасти худ дарахте нишонд, ки мевааш хун аст. Ману ту бояд ҳарчи зудтар бо ҳам вохӯрему чораи корро биян- дешем». Фиристода бозгашта ин посухро ба Салм расонида буд, ки ӯ ба зудӣ ба асп савор шуда ба роҳ афтод. Аз ин тараф Тур ҳам сӯйи Ховарзамин пеш омад. Бародарон дар шаҳре аз шаҳрҳои сарҳадии Тӯрон ба якдигар расиданд. Шаберо бо машварат ба саҳар оварданд, машвараташон бар ин қарор анҷомид, ки вакили худро ба Эрон фиристода, бо забони ӯ талабу даъвоя- шонро ба Фаридун пешниҳод кунанд. ФИРИСТОДАНИ ВАКИЛ БА НАЗДИ ФАРИДУН Саҳар як нафар мубади суханварро ба ваколат интихоб карданд. Нахуст Ховархудой шарму ҳаёи фарзандиро аз чашму рӯяш шуста, сухан пайванд кард ва ба мубад гуфт: Чандон бишитоб, ки бод ба ту расидан натавонад. Чун ба даргоҳи Фаридун фуруд омадӣ, аввал дуруди маро ба ӯ бирасон ва сипас бигӯяш: (cid:) «Дар дили мард ба ду ҷаҳон бояд тарси Худой бошад, ҷавонро орзуи пирӣ ҳаст, лекин пир наметавонад орзуи ҷавонӣ бикунад, мӯйи сафед дигар сиёҳ намешавад. Яздони пок ҷаҳонро аз хуршед то хок ба ту дод, лекин ту ба хилофи амри Яздон рафтӣ, дар бахшидани подшоҳӣ ба писаронат ростӣ накардӣ: тахти Эрон ҳаққи писари меҳтарат буд, ту онро ба кеҳтар додӣ. Магар мо аз ӯ камтарем ва сазовори тахти подшоҳӣ нестем! Ту тоҷро аз сари Эраҷ бигиру ба ман деҳ. Эраҷро дар ягон гӯшаи мамлакат бинишон. Вагарна мо гурдони Ховарзамин ва саворони турку чинро ба он сӯ кашида, дуд аз димоғи Эрону Эраҷ мебарорем». Мубад бар аспи бодпой нишаста бо шитоб равон гардид. Дар Эроншаҳр вай ба даргоҳи Фаридун фуруд омада, шоҳи пири нуронӣ ва пурсалобатеро дид: (cid:) Чу кофур мӯю чу гул сурх рӯй. Ду лаб пур зи ханда, ду рух пур зи шарм, Каёнӣ забон пур зи гуфтори нарм. Мубад ба вай саҷда кард, замин бӯсид. Фаридун ӯро дар паҳлуяш нишонда, нахуст аҳволу саломатии писаронашро пур- сид ва сипас ҷӯёи ҳоли худи мубад шуд: . Яздон (cid:) Худо. . Гурд (cid:) паҳлавон, ҷанговар. (cid:) Ин роҳи дур ва душворро ба саломат паймудӣ? Монда нашудӣ? Фиристода гуфт: (cid:) Эй шаҳриёр, бо ёди ту ҳар душворро ба худ осон кардам. Аз ҳар касе, ки пурсӣ, ҳама зинда ба номи туянд. Мани ночиз, ки ба бандагии ту ҳам намеарзам, туро паёми нохуше овардам, лекин гуноҳи ман нест, гуноҳ ба фиристодаи пурхашм аст. Агар иҷозат диҳӣ, бигӯям. Шоҳ иҷозаташ дод ва он гоҳ фиристода суханони исён- корона ва пуртаҳдиди Ховархудойро ба ӯ як ба як нақл кард. Аз шунидани он суханони дурушт мағзи Фаридун ба ҷӯш омад. Салм ва Турро нопоку бадгуҳар хонд. Ба Ноҳиду  Моҳ савганд хӯрд, ки писарони меҳтараш бад нигоҳ накарда, балки кишварҳоро ба онон аз рӯйи адлу инсоф бахш карда буд. Худпарастӣ ва ҳирсу мулку ҷоҳ ононро аз хирад бегона кардааст. Бигузор лашкар кашанд. Онҳо сазои нохалафию носипосии худро хоҳанд ёфт ва ҷазои бадкирдориашонро хоҳанд кашид. Шоҳ ба фиристода фармуд, ки ҳамин суханони ӯро ба Салм ва Тур расонад. Сипас Эраҷро ба наздаш талабида, ҳодисаро ба ӯ баён кард ва гуфт: (cid:) Акнун бародаронат бадхоҳи ту шудаанд, пас ту ҳам кор бибанд, дари хазина бикушой, лашкар бисоз. Бародаронат то вақте бародаронанд, ки ту тавоно бошӣ. Пеши шамшер меҳр наёвар, ки ба сарат бало меоварӣ. Эраҷ ба андеша рафт ва пас чунин ҷавоб дод: (cid:) Гардиши рӯзгорро бубин, падар, ба сони бод мегузарад; рухи арғувониро мепажмуронад ва дидори равшанро тира мегардонад. Дар аввал ганҷ, дар охир ранҷ. Пас хирадманд чаро ғам хӯрад? Замин ҳамчу мо тоҷдоронро бисёр дидааст ва боз хоҳад дид. Рухсатам бидеҳ, то ман ба бародаронам бадӣ накунам. Салм агар тахту тоҷи маро мехоста бошад, бигирад, ман аз он даргузаштам. Худам назди бародарон бе сипоҳу силоҳ меравам ва мегӯям: (cid:) «Шуморо чун тану ҷони худам дӯст медорам, шумо хашму кин аз дил бадар кунед». Ман онҳоро ба . Ноҳид (cid:) ситораи Зуҳра. сулҳу салоҳ меоварам, ки ин сазовортар аз он аст, ки кина парварам. Аз ин суханони Эраҷ, ки далели некандешӣ ва наҷобати ахлоқи ӯ буданд, падари пираш мутаассир шуд. (cid:) Эй фарзанди хирадманд, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) бародаронат кин меҷӯянд ва ту меҳр. Оре, аз моҳ рӯшноӣ аҷаб нест, туро ҳамин гуна гуфтор месазад. Аммо хирадманд ҷону сари бебаҳоро чӣ гуна ба дами аждаҳо медиҳад? Хуб, агар раъйи ту ин бошад, биозмой, шояд муваффақ шавӣ. Ман аз дарди дил ба барода- ронат нома менависам. ӯ дар номаи худ аз Салм ва Тур хоҳиш кард, ки бародари кеҳтарашонро киромӣ доранд, бинавозанд ва баъди чанд рӯзи дар назди онҳо буданаш гуселонанд. Эраҷ роҳи сафар пеш гирифт. Чун ба наздики мақомгоҳи бародаронаш расид, онҳо бо лашкар ба роҳ баромада ӯро пешвоз гирифтанд. Ба зоҳир вонамуд карданд, ки аз дидораш шоданд ва кинаро дар дилҳошон пинҳон карда, пурсупос намуданд. Эраҷ ҳусни таваҷҷуҳи лашкариёнро ба худ ҷалб кард. Вай чи ба ҳусну ҷамол, чи ба хулқу рафтор ва чи ба шеваи гуфтор аз бародаронаш ба куллӣ фарқ мекард, - дар муқоиса бо ӯ Салм ва Тур дурушти нотарошида ва камсалобат менамуданд. Дар бозгашт ба лашкаргоҳ сарбозон ду-ду, се-се пароканда шуда, бо ҳам дар бораи Эраҷ гуфтугӯйи нуҳуфта мекарданд. Баъзе суханони онҳо ба гӯши Салм расид, ки мегуфтанд: (cid:) «Эраҷ ҳақиқатан зебандаи шоҳаншоҳист». Табъи Салм хира шуд ва сараш гаронӣ гирифт. Дар як манзил ӯ Турро ба саро- парда дароварда, маломат кард, ки ту дар роҳ ба лашкар нигоҳ накардӣ, сарбозон ҷуфт-ҷуфт аз ҳам ҷудо дар бораи Эраҷ гуф- тугузори нуҳуфта мекарданд ва аз вай чашм намеканданд. (cid:) Метарсам ки, (cid:) гуфт Салм, (cid:) аз ин баъд лашкари Ховар- замин ҳам, лашкари Тӯрону Чин ҳам ӯро ба шоҳаншоҳӣ бихо- ҳанд. Агар мо Эраҷро аз миён набардорем, оқибат аз тахту тоҷи худамон ҷудо мешавем. КУШТА ШУДАНИ ЭРАҷ Шаб дар саропарда хоб карданд. Дар бомдод Салм ва Тур бархоста, теғҳои обгунро дар соқи мӯзаҳошон пинҳон карда, ба тарафи саропардаи Эраҷ роҳ гирифтанд. Эраҷ аз дур онҳоро дида, шодона ба истиқболашон давид. ҳар се ба саропарда даромаданд, Эраҷ бародаронашро дар курсиҳои пешгоҳ нишонд. Нахуст гуфтугӯ бар чуну чаро рафт, сипас Тур суханро пӯст канда гуфт: (cid:) Ту ки аз мо кеҳтарӣ, ба чӣ ҳақ тоҷи шоҳаншоҳӣ бар сар ниҳодӣ? Ту бар сари тахти заррини Эрон нишинӣ ва ман дар Ховарзамини дур ба ранҷ бошам? Падарамон рӯйи меҳр ба писари кеҳтар овард ва ба мо ситам кард! Эраҷ ба ӯ чунин ҷавоб дод: (cid:) Бародарони арҷмандам, осуда бошед. Ман на тоҷи шоҳаншоҳиро мехоҳам, на Эрон ва на Тӯронро. Фарҷоми ҳар бузургӣ тирагист. Зини аспат ба сипеҳри баланд кашад ҳам, саранҷом болини ту хишт аст. Кинаро аз дилҳотон бадар кунед, ман тоҷу нигинро ба шумо супурдам: Маро бо шумо нест ҷангу набард, Набояд ба ман ҳеҷ дил ранҷа кард. ҷуз аз кеҳтарӣ нест ойини ман, Набошад ба ҷуз мардумӣ дини ман. Бародаронаш сухани ӯро макру риё донистанд, ба эътибор нагирифтанд. Тур бо хашму ситез аз ҷой ҷаст ва курсии гарони зарринро, ки бар он нишаста буд, бардошта ба сари Эраҷ зад. Эраҷ ғалтид, сараш кафида, ба рӯю гарданаш хун шорид. Ба дарди ҳушрабо тоб оварда ба по бархост ва гуфт: (cid:) Эй бародаркуш! На тарси Худой дастатро боздошт ва на шарми падар: Ба хуни бародар чӣ бандӣ камар? Чӣ сӯзӣ дили пиргашта падар? ҷаҳон хостӣ, ёфтӣ, хун марез, Макун бо ҷаҳондор Яздон ситез! (cid:) Бохабар бош! Маро мекушӣ, лекин рӯзгор туро ба хуни ман хоҳад гирифт. Бародарон, дил пур аз хашм ва сар пур аз бод, боз ҳам ба гуфтораш эътибор накарданд. Салм аз соқи мӯзааш ханҷари заҳробгунро бароварда ба синаи ӯ зад. Эраҷ афтид ва ҷон дод. Салм бо ҳамон ханҷар сари ӯро бурида аз тани ба хун оғӯштааш ҷудо кард. Ба ҳамин равиш он ду нопокмард бо хуни бародар ташна- гиашонро шикаста, мағзи сари шоҳзодаи нокомро ба мушку анбар оганда карда, ба Фаридун фиристоданд. Сипас яке сӯйи Чин ва дигаре сӯйи Рум раҳсипор шуданд. АЗОДОРИИ ФАРИДУН Дар Эрон чашми интизори падар ба роҳи писар буд. ҳангоми баргаштанаш расида буд, тамоми шаҳр ба пазироияш ойин баста, Фаридун барои ӯ тахти фирӯза ороста, асбоби зиёфату базми шоҳонаро муҳайё сохта, созанда ва сароян- дагонро ҳозир карда буд. Шоҳи пир бо сипоҳ ба истиқболаш чанд манзил ба роҳ рафта буд. Баногаҳ дар роҳи дашт чанге бархост ва аз даруни чанг уштуре намудор гашт, марде савори уштур буд ва ҳой-ҳой мегирист. Чун наздиктар омад, диданд, ки ӯ тобути зарринеро дар канор гирифтааст. Фаридун ӯро марди мотамзадае пиндошт ва дилаш ба ӯ сӯхт. Уштурсавор назди Фаридун расида, ба нолаю фиғон фоҷиаро баён кард ва тобутро фуруд оварда тахтаи онро бардошт. Фаридун ҳанӯз ҳам ба ҳалоки писараш бовар намекард, аммо вақте ки пардаи парниёнро кашиданду аз зери он сари буридаи Эраҷ падид омад, Фаридун фарёде кашиду аз асп ғалтид. Лашкариён ҷомаҳо чок карданд ва хок бар сар пошиданд. Фаридун ба ҳуш омада дод зад, дар хок ҷӯлид. Дуҳулҳо, аспон ва сари пилонро нил молида сиёҳ карданд, байрақҳоро дарронданд. Баъд тобутро бардошта ҳама пиёда равон шуданд. Дар шаҳр Фаридун ба тахти фирӯзаи Эраҷ хоки сиёҳ афшонд, қасри ӯро оташ зад, гулистонашро аз бех барканд ва сарву санавбарҳоро сӯзонд. Сари буридаи Эраҷро дар канор гирифта мӯю рӯй меканд ва менолид: ҳаме гуфт, к-эй довари додгар, Ба ин бегунаҳ кушта-андар нигар, Ба ханҷар сараш хаста дар пеши ман, Танаш хӯрда шерони он анҷуман. Дили ҳар ду бедод з-он сон бисӯз, Ки ҳаргиз набинанд ҷуз тирарӯз. МАНУЧЕҳР Солиёни дароз бар ин баромад, аз духтари Эраҷ, ки зани бародарзодаи Фаридун буд, писаре зода шуд. Ба Фаридун гуфтанд, ки бача ба Эраҷ монанд аст. Бобока- лони куҳансол, ки аз чашм монда буд, надомат кард, ки абера- ашро дида наметавонад, лекин шод гардид ва ба интиқоми хуни Эраҷаш навид ёфт. ӯ номи писарро Манучеҳр гузошт. Кӯдакро доя ва парас- торҳо гумошта парвариш карданд. Дертар ба Манучеҳр ҳунари ҷанговарӣ омӯхтанд. Вақте, ки ӯ ба воя расид, бобокалонаш тоҷи шоҳии Эронро ба сари ӯ гузошт ва калиди ганҷҳои куҳна ва анборҳои асли- ҳаро ба дасташ супурд. Паҳлавонони номӣ ва лашкаркашони сафдар аз қабили қоран (cid:) писари Кова, Ширӯя, Гуршасп, Соми Наримон, қубод, Кашвод ба хизмати ӯ камар бастанд. Чун хабари тахтнишинии Манучеҳр ба Ховарзамин ва Тӯрону Чин расид, Салм ва Тур ба ваҳму ҳарос афтоданд. ҳис карданд, ки ситораи толеашон рӯ ба нишеб овардааст. Ба зудӣ якдигарро дида машварат карданд ва чора андешиданд. Аз рафтан ба ҷанги шоҳи нав метарсиданд, зеро шавкати сипоҳи Эрон ба онҳо маълум буд. Чорае наёфтанд ҷуз ин ки назди Фаридуну Манучеҳр кас фиристанд ва узр оваранд. Акнун уме- дашон аз ҳиссу меҳри падарашон Фаридун буду бас. Аз ҷумлаи наздикони худ марде хушманд ва сухандонро вакил карда, бо вай ба шоҳаншоҳи пир ва шоҳи ҷавон туҳфаҳои фаровону гаронбаҳоро бар пилҳо бор карда фиристоданд. Вакил бояд ба Фаридун ва Манучеҳр пушаймонӣ аз хиёнат ва тавбаи онҳоро расонаду бахшоиши гуноҳашонро пурсад, аз забони онҳо гӯяд, ки: «моро душмани одамизод (cid:) Аҳриман ба васваса андохта аз роҳ бароварда буд, бигузор Манучеҳр бо сипоҳи гарон назди мо биёяд, мо ба хунбаҳои падараш Эраҷ ба вай тоҷу тахту хазинаҳоямонро мебахшем, дар пешаш чун бандагони ӯ ба по истода хизмат мекунем ва гуноҳамонро бо оби дида мешӯем». Вакил ба Эрон рафта, он чи Салм ва Тур ба вай супориш карда буданд, ҳамаро назди Фаридун бар забон ронд ва туҳфа- ҳоро дар пеши ӯ ва Манучеҳр рехт. Лекин Фаридун тавбаи писаронашро напазируфт. Ба вакил чунин ҷавоб дод: (cid:) Он нобакорон Манучеҳрро нахоҳанд дид, магар бо сипоҳу гурзу дирафши коваёнӣ. Вай меравад, лекин чун шери жаён ба интиқоми хуни падараш миён баста меравад. Ин туҳфаҳои овардаатро бибар, ман хуни писарамро ба зару сим намефурӯшам. Ту баргард ва ин ҷавоби маро ба он нопокҳо бирасон. Вакил пажмурдаву ларзон бархост ва ҳамон соат савор шуда, ба роҳи омадааш бозгашт. Чун аз сарҳади Ховарзамин гузашт, дар ҳомун саропардаи хисравонае дид ва донист, ки саропардаи Салм аст, рафт ва ӯро бо Тур дар хаймаи парниён ёфт. Бародарон ӯро нишонда, ба гуфтораш гӯш ниҳоданд. Фиристода ба онҳо ҷавоби Фаридунро расонд, ҷоҳу ҷалоли ӯ, шавкати шоҳи ҷавон, ҳайбати сипоҳ ва паҳлавонони ӯро таъ- риф кард, азми лашкаркашӣ доштани онҳоро ҳам баён карда ба дили бародарон воҳима андохт: Гар оянд зӣ мо ба ҷанг он гурӯҳ, Шавад кӯҳ ҳомуну ҳомун чу кӯҳ. ҳама дил пур аз кину пурчин барӯ Ба ҷуз ҷангашон нест чиз орзу. Бародарон бо хотири парешон ба андеша рафтанд. Тур гуфт: (cid:) Осуда набояд нишаст. Нашояд бигузорем, ки он бачаи наррашер тездандон ва далер гардад. Чунин номвар, ки омӯз- . ҳомун (cid:) саҳро, водӣ. . Парниён (cid:) матои нафиси абрешимӣ, ҳарир. гораш Фаридун бошад, магар камҳунар хоҳад буд? Мо бояд тадоруки ҷангро бикунем ва пеш аз он ки ӯ ба ҷанг ояд, ба Эрон лашкар бикашем. Салм сухани ӯро маъқул донист. ҳардуяшон фавран одамони худро сӯйи ғарбу шарқ ба роҳ андохта фармон доданд, ки дар он кишварҳо лашкар гирд оваранд. Дере нагузашта лашкари бешумору беканоре гирд оварда шуд. ҷАНГ Лашкари ду кишварро Салм аз Ховарзамин ва Тур аз Тӯрону Чин ба Эрон кашиданд. Фаридун ва Манучеҳр аз хатар вақте огоҳ шуданд, ки лашкари Тур аз ҷайҳун гузашта буд. Фаридун шоҳи ҷавонро фармуд, ки бе таъхиру диранг сипоҳи худро ба дашти канори ҷайҳун бароранд. Вақти гуселониданаш ба ӯ чунин насиҳат кард: (cid:) Далер бош, аммо далери боҳуш. Марди боҳушу хирад шери жаёнро ба дом меоварад. (cid:) Хотират осуда бошад, бобо, (cid:) гуфт Манучеҳр, (cid:) ман миё- намро бо зиреҳи румӣ бастам ва то кини Эраҷро нагирам, наме- кушоям. Аз сипоҳдорони ӯ писари Кова (cid:) қорани далер дирафши коваёнро барафрошта лашкарро ба дашт саф кард. Сесад ҳазор савору пиёда бо пилони ҷангӣ, аз гарди дашт рӯзи равшанро тира ва рӯйи хуршедро лоҷувард гардонида, гурӯҳ-гурӯҳ пеш мерафтанд. Аз он тараф Тур ва Салм силоҳи худро аз бешаи Норван ба дашт бароварданд. Тур чун бод пеш омада сӯйи қубод, ки талояро сардорӣ мекард, фарёд кашид: (cid:) Назди Манучеҳр баргард ва бигӯ: (cid:) «Эй бепадар, аз Эраҷ духтар шуда буд, пас ту чӣ тавр сазовори тоҷ шудӣ?». . Талоя (cid:) дастаи пешгарди лашкар. (cid:) Сазовории ӯро имрӯз хоҳӣ дид! (cid:) посух дод қубод. (cid:) ҷавоби туро ин ҷангали теғҳои бунафш, ки мебинӣ, хоҳанд дод ва он гоҳ Норван то Чин ҳамаи даррандаю чарандаҳо ҳам ба ҳоли шумо бигирянд, меарзад. Дар сапедадам ҷангро пайвастанд. Манучеҳр ҷавшан ба тан, кулоҳи пӯлодини румӣ бар сар ва шамшери хунрез ба даст, савор шуда қалби лашкарашро ба муқобили қалби лашкари душман кашид, маймана ва майсара низ ҳуҷумовар шуданд: ҷанговарон сар пур аз хашм ва ҷабину абрувон пурчин, бо хурӯшу ҳаёҳу бар мухолифон тохтанд. Аммо ҷӯшу ғайрати сипоҳи душман ҳам аз онҳо намемонд. ҷанги қаттол то шом тӯл кашид, дашт аз хун сурх гашт, лекин ба ҳеҷ яке аз тарафайн зафар даст надод. Чун сипоҳи ҳар ду тараф ҳам хаста шуда буданд, рӯзи дигар ба ҷанг надаромаданд. Шабонгоҳ Тур шабохун зад, лекин Манучеҳр дар ғафлат набуд, ба эҳтимоли шабохун задани душман лашкарашро омода нигоҳ медошт. ӯ лашкарро ба қоран супорида, худаш ба сӣ ҳазор сарбози яккачин дар ҷойи шоистае камин гирифт. Тур бо лашкари садҳазора омада, сипоҳи душманашро побарҷо ёфт ва ба ҷуз ҷангидан чора надид. ӯ бо сипоҳи қоран гарми пайкор буд, ки Манучеҳр аз камингоҳаш ҷаста ба вай аз пушт зарба зад. Тур шикаст хӯрд, лашкараш ба ҳар ҷониб гурезон шуд. Манучеҳр аз паси Тур расида бонг зад: (cid:) Куҷо мегурезӣ, эй бародаркуш?! Аз теғи интиқоми ман халосӣ намеёбӣ! ӯ аз пушт як найза андохт, найза тани Турро шикоф карда аз шикамаш баромад, вай аз зин сарнагун ғалтид! Манучеҳр сари ӯро бурид. Сари буридаи ӯ бо ҳамроҳии фатҳномаи Манучеҳр ба Фаридун фиристода шуд. ГИРИФТАНИ қОРАН ДИЖИ АЛОНОНРО Сипоҳи Салм ба шабохуни Тур ҳамроҳӣ накарда буд; ӯ шикаст хӯрдани сипоҳи бародараш ва кушта шудани худи ӯро шунида ба тарсу ҳарос афтод. Дар сарҳади Тӯрону Эрон ба даруни рӯди ҷайҳун қалъае буд, ки онро Дижи Алон мегуфтанд. Салм, ки аз ҷанг сар печида буд, метавонист ба он қалъа паноҳ бурда, Манучеҳрро ба ҷанги дурударози дармоншикан кашад. Манучеҳр сари вақт қалъаро фатҳ ва хароб карданӣ шуд. қорани эҳтиёткор ӯро пешгирӣ карда гуфт: (cid:) Дижи Алон ба баландию мустаҳкамӣ машҳур ва дар вай чандин ҳазор сипоҳи Тӯрон ҷойгир аст, гирифтанаш осон нест. Бифармой, то ман андеша карда чораи фатҳи онро бисозам. Пас вай дирафши шоҳ ва ангуштарини Турро, ки ба дасташ афтода буд, гирифта шабонгоҳ ба шаш ҳазор ҷанговари корозмуда сӯйи ҷайҳун равон шуд. Дар лаби дарё сипоҳро дар камингоҳ нишонда ва ба Ширӯя супурда, худаш бо ду нафар ҷанговари шамшерзан аз даруни об ҷониби қалъа рафт; ба дарвозаи қалъа расида дижбонро талабид ва ба вай ангуш- тарини Турро нишон дода гуфт: (cid:) Ман аз назди Тӯронхудой омадам, ӯ маро фармуд: (cid:) «Ба Диж бирав, дижбонро бигӯ, ки бедору ҳушёр бошад ва худат ёрирасони ӯ бош». Дижбон бовар кард ва дарвозаро кушода қорану ҳамроҳо- нашро даровард. Наздики бомдод шамшерзанҳои қоран дарво- забонҳои хоболудро кушта ба ҷойи онҳо истоданд, худи қоран дар бурҷи қалъа дирафши коваёниро баланд кард, (cid:) ин барои Ширӯя ишора буд, ки яъне бархезу ҳуҷум овар. Ширӯя бо дидани дирафш, ки дар фазои саҳаргоҳӣ чун моҳи пур метофт, сипоҳро аз шинак ҷаҳонда ба ҳамла афканд. Шаш ҳазор ҷанго- вари ҳузарб чун сели дамон ба қалъа рехтанд. Муҳофизони фиребхӯрдаи қалъа то аз фалокат огоҳ шуда даст ба силоҳ бурданд, ки сарҳошон аз гарданҳо париданд, дар даруни қалъа ҷӯйҳои хун ҷорӣ гашт. қоран гурзро бардошта буду ба сарҳои саркашон мекӯфт. Баъд фотеҳон қалъаро хароб карданд ва оташ заданду бадар рафтанд. Вақте ки офтоб ба гунбази фалак баромад, он қалъаи сар ба сипеҳр кашида гӯё ки ба қаъри дарё фурӯ рафта буд: Яке дуд дидӣ, сар андар саҳоб, На диж буд пайдо, на киштӣ бар об. ТОХТ КАРДАНИ КОКУЙ Дар вақте, ки қоран ва Ширӯя ба фатҳи Дижи Алон андар- мон буданд, яке аз шоҳони араб (cid:) Кокуй ногаҳон ба ӯрдугоҳи Манучеҳр ҳуҷум овард ва чанде аз ҷанговарони ӯро кушта бору бунаашонро ба ғорат бурд. Кокуй (cid:) набераи Заҳҳок, бо даъвати Салм ба мадади вай омада буд. Чун қоран аз кори Дижи Алон фориғ гашт, Манучеҳр ба ӯ воқеаро нақл кард. қоран ба ҷанги Кокуй рафтанӣ шуд, лекин Манучеҳр иҷозаташ надод: (cid:) Ту, (cid:) гуфт, (cid:) дам бигир, ки дар кори Дижи Алон ранҷ кашидӣ, акнун навбати ҷангидан аз ман аст. Бобои Кокуйро бобокалони ман Фаридун банд карда буд, набераашро ман банд мекунам. Парвардаи Фаридун дар шамшерзанӣ ва найзаандозӣ беҳамто буд. Дар ҷанге, ки ба амал пайваст, ӯ бо Кокуй набард кард. Шоҳи араб ҳам ба ҳунари ҷанг аз вай намемонд, (cid:) ӯ яке найза ба камари ҳариф зада вайро қариб аз асп ғалтонда буд, зиреҳи тани Манучеҳр то миёнаш дарид, лекин вай суст наёмад ва бо як зарбаи шамшер ҷавшани тани Кокуйро чок кард. То нисфи рӯз набард карданд, аз сӯрохҳои ҷавшанҳо ва дасту ронҳои ҳарду хун мечакид, лекин ҳеҷ кадоме бар дигарӣ ғолиб наёмад. Манучеҳр ниҳоят ба танг омад ва дар охир бо хашму ғазаб рон фишурда аспашро барангехту яке чанг андохт ва Кокуйро аз камарбандаш гирифта аз асп ғалтонду бо шамшер синаашро чок кард. Сипоҳи Кокуй, ки аз ҳалоки шоҳи худ рӯҳафтода шуда буд, ба гурезогурез рӯ ниҳод ва пароканда гашт. КУШТА ШУДАНИ САЛМ Мағлубияти лашкари Кокуй ва ҳалоки ӯ пушти Ховар- худойро суст кард. Вай аз ҷанг сар тофта ба тарафи ҷайҳун гурехт. Манучеҳр ӯро сур кард. Салм дар ҷайҳун киштиҳо ҷуст, то лашкари ҳазимат кардаашро ба соҳили рост гузаронад, лекин ягонто ҳам киштӣ наёфт, (cid:) қоран ҳамаи киштиҳои тӯро- ниёнро хароб карда буд. Салм ноилоҷ ба сипоҳи Манучеҳр, ки аз ақибаш зер карда меомад, рӯ оварда, ба муқобилат ҷанг сар кард. Ду лашкар ҷӯшону хурӯшон ҳарб карданд; дашти канори дарё пур аз кушташудагон ва маҷрӯҳон гардид. Манучеҳр савора бар аспи сафеди густувондор ба болои Салм тохт, Салм рӯ ба фирор овард. Манучеҳр аз ақиби ӯ суркунон бонг мезад, ки: (cid:) «Э номҷӯй, ту тоҷи шоҳаншоҳӣ хостӣ, инак ман онро овардам: тоҷ аз хун! Бар сарат мепӯшонам! Аз тоҷ чаро мегу- резӣ? Дарахти ҷиноят бор овард, бичин! Бораш агар ногувор аст, чӣ чора, охир худат нишонда будӣ!». Шоҳи Эрон ба вай расида яке шамшер зада буд, ки дами шамшер тани Салмро аз китфи чапаш то паҳлуи росташ бурида ду ним кард. Манучеҳр сари ӯро бурида, ҳамчунин ба Фаридун фирис- тод. Боқияи лашкари Салм бе сардор монда, ба сони рама гурӯҳогурӯҳ дар дашту кӯҳу дараҳо парешон гардид. Сарбозо- наш як нафар ҳамяроқи оқилу чарбзабони худро назди Манучеҳр фиристоданд, ки ба таслим розӣ буданашонро арз дошт кунад ва ба ҷонашон амон хоҳад. Фиристода назди шоҳ омада зону зад ва аз забони шарикони бахтбаргаштааш чунин гуфт: (cid:) Шаҳриёро, мо ҳама силоҳ афкандаем акнун мутеъ ва фармонбардори туем. Аслан мо аҳли теғу камон нестем, балки чӯпонон ва барзгарони хокпошем, бо фармони шоҳи худ, аз ғайри ихтиёри худамон, сарбоз шуда ба ҷанги ту омада будем. Агар ғазаб кунӣ ва хуни мо бирезӣ, бирез, ки мо ёрои муқо- вимат кардан надорем, лекин умедвори адолати туем. Манучеҳр аз гуноҳи ҳамаашон даргузашт ва ба нағзӣ ҳар касро ба ватани худаш (cid:) Тӯрон, Чин ва Ховару Рум равона кард. ДОСТОНИ «СИМУРғ ВА ЗОЛ» ҳукмдори Зобулистон Соми Наримон аз бефарзандӣ дилаш доғ буд, дер боз орзуи фарзанд мекард. Як вақт зани барнои гулрухсораш обистан шуд. Сом шодӣ кард, умедвор гашт. Чун вақту соаташ расид, зан писар зоид. Кӯдак ба чеҳра бисёр неку, лекин мӯйи сараш сафед буд. Модараш ва дояҳо таваллуди ӯро як ҳафта аз падараш пинҳон доштанд. ҷуръат намекарданд ба вай гӯянд, ки зани маҳбубааш бачаи пир зоид. Ниҳоят яке аз дояҳои далертар назди паҳлавон даромада, ба вай аз таваллуди фарзандаш мужда дод: (cid:) Эй ҷаҳонпаҳлавон, имрӯзат фархунда ва дили бадхоҳонат канда бод. Худо ба ту он чӣ мехостӣ, дод: занат писари нозанине зоид, танаш чун нуқраи пок ва рӯяш чун биҳишт: дар андомаш як ҷойи зишт надорад, ягона айбаш ҳамин ки мӯяш сафед аст. Толеат чунин будааст, дилозурда машав ва ношукрӣ макун. Сом аз боргоҳ баромада ба ҳарамсарояш рафт. Дар бағали занаш кӯдакеро дид, ки монандашро на дида ва на аз касе шунида буд. Бача гулрӯй ва басо дилкаш буд, лекин мӯйи сар ва абрувонаш чун барф сафед. Сом якбора маъюс шуд. Вай аз мазоҳу масхараи мардумон метарсид. Аз ҳарамсаро баромада бо ҳасрату надомат мегуфт: (cid:) Худовандо, чаро фарзанди бо ин ҳама орзу ёфтаамро дар шиками модараш пир кардӣ? Чӣ гуноҳ карда будам, ки чунин ҷазоеро бар ман раво дидӣ? Аз ин бачча чун баччаи аҳраман, Сияҳчашму мӯяш ба сони суман, Чу оянду пурсанд гарданкашон Бибинанд ин баччаи баднишон, Чӣ гӯям, ки ин баччаи дев чист? Паланги дуранг аст ё худ парист? Биханданд бар ман меҳони ҷаҳон Аз ин бачча дар ошкору ниҳон. Пас фармон дод, ки кӯдакро ба ҷое ҳарчи дуртар аз он дару диёр бурда партоянд. Навкарони Сом кӯдакро аз бағали модари зору гирёнаш рабуданд ва ба кӯҳи Албурз бурда партофта омаданд. Аз бемеҳрии падар он паҳлавонзодаи бегуноҳ дар кӯҳсор ҳаволаи барфу борон гардид. Бача ба хорӣ ҳалок мешуд ё туъмаи даррандагон мегардид, агар сарнавишт ба вай симурғи раҳмдилро намефиристод. Симурғ дар он кӯҳ ошён дошт. ӯ дар пайи ризқи бачаҳояш аз ошён парида буд, аз баландӣ чашми тезбинаш ба кӯдак ғалтида, ба наздаш фуруд омад. Бачаи одамизодро дид, ки дар офтоби сӯзон хобидааст, ангушт мемакад ва фарёд мекашад. Санги хоро барояш гаҳвора, доя хок, тан аз ҷома дуру лаб аз шир пок. Агар бачаи хирс ё паланг ҳам мебуд, ба ҳар ҳол модараш ба сояи шахе ё харсанге мекашидаш. Симурғ раҳмаш омад, дар дилаш нисбат ба кӯдак меҳре тавлид шуд, (cid:) охир, вай ҳам модар буд. Кӯдакро бардошта ба ошёнаш бурд ва назди бачаҳояш гузошт. Гумон кард, ки симурғчӯҷаҳои гурусна ба вай дармеафтанд, то кананду хӯрандаш ва дар ин сурат симурғ ба муҳофизати ӯ ҳозир буд, лекин чӯҷаҳо ба кӯдак ҳайрон- ҳайрон менигаристанду дам меистоданд. Симурғ ӯро ба ҷойи модар шуд ва ба парваришаш пардохт. Бачаҳояш бародарон ва хоҳарони вай шуданд. Кӯдак ба хӯриши симурғчӯҷаҳо одат кард, тани бараҳнааш, ба гармою сармо ва боду тӯфонҳо хӯ гирифта, обутоб меёфт. Замоне бар ин гузашт, кӯдак ҷавони тануманд ва қомат- баланде шуд. Аз пояи кӯҳ корвонҳои бозаргонон мегузаштанд, корво- ниён гоҳ-гоҳ ӯро медиданд. Онҳо рафтанду овозаи марди симтани кӯҳгардро ба кишварҳо бурданд. Аммо аз ин овозаҳо пештар Сом дар Зобул шабе аз шабҳо, аз бефарзандӣ доғдил ва аз кори замона ошуфта, хоб рафта буд, дар хоб дид, ки аз ҳиндустон марди сарафрозе савори аспи тозӣ давон-давон наздаш омада, аз писараш мужда дод ва гуфт: (cid:) «Писарат зинда ва барӯманд аст». Сом бедор шуда мубадонро талабид ва хобашро ба онҳо гуфта пурсид: (cid:) Шумо дар бораи чунин хоби ман чӣ мегӯед? Оё ақлатон мегирад, ки писарам зинда бошад, аз гуруснагӣ ва гармову сармо намурда бошад? Мубадон ӯро маломат карданд, ки: (cid:) Чи шеру паланг дар хушкӣ ва чи моҳӣ ё наҳанг дар об бачаҳошонро ба меҳр мепарваранд, аммо ту ки одамизодӣ, бачаи бегуноҳатро ба кӯҳсор афкандӣ ва хор кардӣ, аз мӯйи сафедаш ор кардӣ, лекин мӯйи сафед дар тани равшану пок чӣ айб дошт? Ва боз гуфтанд: (cid:) Магӯ, ки ӯ зинда нест. Касе, ки Худованд нигоҳаш медорад, аз гармиву сармо намемирад. Писаратро биҷӯй, ки ҷӯянда ёбанда аст. Пас аз чанд рӯзи гуфтугӯ ба гӯши Сом овозаи марди симурғпарварди албурзӣ расид. Вай зуд бо ҳамроҳии сарони сипоҳаш сӯйи Албурзкӯҳ саворӣ намуд. Рафтанд ва кӯҳи сар ба Сурайё кашидае диданд, ки гӯё ба ситораҳо роз мегуфт. Болотар баромада, дар тори кӯҳ ошёни симурғро диданд; ошёнаи баланди ӯ бар рӯйи хоросанге устувор ва сутунҳояш аз чӯбҳои ба ҳам бофтаи сандалу обнӯс рост карда шуда буд. Сом аз ҳайбати симурғ ва азамати ошёни ӯ дар ҳайрат монд. ҷавоне бокитфу бозу ва неруманд, ба андом монанди Сом, дар гирди ошён мегашт. Сом ва ҳамроҳонаш сӯйи ошёна роҳ ҷустанд, лекин ба он сӯ роҳеву гузаргоҳе наёфтанд. Симурғ аз фазои кӯҳ онҳоро дид ва донист, ки аз барои парвардаи ӯ омадаанд. Ба парвардааш гуфт: (cid:) Эй писар, бибин, падарат ба ин кӯҳ фарзандҷӯйӣ омадааст. Ту ранҷи кӯҳу ошён ва ҷаври барфу борон кашидӣ, ман доя ва ҳимоягари ту будам, туро калон кардам, акнун равост, ки туро бардошта назди падарат фуруд орам. ҷавон ин суханони симурғро шунида ғамгин шуд ва гирист, ки инак акнун аз парварандаи меҳрубонаш ҷудо мешавад. Вай, агарчи бо одамон наомехта буд, лекин аз симурғ гуфтугӯ омӯхта ва бо овози ӯ сухан мегуфт, ҷавони боҳушу хираде буд, ба симурғ гуфт: (cid:) Чӣ, магар ту аз ман безор шудаӣ? Охир, ошёни ту ҷойи дилхоҳи ман ва ду боли ту сарпаноҳи ман аст. Аз ту беҳад миннатдорам, ки маро аз ҳалокат раҳонида тарбият кардӣ. (cid:) Ман, (cid:) гуфт симурғ, (cid:) туро аз худ ба ҷиҳати безор будан дур намекунам, на! Туро ба подшоҳӣ мефиристам. Тахту тоҷ дар интизори туст. Бо ман буданат бароям хуш аст, лекин он аз ин хуштар. Ту якто пари маро бо худ бигиру нигоҳ дор. Агар мабодо туро бадӣ кунанду хор доранд, пари маро бисӯзон, ман ҳамон дам чун абр дар болои сарат ҳозир шуда, туро мебар- дораму беозор ба ин ҷо меоварам. Меҳри ту дар дилам то абад хоҳад монд, ту ҳам меҳри дояатро аз дил набарор. Сипас симурғ пар кушода, ӯро бар фарози абрҳо бардошт ва назди падараш фуруд овард. Падар рухи чун баҳор ва тани пилвори писарашро дида ба вай дил бохт ва дар оғӯшаш гирифта аз шодӣ гирист. Пеши симурғ ба сипос сар фуруд овард, ӯро ситоиш кард ва офарин хонд. Симурғ сӯйи ошёнаш парвоз кард, чашмони Сом ва ҳамро- ҳонаш ба вай нигарон монданд. Падар ҳамоно гириста, ба писар гуфт: (cid:) Дилатро ба ман бад макун ва аз гузашта ёд манамо. Ман то абад дӯстдор ва меҳрубони ту хоҳам буд. Акнун, ки туро ёфтам, ҳамаи хоҳишу орзуятро ба ҷо меорам. Омадагон бо ҷавон шоду хуррам ба роҳи бозгашт рӯ оварданд. Сом номи писарашро Золи Зар гузошт. Дар Зобулистон вай ба Золи Зар аспсаворию шикору шам- шерзанию найзаандозӣ ва дигар ҳунарҳои лозимаи шоҳонро омӯзонд. Ситорашиносонро талабида фармуд, ки толеи Золро бибинанд. Ситорашиносон толеи вайро аз гардишу қирони сайёраҳо ҷӯё шуданд ва гуфтанд, ки вай паҳлавони номдор ва сарафрозе хоҳад шуд. Соми Наримон аз ин фол дилшод ва аз ояндаи писараш осудахотир гардид. ДОСТОНИ ЗОЛ ВА РӯДОБА Рӯзе аз рӯзҳо Золи Зар сайру саёҳат ихтиёр карда, бо сипоҳу дарбориёнаш ба тарафи Кобулистон равон гардид. Дар манзилҳо базму зиёфатҳои пурнозу неъмат меоростанд, дилхушӣ мекарданд. Пас аз чанд рӯз хурраму дилшод дохили марзи Кобулистон шуда, наздики пойтахти он дар дашт бар лаби рӯд чодар заданд. Меҳроб, шоҳи Кобул, ки хироҷгузори шоҳи Зобул буд, аз омадани мавлои худ огоҳ шуда, дар бомдод бо сипоҳ ва бо пешкашҳои лоиқ ба зиёрату хизмати Зол ҳозир гашт. Зол ӯро навохт ва ба шарафаш зиёфату базми шоҳонае бо нағмаю суруд ва майи минофому соқиёни гуландом биёрост. Дидори Золи сафедмӯй ба Меҳроб хуш омад, ҳамчунин ӯ хулқу атвор ва хираду дониши мавлои ҷавонашро писандид. Дар поёни зиёфат, вақте ки кобулшоҳ аз сари хон бархоста ба хаймаи худ рафт, яке аз меҳтарони зобулӣ, ки воқифи ҳоли ӯ буд, ба Зол гуфт, ки Меҳроб дар паси парда духтари ҳурлиқое дорад: Рухонаш чу гулнору лаб нордон, Зи симин бараш руста ду норвон. Ду чашмаш ба сони ду наргис ба боғ, Мижа тирагӣ бурда аз парри зоғ, Ду абрӯ ба сони камони Тароз, Ду рӯ тӯз пӯшида аз мушки ноз. Агар моҳ ҷӯйӣ, ҳама рӯйи ӯст, В-агар мушк бӯйӣ, ҳама мӯйи ӯст. Зол аз ин таърифҳо худро бохт, ба дилаш оташ афтод. Шаб аз хаёли он паризоди кобулӣ хобаш набурд. Дар бомдод дарбориёнаш ба саропардаи ӯ ба салом омаданд. Меҳроб ҳам омад. Зол ӯро беш аз пеш навохт ва ҳатто аз паҳлавони номдори худ болотар нишонд. Гуфт: . Марз (cid:) хок, ҳудуд, сарҳад. Тӯз (cid:) матои нафиси бофта. (cid:) Аз ман ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ. (cid:) Эй фармонраво, (cid:) посух дод Меҳроб, (cid:) ман фақат як орзу дорам, ки ба хонаи ман биёӣ ва меҳмони ман шавӣ, ба хуршеди рӯят равони маро равшан кунӣ. Зол тааммул карду гуфт: (cid:) Ба хонаи ту рафтан салоҳ нест. Падарам Сом агар шунавад, ки ман меҳмони бутпарастон шудаам ва бо онҳо майгусорию мастӣ кардаам, хоҳад ранҷид. ҷуз ин ҳар чӣ бихоҳӣ, мепазирам. Меҳроб аз нажоди Заҳҳок ва бутпараст буд. Аз ин рӯ, дар боргоҳи Золи Зар ҳамаи дарбориёни ӯ, ки зардуштимазҳаб буданд, ба шоҳи Кобулистон бидуни таваҷҷуҳ ва бо назари бегонагӣ менигаристанд. Агар эҳтиромаш мекарданд, ба хотири фармонфармои худ мекарданд, ки ӯ ба хироҷгузори содиқу ҳушмандаш иродаи хосе дошт. Меҳроб агарчи аз сухани мавлои ҷавонаш ботинан ранҷида буд, боз ба вай ҳамду сано гуфт, лекин дар дилаш ӯро нопокдин хонд. Золи Зар ба Меҳроб менигаристу хаёлаш ба духтари ӯ буд. Вай нодида ошиқ шуда буд, аммо боз меандешид: мабод, ки ишқи духтари бутпараст обрӯйи ӯро дар назди хосу ом бирезонад. Чун Меҳроб аз боргоҳи даштии Зол баргашт, ба шабистони худ даромад. Занаш Синдухт ва духтараш Рӯдобаро навозиш кард. ҳар бор ки ӯ духтарашро медид, духтар ба назараш беш аз пеш нозанину дилрабо менамуд. Падар аз дидори фарзандаш сер намешуд. Ин бор зевари дурру гавҳар, дебои нозуктар аз барги гул, зулфони анбарбӯй ҳусн бар ҳусни Рӯдоба афзуда буданд. Меҳроб ба дил гузаронд: (cid:) «Оё дар зери гунбази фалак шоҳе ё шоҳзодае ҳаст, ки лоиқи духтари ман бошад?». Синдухт аз шавҳараш писхандомез пурсид: (cid:) Писари Сом чӣ марде будааст? Барояш тахти шоҳӣ азизтар аст ё лонаи симурғ? Хӯйи одамӣ гирифтааст ё не? Меҳроб, ки аз меҳрубонии Золи Зар шод ва аз мардонагию фарохдастии ӯ мот шуда омада буд, писханди занашро напи(cid:) сандид. (cid:) Эй моҳрӯйи симинбар, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) чашми замона шаҳсаворе, родмаде, сарафрозе ҳамчун Золро надидааст. Дар боргоҳаш пайваста зар мепошад ва дурру гавҳар меафшонад. Мегӯянд, ки дар майдони разм ҷавлонаш чун шери жаён аст; аз андомаш пурсӣ, ба рух гули арғувон, ба қомат сарви равон. Айбаш ҳамин ки мӯяш сафед аст, дигар заррае айб надорад, лекин мӯйи сафедаш ба худаш мезебад. РӯДОБА Духтарашон ин таърифҳоро шунида барафрӯхт, рӯяш ба ранги гулнор гашт. Золе, ки падар тасвираш кард, дили духтарро рабуд. Хирадмандон гуфтаанд: (cid:) «Зи мардон макун ёд дар пеши зан». Нек гуфтаанд. Панҷ нафар занони барно ва духтарони зебо парасторони Рӯдоба буданд. Баъди ду-се рӯз вай ба онҳо гуфт: (cid:) Шумо роздор ва ғамғусори манед; бидонед, ки ман ошиқ шудаам, ошиқи Золи Зар: Дилу ҷону ҳушам пур аз меҳри ӯст, Шабу рӯзам андешаи чеҳри ӯст. (cid:) Шумо чорае бисозед ва диламро аз ин ғам бираҳонед. Аммо ин рози маро ғайр аз шумо касе надонад. Парасторон гуфтори бонуяшонро ба бешармию беномусӣ нисбат доданд, ки асло аз духтари шоҳ раво нест. ҳар панҷ Аҳриманвор аз ҷой ҷаҳида чунин посух доданд: (cid:) Охир, ту маликаи хубони ҷаҳонӣ, тоҷи сари шоҳдух- таронӣ, овозаи ҳусну ҷамоли ту аз ҳинд то Чин рафтааст. Дар қаннуҷу Рум ба сурати ту саҷда мекунанд, пас ин чӣ бешар- мист, ки мехоҳӣ мардеро, ки падараш дур афкандаасту парва- рандааш мурғи кӯҳист, дар канор бигирӣ? ҳам вай аз модар пир зоида шуда ва ангуштнамои мардумон аст. ҳамчун ту паризоде хоҳони марди дар кӯдакӣ пиршудае бошад? Эй аҷаб! Охир: Туро бо чунин рӯю болову мӯй, Зи чархи чаҳорум хур ояд-т шӯй! Рӯдоба аз ин гуфторҳо дилаш чун оташ аз бод бардамид. Аз парасторон бо хашм рӯ тофт, чашмонашро пӯшид. Сипас чин бар абрувон оварда гуфт: (cid:) Гуфторатон хом аст, ба шунидан намеарзад. Дили ман ба хуршеди тобоне табоҳ шудааст, пас чӣ гуна ба моҳ шод шавад? Шумо гулро аз гил фарқ намекунед. Воқеан гилхор ба гул наменигарад. ҳар киро сирка доруи ҷигар бошад, ангубин дардашро даво намешавад. Ман на султонро мехоҳам, на фағфури Чин ва на касеро аз шоҳони Эронзамин. Хоҳ пир бошад ва хоҳ навҷавон, писари Сомро мехоҳам. Дилам ӯро надида ихтиёр кард, ман на ба рӯю мӯйи ӯ, балки ба ҳунараш, ба камолоташ ошиқ шудам. Парасторон сари бандагӣ хам карданд. Калони онҳо аз забони ҳамаашон гуфт: (cid:) Мо канизони туем, фармон мебарем. Чун мо сад ҳазорон фидои ту бод. Агар фармоӣ, афсунгар мешавем, мурғи ҷоду мешавем (cid:) мепарем, оҳу мешавем (cid:) медавем ва зобулшоҳро ба наздат меоварем. Рӯдоба шодона табассум кард ва рӯйи муасфар сӯйи парасторон оварда гуфт: (cid:) Агар ин гиреҳро кушоед, дарахте менишонед, ки ҳар рӯз бароятон лаълу ёқут бор меоварад. РАФТАНИ КАНИЗОН БА НАЗДИ ЗОЛ Ин ваъда кӯшиши канизонро дар пайи иҷрои супориши бонуяшон дучанд кард. Онҳо худҳошонро бо ҳариру дебо ва чанбари гулҳо зеб дода, ба лаби дарё рафтанд ва дар соҳил рӯбарӯйи қароргоҳи Золи Зар ба гулчинӣ машғул шуданд. Зол аз он сӯ чашмаш ба духтарон ғалтида пурсид: (cid:) «Ин духтарон кистанд?». Яке аз дарбориёни кобулшоҳ, ки дар хизмати меҳмонони зобулӣ буд, ҷавоб дод, ки канизони духтари Меҳробанд ва бо супориши бонуяшон ба гулчинӣ омадаанд. . Муасфар (cid:) ба ранги гули усфур (заъфарони ёбоӣ) ранг молида. Дили Зол тапид. Бо як нафар ғуломи худаш шитобон ба лаби дарё омад. Дар мобайни дарё найзоре буд. Зол камон хост, ғулом камонро зеҳ карда ба дасташ дод ва бонг зада мурғони даштиро аз найзор парронд. Зол бо шитоб тир андохта як мурғро ба он лаби дарё ғалтонд, ба ғулом фармуд, ки зуд ба он сӯ гузашта сайдро биёрад. ғулом бо заврақ ба он сӯ гузашт. Канизон бо ғулом дар гуфтугӯ шуданд. Канизаки калонӣ пурсид: (cid:) Он камонкаш кист, ки бо як тир мурғи парронро сайд кард? ғулом лабашро газида посух дод: (cid:) Оҳиста бигӯ. Вай писари Соми Дастон, шоҳи Нимрӯз аст. Дар ин замона аз ӯ паҳлавонтару номдортар касе нест. Каниз хандида гуфт: (cid:) Эй содадил, шоҳи ту аз духтари Меҳроб номдортар набудагист. Овозаи ҳусну ҷамоли Рӯдоба дар саросари ҷаҳон рафтааст. Канизи дуюм дебочаи суханро дароз накарда якбора ба сари мақсуд омад: (cid:) Мо, (cid:) гуфт, (cid:) парасторони Рӯдобаем, ба назди шоҳи ту омадем. Овозаи шону шавкат ва ҳусну ҷамоли ӯро шунидаем, қасди он дорем, ки сари бонуи нозанинамонро бо сари фар(cid:) занди Сом ҷуфт кунем, ки ҳар ду арзандаи якдигаранд. ғулом сухани канизро шунида, аз шодӣ рухаш лаълфом гашт, зеро аз ишқи ғайбии мавлояш ба духтари Меҳроб огоҳ буд. Гуфт: (cid:) Чӣ беҳтар! Хуршед бо моҳ хуб аст. ӯ назди Зол хандону шукуфон баргашт. Зол пурсид: (cid:) Духтарон ба ту чӣ гуфтанд, ки ин гуна шодону хандон омадӣ? ғулом он чӣ аз канизон шунида буд, бозгуфт. Зол аз ҳаяҷони шодӣ шукуфт, чашмонаш барқ заданд. Ба ғулом фармуд: (cid:) Зуд ба он сӯ баргард, канизонро бигӯ, ки нараванд, каме сабр кунанд, то ба бонуяшон бо ҳамроҳии гулдастаҳо зару гавҳар баранд. Ман мехоҳам ба Рӯдоба паёме фиристам. ғулом боз бошитоб ба он лаби рӯд заврақ ронд. Зол аз хазинааш зару гавҳар ва панҷ даст дебои зарбофт гирифта, ба дасти хизматгораш дод ва фармуд, ки пинҳонӣ бурда ба канизон супорад. Бурданд ва супурданд. Канизи калонӣ ба хизматгор гуфт: (cid:) Роз пинҳон намемонад, магар танҳо миёни ду кас бошад. Се кас ифшои роз аст ва чаҳор кас анҷуман. Ман мехоҳам бо писари Сом танҳо ба танҳо гуфтугӯ кунам. Хизматгорон рафтанд. Канизон ба якдигар мегуфтанд, ки: «Шер ба дом афтод, акнун Рӯдоба ҳам, Зол ҳам ба коми дил мерасанд, ки ин фоли нек аст». Хизматгор сухани канизи калониро ба Золи Зар расонда буд, ки ӯ дарҳол ба соҳили дигар равон шуд. Канизон дар пешаш таъзим ба ҷо оварданд. Зол аз чигу- нагии духтари кобулшоҳ пурсон шуд ва канизонро огоҳ кард, ки рост бигӯянд, ки агар ӯ дар гуфторашон камтарин норостӣ эҳсос кунад, онҳоро ба зери пойи пил хоҳад андохт. Канизи калонӣ бо Зол хилват карда, аввал ӯро ситоиш ва баъд ҷамоли оламоро ва камоли беҳамтои Рӯдобаро васф намуд. Золи Зар ошиқ буд, ошиқтар шуд. (cid:) Хуб, (cid:) гуфт, (cid:) ман чӣ гуна метавонам ба назди ӯ роҳ ҷӯяму ба висолаш бирасам? (cid:) Ту бо каманд ба наздики кохи ӯ биё, (cid:) посух дод каниз. (cid:) Камандатро бар кунгураи девори қалъа андохта ба кохаш мебароӣ. Ба мо рухсат фармой, ки пештар биравему ба бонуя- мон ҳикояти дидор ва гуфтори туро карда, дилашро бифиребем ва ӯро ба истиқболи ту омода созем. Канизон бо гулдастаҳо ва ҳадяҳои Золи Зар бозгашта шомгоҳ ба кохи Рӯдоба расиданд. Дарбон онҳоро ҷанг кард, ки куҷо рафта буданд ва чаро дар ин бевақтӣ дар берунҳо мегарданд. (cid:) Охир, баҳор аст, (cid:) ваҷҳ гуфтанд канизон, (cid:) мо гулчинӣ рафта будем, Чӣ метарсӣ, дар гулистон дев нест, ки моро бидуздад. (cid:) Магар намедонед, ки Золи Зар омада дар соҳили даръё хиргоҳ задаст, (cid:) тез шуд дарбон, (cid:) кобулхудой ҳар бегоҳ баро- мада назди ӯ меравад, агар ӯ шумоёнро дар кӯю кӯча гулдаста ба даст бинад, сарҳотонро мебуррад. (cid:) Золи Зар омадааст? Рост? (cid:) гӯё ки ҳайрон шуданд макко- раҳо. (cid:) Мо бехабар будем. ӯро навҷавони пирнамо ва мӯсафед аст мегӯянд, як медидем! Дарвоза боз шуд ва канизон ба кох даромаданд. Рӯдоба дар интизори онҳо буд. Ба якдигар навбати сухан надода, ҳар чи гузашта буд, ҳамаро ба бонуи худ нақл карданд. Дидори Золро ба гули арғувон, қоматашро ба сарви бӯстон монанд карданд, мӯйи сафедашро зевари ҳусни нестдарҷаҳон хонданд, салобаташро ба шери дамон нисбат доданд ва донишашро аз ҳикмати мубадон боло гузоштанду бар дили Рӯдоба оташи иштиёқро барфурӯзонданд. Халтаҳои зару гавҳарро дар пешаш рехтанд. Аз қасди омадан доштани Зол башорат доданд ва гуфтанд, ки бонуи ҳам ошиқу ҳам маъшуқа зудтар тадоруки пазироии меҳмони олиқадрашонро бикунад. Рӯдоба, шавқу шодӣ дар дил ва нешханд бар лаб, канизонро истеҳзо кард, ки: (cid:) Ба ин зудӣ фикратон, гуфторатон дигаргун шудааст?! ҳамон Золи мурғпарварди писар акнун ба рух гули арғувону ба қад сарви бӯстон шуд? Сурати маро ҳам дар пешаш кашидед ва баҳо кардед? Сипас вай аз падару модар пинҳонӣ бо канизонаш хонаеро, ки дар сақфу деворҳояш ҳар гуна суратҳо ва манзараҳо тасвир ёфта буданд, барои меҳмондорӣ бо дебои чинӣ биёростанд ва мушку анбар афшонданд, табақҳои заррин оварданд, ба ҳар гӯша гулдонҳои мусаввару мунаққаш бо гулҳои садбаргу бунафшаю наргису арғувону савсану ёсуман гузоштанд. ҳавои кох саросар ба бӯйи хуши диловез оганда шуд. МУЛОқОТ Дар шаби торик Зол пинҳонӣ ба Кобул омад. Яке аз канизони Рӯдоба ӯро дар ҷойи ваъдагӣ пешвоз гирифта ба пушти кохи бонуяш овард. Рӯдоба дар боми кох чашм ба роҳи ӯ буд. Чун Зол дар поён падидор шуд, духтар чодир аз сар афканда овоз дод: (cid:) Шод омадӣ, эй шерзод! Зол боло нигоҳ карда ӯро дид. Дар назараш бом гӯё аз рухи рахшони шоҳдухтар равшанистон гардида буд. ҷавобаш дод, ки: (cid:) Дуруд аз ман ва офарин аз сипеҳр ба ту, эй ҳурнажод. Басо шабҳо, ки ман дар хаёлат ситора шумурдам ва аз Парвар- дигор хостам, ки боре дидоратро ба ман бинамояд. Инак ба муродам расидам; сипосу шукри беҳад ба Яздони пок. Рӯдоба мӯйи шабгуни дутобаашро ба ҳам печонда сӯйи Зол фуруд овард ва гуфт: (cid:) Бигир инро ва ба наздам баро. Зол аз ин кори ӯ дар ҳайрат монд. Гесуи мушкинашро гирифта бӯсиду гуфт: (cid:) На, на, маро ба теғ дил аз сина баркандан беҳ аз он аст, ки торе аз гесуи ту канда шавад ва ё ба ту як зарра озор бирасад. Сипас ӯ каманди худро бароварда ба боло ҳаво дод, ҳалқаи каманд дар кунгура даромад, Зол бо вай ба бом баромад. Рӯдоба дасти Золро ба дасташ гирифта бо вай аз боми кох фуруд омад. Зол аз зебу шукӯҳи хилватхонаи Рӯдоба дар ҳайрат монд, аммо аз он бештар шефтаи ҷамоли оламорои маъшуқааш гардид. Духтар низ Золро беҳтар аз он ёфт, ки канизонаш таъриф карда буданд. Зиёфати шоҳвор оғоз ёфт ва пас аз он бӯсу канори ушшоқ ба амал пайваст. Зол ба Рӯдоба чунин гуфт: (cid:) Ёри симинбари мушкбӯям, агар Манучеҳр ин достони ишқи маро шунавад, дар ғазаб мешавад ва падарам низ бар ман мехурӯшад, ки чаро аз хонаводаи бутпарастон ҷуфт хостам, аммо ман ҷон месупорам ва кафан мепӯшаму аз паймони ту намегузарам. Ба даргоҳи Яздони пок лобаю зорӣ мекунам, то магар аз дили шоҳаншоҳ ва падарам хашму кинро бишӯям. Рӯдоба гуфт: (cid:) Ман ҳам инчунин. Барои ман ғайр аз ту подшоҳ нест ва нахоҳад буд. Худои ҷаҳонофарин ба суханам гувоҳи барҳақ аст. Аз дарбор овози дуҳули субҳидамӣ баланд шуда буд, ки Зол ба тараддуди рафтан афтод. Чашмони ҳар ду пуроб шуданд. Ушшоқ ёрои аз ҳам ҷудо шудан надоштанд. Ба офтоби тулӯъкарда менигаристанду гӯё ба вай таъна мезаданд, ки чаро шитоб кардӣ ва ба ин зудӣ шаби висолро ба саҳари фироқ овардӣ. Билохир бо ҳам видоъ карданд. Зол камандашро поин афканда аз он кохи фаррух фуруд омад. МАШВАРАТНОМАИ ЗОЛ БА СОМ Дар роҳи бозгашт ӯ ғарқи хаёлу андеша буд. Ба қарор- гоҳаш расида мулозими худро фармуд, ки бузургон, мубадон ва сарони сипоҳро ба назди ӯ бихонад. Онҳо як-як ба саропардаи Зол омада салом карданд. Чун ҳама ҷамъ шуданд, Золи Зар сухан оғоз карда чунин гуфт: (cid:) Шумо медонед, ки ободии ҷаҳон ба одам аст, лекин агар ҷуфтии марду зан намебуд, мардумон зиёд намешуданд. Дар ҷаҳон ҷавоне нест, ки ҷӯёи ҷуфти худ набошад. Агар ҷавоне аз нажоди бузургон беҷуфт бошад, бузургии ӯ боқӣ намемонад. Барои паҳлавонони номвар чӣ чизе некутар аз фарзанд аст? ӯ худро дар фарзандаш такрор мекунад, тавассути фарзанд зиндагии нав меёбад. Акнун ман ба шумо рози дили худро мегӯям. Офтоби ман аз кохи Меҳроб тулӯъ кард; ман ба духтари ӯ дил бастам. Шумо мубадон ва фарзонагон чӣ мегӯед, оё Сом ин кори маро меписандад? Манучеҳр чӣ мегуфта бошад? Оё вай инро бар ҷавонии ман ҳамл хоҳад кард ё гуноҳ хоҳад донист? Охир, зан гирифтанро ба мо Худо ва дин мефар- мояд, хирадмандон ин корро айб ва нанг намегиранд, ҳамин тавр не? Мубадон хомӯш монданд, сухан бар лабонашон баста шуд, зеро Меҳроб набераи Заҳҳок буд ва Заҳҳок баддину бадкеш ҳисоб меёфт. Онҳо бо кадом ҷуръат ба шоҳ гӯянд, ки маъшуқааш баддин аст ва издивоҷаш бо ӯ раво нест? Зол аз хомӯшии фарзонагони даргоҳаш дар қаҳр шуд ва суханро дигаргун ронд. (cid:) Медонам, (cid:) гуфт, (cid:) шумо барои ин кор маро дар дилҳотон сарзаниш мекунед. Лекин ман аз шумо маслиҳат мехоҳам. Агар ба ман роҳ бинамоеду ин гиреҳро бикушоед, ба шумо чандон некӣ хоҳам кард, ки дар ҷаҳон ҳеҷ меҳтаре ба кеҳтари худ он гуна некӣ накарда бошад. Мубадон гуфтанд: (cid:) Мо бандагони ту дар ин кор ҳайрону саргум мондаем. Аммо ба ақидаи мо, аз издивоҷ бо чунин духтар мақому мартабаи щоҳ коста намешавад. Меҳроб агарчи ҳамдини мо нест, лекин марди бузург ва паҳлавони шаҳсаворест. Фақат ҳамин қадар дорад, ки шоҳи тозинажоди аждаҳонасаб аст. Ба паҳлавон Сом нома бояд навишт. Ту аз мо хирадмандтарӣ ва худ медонӣ чӣ бинависӣ. Магар ин ки вай ба навбати худ ризояти шоҳаншоҳро ҳосил намояд. Манучеҳр раъйи Сомро намегардонад. Ба ин тариқ шояд ин гиреҳ кушода шавад. Зол ин маслиҳатро пазируфт ва дабирро талабида ба Мозандарон ба номи падараш нома нависонд. Соми Наримон бо фармони Манучеҳр дар Мозандарон бо девҳо машғули ҷанг буд. Дар аввали нома Золи Зар ба падар дуруд фиристод ва баъд суханро чунин ронд: (cid:) «Дар майдони ҷанг ба мардӣ саворе чун Соми Наримон нест ва нахоҳад буд. Ман ба сони як нафар бандаи ӯ ҳастам, ки дилу ҷонам фарогирифтаи меҳри ӯст. Аз модар ҳамон тавре, ки ӯ дид, зода шудам ва аз чархи гардон ситамҳо кашидам. Падарам аз неъмату лаззатҳои зиндагонӣ бархурдор буд, аммо ман дар ошёни кӯҳии симурғ ба ҷойи шири модар хун меошо(cid:) мидам, умедам танҳо ба симурғ буд, ки шикор оварад ва дар қатори бачагонаш ба ман аз он шикор хӯриш диҳад. Пӯстам аз офтоб сӯхта, аз боду борон пажмурда буд, ҳар замон гарду хок мижгонамро ба ҳам дӯхта, чашмонамро нобино мекард. Шоҳзода будам, падарам тахтнишин, аммо нишемани ман лонаи мурғ буд. Офаридгор дар азал тақдири маро чунин навишта будааст ва аз тақдир гурез нест; паҳлавон агарчи теғро ба дандон бихояд ва наърааш пӯсти шерро бидарад, боз тобеи амри Яздон аст. Маро кори дилшикане пеш омадааст, ки наметавон ба мардумон бозгуфт, аммо ба падар бояд бигӯям. Ман гирифтори духтари Меҳроб шудаам. Мақомгоҳам канори рӯд ва шаб ёронам ситораҳоянд. ҳарчанд ки ситам кашидаам ва ранҷ мебарам, лекин ба ҷуз фармони ту коре нахоҳам кард. Акнун падари ҷаҳонпаҳлавонам чӣ мефармояд? Оё маро аз дарду алам мераҳонида бошад? Иҷозат медода бошад, ки ман ба оину дин духтари Меҳробро ба занӣ бигирам?». Пайки савор бо ин нома ба Мозандарон равона шуд. Зол ба вай амр кард, ки дар ҳеҷ ҷо наистода, аспи тезтакро чорнаъл тозонад ва ҳар асперо, ки рост ояд, бигираду савор шавад. Пайк шабону рӯзон асп тохта ба марзи Мозандарон расид. Аз дур сипоҳро дид, ки ба гирди кӯҳсор мегашт ва дар сари он сипоҳ Соми сипаҳсолорро шинохт. Сом низ савори ба сӯйи худаш шитобандаро дида ба ҳамроҳонаш гуфт: (cid:) «Ин мард савори аспи зобулист, яқинан фиристодаи Зол аст». Пайк расида аз асп фуруд омад ва пеши Сом замин бӯсида номаро ба ӯ супурд. ҷАВОБИ НОМА АЗ СОМ Сом номаро хонда чеҳрааш тира гашт ва ба андеша фурӯ рафт. Рафтори писарашро написандид. Ба худ мегуфт: (cid:) «Зол фитрати пасти худро зоҳир кард. Омӯзгораш мурғи ваҳшӣ, ки буд, бо чунин ношоистагӣ коми дил меҷӯяд. Агар гӯям, ки ин кори ту беандешагист ва назди Худованд ҳам, назди мардумон ҳам писандида нест, (cid:) дилаш мешиканад, ва агар гӯям ки оре, чунин майлу хоҳиши ту равост, он чӣ дилат мехоҳад бикун, (cid:) намедонам аз пушти ин мурғпарварда ва он девнажод чӣ насле ба вуҷуд хоҳад омад». Аз ин андешаҳо сари Сом гарон шуд. Шаб хобаш набурд. Пагоҳӣ ситорашиносонро талабида фармуд, ки толеи Зол ва ояндаи аҳволро бубинанд. Онҳо рӯз ва шаб аз осмон роз ҷустанд ва сипас шодон назди Сом омада гуфтанд, ки қирони сайёраҳо ба ҳам хеш шудани ду душманро нишон медиҳанд, пас фоли духтари Меҳроб ва писари ту фаррух аст, аз онҳо паҳлавонписаре, ба неру чун пили дамон, ба дунё меояд, ки ӯ ҷаҳонро аз бадхоҳону бадандешон пок мекунад ва решаи ҷангу ҷидолро барканда, ба Эронзамин пирӯзӣ ва хушбахтӣ меоварад, дар ҳамаи кишварҳо, чи Руму чи ҳиндустон ва чи Эрону Тӯрон подшоҳон номи ӯро дар тоҷу нигини худ менависанд. Ин фоли ситорашиносон дили ошуфтаи Сомро таскин дод. ӯ шодмон гашта ба онҳо симу зар бахшид. Ба пайки Зол низ дираму динор дод ва фармуд, ки баргардад ва ба Зол гӯяд, ки падарат ба издивоҷи ту бо духтари Меҳроб розист, аммо ту андаке сабр кун, то вай ин матлабро ба шоҳаншоҳ арз карда, фармони ӯро бигирад. Пайк бо шитобу ҷадал роҳ паймуда ба Кобул расид. Золи Зар аз паёми падар шодмон гашта, ба дарвешон дираму динор садақа кард ва инчунин дарбориёни худро низ аз бахшишҳои шоҳона маҳрум нагузошт. ИФШОИ РОЗИ РӯДОБА Зани кобулии чарбзабоне дар миёни Зол ва Рӯдоба миёна- рав буд, аз вай ба ин ва аз ин ба вай паём мебурд. Зол ӯро ба наздаш талабид. Занак чеҳраи хандону шуку- фони Золро дида ҳайрон шуд, аз он пеш ӯро ҳаргиз чунин шоду хуррам надида буд. Зол ба вай паёми аз падараш расидаро гуфта, фармуд, ки назди Рӯдоба равад ва ин хабари хушро ба ӯ расонад. Зан гӯё болу пар бароварду ба кохи Рӯдоба парид. Муждае ки вай овард, яъне ризояти Сом ба издивоҷи писараш бо духтари шоҳи Кобул, Рӯдобаро ниҳоят шод кард. ӯ мужда- расонро дар курсии зарандуд нишонда, аз сараш дирам пошид ва як даст сарулибос, як сарбанди зардӯзии мунаққаш, як ҷуфт ангуштарини гаронбаҳо бахшида, ӯро боз бо паёму дуруд назди Зол фиристод. Зан аз пеши Рӯдоба баромада равон шуда буд, ки ногоҳ чашмонаш ба модари ӯ ғалтид, (cid:) Синдухт дар айвони кох истода ба вай нигоҳ мекард. ӯ занакро аз роҳ боздошт ва итоб карда пурсид: (cid:) Ту кистӣ? Зан аз саросемагӣ забонаш лол гашт. (cid:) ҳар чӣ пурсам, ҷавоби рост бидеҳ, (cid:) амр кард Синдухт, (cid:) каҷӣ макун. ҳар замон аз ин ҷо мегузарӣ, ба ман нигоҳ намекунӣ, ба ҳуҷраи Рӯдоба мешитобӣ. Кистӣ ту? Чикораӣ? Камон ҳастӣ ё тир? Занак аз тарс ранги рӯяш ба ранги каҳрабо гашт, назди шоҳбону замин бӯсиду гуфт: (cid:) Ман ба хонаҳои меҳтарон барои фурӯш ҳар гуна матои нафис ва дурру гавҳар мебарам ва аз ҳамин роҳ ризқу рӯзӣ меёбам. Рӯдоба аз ман пероя хоста буд, барояш афсари зарни- гор ва як ҳалқаи гавҳар оварда будам. (cid:) Он афсару ҳалқаро ба ман нишон деҳ! (cid:) талаб кард Синдухт. (cid:) Ба Рӯдоба фурӯхтам, (cid:) гуфт зан, (cid:) ӯ фармуд, ки боз перояҳои дигар биёрам. (cid:) Ба чанд фурӯхтӣ? Пули гирифтаатро ба ман бинамой! (cid:) исрор кард шоҳбону. (cid:) Пулашро Рӯдоба фардо доданӣ шуд, (cid:) ҷавоб ёфт зан. Синдухт ба ӯ бовар накард, бо тундӣ омада бағалу остинҳои занакро кофтуков кард, буғчаашро кушода сарулибос ва зеварҳои аз Рӯдоба гирифтаашро дид ва барошуфт, занакро аз мӯяш кашида ба замин ғалтонда бо мушту лагад кӯфт ва баста монд. Сипас ба кох даромада дари хонаашро баст ва ғарқи хаёлу гумонҳои андуҳнок шуда нишаст. Бо тарсу бим меандешид, ки мабодо ин занак далла бошаду Рӯдобаро ба роҳи беномусӣ кашида бошад. Ба духтараш кас фиристод. Рӯдоба омада модарашро гирён дид. Синдухт бо аламу андуҳ ба ӯ гуфт: (cid:) ҷони модар, чаро ту роҳеро ихтиёр кардӣ, ки дар вай чоҳ аст? Аз ман чӣ рози ниҳон дорӣ? Ту он сарбанду ангуштаринро ба кадом мард ҳадя фиристодӣ? ҳамаро ба модарат рост бигӯ. Рӯдоба аз шарм барҷо монда, сар ба зер афканду ба пошнаи пояш чашм дӯхт. Дар ҳоле ки оби дида ба рӯяш мешорид, иқрор кард: (cid:) Модари меҳрубонам, ишқ ҷони маро мешикофад. Эй кош ту маро намезоидӣ. Золи Зар дар Кобул монд ва ишқаш маро бар оташ нишонд. ҷаҳон бар дилам танг шуд. Ман ошкору пинҳон мегирям. Бе вай зиндагӣ намехоҳам. Назди ман ҷаҳон ба як тори мӯйи ӯ намеарзад. Бидон ки ӯ ба кохам омад ва бо ман нишаст. Дасти якдигарро гирифта аҳду паймон кардем, аммо байни мо дидор буду бас, дигар чизе набуд. Зол назди падараш пайк фиристода буд, пайк ризояти Сомро овардааст, ин зан ба ман аз Зол ҳамин паёмро расонд, ман сарулибос ва перояро ба вай муждагонӣ додам. Синдухт моту мабҳут гашт, ҳаросон шуд. Он чи аз духта- раш шунид, тамоман ғайри чашмдошти ӯ буд. Вале бо ин ҳама шоҳбону дар таҳти дилаш аз хостгории Зол ба духтари ӯ хурсанд буд, ба шавҳарии Рӯдоба аз шоҳзодаи Зобул, аз писари Соми ҷаҳонпаҳлавон муносибтар кист? Лекин Синдухт ҳамон дам шоҳаншоҳ Манучеҳрро ба ёд овард; шоҳаншоҳ душмани авлоди Заҳҳок аст, вай албатта ба издивоҷи Зол ба Рӯдоба иҷозат нахоҳад дод ва балки ғазаб хоҳад кард. Ба Рӯдоба гуфт: (cid:) Ин кор ҳазл нест. Зол, албатта, бузург ва номдор аст, як айби ӯро, ки сафедии мӯяш бошад, сад ҳунару фазилаташ мепӯ- шонад, аммо, эй ҷони модар, аз хашми шоҳаншоҳ андеша кун, вай Кобулро бо хок яксон хоҳад кард, вай намехоҳад, ки аз авлоди мо касе замоне савори зин шаваду тоҷ бар сар ниҳад. Ту хоҳу нохоҳ бояд аз Зол даргузарӣ ва ӯро фаромӯш кунӣ. Модар инро мегуфту аммо ҳис мекард, ки гуфтораш ба Рӯдоба ҳеҷ дарнамегирад. Синдухт занаки миёнаравро раҳо кард ва узр овард, ки нашинохташ; ӯро меҳрубонӣ кард, аммо таъкид намуд, ки ин розро дар ҳамин ҷо гӯронаду дар ин бора пеши касе даҳон накушояд. Синдухт парешонхотир ва ғамгин буд. Шаб Меҳроб аз қароргоҳи зобулиҳо, ки дар он ҷо аз Золи Зар лутфу меҳру- бонии зиёд дид, шоду хуррам баргашта, занашро дар бистар, валекин бедор ёфт. ӯро дилошуфтаву ғамгин дида пурсид: (cid:) Чӣ хабар? Гулбарги рӯят аз чӣ пажмурдааст? Синдухт оҳи ҳазине кашиду чунин суханҳо бар забон ронд: (cid:) Дарахте, ки шинондему ба ранҷ парваридемаш, заҳр бор овард; чун ба хуршед сар кашиду соядор шуд, сари парваран- даашро дар хок кард. Ин аст фарҷоми кори мо. (cid:) Во аҷабо! (cid:) ҳайрон шуд Меҳроб. (cid:) Чӣ шуд, чаро чунин мегӯӣ? (cid:) Гардиши фалак на ба муроди мост. Писари Сом ба Рӯдоба дом ниҳода, дилашро бурдааст. (cid:) Чӣ? (cid:) Меҳроб ларз-ларзон аз ҷой ҷаста ба ханҷараш даст бурда ва бонг зад: (cid:) Рӯдобаро мекушам! Синдухт бархоста дастҳояшро бар камари ӯ ҳалқа кард ва ба зорӣ даромад: (cid:) Эй сарафроз, сухани ман тамом нашудааст, нахуст бишнав, сипас ҳар чӣ хоҳӣ, бикун. Меҳроб занашро тела дод, аз худ дур кард ва чун пили маст хурӯшиду гуфт: (cid:) Духтар чун зоида шуд, мебоист дарҳол сарашро мебу- ридам, чунон ки бобоям ва падарам ҳамин тавр мекарданд, лекин ман ба равиши онҳо нарафтам ва духтаратро накуштам, акнун дидӣ, ки ӯ ба сарам чӣ овард? ҷони худам акнун дар хатар аст, чаро ту маро аз куштани ӯ боз медорӣ? Сом Кобулро оташ мезанад, кишварро харобазор мегардонад, дар ин сарза- мин як ваҷаб ҷойи кишту дарав боқӣ намегузорад. (cid:) Эй паҳлавон, (cid:) гуфт Синдухт, (cid:) ту аз Сом натарс, вай аз кори Золу Рӯдоба хабар дорад ва ба издивоҷи онҳо раъй додааст. (cid:) Дурӯғ мегӯйӣ! Оё ақл бовар мекунад, ки бод фармонбари хок шавад? Агар бовар кунад, ман ҳам ба гуфтаи ту бовар мекунам. Аммо агар ба фармони Худовандӣ ин кори ношуданӣ шуда монаду дили ман биёсояд, барои мо беҳтар аз Зол домоде нест. Хешии Сомро кӣ намехоҳад? Аз Аҳвоз то қандаҳор биҷӯйӣ, чунин домоди номварро намеёбӣ. (cid:) Эй шавҳари сарфарозам, ман ба ту рост гуфтам. Ман ҳам аввал дар тарсу ҳарос афтодам, ту дидӣ, ки ношоду бимнок хуфта будам; лекин агар нек бисанҷем, ин кор чандон ношуданӣ ҳам нест. Сом розӣ шуда бошад ҳам, чӣ аҷаб? Охир, Фаридун ба хешии шоҳи Яман шод шуда буд. Бод аз хок фармон намебарад ва оташ ҳам ҷуфти об нест, аммо замин аз пайвастани инҳо тоб гирад ва борвар мешавад. Меҳроб суханони Синдухтро бо хотири парешон гӯш кард ва сипас боз беқарор шуда фармон дод: (cid:) Бархез, Рӯдобаро назди ман биёр! Синдухт тарсид, ки ӯ дар ин ҳолат метавонад Рӯдобаро зада тикка-тикка кунад. Талаб кард: (cid:) Нахуст яке паймон бикун, ки духтарамро ба ман танду- руст месупорӣ. Меҳроб паймон кард. (cid:) Савганд бихӯр, (cid:) гуфт Синдухт. Меҳроб ноилоҷ савганд хӯрд, ки ба як тори мӯйи Рӯдоба осеб намерасонад. Он гоҳ Синдухт рафт ва парешонии хоти- рашро пинҳон карда, бо лаби пурханда назди духтараш даромад. (cid:) ҷони модар, чанги падаратро аз ту кӯтоҳ кардам; зуд пероя аз сару тани худ биафкан ва пеши падар бираву зор-зор гириста бахшоиш бихоҳ. (cid:) Чаро пероя афканам? (cid:) эътироз кард духтар. (cid:) Ман арӯси Зол ҳастам, ӯ маро ҷуфти ҷон аст; чаро ман инро аз падарам пинҳон кунам? Рӯдоба бо зевари лаълу ёқути зард чун хуршеди тобон назди падараш ҳозир шуд. Меҳроб паризоде ё ҳури биҳиштиро, ки шунида буду лекин надида буд, дар пеши назар медид ва дар дилаш ба духтари худ мефахрид. (cid:) Эй бехирад, (cid:) чин ва ҷабин оварда хитоб кард ӯ, (cid:) оё парӣ метавонад ҷуфти Аҳриман бошад? Агар моргири дашти қаҳтон яке муғ шавад, ӯро бояд кушт. Бо шунидани ин гуфтори падар, ки ба киноя Золи Зарро Аҳриман ва моргир номид, дили Рӯдоба пурхун ва рӯяш ба ранги гули шанбалид гашт; мижгони сиёҳашро фурӯ хобонида хомӯш истод. Меҳроб хашмгину оташин боз чанде ба ӯ шӯрид, итоб кард, танбеҳ дод. Чун духтараш овозе набаровард, ночор лаб фурӯ баст. Рӯдоба бо дили шикаста бадар рафт. ғАЗАБИ МАНУЧЕҳР Хабари ошиқу маъшуқии писари Сом ва духтари Меҳроб ба дарбори Манучеҳр ҳам расид. Шоҳаншоҳ масъаларо бо мубадон ба миён гузошт. (cid:) Ин кор, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) ба рӯзгори мо тирагӣ хоҳад овард. Ман бо тадбир ва бо ҷанг Эронро аз чанголи палангон раҳонидам; Фаридун ҷаҳонро аз офати Заҳҳок наҷот дод. Меҳроби кобулӣ аз тухми Заҳҳок аст. Набояд гузошт, ки аз пушти Зол ва Рӯдобаи Заҳҳокнажод фарзанде падид ояду сипас он сарафканда сарафрозӣ биҷӯяд. Фарзанди онҳо аз як сӯ на аз гавҳари мо хоҳад буд. Тарёк ҳамтои заҳр аст. Агар фарзанди онҳо ба модараш равад, дар талаби тоҷу тахт Эронро дар ошӯбу ранҷ хоҳад андохт. Пас чора чист? Андешаи шумо дар ин бора чӣ гуна аст? (cid:) Эй шаҳриёр, ту хирадмандӣ, аз мо донотарӣ, худ медонӣ, (cid:) посух доданд мубадон. Манучеҳр писараш Нӯзарро талабид ва фармуд: (cid:) Ба Мозандарон назди Сом бирав ва бипурс, ҷангро тамом кардааст ё на. Бигӯяш, ки дар бозгашт ба Зобулистон аз наз- дики мо гузараду ба боргоҳ ояд. Нӯзар аз боргоҳи падар баромада фавран ба роҳ афтод. Дар Мозандарон Сом бо ҳамаи паҳлавононаш баромада шоҳзодаро пешвоз гирифт. Нӯзар ба ӯ фармони Манучеҳрро расонд. Сом гуфт: (cid:) «Фармон мебарам, аз дидори шоҳаншоҳам ромиши ҷон мекунам». Нӯзар ва ҳамроҳонаш он рӯз ва шаб меҳмонони Сом шуданд. Сом ва меҳтарони дигар ба ёди Манучеҳру саломатии Нӯзар шароб нӯшиданд. Дар бомдод Сом бо лашкараш сӯйи Эроншаҳр ба роҳ афтод. Дар Эрон фотеҳи Мозандаронро сипоҳиёни шоҳаншоҳ бо хурӯши карнаю сурнаю дуҳул бо камоли тантана истиқбол карданд. Манучеҳр дар боргоҳаш ӯро паҳлуи худ бар тахт нишонда сари суҳбату пурсупосро боз кард. Сом аз ҷанги Мозандарон, аз зафар ёфтанаш бар девҳо, аз набарди худаш бо солори сипоҳи девҳо Каркӯй нақлҳо кард. Сипас Манучеҳр ба ӯ чунин гуфт: (cid:) Аз паҳлавонони ман ба худ ҳамроҳ бигиру бирав ба Кобулистон, Меҳроби заҳҳокнажодро бикуш, кохаш ва пойтахташ Кобулро оташ бизан; ҳамаи авлоди Меҳроб ва дигар хешу таборашро сар бибур. Дили Сом ба изтироб афтод; вай писараш Золро, ишқи ӯ ва номаи ӯро, ба издивоҷаш ба Рӯдоба раъй додани худро ба ёд овард; аз ин фармони шоҳаншоҳ чун шери захмхӯрда тапидану хурӯшидани Золро ба пеши назар овард. Фармони Манучеҳр бераҳмона ва хунхорона буд. Дили Сом амр мекард: (cid:) «Эътироз кун, баҳона ҷӯй, рад кун!» аммо ақлаш мегуфт: (cid:) «Суд надорад, шоҳаншоҳ ин дам бар сари хашму ситез аст; агар баҳона ҷӯйӣ, туро аз миён мебардораду ба Кобулистон каси дигарро мефи- ристад». ҷаҳонпаҳлавон ноилоҷ ошӯби дилашро пинҳон карда тахти шоҳаншоҳро бӯсид ва ба муҳри ангуштаринаш рӯй молиду гуфт: (cid:) «Фармон мебарам». ҳам ба зудӣ роҳи Зобулистонро пеш гирифт. МУЛОқОТИ СОМ БО ЗОЛ Хабари фармони шоҳаншоҳ ба Меҳроб ва Зол расид. Меҳроб, Рӯдоба, Синдухт ба даҳшат афтоданд, аз ҷони худ навмед гаштанд. Золи Зар бархурӯшиду: (cid:) Агарчи аждаҳои оташфишон ба сӯзондани Кобул биёяд, нахуст бояд сари моро бибурад! (cid:) гуфта, фавран ба роҳи Зобул баромад. ҷигар пурхун, дил пурандеша, сар ба табу тоб, вай шитобон асп меронд. Сом, ки он вақт ба пойтахти худ Зобул расида буд, чун аз омадани писараш огоҳӣ ёфт, дар сари сипоҳи савор ва пилони ороста бо байрақҳои фаридунии сурху зарду бунафш ва бо дуҳулу карнайҳо ба пешвозаш баромад. Золи Зар ба он ҳама тантанаю ҳаёҳу нанигарист, бо пада- раш сард воҳӯрдӣ кард. Чун ҳамроҳ равон шуданд, то Зобул чини абрувонаш ҳамвор нашуд. Дар боргоҳ ӯ ба падараш гуфт: (cid:) Ту шоҳи додгарӣ, сарсабзии замину ободии кишвар аз додгарии туст, фақат ман, писарат, аз доди ту бебаҳраам. Чун зода шудам, маро ба кӯҳ афкандӣ, модарамро ба мотамам нишондӣ, акнун ки ба мардӣ расидааму чун Меҳроби кобулӣ дӯсти шоистае пайдо кардаам ва бо фармони худат дар Кобул нишастаам, ба ман аз Мозандарон ҳаминро ҳадя овардӣ, ки мехоҳӣ биравӣ Кобулу кохи маро хароб кунӣ. Оё доди ту бар ман ҳамин аст? Гуфта будӣ, ки маро ҳаргиз намеозорӣ ва ҳамаи майлу хоҳишамро ба ҷо меорӣ (cid:) куҷост он паймони ту? Инак ман дар пешат истодаам, маро метавонӣ бо арра ду ним кунӣ, лекин ба Кобул даст нарасон. ҳар чӣ хоҳӣ бикун, лекин агар ба Кобул осебе расад, он осеб ба ман мерасад. Падар суханони писарро мешуниду сари сафедаш торафт хамтар мешуд. Ба худ мегуфт, ки ҳақ сад дар сад бо Зол аст, аммо бо фармони Манучеҳр чӣ бояд кард? Агар аз фармон сар бипечад, шоҳаншоҳ бар вай ғазаб карда, ба ҷояш сипаҳсолори дигареро хоҳад фиристод ва он сипаҳсолор бо ҳамроҳии Меҳробу хешонаш ӯро ҳам аз миён хоҳад бардошт ва шояд Зобулро ҳам ба оташ хоҳад супурд. Манучеҳр якрав ва бераҳм, ғазабаш мудҳиш аст. Ё фарзанд, ё шоҳаншоҳ. Сом дар умраш ҳаргиз ба чунин ҳоли танг наяфтода буд. Дар ин дам вай маргро орзу кард. Ба дилаш надомат кард, ки: «Эй кош дар ҷанги Мозандарон ҳалок мешудам». Пас аз хомӯшии дуру дароз ба Зол гуфт: (cid:) ҳақ бо туст. Он чӣ бо ту кардам, бедод буд. Аммо ту тез машав. Ба ман фурсат бидеҳ, то чораи ин корро бияндешам. Шояд чорае пайдо кунам. ХАШМ ГИРИФТАНИ МЕҳРОБ БА СИНДУХТ Меҳроб ҳаросону ошуфтаҳол ҳамаи хашмеро, ки ба Рӯдоба дошт, бар сари Синдухт рехт. Ханҷар бараҳна карда бар сари вай хурӯшиду гуфт: (cid:) Акнун ки шоҳаншоҳ бар ман ғазаб кард, чора ин аст, ки туро бо духтари нопокат бикушам. Бо ин шояд, ки хашму кини шоҳаншоҳ фурӯ нишинад, вагарна дар Кобул кист, ки дилу гурдаи бо Сом ҷангидан дошта бошад? Синдухти ҳушманд ва ботадбир гуфт: (cid:) Нахуст сухани маро бишнав, сипас ҳарчӣ хоҳӣ бикун. Меҳроб ба курсӣ нишаст ва фармуд: (cid:) Бигӯ. Синдухт ба курсии дигар нишасту гуфт: (cid:) Агар молу сарвати ту барои тан аст, барои саломатиат онро бубахш. Шаб обистан аст, бубин, ки фардо чӣ мезояд. ҳар шаберо саҳаре ҳаст, аз пайи шаб рӯз меояд, равшану дурахшон чун лаъли Бадахшон. (cid:) Ту масалҳои бостониро пеши ман наёр! (cid:) сухани занашро бурида бонг зад Меҳроб. (cid:) Он чӣ медонӣ, бигӯ ва ба халосии ҷонат бикӯш, ё ки ҷомаи хун бар танат бипӯш! Маро бо ҳадяҳои гаронбаҳо назди Сом бифрист, (cid:) гуфт Синдухт. (cid:) Аз ман ранҷ, аз ту ганҷ. Ман ҳадяро ба ӯ месупорам ва он чӣ мебоист гуфтан, мегӯям. Агар раъйи ӯро гардонда тавонам, ту ниёзманди хуни ман ва духтарат нахоҳӣ буд. Меҳроб чанде ба андеша рафт ва розӣ шуд. (cid:) Инак калиди ганҷ, (cid:) гуфт ва калидро ба Синдухт дароз кард. (cid:) Тахту тоҷ, зар, дурру гавҳар, аспони тозӣ, канизони хубрӯйро бигиру бирав. Шояд, ки Кобул аз оташ амон ёбад ва толеи тирагаштаи мо боз барфурӯзад. Синдухт ба тараддуди рафтан афтод, аммо ба ҷиҳати Рӯдоба хавотир мекашид: мабод ки дар набудани ӯ Меҳроб духтарашро озор диҳад. (cid:) Меҳроб, ман ғами худамро намехӯрам, ғами духтарамро мехӯрам. Як паймони сахт бикун, ки то ман дар пайи чорасозӣ бошам, ту ба Рӯдоба ҳеҷ озоре намерасонӣ? Меҳроб паймон кард. Синдухт халтаҳои динор, мушку анбару кофур, аспони тозӣ ва порсӣ, ғуломону канизон, уштурони модаи сурхмӯй, тоҷу тахти заррини мурассаъ ва гавҳару фирӯзаро гирифта ба роҳ афтод. Чун ба Зобул расид, кӣ буданаш ва номашро маълум накарда, ба дарбонҳои даргоҳи Сом гуфт, ки ба ҷаҳонпаҳлавон хабар диҳанд, ки фиристодаи кобулшоҳ омадааст. Синдухт чун бор ёфт, пеши Сом замин бӯсид ва паёму дуруди кобулшоҳро ба ӯ ва бузургони даргоҳаш расонд ва корвони худро, ки аз дари боргоҳ то ба ду мил тӯл кашида буд, ба сарой дароварда ҳадяҳоро пешкаш кард. Сом он ҳама молу сарватро дида дар ҳайрат монд ва андешид, ки: «Ин миқдор ҳадяро бо зане фиристодан ба чӣ маънӣ бошад?... қабул кунам ё на? қабул карданам чунин маънӣ хоҳад дошт, ки аз куштани кобулшоҳиён ва сӯзондани шаҳрашон даст мекашам. Аммо агар қабул накунам, ягона фарзандамро душмани худ мегардонам. Чӣ бояд кард?». Пас ба чунин қарор омад, ки ҳадяи Меҳробро на барои худаш, балки барои Зол ва ба номи Рӯдоба қабул намояд. Ба хизматгоронаш фармуд: (cid:) Инҳоро ба хазинадори Зол супоред. Хазинадор ҳамаро ба номи Рӯдоба нависад ва нигоҳ дорад. Синдухт қабул ёфтани ҳадяро рафъи бадӣ ва омади некӣ дониста, дилаш шод ва забонаш гӯё гашт. Вақте ки Сом хонаро аз бегона холӣ карда бо Синдухт ба гуфтугӯ нишаст, Синдухт суханро аз ситоиши ӯ сар кард: (cid:) ҷаҳонпаҳлавоно, панди ту пирро ҷавон мекунад, бузургон аз ту хирад меомӯзанд, дари бадиҳо бо меҳри ту баста мешавад ва гурзат роҳи эзидӣ боз мекунад. Гунаҳкор агар буд, Меҳроб буд, лекин мардумони Кобул чӣ гуноҳ доранд, ки ту ба рехтани хуни онҳо ва сӯзонидани шаҳрашон камар бастаӣ? Бегуноҳонро мекушӣ, магар аз оне, ки Хуршеду Ноҳид ва зӯру ҳуш офарид, наметарсӣ? Сом гуфт: (cid:) Ба ман бигӯ ва ҳар чӣ пурсам, ҷавоби рост бидеҳ. Ту ба Меҳроб кӣ мешавӣ? Зол духтари ӯро дар куҷо ва чӣ тавр дид? Оё духтараш ба ҳусну ҷамол ва фарҳангу ҳуш лоиқи Зол аст? (cid:) Хуб, (cid:) гуфт Синдухт, (cid:) аммо ту нахуст қавл бидеҳ, ки ба ҷони ман ва ба ҷони онҳое, ки бар ман азизанд, осебе намерасонӣ. Ман кохи обод дорам, ганҷ дорам, хешони номвар дорам, ҳар гоҳ, ки аз ҷони худам ва хешонам эмин шудам, ҳар чӣ хоҳӣ, бипурс, посух медиҳам ва инчунин мекӯшам, ки калиди ганҷинаи ниҳонии Кобул ба дасти ту бирасад. Сом қавл дод. Он гоҳ Синдухт бархоста ба ӯ таъзим карду гуфт: (cid:) Эй номвар, бидон ки ман хеши Заҳҳок, зани Меҳроб ва модари Рӯдобаам. Сом дар ҳайрат монд, чашмонашро калонтар кушода ба гӯянда нигоҳ кард. ҳаргиз гумон намекард, ки худи шоҳбонуи Кобул ба назди вай меояд. Занро аз ягон хонаводаи давлат- манди Кобул ва яке аз ходимаҳои дарбори Меҳроб пиндошта буд. Синдухт суханашро идома дод: (cid:) Ман ба назди ту омадам, то нияту мақсадатро бидонам. Дар Кобул душмани ту кист? Агар мо гунаҳкор ва бадгавҳарему лоиқи шаҳриёрӣ нестем, инак дар пешат истодаам, маро бастанӣ бошӣ, бубанд, куштанӣ бошӣ, бикуш, аммо ба ҷони кобулиҳои бегуноҳ ситам раво мадор, ки назди Худованд гуноҳи азим мекунӣ ва равони худро тира мегардонӣ. Сом дид ва донист ки шоҳбонуи Кобул, ин ҷавонзани сарвқади гуландоми товусхиром, далер ва хирадманд ҳам ҳаст. ӯ мот шуд. ҳис кард, ки акнун ба ҳеҷ ваҷҳ ба Кобул лашкар ва ба кобулшоҳиён теғ кашида наметавонад. Дудилагии ӯ бартараф шуд. Ба Синдухт гуфт. (cid:) Ман ба қавли худ устуворам; аз ҷон мегузарам, валекин қавли худро намешиканам. Ту ва хешу таборат дар Кобул шодондилу тандуруст бимонед. Агар Зол духтари туро ба арӯсӣ хоста бошад, ман ба ин розиам. Шумоён агарчи зоту насабатон дигар аст, лекин дархури шаҳриёрӣ ҳастед. Модоме ки Кирдигор ба шумо подшоҳӣ додаст, бо Кирдигор ҷанг нест. Ман лобаю зории туро шунидам, акнун дар пайи кори ту мекӯшам. Синдухт гӯё кӯҳе аз дӯшаш афканда шуд ва дилаш пур аз шодию сурур гашт. Ба Сом чунин гуфт: (cid:) Эй кош ҷаҳонпаҳлавон сари самандашро сӯи кохи мо метофт ва меҳмони мо мешуд. Сари ин канизаш ба осмон мерасид. Агар ман чун ту шоҳеро ба Кобул барам, кобулиҳо ҷони худро нисори ту хоҳанд кард. ӯ лаби Сомро дар табассум дида, ба дилаш гуфт: (cid:) «Сипоси бешумору қиёс ба Яздони пок, ки акнун бехи кина аз дили ин номвар канда шуд!». Сом ҳангоми бозгашти Синдухт ба ӯ ва ҳам барои Меҳробу Рӯдоба муносиби ҳар кадомаш сарупои шоҳона ва дигар ҳадяҳои гаронбаҳо дода, ӯро ба Кобул гусел кард. Сипас вай нависандаро пеш хонда ба номи Манучеҳр нома нависонд. Сом имло мекард, нависанда менавишт. Дар нома, чунон ки расм буд, аввал ба Худо ҳамду сано хонд, сониян шоҳаншоҳро ситуд ва баъд чунин суханҳо ронд: «Шаҳриёро! Саду бист сол аст, ки ман бандавор дар хизматам. Бар сарам гарди кофурии пиронсолӣ нишастааст. ҳамчу ман паҳлавони инонпечи гурдафканро замона ба ёд надошт. ҳар гоҳ ман ба гурзи гарон даст мебурдам, заҳраи гурдони Мозандарон об мешуд. Агар ман намебудам, аждаҳои Кашафрӯд баромадаро кӣ мекушт? Дар болои он аждаҳо аз шаҳрҳо ҷой мешуданд ва паҳнояш аз кӯҳ то кӯҳ мерасид. Дили ҷаҳоне аз вай ҳаросон, парандаю чаранда дар ваҳми ҷон буданд; аз тафти дамаш пари каргас дар ҳаво месӯхт, наҳанги дижамро аз об ва уқоби парронро аз осмон ба чангаш мегирифт. Чӣ бисёр мардумон ва чорпоёнро ба комаш кашид. . Ситоиш кард, мадҳ кард. Ман будам, ки миён баста бар саманди пилпайкар нишастам ва бо гурзу камону сипар ба ҷангаш рафтам. Маро дида ба хашм омаду ғуррид, забонаш чун дарахти сиёҳе ба дашт ёзида буд, аз даҳонаш дуди сиёҳ фаввора мезад; аз ғурришаш замин меларзид. Тири хаданги алмоспайконро дар камон ниҳода ба даҳонаш паррондаму забонашро аз як сӯ ба комаш дӯхтам; бо тири дувум сӯйи дигари забонашро низ ба комаш дӯхтам. Тири сеюмро ба ҳалқумаш зада будам, ки хун аз ҷигараш ҷӯшида баромад. Аспи пилтанро барангехта гурзи говсарро бар сараш чунон кӯфтам, ки гӯё кӯҳе бар вай фуруд омаду мағзи сараш рехт ва заҳраш чун наҳр равон гардид, дар рӯди Кашаф зардоб ҷорӣ шуд. Аз издиҳоми марду занҳо, ки кӯҳсорон пур аз онҳо буду ҷанги маро бо аждаҳо назора мекарданд, хурӯше бархост, (cid:) ҳама ба ман офарин мехонданд. Чун аз ҷанг фориғ шудам, ҷавшан бар танам тикка-тикка ва баргустувони аспам пора- пора шуда фурӯ рехта буданд. Аз заҳри аждаҳо чанд гоҳе дард мекашидам. Аз диловариҳои дигарам чӣ гӯям, ки шаҳриёр худ медонад. ҳар ҷо ки аспам по ниҳод, дили наррашерон дарид ва ҳар ҷо ки теғ кашидам, сари душманон бар хок рехт. Солиёни дароз бис- тарам зини асп буд ва оромгоҳам майдони ҷанг. Дар набарду размҳо ёди хонаю ҷо ва хешу ақрабо накардам, пайваста ҷӯёи амонии кишвар, осудагии мардумон, пирӯзӣ ва шодмонии шоҳаншоҳ будам, то ба пирӣ расидам. Акнун навбатро ба писарам Золи Зар медиҳам. ҷаҳонпаҳлавониро ба вай месупорам, то кори маро давом диҳад ва бо ҳунару далерию размоварӣ шаҳриёрамро хушнуд гардонад. ӯ паҳлавоне бас ҳунарвар, дар ҷанг сафдар ва дилаш аз меҳри шоҳаншоҳ мунаввар аст. Зол орзуе дорад, ки накуст, зеро дар зимнаш накуӣ ҳаст. Чун ба хизмат бирасад ва аз дидори шоҳаншоҳ шодон шавад, орзуяшро баён хоҳад кард.ҷаҳонбонам аз паймони ман бо Зол огоҳ аст; паймон карда будам, ки ҳар орзуе ки дошта бошад, барорам. Ошуфтаю парешонҳол ба наздам омад ва мегӯяд: «Маро бикушӣ беҳтар аз он аст, ки ба Кобул лашкар бикашӣ». ӯ ба Рӯдоба (cid:) духтари Меҳроб дил бохтааст ва ҳушу ёдаш ба ӯст. ӯро ба даргоҳ фиристодам, то дарди дилашро худаш ба шоҳаншоҳам бигӯяд. Чӣ ҷойи тааҷҷуб аст, ки мурғпарварди аз мардум дурафтода дар Кобул моҳрӯеро дидаасту якбора ошиқаш шудааст. Шоҳаншоҳ ҳам ба ин ваҷҳ бар вай хашм нахоҳад гирифт. Бо дили мустаманд гуселаш кардам. Умедворам бо вай тавре, ки шоистаи бузургон аст, рафтор кунанд. Шаҳриёр албатта намехоҳад, ки бандагонаш паймоншикан бошанд ё паймондоронро биёзоранд. Маро дар ҷаҳон ҳамин як фарзанд аст, ғайр аз вай ғамгусоре надорам». Сом писарашро ба назди худ талабида номаро ба ӯ дод ва гуфт: (cid:) Бихон. Зол номаро хонда ба чашмонаш молид ва бо миннатдорӣ дасти падарашро бӯсид. (cid:) Зуд савор шав, ба роҳ даро, (cid:) фармуд Сом. Золи Зар бо номаи падар сӯйи пойтахти шоҳаншоҳ раҳсипор гардид. ЗОЛ ДАР БОРГОҳИ МАНУЧЕҳР Чун Золи Зар бар пойтахти Эрон расид, ӯро зуд ба назди Манучеҳр дароварданд. Зол пеши тахти шоҳаншоҳ замин бӯсид ва лаҳзае чанд сар боло накард. Таваҷҷуҳи Манучеҳрро тани паҳлавонвор, китфи фарох ва миёни борики ӯ ба худ ҷалб кард. Фармуд, рӯйи ӯро аз гарду хок покиза карда мушк молиданд. Сипас ӯ Золро дар наздики тахташ нишонда ҳолпурсӣ кард: (cid:) Роҳи душвори пурчангу гардро ба саломат паймудӣ? (cid:) Бо фарри ту душвориҳо осон, бо номи ту ранҷҳо роҳат мегарданд, (cid:) посух дод Зол ва номаи Сомро ба ӯ дароз кард. Манучеҳр пас аз хондани нома сарашро поин андохт ва чашм пӯшида замоне ба андеша рафту гуфт: (cid:) Ранҷи диламро афзудӣ. Сом ин номаро бо дарди дил навиштааст. Ман бояд дар номааш каму беш андеша биронам. Ту чанде назди мо бош, то ман кори туро нек бисанҷам. Дарбориёни шоҳ Золро се рӯз ба зиёфат ва сайру саёҳат машғул доштанд. Дар ин миён Манучеҳр ситорашиносонро фармуд, ки толеи Золро бубинанд. Ситорашиносон тавассути зиҷи ҳиндӣ се рӯз толеи вайро аз сипеҳр ҷӯё шуда, рӯзи ҷаҳорум ба шоҳаншоҳ гуфтанд: (cid:) Аз ситораҳо чунин падид омад, ки аз духтари Меҳроб ва писари Сом паҳлавоне зода хоҳад шуд, ки умри дароз хоҳад дид, ба зӯру тавоноӣ якто, камандаш шергир, худ некном ва машҳури ҷаҳон, паноҳи саворони Эронзамин хоҳад буд. Манучеҳр аз ин фол хушнуд шуд ва ба ситорашиносон гуфт: (cid:) Ин розро ба ҳеҷ кас нагӯед, пинҳон доред. Шоҳаншоҳ Золро озмуданӣ шуда, мубадонро ба боргоҳ талабид ва Золро дар миёни онҳо нишонд; фармуд, ки ба вай суолҳо диҳанд, то аз ҷавобҳои ӯ пояи донишу хирадаш маълум гардад. Мубадон суолҳои чистонмонанди худро аз чизҳои осонтар сар карданд. Яке гуфт: (cid:) Дувоздаҳ дарахт дидам, ҳар дарахт сӣ шох дошт. Маъ- нояшро дарёб. Дигаре гуфт: (cid:) Ду аспи даванд, яке сафед ва дигар сиёҳ, аз паси ҳам беист медаванд, лекин ба якдигар намерасанд. Зол бидуни душворӣ посух дод, ки дар чистони якум муддао дувоздаҳ моҳ ва шумораи рӯзҳои ҳар як моҳ, дар чистони дуюм аспи сафеду сиёҳ рӯз ва шаб аст, ки аз якдигар чун нахчир аз саги шикорӣ гурезонанд. Ташбеҳи нахчиру саг Манучеҳр ва мубадонро хуш омада онҳоро хандонд. Чистони мубади сеюм печидатар буд: (cid:) Сӣ савор, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) аз назди шоҳ мегузаранд. Саворон ба як шумор сӣ нафаранд, ба шумори дигар якто кам. Мубади чаҳорум чистони дигаре пеш овард: (cid:) Марғзоре ҳаст, сар то сараш ҳама сабзаю ҷӯйбор. Марде бо доси бузурге омада ҳамаи хушку тарро медаравад, ба нолаю зории касе гӯш намекунад. Панҷумӣ гуфт: (cid:) Дар миёни баҳри пурмавҷе ду сарв қад кашидаанд; мурғе бар тораки ҳар ду сарв лона дорад; ҳар гоҳ, ки аз лона мепарад, шоху барги сарви якум пажмурда ва хушк мешавад ва сарви дувум (cid:) сабз. Дарёб, ки баҳру сарв чист ва мурғ ба чӣ маънист. Зол ҷавоби ин чистонҳоро ҳам ёфт. (cid:) Сӣ савор, (cid:) гуфт, (cid:) сӣ рӯзи моҳ аст, лекин гӯянда на моҳҳои порсӣ, балки тозиро дар назар дорад. Донишварони Зобул ба Зол тақвими халқҳои гуногунро ҳам ёд дода буданд. (cid:) Дар тақвими тозиён, (cid:) суханашро давом дод Зол, (cid:) баъзе моҳҳо як рӯз кам меоянд. (cid:) ӯ ба гӯяндаи чистони марғзор рӯ оварда гуфт: (cid:) Марғзори сар то сар сабзаю ҷӯйбори шумо ҷаҳон аст ва марди даравгар аҷал. Мардумон ба сони гиёҳо- нанд, ки доси аҷал медаравад(cid:) Омадем ба сарв ва лонаи мурғ. Ду сарв ду бурҷи осмон (cid:) барра ва тарозуст, мурғ (cid:) Офтоб. Офтоб ба бурҷи барра, ки омад, баҳор сар мешавад, ва аз барра то тарозу нисфи сол ҳаво софу гарм аст ва дарахтону гиёҳон сабз. Сипас мурғ ба лонаи дувум мепарад (cid:) Офтоб ба бурҷи тарозу меояду фасли хазонро сар мекунад ва аз он пас зимистонро меоварад, ки дар ин ними дигари сол ҳаво тира ва дарахту гиёҳ пажмурдаанд. (cid:) Офарин! (cid:) нидо кард Манучеҳр ба тарафи Зол. (cid:) Аҳсан! Шод бош! (cid:) хитоб карданд мубадон. Аммо озмоиши Зол бо ин тамом нашуд. Чун рӯзи дигар ӯ назди Манучеҳр омада рухсати бозгаштан хост ва гуфт, ки падарашро пазмон шудааст, Манучеҳр рухсаташ надод. (cid:) Як-ду рӯзи дигар ист, (cid:) гуфт, (cid:) ман мехоҳам дар майдон низ ҳунари туро бубинам. (cid:) Баъд шоҳаншоҳ хандида илова кард: (cid:) Медонам, ту на дидори Сомро, балки чеҳраи Рӯдобаро пазмон шудаӣ. Пас фармуд, зангӯлаи ҳиндӣ ва дуҳулу карнайҳоро баро- варда навохтанд. Паҳлавонон бо гурзу камону найзаҳо дар майдон ҳозир шуданд. Мусобиқаи зӯрозмоӣ, ҳунарнамоӣ оғоз ёфт. Манучеҳр дар суфа нишаста тамошо мекард. Зол ҳам савора ба майдон даромад. Дар майдон дарахти куҳансоле буд, ҷанговарони камондор ба он дарахт тир меандохтанд. Тирҳои бисёре ба танаи дарахт халиданд. Зол асп тозонда омаду тире андохт, тираш танаи дарахтро шикоф карда аз он сӯ баромад. Сипас найзабозӣ сар шуд; шарти мусобиқа (cid:) сипари ҳарифро найза андохта шикоф кардан буд, Золи Зар яке найза андохта буд, ки найзааш се қабат сипари барояш дошташударо шикоф карда гузашту дар хок фурӯ рафт. . ҳамал ва мизон. Дар дашт ҷанговарон машқи набард мекарданд ва ҳар саворе бо саворе зӯрозмоӣ менамуд. Зол асп барангехт, ба яке аз зӯртарин паҳлавон ҳамла бурд, ӯ гурехт, Зол аз байни гарду чанги ғализ палангвор ҷаста аз қафои паҳлавон расиду ӯро аз камарбандаш гирифта ба замин афканд. ҳам шоҳ ва ҳам сипоҳиёнаш аз он зӯру тавоноӣ дар ҳайрат монданд, зеро он паҳлавон то он рӯз аз ҳеҷ марде мағлуб нашуда буд. Ба ин равиш Золи Зар аз имтиҳони ҷанговарӣ ҳам бо ғолибият гузашт. Манучеҳр дар ҷавоби худ ба номаи Сом аз дидори писари баҳодури вай изҳори хушнудӣ ва ӯро таъриф кард: ҳамин пури  фархунда Золи далер, К-аз ӯ хира гардад гаҳи разм шер, Диловар, ҳунарманду гурди савор, К-аз ӯ монад андар ҷаҳон ёдгор. Шоҳаншоҳ инчунин навишт, ки ӯ дар бораи издивоҷи Зол бо Рӯдоба хоҳиши падару писарро мепазирад ва ба ин розист. ӯ дар бораи сӯзондани Кобул ва куштани Меҳробу хешонаш фармони худро бекор кард. Золи Зарро бо хилъати хоса ва дигар ҳадяҳои фаровон ба Зобул гусел карданд. ШОДӣ ДАР КОБУЛ Чун хабари ризояти Манучеҳр ба Кобул расид, шодии Кобулшоҳ ва аҳли хонадони ӯ поён надошт. Меҳроб наме(cid:) донист ба Синдухт миннатдории беҳад ва ҷӯши муҳаббаташро чӣ тавр изҳор кунад. (cid:) Ёри хирадманд ва ҷасурам, (cid:) мегуфт ӯ, (cid:) маҳбубаи ба ҷон баробарам, нозанинам, ақлу тадбири ту буд, ки рӯзи тираи маро равшан кард. Ту ҷони киромиатро ба дами шамшери Сом сипар кардӣ ва кини ӯро ба меҳр гардонидӣ, Кобулро аз оташ ва кобулиҳоро аз марг наҷот додӣ. . Пур (cid:) писар. Рӯдоба дар ҳоле, ки аз чашмони фаттон бар чеҳраи гулгу- наш ашки шодӣ мешорид, модарашро оғӯш карда мебӯсиду ба мазмуни: Ман аз хоки пои ту болин кунам, Ба фармонат оромиши дин кунам, Зи ту чашми Аҳриманон дур бод, Дилу ҷони ту хонаи сур бод! ба ӯ сипосгузорӣ мекард. Дере нагузашт, ки аз паси хабари хуш худи домод ҳам бо падараш ба Кобул ташриф оварданд. Ба хайра мақдами онҳо шаҳри Кобулро ойин бастанд. Сипас тӯйи арӯсӣ сар шуд. Рӯдоба ва Зол ба муроду мақсадашон расиданд. Ишқ бар таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва кинаро ба меҳр табдил дод, душманонро бо ҳам дӯст ва хеш гардонид. Кобулистон ва аз он пас Зобулистон се ҳафта ғарқи ҷашну шодӣ ва айшу нӯш буданд. ЗОДАНИ РУСТАМ АЗ МОДАР Моҳҳои обистании Рӯдоба ба дарду ранҷ мегузашт; шикамаш ниҳоят калон ва сахт, танаш фарбеҳ ва гарон, баҳори дилафрӯзи ҳуснаш пажмурдаву заъфарон гашта буд. Аз гаронии бори бача базӯр роҳ мерафт ва агар нишаста бошад, хеста наметавонист. Модараш Синдухт бо ӯ буд ва парасториаш мекард. Чун вақту соати зодан расид, Рӯдобаро дарди сахт гирифт ва ӯ аз ҳуш рафт. Синдухт ва Золи Зар тарсиданд. Дар байни ин тарсу хавф ва андешаи илоҷ пари симурғ ба ёди Зол омад. Зуд миҷмар дар оташ андохт ва дар вай порае аз пари симурғро сӯзонд, (cid:) ҳамон дам ҳаво тира гашт ва симурғ: Чу абре, ки борон-ш марҷон бувад, Чӣ марҷон, ки ороиши ҷон бувад, гардонанд баҳри рафъи дарде. аз осмон фуруд омад. Зол вайро фаровон ситоишҳо кард ва саҷда бурд; симурғ гуфт: (cid:) ғам хӯрдану гиристан набояд. Як ҷарроҳи пуртаҷрибаи чобукдаст биёред, бонуро шароб нӯшонда маст кунед, то ки биму андеша аз дилаш бадар шавад, ҷарроҳ шерро аз сандуқ берун хоҳад овард. ҷарроҳ оварданд, вай бо ханҷари тез паҳлуи Рӯдобаи мастро чок карда, бачаашро берун овард, модар ба ҳолати мастӣ дардро чандон ҳис накард. Сипас ҷарроҳ чоки паҳлуи Рӯдобаро дӯхт; симурғ гиёҳеро оварда фармуд, ки онро бо ширу мушк омехта ва дар соя хушконида ба захми модар пошанду пари симурғро ба он захм моланд. ҳамин тавр карданд. Рӯдоба аз таъсири шароб як шабонарӯз хуфта буд, вақте ки бедор шуд, захми паҳлуяш сиҳат ёфта буд. Синдухт, Зол, доя ва канизҳо кӯдакро дида дар ҳайрат монданд. Писарак бачаи яксолаи солиму бақувватро мемонд. Модараш ба вай нигоҳ карда хушнудона хандиду сабук оҳе кашида гуфт: «Рустам», яъне аз дарду ранҷ раҳо ёфтам. Ин нахустин калимае, ки модари ҷавон бо дидани фарзандаш бар забон ронд, номи бача шуд Рустам. ӯро даҳ доя мемаконданд. Чун аз шир баромад, хӯроки панҷ бачаро мехӯрд. Дар ҳаштсолагӣ вай навҷавони неруманди паҳлавон- пайкареро мемонд, ба қаду баст, андом ва рафтор нусхаи бобояш Соми Дастон буду бас. КУШТАНИ ПИЛИ САПЕД Ба зудӣ нахустин корнамоии шербача ба амал пайваст. Рӯзе вай бо рафиқони худ аввалин бор шароб нӯшид. Шароб аввал ба сарҳои ҷавон зада шӯре хезонд ва сипас хобро овард. Рустам дар хуҷраи худаш хуфта буд, ногоҳ шӯру ғавғои дар берун бархоста ӯро бедор кард. Пили сапеди ҷангии Зол, ки аз даҳшати душманон занҷи- рашро канда буд, ҳар кӣ ва ҳар чизи пешомадаро хартум зада меафканд, бо ду ханҷари дандонаш мешикофт, бо чаҳор сутуни пояш пахш мекард. Аз ғурришу наъраи ваҳмангези вай хун дар рагҳо як мебаст. Рустам аз ҷой ҷаҳиду гурзи гаронро бардошта берун давид. Хизматгорони даргоҳи Зол аз тарси ин ки мабодо ӯ дучори ҳамлаи пил шавад, дар саҳни сарой сари роҳашро гирифтанд. Рустам барошуфта муште ба сари хизматгор зада буд, ки ӯ бо сари торс кафидаву гардани шикаста ба замин фурӯ ғалтид, хизматгорони дигар тарсида гурехтанд. ҷаҳонпаҳлавон дарво- заи оҳанкӯби саройро бо гурзаш зада банду занҷири онро пора- пора карда берун рафт. Нигоҳ кард, кӯҳи хурӯшоне дид, ки замин дар зери пойи ӯ меларзид. Рустам наъраи шеронае кашида далерона ба наздики пил рафт, пили дамон хартуми балоангезашро баланд ва ду ханҷари дандонашро рост карда ҳамлавар шуд. Инак, ҳамин замон Рустамро бо хартумаш печонда мебардораду ба замин мезанад. Раъша бар андоми хизматгорон афтод ва ғиреве аз онҳо бархост ки: «Гурез! Гурез!», лекин Рустам аз ҷояш наҷунбид, пил ба вай расида буд, ки гурзи гаронро ба сараш зад. Пил мисли ин ки хорасанги ҳазорманӣ бар сараш фуруд омада бошад, ларзида хам хӯрду ғалтид. Вақте ки ин набарди Рустами ба сол хурду ба неру бузург бо пили ҷангӣ дар шаҳрҳо ва кишварҳо овоза шуд, ҳатто паҳлавонони корозмуда ҳам ангушти ҳайрат ба дандон газиданд. Бовар намекарданд, ки аз дасти бачаи нуҳсола чунин коре ояд, агарчи набераи Соми ҷаҳонпаҳлавон ва фарзанди Золи гурд ҳам бошад. Аммо ба зудӣ ҳама диданд ва бовар карданд, ки дар Эрон ҳақиқатан паҳлавони пилпайкари кӯҳқудрате падид омадааст, ки то кунун назирашро чашми олам ва гӯши оламиён нашунида буд. САФАРИ КӯҳИ СИПАНД Боре Золи Зар ба писараш чунин ҳикояте кард: (cid:) Аз бобоят Сом шунидаам, ки дар кӯҳи Сипанд ҳисоре ҳаст, сараш дар абрҳо (cid:) баландиаш чаҳор фарсанг ва бараш ҳамин қадар; девораш ҳама аз санги хоро. Дар ин ҳисор мардумон ва ҷонварони бисёре мезистанд, дарахтони мевадор ва киштзорҳо фаровон будаанд. Падари Сом (cid:) бобои ман Наримони далер бо фармони шоҳ Фаридун ба фатҳи он ҳисор рафта, бо ҳисориён меҷангад. Нохост онон аз боло ба тарафи бобоям санге меандозанду ӯро мекушанд. Лашкари ӯ бесардор монда бармегардад. Сом пас аз як ҳафтаи гиряву азодорӣ лашкар гирд оварда ба хунхоҳии падараш меравад, чандин моҳ ҷангида ҳисорро кушоданӣ мешавад, лекин даромадгоҳи онро ёфта наметавонад; дар ҳамаи ин муддат аз ҳисор касе намебарояд, ки ҷойи даромаду баромади он маълум шавад. Дар ҳисор ҳамаи лавозимоти зиндагонӣ мавҷуд буда ва бошан- дагонаш ба пари коҳе муҳтоҷ набудаанду аз берун чизеро вориди ҳисор намекардаанд. Оқибат Сом интиқоми хуни падарашро нагирифта аз он ҷо ноумед бармегардад. Зол дар поёни ҳикояташ ба Рустам гуфт: (cid:) Акнун, писар, набарди ту бо пили сапед гувоҳӣ дод, ки замони паҳлавонию размовариат расидааст. Ба Сипандкӯҳ бирав, ҳунар бинамой ва даромадгоҳи ҳисорро пайдо бикун. Ба хунхоҳии бобокалонат беху буни он бадкирдоронро баркан. Рустам замоне ба андеша рафту пурсид: (cid:) Падар, оё сипандкӯҳиён ғайр аз куштани бобоям гуноҳи дигаре ҳам доранд? (cid:) Чӣ, магар ин гуноҳ кам аст? (cid:) тааҷҷуб кард Зол. (cid:) ҷангро-ку онҳо сар накарда буданд, аввал бобоям лашкар кашида буд? (cid:) Бо ин ту чӣ гуфтан мехоҳӣ? (cid:) Маълум мешавад, ки гуноҳ ба сипандкӯҳиён набудааст? Оё ту розӣ мешавӣ, ки ман хуни бегуноҳонро бирезам? (cid:) На, (cid:) посух дод Зол, (cid:) розӣ намешавам, аммо ҳисориёни Сипанд, ғайр аз ин ки хуни бобокалонат ба гардани онҳост, аз шоҳаншоҳи мо фармон намебаранд, хироҷ намегузоранд, ҳоло он ки Сипандкӯҳ дар дохили шаҳриёрии Эрон аст. Кадом шоҳ мегузорад, ки дар порае аз мулки ӯ худсарон ва нофармон- бардорон ҳукм биронанд? Фармон ба Наримон аз Фаридун буд, ин бор аз Манучеҳр аст. Рустам донист, ки вай бояд ин саркашонро ҷазо бидиҳад. Ба тараддуди лашкаркашӣ афтод. Аз куҳансолони ҷаҳондида ҷӯёи аҳвол ва авзои ҳисориёни Сипандкӯҳ шуд ва огоҳӣ ёфт, ки ҳисориён фақат ба намак эҳтиёҷ доштаанду онро аз берун мехаридаанд. Пас қарор дод ба он ҷо ҳамчун корвонсолор бо корвони намак биравад, ба тавре ки дидбонҳои ҳисор ӯро нашиносанд. Аз лашкари гарон даст кашида, бо худ чанде аз хешон ва дӯстони далеру ҳушёрашро ҳамроҳ гирифт. ҳамаашон аслиҳаи худро дар даруни бори уштурҳо пинҳон карданд. ҳамин тавр ба сафар баромаданд. Ба ҳилаи худашон хандида-хандида ба Сипандкӯҳ расиданд. Дидбони ҳисор инҳоро аз болои кӯҳ дида, назди сардори худ давид ва хабар дод, ки бозаргонҳо омаданд. Сардор якеро назди «бозаргонҳо» давонд, то бидонад, ки бори онҳо чист. ӯ назди «корвонсолор» Рустам омада чӣ будани бори уштурҳоро пурсид, гуфтанд намак. Фиристода ин хабарро зуд ба сардораш расонд, сардор хурсанд шуд ва фармуд дарвозаи пинҳониро кушода корвонро ба ҳисор дароранд. Корвон аз паст ба боло баромада, вориди ҳисор шуд. Мардумони бисёре ба вай гирд омаданд. Рустам назди сардори ҳисор замин бӯсид, сардор бо вай аз барои намак оварданаш сипос гуфт. Марду занҳо ба ивази намак яке ҷома, дигаре палос, савумӣ табақ ё косаи сафолин, чаҳорумӣ симу зар оварда, харидҳошонро бардошта бурдан гирифтанд. Чун шаб шуд ва торикӣ фаромад, Рустам ва паҳлавононаш гурзу камону шамшерҳоро аз даруни намак бароварда омодаи ҳарбу зарб шуданд. Аммо ҳаракати бадқасдонаи онҳо аз ҳисориён пинҳон намонд, онҳо аз хатар пай бурда ба по хестанд. Кутволи ҳисор ба сари Рустам теғ кашид, аммо аз зарби гурзи бешафқати вай устухонаш лахт-лахт шуда бар замин нақш баст. Дар шаби тор теғи хунрези ёрони Рустам дар гардану сарҳои саркашон медурахшид. Рустам гоҳ гурз мезад, гоҳ шамшер мекашид, гоҳе каманд меандохт ва ҳар бор ҳисории ҷанговаре оғуштаи хоку хун мегардид. Чун пардаи сиёҳи шаб афтиду рухи тобони хуршед намудор гашт, аз ҳисориён ягон нафар ҷанговари тандуруст намонда буд, ҳамаашон кушта ё захмдор шуда буданд. Ба ҳамин равиш Рустами ҷавонпаҳлавон бо фармони падараш (cid:) шоҳи Зобул ба макру ҳила ҷӯйҳои хуни бегуноҳонро равон сохт. ӯ ба Зобул зафарнома навишт; дар ҷавобаш аз Золи Зар ба вай фармон омад, ки дар ҳисор ҳар чизи шоистае, ки пайдо кунад, ҳамаро ба уштурҳо бор карда ба хазинаи зобулшоҳ фиристонад ва ҳисорро оташ занад. Рустам ин фармонро ҳам ба ҷо овард: Зи ҳар чиз, к-он буд шоистатар, Зи муҳру зи теғу кулоҳу камар, ҳам аз луълуву гавҳари шоҳвор, ҳам аз дебаҳи чин саросар нигор, Гузиду фиристод зӣ паҳлавон. ҳамешуд ба раҳ-андарун корвон. Ба кӯҳи Сипанд-андар оташ фиганд, Ки дудаш баромад ба чархи баланд. ҷАНГ ВАФОТИ МАНУЧЕҳР. НӯЗАР Манучеҳр аз олам гузашт. Ба ҷойи ӯ писараш Нӯзар ни- шаст. Вафоти ҳукмдори тавоно Манучеҳр ҳар гуна саркаш ва душманони ӯро далер кард. ҳокимон ва сарлашкарон дар талоши ҷоҳу нуфуз афтоданд. Дар мамлакат бенизомӣ, ҳарҷу марҷ сар шуд. Ноуҳдабароӣ, бетадбирии шоҳи ҷавон вазъиятро боз ҳам тезу тунд кард. Нӯзар тундхӯ ва бедодгар омад; ба аҳолӣ хироҷҳои гарон меандохт, ҳатто молу мулки чандин соҳибмансабони бонуфузи падарашро мусодира кард. Мардумон аз ӯ дилозурда шуданд. Аъёну ашроф Соми Наримонро ба шоҳӣ даъват карда, ба забти тахту тоҷи Нӯзар барангехтанӣ шуданд, аммо ӯ қабул накард. Сустии бунёди ҳокимият дар Эрон шоҳи Тӯронро ба васва(cid:) саи лашкаркашӣ ва истилогарӣ андохт. Шоҳони Эрону Тӯрон аз қадим рақиб ва душмани якдигар буданд. МАШВАРАТИ ТӯРОНШОҳ Тӯроншоҳ Пашанг барои ҷанги истилогарӣ ва ғорат дар Эрон фурсатро мусоид дониста, аркони давлаташро ба маш(cid:) варат хонд. Бузургони мамлакаташ, писаронаш Афросиёб ва Ағрерас, сарлашкаронаш Виса, Бормон, Гарсеваз, Шамосос, Хазарвон, Гулбод дар боргоҳ ҷамъ омаданд. ҳамаи онҳо, ғайр аз шоҳзодаи бохирад ва дурандеш Ағрерас, фикри шоҳи ҷанг(cid:) ҷӯйи худро тарафдорӣ карданд. Хусусан валиаҳдаш Афросиёби паҳлавон нияти падарашро гарму ҷӯшон ҳимоя кард. Ағрерас падарашро аз оқибати шуми чунин ҷанг огоҳ кард, аз ҳунари лашкаркашони Эрон (cid:) Соми Наримон, қорани Кова, Кашвод, Золи Зар, Гев сухан ронд, сиёсати бобояш Зодшамро, ки хоҳони сулҳу дӯстӣ бо Эрони ҳамсоя буд, ба ёди шоҳ овард, аммо судманд наяфтод. АФРОСИЁБ (cid:) САРЛАШКАР Пашанг Афросиёбро сипаҳсолорӣ дода, ба Ағрерас гуфт, ки валиаҳд дар ҷанг наррашер аст, сафшикан аст, ҳатман зафар меёбад ва ӯ, Ағрерас, бояд ҳамроҳи бародараш биравад ва дар зери фармони ӯ биҷангад. Баҳонаи расмии ҷанг интиқоми хуни тӯронхудой Тур ва инчунин ховархудой Салм буд, ки ҳар ду дар ҷанги Манучеҳр кушта шуда буданд. Чаҳорсад ҳазор лашкари Тӯрон ва саду чанд ҳазор лашкари Эрон гарди дашту биёбонҳоро ба осмон бароварда аз ду ҷониб ба сӯйи ҷайҳун ҳаракат карданд. Сарлашкари Эрон боҳунартарини лашкарашон қоран, писари Коваи оҳангар буд. Дар соҳили ҷайҳун ба Афросиёб хабари вафоти Соми Наримон расид. Золи Зар дар Зобулистони дур азодор ва машғули дахмасозӣ бар қабри падараш буд. Афросиёб ин хабарро ба фоли нек гирифта, ба тӯроншоҳ навишт, ки ман пеш аз ҳама аз ин падару писар бим доштам, акнун ки онҳо нестанд, лашкари Эрон ба осонӣ сайди ман хоҳад шуд. Вай Шамосос ва Хазарвонро бо сӣ ҳазор савор ба ҷанги Зол ва фатҳи Зобулистон равона кард. ОғОЗИ ҷАНГ Сипас лашкари ду ҷониб дар мавзеи Деҳистон ба ҳам наздик шуданд. ҷанг бо набарди паҳлавони тӯронӣ Бормон бо қубод (cid:) бародари қоран оғоз ёфт. қубод дар ин ҷанги тан ба тан кушта шуд. қоран бо алами ҳалоки бародараш лашкарро тезу тунд ба ҳуҷум бурд. Худаш ба ҳар сӯ асп давонда шамшер мезад, найза меандохт, гурз мекӯфт. Наздик буд, ки эрониён ғалаба кунанд, ин ҳолро дида худи Афросиёб дар сари сипоҳи хосаи яккачинаш ба ҷанг даромад, ҳарбу зарб то шаб давом кард, ба ҳеҷ тараф зафар даст надод. Аз ҳар ду тараф сарбози бисёре кушта шуд, эрониён панҷоҳ ҳазор ҷанговари худро талаф доданд, вале бо вуҷуди ин сахт истодагӣ карданд. Пагоҳи дигар тарафайн боз ҳам дарафтиданд. Шоҳ Нӯзар шахсан бо Афросиёб набарди тан ба тан кард. Дар набард дасти сарлашкари тӯронӣ боло шуд, сипоҳи эрониён боз ҳам талафоти бисёр дода ақиб нишаст. ШИКАСТИ ЛАШКАРИ ЭРОН Рӯзи сеюм қоран сипоҳи хастаҳол ва парешонашро мураттаб сохта, худаш бо Нӯзар дар қалб истод, ба сардории маймана паҳлавон Шопури Настӯҳро ва ба майсара паҳлавон Талимонро гузошт. ҷанги қаттоле ба амал пайваст. Майсараи тӯрониён майманаи эрониёнро пахшу пароканда кард. Шопури Настӯҳ кушта шуд. Лашкари Эрон шикаст хӯрд. Шоҳ Нӯзар бо қоран ба ҳисори Деҳистон паноҳ бурданд. Афросиёб Деҳис- тонро муҳосира карда чандин рӯз бо ҳисориён ҷангид, лекин ҳисорро гирифта натавонист. ӯ як қисми лашкарашро бо сардории Курухон шабона ба ақибгоҳи дури эрониён (cid:) ба сӯйи Порс равона кард. қоран аз ин ҳол огоҳӣ ёфта, парешонхотир гашт, зеро бору бунаи сипоҳи Эрон ва инчунин оилаҳои ҷанговарони эронӣ ва аҳли хонадони шоҳ Нӯзар ҳама дар Порс буданд. Агар онҳо ба дасти тӯрониён асир афтанд, лашкари Эрон якбора маъюс ва давом додани ҷанги зидди истилогарон номумкин мегардид. қоран хост фавран аз пайи Курухон афтад ва нагузорад, ки ба Порс бирасад, лекин шоҳ Нӯзар иҷозаташ надод ва гуфт ки ӯ, шоҳ, пештар ба Порс барои муҳофизати оилаҳо Тус ва Густаҳамро фиристодааст. АМАЛИЁТИ қОРАНИ ДИЛОВАР Аммо қоран бекор иcтода наметавонист, вай марди ҳаракату амал буд. Ба болои ин, сарони лашкар ба ҳуҷраи қоран омада аз ӯ таъқиб кардани тӯрониҳои Курухонро талаб карданд ва гуфтанд, ки шоҳ Нӯзар бепарво машғули айшу нӯш аст ва ҳол он ки оилаҳо ва номуси онҳо дар хатаранд. қоран ба қарори қатъӣ омад, ки ба фармони шоҳ итоат накунад ва мустақилона, ба тавре ки таҷрибаи лашкаркашиаш мефармуд, амал намояд. Вай лавозимоти зиндагонии шоҳро дар ҳисори Деҳистон муҳайё ва ба муҳофизати ӯ лашкар гузошта амнияти ҳаёташро таъмин карду худ шабонгоҳ баромада роҳи Порсро пеш гирифт. Лашкари вай он шаб ва рӯзи дигар бо суръат ва беист роҳ паймуда, шомгоҳ ба қалъаи Сапед расид. Шаб дар қалъа хобида аспҳоро дам доданду бомдод боз ба роҳ афтоданд ва як манзил ҳам нарафта нохост ба сипоҳи тӯрониён дучор шуданд; тӯрониён аз ҳаракати қоран ба тарафи Порс огоҳ шуда, аз Деҳистон баромада, ба паяш афтода, шаб аз наздики қалъаи Сапед гузашта, дар сари роҳаш камин гирифта буданд. Онҳо бо пилони ҷангӣ омада буданд ва солорашон Бормон буд. ШИКАСТ ХӯРДАНИ БОРМОН қоран ба ин паҳлавони тӯронӣ қасди хунӣ дошт (cid:) хуни бародараш қубод дар гардани Бормон буд. Лашкаркаши ғаюр аз тасодуф на фақат бедасту по нашуд, балки ҳатто хурсанд шуд, ки инак метавонад ҳисобашро бо кушандаи бародараш баробар кунад. Дар ҳарбу зарб, ки фавран ба амал пайваст, қоран ба Бормон набарди тан ба тан кард. Ду савор ба ҳам дарафтида соате набарди боҷӯшу хурӯше карданд, ниҳоят қоран ба камари Бормон яке найза халонда ӯро аз асп ғалтонд. Мағлуб шудани солор дили лашкарашро шикаст, ҷанговарони қоран он лашкари рӯҳафтодаро торумор карданд. Сипоҳи музаффар бо шитоб бо роҳи Порс пеш рафт. Аз он пас чунон шуд ки тӯрониҳо интиқоми Бормонро аз шоҳ Нӯзар гирифтанд, Нӯзар чун аз рафтани қоран огоҳӣ ёфт, ба тарси ҳолу ҷони худ афтод ва чора бар он дид, ки фавран аз паси қоран биравад. Вай ба асп савор шуда дар сари сипоҳи хосаи худ бо шитобу ҷадал равон гардид. Ин саросемагии шоҳ хатое буд, ки ба сараш бало овард. Афросиёб зуд аз паяш афтода дар биёбон ба вай расид. Дар поёни як задухӯрди кӯтоҳ Нӯзар гирифтор шуд. Бо ҳамроҳии ӯ ҳазору дусад ҷанговараш асир афтоданд. Тӯрониён ин ғалабаи калони худро тантана мекарданд. Охир, онҳо худи шоҳаншоҳро асир гирифтанд! Боварӣ доштанд, ки акнун ҷанг тамом ва Эрон мусаххари онҳо мешавад. ҳама шодӣ мекарданд, фақат як нафар солори номӣ ғамгин буд, (cid:) ин солор Виса буд, ки ба мағлубу маҷрӯҳ шудани писараш Бормон азо мегирифт. ЗАФАРИ қОРАН БАР ВИСА Виса бо як фавҷи сипоҳи ҷаррори размҷӯй ба роҳ афтод. Дар роҳ писари маҷрӯҳашро дар хоку хун ёфт, фиғон ба осмон баровард ва бо ташнагии интиқом аз паи қоран шитофт: Зи дарди писар Висаи ҷангҷӯй Суйи Порс чун бод бинҳод рӯй. қоран дар Порс хабари омадани Висаро шунида, сипоҳе аз саворони тозӣ ба мудофиаи Систон фиристод ва худаш ба муқобили Виса равон шуд. Чун ба дашт баромад, аз дасти чапаш аз дур гарде дид, аз даруни гард дирафши сиёҳе намудор гашт. Гард аз суми аспони тӯронсипоҳ бархоста буд ва дар сари он сипоҳ Виса меомад. Сафҳои ҳар ду лашкар ба ҷанг ороста шуданд. Виса аз қабили сипоҳи худ овоз дод, ки: (cid:) Эй қоран, шоҳи ту ба мо асир афтод, тоҷу тахти Эрон вожгун шуд. Аз қаннуҷ то Кобулу Зобул ҳама дар чанги мост. Акнун ту куҷо меравӣ, дар куҷо ором меёбӣ? Таслим шав! (cid:) Маро қорани Кова мегӯянд, (cid:) посух дод оҳангарзодаи диловар, (cid:) ман аз ҳеҷ пешомаде намеҳаросам. На аз тарс рафтам аз Деҳистон, балки ба ҷанги писари ту рафтам. Аз кини ӯ диламро холӣ кардам, акнун бо ту меҷангам, туро ҳам мардона дастбурди худ мекунам. Карнайҳо бонги ҷангро навохтанд, тарафайн ба ҳам даровехтанд, гарде ки аз дашт бархост, ҳаворо тира сохт. Хок аз хун лаълфом гашт. қоран хурӯше бароварда ба Виса ҳамла бурда буд, ки вай тоб наёвард, гурехт. Садҳо ҷанговарони мақтулу маҷрӯҳи ӯ дар дашт монда туъмаи палангон ва каргасон гардиданд. Дар ин миён лашкаркашони тӯронӣ Шамосос ва Хазарвон сипоҳи сиҳазораи саворонро ба тарафи Зобулистон кашида то рӯди ҳирманд расиданд. ТАДБИРИ МЕҳРОБ Дар Зобул Меҳроб истода буд, Золи Зар дар Гӯроба ба азои падар нишаста буду ба турбати ӯ дахма месохт. Меҳроб, ки бо сипоҳи камшуморе монда буду неруи муқобилат кардан надошт, назди Шамососу Хазарвон вакил фиристода арзи итоат кард ва изҳор дошт, ки ман нажоди Заҳҳокам, аз тарси ҷон ба Золи Зар пайваст ва духтар дода будамаш, ҳоло, ки Зол ба азои падар дар Гӯроба нишастааст, тамоми Зобулистон дар ихтиёри ман аст, акнун фурсатам диҳед то вакили худамро бо нисору туҳфаҳои шоиста назди Афросиёб фиристам ва мунта- зири фармони ӯ бошам; агар ӯ гӯяд, ки ба наздам биё, меравам ва подшоҳиро ба вай месупораму худам аз бандагони ӯ меша- вам. Ба ҳамин тарз Меҳроб аз ин сӯ дили Шамососро баста, аз сӯйи дигар пайки худро назди Золи Зар фиристод, ки пару бол барору паррон биё, ки душман инак ба ҳирманд расидааст. Зол падарарӯси худро дер интизор накарда, бо сипоҳе, ки зери фармонаш буд, ба Зобул шитофт. Меҳробро пой барҷо дида хушнуд шуд ва ба ҳилаю тадбири вай офарин хонд. Бе чунин ҳилаи ӯ Зобулистон кайҳо лагадкӯби аспони Шамосос мегардид. СЕ ТИРИ ЗОЛ (cid:) Акнун, (cid:) гуфт Зол ба Меҳроб, (cid:) ман мераваму ба Шамосос яке даст меёзам. Вақте донистанд, ки ман омадаам, ҳоли онҳоро хоҳӣ дид. Паҳлавон дар шаби тор номаълумак ба наздики дарёи ҳирманд рафта, аз камон се ҷуба тир ба се ҷойи қароргоҳи тӯрониён парронд. Пагоҳӣ сарбозони тӯронӣ он се тирро ба назди солорҳои худ оварданд. Шамосос ва Хазарвон нигоҳ карда дар ҳар се тир нишони Золи Зарро диданд. Шамосос ба хавотир афтода гуфт: (cid:) Золи Зар дар Зобул аст! Мо ғафлат кардаем. Хазарвон хавфи аз тирҳо ба дилаш воридшударо фурӯ нишонда далерӣ карду гуфт: (cid:) Зол як тан аст, вай оҳантан не, дев ҳам не. Ту хавф мабар, ман худ кори ӯро месозам. Офтоб ба қиём омада буд, ки хурӯши таблу дуҳулҳо оғози ҷангро эълон кард. ҷангисаворони тарафайн бо шамшеру найзаю гурзҳои гаронсар ба болои якдигар тохтанд. Дар як дам дашт дар абри гард ва хун ғарқ шуд. Хазарвон ногоҳ аз байни гард пайдо шуда бо амуду сипар ба Зол ҳамла овард. Яке амуд зад, аз зарбаш ҷавшан бар тани Зол пора шуд. Тӯрониён сипоҳи Золро ба танг оварданд, аммо сипоҳи кобулии Меҳроб ба мадад расида ҳуҷуми онҳоро гардонд. Зол ба танаш кабр пӯшида аз нав ба ҷанг даромад: Ба даст-андарун дошт гурзи падар, Сараш гашта пурхашму пурхун ҷигар. Хазарвон боз дар миёни гарду чанг намудор гашт. Зол хурӯшону дамон бар вай тохта гурзи говсарро бар сараш фуруд овард, паҳлавони тӯронӣ оғуштаи хун шуда аз зин фурӯ ғалтид. Сипас Зол паҳлавон Гулбодро ҳам як тири хаданг андохта миёнашро ба кӯҳаи зин дӯхт. ТОРУМОР Шамосос ҳалокати он ду ҳамсафи худро дида дилашро бой дод ва гурехт. Боқимондаи сипоҳи тӯрониён, чун рама дар борону жола, пароканда гашт. . Пӯшоки ҷангии бо пахтаю абрешим пур ва лагандашуда. Лашкаркаши бахтбаргашта Шамосос ҳангоми фирор дар биёбон ба қоран дучор шуд, ки аз ҷанги Виса баргашта буд. қоран сипоҳи ӯро торумор кард, худи Шамосос танҳо бо якчанд нафар сарбозонаш рӯ ба гурез оварда, дар ниҳояти абгорию табоҳии ҳол ба ӯрдугоҳи Афросиёб расид. Ба ҳамин тарз дар натиҷаи ҳунару тадбиру диловарии қоран ва Золи Зар юриши истилогарон сӯйи Порс ва Зобулистон ба нокомӣ ва ҳалокати лашкари онҳо анҷомид. КУШТА ШУДАНИ ШОҳ НӯЗАР Нобуд шудани сипоҳи сиҳазории Шамосос, кушта шудани паҳлавонони номӣ Хазарвон ва Гулбод сипаҳсолори Тӯронро ниҳоят дилтанг кард. Бе ин ҳам вай аз шикасти сипоҳи Бормону Виса аламзада буд. ӯ кину ғазаби худро бар сари асирони эронӣ рехт. Фармон дод, ки шоҳ Нӯзарро бо ҳамроҳии асирони дигар аз зиндон ба дашт бароваранд. Афросиёб сари шоҳаншоҳро бо шамшер бурид ва танашро ба хок афканд. Асирони дигарро ҳам, ки беш аз ҳазор нафар гурдони номдор буданд, ба дами теғ супурданӣ шуда буд, ки бародари ӯ (cid:) шоҳзода Ағрерас хурӯшида ба ҳимояти онҳо бархост: (cid:) Асирони бесилоҳро куштан раво нест! (cid:) гуфт ӯ ба Афросиёб. (cid:) Асиркушӣ номардӣ ва пастист. Ту онҳоро ба ман супор, ман ҳамаашонро дар зиндон нигоҳ медорам, то он ки ба аҷали худашон бимиранд. Афросиёб бо бародари худ низоъ кардан нахост, ночор асиронро ба вай супурд. Сипас вай лашкарашро аз Деҳистон ба тарафи Рай, ба вилоятҳои марказии Эрон кашид. Эрон забт карда шуд ва Афросиёби фотеҳ бар тахти подшоҳии он нишаст. Истиқлоли Эрон маҳв, салтанати бегонагон барқарор гашт. Бедодгарӣ, гирудор, қатлу ғорат шуғли ҳаррӯзаи истилогарон буд. Халқ ва мамлакат дучори бадбахтии азиме гардиданд. САВГАНДИ ЗОЛ Аммо ватандӯстони Эронзамин ба салтанати бегонагон сар нафароварданд. Онҳо ба Зобул назди Золи Дастон рафта, ӯро ба сардории мубориза барои озодӣ ва истиқлоли ватан даъват карданд, гуфтанд, ки ҳозиранд ҳамагон дар зери байроқи ӯ ба ҷанги озодихоҳии ватанӣ бархезанд: ҳама теғи заҳробгун баркашем Ба кин ҷустану душманонро кушем. Бипӯшем ҷавшан ҳама кинаро, Бисозем нав кини деринаро. Золи Зар баъд аз Сом сари паҳлавонони Эронзамин буд, марди пурдониш ва хирадманде буд. Сахт маъюс буд аз ин ки шоҳ шаҳид шуд ва Эрони мағлуб бе сару бе пешво монд. Аммо гуфтори ватандӯстонро шунида, гӯё аз нав ҷон гирифт. Савганд хӯрд, ки: (cid:) То истилогаронро наронам ва Эронро озод накунам, шамшер ба ниём намениҳам ва зин тахти ман, рикоб пойгоҳи ман аст. ӯ ба атрофу акноф одамони худро фиристода, халқро ба қиём даъват ва ба таҳияи сипоҳу силоҳ шурӯъ кард. ОЗОД ШУДАНИ АСИРОН Нахуст барои халосии ҳамватанони асирафтода кӯшише кардан лозим буд. Зол қосиде ба шаҳри Сорӣ, назди Ағрерас, ки асирон дар он ҷо ба зери дасти ӯ буданд, фиристод. қосид ба қароргоҳи шоҳзодаи тӯронӣ расида мувофиқи фармони Зол ба ӯ чунин гуфт: (cid:) «Ту медонӣ, ки Золи Дастон бо кобулшоҳ Меҳроб дар Зобулистон побарҷо истодаанд ва паҳлавонони размоваре чун қоран, Харрод, Кашвод ва дигарон ҳамроҳи ӯянд, агар вай инон ба сӯйи шумо тобаду ба ҷанг ояд, Афросиёб тез шуда ҳамаи асирони эронии бегуноҳро мекушад. Аммо агар ту асиронро озод кунӣ, Зол аз ҷангу ҷидол даст мекашад ва сипоҳашро пароканда мекунад». Ағрерас ба қосид чунин посух дод: (cid:) Агар асиронро раҳо кунам, Афросиёб маро ба хиёнат гунаҳкор хоҳад кард. Ман чораи дигаре месозам; бигузор Золи Дастон ба ин ҷониб лашкар кашида ба ҷанги ман ояд; вай ба наздики Сорӣ ки расид, ман асиронро монда ба тарафи Омул ва Рай ақиб меравам, баъд асирон зиндаю саломат ба Зол мепайванданд. қосид ба Зобул бозгашта паёми Ағрерасро ба Зол расонд, Зол тадбири шоҳзодаи тӯрониро писандид ва ба ҳиммату мардонагии вай офарин хонд. Ба паҳлавон Кашвод фармон дод, ки фавран бо сипоҳ ба тарафи Сорӣ ҳаракат кунад. Чун Кашвод ба наздики Сорӣ расид, нақшаи Ағрерас амалӣ гардид; шоҳзодаи тӯронӣ, гӯё ба ҳуҷуми Кашвод тоб наоварду асиронро гузошта лашкарашро ба тарафи Рай ақиб бурд. ҳамаи ҷанговарони асири эронӣ раҳо ёфта ба Кашвод пайвастанд ва бо ӯ равонаи Зобул гардиданд. Аммо некукории Ағрерас барои ӯ беоқибат намонд; вақте ки вай ба Рай омад, Афросиёб аз халосии асирон огоҳ шуда бародарашро итоб кард: (cid:) Ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ? Бо гуфтори шакарин маро аз куштани душманонам боздоштӣ ва оқибат ба шакар заҳр омехтӣ! Магар ба ту нагуфта будам, ки онҳоро бикуш? Дили ҷанговар ҷойи хашм аст, на ҷойи шафқат ё хирад. Ту ҳанӯз нафаҳмидаӣ, ки хирад бо кин ҳаргиз намеомезад! (cid:) Ба ҷанговар андаке шарму ҳаё низ даркор аст, (cid:) посух дод Ағрерас ба Афросиёб, (cid:) на ҳама вақт ки дасти ту боло шуд, бояд бадӣ кунӣ. Аз Яздон битарс. Тоҷи нигин ҳамчун ту ҷаҳон- ҷӯёнро бисёр мебинад ва ба комронии ҳамаашон зомин шудан намегирад. Бо шунидани ин сухан Афросиёб барошуфт, оташи ғазабаш шуълавар гардид. Он ҷо марди хирад бо деви хашм рӯбарӯ истода буд, аммо хирад кай бо хашм меомезад. Афросиёб яке шамшер кашиду ба миёни бародараш зада ӯро ду ним кард. Золи Зар хабари бародаркушии сарлашкари Тӯронро шунида гуфт: (cid:) Ин нишонест аз заволи кори Афросиёб. Шаҳриёрии ӯ вожгун хоҳад шуд. Вай аз Зобулистон ба вилояти Порс ҳаракат кард. Афросиёб аз ҳаракати вай огоҳ шуда ҳамчунин ба он сӯ рӯй овард. Талояҳои ду лашкар ба ҳам расида ҷангро пайвастанд. Муҳориба ду ҳафта давом кард, зафар на ба зобулиҳо даст дод ва на ба тӯрониҳо. Савору пиёдаҳои ду тараф ниҳоят монда шуда, ночор ақиб гаштанд. Дар вақте ки талояҳо машғули ҷанг буданд, Золи Зар ва ёронаш ба тахти холимондаи Эрон аз авлоди Фаридун шоҳ меҷустанд. Саранҷом интихобашон ба Зави Таҳмосп қарор гирифт, ки насабаш дар пушти чаҳорум ба Фаридун мерасид. Зав пири ҳаштоду сесолае буд ва дар гӯшае дур аз кашма- кашиҳои замон зиндагӣ ба сар мебурд, (cid:) ӯро оварда ба тахт нишонданд. Пирамарди порсо ва беозор Зави Таҳмосп аз ҷангу ҷидол безор буд, сулҳ мехост ва то метавонист лашкарро аз разму набард бозмедошт. Дар замони подшоҳии Зави Таҳмосп қаҳтии азиме рӯй дод; зимистон камбарф омад ва баҳору тобистон як қатра борон наборид. Хок ва гиёҳ хушк шуданд, нонро бо дирам барка- шиданд. Дар ҳамин вазъият ду лашкари гуруснаву бемадор, бе он ки камтарин маҷоле ба ҷангидан дошта бошанд, панҷ моҳ рӯ ба рӯйи ҳамдигар истоданд. Бештарини аспон ва шутуронро кушта хӯрданд: Зи тангӣ чунон шуд, ки чора намонд, Зи лашкар ҳаме пуду тора намонд. СУЛҳ Аз лашкарҳо ғавғо бархост. Мегуфтанд: Худо ба мо қаҳр карда, ин қаҳтиро ба мукофоти бадиҳоямон ба мо фиристод. Ба ҷанг хотима доданро талаб мекарданд. Сипоҳи Эрон назди шоҳ Зав намояндагони худро фиристода дархост кар- данд, ки бо ҳар воситае, ки бошад, бо душман сулҳ бандад. Вакилони шоҳ бо тӯрониҳо дар музокира шуданд. Музо- кираи сулҳ бар он қарор гирифт, ки аз ҷайҳун он тараф то Чину Хутан мамолики Афросиёб аст ва Эрон ба он сарзаминҳо ҳеҷ тамаъ ва даъвое надорад, инчунин тӯрониҳо низ ба ин тарафи ҷайҳун дасти таарруз дароз намекунанд. Чун сулҳнома имзо шуд, сипоҳи Тӯрон мамлакатро холӣ карда ба ватани худ рӯ ниҳод. Зав низ лашкарашро ба ҷониби Порс ақиб кашида буд, ки осмон ҳам гӯё аз қаҳр фаромаду ба замини ташна борони мӯл фиристод; гӯё аз файзи сулҳ буд, ки ҷаҳон аз нав шукуфт, замин сабзи гулпӯш гашт: Пур аз ғулғули раъд шуд кӯҳсор, Замин шуд пур аз рангу бӯю нигор. ҷаҳон чун арӯсе расида ҷавон, Пур аз чашмаю боғу оби равон. Чу мардум надорад ниҳоди паланг, Нагардад замона бар ӯ тору танг. қИССАИ ШОҳ КОВУС ВА ҷАНГИ МОЗАНДАРОН Дарахти барӯманд чун шуд баланд, Гар ояд зи гардун бар ӯ-бар газанд, Шавад барг пажмурдаву бех суст, Сараш сӯйи пастӣ гирояд нахуст. Чу аз ҷойгаҳ бугсилад пойи хеш, Ба шохи навойин диҳад ҷойи хеш, Мар ӯро супорад гулу баргу боғ, Баҳоре ба кирдори равшанчароғ. Агар шохи бад хезад аз бехи нек, Ту бо бех тундӣ маёғоз лек. Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон, Кунад ошкоро бар ӯ-бар ниҳон, Гар ӯ бифганад фарру номи падар, Ту бегона хонаш, махонаш писар. Агар гум кунад роҳи омӯзгор, Сазад, к-ӯ ҷафо бинад аз рӯзгор. Бо ҳамин панд Фирдавсӣ қиссаи подшоҳии Кайковусро оғоз менамояд.. Мӯл (cid:) зиёд, бисёр. ВАСВАСАИ КИШВАРКУШОӣ Кайковус баъд аз падараш Кайқубод бар тахт нишаст. ӯ марди худраъй, худком ва тундмизоҷе буд. Аз рӯзҳо як рӯз бар тахти булӯринпоя нишаста дар Гулшани зарнигор майи хушгу- вор мехӯрд ва ба надимону сарони лашкараш аз бешу кам сухан меронад; дар байни сухан ҳар дам ба ганҷи фаровону сипоҳи гӯшбафармонаш болида мегуфт: (cid:) «Дар ҷаҳон бартар аз ман шоҳу зебандаи тахту тоҷ кист?». Надимону паҳлавонон аз ин худписандии шоҳи ҷавон дар тааҷҷуб монда хомӯш менишас- танд. Пардадори шоҳ омада хабар дод, ки: (cid:) Марде барбат ба даст омадааст, мегӯяд, ки хушовоз ромишгаре ҳастам, шоҳро бигӯ, агар маро лоиқи бандагиаш бинад, қабулам фармояд. Шоҳ фармуд, ромишгарро дароварда дар қатори созандаву сарояндагон нишонданд. Ромишгар деве буд ҷодугар, аз Мозандарон омада буд. Барбаташро навохта бо овози баланди дилнавоз суруди мозандаронӣ оғоз кард: Ки Мозандарон-шаҳри мо ёд бод, ҳамеша бару бумаш обод бод, Ки дар бӯстонаш ҳамеша гул аст, Ба кӯҳ-андарун лолаву сунбул аст, ҳаво хушгувору замин пурнигор На сарду на гарму ҳамешабаҳор. Навозанда булбул ба боғ-андарун. Гурозанда оҳу ба роғ-андарун. Гулоб аст гӯӣ ба ҷӯяш равон, ҳаме шод гардад ба бӯяш равон, Саросар ҳама кишвар ороста. Зи дебову динору аз хоста Бутони парастанда бо тоҷи зар, ҳама номдорони зарринкамар, Касе, к-андарин буми обод нест, Ба ком аз дилу ҷони худ ёд нест. Суруди ҷодугари хушовоз ба дили Ковус ҳаловат бахшид ва аммо таърифи хубиҳову неъматҳои Мозандарон дар сари ӯ тоза андешае падид овард: (cid:) «Ман бояд ба он сӯ лашкар кашаму он кишварро ба даст дарорам », ки (cid:) ин буд андешаи ӯ. Ба бузургон чунин гуфт: (cid:) Мо ҳама ба базму айш дил ниҳодаем, ҳол он ки марди далер агар коҳилию танпарвариро пешаи худ созад, ҳеҷ аз осудан сер намешаваду шахсияташ паст, равонаш тира мегардад. Охир ман ба бахту нажод аз ҷамшеду Заҳҳоку Кайқубод бешӣ дорам, пас бояд ҳунарам низ аз онҳо бештар бошад. Маро лозим аст, ки ба Мозандарон лашкар бараму бо гурзи гарон он кишварро саросар бигирам. Бузургон сухани ӯро шунида: ҳама зард гаштанду пурчин рӯй(cid:) зеро Мозандарон кишвари девон буд ва пеш аз Ковус ҳеҷ як фикри ҷанги он девонро накарда буд. Аз ҳозирон ҳеҷ кас ёрои гардонидани сухани шоҳро надошт, ҳама андуҳгин шуданд, паҳлавони сипоҳ Тӯс, Гударз, Кашвод, Гев, Хуррод, Гургин, Баҳром гуфтанд: (cid:) Мо ҳама ба фармони туем, ҷуз ба фармони ту дар замин қадам намениҳем. ДАЪВАТ КАРДАНИ ПАҳЛАВОНОН ЗОЛИ ЗАРРО Аммо баъд паҳлавонон дар ҷойи дигар анҷуман сохта шоҳи худписанди камандешро маломат карданд ва гуфтанд: «Аз бахти бад ин чӣ балое буд, ки ба сари мо омад? Агар шаҳриёр он чиро ки гуфт, ба амал орад, Эронро табоҳ ва ҳамаи моро ҳалок мегардонад. Мо бояд чорае созему ин балоро аз сари кишварамон дафъ кунем». Сари паҳлавонон Тӯс гуфт: (cid:) Эй размдида диловарон, чора ин аст, ки акнун якеро бар уштури таковар нишонему сӯйи Золи Дастон давонем, ӯро паём диҳем, ки агар сар ба гил дорӣ, машӯй, гул ба даст дорӣ, мабӯю ба зудии зуд биё! Магар ки ӯ шоҳро панд дода аз нияти пурха- тараш гардонад. Таклифи Тӯс маъқул афтод, ҳамон рӯз якеро бар уштури роҳвор нишонда сӯйи Нимрӯз давониданд. Пайк ба Нимрӯз расида воқеаро ба Золи Зар баён кард ва аз номи паҳлавонон чунин гуфт: (cid:) Эй номвари вологавҳар, ба ин кор агар ту камар набандӣ, дар кишвари мо як тани зинда ва як марзи обод намемонад. Шоҳро Аҳриман аз роҳи рост берун кардааст; вай ганҷи беранҷро соҳиб шуда, худро аз ҷамшеду Кайқубод афзун медонад ва мехоҳад ба ҷанги Мозандарони девмакон биравад. Золи Дастон ин хабарро шунида сахт ба худ печид ва гуфт: (cid:) Ковус ҳанӯз гарму сарди ҷаҳонро наёзмудааст, сухани ҷаҳондидагонро намешунавад. Ин шоҳи худкоми хомтамаъ, ки аз андешаи теғаш шоҳони ҷаҳон меларзанд, аҷаб нест, ки панди маро ҳам нагирад. Аммо ман меравам ва аз панду насиҳат ҳар чӣ ҳаст ба ӯ мегӯяму диламро холӣ мекунам. Дар ин гуна вазъу ҳол ба шоҳи ҷавон панд надодани маро на Офаридгор хоҳад писандид ва на бузургони Эронзамин. Агар панди маро пазирад, суди ӯст, напазирад (cid:) ихтиёраш. Зол он рӯзу шаб пурандеша буд, то саҳар нахуфт. Саҳар савор шуда ба роҳ афтод, бузургони Зобул ҳамроҳаш рафтанд. ПАНДИ ЗОЛ Чун ба наздики шаҳри Тайсафун (cid:) пойтахти Эрон расиданд, сарону паҳлавонони сипоҳ аз шаҳр ду манзил пеш омада Золи Дастонро истиқбол карданд. Вай дар боргоҳ, чунон ки расм буд, аввал шоҳро ситоиш кард ва сано хонду баъд дари суханҳои гуфтаниро боз намуда, ба вай сангинӣ, бурдборӣ ва дурандеширо, ки шоистаи шоҳон ва бузургон аст, талқин кард. Гуфт: Шунидам яке нав сухан бас гарон, Ки шаҳ дорад оҳанги Мозандарон. Сухан бишнав, эй номвар шаҳрёр Ба родӣ яке панди омӯзгор, Ки родӣ сари хубию меҳтарист. Зи родӣ фузунию ҳам беҳтарист, Зи ту пештар подшаҳ будаанд, Мар ин роҳ ҳаргиз напаймудаанд. Або лашкари гашну гурзи гарон Накарданд оҳанги Мозандарон, Ки он хонаи деви афсунгар аст, Тилисм асту дар банди ҷоду (cid:) дар аст. Мар онро ба шамшер натвон шикаст, Ба ганҷу ба дониш наёяд ба даст. Мар он ганҷро ҳеҷ натвон кушод, Мадеҳ марду ганҷу дирамро ба бод. Ту аз хуни чандин сари номдор Зи баҳри фузунӣ дарахте макор, Ки бори бадандеш нафрин бувад, На ойини шоҳони пешин бувад. ҷАВОБИ КОВУС Шоҳ ба Зол чунин посух дод: (cid:) Аз панди ту бениёз нестам, вале мардиву ҳунару ганҷу сипоҳи ман аз ҷамшеду Фаридун ё Манучеҳру Кайқубод, ки ёди Мозандарон накарданд, афзунтар аст. Ё аз он девнажодон якеро зинда намегузорам ё бар онҳо боҷу хироҷи гарон меандозам. Ман аз афсуну ҷодуи онҳо наметарсам. Албатта, медонам, ки дар роҳи ин мақсад басе ранҷ бояд кашид, лекин: ҷаҳонофаринанда ёри ман аст, Сари наррадевон шикори ман аст. Эронро ба ту ва писарат Рустам месупорам, ҳар ду то баргаштани ман нигаҳбони кишвар бошед. Аммо агар шумо дар ҷанг ёри ман набошед, туро дар ин ҷо зиёд истодан хоҷат нест, метавонӣ баргардӣ. Зол донист, ки ба Ковус панду ҳикмат бесуд аст. ӯ маъюс шуд. Гуфт: (cid:) Ту он чи аз ман шунидӣ, ҳама аз дилсӯзӣ ва некхоҳӣ буд. Одамӣ на маргро аз тани худ дур кардан метавонад ва на чашми замонаро ба сӯзан кӯр кардан. Парҳез ҳам касро аз ниёзмандӣ намераҳонад. Ва шоҳ низ аз ин се чиз озод нест. Мабод ки баъд панди маро ба ёд ориву аз кардаи худ пушаймон шавӣ. Золи Дастон инро гуфта ба шоҳ сабук хайрбод карду аз боргоҳи ӯ бо дили ғамгин берун рафт. ӯ ба паҳлавонони сипоҳ панд ношунидану бар азми носа- воби худ устувор будани шоҳро гуфта буд, ки онҳо низ ғамгин шуданд. Гев барошуфту ба Зол гуфт: Пас аз Кирдгори ҷаҳонофарин Ба ту дорад уммед Эронзамин. Кунун чораи мо ҳамин асту бас, Ки ҷуз паҳлавон шоҳи мо нест кас! Яъне шоҳи мо туӣ, Ковусро мо дигар шоҳ намехоҳем. Зол исёни зидди Ковусро нораво ва хатарнок дониста, ба паҳлавонон насиҳат кард, ки: Шумо гӯш доред фармони шоҳ, Мапечед як тан аз ин размгоҳ, Умедам чунон аст бар бениёз, Ки бинам шуморо ҳама шод боз. Вай онҳоро як-як оғӯш карда хайрбод гуфт ва савор шуда роҳи Систон пеш гирифт. САФАРИ МОЗАНДАРОН Ба пойтахт аз ҳар сӯ лашкар гирд омад. Ковус лашкар- каширо ба Тӯс ва Гударз фармуд. Дар бомдод шоҳ ва лашкар сӯйи Мозандарон ҳаракат карданд. Пас аз тайи биёбону кӯҳсору дашту ҳомун ба кӯҳи Испирӯз расида дар пояи он қарор гирифтанд. Наздики саҳар бонги таблу карнайҳо ӯрдуро аз хоби роҳат бедор кард. Шоҳ паҳлавон Гевро фармуд, ки аз лашкар ду ҳазор ҷанговарро ҷудо карда ба ҳуҷум барад: Чунин гуфт бо Гев Ковуси Кай, Ки букшой чанголу бугзор пай, Бирав то дари шаҳри Мозандарон, ҳаме то ба шамшеру гурзи гарон. ҳар он кас, ки бинӣ зи пиру ҷавон, Чунон кун, ки ӯро набошад равон, Дар ӯ ҳар чӣ обод бинӣ, бисӯз! Шаб овар ҳамон ҷо, ки бошӣ ба рӯз! Гев камари азму ҷазм баста, дар сари ду ҳазор гурздору теғзан сӯйи шаҳри Мозандарон рӯ ниҳод. То дари маркази он кишвар ҳамаи марду зан, пиру ҷавон ва кӯдаконро аз дами теғ гузарониданд, шаҳрҳо ва деҳаҳоро ғорат карданд, оташ заданд. Чун ба пойтахти кишвар расиданд, Гев шаҳре дид биҳишт барин, кӯю кӯчаҳо, гузарҳо пур аз мардумони хушсимо, зану духтарон ба чеҳра чун тобанда моҳ, бозору растаҳо пур аз молу матоъ ва дар ҳар як дукон сандуқҳои пур аз дурру гавҳар. Дар гирди шаҳр гала-гала аспони хушзот ва рама-рама гӯсфандони фарбеҳ мечариданд. Ковусро аз чигунагии шаҳри Мозандарон огоҳӣ доданд, вай бо бақияи лашкараш омада, кишварро беҳтар аз он дид, ки ромишгари дев васф карда буд: ҳаме гуфт: (cid:) «Хуррам зиёд он ки гуфт, Ки Мозандаронро биҳишт аст ҷуфт!». Урдуи Ковус шаҳрро як ҳафта ғорат кард. Шоҳи Мозандарон бо дили пурдарду сари гарон Санча ном деверо, ки дар хизматаш буд, амр кард: (cid:) Назди Деви Сапед биштоб ва бигӯяш: (cid:) «ҷаҳонҷӯй Ковусшоҳ аз Эрон сипоҳи гарон овард, ҳамаро ғорат кард, Зиёд (cid:) зияд, зиндагӣ кунад. шаҳру деҳотро оташ зад, агар ту фарёдраси мо нашавӣ, дигар дар Мозандарон якеро зинда нахоҳӣ дид». Санча назди Деви Сапед рафта, ҳодисаро ба ӯ баён кард ва сухани шоҳи худро расонд. Чунин посухаш дод Деви Сапед, Ки аз рӯзгорон машав ноумед, Маяндеш аз шоҳи эронсипоҳ, Гар омад або лашкари кинахоҳ. Биёям кунун бо сипоҳи гарон, Пайи ӯ бибуррам зи Мозандарон! Бигуфт ину чун кӯҳ бар пой хост, Сараш гашт бо чархи гарданда рост. Аз он сӯ Ковус бо сипоҳаш дар дашт саропарда кашида буд: Зи бас хаймаву хиргаҳи сурху зард ҳаме чашми бинандаро хира кард. Чу бар хаймаҳо тофтӣ офтоб, Шудӣ рӯйи кишвар чу дарёи об. Зи аспону мардони ороста Замин чун биҳиште пур аз хоста. Даруни саропарда тахте булӯр: Ту гуфтӣ ҳаме тобад аз чарх ҳур, Нишаста бар он тахт Ковусшоҳ, Ба сар барниҳода каёникулоҳ, Бузургони лашкар нишаста ба ҷой, Ки буданд бар неку бад раҳнамой. Чунин гуфт Ковус бо меҳтарон, Ки эй сарфарозону кундоварон! Шумо як ба як некхоҳи манед, Бар ойину фармону роҳи манед, Кунун шоҳи Мозандаронро ба даст Биёрам, барорам ба девон шикаст! Чу фардо барояд хур аз ховарон, Бароем яксар ба Мозандарон. На шоҳаш бимонему на лашкараш, Бигирем то сарбасар кишвараш. Бикӯбем саршон ба наъли сутур. Ба девон намоем якдаст зӯр, ҳама марзро зери пой оварем, Муроди дили худ ба ҷой оварем. Сарони лашкар ба шоҳ таъзим карданд ва гуфтанд: (cid:) Мо ҳама парвардаи ганҷи шоҳ ҳастем, аз ӯ ҷонамонро дареғ намедорем ва меҷангем, аммо кошки Деви Сапед ба ҷанг наёяд, ки ҷодугари гузаро ва сари девони Мозандарон аст. Агар вай ба корзор наёяд, мо димор аз ҷони девони дигар мебарорем. ҳАЛОКАТИ ЛАШКАРИ ШОҳ. ГИРИФТОРӣ ВА АСИРӣ Он рӯз то шаб шоҳ ва аркони давлаташ саргарми ҳамин навъ гуфтугӯ буданд, Ковуси ҷангҷӯ ҳай лоф мезаду дар сари пурбодаш савдои хом мепухт. Шаб ногаҳон абре падид омаду ҷаҳонро чун рӯйи зангӣ сиёҳ гардонид. Тундбоде бархост, бисёр сахт ва шадид, ки одамро ба одам мезад ва чодарҳоро кандаю печонда мебурд. Лашкар дар дашт парешон ва як қисми он ҳалок гардид. Чашми Ковус ва лашкариён дар зулмоти шаб ҳеҷ чизро наме- дид, дар байни тундбод чун кӯрон дастҳоро ба пеш ёзонда сар- гардон ва афтону хезон мегаштанду ба ҳамдигар дакка мехӯрданд. Шаб гузашту саҳар шуд, лекин эрониён ҳамоно чизеро намедиданд: донистанд, ки кӯр шудаанд. ҳама асир афтода буданд, ганҷи шоҳ ва бору бунаи сипоҳ ба тороҷ рафта буд. Ковуси кӯр мегирист, паҳлавононашро ном ба ном фарёд карда мадад металабид, лекин аз ҳеҷ тарафе мадад намерасид; бо Сутур (cid:) асп ҳасрату надомат мегуфт: (cid:) «Панди марди бедордил беҳ аз ганҷ аст, дареғо ки панди Золи ҷаҳондидаро гӯш накардам ва ба ин вартаи бало афтодам». ӯ ва бозмондаи лашкараш як ҳафта дар дашт ба ҳамин ҳол буданд; рӯзи ҳаштум овози ғурронеро шуниданд, ки ба Ковус мегуфт: (cid:) «Эй шоҳи хомтамаъ! Чаро худатро аз ҳама бартар донистӣ, ба ганҷу сипоҳат мағрур шудӣ, мулки дигаронро тамаъ кардӣ, ба ҷанги ноҳақ омадӣ ва Мозандаронро тохтӣ, бисёр мардумонашро асир кардӣ ва куштӣ? Надонистӣ, ки аз ту зӯртаре ҳаст, Деви Сапед ҳаст, ки агар хоҳад осмонро аз ситора холӣ мекунад! Инак акнун сазои бадкирдориатро ёфтӣ, ҷазоятро бикаш! Ин гӯянда Деви Сапед буд. Суханашро давом дод: (cid:) Агар панди омӯзгорам Гаршосп намебуд, аз лашкарат якеро зинда намегузоштам ва кишваратро саросар ба ҳам мезадам. Бо Гаршоспшоҳ паймон карда будам, ки ба Эрон- замин наметозам, вагарна имрӯз дар кишвари шумо растохезе барпо мекардам. Ман шуморо ба ранҷу ғам медорам, то ки бо аҷали худатон бимиред. Деви Сапед аз лашкари худ дувоздаҳ ҳазор наррадеви ханҷаргузорро ба эрониён нигаҳбон кард. ҳамаи сарони сипоҳро пой дар банд андохт. Ба асирон каме хӯроки ҷонсипӯз дод, ки рӯзе ба рӯз гузаронанду аз гуруснагӣ намиранд. Сипас ба бошишгоҳи кӯҳии худ баргашт. ПАЙғОМ БА ЗОЛ ВА РУСТАМ Як нафар сарбоз аз шоҳу аз лашкар ҷудо монда буд, шоҳро ҷуст ва ҷойи ӯро ёфта ба наздаш омад. Ковус ӯро зуд ба Зобул назди Золи Зар равона кард ва фармуд, ки ба вай аз аҳвол хабар бараду аз номи шоҳ чунин гӯяд: Кунун чашм тира шуду хира бахт, Нагунсор гашта сари тоҷу тахт. Чунин хаста дар чанги Аҳриманам, ҳаме бугсилонад равон аз танам. Чу аз пандҳои ту ёд оядам, ҳаме аз ҷигар сард бод оядам. (cid:) Агар ту ба ин кор миён набандиву омада маро аз чанги девон нараҳонӣ, ман ба хорӣ ҳалок мешавам. Сарбоз чун мурғи паррон сӯйи Зобулистон шитофт ва ба зудӣ назди Золи Дастон ҳозир шуда, ӯро аз фоҷиаи шоҳу лашкараш огоҳ кард. Зол аз аламу андуҳ ҷома бар тан дарид ва аммо ин хабари шумро аз дӯсту душман пинҳон дошт. Бо дили равшани худ оқибати бади фоҷиаро диду Рустамро ба наздаш хонда ба ӯ чунин гуфт: (cid:) Эй фарзанд, ману ту аз ин пас бояд хӯру хобро фаромӯш кунем. Шоҳи Эрон дар дами аждаҳо ва эрониён дар гирдоби балоянд. Акнун ту бабри баёнатро бипӯш, Рахшро зин кун ва теғи кин бардору ба мадади шоҳ биштоб. Туро Парвардигор аз баҳри ҳамин гуна рӯзҳо парварид. Соли ман аз дусад гузашт, акнун ин корҳо туро мезебад. Ту шоҳро аз бало раҳонида номи баланд меёбӣ. Охир: ҳар он тан, ки чашмаш синони ту дид, Кӣ гӯяд, к-аз он пас равон-ш орамид? Агар ҷанги деве кунӣ, чун шавад, Аз овози ту кӯҳ ҳомун шавад. Набояд, ки Аржангу Деви Сапед Ба ҷон аз ту доранд ҳаргиз умед! Пас аз рафтанат ном монад ба ҷой Ба Мозандарон пӯю эдар мапой, Ки равшан кунӣ номи Соми савор, Ба гетӣ набуда чун ӯ номдор. Аз ин зистан гар барорӣ ту ном, Парканда гардад зи номи ту ком, В-аз он пас бигардад ҷаҳон роми ту, Биларзанд девон ҳам аз номи ту. Рустам ба мадади Ковус меравад. Таҳамтан гуфт: (cid:) Хуб, падар, лекин роҳ бисёр дароз аст. Ковус ин роҳро то Мозандарон ба шаш моҳ тай кард. То ман ба он ҷо мерасам, ки Ковус ва эрониён ҳалок мешаванд. Зол гуфт: (cid:) Аз ин ҷо то Мозандарон ду роҳ аст, ҳар ду пурранҷу хатар; яке он ки Ковус рафт, дигар ба ду ҳафта тай мешавад, аммо ин роҳ пур аз тирагиҳост ва дар вай шерону девон бисёранд. Бо вуҷуди ин ту бо ҳамин роҳи кӯтоҳ бирав, ки ҷаҳонофарин ёри туст ва пойи Рахши фаррух ин роҳро, агарчи бо ранҷу машаққат ҳам бошад, месипарад. Ман шабҳо то саҳар ба Яздони пок намоз мегузорам, то магар туро боз ба саломат бубинам. Аммо агар Яздони пок ба дасти девон ҷони туро бигирад, ин аз қисмат хоҳад буд ва қисматро касе дигаргун карда наметавонад. Одамӣ раванда аст, вақту соаташ ки расид, агарчи ҳама мардум гӯянд «нарав!», меравад. Оё Рустам сухани падари ҷаҳондидаашро гардонида метавонист? На.ӯ гуфт: (cid:) Эй падари хирадмандам, агарчи одамӣ набояд ба пойи худ ба оташ дарояд ва кас то аз ҷони худ сер нашуда бошад, пеши шери дарранда намеравад, лекин ман аз фармони ту сар наметобам, меравам: Кунун ман камарбаставу рафта гир, Нахоҳам ҷуз аз додгар дастгир. Тану ҷон фидои сипаҳбуд кунам, Тилисми тани ҷодувон бишканам. ҳар он кас ки зинда-ст аз эрониён, Биёрам, бибандам камар бар миён. На Аржанг монам, на Деви Сапед, На Санча, на Пӯлоди ғандӣ, на Бед. Пагоҳи дигар офтоби ҷаҳонтоб сар бароварда буд, ки Рустам бабри баёнашро пӯшида, бардаму пуразм бар пушти Рахш барнишаст. Модараш Рӯдоба гирёну синадоғ бо ӯ видоъ кард: Номҳои девони калони Мозандарон. (cid:) Писари ҷаҳонпаҳлавонам, ба роҳи дури пурхатар меравӣ, маро дар ғами худ менишонӣ. (cid:) Эй модари меҳрубонам, (cid:) гуфт Рустам, (cid:) ман ин роҳро на бо майли худ пеш гирифтам, балки аз тақдир насиби ман ҳамин будааст. Ту ҷону тани маро ба Яздон супору осуда бош. Падару модар, ёру дӯст, сипоҳ як-ду манзил ҳамроҳаш рафта, ӯро гуселониданд. ҳАФТ ХОНИ РУСТАМ ХОНИ АВВАЛ ҷАНГИ РАХШ БО ШЕР Рахши пӯлодсум «ба тобанда рӯзу шабони сиёҳ» тайи мароҳил намуда, роҳи дурӯзаро ба як рӯз мепаймуд. ҳам худаш ва ҳам савораш гурусна шуданд. Яке дашт пеш омад, дар вай гӯрони бисёре мечариданд; Рустам рон фушурда Рахшро ба болои гӯрон ронду каманди каёниро андохт, гӯри фарбеҳе ба хамми каманд омад, паҳлавон гӯрро кашида афканд, сар бурид ва пӯст канд, хору хошок ғун кард, пайкони пӯлодини тирро бар санг зада шарора бароварду хасро дар шарора даргиронда, ғарами хору хошокро оташ дод ва гӯрро дар он оташи тез бирён карду канда- канда хӯрдан гирифт: Бихӯрду бияндохт дур устухон- ҳамин буд дегу ҳамин буд хон. Рахшро аз зину лаҷом холӣ карда, дар марғзор ба чаро сар дод. Баъд дар найистон сипарро зери сар ниҳода ба истироҳат хобид. ӯ вартаи хатарро ҷойи эманӣ шинохта буд, бехабар аз он ки найистон «мулк»-и шер буд. Посе гузашт, шер омад, марди пилтанеро хуфта ва дар наздикии ӯ асперо ошуфта дид. Ба худ гуфт: (cid:) «Аввал аспро бояд бидаррам, соҳибаш худ туъмаи ман хоҳад шуд». Ба Рахш ҳамла бурд, Рахш чун оташ дамону хурӯ- шон ду пойи пешашро бар сари шер чунон кӯфт, ки косаи сари ӯ кафид, пушти ӯро газида порае пӯсту гӯшташро канда партофт, шер аз по афтод, суми хорошикану дандони тези асп тани вайро лахт-лахт карданд. Рустам чун бедор шуд, лошаи пурхуни даррандаро дар хок дида, дасти навозиш бар сару пушти асп молиду гуфт: (cid:) «Эй Рахши ҳушёр, туро кӣ гуфт, ки бо шер биҷангию ҷонатро дар хатар андозӣ? Агар кушта мешудӣ, ман ин бабри баён, каманду камон, миғфару теғу гурзи гаронро ба Мозандарон чӣ гуна мекашидам? Ба ростӣ, ки ман чун ту асперо ба ин зӯру тундию тезӣ ҳаргиз надидаам! Охир чаро хурӯшида назди ман наёмадӣ ва бедорам накардӣ, ки бо шери жаён ман корзор кунаму ту аз хатари марг бираҳӣ?». Паҳлавон инро гуфта боз хобид ва дер биёсуд. Пагоҳӣ чун офтоб аз пушти кӯҳи тира сар баровард, Таҳам- тан Рахшро сутурд ва зин барниҳоду савор шуда рӯ сӯйи хони дуюм равон гардид. ХОНИ ДУЮМ ЁФТАНИ ЧАШМАИ ОБ Аз он пас роҳи душвортаре пеш омад: Биёбони беобу гармои сахт, К- аз ӯ мурғ гаштӣ ба тан лахт-лахт. Чунон гарм гардид ҳомуну дашт, Ту гуфтӣ, ки оташ бар ӯ баргузашт. Аз шиддати гармию ташнагӣ ҳам Рахш ва ҳам савораш беҳол гардиданд. Рустам пиёда шуда найзаро асокунон дар ғояти хастаҳолӣ қадам мезад, Рахш базӯр-базӯр по бардошта, сархаму забон кашол, аз қафои ӯ равон буд. Паҳлавон рӯ ба осмон карда аз Худояш мадад мехост, мадад аз барои он ки ӯ тавонад шоҳро ва эрониёнро аз чанголи девон наҷот диҳад. Фикраш ва ғамаш фақат ҳамин буд, дар бораи мурдану зистани худаш намеандешид. Мегуфт: (cid:) «Худоё, агар коре, ки ман аз паяш меравам, ҳақ ва савоб бошад, дастгирам бош; ин ҳама ранҷи маро барбод мадеҳ, ба эрониёни гирифтор раҳм кун, падари пирам, модари зорам, кишвари интизорамро шод гардон. Агар рӯбарӯям душман мебуд; мардона меҷангидаму бо ҳамлаҳои шерона торумор мекардамаш, агар кӯҳ садди роҳам мешуд, бо гурзи гарон пасташ месохтам, ё агар дарёи ҷайҳун монеъ мебуд, бо неруи худодод мебастамаш, аммо ба ин биёбони оташтобу ин ташнагии маргбор чӣ афсун кунам, чӣ чора созам, ки дар муқобилаш мардонагию зӯрӣ ба кор намеравад». Оқибат гармию ташнагӣ мадори тани пилворро ба куллӣ хушконд: Бияфтод Рустам ба он гармхок, Забон гашта аз ташнагӣ чок-чок, ҳамон гоҳ як меш пайдо шуда аз наздик гузашт. Таҳамтан андешид, ки ин меш бояд обхӯрае дошта бошад. Мешро ало- мати бахшоишу карами Худовандаш донист. Бо охирин қувва- таш шамшерро ба замин фушурда ба по бархост. Ба як даст шамшеру ба як даст полаҳанги асп, калавида-калавида аз паси меш равон шуд. Меш ӯро ба сари чашмае расонд. Таҳамтан дид, ки дар гирду пеши чашма ҳеҷ пайи чорпо нест, ҳайрон шуд; шукр кард ва Бар он ғурм бар офарин кард чанд Ки аз чархи гардон мабодат газанд, Гиёҳи дару дашти ту сабз бод, Мабодо зи ту бар дили юз ёд. Ба ту ҳар кӣ ёзад ба тиру камон, Шикастакамон боду тираравон, Ки зинда шуд аз ту тани пилтан, Вагарна пурандеша буд аз кафан, Ки дар синаи аждаҳои бузург Нагунҷад, бимонад ба чанголи гург. Аз чашма бо ҳаловат оби зулол нӯшид, Рахшро ҳам аз зин холӣ карда об дод, ҳам ӯро ва ҳам тани худро шуст. Чун сероб шуда, танаш неру гирифту ба тобу тавон омад, бо камону тар- каши пур аз тир ба шикор баромад ва гӯри калонеро сайд карда сар бурид ва пӯст канду дар оби чашма шуста, оташ афрӯхта, кабоб карда серу пур хӯрд. Сипас боз оби чашма нӯшиду оҳанги хоб кард. Ба Рахш гуфт: Агар душман ояд сӯйи ман, бипӯй, Ту бо деву шерон машав ҷангҷӯй. Маро Эзад аз баҳри ҷанг офарид, Туро аз пайи зину танг офарид. ғурм (cid:) меш, гӯсфанди кӯҳӣ. Бихуфту биёсуду накшод лаб, Чамону чарон Рахш то ними шаб. ХОНИ СЕЮМ ҷАНГ БО АЖДАҳО Зи дашт-андар омад яке аждаҳо, К-аз ӯ пил, гуфтӣ, наёбад раҳо. Чӣ гӯям аз он аждаҳои дижам, Ки ҳаштод газ буд аз дум ба дам. Бад-он ҷойгаҳ будаш оромгоҳ, Наҷустӣ зи бимаш бар ӯ дев роҳ. Биёмад, ҷаҳонҷӯйро хуфта дид, Бари ӯ яке аспи ошуфта дид. Пурандеша шуд, то чӣ ояд падид? Кӣ ёрад бад-ин ҷойгаҳ орамид? Наёрист кардан кас он ҷо гузар Зи девону пилону шерони нар. ҳамин низ к-омад, наёбад раҳо Зи чанги бадандеш нарраждаҳо. Нахустин сӯи Рахш бинҳод рӯй, Равон Рахш шуд назди дайҳимҷӯй, ҳамекӯфт бар хок рӯйинасум, Чу тундар хурӯшиду афшонд дум. Рустам бедор шуда ба атрофаш нигоҳ карда, чизе надид; аждаҳо дар торикӣ нопадид гашта буд. Аз Рахш ранҷида ба вай хурӯшид, ки чаро бедарак аз хоби ширин бедорам кардӣ? Дигар бор чун шуд ба хоб-андарун, Зи торикӣ он аждаҳо шуд бурун. Ба болини Рустам так овард Рахш, ҳаме канд хоку ҳаме кард пахш. Дигарбора бедор шуд хуфта мард, Барошуфту рухсор гулранг кард. Биёбон ҳама сар ба сар бингарид, ҷуз аз тирагӣ ӯ ба дида надид. Бад-он меҳрубон Рахши бедор гуфт Ки торикии шаб нахоҳӣ наҳуфт?! Сарамро ҳаме боз дорӣ зи хоб! Ба бедории ман гирифтат шитоб? Гар ин бор созӣ чунин растхез, Саратро бибуррам ба шамшери тез! Пиёда шавам сӯйи Мозандарон, Кашам хӯду шамшеру гурзи гарон! Таҳамтан боз бабри баёнро ба болояш кашида ба хоб рафт: Биғуррид боз аждаҳои дижам, ҳаме оташ афрӯхт, гуфтӣ, ба дам. Рахш ошуфтаҳол ва бетоқат шуда бошад ҳам, ба бедор кар- дани соҳибаш ҷуръат намекард, меандешид, ки мабодо аждаҳо ин бор ҳам нопадид шаваду паҳлавон боз ба вай ғазаб кунад. Лекин дар охир тоқат накард, меҳри Рустам бар андешааш ғолиб омаду чун боди дамон ба сари ӯ тохта: Хурӯшиду ҷӯшиду барканд хок, Зи наълаш замин шуд ҳама чок-чок. Таҳамтан бедор шуда нигоҳ кард, аждаҳо ин бор падидор буд: Бад-он тирагӣ Рустам ӯро бидид, Сабук теғи тез аз миён баркашид, Биғуррид бар сони абри баҳор, Замин кард пуроташи корзор. Бад-он аждаҳо гуфт: (cid:) «Баргӯй ном, К-аз ин пас набинӣ ту гетӣ ба ком! Набояд, ки бе ном бар дасти ман Равонат барояд зи торик тан!». Чунин гуфт дужхим нарраждаҳо Ки аз чанги ман кас наёбад раҳо! Сад андар сад ин дашт ҷои ман аст, Баланд осмонаш ҳавои ман аст, Наёрад паридан ба сар-бар уқоб, Ситора набинад заминаш ба хоб. Бад-ӯ аждаҳо гуфт: (cid:) «Номи ту чист, Ки зояндаро бар ту бояд гирист?». Чунин дод посух, ки ман Рустамам, Зи Дастони Сомам, ҳам аз Найрамам, Ба танҳо яке кинавар лашкарам, Ба Рахши диловар замин биспарам. Бубинӣ зи ман дастбурди набард, Саратро ҳам акнун барорам ба гард. Баровехт бо ӯ ба ҷанг аждаҳо, Наёмад ба фарҷом ҳам з-ӯ раҳо. Бад-он сон биёвехт бо пилтан, Ту гуфтӣ, ба Рустам даромад шикан. Чу зӯри тани аждаҳо дид Рахш, Ки з-он сон баровехт бо тоҷбахш, Бимолид гӯшу даромад-шигифт!- Биканд аждаҳоро ба дандону кифт, Бидаррид чармаш, бад-он сон ки шер, Дар ӯ хира шуд паҳлавони далер, Бизад теғу андохт аз тан сараш, Фурӯ рехт чун рӯд хун аз бараш. Замин шуд ба зер-андараш нопадид, Яке чашмаи хун аз ӯ бардамид. Чу Рустам бад-он аждаҳои дижам Нигаҳ карду бар ёли он тездам, Биёбон ҳама зери ӯ дид пок, Равон хуни гарм аз бари тирахок, Ба Яздон чунин гуфт, к-эй додгар, Ту додӣ маро донишу зӯру фар, Ки пешам чи шеру чи деву чи пил, Биёбони беобу дарёи нил. Бадандеш бисёру гар андакест, Чу хашм оварам, пеши чашмам якест! ХОНИ ЧАҳОРУМ КУШТАНИ РУСТАМ ЗАНИ ҷОДУРО Боз ба зин барнишасту равон шуд. Таковари рӯйинасум то гашти рӯз масофати дарозеро тай кард. Хуршеди ховар аз фарози қиём ба нишеби бохтар сарозер шуда буд, ки аз пеш чаманзори шодобу хурраме баромад. Таҳамтан дар вай чашмае дид, чун чашми тазарвон соф, дар сари чашма хони алвоне густурда ва рӯйи хон ҷоми заррини пурмай бо қадаҳи булӯрин ва як меши бирён бо намакдону нон ниҳода. Якто танбӯр ҳам дида мешуд, ки ба танаи дарахт такя дода шуда буд. Рустам он чаманзори хуррам ва он хӯроку нӯшокро атои ғайбии худовандӣ дониста шукр гуфт, фуруд омад, Рахшро аз зин холӣ карда ба чаро сар дод, дар оби сарду зулоли чашма дасту рӯй шуста, омодаи хӯру нӯш гардид. Он хӯроку нӯшок аз они ҷодугаре буд, ҷодугар бо шунидани садои суми Рахш ва овози Рустам пинҳон шуда буд. Паҳлавон қадаҳи булӯринро ду-се навбат май пур карда нӯшиду ба хӯрдани гӯшту нони гуворо шурӯъ кард. Пас аз серу пур хӯрдану нӯши- дани шароби ноб сархуш шуда, танбӯрро гирифту навохтан ва сурудан оғоз кард. Аз қисмати пурмашаққати худ шиквакунон месароид: Ки овораи баднишон Рустам аст, Ки аз рӯзи шодиш баҳра кам аст, ҳама ҷойи ҷанг аст майдони ӯй, Биёбону кӯҳ аст бӯстони ӯй, ҳама ҷанг бо деву нарраждаҳо, Зи деву биёбон наёбад раҳо; Маю ҷому бӯё гулу марғзор Накардаст бахшиш маро рӯзгор. ҳамеша ба чанги наҳанг-андарам, Дигар бо палангон ба ҷанг-андарам. Зани ҷодугар аз ҷойи пинҳоншудааш суруду нағмаи ӯро гӯш мекард: Ба гӯши зани ҷоду омад суруд, ҳамон чомаи Рустаму захми руд. Биёрост рухро ба сони баҳор, Агарчанд зебо набудаш нигор. Бари Рустам омад пур аз рангу бӯй, Бипурсиду биншаст наздики ӯй. Пайдоиши он зан Таҳамтанро аввал ба ҳайрат андохт, лекин сониян вай инро ҳам атои худовандӣ дониста хушнуд гардид ва Худовандашро ситоиш кард, ки дар биёбони Мозан- дарон ба вай он хону маю ин майгусори нозанинро расонд. На- донист, ки «майгусори нозанин» ҷодугари пурфан асту наҳуфта ба ранг-андар Аҳриман аст. қадаҳи май бар кафи зан ниҳоду «Худованди бахшояндаи меҳрубон»-ашро ёд кард. Гӯянд, ҷодугар бо шунидани номи «Худованди бахшояндаи меҳрубон» яке ларзиду чеҳрааш ди- гаргун гашт, сиёҳ шуд, аз ҷой ҷаста рӯ ба гурез овард. Таҳам- тан донист, ки ҷодугар аст, дарҳол камандро гирифта ба вай андохт, хамми каманд ба гардани ҷодугар ҳалқа гардид. Теғ баркашиду ба вай амр кард, ки: (cid:) Худро он тавре ки ҳастӣ, бинамой! «Паричеҳра» ба асли худ баргашта: Яке гандапире шуд андар каманд, Пурожангу найрангу банду газанд. Ханҷари тези паҳлавон бо як зарба тани зишти ӯро ду ним кард: Дили ҷодувонро пур аз бим кард. ХОНИ ПАНҷУМ ГИРИФТОР ШУДАНИ АВЛОД БА ДАСТИ РУСТАМ Аз он ҷо ӯ боз рӯ ба роҳ ниҳод. Он рӯз ва шаб роҳ паймуда ба ободие расид, ки заминаш аз алафи маҳин чун парниён ва ҳама ҷо сабзаву обҳои равон буд. Рустам аз мондагию гармии ҳаво саропо ғарқи арақ шуда буд, майли осоишу хоб дошт; бабри баёну миғфари аз арақи бадан таршудаашро кашида дар офтоб паҳн кард, Рахшро аз зину лаҷом холӣ карда, ба киштзор раҳо намуд; баъд бабри баёну хӯди хушкидаашро ба тан пӯшида, сабзаро ба худ бистар ва сипарашро болишт карда ба хоб рафт. Соҳиби кишт омад, дид, ки асп дар киштзори ӯ мечараду онро поймол мекунад, барошуфта ба сари Рустам тохт ва чӯби ғафсеро бардошта сахт ба пойи ӯ зад; Рустам бедор шуд, деҳ- қони хашмгин ӯро дашном дод, гуфт: (cid:) «Эй Аҳриман, чаро аспатро ба кишт сар додӣ?». Паҳлавон аз гуфтори ӯ тез шуда барҷасту аз ду гӯши ӯ гирифта кашид, ҳар ду гӯшаш аз бех канда шуд. Деҳқон аз дард фарёд зада, гӯшҳояшро ба даст гирифта сӯйи Авлод ном паҳлавоне, ки дар он қарибӣ мезист, давид ва ба вай арз кард, ки марде палангинапӯши оҳанинку- лоҳ дар дашт хуфта буду аспаш дар киштзорам мечарид, ман аспи ӯро аз киштзор ронданӣ шуда будам, ки вай бархосту дам назада ду гӯши маро канда партофт ва боз ба хоб рафт. Авлод бо як даста паҳлавононаш нишаста буд, дили ҳама- ашон ба деҳқон сӯхт ва ҳамаашон зуд бархоста, ханҷарҳоя- шонро ба даст гирифта ба дашт шитофтанд. Рустам он мардони пурхашми ханҷаргузарро дида барҷасту назди Рахш давид ва онро зуд зин карда савор шуда тундарвор ғуррону теғкашон ба болояшон тохт. Авлод ба вай «Ист!» гӯён хитоб намуд ва суолборонаш кард: (cid:) Ту чӣ марде ҳастӣ? Номат чист? Шоху паноҳат кист? Бо кадом дилу гурда ба ин макони наррадевони пархошҷӯ омадӣ? Чаро аспатро дар кишт сар додӣ ва гӯши ин даштбонро кандӣ? ҳар касе, ки бошӣ, ман ҳамин дам рӯзи равшанро ба ту сиёҳ мегардонаму кулоҳатро бар хок меафканам! Рустам ҷавоб дод, ки: (cid:) Номи ман абр аст, агар абр зӯри шер дошта бошаду теғ бораду сари саркашон бибуррад: Ба гӯши ту гар номи ман бигзарад, Дами ҷону хуни дилат бифсурад! Наёмад ба гӯшат ба ҳар анҷуман Камону каманди гави пилтан? ҳар он мом, к-ӯ чун ту зояд писар, Кафандӯз хонемашу мӯягар. Ту то ин сипаҳ пеши ман рондӣ, ҳаме гавз бар гунбад афшондӣ! Инро гуфта, вай: Чу шер андаромад миёни рама, Бикушт, он ки буданд гирдаш ҳама, Ба як захм ду-ду сари сарфароз Бияндохт аз тан ба кирдори гоз. Саронро зи захмаш ба хок оварид, Сари саркашон зери пай густарид. Шикаста шуд он лашкар аз паҳлавон, Гурезон бирафтанду тираравон. Дару дашт шуд пур зи гарди савор, Пароканда гаштанд бар кӯҳсор. Вай Авлодро сур карду каманд андохта сари ӯро ба ҳалқаи каманд овард, пиёда шуда ҳар ду дасти ӯро баст ва гуфт: (cid:) Агар ту ба ман ҷойи Деви Сапед, ҷойи Пӯлоди ғандӣ ва Бедро намоӣ, ман шоҳи Мозандаронро сарнагун карда тоҷаш- ро бар сари ту мениҳам ва бар тахт менишонамат, аммо агар каҷӣ ба кор оварию дурӯғ гӯйӣ аз ду чашмат ҷӯйи хун равон месозам. Авлод гуфт: (cid:) ҳар чӣ пурсӣ, ҷавоби рост медиҳам, туро ба ҷойи баста- шудаи Кайковус роҳ менамоям, ҷойи Деви Сапеду фарсанг, аз он ҷо то макони девон боз сад фарсанг роҳи душворе ҳаст. Онҳо дар миёни ду кӯҳи сар ба фалак кашида, ки мурғи ҳумой ҳам бар фарози он намепарад, воқеъ аст, шаб дувоздаҳ ҳазор деви ҷангӣ бар он кӯҳсор посбонӣ мекунад, сипоҳдоронашон Пӯлоди ғандӣ, Бед ва Санча, сардори ҳамаашон Деви Сапеди пилпайкар аст, ки аз ҳайбаташ кӯҳ чун бед меларзад. Ту ҳар қадар зӯру тавоно ҳам бошӣ, бо он наррадевон пайкор карда наметавонӣ: Бихандид Рустам зи гуфтори ӯй, Бад-ӯ гуфт: (cid:) «Гар бо манӣ, роҳ ҷӯй! Бубинӣ к-аз ин як тани пилтан Чӣ ояд бад-он номдор анҷуман. Ба неруи Яздони пирӯзгар, Ба бахту ба шамшеру тиру ҳунар, Чу бинанд тови бару ёли ман, Ба ҷанг-андарун захми кӯполи ман, Бидаррад паю пӯсташон аз наҳеб, Инонро надонанд боз аз рикеб». Бигуфт ину биншаст бар Рахш шод, Давон буд Авлод монанди бод. Таҳамтан шабони тираву рӯзони равшан роҳ паймуда, ба ҷое, ки Ковус ва лашкараш ба ҷоду афтода буданд, расид ва қарор гирифт. Чун аз шаби торик як нима гузашт, аз дашт хурӯшу ғавғое бархост, аз дур шуълаи чароғон намудор гашт, Рустам аз Авлод чӣ будани он шуълаҳои оташу чароғонро пурсид, Авлод гуфт, ки он шаҳри Мозандарон аст ва Пӯлоду Аржангу Бед бо дигар паҳлавонони лашкари дев ду баҳра аз шаб нахобида базму сур мекунанд. Рустам хуршеди тобон рух намуда буд, ки бархоста Авлодро ба ҳалқаи каманд маҳкам баст ва худ гурзи ниёро ба болои зин партофта сӯйи шаҳри Мозандарон саворӣ намуд. Ниё (cid:) бобо (мақсуд гурзи Сом, бобои Рустам). ХОНИ ШАШУМ ҷАНГИ РУСТАМ БО АРЖАНГДЕВ Миғфари хусравӣ бар сар, бабри баёни арақолуд дар бар, Таҳамтан дар нишемани солори девон Аржанг ҳозир гардида, яке наъра кашид, аз наъраи раъдосои ӯ гӯё кӯҳ таркиду дарё талотум кард. Аржангдев ва дигар девон аз хаймаҳо берун ҷастанд. Рустам чун алангаи оташ ба болои Аржанг асп барангехт ва аз буни ду гӯши ӯ гирифта сарашро канда партофт ва он сари ба хун оғуштаро ба миёни девон афканд. Онҳо аз зӯри чанголу ҳайбати паҳлавон дилашон даррид, тарсону ҳаро- сон ба ҳар сӯ гурехтанд; Таҳамтан шамшери кин баркашида онҳоро сур карду чандин нафарашонро кушт. Сипас ба кӯҳи Испирӯз баргашта Авлоди бастаро кушоду аз ӯ дар куҷо будани Ковусро пурсид. Авлоди пиёда пеш-пеши Рустам давон ӯро ба шаҳре, ки Ковус дар он ҷо буд, раҳнамун шуд. Таҳамтан чун ба он шаҳр расид, Рахш раъдосо шиҳае кашид, шиҳааш то ҷое, ки Ковус ва эрониён дар банду баст буданд, расид, Ковус шунид: (cid:) Шиҳаи Рахш! (cid:) аз ҳаяҷон ба худ ларзида нидо кард шоҳ ба эрониён, ки шарики асораташ буданд. (cid:) Шинохтам! Дар замони падарам қубод, ҳангоме, ки вай бо шоҳи Тӯрон меҷангид, Рахш ҳамин тавр шиҳа кашида буд. Рустам омад, бадрӯзии мо ба охир расид! Лашкариён бовар накарда, гуфтори Ковусро ба васвосу ҳазён нисбат доданду гуфтанд: (cid:) «Шоҳ аз банди гарон ҷонаш табоҳ шуда, ҳушу хирад аз сараш паридааст ё балки хоб дида- асту хобашро мегӯяд». Онҳо дар ин гуфтугӯ буданд, ки яке Рустам пайдо гардид. Асирон ба ҳаяҷону изтироб афтоданд, ба дида бовар намекар- данд. Таҳамтан назди Ковус шитофт, паҳлавонони эронӣ Гу- дарз, Тӯс, Гев, Густаҳам, Шидӯш, Баҳром ва дигарон дар гир- даш ҷамъ шуданд, Ковус бо гиряву фиғони шодӣ сӯйи Рустам саҷда кард ва сипас ӯро дар оғӯш гирифта аз ранҷи роҳ, аз Зол ва дигар хешу табораш пурсон шуд ва дар охир гуфт: (cid:) Рахшро аз дев пинҳон бояд кард. Агар ба Деви Сапед огоҳӣ расад, ки Аржанг кушта шуда ва пайи ту хоҳад афтод, он гоҳ мумкин аст, ки ҳамаи ранҷу машаққати ту бар бод равад. Акнун ту боз ба ранҷи охирин тан дода ба ҷойгоҳи Деви Сапед бирав. Магар боз Яздони пок туро ёр шаваду сарҳои он ҷодуга- ронро ҳам дар хок кунӣ, аммо то нишемани ӯ бояд аз ҳафт кӯҳ гузарӣ ва он гоҳ: Яке ғор пеш оядат ҳавлнок, Чунон чун шунидам, пур аз тарсу бок, Гузораш пур аз наррадевони ҷанг, ҳама размро сохта чун паланг. Ба ғор-андарун гоҳи Деви Сапед, К-аз ӯянд лашкар ба биму умед. Тавонӣ магар кардан ӯро табоҳ, Ки ӯяст солору пушту паноҳ. «Тундбоди ғам чашмҳои сипоҳиёни маро тира кард, чашмони худам низ аз тирагӣ нобино гащтанд. Як пизишки фарзона ба ман гуфт: давои чашмат хуни Деви Сапед аст, агар аз хуни ӯ се қатра ба чашмонат чаконӣ, он хун тирагии чаш- матро шуста берун мерезад. Умедворам, ки ба бахшоиши Офа- ридгор ту он деви ҷангиро ҳалок созӣ». Паҳлавон ба ҷойгоҳи Деви Сапед азми рафтан намуда, ба эрониён навиди озодӣ дод ва хайрбод кард. ХОНИ ҳАФТУМ КУШТАНИ РУСТАМ ДЕВИ САПЕДРО Аз он ҷойгаҳ танг баста камар Биёмад пур аз кинаву ҷанг сар. Або хештан бурд Авлодро, ҳамеронд мар Рахши чун бодро. Наёсуд дар раҳ гави некхоҳ, Намоянда Авлод будаш ба роҳ. Чу Рахш андаромад бад-он ҳафт кӯҳ, Бад-он наррадевон гурӯҳогурӯҳ, Ба наздики он ғори бебун расид, Ба гирд-андараш лашкари дев дид. Ба Авлод гуфт: (cid:) «Он чи пурсидамат, ҳама бар раҳи ростӣ дидамат, Яке кори сахт аст эдар маро, Сазад, гар бигӯӣ ту, некахтаро! Кунун чун гаҳи рафтан омад фароз, Маро роҳ бинамою бикшой роз». Бад-ӯ гуфт Авлод: (cid:) «Чун офтоб Шавад гарм, дев андарояд ба хоб, Бар ишон ту пирӯз бошӣ ба ҷанг, Кунун як замон кард бояд диранг. Рустам сабр кард, то ки офтоб баланд баромад, он гоҳ дасту пойи Пӯлодро ба ҳалқаи каманд маҳкам баст ва савор шуда шамшери аз ниёзро кашиду «Манам Рустами Дастон! Меканам сарҳои девон!» гӯён бо наъраи раъдосои худ дар кӯҳсор ғулғула андохта, ба болои девон асп афканд. Дар миёни сипоҳи девон растохезе барпо кард. Аз зарбҳои шамшери ӯ сарҳои девон ба ҳар сӯ париданд. Чандеро Рахш бо наълҳои пӯлодинаш лагадкӯб карда кушт. Оне, ки аз теғи хунхори паҳлавон ё аз зарби хорошикани суми Рахш наҷот ёфт, дар бими ҷон гурехт. Аз наррадевон ҳеҷ яке дар муқобили ҳамлаи шеронаи Таҳамтан истодагӣ накард. Таҳамтан аз он ҷо сӯйи нишемани Деви Сапед шитофт. ҷаҳаннамвор ғоре дид, нигоҳ кард, дев аввал дар тирагии ғор нопадид буд, чашму мижго- нашро молида дурусттар нигоҳ кард, дид (cid:) дев, мӯйи сару баданаш чун шир сафед ва рӯяш сиёҳ, хоб рафта буд, Рустам ба куштанаш шитоб накард, палангвор яке ғуррид, дев бедор шуда чун як кӯҳ ба по хест, ронҳояш оҳанпӯш буданду кулоҳи оҳанин бар сар дошт, сангеро ба калонии санги осиё аз кӯҳ канда гирифта ба наздики Рустам омад; чунон даҳшатангез буд, ки ҳатто ба дили Рустам аввал ниҳебу ҳаросе роҳ ёфт, аммо баъд паҳлавон чун шери жаён яке барошуфту теғи тезашро ба миёни ӯ зад, як дасти дев канда шуда афтод, теғи дигар зад (cid:) як пояш канда шуд: бо як дасту як по ба Рустам дарафтид, зӯр овард, даруни ғорро зеру забар кард; аз китфу гардани Рустам гирифта ӯро ғалтониданӣ шуд, Рустам дошт дод; ин аз он ва он аз ин пора-пора гӯшти бадан меканд; аз хун замини ғор саросар гил шуд. Таҳамтан ба дилаш мегуфт: (cid:) «Агар ман бо дасту пойи бурида ва паю пӯсти канда аз чанголи ин аждаҳо раҳо ёбам, дигар ҷангу ҷидолро абадӣ тарк хоҳам кард». ҳамин тавр, арақу хун аз тани ҳар ду чун ҷӯй равон, бо якдигар разм мекар- данд. Рустам бо дарду кин бисёр кӯшид, бисёр зӯр зад, саран- ҷом ҳамаи қуввати тану ҷонашро ҷамъ карда яке чанг заду девро ба гарданаш бардошта бар замин зад. Дев ниммурда дар замин ёзид, паҳлавон бо ханҷар синаи ӯро дарронда ҷигарашро берун кашид. ҳам бо ҷигари дев ба назди Ковус баргашт: Ба шодӣ баромад зи гурдон фиғон, Ки омад сипаҳдори равшанравон, Ситоишкунонаш давиданд пеш, Бар ӯ офарин буд з-андоза беш. Рустам банду занҷирҳои асиронро шикаста ҳамаашонро озод кард. Сипас ба чашмони кӯршудаи шоҳ ва дигар эрониёни асирафтода аз ҷигари Деви Сапед хун чаконда буд, ки: ҳама дидаҳошон бишуд равшано, ҷаҳоне бишуд сарбасар гулшано! Сониян, Рустам дар сари сипоҳи бозмондаи Ковус ба ҷанги шоҳи Мозандарон рафта, ӯро ҳам сарнагун кард ва тоҷу тахти ӯро мувофиқи ваъда ва бо ризояти Ковус ба Авлоди бегӯши ростқавл бахшид. Авлодшоҳ фармонбарию хироҷгузории шоҳи Эронро ба зимма гирифт. Он гоҳ Ковус бо Рустам ва бо лашка- раш музаффару мансур ба Эрон баргашт. Аз он ҷо вай Рустам- ро бо атоҳои фаровон сарафроз гардонида ба Зобулистон гуселонид. КОРИ КАЙКОВУС ДАР БАРБАРИСТОН ВА ДИГАР ДОСТОНҳО Мубади пурдониш нақл карда ва шоир аз пири деҳқон- нажоде, ки ривоятҳои бостониро ба ёд дошт, низ шунидааст, ки Кайковус пас аз ҷанги Мозандарон боз ба ҳамсоякишварҳои наздику дур ҳуҷум, ба Тӯрону Чин юриш мекунад, ба Микрон- замин мегузарад, то сарзамини Зиреҳ меравад. Паҳлавонони сафдару сипоҳдорони боҳунараш Тӯс, Гев, Гударз, Фарибурз, Густаҳам, Гургин, Хуррод лашкари он тарафҳоро торумор ва шоҳонро хироҷгузори шоҳи Эрон мегардонанд. Аз он пас Ковус ба Африқо сафар намуда, бо шоҳи Барба- ристон ҷангида, ӯро ҳам ба итоат меоварад. Аз Барбаристон ба ҷануби Эрон (cid:) Зобулистон, ки номи дигараш Нимрӯз асту боз Систон ҳам меномандаш, баргашта, меҳмони Рустами Дастон мешавад. Аммо фарозиҳо нишебӣ ҳам доранд, касе, ки бар фароз шуд, нишебаш пеш меояд: Бибуд шоҳ як моҳ дар Нимрӯз, Гаҳе руду май хост, гаҳ бозу юз. Бар ин барнаёмад басе рӯзгор, Ки бар гӯшаи гулситон руст хор. яъне хабар расид, ки ҳомоварон, Барбаристон, Мисру Шом аз шоҳи Эрон гашта, аҳди боҷу хироҷгузориро шикаста, бар вай шӯридаанд. Чӣ бояд кард? Кайковус боз ба ҷанги он «саркашон» раф- танро лозим донист. Сипоҳи ӯ омодаи сафар шуд, сипоҳиён бар сипарҳошон номҳои худро навиштанд. Ковус ин бор ба он сӯ бо роҳи баҳр рафтанӣ шуд, ки кӯтоҳтар буду душманонаш ӯро аз ин роҳ мунтазир нахоҳанд буд. Киштиҳо ва заврақҳои бисёре созонда, сипоҳро ба онҳо нишонда равон шуд. Пас аз якчанд ҳафтаи шиноварӣ дар баҳр, Миср ба дасти чап монду ба дасти рост (cid:) Барбаристон. Дар пеш ҳомоварон, ба соҳил фуромаданд. Сипоҳи се кишвар (cid:) ҳомовариҳо, барбариҳо ва мисриҳо аз омадани Кайковус бохабар шуда, муттаҳидона ба ҷанги вай омаданд. Сипоҳи онҳо фаровон буд: Сипоҳе, ки дарёву саҳрову кӯҳ, Шуд аз наъли аспони ишон сутӯҳ, Набуд шери даррандаро ҷойгоҳ, На гӯри жиён ёфт бар дашт роҳ, Паланг аз бари сангу моҳӣ дар об, ҳам андар ҳаво абру паррон уқоб. ҳаме роҳ ҷустанду кай буд роҳ Даду домро бар чунин ҷойгоҳ! Ковус ҳам бидуни таъхир лашкарашро ба муқобили мутта- фиқон ронд: Ду лашкар чу бар ҳам расиданд танг, Дил аз кина огандаву сар зи ҷанг, Зи ҳар ду тараф баркашиданд саф, Ба каф ханҷару бар лаб оварда каф. Фиганданд бар ёли аспон инон, Ба заҳр об доданд нӯги синон. Чу бар кӯҳаи зин ниҳоданд сар, Хурӯш омаду чок-чоки табар; Зи чашми синон оташ омад бурун, Замин шуд ба кирдори дарёи хун, Ту гуфтӣ ҳаво жола борад ҳаме, Ба санг-андарун лола корад ҳаме. Муттафиқон бо ҳамлаҳои тунду тез эрониёнро ба танг оварданд, лашкари Ковус қариб буд ки ҳазимат кунад, он гоҳ: Яке наъра зад Гев, гуфт: (cid:) «Эй сарон! Бикӯшед дар разми бадгавҳарон! Раво нест баргаштан аз корзор, Агар ҷон супорем дар корзор!» Даду дом (cid:) ҳайвоноти даштӣ ва аҳлӣ. Зи гурдони эронсипаҳ ҳар кӣ буд, Барангехтанд асп монанди дуд, Яке аждаҳо гашту дигар паланг, Яке пилноме, яке шерчанг, Ниҳоданд бар душманон теғи кин, Басо сар, ки афканда шуд бар замин! Баромад хурӯши «деҳ!-у «дор»-у «гир!» Чу борон биборид жӯпину тир, ҳаво гашт аз найза чун бешае, Дили ҳар саворе дар андешае. Зи бас хун, ки шуд рехта бар замин, Яке лолазоре шуд он дашти кин. Оқибат лашкари се кишвари муттафиқ шикаст хӯрд. Нахуст сипоҳдори ҳомоварон таслим шуд, аз паси ӯ шоҳони Барба- ристон ва Миср ҳам силоҳ афканданд. Вакилони онҳо ба Ковус хазинаҳои зару гавҳару силоҳи шоҳони худро оварда таслим карданд. БА ЗАНӣ ГИРИФТАНИ КОВУС ДУХТАРИ ШОҳИ ҳОМОВАРОНРО ХОСТГОРӣ Фиристодаи шоҳи ҳомоварон, барои он ки аз шоҳи Эрон атою эҳсон ёбад, дар хилват ба ӯ гуфт: (cid:) Шоҳи ман духтаре дорад, ки сазовори ҳарами туст, ту агар ӯро ба занӣ хоҳӣ, шояд. Ваҳ, чӣ ҳурнажод духтаре: Ки аз сарв болош зеботар аст, Зи мушки сияҳ бар сараш афсар аст, Ба боло баланду ба гесу каманд, Забонаш чу ханҷар, лабонаш чу қанд, Фурӯ ҳишта гесу зи сар бар замин, Зи Эзад бар он моҳ бод офарин! Жӯпин (зӯпин, зӯбин) (cid:) найзаи кӯтоҳ Биҳиштест ороста пурнигор, Чу хуршеди тобон ба хуррам баҳор! Дили Ковус аз ҷой ҷунбид. Гуфт: (cid:) «Ман ӯро аз падараш хостгорӣ мекунам». Дарҳол аз дарбориёнаш як марди доно ва сухангӯйро ба хостгорӣ назди шоҳи ҳомоварон равона карду ғурур ва худписандиро ба осмони ҳафтум бароварда ба ӯ фармуд: (cid:) Аз забони ман ба падараш бигӯ: (cid:) «Бузургони ҷаҳон хешии маро орзу мекунанд; равшании хуршед аз гавҳари тоҷи ман ва паҳнои замин пояи тахти ман аст, ҳар он кас, ки дар сояи ман паноҳ наҷӯяд, пойгоҳаш паст мешавад. Ман бо ту пай- ванди хешӣ меҷӯям. Шунидам, дар паси пардаат духтаре дорӣ, ки лоиқи ман аст. Ту писари қубодро домод мегирӣ, фахр кун ва чунон дон, ки сар ба хуршед баровардаӣ». Фиристода ин сухани ӯро ба шоҳи ҳомоварон расонида, бо забони чарб ва гуфтори нарм духтари ӯро барои шоҳи худ хостгорӣ кард. Шоҳи ҳомоварон аз ин хостгорӣ дилтанг ва саргарон шуд. Аввалан, Судоба ягона фарзанди ӯ буд, падар беҳад дӯсташ медошт ва намехост, ки вай дур афтад. Эрон куҷою ҳомоварон куҷо! Аммо сониян (cid:) аз он муҳимтар (cid:) андешаи истиқлоли мам- лакат буд; домодии Ковус тобеияту хироҷгузории ҳомова- ронро ба шоҳи Эрон мустаҳкам ва бардавом мегардонад. Духтарат маликаи Эрон бошад, бар шоҳи Эрон чӣ тавр мешӯ- рӣ? ҳол он ки шоҳи ҳомоварон ният дошт, баъди ба Эрон бар- гаштани Ковус пинҳонӣ қувва ҷамъ карда, бар вай қиём кунад, истилогарони бемурувватро аз мамлакаташ биронаду истиқ- лоли аз даст рафтаашро аз нав барқарор намояд. Аммо ҳозир вай мағлуб буд, зери даст буд, ёрои рад кардани талаби фотеҳи худро надошт. Бисёр андешиду ба фиристодаи Ковус гуфт: (cid:) Пуштгармии ман аз дороиям буду дилам ороста ба фар- занд. Дороиямро ба Ковусшоҳ супурдам, акнун вай мехоҳад диламро рабояд. Хуб, маро чӣ ҳадди он, ки аз раъю фармонаш сар тобам? Диламро ҳам месупорам. Лекин таомули кишвари мост, ки дар арӯсӣ ризояти духтарро мепурсанд. Рухсат шавад, аввал раъйи Судобаро пурсам. ғАМИ ПАДАР ВА ШОДИИ ДУХТАР Вай аз боргоҳ ба хонаи хоса гузашта, Судобаро ба наздаш талбид. Духтари гуландом ҳозир шуда, бо хуршеди ҷамолаш гӯё хонаро равшантар кард. Шоҳ бо вай аз қиёму истиқлоли оянда сухан нагуфт, зеро бо занон дар ин мавзӯъ сухан ронданро бесуд ва ҳатто хатарнок медонист (мабод ки рост пеш аз вақт ошкор шавад!). Духтарро аз хостгории шоҳи Эрон огоҳ карда раъяшро пурсид. Дар таҳти дилаш умеде дошт, ки шояд Судоба ин хостгориро қабул наку- наду бо ҳамин ба падараш барои гардонидани талаби Ковус баҳонае диҳад. Аммо (cid:) ҳайҳот! Умедаш якбора барбод рафт: (cid:) Чӣ хуш! (cid:) хандону шукуфон гуфт Судоба. (cid:) Шаҳриёри ҷаҳон ҷӯёи хешии туст, шодӣ кун, падар имрӯз ба мо аз Ковус беҳтар ғамхоре нест. (cid:) Охир, ту ягона фарзандам, ягона тасаллои дилам ҳастӣ, духтарам? (cid:) бо дилшикастагӣ гуфт шоҳ. (cid:) Модаратро аҷали бераҳм аз ман рабуд, акнун ту ҳам маро тарк мекунӣ? Танҳою бекас мегузорӣ? Ба падари пират дилат намесӯзад?... Ман мехостам, ки барои ту аз бузургони кишвари худамон домоди шоистае бигираму туро ҳар вақт ки хоҳам, дидан тавонам(cid:) (cid:) Магар аз шоҳаншоҳи Эрон шоистатар домоде ҳаст? (cid:) ҷавоб дод Судоба. (cid:) Ман маликаи Эрон ки шудам, ҳар вақт, ки ту маро талаб кунӣ ё худам хоҳам, ба наздат омадан мегирам. Аз тарафи дигар, ту дар паноҳи шоҳаншоҳ бар тахтат осуда нишаста подшоҳӣ хоҳӣ кард, падарҷон! Ба фиристодаи Ковус бигӯ: (cid:) «Аз хостгории шаҳриёри ҷаҳон сарафрозам, розӣ ҳастам, духтарам низ розист». Падари навмед бо ҳасрат ба дилаш гуфт: (cid:) «Бадбахт касе, ки духтар дорад»: «Киро дар паси парда духтар бувад, Агар тоҷ дорад, бадахтар бувад». Вай ноилоҷ ба боргоҳ баргашта, бо фиристодаи Ковус мувофиқи дину ойини худаш паймон баст. Арӯси ҳурлиқо бо ҷиҳози фаровон ва канизакону ғуломони бисёр дар тахти равон ба назди Ковус фиристода шуд. Чун Судоба дар пеши хаймаи шоҳи Эрон аз тахти равон фуруд омад, Ковус, ки ӯро надида ошиқ шуда буд, дида ошиқ- тар шуд: Яке анҷуман сохт бо бихрадон Зи бедордил пирсар мӯбадон. Сазо дид Судобаро ҷуфти хеш, Аз ӯ ком бистад ба ойину кеш. В-аз он пас бад-ӯ гуфт: «Чун дидамат, Ба мушкӯи заррин писандидамат». ҳИЛАИ ШОҳИ ҳОМОВАРОН Ба алами мағлубияту аз даст рафтани истиқлолият ва хироҷи яғмогаронаи шоҳи истилогар акнун хиёнати духтари камхирадаш зам шуда, қарору ороми шоҳи ҳомоваронро ба куллӣ бурда буд. Суоли «Чӣ бояд кард? Чора чист?» пайваста мағзи сарашро мешикофт. ӯ як ҳафтаро дар ин кайфият гузаронида, сари ҳафтаи дуюм қарор дод, ки ба озмоиш ҳилае созаду Ковусро аз миён бардорад. Барои халосӣ аз истилои аҷнабиён ва барқарор кардани истиқлолияти кишвар ҳеҷ чорае нест, ки раво набо- шад. ҳила чунин буд; ӯ домоди олимақоми худро бо ҳамроҳии сипоҳдоронаш ба меҳмонӣ хонда, дар вақти зиёфату базм ҳамаашонро ғофилгир карда мебандаду ба зиндон меандозад. Он гоҳ лашкари Ковус бесару сардор монда худ ба худ паро- канда шуда меравад. Кайковус ҳафтод фарсах дур аз пойтахти ҳомоварон дар пояи кӯҳ хайма зада, лашкаргоҳ сохта буд. Шоҳи ҳомоварон ба назди ӯ вакилони худро фиристода ба меҳмонӣ даъваташ кард: Мушкӯ (cid:) ҳарамсаро, қаср. Ки гар шоҳ бинад, ба меҳмони ман, Биёяд хиромон сӯйи хони ман, Шавад шаҳри ҳомоварон арҷманд, Чу бинад рухсори шоҳи баланд. Зоҳири даъваташ нек буду ботинаш бад. Фиристода ба лашкаргоҳи Ковус рафта ӯро хабар кард. Судобаи зирак аз кайфияти падараш бохабар ки буд, аз ин даъвати ногаҳонӣ гумони бад бурд: Бидонист Судоба ройи падар, Ки бо сур пархош дорад ба сар; Ба Ковуси Кай гуфт, к-ин рой нест, Туро худ ба меҳмони ӯ ҷой нест, Мабодо, ки бо сур ҷанг оварад, Туро бе баҳона ба чанг оварад. Шоҳдухтари худпараст ин қасди ниҳонии падарро танҳо аз боиси худаш дониста, илова кард: Зи баҳри ман аст ин ҳама гуфтугӯй, Туро з-ин наёяд ҷуз андуҳ ба рӯй. Ковус ба гуфтори Судоба бовар накард, вай шоҳи ҳомо- варону атрофиёни ӯро ба чунин мардонагӣ намешинохт ва писанд намекард. Бо сипоҳдоронаш ба даргоҳи падарарӯсаш равон шуд. Шоҳи ҳомоварон асбоби меҳмондорию зиёфаташро дар шаҳри Шоҳа, ки ҷойи суру ҷашнҳояш буд, таҳия карда буд. Шаҳрро ойин бастанд: Чу дар Шоҳа шуд шоҳи гарданафроз, ҳама шаҳр бурданд пешаш намоз. ҳаме гавҳару заъфарон рехтанд, Ба динору анбар баромехтанд. Ба шаҳр-андар овози руду суруд Ба ҳам баркашиданд чун тору пуд. Чу дидаш сипаҳдори ҳомоварон, Пиёда шудаш пеш бо меҳтарон. Аз айвони солор то пеши дар ҳама дурру ёқут бориду зар. Ба заррин табақҳо фурӯ рехтанд, Ба сар мушку анбар ҳаме бехтанд. Ба кох-андарун тахти заррин ниҳод, Нишаст аз бари тахт Ковус шод. Меҳмонони ҳумоюнмақом як ҳафтаро бо хушию хуррамӣ ва айшу нӯш гузарониданд. Шоҳи ҳомоварон бо шоҳи Барбаристон пинҳонӣ забон як карда буд, ки ӯ ба ҳомоварон лашкар мефиристад. Лашкар номаълум омада, шабҳангом ба Шоҳа расид. Наздики саҳар, дар ҳоле ки меҳмонон масти аласт хоб рафта буданд, баногоҳ садои таблу дуҳул баланд шуду лашкариён чун барқ ба меҳмон- саро тохта Ковусро бо паҳлавононаш Тӯс, Гев, Гударз, Гургин, Зангаи Шоварон ва дигар муқаррабонаш зер карда гирифтанд ва бастанд. (Шоир аз ин ҳодиса чунин панде мебарорад, ки кас агар бо ту пайвастаи хун набошад, яъне ҷигаргӯша набошад, аз вай чандон эмин набош, ҳол он ки кам воқеъ намешавад, ки ҳатто пайвастаи хунӣ ҳам аз бахилӣ, рашк ё ваҷҳи дигар меҳр аз ту меканаду душманат мегардад). Шоҳи ҳомоварон Ковусро бо сипоҳдорон, бузургони даргоҳаш ба яке аз қалъаҳое, ки дар болои кӯҳи баланд воқеъ буд, фиристода ҳабс кунонд ва ҳазор сарбозро ба нигаҳбонии қалъа гузошт. Сипоҳиёни ҳомоварию барбарӣ лашкаргоҳи эрониёнро тохта, ҳар чӣ дар вай ва дар саропардаи Ковус буд, ҳамаро тороҷ карданд. Лашкари бесару сардормондаи Ковус муқобилат карда натавонист, пароканда гардид. Ба лашкаргоҳи Ковус бо ҳамроҳии лашкариён як тӯда ка- низон ҳам рафта буданд, ки Судобаро гирифта оваранд. Судоба аз онҳо гирифтору қалъабанд шудани Ковусро шунида фарёд бардошт, гиребон дарид, мӯю рӯй канд, бонг зад, ки: (cid:) «Шоҳро номардона гирифтанд! Агар мард буданд, мебоист ӯро рӯзи ҷанг мегирифтанд!». Боз гуфт: (cid:) «Ковус агарчи дар гӯр бошад ҳам, ман аз вай ҷудо шудан намехоҳам! Агар ӯро банд мекарда бошанд, сари маро ҳам бибуранд!». Канизонро дашном дода аз наздаш ронд. Канизон ба пойтахт баргашта, рафтору кирдори Судобаро ба падараш арз карданд. Шоҳ аз ғам ҷигархун шуда, ноилоҷ ӯро назди шавҳараш (cid:) ба қалъаи болои кӯҳ фиристод. (cid:) Судоба дар он қалъа ғамғусори шавҳараш шуда, ӯро парасторӣ мекард. ТОХТАНИ АФРОСИЁБ БА ЭРОНЗАМИН Лашкари бесару сардормондаи Кайковус бо киштию заврақҳо ба ватан баргашта, дар тамоми Эрон пароканда гар- дид. Дар мамлакат ҳарҷу марҷ сар зад. Амирон, ҳокимони вилоятҳо дар талоши тахту тоҷи бесоҳиб бо ҳам ба ҷангу ҷидол афтоданд. Аз ин вазъият истифода бурданӣ шуда, шоҳи Тӯрон Афросиёб ба Эрон тохт. Чанде аз амирони Арабистон ҳам аз сарҳад гузашта, даст ба ғорату яғмо заданд. Байни тӯрониҳову арабҳо задухӯрдҳои сахт ба вуқӯъ омад, кишвар пур аз ҷангу ҷӯш гардид. Арабҳо шикаст хӯрда баргаштанд. Халқи Эрон ба муҳофизати ватан ва молу ҷони худ бархост. Як қисми лашкари парешоншудаи шоҳ низ аз нав гирд омада ба халқи қиёмкарда ҳамроҳ гардид, лекин лашкари фаровони низомӣ, корозмуда ва саропо мусаллаҳи истилогаронро дафъ кардан душвор омад. ӯрдуи Афросиёб мамлакатро пахш карда, бераҳмона ғорат менамуд ва марду зану кӯдаконро мекушт. Вакилони халқ ба Зобулистон рафта Рустами Дастонро ба сардории ҷанги ватанӣ даъват карданд ва гуфтанд: Ки моро зи бадҳо ту бошӣ паноҳ, Чу гум шуд кунун фарри Ковусшоҳ. Бигуфтанд ҳар кас, ки шӯрид бахт, Ба пеш-андар омад кунун кори сахт. Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад, Куноми палангону шерон шавад. Оё ҷаҳонпаҳлавони ватандӯст ҳангоми бадрӯзии ватанаш ва халқаш осуда нишаста метавонист? На. Вай дарҳол сипоҳи- ёни худро ба ҳар тараф фиристода фидоиёнро даъват кард. Ба зудӣ сипоҳе иборат аз зобулиҳо, кобулиҳо, ҳиндустониҳо ва ғайра гирд омад. Рустам қарор дод, ки бо он сипоҳ аввал ба мадади Кайковус рафта ӯро аз банд озод кунад. РУСТАМ ДАР ҳОМОВАРОН Бо ин мақсад Таҳамтан лашкарашро сӯйи ҳомоварон кашид. Аз сарҳади он кишвар вай пинҳонӣ ба назди Ковус кас фиристода, ӯро аз омадани худ огоҳ кард. Ба шоҳи ҳомоварон нома навишта, бо таҳдиди ҷанг аз вай озод кардани Ковусро талаб намуд. Лекин шоҳи ҳомоварон аз таҳдиди ӯ натарсид, талабашро рад кард ва лашкарашро ба муқобили Рустам ронд. Паҳлавон, азбаски роҳи хушкӣ дароз буд, сипоҳашро дар киштию заврақҳо нишонда ба суръат пеш бурду дар дашт аз ғайри чашмдошти ҳомовариҳо дар пеши лашкари онҳо нохост пайдо гардид. ҷанг даргирифт. Душман ба зарби теғи буррону гурзи гарони Рустам ва фидоиёни ӯ тоб наёвард ва талафоти бисёре дода гурехт. Шоҳи ҳомоварон аз шоҳони Мисру Барбаристон мадад хост, онҳо лашкар фиристоданд, лашкари се кишвар аз се ҷониб омада эрониёнро миёнагир карданд. Таҳамтан боз назди Ковус кас фиристода, ӯро аз гирд ома- дани сипоҳи се кишвар огоҳ ва андешаи худро изҳор кард, ки агар ман бо қувваҳои мусаллаҳи се шоҳ ба ҷанг дароям, мабод ки онҳо ба ту осебе расонанд: Маро тахти барбар наёяд ба кор, Агар бад расад бар тани шаҳрёр. Аз Ковус ҷавоб омад, ки андешаи маро накун ва биҷанг! Чунин буд, то буд гардонсипеҳр, Ки бо нӯш заҳр асту бо кина меҳр. Ту мар Рахши пӯяндаро деҳ инон, Биёрой гӯшаш ба нӯги синон. В-агар з-он ки моро зи чархи баланд Расад аз бадандеш захми газанд, Ту Эронзаминро нигаҳдор бош, Ба доду диҳиш кӯшу ҳушёр бош! Он гоҳ Рустам ба ҷанг миён баст. Сипоҳаш сафҳоро орост, паҳлавон ба боли росту боли чап баҳодуртарини баҳодуронро гузошт ва худ дар қалб истод. ҷанговаронашро бо хитобати оташин рӯҳбаланд мекард: Чунин гуфт бо лашкари сарфароз, Ки имрӯз мижгон бидоред боз! Агар сад саворанду гар сад ҳазор, Фузунии лашкар наёяд ба кор. Чу моро бувад ёр Яздони пок, Сари душманон андарорем хок! Аз пагоҳӣ то гашти рӯз муҳориба кардан, аз ҳар ду тараф ҳазорон ҷанговар кушта шуданд, размгоҳ аз хун лолагун гашт, аз карон то карони дашти васеъ аз кушташудагону маҷрӯҳон, танаҳои бесару сарҳои бе тан, дасту пойҳои аз тан ҷудошуда ва аспони ғалтидаи хуншор пур шуд. Шоҳи Мисрро Рустам ба каманд гирифта аз зин бар замин афканд ва баст. Шоҳи Барбаристон бо чиҳил сипоҳдораш ба дасти паҳлавон Гуроз, ки бар боли рости сипоҳи Рустам сардорӣ мекард, асир афтод. Лашкари ҳар ду шоҳ бе сардор монда ҷабҳаро тарк карданд. Шоҳи ҳомоваронро ба ҷуз амон хостан чора намонд: Бидонист, к-он рӯз рӯзи балост, Ба Рустам фиристоду зинҳор хост. ва паймон кард, ки Ковусро аз қалъаи тори кӯҳ оваронда ба Рустам месупорад. Оваронд ва супурд. ҳамроҳи шоҳ паҳлавононаш Тӯс, Гев, Гударз, Гургин, Зангаи Шоварон ва дигар номдорони эронӣ ҳам аз асирӣ халос шуда омаданд. Ковус аз гуноҳи падарарӯсаш гузашт. Сулҳ бастанд, паймон карданд, ки дигар бо ҳам душманӣ нахоҳанд кард ва ҳар ду тараф асирони ҷангро озод намуданд. РОНДА ШУДАНИ ИСТИЛОГАРОН АЗ ЭРОНЗАМИН Кайковус аз ҳомоварон ба қайсари Рум нома навишта аз вай мадад хост, қайсар ба ӯ лашкар фиристод. Аз халқу сипоҳи Эрон вакил бо нома назди Ковус омад; онҳо озодии шоҳро аз банди душман таҳният мегуфтанду ба Рустами лашкаршикан офарин мехонданд, Ковусро ҳарчи зудтар ба Эрон омадан даъват менамуданд, навишта буданд, ки ҳар гоҳ ӯ биёяд, сипоҳи ӯ бо сардории Рустам аз он сӯ ва инҳо аз ин сӯ ҳуҷум бурда, ӯрдуи Афросиёбро торумор хоҳанд кард. Ковус аз ин паём ва аз расидани сипоҳи Рум хушнуду далер шуда, ба Афросиёб номае пур аз таҳдиду ниҳеб навишт, ки зуд аз Эрон берун рав, мамлакатро холӣ кун. Аммо Афросиёб напазируфт ва ҷавоби дурушт гардонд. ӯ худро аз нажоди Тури Фаридун ва аз ин рӯ, вориси қонунии тахту тоҷи Эрон мешумурд: Ба кина даровехтанд аз ду сӯй, Зи хуни далерон равон гашт ҷӯй. Аммо боз ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон, ки қалби лашкари шоҳро сардорӣ мекард, кор дод: Таҳамтан биғуррид дар қалбгоҳ, Ба як ҳамла бидрид қалби сипоҳ. Ба ҳар ҳамла аз найзаи ҷонситон Сар овард бар номдорон замон. Афросиёб дар пасу пеши лашкараш ба сони тундбод асп метозонду ҷанговаронашро ба ҳарбу зарби беамон таҳрик мекард: Ба овоз гуфт: (cid:) «Эй далерони ман! Гузида бузургону шерони ман! Шуморо зи баҳри чунин рӯзгор ҳаме парваронидам андар канор, Ки бо душманам теғбозӣ кунед, Бад-ин гуна-дар ҷангтозӣ кунед, Бикӯшеду ҳам пушти ҷанг оваред, ҷаҳонро ба Ковус танг оваред, ҳамон сагзии бадраги шердил, Ки аз теғи ӯ гашт гардун хиҷил, Бувад к-аз далерӣ ба банд оваред, Сарашро ба доми каманд оваред». ҳам ӯ ба гиранда ва кушандаи Рустам мансабу мартабаҳои баланд ваъда мекард: ҳар он кас, ки ӯро ба дашти набард Зи заррин паланг андарорад ба гард, Бад-ӯ подшоҳию духтар диҳам, ҳамаш номи испаҳбудӣ барниҳам, ҳамон шаҳри Эрон супорам варо, Ба гардуни гардон барорам варо. Аммо ин хитобату ваъдаҳо сипоҳи тӯрониро аз шикаст наҷот дода натавонистанд. Аз се ду ҳиссаи лашкар талаф шуд, бақияи он ҳазимат кард. Афросиёб бо як даста сипоҳи хосааш, дар ҳоле, ки Рустам ӯро тезу тунд таъқиб мекард, сӯйи Тӯрон- замин гурехт. Кайковус ба мамлакати худ баргашта бар тахташ нишаст.. Сагзӣ (cid:) систонӣ (Афросиёб Рустамро чунин меномад). ёфта буд. РУСТАМИ ДАСТОН ПАДАР ВА ПИСАР Чордаҳ сол сулҳ буд, халқҳои Эронзамон то як андоза ба амонию осудагӣ зистанд. Аз он пас боз ҷангу ҷидоли хонумонсӯз бархост. Зави Таҳмосп мурд, ба ҷойи ӯ писараш Гаршосп нишасту лекин баъди нуҳ соли подшоҳӣ вай ҳам бо ин ҷаҳони фонӣ видоъ кард. Гаршосп авлод ва ворис надошт, аъёну ашрофи Эрон боз аз нажоди Фаридун шоҳ ҷустанд. Аммо то он ки онҳо шоҳ пайдо кунанд, Афросиёб тахти Эронро холӣ ва мамлакатро бесарвар дида, сулҳро вайрон карду бори дувум бо лашкари беш аз пеш ба Эрон тохт: Баромад ҳама кӯю барзан ба ҷӯш, Аз Эрон саросар баромад хурӯш. Аъёну ашроф дар талаби сардор ва лашкараш боз ба Зобул рафта, рӯйи ниёз ба Золи Дастон оварданд. Зол ба онҳо гуфт: (cid:) Акнун пирӣ пушти паҳлавонии маро чанбар кардааст, шамшери кобулӣ ба дастам гаронӣ мекунад. Аммо сипос мегу- зорам ба Яздони пок, ки аз бехи ман як шохи фаррух рӯид; Писарам Рустам ҷойи маро мегирад. ӯ бо писари паҳлавонаш матлабро дар миён гузошт: Ба Рустам чунин гуфт, к-эй пилтан, Ба боло сарат бартар аз анҷуман, Яке кор пеш асту ранҷи дароз, К-аз ӯ бугсилад хобу орому ноз. Туро нӯз, пуро, гаҳи разм нест, Чӣ созам, ки ҳангомаи базм нест. ҳанӯз аз лабат шир бӯяд ҳаме, Дилат нозу шодӣ биҷӯяд ҳаме, Нӯз, пуро (cid:) ҳанӯз, эй писар, Чӣ гуна фиристам ба дашти набард Туро назди шерону мардони мард?! Рустами ҷавон ба падараш чунин посух дод: (cid:) Эй номвар, чандест, ки ту маро фаромӯш кардаӣ, ҳол он ки ба гумонам, аз воқеаи пили сафед ва кӯҳи Сипанд огоҳ будӣ. Замон замони ҷанг аст ва ҷойи мард дар майдон. Душмани бераҳми хунхор омадааст, ки кишвари маро хароб ва халқи моро асир гардонад, дар ин вақт ман бо ин қуввату қудрате, ки дорам, агар ба қавли ту шодию базм ҷӯяму ба ҷиҳод барна- хезам, номардам, беҳамиятам. Маро ба ҷанги Афросиёб бифи- рист, падар. Зол аз гуфтори писараш хушнуд гашт, ба вай офарин хонд. Хоҳишашро пазируфт. (cid:) Маро гурзе мебояд, ки чун як пораи кӯҳ бошад, (cid:) гуфт Рустам. Падараш фармуд, гурзи Соми Наримонро, ҳамон гурзеро, ки падар то падар ба мерос омада, то ба Сом расида буду ҷаҳонпаҳлавон бо вай дар Мозандарон ва дар чандин разму набардҳои бузург корзор карда буд, оварданд, Зол онро ба Рустам супурд. ГИРИФТАНИ РУСТАМ РАХШРО (cid:) Акнун, (cid:) гуфт ҷаҳонпаҳлавон, (cid:) аспе даркор аст, ки маро бо ин гурзу ҷавшану сипару камандам бардорад. Дар Зобулистон асп кам набуд, лекин боз аз Кобулистон ҳам якчанд галаи аспони хушзотро оварда аз пеши Рустам гузарониданд. Вай дар онҳо доғи шоҳонро медид. ҳар аспе, ки Рустам ба пушти он даст мефушурд, қат шуда шикамаш ба замин мерасид. ҳамин тавр вай аспони якчанд галаро санҷид, ҳеҷ кадоми онҳо ба фишори дасти ӯ тоб оварда натавонист. Дар охир як модиёни тезтаки пуштфарохи фарбеҳсинаи кӯтоҳлинги миёнборик аз пеши ӯ гузашт, ки ду гӯшашро мисли ду ханҷари обдор рост карда медавиду якзайл ёли дарозу ғафсашро афшонда баланд-баланд шиҳа мекашид. Аз паси вай куррааш, ки ба қаду бару сурин баробари модараш буд, медавид, он тое буд: Сияҳчашму бӯрабрашу говдум, Сияҳхояву тунду пӯлодсум, Танаш пурнигор аз карон то карон Чу барги гули сурх бар заъфарон. Ба шаб мӯрча бар палоси сиёҳ, Бидидӣ ба чашм аз ду фарсанг роҳ. Ба неруй пилу ба боло ҳаюн, Ба заҳра чу шери куҳи Бесутун. Рустам ба он той каманд андохт, аммо галабони пир ӯро боздошт ва гуфт: (cid:) Эй меҳтар, ӯро магир, ки модараш бисёр хашмгин аст. Паҳлавон тойро пеш кашида нигоҳ кард, дар тани вай доғ надид, аз галабон пурсид: (cid:) Ин аспи кист, ки ҳар ду ронаш аз доғ холист? (cid:) Доғ маҷӯй, (cid:) посух дод галабон, (cid:) дар бораи ӯ ҳар гуна гуфтугӯ ҳаст. Модиён бо ин куррааш аз куҷое омада ба галаи ман даромад. Курра сесола аст. Соҳибаш кист, ман намедонам. Мо номи курраро Рахш ниҳодем. Модараш агар савореро бо каманд бубинад, чун шер ба вай дармеафтад. Бо ин оча-бача намедонам чӣ рози пинҳонӣ бошад. Ту аз ин модиёни аждаҳо- кирдор эҳтиёт бош, ки агар хашмгин шаваду ҳамла орад, дили шеру ҷигари палангро ба дандон медарад. ҳар гуна хатар хуни Рустамро ба ҷӯш меовард ва ӯ бемуҳо- бот худро ба он хатар мезад. ҳозир низ ҳамин тавр шуд, вай каманд андохт, гардани той ба ҳалқаи каманд омад. ҳамон лаҳза модиён шиҳаи пурғулғулае кашида сӯйи паҳлавон тохт, мехост ба дандон сари ӯро канад. Рустам шервор хурӯше баро- вард, модиён рамид, паҳлавон муште ба сараш зад, асп як ларзиду ғалтид ва боз фавран ба по ҷаста сӯйи гала равон шуд. Паҳлавон бо каманд Рахшро сӯйи худ кашид ва ба пушти вай даст фушурд, пушташ хам нахӯрд. «Ин аст аспи савории ман!» (cid:) ба дилаш гуфт Рустам ва яке ҷаста бар вай нишаст. Аспи гулранг ба тундӣ ҷастухез кард, то саворро аз пушташ барафканад, аммо натавонист. (cid:) Асп не, аждаҳост ин! (cid:) ба завқ омад Рустам ва аз галабон пурсид: (cid:) Баҳои инро кӣ медонад? Ба чанд мефурӯшӣ? (cid:) Агар ту Рустам бошӣ, (cid:) гуфт галабон, (cid:) бигиру бирав. Баҳои ин тамоми мулки Эрон аст. Ту бо Рахш кори Эронза- минро рост мекунӣ. (cid:) Шод бош, бобо, (cid:) хушнудона изҳори миннатдорӣ кард паҳлавон, (cid:) ин некии туро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Агар аз ман нагардад, Худованд ба ту мегардонад. ӯ гулрангро ба зин даровард. Аспи пӯлодсуми филқудрати оҳусуръат, ки тани паҳлавонро бо гурзу сипару ҷавшану каман- даш кашида кӯҳу биёбон мепаймуд, гӯё саворашро ба майдон, ба разму набард мехонд. Шиҳаи раъдосои вай аз чанд мил шунида мешуд. Ниҳоят зирак ва хушфаҳм буд, ки аз камтарин ҷунбиш ё ишораи савораш ба мақсади ӯ пай мебурду амал мекард. Шабҳо ба Рахш аз чашми бад испанд месӯхтанд. БА АЛБУРЗ АЗ ПАЙИ КАЙқУБОД Рӯзи баҳор, фасли гулу лола, дар Зобул хурӯши таблу дуҳулу карнайҳо растохезе барпо карда буданд, бонгу ғулғулаю ҳаёҳу мурдаро ба по мехезонд. Дусад ҳазор сипоҳи Золи Дастон бо жандапилони ҷангӣ аз Зобул баромада ба тарафи Рай, ба ҷанги сипоҳи истилогари Афросиёб ҳаракат мекард. Аз он ҷониб Афросиёб ҳам лашкарашро ба муқобили сипоҳи Зол баровард. Лашкарҳои тарафайн аз якдигар ба фосилаи ду фарсанг қарор гирифтанд. Золи Зар сарони сипоҳи худро ба наздаш хонда гуфт: (cid:) Бе шоҳ кори мамлакату сипоҳ бесару нӯг аст. Акнун мо бояд аз нажоди каён шоҳе бихоҳему бар тахти Эрон биншо- немаш. Мубадон ба ман номзади бофарру шукӯҳеро нишон доданд, ки номаш Кайқубод аст, аз нажоди Фаридун. Бошиш- гоҳаш дар Албурзкӯҳ аст, ӯро бояд ба шоҳӣ даъват кард. Кай (cid:) лақаби шоҳони Эрон баъд аз Фаридун. Рафтан ба Албурзкӯҳ ва овардани Кайқубод ба Рустам вогузор шуд. Зол ба ӯ фармуд: (cid:) Аз лашкар гурӯҳеро ҳамроҳ бигиру бирав. Ба Кайқубод бигӯ, ки сипоҳи Эрон ӯро ба шоҳӣ хост. Беист роҳ бипаймо ва ба ду ҳафта шоҳро дар ин ҷо ҳозир бикун. Рустам дар сари як даста саворон ба роҳ афтод. Роҳи ӯ ба Албурзкӯҳ аз болои вилоятҳое мегузашт, ки дар забти душман буда, дар онҳо дастаҳои лашкари Афросиёб тох- тутоз доштанд. Ба паҳлавони ҷавон коре бас душвор супурда шуда буд. Фавҷе аз тӯронсипоҳ сари роҳи Рустамро гирифта, ба вай ҳамла овард. Рустам гурз ба даст, Рахшро барангехт ва худро чун пили дамон ба қалби душман зада даҳшате барпо кард. қалби сипоҳи душман рахна шуд, паҳлавон шервор наъра мезаду ба чапу рост гурз мекӯфт ва дар ҳар кӯфтан чандин саворро сарнагун месохт. ҷанговарони тӯронӣ ибтидо ҳамла- ҳои далерона карданд, куштанд ва кушта шуданд, аммо баъд дар гурзи даҳшатангези Рустам аҷали худро қоим дида ҳаросон шуданд ва рӯ ба гурез оварданд. Онҳо афгору хуншор ба лашкаргоҳи Афросиёб баргаш- танд. Сарлашкари Тӯрон чун аз воқеа огоҳӣ ёфт, қулун ном саркардаи далери худро бо як гурӯҳи калони саворони яккачин ба нигоҳбонии роҳ фиристод, то ки ҳангоми бозгашти Рустам ба ӯ бубандад. Рустам аз ҳарбу зарби сари роҳ фориғ шуда бо шитоб пеш рафт. Дар қарибии Албурзкӯҳ вай ба ҷӯйборе расида, дар канори ҷӯйбор бӯстони пурсафое дид. Дар лаби об як гурӯҳ мардони паҳлавоннамои зарринкамар базми шоҳворе ороста буданд ва шароб менӯшиданд, дар байнашон ҷавоне чун моҳи тобон бар тахт нишаста буд. Онҳо паҳлавони богурзу камандро дида, ӯро ба хони зиёфат таклиф карданд. Рустам ташаккур кард ва гуфт, ки ӯ бо кори таъҷилӣ ба Албурзкӯҳ шитоб дорад. Пурсиданд- чӣ кори таъҷилӣ? Гуфт: (cid:) «Ман бояд дар он ҷо Кайқубоди фаридуннажодро пайдо кунам» Пурсиданд: (cid:) «ӯро мешиносӣ ва манзилашро медонӣ?». Гуфт: (cid:) «На». ҷавони тахтнишин гуфт: (cid:) «Мо ҳама хайли Кайқубодем, фуруд ой ва меҳмони мо бош, мо туро сӯйи Кайқубод раҳнамоӣ мекунем». Рустам фуруд омад, ҷавон ӯро дар паҳлуи худ нишондода ҷоми шаробаш дод ва пурсид: (cid:) Эй паҳлавон, ту кистӣ? Номи Кайқубодро аз кӣ шунидӣ? Ба ӯ чӣ кор дорӣ? ҷавоб дод, ки: (cid:) Ман писари Золи Дастонам. Эрон бе шоҳ монда, тамоми кишварро душман пахш карда, дар ҳар хона азо ва шеван аст. Бузургони мамлакат Кайқубодро ба шоҳӣ хостанд. Падарам маро фармуд, ки бе камтарин таъхиру диранг ӯро ёфта ба пойтахт биёрам. Агар ту ба сӯйи ӯ роҳнамоям шавӣ, бар ман миннат мениҳӣ. Дар чеҳраи ҷавон табассум ях кард; ёронаш ҳама якбора ба по хеста ба ӯ таъзим карданд. ӯ ба Рустам гуфт: (cid:) Эй сарафроз, Кайқубод манам. Рустами Дастон ва сипоҳаш назди Кайқубод замин бӯси- данд. Дастон ба вай дуруди Золи Зарро расонд. Онҳо дар биёбони Кавир ба сипоҳи қулун бархӯрданд, ки сари роҳро гирифта буд. қубод шамшерро аз ниём кашид ва хост пешопеши сипоҳи худ разм кунад, лекин Рустам ӯро нигоҳ дошт: (cid:) Туро разм ҷустан нашояд. Ману Рахшу ин гурзу каманд ва ин сипоҳи сафдар на барои онем, ки ҷони киромии шоҳро ба хатар андозем. Инро гуфта, ҷавонпаҳлавон чун деви азбандҷаста бар си- поҳи душман тохт. ҷанговаронаш шамшерҳои хунрезро бараҳ- на карда, аз паси ӯ ба ҳуҷум афканда шуданд. қулун чун бод ба Рустам ҳамла оварда бо зарби найза банди ҷавшанашро канда партофт. Рустам найзаро аз дасти ӯ рабуда ба худаш зад, қулун аз зин парида лагадкӯби Рахш гардид. (cid:) Офарин, Таҳамтан! (cid:) ба Рустам хитоб кард қайқубод. Аз ҳамон рӯз Таҳамтан, яъне паҳлавони бузург ва беҳамто, лақаби Рустам гардид. Бақияи сипоҳиёни қулун ҷасади солори худ ва мақтулу маҷрӯҳонро ба кафтору каргасони лошахӯр ҳавола карда, рӯ ба гурез ниҳоданд. Кайқубод тандурусту шод ба лашкаргоҳи Зол расид ва бар тахти каёнӣ нишаст. МУҳОРИБА. қОРАНИ БАҳОДУР Пас аз тантанаи тахтнишинии шоҳи нав сипоҳи Эрон аз ҷой ҷунбид. Ба муҳориба саф оростанд: майманаро Меҳроби кобулӣ майсараро паҳлавон Густаҳам ва қалби лашкарро қорани Кова сардорӣ карданд. Пешопеши лашкар Рустам ва аз паси ӯ паҳлавонони дигар, дар пушти онҳо Золи Зар бо Кай- қубод мерафтанд. ҷанги шадиде оғоз ёфт. Сараввал қаҳрамонони чандин муҳориба, фотеҳи Дижи Алон, қоран чандон корзор кард, ки ҳатто Таҳамтан аз ӯ дар ҳайрат монд. қоран дар анбӯҳи душманон бо шамшеру гурзу синон меҷангид, гоҳ ба рост ва гоҳ ба чап метохт ва дар ҳар ҳамла даҳ-дувоздаҳ савораи Афросиёбро ба хоку хун меафканд. Лашкаркаши тӯронӣ паҳлавон Шамосос, он ки чордаҳ сол пеш дар биёбони Зобул сипоҳаш ба дасти қоран рӯ ба рӯ омад ва шамшер кашида ба қасди ҷони ӯ тохт, аммо ҷони худро ба теғи обдори қоран бохт: Чунин аст кирдори гардуни пир, Гаҳе чун камон асту гоҳе чу тир. НАБАРДИ РУСТАМ БО АФРОСИЁБ қоран барои Рустам намунаи диловарӣ гардид. ҷавонпаҳ- лавон дар корзори қоран дид, ки сози разму набард чӣ гуна мешавад. ӯ назди падараш омада пурсид: (cid:) Афросиёб, он марди бад- андеш, он кони фитнаю офат рӯзи ҷанг дар куҷо меистад, чӣ ме- пӯшад, дирафши худро дар куҷо меафрозад, ки ман мехоҳам ба ӯ сарпанҷа занам? (cid:) Рӯзи ҷанг вай одатан дар як ҷо намеистад, (cid:) посух дод Зол. (cid:) Дирафшаш сиёҳ аст, хафтонаш ҳам сиёҳ; кулоҳаш Хафтон (cid:) ҷомаи ҷанговарон, ки аз зери зиреҳ мепӯшиданд. пӯлодин, ронаш ҳам пӯлодпӯш, рӯйи пӯлод бо зарҳал пӯшонида. Ту ҳушёр бош, писар: Афросиёб чунон гурди размоварест, ки аз ҳайбаташ гурдаи наҳанг мекафад. (cid:) Ман бо ӯ набард мекунам, (cid:) гуфт Рустам. Ба фармони ҷонофарин як Худой, Агар кӯҳ бошад, барорам зи ҷой; Маро ҷуз бад-ӯ нест имрӯз ҷанг. Ману гурзу майдони пури Пашанг. Рахши пӯлодсумро барангехта, хурӯшону дамон сӯйи тӯ- ронсипоҳ тохт. Афросиёб ӯро дида аз гурдони худ пурсид: (cid:) Ин ҷавони аждаҳокирдор кист? Гуфтанд: (cid:) Бо гурзи Сом омадааст, маълум мешавад, ки писари Золи Дастон аст. (cid:) Рустам?! (cid:) Афросиёб чун киштии оббури мавҷафкан аз байни сипоҳ ба пеш баромад. Таҳамтан ӯро аз нишонаҳояш шинохт, ба паҳлуи Рахш рон фушурд ва гурзи гаронро ба гардан баровард. Ба Афросиёб расида гурзро гузошту яке ба камарбанди ҳариф чанг андохта ӯро аз зин ҷудо кард, мехост кашон-кашон пеши Кайқубод барадаш, лекин нохост камарбанд канда шуду Афросиёб ба замин ғалтид, ҳамон лаҳза саворони тӯронӣ атрофашро печон- да гирифтанд. Сайд аз чанги Рустам ҷаст. Таҳамтан ба ҳасрат пушти даст газид, ки: (cid:) «Э дареғ, чаро бағал карда нагирифтаму аз камар- бандаш кашидам!». Афросиёби сахт латхӯрдаву дар хок ҷӯлидаро ҷанговаро- наш бағал карда бурданд. Сипас ӯ савор шуда ба роҳи биёбон ақиб рафт. Тӯрониҳо аз мағлуб ва ғариб ҳалок гардидани шоҳи худ дилшикаста шуданд. Сипоҳи Эрон якбора ба ҳуҷум гузашт: Баромад хурӯшидани доругир, Дурахшидани ханҷару захми тир. Зи сумми сутурон бар он паҳндашт Замин шаш шуду осмон гашт ҳашт. Лашкари Тӯрон тоб наёвард, шикаст хӯрд ва ҳазимат кард. Фирдавсӣ ҷавлони Рустамро дар он ҷанг бо байти машҳури худ тасвир карда мегӯяд, ки ӯ: Буриду дариду шикасту бибаст Ялонро сару синаву пою даст. Ба ҳамин тарз Рустами Дастон ба гоҳи сахттарин бадбахтӣ ва мусибате, ки ба сари ватанаш омада буд, ба майдон баро- мада, дар роҳи озодӣ ва истиқлоли он мардона корзор кард ва қаҳрамониҳои ҳайратбахше аз худ ба зуҳур овард. Тӯроншоҳ Пашанг бо исрори Афросиёб, барои пешгирӣ аз тамоман қир шудани лашкари Тӯрон, аз Кайқубод сулҳ хост. Кайқубод ба сулҳ розӣ шуд. Лашкари Тӯрон ба ватани худ бар- гашт ва дар Эронзамин боз осоишу амонӣ барқарор гардид. ДОСТОНИ «РУСТАМ ВА СУҳРОБ» ШИКОР Як пагоҳ Рустам аз хоб бархоста фикр кард, ки имрӯз чӣ коре дар пеш аст. Коре дар пеш набуд. На разм буду на базм. Паҳлавон зиқ шуд. қарор дод, ки ба шикор дилашро хуш кунад. Таркашро тир пур кард ва гурзу камону камандро гирифту бар Рахши пилтан нишаста паи нахчир сӯйи марзи Тӯрон рӯ ниҳод. Ба наздикии Самангон, ки шаҳре аз шаҳрҳои Тӯрон буд, расида, даштро пур аз гӯр дид. Зуд якчанд гӯрро ба тиру каманд шикор кард. Он гоҳ аз хасу хор гулхане барафрӯхт, дарахтеро афтонда шохи калонашро тарошид ва наррагӯреро бар он кашида дар оташ бирён карду канда-канда хӯрдан гирифт. Чун сер шуд, Рахшро дар марғзор ба чаро сар дод ва худаш зинро зери сар гузошта ба хоб рафт. ГУМ ШУДАНИ РАХШ Чанде аз саворони тӯронӣ, ки аз он дашт мегузаштанд, дар марғзор нақши суми аспро дида аз паяш афтоданд. Вақте ба вай расиданд, аспи кӯҳпайкаре диданд, ки чун наррашер ёл афрохта дар дашт мечарид. Аз ҳар сӯ бар вай тохта каманд андохтанд. Рахш ғуррон шуда худро ба саворон зад, якеро бо дандон сар аз тан биканд ва дигареро бо лагад бар хок афканд. Аммо дар охир сараш ба каманд омада асир афтод. Саворон гардани ӯро дар ҳалқаи каманд фушурда кашон-кашон бур- данд. Рустам бедор шуда ба ҳар сӯ нигоҳ кард, Рахшро надид. Дар гирду атроф ӯро ҷуст, наёфт. Акнун пиёда бо гурзу камону таркаш даштро чӣ тавр паймояд ва таънаи мардумонро чӣ гуна бардорад, ки хоҳанд гуфт: (cid:) «Рустам хуфта ва аспашро дуздон- дааст?». Таҳамтан ба ҳамин хаёл буд, ки чашмаш дар хок ба паи Рахш ғалтид. Аслиҳаро бар дӯш гирифта бо хотири парешону табъи хира дар паи аспаш равон шуд. ДАР КОХИ ШОҳИ САМАНГОН Чу наздики шаҳри Самангон расид, Хабар з-ӯ ба шоҳу бузургон расид, Ки омад пиёда гави тоҷбахш, Ба нахчиргаҳ з-ӯ рамидаст Рахш. Пазиро шудандаш бузургону шоҳ, Касе, к-ӯ ба сар барниҳодӣ кулоҳ. ҳамегуфт ҳар кас, ки ин Рустам аст, Ва ё офтоби сапедадам аст? Пиёда бишуд пеши ӯ зуд шоҳ, Бар ӯ анҷуман шуд фаровон сипоҳ. Шоҳи Самангон ӯро ситоиш кард ва хайрамақдам гуфт: (cid:) Хуш омадӣ, эй ҷаҳонпаҳлавон, мо ба дидори ту шод ва сарафрозем, дар ин шаҳр мо ҳама дӯст ва хайрхоҳи туем, тану ҷони мо фидои ту ва ҳар чӣ дорем, они туст. Чӣ рӯй дод, ки пиёда омадӣ? Рахши ҷаҳонпаймоят куҷост? Гуфтори шоҳ бадгумонии Рустамро аз дилаш баровард. (cid:) Хуфта будам, (cid:) гуфт, (cid:) чун бедор шудам, Рахшро дар марғзор надидам. Аз паяш, ки дар хок пайдо буд, афтодам, паяш маро ба Самангон овард. Бегумон, Рахши ман дар ин шаҳр аст. Ту бояд ӯро биҷӯӣ. Агар ёфтӣ, миннат мениҳӣ ва подоши сазовор меёбӣ, вагарна ҳамаи шумо бо теғи ман сарукор хоҳед дошт. (cid:) Хотири Таҳамтан осуда бошад, (cid:) гуфт шоҳ, (cid:) ҳоҷати тунду тез шудан нест, Рахши Рустам пинҳон нахоҳад монд, мо вайро меҷӯему меёбем. ҷаҳонпаҳлавон имшаб ба хонаи ман меҳмон шавад, то ба шукронаи дидор бода нӯшему шодӣ кунем. Дар бомдод Рахш ин ҷо хоҳад буд. Рустам қабул кард, шоҳ ӯро ба кохаш бурда маҷлиси зиёфату базми бошукӯҳе орост. ТАҳМИНА Чун зиёфат ба поён омад, Рустам шоду хуррам дар хонаи махсусе, ки барояш ороста буданд, ба хоб рафт. Посе аз шаб гузашт, дар кох ҳамаро хоб бурда буд, ногаҳон ба гӯши Рустам аз паси дар нарм-нарм овози гуфтугӯ ва шарфаи по расид, сипас дар оҳиста боз шуда, зане бо ходимае шамъ ба даст орому оҳиста ба дарун даромад. Рустам сар боло кард, то бидонад кист ва чӣ мехоҳад; духтаре дид нозукандом ва гулрухсор, ки дар нимторикии хона чун ситораи рахшон метофт; ба дилаш гуфт: (cid:) «Худовандо, ин хоб аст ё бедорӣ?». Ходима ғоиб гашт. Таҳамтан аз духтар пурсид: (cid:) Кистӣ? Чӣ мегӯӣ? Рухсори гулгуни духтар аз шарм гулгунтар шуд. (cid:) Таҳминаам ман, (cid:) гуфт, (cid:) духтари шоҳи Самангонам. (cid:) ҳаргиз марде рӯйи маро надида ва овозамро нашунида буд. (cid:) Пас назди ман чаро омадӣ? Чеҳраи духтар барафрӯхт. Гуфт: (cid:) Басо достони туро аз ҳар касе мешунидам: Ки аз деву шеру палангу наҳанг Натарсию ҳастӣ чунин тезчанг. Бидаррад дили шеру чарми паланг ҳар он гаҳ ки гурзи ту бинад ба ҷанг. Бараҳна чу теғи ту бинад уқоб, Наёрад ба нахчир кардан шитоб. Нишони каманди ту дорад ҳижабр Зи бими синони ту хун борад абр. Чунин достонҳоро мешунидаму ба диловарӣ ва зӯри бозуи ту офарин мехондам ва дидоратро орзу мекардам. Сипос ба Яздон, ки туро ба шаҳри мо овард ва маро ба орзуи деринам расонд. Инак, ман хирадро қурбони ҳавас карда ба пешат омадам. Орзуи дигарам ин ки Офаридгор аз ту ба ман фарзанде ато кунад, ки ба зӯру тавоноӣ монанди ту бошад ва монанди ту дар ҷаҳон ном барорад. Куҷост марде, ки аз духтари маъсумаи ҳурлиқое чунин суханони пок ва бошарофатро шунаваду дилашро бой надиҳад? Таҳамтан таслим шуд. Ба хидматгороне, ки шоҳ барои ӯ гумошта буд, фармуд мубадеро дар наздаш ҳозир карданд; мубад бо хоҳиши Рустам духтарро барои вай аз падараш хост- горӣ кард. Шоҳи Самангон бо шодӣ ва ифтихор, аз ин ки сари паҳла- вонони замон домоди вай мешавад, ҷашни арӯсии бошукӯҳе ороста, духтарашро ба никоҳи Таҳамтан даровард. Зану шавҳари хушбахт танҳо як шаб бо ҳам буданд. Пагоҳӣ Рустам аз хона баромада Рахшро ба дараш ҳозир дид. ӯ бояд ба Эрон бармегашт. Дар он ҷо падару модари пираш, дӯстонаш ва хидмати шоҳ дар интизори ӯ буданд. Бозубанде аз гавҳар дошт, онро аз бозуяш бароварда ба Таҳмина дод ва гуфт: (cid:) Инро нигоҳ дор. Агар фарзанди мо духтар омад, инро ба гесуяш бидӯз, ва агар писар ёфтӣ, дар бозуяш бубанд, то нишоне аз падар дошта бошанд. ҳижабр (cid:) шер. Сипас занашро дар бар гирифта аз сару рӯяш бӯсид ва хайрбод кард, падарарӯсашро ба ҷиҳати меҳмоннавозии ӯ сипос гуфт ва Рахшро савор шуда ба роҳи бозгашт рӯ овард. Таҳмина зору гирён монд. ЗОДАНИ СУҳРОБ АЗ МОДАР Нуҳ моҳ бар ин баромад. Таҳмина ба орзуяш расид, писаре чун моҳи тобон зоид. Писарак ба чеҳра монанди падараш буд. Бо меҳри рӯз- афзуни модар, бобо ва дояҳо парвариш меёфт. Чун якмоҳа шуд, кӯдаки яксоларо мемонд, дар сесолагӣ ба майдон асп метохт. Дар панҷсолагӣ бо навҷавонон зӯрозмоӣ мекард. Чун даҳсола шуд, китфу бозуи ҷавонони расида ва зӯри паҳлавонон дошт, дар саворию тирандозию шикору набардозмоӣ ҳеҷ марде аз мардони он сарзамин бо ӯ баробар намеомад. Вай нахле буд аз решаи чанор ва ҳамчун чанор тана мемонду қад мекашид. ПУРСИДАНИ СУҳРОБ ПАДАРИ ХУДРО Аммо Суҳроб падарашро надида буд ва кӣ будани ӯро намедонист. ӯ дар Тӯронзамин мезист ва Рустам дар Зобулис- тони дур. Таҳмина аз бими подшоҳи Тӯрон (cid:) Афросиёб номи Рустамро пинҳон медошт. Афросиёб, ки душмани хунии Рустам буд, агар хабар меёфт, ки ҷаҳонпаҳлавони эронӣ дар Тӯрон- замин фарзанде дорад, метавонист ба Суҳроб осебе расонад. Рӯзе Суҳроб аз назди ёрони ҳамбозии худ оташин баргашта бо модараш ба тундӣ сухан ронд. (cid:) Бигӯ, аз нажоди киам ман? Падарам кист? Охир, ба зӯри бозу, аспсаворию тирандозӣ касе ҳамбози ман нест, аммо зоту насаби худамро намедонам, падарамро намешиносам. Марду- мон пурсанд, ки «фарзанди кистӣ?», чӣ ҷавоб диҳам? То кай ту ин розро аз ман пинҳон медорӣ? Агар кӣ будани падарамро ба ман нагӯйӣ, дигар аз ман меҳри фарзандӣ чашм мадор. Таҳмина донист, ки дигар ин розро аз писараш пинҳон дошта наметавонад. Гуфт: (cid:) Тез машав, Суҳроб. Шод бош, ки ту фарзанди Рустами Дастонӣ, аз нажоди Соми Наримонӣ. Фахр кун, ки падарат ҷаҳонпаҳлавон ва сари баҳодурони замон аст. Аз бозе ки Офаридгор оламро офарид, оламиён мисли ӯ паҳлавонеро надидаанд. ӯ фотеҳи душманони Эронзамин, нигаҳбони киш- вар ва посбони тахти шоҳ Кайковус аст. Рустам вақти зодани Суҳроб ба Таҳмина номае бо се пора ёқут ва се бадра зар фиристода буд, Таҳмина он нома ва зару ёқутро ба Суҳроб нишон дода суханашро давом дод: (cid:) Бингар, инак паём аз падарат ва инҳо ҳадяи ӯянд ба ману ту. Аммо зинҳор ту ин розро пинҳон бидор, ки мабодо Афросиёб огоҳӣ ёбад. Вай ки аз падарат зарбаҳо хӯрда ва шикаст ёфта буд, душмани хунии ӯст, агар туро бишносад, мабод ки интиқоми падаратро аз ту гирифтанӣ шавад. АЗМИ СУҳРОБ Огаҳӣ аз рози куҳан Суҳробро ба ҳаяҷон андохт. ӯ хитоб кард, ки: (cid:) Чӣ ифтихори бартар аз ин аст? Диловариҳои Рустам дар олам достон шудааст, касе, ки нажод аз Рустам дошта бошад, чаро бояд пинҳон ва гумном бимонад? То Рустам дар ҷаҳон ҳаст ва чун ман фарзанде дорад, чаро Афросиёбу Кайковус бояд подшоҳӣ кунанд? ҷаҳонпаҳлавоне чун Рустам дар Зобу- листон нишинаду Кайковуси камхирад бар тахти Эрон? Ё ки Афросиёби ношуди бадкин бар тахти Тӯрон? На, бо ин ҳол созиш кардан раво нест. Ман аз далерони Тӯронзамин сипоҳе гирд меоварам ва ба Эрон метозам, Ковусро сарнагун мекунам, падарамро меёбам ва бар тахти шоҳаншоҳии Эрон мешинонам, сипас ба Тӯронзамин лашкар мекашам, Афросиёбро аз тахт бармеандозам ва ин кишварро ҳам мулки Рустами Дастон мегардонам. То хуршеду моҳ ҳастанд, чаро бояд ситорагон сарварӣ кунанд? Таҳмина гуфтори писари диловарашро бо шодӣ ва ифти- хор мешунид. ИНТИХОБИ АСП Суҳроб боз гуфт: (cid:) Акнун маро аспе мебояд, ки суми хорошикан, неруи пилон ва чобукии оҳувон дошта бошад. Бобояш (cid:) шоҳи Самангон фармуд, ки галаҳои аспонро аз пеши Суҳроб гузаронанд, то вай аспи дилхоҳашро интихоб кунад. Галаҳоро аз кӯҳу дашт оварданд. Суҳроб бо каманд ба миёни аспон даромад. ӯ ҳар асперо, ки ба назараш шоиста менамуд, бо каманд мегирифт ва айнан мисли оне, ки падараш Рустам дар ҷавонӣ ҳангоми интихоби асп карда буд, бар пушти он асп даст мефушурд ва ҳар бор ки чунин мекард, шиками асп ба замин мерасид. Аз фишори дасти ҷавонпаҳлавон пушти аспони бисёре бишкаст. Паҳлавони ҷавон аспи матлубашро наёфта ғамгин шуд ва ин ғамгиниаш ба маъюсӣ мегузашт, агар яке аз мардони шаҳр ба ӯ чунин муждае намерасонд: (cid:) Ман, (cid:) гуфт он мард, (cid:) тое дорам, ки наслаш аз Рахши Рустам аст, чун бод медавад ва чун барқ меҷаҳад, аз кӯҳу дашту дарё шоҳинвор паррон мегузарад. Неруи шер ва заҳраи бабр дорад. Агар фармоӣ, ба хидматат меоварам. Аз ин мужда рухсори Суҳроб шукуфт. Аспро наздаш овар- данд, Суҳроб бо қуввате ки дошт, ба миёни вай даст фушурд, асп чун кӯҳ устувор истод. ҷавонпаҳлавон вайро бинавохт, зин кард ва савор шуд. Он гоҳ ба гирд овардани сипоҳ пардохт. Барои лашкар- кашӣ ба Эрон аз бобояш ёрӣ хост, шоҳи Самангон лавозимоти сафару ҷангро барояш муҳайё сохт. ТАДБИРИ АФРОСИЁБ Ба подшоҳи Тӯрон Афросиёб хабар расид, ки дар шаҳри Самангон паҳлавони рустамзоде сар бардошта ва лашкар гирд овардааст, мехоҳад бо шоҳи Эрон ҷангида, ӯро аз тахт ғалтонаду ба ҷояш падари худро биншонад, аммо падарашро ҳаргиз надидааст. Афросиёб ба андеша рафт, ки чӣ бояд кард, ва сипас дар фикраш нақшае кашиду хурсанд шуд. Сипоҳдорони худ ҳумон ва Бормонро пеш хонда гуфт: (cid:) Хуб аст, ки Суҳроб падарашро намешиносад, аз ин бояд истифода бурд. Шояд ин наррашер душмани хунии ман Рустамро аз пой барандозад. Шумо бо сипоҳ назди Суҳроб биравед ва ӯро ёрӣ кунеду ҳамроҳаш ба Эрон равон шавед. Он ҷо коре кунед, ки Суҳроб падарашро нашиносаду бо сипоҳи Эрон ба ҷанг дарояд. ҳамин тавр ки шуд, ночор Рустам бо Суҳроб набард хоҳад кард. Магар Рустам ба дасти ин диловар кушта шаваду мо аз осеби он паҳлавон раҳо ёбем. Рустам, ки нест шуд, ман Эронро ба осонӣ фатҳ ва Кайковусро сарнагун мекунам ва пас аз он Суҳробро ҳам аз миён мебардорам. Аммо агар Суҳроб дар набарди Рустам кушта шавад, Рустами пир аз марги фарзандаш дилшикаста хоҳад шуд, ки ин ҳам ба коми мост. Шумо ба Суҳроб аз ман паёму нома ва ҳадяҳои гарон- баҳо мебаред. Чун ҳамроҳаш ба Эрон тохтед, ҳушёр бошед. Номаи Афросиёб ба Суҳроб саросар меҳрубонӣ ва некхоҳӣ буд, навишта буд, ки: (cid:) «Зебандаи тахту тоҷи Эрон туӣ, агар бар тахти Эрон нишинӣ, дар замона осоишу амонӣ ҳукмрон хоҳад шуд, Эрон аз Самангон он қадар дур нест. Инак, ман лашкаркашони бузурги худ ҳумон ва Бормонро ба ёрии ту равона кардам ва ҳар чӣ қадар сипоҳ хоҳӣ, мефиристам. Ба лашкари Кайковус зафар ёбӣ, Эрон аз они туст». Суҳроб аз номаю ҳадяҳои Афросиёб шод шуд ва ҳумону Бормонро нағз пазироӣ кард. Таҳмина ҳангоми видоъ бо писар пораи гавҳареро, ки Рустам ба вай супурда буд, ба бозуи Суҳроб баст ва гуфт: (cid:) ҷони модар, туро ба паноҳи Яздон супурдам. Тандуруст ва фотеҳ ба ман баргард. Рустам ин гавҳарро ба ман дода, васият карда буд, ки ба бозуи ту бандам. Падарат туро аз рӯйи ҳамин нишона хоҳад шинохт. Тағоят Жандаразмро ҳамроҳи ту мефиристам, ӯ Рустамро дидааст ва мешиносад; чун ду лашкар ба ҳам наздик шуданд, ӯ Рустамро ба ту нишон медиҳад, то ки ту аз падарат ғофил намонӣ. Сипас Таҳмина писарашро дар оғӯш гирифта, аз сару рӯяш бӯсид ва гирёну сӯзон ба сафар гуселаш кард. ГИРИФТОР ШУДАНИ ҳАҷИР Лашкар ҷониби Эрон ҳаракат кард. Суҳроб пешопеши сипоҳи худ асп меронд. Эрониён дар сарҳадди шимоли шарқии кишвари худ қалъае доштанд устувор ва баланд, ки онро Дижи Сапед мегуфтанд. Ду сипоҳдор ва паҳлавони эронӣ (cid:) Гуждаҳам ва ҳаҷир он ҷо дижбон буданд. Дар биёбон аз сӯи Тӯронзамин гарди паҳну ғализе бархост ва сипас аз миёни гард сипоҳе савораву пиёда бо пилону шутурон намудор гашт. Дижбонҳо донистанд, ки лашкари Тӯрон меояд. Паҳлавон ҳаҷир зуд ҷомаи разм пӯшиду савор шуда ба майдон тохт. Лашкари Суҳроб ба наздикии Дижи Сапед расида бозистод. ҳаҷир чорнаъл асп тозонда рафт ва овоз дод, ки: (cid:) Дар сипоҳи Тӯрон паҳлавони далер кист, то барояду бо ман набард кунад? Суҳроб чун бод аз лашкар берун тохт ва бонг зад: (cid:) Эй савори нагунбахт, ту кистӣ ва ному нажодат чист? Магар аз ҷон сер шудаӣ, ки танҳо ба ҷанг омадаӣ? Хуб, акнун пойдорӣ бикун ва набарди мардонро бубин! (cid:) Ба ҷанги ту маро ёр даркор нест, (cid:) посух дод ҳаҷир, (cid:) ман паҳлавон ва сипоҳдор ҳаҷирам, ҳам акнун саратро аз танат меканаму назди шоҳаншоҳ мефиристам, танатро пеши каргасон меафканам! Суҳроб хандиду оташвор бар вай тохт. ҳаҷир найза андохт, найзааш ба ҳариф нахалид. Суҳроб сари найзаи ӯро қапида бар камари худаш зад ва сипас ба ӯ дарафтиду аз зин бардошта чун як лахти кӯҳ бар заминаш кӯфт, сарашро буриданӣ шуд, ҳаҷир тоб хӯрд ва зинҳор хост, Суҳроб даст нигоҳ дошт ва зинҳор дод, фармуд то ӯро дар банд андохта ба лашкаргоҳ назди ҳумон фиристоданд. ГУРДОФАРИД ҷанговарони Дижи Сапед, ки аз боло набарди он ду танро назора мекарданд, аз асир афтодани паҳлавони номдори худ ғамгин шуданд. Гуждаҳами дижбон духтаре дошт, Гурдофарид ном, далер ва размовар, ки захми тиру шамшерашро душманони Эрон- замин на як бору ду бор озмуда буданд.ӯ ба нанги гирифтории ҳаҷир тоб наёвард, зиреҳ бар тан пӯшид ва силоҳи разм бар- дошт, гесувонашро зери кулаҳхӯди румӣ пинҳон кард, бар аспи тезтак барнишаст ва аз дари диж тирвор бадар рафта ба разм- гоҳ тохт ва ба лашкари Суҳроб нидо андохт, ки: (cid:) Солори шумо кист ва паҳлавон кадом аст? Барояд, бо ман набард кунад! Суҳроб лабханде зад, ки инак, боз як нахчир ба дом омад, ӯ чун бабр пеш ҷаҳид. Гурдофарид камонро зеҳ карда ӯро ба зери тирборон гирифт. Суҳроб дар паноҳи сипар хашмгин ба болои вай асп ронд. Гурдофарид камонро бар бозу овехта, бо найза ҳамла бурд. Суҳроб ҷавони зебочеҳраи диловареро дар муқо- били худ дид. ӯ низ найза рост карда пеш тохт ва сахт бар камаргоҳи Гурдофарид зад, духтари ҷанговар, чун гӯй аз зарби чавгон, аз зин як қад парид, аммо худро набохт, чобук шамшер аз ниём кашиду бар миёни найзаи Суҳроб зад, найза ду ним шуд, аммо Гурдофарид донист, ки ёрои набарди Суҳробро надорад, инон сӯи диж тофт ва маҳмиз зад. Суҳроб дид, ки сайд аз чанги ӯ мегурезад, аз қафояш асп монд ва расиду яке ба кулаҳхӯдаш чанг зада онро аз сари савор баргирифт. Гесувони сиёҳи Гурдофарид бар пушташ ёзид. Суҳроб дар ҳайрат монд, донист, ки бо духтаре набард карда- аст. Гурдофарид ҳамоно гурезон буд, Суҳроб каманд аз фитрок кушода ба сӯяш андохт ва ӯро ба банд овард. Таҳамтанзоди номҷӯй духтарони зеборо бисёр дида буд, аммо духтареро, ки дар вай зебоии париёна бо диловарии баҳо- дурона ҷуфт шуда бошад, бори аввал медид. Меҳре бар вай дар дилаш нишаст. Гурдофарид гуфт: (cid:) Эй паҳлавон, чашми ду лашкар ба сӯйи мост, дар майдон дер истодани мо шоиста нест. Ба ту хоҳанд хандид, ки бо духтаре ин қадар андармон шудӣ. Бо ҳам пинҳонӣ созиш кунем, беҳтар аст. Агар ту хоҳони диж бошӣ, ман коре мекунам, ки онро ба ту гузоранду лашкари диж ҳам ба ту таслим шавад. Дигар маро нигоҳ надор. Суҳроб қабул кард ва аммо духтари ҷанговарро огоҳӣ дод, ки: (cid:) Хабардор бош, паймонатро нашикан, ки дижро зеру забар мекунам. Неруи маро озмудӣ. Инро гуфта асираи нозанинро раҳо кард. Гурдофарид рӯ ба диж ниҳод ва Суҳроб аз паяш равон шуд. Чун ба дарвозаи диж расиданд, Гурдофарид худро зуд ба дарун гирифт ва дарвоза баста шуд. Суҳроб дар берун монд. Гурдофарид ба болои девори қалъа баромада Суҳробро дар поён дид ва қоҳ-қоҳ хандида овоз дод, ки: (cid:) Эй паҳлавони Тӯронзамин, ба чӣ умед истодаӣ? Баргард ва ранҷи беҳуда макаш! Суҳроб донист, ки фиреб хӯрдааст. Ба гӯянда бонг зад: (cid:) Эй бути паймоншикан, магар гуфтаи маро ба ин зудӣ фаромӯш кардӣ? Ба хуршеду моҳ савганд, ки ин дижро бо хок яксон мекунам! Аз он рӯзе, ки дармондаву печон шавӣ, андеша кун! Он гоҳ пушаймонӣ суд надорад! Гурдофарид посух дод, ки: (cid:) Эй далер, ғами беҳуда махӯр. Тӯрониён ба эрониён даст намеёбанд, ҳарчанд ки ту ба тӯронӣ монанд нестӣ ва бо ин зӯри бозу ва китфу ёл аз паҳлавонон ҳамбоз надорӣ. Чандон ба зӯри бозуят ғарра машав, ки шоҳаншоҳ чун аз омадани ту огоҳ шаваду Рустам аз ҷой ҷунбад, аз лашкари ту як тан зинда нахо- ҳад монд. Шумо тоби ҷанги Таҳамтан надоред. Дареғ аз ин бурзу болои ту, ки барбод хоҳӣ дод. Беҳтар он аст, ки дағда- ғаро кӯтоҳ кунӣ ва ба Тӯрони худ баргардӣ. Ин суханони нешдори духтар алами Суҳробро дучанд кар- данд, лекин ӯ ба худ тасаллӣ медод, ки: (cid:) «Аҳдшикании ӯ ба коми ман аст, охир, барои ман нанг мебуд, ки фақат ба воситаи зафар ёфтан бар духтаре ин дижро бигирам». Ба Гурдофарид гуфт: (cid:) Имрӯз бегоҳ шуд, ҷавоби суханатро саҳар аз гурзу синони ман мегирӣ. ӯ хашмгин инон печида ба лашкаргоҳи худ равон шуд. НОМАИ ГУЖДАҳАМ БА КОВУС Пас аз рафтани Суҳроб дижбони пир Гуждаҳам бо гурдону паҳлавонони диж ба машварат нишастанд. ҳама аз асир афтодани ҳаҷир ғамгин буданд ва чун донистанд, ки ёрои ҷангидан бо Суҳроб надоранд, ғамгинтар шуданд. Пас Гуждаҳам нависандаро нишонда ба номи шоҳ Ковус нома нависонд. «Шоҳаншоҳо, аз Тӯрон сипоҳе далеру ҷангҷӯй ба қасди Эрон омад. Солори сипоҳ навҷавони хуршедталъатест, ки замо- на чун ӯ шерафкану лашкаршиканеро ба ёд надорад. Чу овози ӯ раъд ғурранда нест, Чу бозуи ӯ теғ бурранда нест. Ба ном аст Суҳроб, гурди далер, На аз дев печад, на аз пилу шер, Ту гӯӣ магар бегумон Рустам аст, Ва ё гурде аз тухмаи Найрам аст. ҳаҷири диловар камар баста ба разми ӯ баромад, лекин Суҳроб ӯро фурсати мижа ба ҳам задан надода, аз пушти зин гирифту бар замин зад. Акнун ҳаҷир бо дили пурдарду тани пурозор дар зинҳори Суҳроб аст. Мо бо чунин паҳлавон тобу тавони ҷангидан надорем, ки ҳамовардаш гар кӯҳи хоро бошад, нолон мешавад. Агар шоҳаншоҳ ба зудӣ лашкар наёва- раду чора насозад, ин паҳлавон Эронзаминро харобазор ва гурдони Эронро нагунсор хоҳад кард. Дижи Сапед тоби ҳуҷуми ӯро надорад. Имшаб мо бору бунаро аз диж бардошта рӯ ба пойтахт мениҳем». Саҳар офтоб сар аз паси кӯҳ бароварда буд, ки Суҳроб бо як гурӯҳи сипоҳи худ ба Дижи Сапед ҳамла овард. Чун ҳамовард (cid:) ҳарифи ҷанг, ҳамнабард. дарвозаи дижро кушоданд, аз сардорон касеро надиданд. Гуждаҳам бо духтараш Гурдофарид ва дигар номдорони диж бо роҳи зеризаминӣ, ки тӯрониён аз вай огоҳӣ надоштанд, фирор карда буданд. ҷанговарони фирорнокарда ҳама ба Суҳроб таслим шуданд ва ба ҷон зинҳор хостанд. Суҳроб дар ҳама ҷойи диж Гурдофаридро ҷуст, аз вай нишоне наёфт, дар ҳасрат монд, зеро ошиқаш шуда буд, ба дилаш мегуфт: (cid:) «Э дареғ, турфа ғизоле ба камандам омада буд, аз банд ҷасту худамро банд кард». ПАЁМИ КОВУС БА РУСТАМ Шоҳ номаи Гуждаҳамро хонда ба хавотир афтод. Бузур- гони даргоҳ ва лашкаркашонаш Тӯс, Гударз, Гев, Гургин Баҳром ва Фарҳодро пеш хонда номаро ба онҳо нишон дод ва гуфт: (cid:) Кишвар дучори хатар аст. Дижи Сапед дар дасти душман ва ҳаҷир дар банд. Чора чист? Бузургон андеша ронданд ва саранҷом ба ин қарор омаданд, ки паҳлавон Гевро ба Зобулистон назди Рустам бифи- ристанд ва ӯро ба разми ҷавонпаҳлавони тӯронӣ бихонанд. Он гоҳ Ковус ба номи Таҳамтан нома навишт, ки: (cid:) «ҷаҳонпаҳлавоно, дуруди Яздон ба ту бод, пайваста бедордил ва равшанравон бошӣ. Бидон, ки ба Эрон ва шаҳаншоҳи мо хатари бузурге рӯй овард. Лашкаркаше ба неру чун Сом аз Тӯронзамин сар бардошта, ба сарҳадди мо тохта, Дижи Сапед- ро кушода ва акнун ба Эрон ҳуҷум оварданист: Яке паҳлавонест гурду далер, Ба тан жандапилу ба дил наррашер. Аз Эрон надорад касе тоби ӯй, Магар ту, ки тира кунӣ оби ӯй. Чунин дон, ки андар ҷаҳон ҷуз ту кас Набошад ба ҳар кор фарёдрас. Дилу пушти гурдони Эрон туӣ, Ба чанголу нерӯи шерон туӣ, Чу гарди паи Рахши ту нил нест, ҳамоварди ту дар ҷаҳон пил нест. Туӣ дар ҳама бад ба Эрон паноҳ, Зи ту барфарозанд гурдон кулоҳ. Бузургон ва номдорони даргоҳ чораи ин душвориро ба дасти ту мебинанд, умедворанд, ки Таҳамтан кори ин ҷаҳон- паҳлавони тӯрониро бисозад ва хатарро аз сари Эрон дафъ кунад. Геви номвар нома ва паёми моро назди ту меоварад. ҳамин ки номаро хондӣ, оне ҳам диранг накарда савор шав ва бо ҷанговарони Зобул ба даргоҳ бишитоб». Ковус номаро ба Гев супурда, таъкид кард, ки: (cid:) Аспи бодпойро то Зобул чорнаъл битоз. Нома ва паёмро ба Рустам бирасону зуд баргард. Агар рӯз расидӣ, шаб баргард ва агар шаб расидӣ, саҳар баргард. Як нафас диранг накун! ГЕВ ДАР ЗОБУЛ Гев рӯзро рӯз нагуфт ва шабро шаб, на фикри об кард, на парвои нон, беист роҳ паймуд ва чун бод ба Зобул расида номаи шоҳро ба Таҳамтан супурд. Рустам номаро хонда хандиду гуфт: (cid:) Шаҳрёр он лашкаркаши ҷавони тӯрониро ба Соми Наримон монанд кардааст. Гумон намекунам, ки аз Тӯрон чун Сом диловаре барояд. ҳеҷ кас чунин паҳлавонеро аз тӯрониён ба ёд надорад. Ин Суҳроб аз нажоди кӣ бошад? (cid:) Таҳамтан андак таамул карду суханашро давом дод: (cid:) Ман дар Тӯрон- замин аз духтари шоҳи Самангон писаре дорам, аммо он писар ҳанӯз хеле ҷавон аст. Ба модараш зару гавҳар фиристода будам, ба ҳамин қарибӣ паём омад, ки бача бо ҳамсолонаш ба асп- саворӣ ва шикор машғул асту бо лаби ширбӯй гоҳо шароб ҳам менӯшад ва баъди андак вақт паҳлавони шерафкане хоҳад шуд. Ту, Геви далер, мегӯӣ, ки гурди тӯронӣ ҳаҷирро афканд ва Дижи Сапедро гирифт? Чунин кор, албатта, аз дасти он шер- бачаи хурдсол намеояд. ҳоло ту биё, ба Кохи ман биравем, ба шодӣ биншинему бибинем чораи ин кор чист ва он паҳлавони турки навбаромад кист. ҳар ду ба Кох даромада ба шодӣ сари дастархон нишас- танд. Баъди як дам Гев беқарор шуда гуфт: (cid:) Шоҳ нигарон аст. Маро фармуда буд, ки дар ин ҷо як нафас дер намонад, агар рӯз назди Таҳамтан бирасам, шаб бозгардам. Таҳамтан ҳам бояд шитоб кунад, ки хатар бузург ва чашми сипоҳи Эрон ба роҳи ӯ чор аст. Аммо Рустам моили дилхушӣ ва таъбаш чоқ буд. (cid:) Боке нест, Гев, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) биё имрӯзро ба дилхушиву айшу нӯш гузаронем ва аз шоҳаншоҳу сипоҳаш ёд накунем, ки охир саранҷоми мо ҷуз хок нест. Фардо ба роҳ мебароем. Агар бахт аз мо рӯ натофта бошад, кори тӯронсипоҳ душвор нест. Оташ ҳар қадар бузург ҳам бошад, кай ба дарёи хурӯшон тоб меоварад. Душман дирафши маро аз дур бубинад, тӯяш ба азо мегардад. Гев ночор гардан фаровард; ду паҳлавон бода нӯшиданд, базми шодиву тараб соз карданд. Рӯзи дигар Рустам боз созандаву сарояндагонро талабида базми нав орост. Рӯзи сеюм ҳам бо амри ӯ хони зиёфат густурда, маҷлиси савту самоъ ороста ва бодаи гулгун ба соғарҳои заррин рехта шуд. Геви бечора дилтанг мешуд, аз бетоқатӣ ба худ мепечид, аммо Рустам дар кайфи бода ва нашъаи чангу рубоб ёде аз Ковус намекард. Рӯзи чаҳорум Гев косаи сабраш лабрез шуда ба по хест ва гуфт: (cid:) Эй диловар, тундхӯӣ ва бадхашмии Ковусро худат медонӣ. Аз кори паҳлавони тӯронӣ хеле парешонхотир буд ва хобу ором надошт. Агар дер монем, бар мо хоҳад шӯрид. (cid:) ғам махӯр, (cid:) посух дод, Рустам, (cid:) дар ҷаҳон касе ба мо намешӯрад. ҳамин рӯз равон мешавем. ҳам фармуд, Рахшро зин карданд, дар карнайҳои рӯин дамиданд ва таблҳоро кӯфтанд, то саворони Зобул гирд ома- данд. Билохира Таҳамтан бо сипоҳе гарон, ки онро бародараш Завора саровонӣ мекард, сӯйи Эроншаҳр рӯ ниҳод. ХАШМИ КОВУС Чун овозаи омад-омади Рустам ба пойтахт расид, бузургон ва паҳлавонони Эрон ба якрӯза роҳ омада ӯро пешвоз гириф- танд, табрик карданд ва ҳамроҳ ба назди шоҳаншоҳ равон шуданд. Аммо бузургон дар хавотир буданд. Ковус дар боргоҳаш чини хашм бар абру зада дар интизори Рустам нишаста буд. Чун Таҳамтан, Гев ва бузургон вориди боргоҳ шуда салом ва таъзим ба ҷо оварданд, шоҳ ҷавоби саломашонро надода, яке барошуфт, аввал сӯйи Гев бонг зад ва сипас шарм аз дидагонаш шуста ба тундӣ гуфт: (cid:) Рустам кист, ки сухани маро ба замин партояду аз фармонам сар бипечад?! ҳоло агар теғ ба даст медоштам, сарашро чун турунҷ аз танаш ҷудо мекардам. (cid:) Сипас ба Гев рӯй оварда фармуд: (cid:) ӯро бигиру зинда ба дор овез! Гев, ки бе ин ҳам аз дуруштии Ковус озурда шуда буд, аз ҷо наҷунбид. Киро дилу гурдаи он буд, ки ба Рустам даст ёзад? Ковус аз беҳаракатии Гев оташин шуда ба сарвари паҳлаво- нони лашкар Тӯси далер фармон дод, ки Рустам ва Гев (cid:) ҳар дуро бараду зинда ба дор кашад. қАҳРИ РУСТАМ Паҳлавонон ҳайрон шуданд. Тӯс пеш рафта дасти Рустамро гирифт, ки ӯро берун барад, то магар ғазаби шоҳ нишинад. Рустам яке даст бар дасти Тӯс зад, Тӯс ғалтида дар замин нақш баст, ҷаҳонпаҳлавон ғазабнок шуда ба Ковус рост нигоҳ карду гуфт: (cid:) Беҳуда тез машав! ҳама кори ту аз хирад дур ва аз якдигар батар аст. Бо ин тундхӯӣ ва кӯтоҳандешӣ ту шоистаи подшоҳӣ нестӣ. Агар зинда ба дор овехтан метавонӣ, он паҳлавони тӯрониро овез, то аз душманат халос шавӣ. Ман он Рустами Золи номоварам, ки аз чун ту шоҳ боке надорам. Саросари ҷаҳон то Мозандарон аз Мисру ҳомоварон то Чин бандаи теғи мананд, худатро ман ду бор аз банду зиндони душманонат халос карда, ба тахти шоҳӣ бозовардам. Барои ту дар биёбону кӯҳу ҷангалҳо бо шеру аждаҳо гирифтугир кардам, девони Мозандаронро ба банд овардам, гурдони ҳомоваронро дарҳам шикастам, то ки ту бар тахти шоҳаншоҳӣ устувор монӣ. Агар ман падарат Кайқубодро аз Албурзкӯҳ намеовардаму бар тахти Эрон наменишондам, имрӯз ту шоҳ намебудӣ, ки ба набераи Сом тундӣ кунӣ! Дареғ аз тоҷи шоҳаншоҳӣ, ки бар сари чун ту носипоси қадрношиносест! Таҳамтан ин гуфту бо ситез аз боргоҳ бадар рафт. Бузургон ҳама аз қафои ӯ баромаданд. ӯ дар берун Рахшро савор шуду ба бузургон рӯ оварда гуфт: (cid:) Нерумандӣ ва пирӯзии ман атои Яздонист. Рустами Дастон аз касе бок надорад. Чун хашм бигирам, Ковусу лаш- караш дар чашмам пари коҳе беш нест. ӯ маро биёзурд, ман меравам, шумо маро дигар ҳаргиз дар Эрон нахоҳед дид. Суҳроб гуфтааст, ки дар Эроншаҳр касеро зинда нахоҳад гузошт, пас шумо дар фикри халосии ҷони худ бошед. ӯ Рахшро маҳмиз зад. ОШТӣ Паҳлавонон дар дил ба Таҳаматан офарин мехонданд, бо вай мефахриданд, он чӣ онҳо ҷуръат намекарданд ба рӯйи шоҳ гӯянд, аз дилу забони онҳо гуфт! Аммо дар айни ҳол ғамгин ҳам буданд аз он ки ӯ рафт. Охир, бе Рустам лашкари Эрон ба сони рамаи бешубон аст. Гев, Гударз, Баҳром, Руҳҳом, Гургин ва дигар номдорон бо ҳам нишаста сари шикваро боз карданд, ки: «Ковуси бадхӯйи носипос паҳлавонони сипоҳро меран- ҷонад. Агар Таҳамтан, ки бар тахт нишонандаи Ковус, пушту паноҳи лашкар ва балогардони Эронзамин аст, сазовори дор бошад, дигаронро подоши хидмат чист ва аз Ковус чӣ умеди қадршиносист? Агар ҳуҷуми душман ва бими табоҳии кишвар намебуд, аз ин даргоҳ мегурехтем, лекин ҳоло Эрон намета- вонад бо душман пойдорӣ кунад». Билохира, паҳлавонон аз сипоҳдор Гударзи Кишвод хоҳиш намуданд, ки Рустамро бо шоҳ оштӣ диҳад. Гуфтанд, агар Ковуси суханношунави пандногирро ба ифоқа овардан мумкин бошад, ин кор фақат аз дасти Гударз меояд, ки аз ҳамаи ёронаш солхӯрдатар ва хирадмандтар аст. Солори диловар назди шоҳ биравад ва бигӯяд, ки паҳлавонони лашкар ба ҷуз Рустам касеро ҳамоварди баҳодури тӯронӣ намебинанд. Гударз хоҳиши ёронашро пазируфт ва назди шоҳ рафт. (cid:) Шаҳрёр Рустамро бе гуноҳ ранҷонид, (cid:) гуфт ӯ ба Ковус, (cid:) ва Эронро ба рӯзи хатар бе пушту паноҳ гузошт. Аз шоҳон сухани газоф шоиста нест: Хирад бояд андар сари шаҳрёр, Ки тезию тундӣ наёяд ба кор. Дижи Сапед дар дасти Суҳроб, роҳ сӯйи пойтахт ба вай боз аст. Агар Суҳроб паҳлавони шерафкане чун ҳаҷирро ба он осонӣ дар банд оварда бошад, дигар аз паҳлавонон кӣ ёрои набарди ӯро дорад? ҳамоварди ӯ танҳо ҷаҳонпаҳлавон Рустам аст. (cid:) Рустам ҳар қадар неруманд ҳам бошад, фақат як тан аст, (cid:) посух дод Ковус, (cid:) зафар дар ҷанг вобаста ба як тан нест. (cid:) Аммо ин як тан қуввати дили лашкар ва номаш даҳшати душман аст, (cid:) гуфт Гударз, (cid:) ту, шаҳрёр, қуввати дили лашка- ратро рабудӣ ва душманатро аз даҳшат раҳонидӣ. Аз шаҳрёр хатое гузашт, ки Худо накунад, оқибати ин хато табоҳии киш- вар, сарнагунии шаҳрёр, вожгунии тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ бошад. Ковус тарсид. (cid:) Пас чора чист? (cid:) Чораи ягона (cid:) бо Рустам оштӣ кардани туст, (cid:) посух дод Гударз. Шоҳ андешиду аз рафтори худ бо Рустам пушаймон шуд. (cid:) Оре, (cid:) гуфт, (cid:) панд аз пирон накуст. Рост гуфтӣ. Ту бо бузургони даргоҳ назди Рустам биравед, бо суханони нарм тундии маро аз дилаш бароред ва ба даргоҳ бозоваредаш. Гударз бо ҳамроҳи сипаҳдорону паҳлавонон зуд аз паси Рустам рафтанд ва дар роҳ ба вай расида гуфтугузор карданд: Ситоиш гирифтанд бар паҳлавон, Ки ҷовид бошию равшанравон. Ту донӣ, ки Ковусро мағз нест, Ба тезӣ сухан гуфтанаш нағз нест. Газоф (cid:) беҳуда, сафсата. Бигӯяд, ҳамон гаҳ пушаймон шавад, Ба хубӣ зи сар боз паймон шавад. Таҳамтан гар озурда гардад зи шоҳ, Мар эрониёнро набошад гуноҳ. Ки бугзорад ин шаҳри Эрон ҳаме, Кунад рӯйи фархунда пинҳон ҳаме. ҳам ӯ з-ин суханҳо пушаймон шудаст, Зи тундӣ бихояд ҳаме пушти даст. Аммо Рустам сари оштӣ надошт. (cid:) Ман, (cid:) гуфт, (cid:) аз Кайковус бениёзам. Агар ӯ шоҳ бошад, маро ҳам зини Рахш тахт аст ва тарги рӯин (cid:) тоҷ. Аз хашми ӯ чаро тарсам? Чӣ ранҷу сахтиҳое, ки барои Ковус накашидам. Дилам аз ӯ монд, дигар бо ӯ коре надорам(cid:) Бо Суҳроб худаш биҷангад. Гударз ва ёронаш тасаввур мекарданд, ки дар натиҷаи қаҳри Рустам чӣ балову офате мумкин аст ба сари Эрон ояд. Сипоҳдори пир ба худ ҷазм кард, ки то Таҳамтанро ба оштӣ моил накунад, ба даргоҳ барнамегардад. Гуфт: (cid:) ҷаҳонпаҳлавон! Ту аз Ковус озурда шудӣ, лекин агар аз Эрон равӣ, Ковус ҳам, паҳлавонон ҳам гумон хоҳанд кард, ки Таҳамтан аз Суҳроб тарсид, нерумандиву диловарии баҳодури тӯрониро шунида дилаш ваҳм гирифт ва хашми Ковусро баҳона карда аз ҷанг рӯй тофт. Аз он баъд ҷанговарони Эрон бо андешаи ин ки Рустам тарсидааст, дар майдони ҷанг пой- дорӣ нахоҳанд кард. Дар натиҷа кишвари мо бо хок яксон хоҳад шуд. Оё ту инро мехоҳӣ? Розӣ ҳастӣ, ки нанги шикаст насиби сипоҳи Эрон шавад? ҳамаи ранҷу машаққате, ки худат барои устувории тахти шоҳаншоҳии Эрон кашидӣ, барбод равад? Агар инро хоҳӣ, бирав ба Зобул. Рустам аз ин суханони Гударз дар андеша рафт. Сипас гуфт: (cid:) Эй номвар, ту медонӣ ки тарсу бим ба дили Рустам бегона аст. Агар рӯзе тарс ба дилам роҳ ёбад, теғ бар дил меза- наму ҷон аз тан раҳо мекунам. Аммо дидӣ, ки шоҳ бо ман суханони беҷо мегӯяд, маро хор медорад, вагарна ман барои Эрон ҷону танамро фидо мекунам ва аз ҳеҷ гуна ҷанг наме- тарсам. Гуфтугӯи дароз ба поён омаду Рустам аз ситеза фаромад ва ба оштӣ бо шоҳ розӣ шуда, ҳамроҳи бузургон рӯ ба шаҳр ниҳод. Дар боргоҳ чун аз дур намудор шуд, шоҳ бархоста ба узрхоҳӣ пеш рафт ва гуфт: (cid:) ҷаҳонпаҳлавон, суханони маро бар дил магир. Чӣ кунам, ки Худованд мизоҷи маро тунд сириштааст, бо сиришти худ ситез наметавон кард. Аз паҳлавони навбаромади тӯронӣ дил- танг будам, туро ба мадад хостам, чун дер омадӣ, тезу тунд шудам, хокам ба даҳан, туро ранҷонидам, аммо баъд пушаймон шудам. Рустам ҷавоб дод, ки: (cid:) Шоҳо, ман ба фармони туям. Инак, ба хидматат камар баста омадам. Кудурат аз миён бардошта шуд, Ковус хушҳол гардид ва гуфт: (cid:) Имрӯз базм, фардо разм. Пас фармуд то базми шоҳона оростанд ва ба шодмонии оштӣ бода нӯшиданд. ЛАШКАР КАШИДАНИ КОВУС БО РУСТАМ Чун хуршед чодари шабро дарида берун омад, бо фармони шоҳ Гев ва Тӯс лашкарро ба лашкаргоҳ хонданд. Сад ҳазор савору пиёдаи ҷавшандор ҳозир шуданд. Ба овози дуҳул аз ҳар ҷониб гурӯҳ-гурӯҳ лашкар сӯи дашт ба ҳаракат омаданд, аз гарду ғубори бархоста ҳаво тира гашт. Манзил ба манзил пеш рафтанд ва чун ба наздикии Дижи Сапед расиданд, дидбони диж хурӯшида Суҳробро огоҳ кард. Суҳроб бо ҳумон зуд ба болои диж баромада нигоҳ кард, саро- сари даштро пур аз лашкар дид. ҳумонро ваҳм гирифт. Суҳроб хандиду гуфт: (cid:) Чӣ ҷойи тарс? Дар ин лашкари бекарона як тан ҳамоварди ман нест. Ба бахти Афросиёб ман имрӯз ин даштро дарёи хун мегардонам. ӯ шоду хуррам аз бора фуруд омад ва ҷоми май хост, нӯшид ва ҳеҷ аз пешомади ҷанг дилашро ранҷа накард. Аз он сӯ саропардаи Ковусро дар дашт рост карданд: лашкари Эрон бар рӯбарӯи Дижи Сапед чодир зад. КУШТА ШУДАНИ ЖАНДАРАЗМ Чун хуршед нопадид гашт ва шаби тира бар ҷаҳон доман ёзонд, Таҳамтан миён ба разм баста назди шоҳ омад ва гуфт: (cid:) Агар фармон бошад, ман бекулоҳу камар ба лашкаргоҳи тӯрониён биравам ва бубинам он лашкаркаши нав чӣ касест, бузургону паҳлавонони эшон кистанд. (cid:) Ихтиёр ба туст, (cid:) посух дод шоҳ. (cid:) Яздон нигаҳдори ту бод. Рустам ҷомаи туркона пӯшида равон гашту чун як нафар ҷанговари тӯронӣ вориди қалъа шуд ва ба кирдори паланге, ки ба қасди шикор ба наздики оҳу мехазад, худро ба дари саропардаи Суҳроб расонд. Ба дарун нигоҳ кард ҷавонпаҳ- лавонеро дид, ки чун сарви шодоб, ду бозуяш чун ду рони асп бо як салобати шерона бар тахт нишаста, ду гурди тӯронӣ, ки ҳумон ва Жандаразм (cid:) бародари Таҳмина буданд, дар ду паҳлуяш ҷо гирифта, сад гурди дигар дар гирдаш ба по истодаанд. Таҳамтан ҳамчун касе, ки аз дидори шоҳидаш сер намешуда бошад, замоне ба Суҳроб чашм дӯхт, чеҳраи ӯ ба Таҳамтан гарм менамуд, вай дар дилаш ба ҷавонпаҳлавони тӯронӣ меҳре ҳис кард. Дар ҳамин вақт Жандаразм дар пайи коре аз саропарда берун омад. Хонанда ба ёд дорад, ки Таҳмина ин бародари худро ҳамроҳи Суҳроб фиристода буд, то вай Рустамро ба фарзандаш шиносонад. Жандаразм дар берун мардеро дид, ки пайкаре азим ва рише чун думи асп дошт ва дар як канор истода буд. Дар торикӣ чеҳраи ӯро ба хубӣ нашинохт. Дилаш хавф бурда бонг зад, ки: (cid:) Ту кистӣ? Чаро дар ин ҷо истодаӣ? Наздик биё, то ба рӯшноӣ рӯятро бубинам! Таҳамтан наздик омада муште бар гарданаш кӯфт, Жанда- разм аз по афтода дар замин нақш баст ва ҷон дод. Чун замоне гузашт ва Жандаразм ба саропарда барнагашт, Суҳроб як нафарро аз пайи ӯ фиристод, он кас баромада дид, ки тағои сипаҳсолор аз базму разм ҳамешагӣ осуда, дар як канор мурда хоб рафтааст. Рустам ғоиб гашта буд. Суҳробро аз рӯйдод огоҳ карданд, вай саросема баромада ба сари мурдаи Жандаразм рафт ва ӯро дар он ҳол дида бонг зад, ки: (cid:) ҳой диловарон, имшаб хобро фаромӯш кунед, ҳама шаб силоҳ аз даст нагузоред ва ҳушёр бошед, ки гург ба миёни рама даромадаасту саги чӯпонро дар ғафлат ёфта, гӯсфандеро рабу- дааст. Бо мадади Яздон фардо ман аз эрониён интиқоми Жандаразмро меситонам. Дар ин миён Рустам ба лашкаргоҳи худ баргашта, он чиро, ки дар Дижи Сапед гузашт, ба шоҳ ва бузургон нақл кард. ПУРСИШИ СУҳРОБ АЗ ҳАҷИР Чун хуршед сипари заррин барафрошт ва ҷаҳон равшан гашт, Суҳроб зиреҳ бар тан пӯшида аспи кӯҳпайкарашро савор шуд, каманд ба фитрок ва теғи ҳиндӣ бар миён баст ва бар фарози тале баромада ба лашкаргоҳи Ковус назар андохт. ҳамаи хаёлу андешааш ёфтани Рустам буд. Акнун, баъд аз кушта шудани Жандаразм, дар лашкари тӯрониён касе набуд, ки Рустамро шиносаду ба Суҳроб нишон диҳад. Ба хотири вай ҳаҷир расид, ки дар Дижи Сапед бандӣ буд. Фармуд, то ӯро ба наздаш оварданд. (cid:) Эй паҳлавон, (cid:) гуфт Суҳроб ба ӯ, (cid:) аз ту ҳар чӣ бипурсам, ҷавоби рост бидеҳ, каҷӣ макун ва ҳеҷ чизро пинҳон мадор. Чунон ки тир ҳаргиз каҷ намеравад, сухани мард ҳам бояд ҳамеша рост бошад. Он гоҳ туро озод хоҳам кард, сарафрозӣ хоҳам дод, ганҷ ва хилъат хоҳам бахшид. Аммо агар аз ту норостӣ бубинам, ҳамчунон дар зиндон хоҳӣ монд. (cid:) Шоҳ аз ман ҷуз сухани рост нахоҳад шунид, (cid:) гуфт ҳаҷир. (cid:) Дар ҷаҳон пешае беҳ аз ростӣ нест. ҳар чӣ дар бораи сипоҳи Эрон аз ман бипурсиву ман донам, ҳамаро ба ростӣ мегӯям. Суҳроб гуфт: (cid:) Пас нигоҳ кун. Дар миёнаи лашкаргоҳи эрониён саропар- дае аз дебои рангоранг мебинам, ки дар пешаш жандапилон истодаанд. Дар даруни саропарда марде бо ҳашамату шукӯҳ бар тахти пирӯза нишаста ва дар паҳлуи тахт дирафше бо нақши хуршед барпост. Он саропарда аз они кист? (cid:) Азони шоҳаншоҳи Эрон Кайковус, (cid:) посух дод ҳаҷир. (cid:) Он саропардаи сиёҳ, дар тарафи рости сипоҳ, бар дараш як саф ҷанговарон истода, дар гирдогирдаш чодирҳои бисъёр ва дирафше бо нақши пил бар сари он афрошта, (cid:) аз они кист? (cid:) Аз они сипаҳдор Тӯси Нӯзар. (cid:) Он саропардаи сурх, ки дирафшаш нақши шер дорад ва бо дурру гавҳарҳои рахшон оростааст, дар пешаш гурӯҳе аз найзадорону ҷавшандорон истодаанд, аз они кист? (cid:) Азони падарам Гударзи Кашвод, солори номдори Эрон, ки ҳаштод нафар фарзанди паҳлавони шерафкан дорад. (cid:) Он саропардаи сабзранг аз они кист, ки дирафши коваёнӣ бар он афрошта, лашкари размҷӯе дар пешаш истода ва дар миёнҷояш тахти гароне дорад, паҳлавоне чун кӯҳ бар он тахт нишаста ва ҳар замон чун дарёи дамон мехурӯшад, бар дираф- шаш аждаҳор ва дар найзааш сари шерро ба зарҳал нақш карда, дар наздикаш аспи пилпайкаре истодааст? Дар байни эрониён мардеро ба қаду басти ӯ намебинам ва аспаш низ дар зӯрию чобукӣ ҳамто надорад, ӯ кист? ӯ Рустам буд. ҳаҷир қариб буд, ки номи ӯро ба забон гирад, аммо лаб фурӯ баст ва андешид, ки: (cid:) «Агар ин шермард Рустамро бишиносад, мумкин аст ногоҳ ба болои ӯ тозаду гардашро ба осмон барорад ва лашкари Эронро бепаноҳ созад. Он беҳ, ки номашро пинҳон кунам». Пас ба Суҳроб чунин гуфт: (cid:) Аз Чин солоре ба ҳаводории шоҳаншоҳи Эрон ба даргоҳи вай омада буд, саропарда аз они ӯст. (cid:) Номаш чист? (cid:) Номашро намедонам. Вақте ки ӯ ба Эроншаҳр омад, ман дар Дижи Сапед будам. Сарнавишташ чунин буд, ки Рустамро медиду намедонист, ки ӯ Рустам аст. Ба умеди дарёфтани Рустам боз пурсишро аз сар гирифт: (cid:) Он саропарда, ки бар канор аст, дар мобайнаш паҳлавоне бар тахт нишаста ва дар пеши ӯ ғуломон саф кашидаанду саворон ва пилони бисёре ҳам истодаанд, дирафши бараф- роштааш нақши гург дорад, аз они кист? (cid:) Аз они паҳлавон Гев, посух дод ҳаҷир. (cid:) Гев фарзанди Гударз, бародари ман ва домоди Рустам, калони авлоди мо ва солори ду ҳиссаи лашкари Эрон аст. (cid:) Дар тарафи офтоббаро саропардаи сафеде аз дебои румӣ мебинам, дар пеши он беш аз ҳазор нафар саворон ва сипоҳе аз пиёдаҳои сипардору найзадор саф кашидаанду сипоҳдор бар тахти оҷ нишастааст, он саропарда аз они кист? (cid:) Аз они шоҳзода Фаробурз, писари Ковус. Ба ҳамин тарз Суҳроб сипоҳдорону паҳлавонони номии Эронро шинохт, аммо дар миёни ин ҳама номдорон номи падарашро нашунид. Боз ба саропардаи сабз нигарист ва ба паҳлавоне, ки дар он бар тахт нишаста буду ҳар замон мехурӯшид, чашм дӯхт. Модараш нишонаҳои падарро ба вай гуфта буд, ҷавонпаҳлавон падарашро медиду ба дидагони худ бовар намекард. ҳаҷир соҳиби саропардаи сабзро солори чинӣ гуфт. (cid:) Номи сардори чиниро нагуфтӣ, (cid:) хотиррасон кард ба ӯ Суҳроб. (cid:) Номашро намедонам, (cid:) такрор кард ҳаҷир. (cid:) ҳамаи паҳлавонон ва лашкаркашони Ковусро номбар кардӣ, лекин аз Рустам ном набурдӣ; худат мегуфтӣ, ки меҳтару сарвари сипоҳи Эрон ӯст ва шоҳ агар лашкар бикашад, Рустам пешопеши лашкари ӯ меравад, пас чаро вай дар лашкаргоҳи эрониён нест? Гумони ҳаҷир ин ки Суҳроб дар қасди ҷони Рустам асту мехоҳад ногоҳ бар вай тохта, он такягоҳи сипоҳи Эронро барандозад, қавитар шуд. Гуфт: (cid:) Рустам шояд ба Зобулистон баргашта бошад, то аз баҳори хуррами диёраш баҳра барад, бода нӯшад, ба бӯйи боғу гул дилашро хуш кунад. Охир, фасли баҳор аст, боғу чаманҳо сабз, гулҳо шукуфон. Таҳамтан хуррамиҳову айшу нӯши баҳоронро дӯст медорад. Суҳроб хандиду гуфт: (cid:) Аҷаб сухане аз ту мешунавам. Магар ҷаҳонпаҳлавоне чун Рустам аз ҷанг дурӣ меҷӯяд? Шоҳ лашкар кашад, аз ҳар ҷониб далерону паҳлавонон камари размҷӯӣ баста наздаш биёянду Таҳамтан дар Зобул базм орояд ва бода нӯшад? Ба ин сухан пиру ҷавон механданд. Ту рост бигӯ. Агар чизе аз ман пинҳон кунӣ, саратро мебурам, аммо агар Рустамро ба ман бинамоӣ, чандон зару гавҳар медиҳамат, ки дар ҷаҳон бениёз ва ба ҳар анҷуман сарафроз бошӣ. Акнун ниҳонро ошкор бикун. Магар нашунидаӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: сухани рост агар ногуфта монад, чун гавҳари пинҳонест дар қаъри кон, аммо чун аз кон бароварда шуд, бебаҳост. ҳаҷир гуфт: (cid:) Агар ту аз тахту тоҷ безору аз ҷонат сер нашуда бошӣ, ҷӯёи набарди Рустамро машав, ки ӯ пили дамонро аз по меаф- тонад, гурзи сандоншиканаш бо як зарб дусад ҷанговарро сар- нагун мекунад, рӯзи набард чун хашм бигирад, ба ҷангаш чи шеру чи пилу чи мард. Куҷост паҳлавоне, ки ҳамоварди Рустам бошад?! Суҳроб аз ин сухан барошуфту гуфт: (cid:) Сиёҳбахт Гударзи Кашводагон, ки чун ту ғофили бедо- нишеро фарзанди худ мехонад. Ту ҷанги мардонро куҷо дидаӣ ва набарди далеронро чӣ медонӣ? Садои суми аспонро шуни- даию бас. Чанд ёва месароӣ ва аз Рустам сухан мегӯйӣ? Ман ба майдон ки баромадам, Рустам кист? Тезии оташ то вақтест, ки даре туғён кунад. Хуршед теғ, ки баркашид, тирагии шаб маҳв мешавад. ҳаҷир ба дил гузаронд, ки: (cid:) «Ин паҳлавони оташдам яқинан қасди ҷони Рустам дорад ва ба ин зӯр, бо ин китфу бозу Рустамро дар набард мағлуб кунад ҳам, аҷаб нест. Агар Рустамро ба ӯ бинамоям, Эрону сипоҳи Эронро дар хатар меандозам. На, наменамоям. Бигузор ман бимирам, лекин Эрон пойдор монад. Мурдан ба ном беҳ аз зистан дар асорати душманон. Агар маро кушад, Гударз боз ҳамчун Руҳҳому Баҳрому Шидӯш ҳафтоду шаш писари диловар дорад, ки хуни маро аз ӯ хоҳанд гирифт. Пас бонг барзад, ки: (cid:) Ба ман чӣ меошӯбӣ? Чӣ ин қадар аз Рустам мепурсӣ? Гуфтам, ки аз вай огоҳ нестам. Агар хуни маро рехтан мехоҳӣ, туро ҳоҷати баҳонаҷӯйӣ ва рангомезӣ нест! Аммо бидон, ки ту ба Рустам даст намеёбӣ ва агар бо вай набард кунӣ, гарди туро ба осмон мебарорад!». ҳУҷУМИ СУҳРОБ Аз суханони дурушти ҳаҷир табъи Суҳроб хира шуд. Ба тундӣ бо пушти дасташ ӯро якто зада ғалтонду аз баландӣ фуромада ба андешаи дарозе рафт. Хунаш ба ҷӯш омад, ба азми ҷанг камону синону найза бардошт, кулаҳхӯди румиро ба сар гузошт, теғ бар каф гирифт ва аспи тезтакро савор шуду чун бабри пурхашм бар лашкари Кайковус тохт. Дар роҳаш ҷанго- варони шоҳ, чун гӯрхарҳо аз ҳамлаи шер гурезон мешуданд. Паҳлавон сӯйи саропардаи Ковус асп ронд ва бонг зад: (cid:) Эй шоҳи озодмард! Дар дашти набард корат чӣ гуна аст? Тоби ҷанги шеронро надорӣ, чаро номатро Кайковус кардаӣ? Агар ман ин синону найзаву камандро ба кор андозам, тамоми сипоҳи туро торумор мекунам. Шаби кушта шудани Жанда- разм савганд хӯрда будам, ки як тан аз сипоҳи Эронро зинда намегузорам ва Ковусро ба дор мекашам. Аз паҳлавононат кӣ ба ҷанги ман мебарояд? Аз эрониён касе ҷавоб надод, ҳама аз ҳайбати шеронаи ӯ рамида буданд. Суҳроб яке ба саропардаи шоҳ найза зад, ҳафтод мехи саропарда канда шуда нисфи он фурӯ ғалтид. Ковус тарсид ва овоз дод, ки: ҳой ҷанговарон, ба Рустам хабар диҳед, зуд биёяд, ки гурдони сипоҳ аз дафъи ин турк оҷиз омаданд, бо вай фақат Рустам метавонад набард кунад! Тӯс шитобон назди Рустам рафта фармони Ковусро ба ӯ расонд ва даҳшати Суҳробу зарби найзаи ӯро, ки дар лашкаргоҳ дида буд, нақл кард. Таҳамтан Рахшро зин кард ва саворонро мусаллаҳ шудан фармуд ва худ ба Тӯс гуфт: (cid:) Шаҳрёрони дигар маро гоҳ ба разм ва гоҳ ба базм мета- лабиданд, аммо Ковус фақат ба разм металабад. Он гоҳ ҷомаи ҷанг пӯшид, хафтону каманд баст, савор шуда камону найза бардошт, гурз ба даст гирифту Рахшро маҳмиз зад. Дар дашт ҷое Гевро, ҷойи дигар Гургину Руҳҳомро дид, ки якдигарро «зудтар, зудтар!» гӯён ба шитоб андохта бо найзаву гурзу каманд саросема ба сӯйи саропардаи Ковус асп метохтанд. Инак, Таҳамтан ба Суҳроб расид, нигоҳ кард, кӯҳе дид бар аспи пилпайкаре нишаста. Ба ӯ гуфт: Эй паҳлавон, биё аз сипоҳ дуртар, ба ҷойи кушодтар биравему бо ҳам зӯрозмо шавем. (cid:) Оре, (cid:) посух дод Суҳроб, (cid:) меравем. Дар овардгоҳ аз Тӯрону Эрон дуи мо бошем бас аст, аз сипоҳ касеро ба ёрӣ намехоҳем. (cid:) Сипас мағрурона лабханде зада илова кард: (cid:) Дар овардгоҳ ман бо як зарби мушт кори туро тамом мекунам. Агарчи ба кифту бозу паҳлавони пурзӯре менамоӣ, аммо синну солат гузаштааст, ба набарди ҷавонон тоб намеоварӣ. (cid:) Оҳиста, эй ҷавонмард, (cid:) гуфт Рустам ҳангоме ки дуяшон равон шуданд, (cid:) ҳавобаланд мабош, ки ҳаво агарчи гарм ҳам шавад, нарм аст, аммо замин сард ҳам бошад, сахт. Ман ҳарчанд пирам, лекин миёни чун ту ҷавононро бисёр шикас- таам. То кунун майдоне набуд, ки ман даромада бошаму аз вай пирӯз набаромада бошам. Ба солам манигар, маро дар ҷанг бибин. Кӯҳҳо ва дарёҳо гувоҳанд, ки ман бо душманон чӣ кардам. Дар набардҳо аз гурдони номии душман ҳеҷ яке аз чангам раҳо наёфт. Аммо дилам ба ту месӯзад, намехостам риштаи умратро бибуррам, ки ҷавонӣ, диловарӣ ва ҳанӯз аз умр баҳра набурдаӣ. Ин суханон дар дили Суҳроб меҳри падарашро ба ҷунбиш оварданд ва ӯ гуфт: (cid:) Эй паҳлавон, аз ту як чиз мепурсам, хоҳишмандам ба ростӣ посух бидеҳ ва маро шод бикун. Ту кистӣ? Аз кадом нажодӣ? Ба гумонам, ту Рустамӣ, ки нажод аз Соми Наримон дорӣ. Рустам рӯ ба дигар сӯ гардонду посух дод, ки: (cid:) На, ман Рустам нестам. Рустам паҳлавони бузургест ва ман як нафар ҷанговари хурд. Суҳроб аз умедаш ноумед шуд. РАЗМ ҳар ду паҳлавон ба водии фарохе ворид шуда қарор гирифтанд. Оғози набард ба найза шуд. Ба андак замоне банди синону найзаҳо гусаст ва фурӯ рехт. ҳар ду савор шамшерҳои ҳиндӣ аз ниём кашиданд. Аз дами шамшерҳо оташ рехт. Баъди як дам ин силоҳи дуяшон ҳам шикаст. ҳарифон гурзҳои гаронсарро дар даст гирифтанд ва ба якдигар кӯфтанд. Аммо гурзҳо ҳам ба зӯру зарби дасти паҳлавонон тоб наёварданд, хам хӯрданд, қат шуданд. Аспҳо аз мадор монданд, ҷавшанҳо бар тан дариданд. Падару писари ба ҳам ношинос, дили ҳар ду пурдарду ранҷ, даҳон пурхок, тан аз арақу хун пуроб ва забонҳо аз ташнагӣ чок, аз ҳам дуртар рафта истоданд, то аспҳо даме биёсоянд. Душманӣ ва бадхоҳӣ дилу дидаи писарро кӯр карда буд; кина дар ҷӯшу меҳр нопадид, хирад хуфтаву ҷаҳл бедор буд. Рустам бо алам ба худ мегуфт: (cid:) «ҳаргиз бо чунин паҳлавоне набард накарда будам. ҷанги девони сапеду сиёҳ дар чашмам хор шуд. Навҷавоне дармони маро хушконд». Аспҳо каме дам гирифта боз ба тохту тоз даромаданд. ҳар ду савор камонҳоро зеҳ карданду ба ҳамдигар тирандозӣ оғоз намуданд. Тирҳо чун жола мебориданд, аммо сипару хафтон ҳар ду размоварро аз захми тирҳо муҳофизат мекард. Чун ин силоҳи охирин ҳам ба кор нарафт, ҳарифон ночор ба ҳам овехтанду камари якдигарро баргирифтанд. Таҳамтан агар даст ба кӯҳ мебурд, кӯҳро аз ҷой меканд, аммо чун Суҳробро аз камаргоҳаш гирифта ғалтонданӣ шуд, ӯ дар болои зин ҳатто наҷунбид. Суҳроб низ Рустамро ғалтонда натавонист. Аз ин мубориза ҳам ба ҷуз хастагию дармондагӣ натиҷае ҳосил нашуд. Он гоҳ Суҳроб бори дигар гурзи хамхӯр- даро аз замин бардошта сахт бар китфи Рустам кӯфт. Таҳамтан аз дард як тоб хӯрду аз набард сар печид. Суҳроб хандида гуфт: (cid:) Эй савор, тоби гурзи далеронро надорӣ, чаро дар пирӣ оҳанги ҷавонӣ кардӣ ва бо паҳлавонон ба набард бархостӣ? Ростӣ, ки аспат ҳам ба кирдори хари ҳангист, на аспи ҷангӣ! Таҳамтан аламзадаву ошуфта ба болои сипоҳи Тӯрон тохт. Суҳроб ба сипоҳи Эрон ҳамла бурд. Дар ҳар ду сипоҳ каси бисёре аз теғи хунрези паҳлавонон ба хоки ҳалок афтоданд. Ногоҳ ба дили Рустам гузашт, ки мабодо Суҳроб боз ба саропардаи Ковус битозаду ӯро бикушад ё захмдор кунад. Хавотир кашида зуд баргашт ва бо Суҳроб рӯбарӯ шуда бонг зад: (cid:) Эй турки хунхор, аз сипоҳи Эрон кӣ бо ту ҷангид, ки чун гург ба миёни рама рафтиву чандин бегуноҳро даридӣ? (cid:) Нахуст ту бар тӯрониён тохтӣ, (cid:) посух дод Суҳроб, (cid:) Сипоҳи ман аз ин овардгоҳ дур истода буд ва аз вай касе бо ту разм наҷуст. «Рост, аввал худам сар кардам ва ӯ аз ман ибрат гирифт», (cid:) бо пушаймонӣ ба дил гузаронд Рустам. Ба Суҳроб гуфт: (cid:) Рӯз бегоҳ шуд, фардо ба овардгоҳ бармегардем ва набардро аз сар мегирем, то маълум шавад, ки толеъ ба кӣ ёр аст. Суҳроб қабул кард, ҳар ду ба саропардаҳои худ баргаш- танд. Суҳроб дар лашкаргоҳаш аз ҳумон пурсид: Вақте он пилзӯри шерчангол ба лашкари мо ҳамла овард, ин ҷо чӣ рӯй дод? (cid:) Лашкари мо, (cid:) посух дод ҳумон, (cid:) чунон ки фармуда будӣ, барҷо истода буд, он савори яккатоз хурӯшону дамон чун пили маст худро ба мо зад ва бо зарби шамшер бисёре аз ҷанговарони моро кушт, сипас якбора баргашту сӯйи лашкаргоҳи эрониён рафт. (cid:) Боз ҳам, (cid:) гуфт Суҳроб, (cid:) хайрият аст, ки аз паҳлавонони лашкар ҳеҷ якеро накуштааст. ғам махӯред, фардо ман ба сари сипоҳи Ковус аз абр хун меборонам. Бо мадади ҷаҳонофарин аз душманон якеро зинда намегузорам. Акнун хон бигустаред ва май биёред, то ғам аз дил бишӯем. Аз он сӯ Рустам дар лашкаргоҳ ба Гев бархӯрд ва пурсид: (cid:) Суҳроб бар лашкари мо тохт, чӣ кард? (cid:) Мапурс, ки мо чунин паҳлавони даҳшатангезро ҳаргиз надидаем, (cid:) гуфт Гев. (cid:) Тӯфоне барпо кард ба Тӯс дарафтид, бо гурзи хамхӯрда ба сараш зад, кулаҳхӯди Тӯс пачақ шуда аз сараш ғалтид. Тӯс дид, ки бо вай баробар шудан наметавонад, аз набард рӯй тофт. Мо ойини паҳлавононро риоя карда, ба паҳлавони якка бо сипоҳ ҳамла набурдем. Барқвор ба ҳар сӯ метохт, хурӯшону ғуррон найза мезаду гурз мекӯфт, касеро бо ӯ ёрои набард набуд. Рустам аз гуфтори вай дилаш пурандуҳ шуда ба саропардаи Ковус рафт. Шоҳ ӯро дар паҳлуи худ нишонда аз моҷарои разм пурсон шуд. (cid:) Паҳлавони навҷавонест, чанорҳайкал ва рӯинтан, (cid:) гуфт Рустам дар бораи Суҳроб, (cid:) бозувонаш чун ронҳои асп. Якди- гарро ба шамшеру гурзу найза озмудем, ба ҳамааш тоб овард. Саранҷом ба худ гуфтам, ки ман бисёр гурдонро аз зин бардошта ба замин афкандаам, ӯро низ чунин хоҳам кард. Ба камаргоҳаш даст андохтам, аммо агар кӯҳ аз бод меҷунбид, ӯ низ аз зин ҷудо мешуд. Шом даромад, набардро ба фардо гузоштем. Ман мекӯшам, аммо Худо медонад, пирӯзӣ насиби кӣ мешуда бошад. Таҳамтан аз пеши Ковус баромада ба хиргоҳи худ рафт. Бародараш Завора хавотиркашон чашм ба роҳи ӯ буд. Паҳла- вон нахуст хӯроку пӯшок хост, сипас бо Завора дар хилват нишаста разми рӯзонаро ба вай нақл кард ва дар охир чунин гуфт: (cid:) Фардо ки ман ба овардгоҳ рафтам, ту дирафши маро барафроз, сипоҳро омода бидор ва натиҷаи набардро нигарон бош. Агар ба Суҳроб пирӯзӣ ёфтам, зуд бармегардам, аммо агар кор дигаргуна шуд, шумо ғамгин нашавед. Ба овардгоҳ ҳеҷ кас наёяд, ҳама ба Зобулистон назди падарамон баргардед. Ту модарамро дилбардорӣ кун, бигӯ ки аз ман дил канад, ғамгин нашавад, ки одамизод дар ин ҷаҳон ҷовид намемонад ва ҳар қадар дер монад ҳам, саранҷом бояд биравад. Басо деву шеру наҳангон ба дасти ман табоҳ шуданд, чӣ бисёр қалъаҳоро кушодам ва чи миқдор лашкарҳои гаронро шикастам. ҳар кӣ саворӣ карду ҷанговар шуд, дари маргро кӯфт. Аҷал ки расид, чора ба ҷуз таслим нест. Дар ҷаҳон ба фарру шукӯҳи ҷамшед, ё ба шавкату азамати Таҳмураси девбанд подшоҳе набуд. Чун замони рафтанашон расид, як он дер намонданд ва рафтанд. Ба падарам бигӯ, ки аз шоҳ рӯ натобад, агар шоҳ ҷанг ихтиёр кунад, камар ба ҷанг бубандад, ки оқибат мо ҳама пиру ҷавон туъмаи маргем. Аз он сӯ Суҳроб ҳама шаб бо саркардагони сипоҳи худ дар базм нишаста буду май менӯшид, суруду нағма мешунид ва аммо хотираш осуда набуд, дар бораи Рустам фикр мекард. Ба ҳумон мегуфт: ӯ ба қаду баст аз ман кам нест, ба андому китфу бозу монанди ман аст, ман айёми солхӯрдагии худро дар ӯ мебинам. Чун ба ӯ менигарам, меҳре дар ман тавлид мешавад ва шармам меояд. Нишонаҳои падарамро, ки модар гуфта буд, дар ӯ мебинаму дилам тоб мехӯрад. Гумон мебарам, ки ӯ Рустам аст. Мабод, ки бо падари худ биҷангаму бадном ва рӯсиёҳ шавам. ҳумон ӯро мефиребиду мегуфт: (cid:) Ман Рустамро чандин бор дар майдони ҷанг дидаам, ин паҳлавон Рустам нест, аспаш ҳам агарчи ба Рахши Рустам монандӣ дорад, лекин чорхезаш ва пой пахш карданҳош мисли вай нест. Дар сапедадами бомдод Суҳроб хафтони ҷанг пӯшид, силоҳ бардошт ва савор шуда ба размгоҳ равон гардид. Аз он сӯ Рустам низ бабри баёни худро пӯшиду Рахшро савор шуда ба он сӯ ронд. Суҳроб чун Таҳамтанро дид, боз дар дилаш гармии меҳри ӯро ҳис кард. Хандон шуда бо нармию меҳрубонӣ ва ҳалимӣ гуфт: (cid:) Эй паҳлавон, шаб ба ту чӣ тавр гузашт ва саҳар чӣ гуна бархостӣ? ҳанӯз азми ҷанг дорӣ? Чаро? Биё ҳар ду пиёда шавему силоҳ аз даст биафканем, кинаро аз дилҳо бишӯем, бо ҳам биншинему бинӯшем, ёр шавем. Намедонам аз чист, ки дилам ба ту меҳр гирифтааст. Ту бешак аз нажоди гурдони номдорӣ, набояд зоту насабат ва номатро аз ман пинҳон дорӣ. Ба гумонам, ту ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастонӣ. Таҳамтан гуфт: (cid:) Эй ҷавонмард, дирӯз гуфтугӯямон ҳама аз ҷанг буд, аз силоҳ афкандану ёр шудан дам назадем. Беҳуда макӯш, ки фиреби туро намехӯрам. Агар ту ҷавонӣ, ман кӯдак нестам; басо дар фарозу нишеби ҷаҳон гаштаам, макру ҳила ба ман дарнамегирад. Ба разми ту камар бастаам. Бикӯшем, то сарна- вишти мо чӣ бошад. (cid:) Эй паҳлавони пир, (cid:) гуфт Суҳроб, (cid:) ман мехостам, ки ту дар поёни умрат бар бистари худ бимирӣ. Вале модоме худат ҷӯёи марги нобаҳангом бошиву аҷалат ба дасти ман бошад, аз қазову қадар чора нест. Пиёда шав, то зӯрозмоӣ кунем. Аз зин фуруд омаданд, аспонро бар тахтасанг бастанд ва ба гӯштин гирифтан даромаданд. Чун ду аждаҳо ба ҳам даровех- танд. Бабри баён (cid:) номи пӯшоки Рустам аз пӯсти бабр ё паланг. Аз бомдод то бегоҳрӯзӣ ин бар он ва он бар ин зӯр кард, на ин аз по афтод ва на он суст омад. Аз сару рӯю тани ҳар ду хуни омехта ба арақ мечакид. Ниҳоят Суҳроб чун бабри дамон ба як бор ҷаста наърае кашид ва аз камарбанди Рустам маҳкам гирифту ӯро аз ҷой даррабуда бар замин зад ва зер карда ханҷарашро кашид, то сари ӯро бибуррад. Таҳамтан намехост ба ҳалоки худ тан диҳад, бо забони нарм гуфт: (cid:) Эй ҷавонмард, ойини мо дигар аст. Дар гӯштингирӣ чун пушти яке ба замин расид, дигаре бори аввал ханҷар намека- шад. Аммо агар ҳарифро бори дуюм ғалтонад, сари ӯро бури- данаш равост. Рустам бо ҳамин чора хост худро аз чанги марг бираҳонад. ҷавон сухани пирро гирифта ханҷарашро ба ғилоф андохт. Бегоҳирӯзӣ ҳарифон давоми набардро ба фардо гузошта овардгоҳро тарк карданд. Суҳроб ҳангоми бозгашт ба лашкаргоҳ дар дашт чашмаш аз дур ба оҳуе ғалтид, тир дар камон ниҳода аз паяш тохт, то сайд кунад. Ногоҳ ҳумон ба ӯ расид, ки аз дер мондани сипаҳсолор хавотир кашида ба суроғаш омада буд. Вай аз чигунагии набарди имрӯза пурсон шуд. Суҳроб он чи гузашта буд, бозгуфт. ҳумон надомат кард, ки: (cid:) Э дареғ! Ту чӣ кор кардӣ? Магар аз ҷонат сер шудӣ, ки шери ба дом афтодаро раҳо кардӣ? Мабодо ин рафтори беҳуда балое ба сари худат оварад. ҳеҷ як ҷанговар ҳаргиз чунин душмане зӯрманд ва пурхатарро бо ин хомӣ аз чангаш раҳо накардааст! (cid:) ғам махӯр, (cid:) гуфт Суҳроб, (cid:) вай аз чанги ман халос наме- шавад, фардо ба набард бозояд, мебинӣ ман чӣ гуна ба гар- данаш полҳанг меандозам. Аз он сӯ Рустам, чун аз чанги Суҳроб раҳо ёфт, ба сари чашмае рафт, фаровон об нӯшида ташнагиашро шикаст, сару рӯй ва танашро шуст ва ба ниёиш истод. Гӯянд, Рустам дар оғози кор чунон зӯрманд буд, ки агар бар санг қадам мениҳод, пояш дар санг меғӯтид, аз ин рӯ ба роҳ рафтан душворӣ мекашид ва пайваста ранҷур буд, ба Худо менолид, ки зӯраш бикоҳад, то ба замин бемалол қадам монда тавонад. Худо нолиши ӯро шунид (cid:) зӯраш коста шуд. Акнун, ки Суҳроб ғалтонидаш, ӯ ба Худо ниёиш кард, ки зӯри пеши- нашро ба вай бозгардонад. Худо ҳамон зӯри нахустинро ба ӯ боздод. Таҳамтан бо неруи афзуда, аммо дили пурандешаву хавоси парешон дар размгоҳ ҳозир шуд. Суҳроб ҳам камон ба даст ва каманд бар бозу омад. Ба Рустам гуфт: (cid:) Якбор, ки аз чанги шер растӣ, боз чаро ба ҷанг омадӣ? Бо ин далерӣ чаро сӯйи ростӣ рӯ намеоварӣ ва ному нажодатро намегӯӣ? Таҳамтан дам назад. ҳар ду пиёда шуданд, аспонро ба тахтасанг бастанд ва камари якдигарро гирифтанд. Бахти бадхоҳ чун мурғи наҳсу нагбат бар сари ду ҷангҷӯ болафшон буд. Суҳроб зӯр овард. Рустам дошт дод, наҷунбид. Ин бор амри толеъ дигаргуна буд. Рустам чун аждаҳои дамон чанг андохт ва гардани Суҳробро дар ҳалқаи бозуи пӯлодини худ фушурда танашро ба ёнбош оварду гардонда бар замин кӯфт. Аммо донист, ки Суҳроб бар замин намемонад, аз зери вай меҷаҳад. Сабук теғи обгунро аз камар кашиду ҷигаргоҳи фарзандашро дарид. Суҳроб ба худ печид ва оҳе кашиду аз ҷунбиш бозмонд. Аз андешаи неку бади дунё биёсуд. Чашм ба рӯйи Рустам боз карду гуфт: (cid:) Оқибат хунамро рехтӣ. Гуноҳи ту нест, замона чунин мехост. Сипеҳри кӯзпушт маро чунин зуд барафрохт ва нагун сохт. ҳамсолонам ба бозӣ хоҳанд гуфт: (cid:) «Бурзу болои Суҳроб ба хок рафт». Дареғо, ки падарро наёфта аз ҷаҳон рафтам. Модарам нишонаҳои падарамро гуфта буд. ӯро меҷустам, дар орзуи дидори падар умрам ба сар омад. Акнун ин орзуро ба хок мебарам. Аммо ту аз дасти падарам амон нахоҳӣ ёфт. Агарчи моҳӣ шавӣ ва дар об равӣ, ё чун шаб дар сиёҳӣ пинҳон гардӣ, ё ки ситора шавӣ ва ба сипеҳр бароӣ, падарам туро меёбад ва кини маро аз ту меситонад. Охир аз ин номдорон касе хабар ба Рустам хоҳад бурд, ки Суҳроб туро меҷуст ва аммо хирасаре ба ханҷар синаи ӯро дарид ва писарат ба хорӣ дар хок хуфтааст. Рустам сараш чарх зад, ҷаҳон пеши чашмаш тира гашт, ғалтид ва аз ҳуш рафт. Чун ба ҳуш омад, фарзандро дар канори худ оғушта ба хун дид. Фарёд аз ҷигар кашид, сари Суҳробро ба зону гирифт, дод зад, ки: (cid:) «Номи Рустам аз миёни ҷангова- рон гум бод! Бигӯ, аз вай чӣ нишон дорӣ, ки Рустам манам, дастам бурида бод, ки ба теғ хуни фарзандамро рехтам». Хан- ҷарашро бар санг зад, ҳам санг пора-пора ва ҳам ханҷар ду ним шуд. Суҳроб ҳанӯз ҷон надода буд, чашм кушод ва бо дард ба рӯйи Рустам нигарист, нолон шуд ва гуфт: (cid:) Пас чаро номи худро аз ман пинҳон доштӣ, падар? Гаштаву баргашта ному нажодатро пурсидам, як зарра меҳри падарӣ дар дилат наҷунбид. Акнун банди ҷавшанамро бикушой ва танамро бараҳна бибин. ҳангоме ки азми сафари Эрон кардам, модарам бо дидагони ашкбор муҳрае ба бозуям баст ва гуфт: (cid:) «Ин аз падарат Рустам ёдгор аст, бо худ бидор, ки шояд ба кор ояд». Дареғо, ки пас аз бекор шудан ба кор омад. Рустам банди ҷавшани Суҳробро кушода дар бозуи ӯ нишони худро дид, чун шери захмхӯрда хурӯшид, дар хок ғел зад, гиребон чок кард, фиғон андохт: (cid:) «Эй фарзанди диловарам, навҷавон писарам, ғунчаи нав(cid:) баҳории рухсорат нашукуфта хазон шуд, рӯйи хуршед сер надида ба тирашаби марг рафтӣ!». (cid:) Гиря макун, падар (cid:) гуфт Суҳроби хуншор, (cid:) акнун аз гиристану сӯхтан чӣ суд? Тақдир ин будааст, аз тақдир гурез нест. Модарам, бечора модарам ба доғи ман хоҳад сӯхт. ӯро кӣ дилдорӣ мекунад, кӣ тасаллӣ медиҳад(cid:) Дар ин миён Ковус ва сипоҳаш ба хавотир афтоданд, ки офтоб сар ба нишеб оварду чаро аз Рустам дарак нест. Шоҳ бист саворро барои хабар гирифтан фиристод. Саворон бо шитобу ҷадал ба размгоҳ расида, аз дуртар ду аспро баста диданд ва саворон ғоиб. Рустам дар паси пушта Суҳроби захмиро дар оғӯш гирифта гирён нишаста буд, саворон Суҳробро Рустам пиндоштанду ӯро кушташуда гумон карда саросема бозгаштанду ба Ковус хабар бурданд, ки Таҳамтан ҳалок шудааст. Аз лашкаргоҳ хурӯше бархост, сарони сипоҳ ва паҳлавонон ошуфтаву парешонҳол назди Ковус омаданд. Шоҳ фармуд саворе ба дашти набард бишитобад ва бидонад Суҳроб ба чӣ ҳол аст? Ба дилаш мегуфт: (cid:) «Агар Рустам ҳақиқатан кушта шуда бошад, кӣ ёрои набарди Суҳробро дорад?» Суҳроб дар дами ҷонканӣ хурӯшу ғалоғуларо шунида ба Рустам гуфт: (cid:) Ман мемирам, сипоҳи Тӯрон бе сардор монд, ҳолаш душвор гашт. Хоҳиш мекунам, падар, ту восита шав, ки шоҳ Ковус сипоҳи маро наёзорад, ман ба онҳо ваъдаи подоши хидмат дода ва умедҳо бахшида будам. Ниятам буд, ки туро ёбам, то падару писар якҷиҳат шуда шаҳрёрии Эрону Тӯронро ба даст оварем ва ҳар ду кишварро ба ҳам пайвандем. Дареғ, ки амри тақдир дигаргун баромад. Аз Дижи Сапед як нафар солори эрониро асир гирифта будам, аз ӯ нишони туро пурсидам, нагуфт пинҳон дошт ва рӯзи маро чунин сиёҳ кард. Аммо ман гуноҳи ӯро мебахшам. Агар тавонӣ, магузор ки ба ӯ зиёне расад. Нишонаҳои туро, ки модарам гуфта буд, дар ту медидаму бовар намекардам. Амри қазо чунин будааст. Чун барқ омадам ва чун бод рафтам, магар туро дар ҷаҳони дигар боз бибинам. Сухан гуфтан ба Суҳроб душвор шуд. Охирин бор бо чашмони пуроб ба Рустам нигаристу дам фурӯ баст ва ҷон дод. ДОСТОНИ СИЁВУШ ЗОДАНИ СИЁВУШ АЗ МОДАР Замоне Тӯс ва Гев бо ёрони худ ва бо юзу бозҳои шикорӣ пайи нахчир ба дашти Дағу рафтанд. Дар наздикии он дашт Тӯронзамин сар мешуд. Саворон дар он сӯ аз дур ҷангалзоре диданд ва ба он тохтанд. Дар ҷангал ногоҳ ба духтаре бархӯр- данд, ки миёни буттазор пинҳон шуда буд. Пурсиданд: (cid:) Ту кистӣ? Дар ин ҷангал чӣ гуна афтодаӣ? (cid:) Аз дасти падарам гурехтам, (cid:) посух дод духтар. (cid:) Падарам бесабаб аз ман бадгумон шуд, шабҳангом аз базм маст баргашта ба ман теғ кашид, мехост маро бикушад. Паҳлавонон аз нажоди ӯ ҷӯё шуданд, гуфт, ки духтари яке аз саркардагони Афросиёб аст ва нажодаш ба Фаридун мекашад. (cid:) Пиёда ба ин ҷо чӣ гуна расидӣ? (cid:) Савор будам, аспам ғалтида пояш шикаст. Ба дуздон дучор шудам, аз тарс ҳам асп, ҳам тоҷи сарам ва дурҷи пур аз зару гавҳарро, ки бо ман буд, гузоштаму аз чангашон ҷаста ба ин ҷангал паноҳ бурдам. (cid:) Духтар ҳаросон буд, илова кард ки: (cid:) Падарам чун ҳушёр шавад, аз паям меафтад ва саворонро ба ҷустуҷӯям мефиристад. Духтар хубрӯ буд, Тӯс ва Гев ба ӯ бо чашми ҳавас нигарис- танд; дар байнашон талош афтод; Тӯс гуфт: (cid:) Инро нахуст ман дидам ва ба наздаш пеш аз ту расидам, духтар азони ман аст. (cid:) На, аз пайи нахчир ба ин сӯ нахуст ман тохтам, (cid:) эътироз кард Гев. (cid:) Каҷ магӯй, ҷавонмардон аз барои канизе пархош намекунанд. Моҷарояшон тунд шуд, то ҷое, ки духтарро куштанӣ шу- данд. Он гоҳ яке аз ёрон ба миёна даромад ва маслиҳат дод, ки асираро назди шоҳ баранд ва ӯ чӣ ҳукме ки барорад, қабул кунанд. Маслиҳатро пазируфтанд ва духтарро ба даргоҳи Кайковус бурданд. Ковус чун духтарро дид, меҳри ӯ бар дилаш нишаст. Ба паҳлавонон гуфт: (cid:) Чӣ ғизоли раъноеро шикор кардаед! Чунин шикор шоис- таи подшоҳ аст. Духтар канизи шоҳ шуд. Тӯс ва Гевро ба ҷуз итоат чора набуд. Ковус шефтаи ҳусну ҷамоли каниз шуда буд, ба ӯ гуфт: (cid:) Ин рӯйи зебо, ин мӯи мушкин ва нажоди олӣ (cid:) ҳар серо мехостӣ ба бод диҳӣ? Туро дар кохи заррин ҷой медиҳам, сари моҳрӯёни шабистонам мешавӣ. (cid:) Туро дидам ва аз ҳамаи сарафрозон худатро хостам, (cid:) посух дод духтар. Шоҳ ба Тӯс ва Гев яктоӣ дуто аспи хушзот ва дигар ҳадяҳои гаронбаҳо фиристод. Духтарро ҳариру дебо пӯшонд, ба ёқуту пирӯзаву лоҷувард биёрост ва дар шабистонаш бар тахти оҷ нишонд. Чун нуҳ моҳ бар ин баромад, аз шоҳбонуи нозанин писаре чун парӣ ва ба рух монанди бути озарӣ ба дунё омад. Падараш номи писарро Сиёвуш гузошт. Бо фармони шоҳ ситорашиносон аз сипеҳри гардон толеи бачаро ҷустанд, ба толеаш шӯру ошӯб баромад. Падару модараш ғамгин шуданд ва аммо ба умеди лутфу меҳрубонии яздонӣ ба парвариши фарзандашон пардохтанд. Боре Рустам аз Зобулистон ба даргоҳи шоҳ омад. Сиёвуш панҷсола шуда буд, Таҳамтан дар вай нишонаҳои паҳлавонӣ дид, аз шоҳ хоҳиш кард, ки бачаро ба тарбияти ӯ диҳад ва гуфт: (cid:) Парасторонат ба вай ҳунарҳое, ки лозими шоҳзода аст, ёд дода наметавонанд. Ин ҳунарҳоро ба ӯ ман ёд медиҳам. Шоҳ андешид ва донист, ки ба фарзандаш устоде беҳтарин аз Рустами Дастон нест. Пас розӣ шуд ва Сиёвушро ба ӯ супурд. Таҳамтан бачаро ба Зобулистон бурда тарбия кард. Ба вай асп- саворӣ, шикор, илми шамшеру синону камон, тартиби лашкар- дорӣ ва лашкаркаширо ёд дод. Ба мурури солҳо Сиёвуш дар ин ҳунарҳо чандон маҳорат пайдо кард, ки ҳеҷ яке аз паҳлавонон ва сипоҳдорон ғайр аз худи Рустам бо ӯ баробар шуда наметавонист. ҷавони диловар дар худ ҳунарҳои ҷанговариро бо зиракию ҳушмандӣ ва там- кину пурандешӣ ҷамъ намуда буд. Чун ба камоли рушд расид, ёди падару модар кард. Аз устодаш хоҳиш кард, ки ӯро ба Эроншаҳр барад: Чунин гуфт бо Рустами сарфароз, Ки омад ба дидори шоҳам ниёз. Басе ранҷ бурдиву дил сӯхтӣ, ҳунарҳои шоҳонам омӯхтӣ. Падар бояд акнун бубинад зи ман ҳунарҳову омӯзиши пилтан. Рустам хоҳиши ӯро пазируфт. Худи ӯ низ дар ин фикр буд, ки вақти он аст, ки шоҳзода ба даргоҳи падараш баргардад, зеро омӯзишу тарбияташ ба поён омада буд. Ба зудӣ лавозимоти сафари Сиёвушро муҳайё карданд, ӯ бо ҳамроҳии Рустам ва бо мушояати сипоҳи хоса сӯйи Эроншаҳр раҳсипор гардид. Шоҳ ва шоҳбону ба дидори фарзанди чандин сол надида- ашон, ки кӯдак рафта ҷавон омада буд, шодӣ карданд, ӯро дар канор гирифта аз сару рӯяш бӯсиданд. Падару модари хушбахт он бурзу боло, он китфу ёл, он фарру шукӯҳи писарашонро медиданд ва дар майдон ҳунарҳояшро тамошо мекарданду аз ифтихор сар ба фалак месоиданд, ба парварандааш Рустами Дастон офарин мехонданд. Шоҳ Сиёвушро ҳафт сол дар машқҳои ҷангӣ, дар шикор, дар базмҳо, дар мусоҳибати бузургон озмуд ва ҳар бор аз натиҷаи озмоишаш хушнуд мебуд. Соли ҳаштум тоҷ бар сари Сиёвуш ниҳод, камари тилло ба миёнаш баст, тавқи заррин бар гарданаш овехт ва Кӯҳистон (cid:) кишвари канори ҷайҳунро ба ӯ бахшид. МУСИБАТИ НАХУСТИН Он вақт буд, ки Сиёвуш нахустин бор донист, ки дар дунё ғам ҳаст, алам ҳаст; вай аз модараш ҷудо шуд. ӯ модарашро ниҳоят дӯст медошт, ҷаҳон барояш бо меҳри модар равшан буд, вафоти ногаҳонии ӯ ҷавонро ба мусибати пурдарде андохт. Вай ба тан ҷомаи хусравиро чок кард, хоки сиёҳ бар сар пошид. Рӯзону шабон навҳа мекарду менолид. Шодии тоҷдориву шаҳ- риёрии кишвари Кӯҳистон ба заҳри ғам омехта шуд. Бузургон ва номдорони даргоҳ (cid:) Тӯс, Гев, Гударз, бародараш Фаребурз мекӯшиданд ӯро тасаллӣ диҳанд, ки одамизод мирандааст ва ҳеҷ кас аз дасти аҷал раҳо наёфт ва фарёду фиғон суд надорад, аммо дили Сиёвуш ҳеҷ таскин намеёфт. Лекин ҳама чиз мегузарад. Азодории пурсӯзу гудози Сиёвуш ҳам гузашт. ИШқИ СУДОБА Аммо дар сари роҳи ҷавон балои дигаре камин гирифта буд. Ин бало аз модарандараш Судоба сар зад. Судоба ҳар гоҳ, ки ӯро медид, дилаш метапид, чун ях дар дами оташ об мешуд, дасту по гум мекард. Зан ошиқ шуда буд. Билохира шоҳбону сабру қарорро аз даст дода, назди Сиёвуш кас фиристод ва фармуд, ки пинҳонӣ ба шоҳзода бигӯяд: (cid:) «Боре агар ба шабистони падарат гузарӣ, айбе надорад». Фиристода ин паёмро ба Сиёвуш расонид, шоҳзода ба доми гузоштаи Судоба пай бурд, барошуфт ва гуфт: (cid:) «Марди шабистон нестам, дигар маро маҷӯй!». Судоба чун аз ин посухи Сиёвуш огоҳӣ ёфт, маъюс шуд, аммо аз нияти худ даст накашид. Рӯзи дигар қариби субҳидам ба хобгоҳи Ковус хиромид, шоҳро ситоиш кард ва бо забони нарму ширин гуфт, ки шоҳдухтарон муштоқи дидори барода- ранд ва мехоҳанд ба ӯ муҳаббати худро изҳор кунанду бар қадамаш нисор оваранд, чӣ мешавад, ки шоҳ Сиёвушро фармояд, то ҳар замон ба шабистон барои дидани хоҳаронаш биёяд. (cid:) Рост мегӯйӣ, (cid:) розӣ шуд шоҳи ғофил. (cid:) Ту ба писарам меҳри сад модарро дорӣ. Мефармоямаш, то ба шабистон биравад. ӯ Сиёвушро ба наздаш хонда гуфт: (cid:) Эй фарзанд, туро Офаридгор чунон офарид, ки ҳар кӣ як бор бубинад, меҳрат дар дилаш менишинад. Яздон туро нажоди пок ва сурату сирати зебо додааст, ки ҳаргиз модаре чун ту фарзанд назод. Ту дар паси пардаи ман хоҳарони ҳамхун ва чун Судоба модаре дорӣ, ки меҳраш ба ту аз модари худат камтар нест. Чӣ гуна мешавад, ки онҳо туро ҳамеша фақат аз дур бубинанд? Ба шабистонам бирав ва замоне он ҷо бимон, то пайвандҳоятро ба дидори худ шод карда бошӣ. Сиёвуш ин гуфтори шоҳро шунида ба ӯ хира нигарист ва ба дил гузаронд, ки падараш ӯро озмуданӣ ё тавассути духтарон ва занони худ хаёлу андешаҳояшро фаҳмиданӣ бошад. Пас ба падар чунин посух дод: Ту маро тахту тоҷ додӣ, ту чун офтобӣ, ки ба нури худ хокро арҷманд мегардонӣ. Акнун маро сӯйи хирадмандон ва доноён роҳ бинмой, падар, ойини подшоҳӣ ва сипоҳдорӣ, қавоиди ҷангу сулҳ биёмӯз. Дар шабистони шоҳ, ки фармудӣ, замоне он ҷо бимонам, ман чӣ меомӯзам? Занон кай ба дониш роҳ менамоянд? Аммо агар фармони шоҳ ин бошад, фармон мебарам, аз амри ҳумоюнӣ ҳаргиз сар наметобам. МУЛОқОТ БО СУДОБА Рӯзи дигар пардадор (cid:) нигаҳбони ҳарами шоҳ назди Сиёвуш омада, ӯро ба шабистон бурд. Шабистон бо қолинҳои гулдору пардаҳои ҳарир ороиш ёфта ва аз мушку анбар муаттар буд. ҳамаи аҳли шабистон ба истиқболи шоҳзода омада, ба дидораш шодӣ карданд, ба қадамаш дурру гавҳар рехтанд. Судоба чун ситораи Суҳайл тобон, бар тахти баланди заррини мурассаъ ба лаълу фирӯзаву ёқут ва ороста бо дебои шоҳвор нишаста, дар пешу паҳлуяш канизони моҳлиқо ба хидмат истода буданд. Вай бархоста ба пешвози Сиёвуш хиромид ва ӯро дар бағал кашида чашму рӯяшро гаштаву баргашта бӯсид. Ин меҳри саршор ба меҳри модарӣ монанд набуд. Сиёвуш зуд аз Судоба дур шуда назди хоҳаронаш рафт ва замоне дар мусоҳабати онҳо андармон гардид. Сипас бо аҳли шабистон хайрбод карда ба кохи худ баргашт. Ковус шаб дар шабистон аз Судоба пурсид: (cid:) Сиёвушро дидӣ? Писандат омад? Судоба камолоти шоҳзодаро ситуда гуфт: (cid:) ӯ ҳамто надорад, ҳақиқатан арзандаи туст. (cid:) Чашми бад кӯр бод, ба воя расидааст, (cid:) гуфт шоҳ. (cid:) Оё вақти он нест, ки ҷуфт биҷӯяд ва кадхудо шавад. (cid:) Вақт аст, (cid:) посух дод Судоба. (cid:) Агар пазирад, ман ба вай аз хешони худам зан медиҳам. Хешонам, чунончи Каёрас ё Кайпашан, духтароне шоистаи ӯ доранд. Сиёвушро фарзанд мебояд, ки вориси тахту тоҷаш бошад ва аз ӯ дар ҷаҳон ёдгор бимонад. (cid:) Орзуи ман низ ин аст, (cid:) гуфт Кайковус. Чун пагоҳи дигар Сиёвуш назди падараш омад, падар боргоҳро аз бегонаҳо холӣ карда пеши писар дилашро кушод: (cid:) Эй сарафроз фарзанд, ман орзуи набера дорам. Аз Офа- ридгор мехоҳам, ки ту низ чун ман падар шавӣ ва аз худ дар ҷаҳон ёдгор гузорӣ, аз пушти ту монанди худат шаҳрёре ояд, ки чунон, ки ман ба ту менозам, ту низ ба ӯ бинозӣ ва аз дидораш шодмон шавӣ. Аз гуфтаи мубади ситорашинос ман нишони ахтаратро чунин ёфтам, ки фарзанди ту шаҳрёри Эронзамин хоҳад шуд. Акнун ту аз хонадони бузургон зане бихоҳ. Чунончи, метавонӣ ба паси пардаи Кайпашан ё Каёрас нигоҳ кунӣ, ки духтарони моҳрӯ доранд. Сиёвуш гуфт: (cid:) Ман шоҳро ҳам фарзанд ва ҳам бандаам, сарафкандаи фармони ӯям, ҳар духтареро, ки шоҳам ва падарам ба ман муносиб бинад, мепазирам. (cid:) Пас илова кард, ки: (cid:) Аммо инро Судоба нашунавад. Мабод, ки ӯ чизи дигар гӯяду корро дигаргун созад. Шоҳ ғофил «аз оби зери коҳ» ба сухани охирини ӯ хандиду гуфт: (cid:) Занро ту ба дилхоҳи худ интихоб мекунӣ. Аз Судоба хавотир макаш, ки вай ҳар чӣ ба ту гӯяд, аз меҳрубонӣ ва ғамхорӣ мегӯяд. Сиёвуш аз гуфтори падараш шод шуд, аммо бо вуҷуди ин аз Судоба хотираш ҷамъ набуд; донист, ки ёдоварии шоҳ аз духтарони Кайпашану Каёрас аз гуфтори Судоба сарчашма мегирад. МУЛОқОТИ ДУЮМ БО СУДОБА Саҳари дигар Судоба афсари ёқутии лаългун ба сар ниҳода бар курсии заррин нишаст ва духтарони барнои ҳурлиқоро, ки хоҳарзодаву бародарзодагони худаш буданд, ба наздаш хонд. Онҳо омада, дар хидматаш ба по истоданд. Вай пардадорро ба кохи Сиёвуш фиристод: (cid:) Бирав ва бигӯяш: (cid:) «Шаҳбону туро дидан мехоҳад, бояд, ки лутфан ба шабистон қадам ранҷа кунӣ». Пардадор ба зудӣ паёми ӯро ба Сиёвуш расонд. Шоҳзода ба шабистон пояш намекашид, баҳонаи нарафтан меҷуст, лекин баҳонаи боварибахше наёфт ва равон шуд. Судоба бархоста аз ҷавон бо меҳрубонии беш аз пеш пазира шуд ва ӯро дар паҳлуи худ ба курсии дигар нишонда аз китфаш оғӯш ва диққаташро ба духтарони париваш ҷалб кард: (cid:) Бингар, ин норасида бутони Тирозро Худованд ҳама аз шарму ноз сириштааст. Ба чеҳраву андомашон хуб нигоҳ кун ва бигӯ, кадоми инҳоро хуш мекунӣ? Сиёвуш ба духтарон назари кӯтоҳе афканд, дид, ки ҳама- ашон аз шарму ҳаё чашмҳошонро фурӯ андохтанд ва ҳеҷ кадом ба ӯ нигоҳ намекунад, ин ба он ва он ба ин оҳиста мегуфт, ки ба шоҳзодаи хуршедчеҳра ёрои нигаристан надорад. Судоба духтаронро рухсати рафтан дод. Чун онҳо аз хона берун шуданд, вай ба Сиёвуш гуфт: (cid:) ҳар кас туро боре аз дур ҳам бубинад, ба ҷодуи ҳуснат ҳуш аз даст медиҳад. Ту ин паричеҳрагонро шефтаи худ кардӣ. Ба ман бигӯ, кадоме аз инҳо писанди ту омад? Киро шоистаи худ мебинӣ? Сиёвуш сар ба зер андохт ва ҷавоб надод. Ба дил гузаронд ки: (cid:) «Бе ҳамсар аз дунё гузаштанам беҳ, ки аз душманон зан бигирам. қиссаи ҳомоваронро шунидаам ва медонам қавми Судоба бо шоҳ ва бо паҳлавонони Эрон чӣ карданд». ӯ ҷанги ҳомоваронро, ки аз падараш ва аз паҳлавонони даргоҳи ӯ шунида буд, ба ёд овард. Судоба духтари шоҳи ҳомоварон буд, замоне ки Кайковус ба ҳомоварон лашкар кашида буд, ҷанг ба сулҳ анҷомида ва шоҳи он кишвар духтарашро ба зании Ковус дод, аммо баъд паймони худро шикаста, шоҳи Эрон ва чанде аз паҳлавонони ӯро ба ҳила банд карду ба зиндон андохт. Агар Рустам ба мадади онҳо намера- сиду халосашон намекард, ҳама кушта мешуданд, ё ки дар банду зиндон мемурданд. Сиёвуш аз Судобаи ҳомоваронӣ чашми некӣ надошт, ӯро маккора ва бадхоҳи хонадони шоҳи Эрон медонист. Шоҳзода дар ҷавоби пурсиши Судоба сукут кард, шоҳбону пардаи шарму ҳаёро аз рӯяш бардошту гуфт: (cid:) Моҳ бо он ҳама тобонии худ назди хуршед хор аст. Агар ин дӯшизаҳо моҳ бошанд, ман хуршедам ва дар канори туям. Касе, ки маро бо ин тоҷи ёқуту пирӯза бар тахти оҷ мебинад, агар ба моҳ нанигарад, чӣ аҷаб? Агар ту бо ман паймон кунӣ ва маро ба муродам расонӣ, ман яке аз ин дӯшизагони расидаро ба ту мебахшам, ки канизи ту бошад, ту бо вай ҳар вақт ва ҳар чӣ хоҳӣ, мекунӣ. Акнун ту савганд бихӯр, ки аз гуфтори ман сар намепечӣ. Шоҳ аз олам гузарад, ту аз вай ба ман ёдгор мемонӣ, намегузорӣ, ки ба ман газанде расад ва маро ҳамчун ҷони худат азиз медорӣ. Инак, ман дар пеши ту истодаам, танам ва ҷонам аз они туст. Аз ман ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ, ҳамаи коми дилатро мебарорам. Зан инро гуфта даст бар гардани Сиёвуш ҳалқа кард: Сараш танг бигрифту як бӯса дод, ҳамоно, ки аз шарм н-овард ёд. Рухони Сиёвуш чу хун шуд зи шарм, Биёрост мижгон ба хуноби гарм. «Худоё, маро аз васвасаи дев нигоҳ дор, ман ба падарам хиёнат намекунам», (cid:) ба дилаш мегуфт Сиёвуш. Ва боз меанде- шид, ки: (cid:) «Агар ман ҳоло ба ин шӯхчашм сухани сард гӯям, хашмгин мешавад ва макр сохта, падарамро ҳам шӯронда, балое ба сарам меоварад. Он беҳ, ки бо забони нарм сухан гӯяму ӯро аз хашму кин боздорам». Пас гуфт: (cid:) Ту ба ҳусну ҷамол дар ҷаҳон беҳамтоӣ, сазовори ту ҷуз шоҳ нест. Лекин барои ман духтаре, ки аз хешонат медиҳӣ, бас аст. Ту инро ба шоҳ бигӯ ва бингар, ки ӯ чӣ посух хоҳад дод. ҳар духтареро, ки ту бароям интихоб кунӣ, ман розиам. Ту сари бонувонӣ ва маро ба ҷойи модар ҳастӣ. Инро гуфта Сиёвуш бархост ва бадар рафт. Шаб Ковус чун ба шабистон омад, Судоба ӯро мужда дод ки: (cid:) «Сиёвуш омад, ман ҳамаи духтаронро ба ӯ нишон додам, ӯ аз байни онҳо фалон хешзодаи маро писандид». Ковус аз ин дурӯғи шаҳбону шод шуд. Рӯзи дигар ӯ дари ганҷро кушода ба Судоба дурру гавҳар, дебои зарбофт, камари заррин, дастпонаву гарданбанду ангуштарӣ ва дигар чизҳои гаронбаҳо дода, фармуд ҳамаро то ҷашни арӯсии Сиёвуш нигоҳ дорад ва ба Сиёвуш бигӯяд, ки ин ҳоло як қисми ҳадяҳост ва ба вай боз дусад баробари ин чизҳо ганҷ бахшида хоҳад шуд. Судоба ҳадяҳоро медиду хаёлаш ҷойи дигар буд. Ба дилаш мегуфт: (cid:) «Агарчи ба баҳои ҷонам ҳам бошад, Сиёвушро ба фармони худ меорам, агар аз ман рӯй гардонад, ҳама чора- ҳоеро, ки ошкору ниҳон дар олам месозанд, хоҳ бад бошад ва хоҳ нек, ба кор мебараму ба коми дилам мерасам». МУЛОқОТИ СЕЮМ БО СУДОБА ӯ бори сеюм Сиёвушро ба наздаш талабид. ӯро аз ганҷе, ки Ковус бахшида будаш, огоҳӣ дод ва муҳобот кард, ки дусад пил бояд, то ҳадяи ҳозираву ояндаи шоҳро бикашанд. (cid:) Духтарро ба ту медиҳам, аммо ту ба ҳусну ҷамоли ман ва ба ин ҳама зебу зеварам нигоҳ кун. Чӣ баҳона дорӣ, ки аз ман рӯй гардонӣ? Ки ман то туро дидаам, мурдаам, Хурӯшону ҷӯшону озурдаам. ҳаме рӯзи равшан набинам зи дард, Бар онам, ки хуршед шуд лоҷвард. Кунун ҳафт сол аст, то меҳри ман ҳаме хун чаконад бад-ин чеҳри ман. Яке шод кун дар ниҳонӣ маро, Бубахшой рӯзи ҷавонӣ маро. Сиёвуш хиҷил шуд ва чунин посух дод: (cid:) Ман наметавонам аз барои дил динамро барбод диҳам. ҳаргиз ба падарам хиёнат намекунам, аз роҳи хирад ва мардӣ намебароям. Охир, ту бонуи шоҳӣ, маликаӣ, магар аз ту чунин гуноҳ шоиста аст? Судоба хашмгин ба по бархост: (cid:) Ман рози диламро ба ту кушодам, акнун ту дар ҳаққи ман бад андешида, ин розро фош ва маро расво хоҳӣ кард. ӯ инро гуфта либоси танашро дарронд, ба нохун ду рухсо- раашро харошида хунолуд кард, доду фарёд бардошт. Фарё- дашро аҳли шабистон шунида тозон омаданд, шӯру ғавғо бар- хост. Дар кох қиёмат барпо шуд. Ба Ковус огоҳӣ доданд. ӯ саросема аз боргоҳ ба шабистон омад, Судобаро рӯйхарошидаву нолон ва кохро пургуфтугӯ дид. Судоба рӯканону мӯканон хурӯшид, ки: Сиёвуш омада ба ман даровехт, изҳори ишқ кард, хост ба номусам таҷовуз кунад, чанг зада пероҳанамро дарронд. Шоҳ пурандеш шуд, ба дилаш гуфт, ки: (cid:) «Агар ин рост бошад, Сиёвушро бояд сар бурид. Э вой, ин чӣ шармандагист. Хирадмандон чӣ хоҳанд гуфт? » Фармуд, то занону духтарони ҳарамаш берун шуданд, ӯ Судоба ва Сиёвушро пеш хонд. Орому ботамкин ба Сиёвуш гуфт: (cid:) Чӣ рӯй дод? ҳамаро ба ман рост бигӯй. Сиёвуш ҳақиқатро, чунон ки гузашт, баён кард. (cid:) Дурӯғ мегӯяд! (cid:) дод зад Судоба, (cid:) ӯ аз ҳамаи аҳли шабистонат танҳо маро ҳавас кард ва тани маро хост. Ман ӯро аз ҳадяи ту огоҳ кардам ва гуфтам, ки худам низ чандин ҳадяи гаронбаҳо ба он зам карда духтарро ба вай медиҳам, аммо вай гуфт: (cid:) «Ба ҳадяву ганҷ кор надорам ва духтарро намехоҳам, худатро мехоҳаму бас». Дарафтиду хост маро ба худ таслим кунад, таслим нашудам, вай пероҳан бар танам чок кард, мӯямро канд, рӯямро харошид. Ман обистан ҳастам, дар қадам аз ту кӯдак дорам, метарсам, ки аз дарафтодани ин беномус ба кӯдакам осеб расида бошад, аз ин хаёл ҷаҳон пеши чашмам торик аст. Шоҳ дар шубҳа монд, надонист кадоми онҳо рост мегӯяд. қарор дод, ки дар баровардани ҳукм шитоб накунад ва нек бисанҷад. Аз Судоба бӯйи атру мушк меомад, Ковус саропои Сиёвушро бӯид, вале дар ӯ бӯй наёфт: аз суда шудани ӯ ба Судоба нишоне набуд. Ба зан хашм гирифт, ба дилаш гуфт, ки сазои ӯ бо шамшери тез пора-пора кардан аст. Аммо аз падари Судоба андеша кард. Шоҳи ҳомоварон ба хунхоҳии духтараш хоҳад омад, фитнаю ошӯб хоҳад бархост. Боз чанд мулоҳизаи дигар ҳам буд; аввало, дар он ҳангом ки Ковус дар зиндони ҳомоварон буд, Судоба ӯро на фақат тарк накард, балки рӯзу шаб ба парасториаш истод ва шарики дарду ранҷаш буд, Ковус ин некии занро фаромӯш намекунад; сониян, шоҳ ин зани нозанинашро аз тайи дил дӯст медошт, то ҷое ки ҳозир буд аз ҳар гуна гуноҳи ӯ даргузарад; сеюм, аз Судоба кӯдаки хурдсол дошт; ғами хурдсолонро хурд наметавон шумурд. Писарашро вай бегуноҳ ёфт. Бошарафӣ ва мардонагии Сиёвуш ба вай аён буд. (cid:) Ту аз ин кор ғамгин мабош, (cid:) гуфт ӯ ба Сиёвуш, (cid:) ин рӯй- додро ба фаромӯшӣ биспор ва ба касе магӯй. МАКРИ СУДОБА Шоҳбону ба мағлубияти худ тан надод. Бо дили аламзадаву пуркин дар он кори зишт дарахти наве аз макр биншонд. Дар байни канизони ӯ зане буд берӯй ва чорагар, ки обистан буд ва аз гаронии бори шикамаш азоб мекашид. Судоба чораи корашро аз ӯ ҷуст. Нахуст савгандаш дод, ки рози бонуро то абад аз ҳама кас пинҳон хоҳад дошт. Сипас фармуд дору нӯшида бачаашро партояд, то ба василаи кӯдаки партобшудаи ӯ гиреҳе, ки бону дар он дармондааст, кушода шавад, вагарна бону назди шоҳ беобрӯ ва балки аз ҷонаш ҷудо хоҳад шуд. Ба занак зари бисёр ваъда кард. ӯ, Судоба, ба шоҳ хоҳад гуфт, ки кӯдаки мурда аз вай аст. Занак гуфт: (cid:) «Ман канизи ту, сарафкандаи фармони туям». Шабонгоҳ ба занак доруе нӯшонда буд, ки ду кӯдаки тавъам аз ӯ афканда шуд. Судоба кӯдакони мурдаро дар ташт андохт, модари бадбахти онҳоро пинҳон ва худаш дар бистар афтида фарёду фиғон оғоз кард. Аҳли шабистон ҳама ба хобгоҳи ӯ давиданд ва ду кӯдаки мурдаро дар ташт дида ҳамчунин доду фарёд бар- доштанд. Аз доду фарёди онҳо Ковус аз хоб бедор шуда сабаб пурсид, рӯйдодаро ба ӯ гуфтанд. ғамгин шуд ва ҳеҷ нагуфт, фақат наздики саҳар назди Судоба даромада, ӯро дар бистар ва шабистонро ошуфта дид. Кӯдакони мурда ҳамоно дар ташт буданд. Судоба гирёну нолон гуфт: (cid:) Нигоҳ кун, ҳақиқат чун офтоб равшан аст. Ба ту гуфтам, Сиёвуш бо ман чӣ кард, ту бовар накардӣ ва ба гуфтори дурӯғи ӯ фирефта шудӣ. ӯ ба ман даровехта бачаҳоямро дар шикамам кушт. Ковус бо ҳоли парешону дили бадгумон бадар рафт. ТАҳқИқИ КОРИ КӯДАКОН Он чи шоҳ дар шабистонаш дид ва шунид, гумони ӯро дар ҳаққи Судоба бартараф накард. Андешид, ки чӣ бояд кард, ҳақиқати кӯдакони мурдаро чӣ гуна бояд донист. қарор дод, ки ба ситорашиносон муроҷиат намояд. Аз саросари мамлакат ситорашиносони номиро ба даргоҳ даъват кард. Чун гирд омаданд, ба онҳо мурдаи кӯдаконро нишон дод ва фармуд, ки: (cid:) «Ба дониш дарёбед, инҳо аз пушти мананд ё на». Ситорашиносон кушоиши ин муамморо аз зиҷҳо ва аз сипеҳр ҷустанд ва як ҳафтаро дар сари ин шуғл ба поён оварда гуфтанд, ки: (cid:) «Май дар ҷом огандаи заҳр аст, ҳар ду кӯдак аз каси дигаранд, на аз шоҳ ва шоҳбону». Инчунин ба фоли ситорашиносӣ нишонаҳои он зани нопок (cid:) модари кӯдаконро ҳам дарёфта ба шоҳ маълум карданд. Ковус ба навкаронаш фармон дод, ки шаҳрро кофтуков ва он зани бадкирдорро аз рӯйи нишонаҳояш пайдо карда оваранд. Аммо дар паи занак дур рафтан лозим наёмад, вай аз кохи Судоба ёфт шуд. ӯро кашон-кашон назди шоҳ оварданд. Шоҳ ӯро ба нағзӣ пурсиш кард ва ба шарти рост гуфтану иқрор шудан ваъдаи чандин некиҳо дод. Аммо занак иқрор намешуд. Фармуд, ки ӯро берун бурда ба ҳар воситае, ки бошад, ба иқрори гуноҳ маҷбур кунанд, вале кину шиканҷа судманд нашуд, занак ба сухани аввалааш истод: (cid:) Хабар надорам, бегуноҳам. Он гоҳ Ковус Судобаро пеш хонда бо ситорашиносон гуфтаи худро такрор карданд, ки ҳар ду кӯдак аз зани дигаранд. Судоба эътироз кард ва ба шоҳ гуфт: (cid:) Забони инҳоро Сиёвуш бастааст, аз тарси ӯ ҳақиқатро пинҳон медоранд. Ман низ ба он ҷавонпаҳлавон, ки ба илова сад ҳазор лашкари номвар зери фармони ӯст, ёрои муқобилат кардан надорам, то чи расад ба ин ситорашиносони бепаноҳ, ки агар ба ҷуз он ки ӯ фармудааст, сухан гӯянд, рӯзашонро табоҳ хоҳад кард. Ту бо ин пайванди ҷонам ҳастӣ, ҳалоки маро мехоҳӣ ва ғами фарзандони хурдсолатро намехӯрӣ. Агар ин корро чунин саҳл мегирифта бошӣ, ман дар он дунё ба ту даъ- вогарам. Ковус аз ин гуфтори ӯ дилреш шуд ва зану шавҳар бо ҳам гиристанд. Судоба шоҳро дар хаёлу андеша гузошта берун рафт. Ковус ба гуфтори ситорашиносон ҳам эътимоди қавӣ надошт, мутараддид буд, гумону шубҳа дилашро дарднок мехарошид. Бар он шуд, ки ин корро то охир таҳқиқ кунад, то ҳақиқати амр ба куллӣ ошкор ва ҳар гуна шубҳа бартараф гардад. Вай мубадонро талабида аз онҳо маслиҳат пурсид. Мубадон ҳар гуна андешаҳо ронданд ва саранҷом масли- ҳат бар он диданд, ки аз он ду яке (cid:) ё Судоба ва ё Сиёвуш аз оташ гузаранд. Барои он ки ҳақиқат ошкор шавад, бояд сангро бар сабӯ зад, (cid:) гуфтанд ба Ковус. (cid:) Ба фармони Яздон, оташ бегуноҳро намесӯзонад. Шаҳрёр аз шоҳбону ва шоҳзода пурандеша гаштааст, ки ин ба дили шаҳрёр зиён мерасонад. ӯ бояд худро аз ҳама гуна гумону шубҳа бираҳонад. Зану фарзанд агарчи азизанд, саломатии шоҳ аз он азизтар аст. Шоҳ занаш ва писарашро талабида, ба онҳо маслиҳати мубадонро эълон кард. (cid:) Ман рости суханро гуфтам, ба исботи суханам ду кӯдаки мурдатаваллудамро ба шоҳ нишон додам, азоби ман ҳамин бас аст. Сиёвушро аз оташ гузарон, ки бадкирдор аст. Шоҳ ба Сиёвуш нигарист. (cid:) Барои он ки аз ин нанг хоҳ зинда ва хоҳ мурда халос шавам, ҳозирам аз дӯзах аз кӯҳи оташ гузарам, (cid:) гуфт Сиёвуш. ГУЗАШТАНИ СИЁВУШ БАР ОТАШ Ковус мисли ин ки худаш аз оташ мегузашта бошад, ниҳоят ғамгин ва парешонҳол буд; охир, мумкин аст, ки фарзанди азизаш дар оташ бисӯзад, аммо вай акнун барои халосӣ аз гумону шубҳаи ҷонкоҳ чораи дигар намедид. Бо фармони ӯ сад корвони уштур аз дашт ҳезум кашонд. ҳамаи Эроншаҳр ва лашкар ба тамошо баромаданд. Ду ғарами азими ҳезум чун ду кӯҳи баланд қад барафрохт, ки аз ду фарсанг намудор буд. Ба болои ҳезум нафти сиёҳ рехтанд ва дусад марди оташафрӯз ба вай алов сар доданд. Аз фаввораи дуди ғализ ҳаво тира гашт ва сипас алангаи оташ забона кашида, дашт бирён шуд ва замин гудохт. Сиёвуш ҷомаи сафед пӯшид ва бар он ҷома чун кафан кофур пошид, кулаҳхӯди заррин бар сар ниҳод ва аспи сиёҳи тезтакро савор шуда бо чеҳраи хандон назди падар омаду пиёда шуда ба вай таъзим кард. Дар чашмони Ковус ашк ҳалқа мезад ва ӯ аз шарм ба замин менигарист. Мардумон ва сипоҳ мегиристанд (cid:) ғамгин мабош, падар, (cid:) гуфт Сиёвуш, (cid:) гардиши рӯзгор чунин аст. ҳоло шарманда манам, ки мавриди бадгумонии падар шудаам. Умедворам, ки оташ бегуноҳии маро собит хоҳад кард. Судоба ба боми қаср баромада аз дур менигарист ва ба дилаш мегуфт, ки эй кош он кӯҳи оташ Сиёвушро зудтар ба коми худ кашаду сӯзонда хокистар кунад. Сиёвуш ба даруни оташ асп ронд ва зуд дар байни аланга нопадид гашт. Халқ ва сипоҳ дар ғояти ҳаяҷон ва ашк аз дидаҳо резон оқибати корро нигарон буданд; шоҳзода аз оташ мегузарад ё на? ӯ гузашт. Чун самандар аз алангаи оташ баро- мад. Лабонаш хандон, чеҳрааш аз тоби оташ чун гули сурхи садбарг шукуфон буд: Чу з-он кӯҳи оташ ба ҳомун гузашт, Хурӯшидан омад зи шаҳру зи дашт. Саворони лашкар барангехтанд, ҳама дашт пешаш дирам рехтанд. Яке шодмонӣ буд андар ҷаҳон, Миёни меҳону миёни кеҳон, ҳамедод мужда якеро дигар, Ки бахшуд бар бегунаҳ додгар. Судоба ду дасти аламу яъс бар сар мезад ва аз тарс мелар- зид. Аз чашмони Ковус ашки шодӣ мешорид. ӯ фарзандро оғӯш карда аз сару рӯяш мебӯсиду ба гумони бадаш, ки аз ӯ дошт узр мехост. ӯ ба Судоба хашм гирифт. Дар боргоҳ ӯро ба наздаш талабид, зан ба ранги паридаву тани аз тарс ларзон ҳозир гашт. (cid:) Эй бадсиришт, (cid:) хитоб кард шоҳ, (cid:) ту бисёр бадӣ кардӣ ва дили маро фаровон биёзурдӣ, фарзанди бегуноҳамро дар оташ андохтӣ! Акнун хоҳ тавба кунӣ ва хоҳ накунӣ, суд надорад. Ту бояд бимирӣ, подоши бадиат ҷуз овехтан нест. (cid:) Эй шаҳрёр, (cid:) гириста гуфт Судоба, (cid:) овез маро, бикуш, ман розиам, лекин аз ман бар дилат кина магир. Сиёвуш аз он сабаб дар оташ насӯхт, ки худро пеши занаки ҷодугар ҷоду кунонда буд. (cid:) ҳанӯз ҳам найранг мекунӣ? (cid:) бонг зад Ковус. (cid:) Маккора! Макри ту дигар ба ман дарнамегирад. Вай аз бузургони даргоҳаш пурсид: (cid:) Сазои ин бадкирдор чист? Бузургон гуфтанд: (cid:) Куштан. Шоҳ ба ҷаллод фармон дод: (cid:) ӯро бибар ва ба дор овез! ҷаллод Судобаро бурданӣ шуда буд, ки ҳамаи аҳли шабистони шоҳ доду фарёд бардоштанд. Дили Ковус пурдард ва рухаш зард гашт. Сиёвуш ба худ андешид, ки: (cid:) «Шоҳ фармонашро дар сари қаҳру ғазаб дод, аммо баъд мумкин аст пушаймон шаваду маро сабабгори кушта шудани Судоба донад». Пас ба шоҳ гуфт: (cid:) Падар, ба ин кор дилатро ранҷа мадор, ман гуноҳи ӯро аз ту металабам. Шояд ки панд гираду беҳ шавад. Шоҳ шафоати писарашро пазируфт ва гуноҳи занашро бахшид. Замоне бар ин гузашт, шоҳ боз ба Судоба дилгарм гашт ва меҳраш чунон афзуд, ки як дам ӯро набинад, пазмон мешуд. Аммо Судоба боз кам-кам аз Сиёвуш бадгӯйӣ оғоз кард, ба гӯши Ковус мехонд, ки шафоати Сиёвуш бар ва дар он ҳангом ки шоҳ фармони овехтани ӯро дода буд, беғараз набуд; шоҳзода ҷӯёи меҳри ӯст. Ковус боз аз шоҳзода бадгумон шуд. ЛАШКАР КАШИДАНИ СИЁВУШ Дар ҳамин вақт буд, ки ба шоҳ хабари ба ҷанг омадани Афросиёб расид. Шоҳи Тӯрон аз нав паймони сулҳро вайрон карда, бо сад ҳазор лашкар ба сарҳадди Эрон омада буд. Ковус сахт ба хавотир афтод ва ҷӯёи баҳодуре шуд, ки ҳам- бози лашкаркаше чун Афросиёб бошад ва ба сипоҳи ӯ сардорӣ намуда, роҳро бар истилогарон бубандад. Ин корро Сиёвуш ба уҳда гирифтанӣ шуд: Бишуд бо камар пеши Ковусшоҳ, Бад-ӯ гуфт: (cid:) «Ман дорам ин пойгоҳ, Ки бо шоҳи Тӯрон биҷӯям набард, Сари сарварон андарорам ба гард». Шоҳзода аз иғвогарии Судоба ва бадгумонии падар ба ҷон расида буд ва намедонист ба куҷо гурезад. ҷанг барояш гурезгоҳи дилхоҳ омад. Ковус ҳарчанд диловарии писарашро медонист, вале чун ӯ ҳанӯз ҷангнодида ва бетаҷриба буд, ба додани сипаҳсолорӣ ба ӯ майл надошт, лекин ба исрори шоҳзода гузашт карда, ӯро сарлашкар таъйин намуд ва аммо тарбиягараш Рустамро ба ӯ баргумошт. Сарлашкари ҷавон ва Таҳамтан ба иловаи лашкаре, ки зери силоҳ буд, боз аз далерони Порс, Зобулистон, Балуҷистон, Гелон дувоздаҳ ҳазор савор ва ҳамин миқдор пиёдаи яккачин гирд оварданд. Лашкар сӯйи сарҳад ба ҳаракат омад. Шоҳ ва шоҳзода ҳангоми видоъ якдигарро оғӯш карда гиристанд. Дилҳошон гувоҳӣ медод, ки ин дидори охирин аст ва падару писар ҳамешагӣ бо ҳам видоъ мекунанд. Баъд Сиёвуш ба сари оромгоҳи модараш рафт, қабрашро оғӯш карда гирист ва бо турбати азизи ӯ видоъ кард. Сипаҳсолори ҷавон ва Таҳамтан лашкарро аз дашти ҳирот ва Наврӯд гузаронда ба наздики Балх оварданд. Аз он сӯ Гарсеваз, бародари Афросиёб ва паҳлавон Бормон лашкар кашиданд. ҷанг дар наздики дарвозаи Балх сар шуд. Дар се рӯз ду муҳорибаи шадид ба амал омад. Сиёвуш қалби сипоҳи душ- манро рахна ва Рустам майсараи тӯрониёнро торумор карданд. Гарсевазу Бормон бо бақияи лашкари шикастхӯрдаашон ба он тарафи ҷайҳун гурехтанд. Сиёвуш Балхро ишғол кард. Вай ба шоҳ Ковус фатҳнома навишт: (cid:) «Ба бахти шаҳрёр шоду пирӯз ба Балх расидам, бо душман се рӯз ҷангидам, рӯзи ҷаҳорум пирӯзӣ ёфтам. Гарсевазу Бормон бо тезии тири аз камон ҷаста сӯйи Тирмиз гурехтанд. Афросиёб дар Суғд аст, агар шаҳрёр фармон диҳад, сипоҳро аз ҷайҳун гузаронда, дар он сӯ корзор мекунам». Ковус аз хабари пирӯзии Сиёвуш шод шуд ва аммо ӯро аз гузаронидани лашкар ба соҳили рост ва рафтан ба Суғд манъ кард, дар посухи фатҳномаи Сиёвуш навишт, ки: (cid:) «Лашка- ратро пароканда макун ва ба ҷанг ҷустан шитоб манамой; худи Афросиёб ба ҷанги ту хоҳад омад ва чун ба ин тарафи ҷайҳун гузашт, ту ӯро ғарқаи хун хоҳӣ кард». Аз он ҷониб Афросиёб аз шикасти лашкараш дар ҷанги Балх огоҳ шуда, чун оташ барафрӯхт. Ба Гарсеваз чунон нига- рист, ки гӯё мехост бо теғи нигоҳаш синаи ӯро бишкофад. Наъраи пурхашме кашида, бародарашро аз пеши худ ронд. ОШТӣ ХОСТАНИ АФРОСИЁБ Шаб хоби Афросиёб ноором буд. Чун посе аз шаб гузашт, ӯ ногоҳ фарёде кашида, чун каси табгирифта ларзону ҳаросон бедор шуд. Парастандагонаш низ аз фарёди ӯ бедор шуданд, дар ҳар сӯ ғалоғула бархост, Гарсеваз ба зудӣ ҳозир шуда, бародарашро аз бистар ғелида ва дар замин хобида ёфт. ӯро бардошта дар бистараш хобонд, ҳол пурсид: (cid:) ҳоло, (cid:) гуфт Афросиёб, (cid:) аз ман ҳеҷ чиз мапурс, то ҳуши худро гирд оварам. Замоне гузашт, то ӯ ҳушёр шуд ва бархоста бар курсӣ нишасту лаб ба сухан боз кард: (cid:) Хобе, ки ман дидам, ҳеҷ кас набинад. Биёбоне дидам пур аз морон, замин пур аз гард, осмон пур аз уқобон. Ба канори биёбон дар саропарда нишаста будам, ногоҳ гирдбоде бархост, дирафшам ғалтид, аз ҳар сӯ рӯди хун равон гашт, саропарда сарнагун шуд. Аз ҷониби Эрон сипоҳе чун боди дамон омад, дар нӯги найзаи ҳар як савор як сари бурида. Саворони сиёҳпӯш бар тахти ман тохта маро аз вай ғалтонданд ва дасту поямро бастанд. Касе аз хешу пайвандҳоям дар наздам набуд. Маро кашон-кашон пеши Ковус бурданд, ӯ ба тахти баланд қарор гирифта ба наздаш кӯдаке, ду рухсораш чун ду моҳи рахшон, нишаста буд, кӯдак чун раъди ғуррон ба сӯям ҷаҳиду бо теғ аз миёнам бурида маро ду ним кард. Аз дард фарёд кашидаму бедор шудам. Гарсеваз хоби шоҳро ба таври худ ба некӣ таъбир намуда, кӯшиш кард ӯро тасаллӣ диҳад, аммо боз ба мубадон ва ситорашиносон муроҷиат кардани ӯро лозим донист. Афросиёб мубадонро ба даргоҳ хонд. Сараввал ба онҳо таъкид кард, ки он чиро ки ҳоло аз ӯ хоҳанд шунид, ба касе нагӯянд ва агар гӯянд, ҳамаашонро сар аз тан ҷудо хоҳад кард. Пас хобашро нақл кард. Донотарини мубадон нақли ӯро шунида тарсид ва гуфт: (cid:) Таъбири хоби шоҳро ёрои гуфтан надорем, магар шоҳ паймон кунад, ки сухани рости моро шунида ғазаб нахоҳад кард ва ба ҷони мо зинҳор хоҳад дод. Афросиёб паймон кард. Он гоҳ мубади пурдониш чунин гуфт: (cid:) Таъбири хоби подшоҳ ин аст, ки агар вай бо Сиёвуш биҷангад, ҷанг ба вай бадбахтӣ меоварад ва агар Сиёвуш ба дасти подшоҳ кушта шавад, ба кинхоҳии ӯ ҷаҳон пурошӯб, Тӯронзамин хароб мегардад ва подшоҳ агарчи мурғ шаваду парад ҳам, ба ҷое намерасад ва гирифтор мешавад. Афросиёб ин суханони талхро шунида ғамгин шуд ва дар андеша фурӯ рафт. Мубадон ӯро дар ҳамин ҳол гузошта даргоҳашро тарк карданд. Рӯзи дигар пагоҳӣ вай дар боргоҳаш аз бузургон ва сарони лашкар анҷуман ороста, ба онҳо чунин гуфт: (cid:) Ман дар замона фақат ҷанг мебинаму бас. Чӣ бисёр номдорон ба дасти ман табоҳ шуданд, чӣ бисёр шаҳристонҳо гӯристон ва гулистонҳо хористон гаштанд. Агар подшоҳ бедодгар бошад, ҳамаи некиҳо маҳв мешаванд, оҳу дар дашт сари вақт бача намеорад ва шоҳин чӯҷаи кӯр мезояд, шир дар пистони ҷонварҳо ва оби чашмаҳо мехушканд, ростӣ аз каҷӣ гурезон мешавад, аз ҳар сӯ костӣ падид меояд. Ман аз бадию ҷангу хунрезӣ сер шудам, акнун мехоҳам ба роҳи эзидӣ равам, дониш биҷӯям, додгустарӣ кунам, ба ҷои ғаму ранҷ шодӣ оварам, то ки ҷаҳон замоне биёсояд. Ба ман чӣ намерасад? Ду баҳра ҷаҳонро дар зери пой дорам, чандин шоҳон ва амирон ҳар сол ба хазинаи ман боҷу хироҷи фаровон меоваранд. Акнун агар шумо бо ман ҳамраъй шавед, ман ба Сиёвушу Рустам паём мефиристам, дари оштӣ мекӯбам. ҳамаи бузургон нияти шоҳро писандиданд ва офаринаш хонданд. Он гоҳ Афросиёб ба Гарсеваз фармон дод, ки барои музо- кираи сулҳ ба лашкаргоҳи Сиёвуш равон шавад. Бо вай ба Сиёвуш ва Рустам сад уштур мол, аспони тозӣ ва дусад ғулому каниз ба ҳадя фиристод. ГАРСЕВАЗ ДАР НАЗДИ СИЁВУШ Бародари шоҳ бо ҳадяҳо ва бо дусад савор сӯйи ҷайҳун ба роҳ афтод ва бо киштиҳо аз дарё гузашта ба Балх расид. Дар боргоҳ Сиёвушро аз дур дида, бо рӯйи пур аз шарм ва дили бимнок замин бӯсид. Шоҳзода ӯро дар пояи тахт нишонда аз саломатии шоҳи Тӯрон пурсон шуд. Бо иҷозати ӯ Гарсеваз ҳадяҳоро пешкаш кард. Корвони пурбор ба сарой даромадан гирифт: Зи дарвозаи шаҳр то боргоҳ Дирам буду аспу ғулому сипоҳ, Кас андоза нашнохт онро, ки чанд Зи динору аз тоҷу тахти баланд. Гарсеваз аз сулҳ сухан оғоз кард. Сиёвуш ва Рустам гуф- тори ӯро хомӯшона гӯш карданд. Чун сухани ӯ ба поён омад, Таҳамтан гуфт: (cid:) Дар оштӣ ҷустани Афросиёб андеша мебояд. Як ҳафта ба шодӣ бошед, то мо ин корро бисанҷем ва посух диҳем. Он гоҳ Гарсевазро ба сарое, ки барояш ороста ва пазандаву фаррошу пешхидматҳо дар вай таъйин шуда буданд, гуселонида, Сиёвуш ва Рустам паи машварат ба хилват нишастанд. ҳар ду аз ин гуна бо шитобу ҷадал омадани фиристодаи шоҳи Тӯрон гумони бад бурданд, ки мабодо ҳилае бошад, Рустам ба ҳар ҷониб дастаҳои сипоҳ фиристод ва дигар чора- ҳои эҳтиётро дид. Дуяшон то саҳар бедор нишаста машварат карданд. Сиёвуш ба Рустам гуфт: (cid:) Чаро Афросиёб якбора ҷӯёи оштӣ шудааст? Барои чӣ? Ба гумонам, ин шакар омехтаи заҳр аст. ӯ бо ин ҳадяҳо ва гуфту- гӯи сулҳ ақли маро дуздида, худ дар зери гилем табл мекӯбад. Бигузор, вай аз хешон ва наздикони худ сад касро назди мо гаравгон бифиристад. Ин сад касро ту номгӯй бикун. Сипас аз ин кор ба шоҳаншоҳ огоҳӣ медиҳем, то чӣ фармояд; магар ба оштӣ кардан розӣ шавад. Рустам ин фикри Сиёвушро маъқул ёфт. Чун саҳар Гарсеваз ба салом омад, Сиёвуш шарти худро ба вай эълон кард ва гуфт, ки сад нафар гаравгонро Рустам номгӯй хоҳад кард. Сипаҳсолор боз шарти дуюмро пешниҳод кард, ки сипоҳи Афросиёб пешакӣ ҳамаи шаҳрҳои дар Эрон- замин ишғол кардаашро холӣ карда, ба Тӯрон баргардад. Пас аз иҷрои ин ду шарт Сиёвуш ба шоҳаншоҳ Ковус нома навиш- та, барои паймони оштӣ иҷозати ӯро дархост хоҳад кард. Гарсеваз дарҳол як нафар одами худро бар аспи тезтак нишонда, назди Афросиёб равона кард, то шартҳои Сиёвушро ба ӯ маълум намояд. Фиристода шартҳои Сиёвушро ба Афросиёб арз дошт ва номгӯйи сад нафар гаравгонро, ки ҳама хешони наздики тӯрон- шоҳ (cid:) саркорон ва сипоҳдорони номӣ буданду он номгӯйро Рустам тартиб дода буд, пешниҳод кард. Афросиёб ҳайрон шуд, ба танг омад, ба худ печид. Ба дил андешид, ки агар ин сад нафар саркорон ва сарони сипоҳи ӯ назди Сиёвуш гаравгон бимонанду мабодо кор ҳам ба оштӣ наанҷомад, ӯ дар ҷанг шикаст мехӯрад ва агар ӯ аз фиристодани гаравгон сар бипе- чад, оштӣ хостанаш дурӯғ мебарояд. Аммо чора нест, шартро бояд қабул кард. Гаравгонҳо ба қароргоҳи Сиёвуш фиристода шуданд. Сипоҳи тӯрониён шаҳрҳои дар Эронзамин забт кардаашро холӣ кард. Он гоҳ Рустам ба Сиёвуш гуфт, ки акнун Гарсеваз ба ватанаш баргардад ҳам мешавад. Фиристодаи Афросиёбро хилъату ҳадяҳои фаровон дода, бар аспи зарринситом нишонда гуселониданд. РАФТАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ КОВУС Акнун ҳарчи зудтар шоҳаншоҳро аз вазъият огоҳ карда, барои бастани паймони сулҳ бо шоҳи Тӯрон иҷозати ӯро дархост намудан лозим буд. Сиёвуш нависандаро дар наздаш нишонда ба номи Ковус нома нависонд: (cid:) «Афросиёб чун донист, ки кораш душвор ва бахташ хор гашт, ҷӯёи оштӣ шуд. Бародараш Гарсеваз бо ҳадяҳои фаровон ва ғулому канизони хубрӯ назди ман омад. Шоҳи Тӯрон аз шоҳаншоҳ зинҳор мехоҳад. Гуфтааст, ки мулкаш барояш басандааст ва ӯ аз кинаву ҷанг дил шуста, дигар ба Эронзамин қадам намегузорад. Ман бо Таҳамтан аз хешони ӯ сад касро гаравгон хостем, фиристод. Шарти дигари маро низ пазируфта, шаҳрҳоеро, ки дар Эронзамин забт карда буд, холӣ кард». Пас шоҳзода андешид, ки бо ин нома ба назди шоҳ киро фиристад? Фиристода бояд бо Ковуси тундмизоҷ созгор ва суханаш гузаро бошад. Рустам хостгори рафтан шуд: Чунин гуфт бо ӯ гави пилтан, К-аз ин дар кӣ ёрад кушодан сухан? ҳамон аст Ковус, к-аз пеш буд, Зи тезӣ накоҳад, бихоҳад фузуд. Магар ман шавам назди шоҳи ҷаҳон, Кунам ошкоро бар ӯ-бар ниҳон. Бибуррам замин, гар ту фармон диҳӣ, Зи рафтан набинам ҳама ҷуз беҳӣ. Сиёвуш пазируфт ва Рустам бо нома ва бо дирафшу сипоҳ сӯйи Эроншаҳр шуд. Шоҳ ба дидори Таҳамтан ва ба паёме, ки вай аз шоҳзода, аз паҳлавонони лашкар, аз оғозу анҷоми ҷанг оварда буд, шод гардид. Аммо номаи Сиёвушро хонда табъаш хира шуд; ба сулҳ розӣ шудани писарашро написандид. (cid:) Гирам, ки Сиёвуш ҷавон аст ва гарму сарди рӯзгор начашида, лекин ту, ки марди ҷаҳондида ва ҳар гуна неку бад озмудаӣ! Магар чигунагии Афросиёбро намедонӣ? Чӣ бадиҳое, ки ӯ ба мо накард! Чӣ басо маро аз орому хӯру хоб маҳрум кард! Ба ҷанги ӯ мебоист худам мерафтам. Шумо ба ҳамон ҳадяҳои мурдареги ӯ дил бохтед, ба он молу сарват, ки Афро- сиёб ба ситам аз мардумон ситонидааст, фирефта шудед. Хешонашро ба гаравгон фиристод? Афросиёб андешаи хешу таборро намекунад, онҳо дар чашмаш ба қадри оби ҷӯй қадр надоранд. Ту ва Сиёвуш хирадро ба кор набастаед, лекин ман ҷангро давом медиҳам. Назди Сиёвуш як марди бо донишу ҳунарро мефиристам ва мефармоям, ки аз ҳадяҳои Афросиёб ба чизе даст назада, ҳамаро ба оташ супорад, он сад гаравгонро ба ман фиристад, то ман ҳамаашонро бикушам, зуд ба Тӯрон- замин лашкар кашад, сипоҳаш чун гург ба рама даромада, ҳамаро бидарад, ғорат кунад ва оташ занад. Он гоҳ Афросиёб қарору оромро аз даст дода ба ҷанг хоҳад омад. Рустам аз ин суханони Ковус дилтанг шуд ва гуфт: (cid:) Эй шаҳрёр, ту ба ин кор ғамгин мабош, нахуст аз ман сухан бишнав ва он гоҳ ҳар чӣ хоҳӣ, бикун, ки соҳибихтиёрӣ. Ту ба Сиёвуш фармуда будӣ, ки шитоб накунад ва ба он тарафи рӯд лашкар нагузаронад, то худи Афросиёб ба ҷанг ояд. Аммо Афросиёб ба ҷанг наёмада, дари оштиро боз кард. Бо касе, ки оштӣ меҷӯяд, ҷангидан шоиста нест. Дигар ин ки паймон шикастан аз сарлашкар писандида намебошад. Ту ҳама чиз дорӣ, тахту тоҷ, хазинаву дафина дорӣ, дар Эронзамин осоишу амонӣ барқарор мешавад, боз чӣ? Душманат аз ту зинҳор мехоҳад, ту беҳуда ҷанг маҷӯй ва дили равшанатро тира макун. Аммо агар ба давом додани ҷанг маҷбур шавем, ман гуноҳро ба худ мегирам, то ки Сиёвуш ба паймоншиканӣ нангин нашавад, (cid:) ман баъдан аз Зобул ба Тӯрон сипоҳ меронаму бо гурзи хорошикан тобиши офтобро ба Афросиёб тира мегар- донам. Ту бо Сиёвуш шоду хуррам бар тахти заррин биншин. Бидон, ки Сиёвуш ба ҳеҷ ваҷҳ паймони худро нахоҳад шикаст ва агар ту маҷбураш кунӣ, ӯро ба шӯру ошӯб меандозӣ. Бахти фарзандатро сиёҳ макун. Аммо ин гуфтори Рустам шоҳи ситезкори суханношунавро на фақат нарм накард, балки беш аз пеш ба хашм овард. ӯ Таҳамтанро гунаҳгор кард, ки: (cid:) Ин савдоро ту ба сари Сиёвуш андохтаӣ, ту бехи кинаро аз дили ӯ баркандаӣ! Ту осоиши тану ҷони худро ҷустаӣ, на афрӯзиши тоҷу тахти маро! Ба ҷойи ту ман акнун Тӯсро мефи- ристам. Сиёвуш агар аз фармони ман сар бипечад, лашкарро ба Тӯси диловар супорад. Ман мукофоти худсарии ӯро хоҳам дод. Аз ин баъд ман туро ёри худ намехонам ва намехоҳам, ки ту барои ман корзор кунӣ. Рустам озурдахотир гашт ва бо овози баланд: (cid:) Агар Тӯс аз Рустам ҷангитар бошад, бифирист ӯро! (cid:) гуфт ва хашмгину оташин бадар рафт. ӯ бо сипоҳи худ ба Зобулистон рӯ ниҳод. Шоҳ Тӯсро пеш хонда фармон дод, ки зуд бо лашкар сӯйи Хуросон ба роҳ афтад. ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ Баъд вай нависандаро талабида ба вай посухи номаи Сиёвушро имло кард. Посухи Ковус аз офарини Худованд ва дуои ҷони фарзанд шурӯъ шуда, бо чунин суханони талхи пурхашм хотима меёфт: «Магар нашунидаӣ, ки Афросиёб, ки дар ҷанг пирӯз шуда буд, ба сари Эрон чиҳо овард? Ту беҳуда раҳми ӯро махӯр ва обрӯйи маро нарезон. Агар аз чархи гардон ба сарат бало нахоҳӣ, аз ҷавонӣ сар ба фиребу найранг манеҳ. Хешони Афросиёбро, ки гаравгон гирифтаӣ, дасту по баста ба даргоҳи ман бифрист. Ту бо канизони хубрӯй ба бозӣ омехтӣ ва аз ҷанг гурехтӣ, ҳол он ки мебоист бахти худро аз дами шамшер меҷустӣ, зеро шоҳ ба кишваркушоӣ обрӯ меёбад. Ту кина биҷӯй ва ҷангро бисоз, лашкар ба он сӯйи ҷайҳун бикаш, хоби Афросиёбро гурезон, ки зудтар ба ҷанги ту ояд, аммо агар ба душман меҳр дошта бошӣ ва нахоҳӣ, ки вай туро паймоншикан хонад, сипоҳро ба Тӯс биспор ва худ баргард, ки марди нангу номус ва разму набард нестӣ»(cid:) Чун фиристодаи Ковус номаро ба Сиёвуш расонд, Сиёвуш онро хонда сахт ғамгин шуд. Вақте фиристода муомилаи шоҳро бо Рустам ва ба Зобул рафтани паҳлавонро нақл кард, ғам бар ғами шоҳзода афзуд. Ба худ мегуфт, ки: (cid:) «Сад марди тӯронии шоҳнажод ва номдорро чӣ гуна ба куштан мефиристам? Хуни ин бегуноҳон ба гардани ман мемонад, ба Яздон чӣ узр мегӯям? ҳам агар ба душмани оштихоҳ теғ кашам, Худованд ин кори зиштро аз ман нахоҳад писандид, мардумон бар мани аҳдши- кан лаънат хоҳанд хонд. Аммо агар лашкарро ба Тӯс супораму ба даргоҳи шоҳ баргардам, аз шоҳ низ бадӣ хоҳам дид. Судоба аз нав дандони душманиро бар ман тез хоҳад кард. Аз ҳар сӯ, аз чапу рост, аз пасу пеш фақат бадӣ мебинаму бас. Чӣ бояд кард? Эй кош модарам маро намезод, ё чӣ хуш буд, агар дар ҷанг шаҳид мешудам». Дар дили шоҳзода фармони падар бо қарзи виҷдон мубориза мекард. Саранҷом қарзи виҷдон ғалаба кард. Сиёвуш аз сарони лашкар Баҳроми Гударз ва Зангаи Шоваронро, ки дӯстони наздикаш буданд, ба хилват хонда онҳоро бо мазмуни номаи шоҳ шинос карду рози худро дар миён гузошт ва гуфт: (cid:) Ман меравам ва дар ҷаҳон гӯшае меёбаму худро дар он пинҳон мекунам, то Ковус аз ман ному нишоне наёбад. Ба Зангаи Шоварон фармуд: (cid:) Ту ин сад марди гаравгонро бо худ бигиру ба даргоҳи Афросиёб бирав, ҳадяҳои Афросиёбро ҳам бардор ва ҳамаро ба ӯ бисупор. Моро чӣ пеш омад, ба ӯ бигӯй. Ба Баҳроми Гударз гуфт: (cid:) Лашкар ва ин кишвар, ин саропарда ва тахту кулоҳро ба ту супурдам. Тӯс, ки омад, ҳамаро ба ӯ медиҳӣ. Занга ва Баҳром андуҳгин шуданд. Баҳром ба шоҳзода гуфт: (cid:) Ин кори ту маслиҳат нест. Ба шоҳ нома навис ва Рустамро аз ӯ талаб бикун. Узр бихоҳ, ки аз падар узр хостан нанг нест. Ба ӯ хоста бифиристу дилашро шод, ҷони тори- кашро равшан бикун. Агар боз фармон диҳад, ки биҷангед, (cid:) чора нест, меҷангем ва мегӯем, ки фармон аз шоҳаншоҳ аст, гуноҳи ту нест. Аммо Сиёвуш маслиҳти дӯстонашро нагирифт ва гуфт, ки фармони шоҳ агарчи муқаддас аст, лекин фармони Худованд аз он муқаддасттар. Занга ва Баҳромро ҷуз аз фармонбарӣ чора набуд. Сиёвуш ба номи Афросиёб нома навишта баёни ҳол кард ва хоҳиш намуд ба вай роҳ диҳад, ки аз хоки Тӯрон гузарад, зеро ӯ мехоҳад ба ягон кишвари дигар паноҳ барад. Зангаи Шоварон ин номаро гирифта, бо тӯрониёни гаравӣ, бо хоста ва ғулому канизҳо роҳи Суғдро пеш гирифт. МАШВАРАТИ АФРОСИЁБ БО БУЗУРГОН Корвони Зангаро номдорони даргоҳи тӯроншоҳ пешвоз гирифта, худашро ба назди Афросиёб бурданд. Шоҳи Тӯрон ӯро киромӣ дошта, дар паҳлӯяш нишонд ва суханашро шунид. Занга он чиро, ки ба Сиёвуш пеш омада буд, нақл кард ва номаи Сиёвушро ба ӯ дод. Афросиёб аз он нома ҳайрон монд. Зангаро ба ҷойгоҳе, ки барояш таҳия карда буданд, гуселонида, дарбориён ва сарони сипоҳашро ба даргоҳ талабид, онҳо зуд ҳозир шуданд; шоҳ ғамгин ва парешонхотир, номаи Сиёвушро ба онҳо хонд ва он чиро ки аз Занга шунид, нақл кард, маслиҳат андохт, ки чӣ бояд кард ва чун Сиёвуш иҷозати аз Тӯронзамин гузаштан мепур- сад, ба ӯ чӣ ҷавоб бояд дод. ҳар кас ҳар чӣ гуфт, хирадманд Пирони солхӯрда чунин суханҳо ронд: (cid:) Шаҳрёр аз мо донотар ва ба мардию некукорӣ машҳури ҷаҳон аст, ӯ молу сарват, ғуломон ва канизонро набояд аз Сиёвуш бозгирад. Ман шунидам, ки шоҳзода бузургвор мардест ва на танҳо ба болову дидор, балки ба хираду фарҳанг, тамкин ва шоистагӣ низ дар байни бузургон камназир аст; ӯ аз барои халосии ҷони сад номвари тӯронӣ ба падараш баро- шуфта ва аз тахту тоҷ даргузаштааст, агар вай ба масал, ғайр аз ин дигар ҳеҷ некукорӣ ва фазилате ҳам намедошт, бо ҳамин як рафтораш дар кишвари мо сазовори мақоми меҳтарист. Хирад- мандӣ намешавад агар бигузорем, ки он номвар дар кишвари мо намонаду ҷои дигар равад. Дигар ин ки Ковус пир шудааст, шоҳаншоҳӣ ба писараш мемонад. Шаҳрёр бо андешаи баланди худ ба шоҳзода чун падар ба фарзанд яке номаи меҳромез нависад ва барояш дар кишвари худ ҷойгоҳи сазоворе таҳия кунад, сипас ба расму ойин яке аз духтаронашро ба ӯ бидиҳад. Баъдан, агар Сиёвуш ба Эрон баргардад ҳам, боз сипосгузори шаҳрёр хоҳад буд. Шояд ба шарофати ин кор ду кишвари ҳамсоя аз ҷангу ҷидол биёсоянд ва бо ҳам дӯст шаванд. Афросиёб суханони Пиронро писандид ва ба ӯ гуфт: (cid:) Ин суханҳо дилпазиранд. Аз меҳон чун ту марди бохи- ради корозмудае нест, лекин масале ҳаст, ки бачаи шерро ҳар қадар парвариш кунӣ, чун дандон баровард, парварандаашро медарад. Пирон гуфт: (cid:) Аммо кас агар аз падар каҷдилӣ ва бадхӯйӣ наомӯхта бошад, каҷдилу бадхӯй намешавад. Афросиёб сукут кард ва сукуташ аломати ризо буд. НОМАИ АФРОСИЁБ БА СИЁВУШ «Шунидам паём аз карон то карон Зи бедордил Зангаи Шоварон. ғамӣ шуд дилам з-он, ки шоҳи ҷаҳон Чунин тира шуд бо ту андар ниҳон. Маро худ ба меҳри ту омад ниёз, ҳама шаҳри Тӯрон барандат намоз. Ту фарзанд бошию ман чун падар, Падар пеши фарзанд баста камар. Чунон дон, ки Ковус бар ту ба меҳр, Бар ин гуна накшод як рӯз чеҳр. Куҷо ман кушоям дилу ганҷу даст, Супорам ба ту ҷойгоҳи нишаст. Бидорам-т беранҷ фарзандвор, Ба гетӣ ту монӣ зи ман ёдгор. Сипоҳу зару ганҷу шаҳр они туст, Ба рафтан баҳона набояд-т ҷуст. Чу рой оядат оштӣ бо падар, Бисозам туро тоҷу тахту камар. Намонад туро бо падар ҷанг дер, Куҳан шуд, магар гардад аз ҷанг сер. Туро монад Эрону ганҷу сипоҳ, Зи кишвар ба кишвар ба шоҳӣ кулоҳ, Пазируфтам аз пок Яздон, ки ман Бикӯшам ба хубӣ ба ҷону ба тан». *** Чу нома ба муҳр андаровард шоҳ, Бифармуд, то Зангаи некхоҳ Ба зудӣ ба рафтан бибандад камар, Басе хилъат орост бо симу зар. Чу наздики тахти Сиёвуш расид, Бигуфт, он чи гуфтанду диду шунид. Сиёвуш ба як рӯй аз он шод гашт, Ба як рӯй пурдарду фарёд гашт, Ки душман ҳаме дӯст боист кард, Зи оташ куҷо бардамад боди сард? Зи душман наёяд ба ҷуз душманӣ Ба фарҷом, ҳарчанд некӯ кунӣ. СИЁВУШ ДАР ТӯРОНЗАМИН Шоҳзода номаи Афросиёбро хонда, лашкарашро бо пилону аспон ва аслиҳаву хазина ба Баҳром супурд. Бо дили пурдарду дидаи гирён ба падараш нома навишт, ки ман аз бозе, ки худро шинохтам, аз бадӣ ва каҷиҳо дурӣ ҷустам, диламро бо нури хиради падарам ва шоҳам равшан кардам, лекин шабистони шоҳ дарду балои ман шуд, маро ҳатто ба гузаштан аз кӯҳи оташ водошт. Аз он нангу хорӣ гурезон ба ҷанг омадам. Чун ду кишвари ҳамсоя аз осоишу амонӣ навид ёфтанду шод гаштанд, шоҳ бар он шуд, ки бо теғи хунин бехи ин шодӣ ва ин навидро барканад. Намедонам чархи гардон дар ин меҳру кина чӣ рози нуҳуфта дорад. Агар ман дар гирдоби ғам афтодам, Яздони пок дили шоҳро як дам аз шодӣ раҳо накунад. Сиёвуш пеши сипоҳ ба рафтани худ чунин баҳона овард, ки Пирон бо чӣ пайғоме аз ҷониби Афросиёб омада, аз ҷайҳун гузаштааст ва ӯ, Сиёвуш, бояд он фиристодаро пешвоз гирифта пайғомашро шунавад. Сипас видоъ карда, бо сесад савори хоса ба роҳ афтод. Баҳор даромада буд, чун аз рӯд гузашта ба Тирмиз омад, шаҳрро чун арӯс ороста ва пур аз рангу бӯй дид. Аз он ҷо то шаҳри Чоч, ки мерафт, дар саросари роҳаш деҳаҳо, киштзорҳо, боғу бӯстонҳо ҳама сабзу хуррам ва гулпӯш буданд. ӯ дар наздикии Чоч ба қочорбошӣ фуруд омад ва чанде дар он ҷо таваққуф кард. Дар ин миёна хабар расид, ки Тӯс ба Балх омад ва дар он ҷо зиёд наистода бо лашкар ба Эрон баргашт; шоҳ аз рафтани Сиёвуш ба Тӯрон огоҳ шуда, ғамгину парешонхотир, аз ҷанг даст кашида ва ба Тӯс фармони бозгаштан додааст. Сиёвуш аз қочорбошӣ яке аз мулозимони худро ба даргоҳи Афросиёб фиристода, ӯро аз омадани худ огоҳ кард. Бо фармони Афросиёб вазири ӯ Пирон дар сари ҳазор нафар аз бузургон ва сарони сипоҳ бо ҳадяҳои фаровон ба пазироии шоҳзода омад. Шоҳзода ду манзил ба роҳ рафта, Пиронро истиқбол кард. Вазир бо вай аз номи шоҳи худ хайра мақдам гуфт ва ҳадяҳоро пешкаш кард. ӯ шоҳзодаи ҷавонро беш аз он ки шунида буду тасаввур мекард, хушдидор ёфт, пирамард ҳаргиз ҷавонеро ба ин салобат ва ба ин бурзу болои фаррух надида буд, (cid:) аз чашмони дурахшанда ва чеҳраи мардонаи шоҳзода ҳушу хиради волои ӯ ҳувайдо буд, меҳраш дар дили Пирон нишаст, вазир дар ҳаққи вай бо ғояти меҳрубонӣ шарти меҳмоннавозиро баҷо овард. Гарм пурсу пос кард ва гуфт, ки агар шоҳзода пазирад, вай, Пирон, ҳамеша дар хидмати ӯ хоҳад буд. Бо ҳам ба қочорбошӣ равон шуданд. Дар деҳаҳои сари роҳ зану мард, пиру ҷавон бо дафу дойра ва чангу рубоб баромада, Сиёвушро табрик мекарданд ва ба роҳаш гул мепошиданд. Онҳо аз хотима ёфтани ҷанг шодон буданд. Халқ дар шахси Сиёвуш марди бошараферо медид, ки барои хотима додан ба ин ҷанги хонумонсӯз ҳатто бо падараш пархош карда ва аз тахту тоҷ даргузаштааст. Дар чашми халқ вай қаҳрамони даврон буд. Аммо Сиёвуш аз он ҳама эҳтиромот ва табрикот шод набуд, ҳар дам аз Пирон рӯй гардонида оби чашмашро пок мекард. ӯ ёди ватан мекард, ки онро шояд ҳамешагӣ тарк карда буд, ёди тарбиятгараш ва дӯсташ Рустамро, ёди ёрони азизаш Баҳром, Занга, Гев, Шопурро мекард, ки дар Балх бо чашми гирён монда буданд. Бо вуҷуди пазироии гарм ва меҳрубонии тӯрониён худро дар ин сарзамин бегона ва ғариб ҳис мекард. Кӣ медонад, балки вай ояндаи пурфоҷиаи худро ҳис мекард(cid:) Пирони ҳушманд ба эҳсосот ва хаёлоти меҳмонаш пай бурда ба ӯ гуфт: (cid:) Эй сарафроз, хаёлоти ғамангезро аз хотири муборак бадар кун. Коре, ки ту кардӣ, ба шарофату шуҳрат ва бузургиат меафзояд. Ту дар кишвари мо арҷманд хоҳӣ буд ва фарохури бузургиат мақоми баланд хоҳӣ ёфт. (cid:) Агар, (cid:) гуфт Сиёвуш, (cid:) ту дар ин кишвар мондани маро неку донӣ ва бо ман паймони дӯстӣ бандӣ, ба меҳру вафои ту мемонам, вагарна ба кишвари дигаре паноҳ барам. (cid:) Дар ин бора ҳеҷ маяндеш, (cid:) посух дод Пирон, (cid:) дил аз меҳри Афросиёб магардон, ки ҳарчанд номаш дар ҷаҳон ба бадӣ овоза шудааст, лекин марди худотарсест ва ҳушу ройи баланд дорад, беҳуда ба роҳи бадӣ наметозад. Ман бо вай ҳам хеш, ҳам сипоҳдор ва ҳам роҳнамояш ҳастам, ҷоҳи баланд ва ганҷу сипоҳи фаровон дорам, ҳар чӣ дорам, фидои ту бод, аз дилу ҷон парастишат мекунам ва намегузорам, ки ба ту газанде расад. Аз ин суханон хотири Сиёвуш як қадар осуда гардид. ДАР БОРГОҳИ АФРОСИЁБ Пирон ӯро ба шаҳри Ганг (cid:) пойтахти Афросиёб бурд. Шоҳи Тӯрон аз камтар касе чунин пазироӣ карда буд, ки аз Сиёвуш кард, (cid:) вай ба истиқболи шоҳзода ва лашкаркаши ҷавони эронӣ ҳатто аз боргоҳаш пиёда ба кӯй баромад ва ӯро дар канораш гирифта, аз сару чашмаш бӯсид, пас чунин гуфт: (cid:) Акнун бадӣ дар ҷаҳон хуфта ва некӣ бедор, ҷангу ошӯб тамом, меш ва паланг бо ҳам ба обхӯра меоянд. Аз замони Тур то ин дам Тӯрону Эрон бо ҳам дар ҷангу ҷидол буданд, акнун ҳар ду кишвар аз ҷанг сер шуданд. Ба шарофати ту замона ором мегирад. ӯ яке аз кохҳои худро ба Сиёвуш дод. Кох бисёр бошукӯҳ, бо тахти заррин ва зарбофту дебои чинӣ ороста буд, шоҳзода дар вай ба зиндагӣ сар кард. Афросиёб ба вай боз ғуломону канизон, аспони хушзоти зарринситом бахшид, сарлашкарон ҳар яке ба ӯ чизҳои гаронбаҳо, бадраҳои зару гавҳар нисор карданд. Пирон ӯро чун падар меҳрубон ва ҳамдаму ҳамнишинаш буд. Рӯзҳо машқи тирандозӣ, найзабозӣ, чавгонбозӣ мекарданд ё ба шикор мерафтанд. Шогирди Рустам бо ҳунарварии худ дар ин машқу бозиҳои ҷангӣ Афросиёб ва сипоҳиёни ӯро ба ҳайрат меандохт. Шабҳо аксар ба зиёфату базму боданӯшӣ мегузаш- танд. Сиёвуш ҳамдаму ҳамроҳи доимии Афросиёб буд. Шоҳи Тӯрон ба дидори ҳеҷ кас он қадар шод намешуд, ки ба дидори Сиёвуш мешуд, дар хушҳолӣ ҳам, дар хафагӣ ҳам бо Сиёвуш мебуд ва ба ӯ рози дил мегуфт; дигар ба суҳбати надимони хоси худ аз қабили Гарсеваз ва ҷаҳн ҳам чандон майл намекард. Бад-ин ваҷҳ онҳо, хусусан Гарсеваз аз Сиёвуш рашк мебурданд. ЗАНГИРӣ Рӯзе Пирон ва Сиёвуш бо ҳам нишаста суҳбат мекарданд. Пирон суханро ба сари зангирии шоҳзода овард. Гуфт: Меҳру- бонӣ ва дилбастагии Афросиёб ба Сиёвуш чунон аст, ки ӯ шоҳзодаро ба ҷойи фарзанд медонад ва бешак баъд аз сари худ подшоҳиро ба ӯ мегузорад; аз тарафи дигар Сиёвуш вориси падараш Кайковус аст, аммо шоҳи ояндаи Эрону Тӯрон ҳоло танҳост, на бародару хоҳар дорад ва на зан; ӯ чун шохи гулест дар канори чаман афтода. Чун вай акнун аз ватани худаш дур афтодааст, бояд аз ватани наваш, ки Тӯрон аст, зан интихоб кунад. Бингарад ва бибинад, ки сазовори ӯ кист? Шоҳ се духтари моҳрӯй дорад, дигар се духтари зебо дар шабистони Гарсевазанд, ки нажодашон ба Фаридун мекашад. Худи Пирон ҳам чаҳор духтари хурдсол дорад, калониашон ҷарира аст, ки агар шоҳзода ихтиёр кунад, канизи ӯ хоҳад шуд. (cid:) Сипос мегузорам, (cid:) посух дод Сиёвуш. (cid:) Маро фарзанди худ бидон. Аз духтаронат ҷарираро лоиқи худ медонам. Ба хонадони ту пайвандам, беҳтар аст. Ту миннат бар ман ниҳодӣ, подоши некии туро то охири умрам адо карда наметавонам. Пирон аз пеши Сиёвуш баромада ба назди занаш Гулшаҳр шитофт ва ба ӯ гуфт: (cid:) Ба бахти Сиёвуш арӯсии ҷарираро бисоз. Шодӣ кун, ки набераи Кайқубод домоди мо мешавад. Ба зудӣ ҷашни арӯсӣ сар шуд. Гулшаҳр духтарашро чун баҳори хуррам ороста назди Сиёвуш бурд ва дар паҳлуи ӯ тахти заррини гавҳарнигор нишонд. Сиёвуш ба ҷарира рӯз ба рӯз меҳраш меафзуд, бо вай шод ва хуррам буд. ИЗДИВОҷ БО ФАРАНГИС Замоне бар ин гузашт. Пирон хост, ки домодаш домоди подшоҳ ҳам шавад. Рӯзе ӯ Сиёвушро ба издивоҷ бо шоҳдухтар Фарангис ташвиқ намуда, ин бор ҳам аз меҳр ва иродати Афросиёб нисбат ба шоҳзода сухан оғоз кард: Шабу рӯз равшанравонаш туӣ, Дили ҷону ҳушу тавонаш туӣ. Чу бо ӯ ту пайвастаи хун шавӣ, Аз ин поя ҳар дам ба афзун шавӣ. Агарчанд фарзанди ман пеши туст, Маро ғам зи баҳри каму беши туст. Агарчи ҷарираст пероста, Аз ин анҷуман мар туро хоста, Валекин туро он сазовортар, Ки аз домани шоҳ ҷӯйӣ гуҳар. Фарангис беҳтар зи хубони ӯй, Набинӣ ба гетӣ чунон рӯю мӯй. ҳунарҳову дониш зи андоза беш, Хирадро парастор дорад ба пеш. Зи Афросиёб ар бихоҳӣ, равост, Чунон бут ба Кашмиру Кобул куҷост! Сиёвуш замоне андешиду ба Пирон чунин посух дод: (cid:) Агар ман аз ин баъд Эронро, рӯйи падарамро, парваран- даам ва дӯсти бебаҳоям Рустамро, ёрони арҷмандам Баҳроми Гударз, Зангаи Шоварон, Гев, Шопурро намедида бошам, бигузор дар Тӯронзамин реша давонам. Агар амри Яздон ин бошад, аз амри Яздон гурез нест. Шоҳзода гумон кард, ки издивоҷашро бо Фарангис шояд худи шоҳ, хонадони шоҳ хоста бошанд, дар ин ҳол агар вай Фарангисро рад кунад, шоҳ ва хонадонаш инро албатта таҳқире ба шаъни худ хоҳанд донист. Алҳазар аз чунин ҳол, ки оқибаташ барои ӯ ҷуз балою офат нахоҳад буд. Вай оҳи сарде кашид ва дар чашмонаш ашки ҳасрат ҳалқа зад. Сипас боз гуфт: (cid:) Аммо ман ҷарираро дӯст медорам, ҳамаи меҳру муҳаб- батам, бо ӯст, намехостам, ки ба сари ӯ палонҷ оварам, агарчи палонҷаш духтари шоҳ ҳам бошад. Пирон такроран гуфт, ки пайвастани Сиёвуш бо хонадони шоҳ барои ояндаи ӯ, фузунии ҷоҳу ҷалол ва дурахшонии фарру шукӯҳи ӯ зарур аст. ӯ бо ризояти Сиёвуш ба боргоҳи Афросиёб рафт. Замоне назди шоҳ хомӯш истод, намедонист суханро аз чӣ сар кунад. Афросиёб пурсид: (cid:) Чӣ андеша кардӣ, хирадманд? Магар аз ман талаб дорӣ? ҳар чӣ хоҳӣ, сипоҳу силоҳ, тахту кулоҳ хоҳӣ, бихоҳ, медиҳамат. (cid:) Шаҳрёро, ҷаҳон аз ту бениёз мабод, (cid:) посух дод Пирон (cid:) Ман ба бахти ту ганҷ ҳам дорам, сипоҳу силоҳ ҳам дорам, аз ҳеҷ чиз камӣ надорам. Мехоҳам ба роз аз Сиёвуш ба ту паём расонам. ӯ хоҳиш кард: (cid:) «Аз забони ман ба подшоҳ бигӯ: маро чун падар дар канорат парваридӣ, бахти ман шодӣ бор овард, акнун тамано дорам, ки маро ба хешии худ сарафроз кунӣ. Ту дар паси парда лоиқи бахти ман духтаре дорӣ. Муроди ман Фарангис аст. Агар маро ба худ муносиб бинад, шод мешавам». Афросиёб гуфт: (cid:) Дар ин бора ман бо модараш гуфтугӯ карда будам, он ҳушманд қабул накард, ба ман гуфт: (cid:) «Ту бачаи шери нарро мепарварӣ, вай неру, ки ёфт ва чангол, ки баровард, нахуст ба парварандааш чанг мезанад». Чанде пеш ситорашиносон ҳам ба ман аз тафаъули толеъ гуфта буданд, ки подшоҳии ман, кишварам ва авлодам ба дасти набераам табоҳ мешавад. Пас чаро ман бо дасти худам дарахте нишонам, ки мевааш заҳр ва баргаш ҳанзал хоҳад буд? ӯ маро ба ҷои бародар аст, ман ӯро дар ин ҷо то он вақте ки ба Эрон бозгаштан ихтиёр кунад, нигоҳ медорам ва агар рафтанӣ шуд, сафарашро ороста карда назди падараш мефиристонам. (cid:) Эй шаҳрёр, (cid:) гуфт Пирон, (cid:) ту аз оянда хавотир макаш, дилатро ранҷа мадор, фарзанди Сиёвуш хирадманд, бедордил ва некукор хоҳад буд. Ба гуфтори ситорашиносон эътибор макун, ки дурӯғ бисёр мегӯянд, кори Сиёвушро бисоз. Набераат шаҳрёри Эрону Тӯрон хоҳад шуд ва ба ҳар ду кишвар амонию осудагӣ хоҳад овард. Афросиёб андешиду гуфт: (cid:) Ройи ту ба бад намебарад, ман ройи туро намегардонам. Бирав, ҳар чӣ хоҳӣ ба хубӣ бисоз. Солори пир бегоҳӣ ба кохи Сиёвуш рафт, ба вай аз ризояти Афросиёб мужда дод. Шаб дуяшон хурраму дилшод нишаста бода нӯшиданд. Рӯзи дигар Пирон бо ҳамроҳии занаш Гулшаҳр шоҳзодаро ба меҳмонии Фарангис бурданд. Сиёвуш аз шарм ба рӯйи падарарӯсу модарарӯсаш нигоҳ кардан наметавонист; охир кӣ дидааст, ки падару модари зани зинда домоди худро ба хостгории арӯси нав баранд? Онҳо ба Фарангис шаст уштур хоста, канизон ва ғуломони зарринкулоҳ, сад табақ мушку заъфарон, сад ҳазор динор тилло туҳфа бурда, арӯсиашро муборакбод карданд. Афросиёб ба расму ойини кишвар духтарашро ба никоҳи Сиёвуш даровард. Тӯю тамошо як ҳафта давом кард. Ба як ҳафта мурғону моҳӣ нахуфт, Наёмад сари як тан андар нуҳуфт. Замин боғ гашт аз карон то карон Зи шодиву овози ромишгарон. КИШВАР ДОДАН БА СИЁВУШ. ШАҳРСОЗӣ Афросиёб дар шарқи мамлакаташ вилоятеро то дарёи Чин ба Сиёвуш дода, ӯро дар он сарзамин подшоҳ кард. Фармуд подшоҳи ҷавон кишвари худро бигардад, бибинад ва аз шаҳрҳои он ҳар шаҳреро, ки писандаш ояд, пойтахт кунад. Сиёвуш бо ҳамроҳии дӯсташ, падарарӯсу падархондаш, мушовири хирадмандаш Пирон ва бо сипоҳу силоҳу ганҷ ба роҳ афтод. Аз паси ӯ Фарангис ва ҷарираро бо парасторону канизон дар тахтҳои равон нишонда мебурданд. Кишвари подшоҳи нав аз як сар то сари дигараш сад фарсанг буд. Сиёвуш ба як ҷойи хушобу ҳавое расид, ки як тарафаш баҳр, як тарафаш кӯҳ, тарафи сеюмаш дашти кушод ва фарохе буд. Дар кӯҳ ва дашт нахчир фаровон буд. Дилкушо маъвое буд, дарахтони бисёр ва обҳои равон дошт. Сиёвуш ба Пирон гуфт: (cid:) Ман дар ин ҷо макони фаррухе месозам. Шаҳристоне бино мекунам, кохҳо ва боғу бӯстонҳои хуррам бунёд мениҳам. (cid:) Эй бахтиёр, (cid:) гуфт Пирон, (cid:) дарахти бузургиатро ба бор меоварӣ. Ганҷи ман аз они туст. Шаҳре месозем, ки аз шукӯҳу азаматаш мардумони рӯйи олам дар ҳайрат мемонанд. ҳам ба зудӣ аз гуфтор ба кирдор гузаштанд. Аз ҳар ҷо гилкорон, сангтарошон, наққошон ва меъморон гирд оварда шуданд. Бунёди шаҳри нав оғоз ёфт. Сиёвуш дар он кор фаровон ранҷҳо бурд. Саранҷом шаҳристоне ба вуҷуд омад, ки бо девори баланди сангин иҳота шуда буд ва кохҳои зебо, майдонҳои фарох, ҷӯйборҳо, гармобаҳо, боғу гулзорҳои босафо дошт. Сиёвуш номи шаҳри навбунёдро Гангдиж гузошт. Аммо вай бо оилааш ва сипоҳу дарбориёнаш нав акнун ба шодӣ дар он шаҳр ба зиндагӣ сар карда буд, ки аз он ҷо кӯчидан лозим омад. Тақдир Гангдижи зеборо ба пойтахти шоҳи ҷавон нана- вишта будааст, Афросиёб ӯро табдили макон кардан фармуд ва ба ӯ нома навишт, ки: (cid:) «Аз бозе ки ту рафтӣ, ман шод нестам, аз дурии ту пайваста ғамгинам, бароят дар наздикии худам ҷои дигаре ёфтам, ки писанди ту хоҳад буд». Сиёвуш бо фармони тӯроншоҳ рахти сафар баста ба вилояти наве, ки шоҳ барояш таъйин карда буд, кӯчид. ӯ боз ба бинокорӣ ҳиммат баст ва басо ранҷ бурд, то дар он вилояти нав ҳам шаҳре бас аъло ва бошукӯҳтар аз Гангдиж бунёд кард. Бо фармони ӯ наққошони моҳир дар кохи подшоҳӣ бар девори боргоҳ ду нақши калони рангин нигоштанд; дар як нақши шоҳ Ковус, дар нақши дуюм Афросиёб бо шавкату ҳашамат бар тахт нишаста, дар ду паҳлуи Ковус Рустами Дастон, Золи Зар, Гударз ва паҳлавонони дигар, бари тахти Афросиёб номдорони даргоҳаш Пирон, Гарсеваз ва дигарон истода буданд. Дар Шаҳристон пас аз кохи шоҳ, барҳавотарин ва зеботарини кохҳо аз они Фарангис буд: Биёрост шаҳре ба сони биҳишт, Ба ҳомун гулу сунбулу лола кишт. Ба Эрону Тӯрон бари ростон, Шуд он шаҳри хуррам яке достон. Ба ҳар гӯшае гунбаде сохта, Сарашро ба абр-андар афрохта. Нишаста сароянда ромишгарон, ҳама ҷо ситода гавону сарон. Номи ин шаҳри нав Сиёвушгирд гузошта шуд. ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ НАЗДИ СИЁВУШ Афросиёб шукӯҳу зебоии пойтахти Сиёвушро шунида, бародараш Гарсевазро фармуд, ки ба он шаҳр биравад ва бубинад чӣ ҷоест, оё рост аст он чӣ дар бораи он мегӯянд. Гарсеваз бо ҳазор савор ва бо ҳадяҳо барои Сиёвушу Фарангис ба пойтахти шоҳи ҷавон омад. Сиёвуш ӯро дар шаҳр гардонда ҳамаи кӯю гузару маҳал- лаҳои онро як-як нишон дод. Меҳмон Сиёвушгирдро аз шунидаш ҳам зеботар ёфт. Чун ба кохи подшоҳӣ баргаштанд, саворе тозон омад ва мужда дод, ки ҷарира писар зоид. Падари хушбахт ба савор чандин бадра дираму динор муждагонӣ дод. ҳама шодикунон Сиёвушро муборакбод гуфтанд. Гарсеваз ҳам зоҳиран ӯро табрик гуфт, аммо ботинан нохушнуд буд, аз ин ки нахустфарзандро духтари Пирон зоида- аст, на шоҳдухтар Фарангис. Сиёвуш бо ҳамроҳии Гарсеваз ба кохи Фарангис рафта, ба вай ҳам аз писар ёфтани ҷарира мужда зад, Фарангис ба шавҳараш муборакбод гӯён худро хушҳол нишон доданӣ мешуд, лекин дилашро ҳасаду алам мефишурд. Гарсеваз, ки дер боз оташи рашку бахилӣ аз Сиёвуш дар дилаш каҳдуд мекард, акнун он оташ ба забона задан даромад. ӯ ба худ мегуфт, ки: (cid:) «Сиёвуш худ подшоҳ аст, пойтахт дорад, ганҷ ва сипоҳ дорад, акнун ворисаш ҳам ҳаст; пас аз чанде вай ҳеҷ касро ба кас нахоҳад шумурд ва аз Афросиёб фармон нахоҳад бурд». БОЗИҳОИ ҷАНГӣ Дар натиҷаи чавгонбозӣ ва найзабозӣ, ки Сиёвуш барои меҳмононаш барпо кард, Гарсеваз ӯро боз бештар бад дид. Сараввал Сиёвуш ва Гарсеваз бо ҳам савора дар майдон гӯй заданд. Гарсеваз гӯй андохт. Сиёвуш яке чавгон зада буд, ки гӯй ба фазои баланд ҷаҳида нопадид гашт, кас надонист куҷо ғалтид, гӯё осмон онро ба қаъраш фурӯ кашид. Ба ҳарифи ҳайрону аламзада хоки майдон монду бас. Бозии дуяшон бо ҳамин як зарби Сиёвуш тамом шуд. Сиёвуш майдонро ба сипоҳиёни Гарсеваз ва саворони худаш, ҳамон ҷангисаворони эронӣ, ки ҳамроҳи вай аз Балх омада буданд, вогузошта канор рафт. Саворони ӯ ба тундӣ гӯйро аз тӯрониён даррабуданд. Ин ҳол як алами Гарсевазро ду кард. Сипас навбати найзабозӣ расид. Бозигарон ба сипарҳои гузошташуда зӯбин (cid:) найзаҳои кӯтоҳ мезаданд. Сиёвуш ва меҳмони олиҷоҳи ӯ дар як канор бар тахтҳои заррин нишаста бозиро тамошо мекарданд. Савор, агар неруманд ва ҳунарвар бошад, сипарро найза зада сӯрох мекард. Гарсеваз Сиёвушро ба найзазанӣ ташвиқ кард: (cid:) Шаҳрёро, нажоду насаби ту ҳар қадар олӣ бошад, ҳунарат низ ҳамон қадар олист. Сазовор аст, ки боре ба туркон ҳунари найзакӯбиатро нишон диҳӣ. Сиёвуш дар Зобул назди устодаш Рустам ин ҳунари худро ҳам ба камол расонда буд. Аспашро оварданд, ӯ бархост ва савор шуд. Панҷ сипарро қабат ба қабат ба ҳам баста дар майдон гузоштанд. Сиёвуш найзаи шоҳворро, ки ёдгории падараш буда, дар ҷанги Мозандарон ҷигари басо душманон ва шеру палангонро шикофта буд, ба даст гирифта инон печиду чун пили маст ба майдон даромад. Найзаро чунон зад, ки нӯги он ҳамаи панҷ сипарро сӯрох карда аз он сӯ баромад. Сипарҳо чун кабоб дар сих бар найзаи ӯ ҳалқа шуданд. Сипас, Гарсеваз низ савор шуда ба майдон даромад ва найза андохт, найзааш аз ду сипар гузашта дар сеюмаш дармонд. Сиёвуш боз чаҳор сипари сафолин ва ду ҷавшан хост, ҳар шашро ба ҳам баста дар майдон ниҳоданд, ӯ аз камони рустамона паси ҳам даҳ тири хаданг андохт, ҳар даҳ тир аз сафолу ҷавшанҳо гузар кард. ҳуш аз сари сипоҳиёни тамошо- гар париду ҳар кас номи Яздонро вирди забон овард. Гарсеваз бисёр мехост, ки лоақал дар як бозӣ аз Сиёвуш сабқат барад, бинобар ин вайро ба кашмакаши савора даъват кард. Дар ин ҳунар камтар касе аз саворони тӯронӣ бо вай баробар меомад. (cid:) Агар, (cid:) гуфт, (cid:) ман туро аз зин бардошта ба замин занам, эътироф кун, ки аз ту зӯртарам ва агар ту маро аз зин ғалтонӣ, ман то абад аз паҳлавонию ҷанговарӣ даст мекашам. (cid:) Чунин магӯй, (cid:) посух дод ба ӯ Сиёвуш. (cid:) ту меҳтарӣ, зоти олимақомӣ, бо ту кашмакаш кардани ман шоиста нест, ба чунин набард бо ман аз тӯрониён каси дигарро номзад кун. (cid:) Чӣ зарар дорад, ин бозист, аз бозӣ обрӯйи кас намекоҳад, (cid:) гуфт Гарсеваз. (cid:) На, набарди ду тан дар майдон, гарчанде чеҳраҳо хандон ҳам бошанд, ҷанги пурхашму кин аст, (cid:) гуфт Сиёвуш, (cid:) ту бародари подшоҳӣ, ки аспаш моҳро зери наъл меоварад ва ман фармонбари туям, маро чунин набард бо ту раво нест. Аз ёронат яке марди ҷангисаворро бихон. Аммо агар майли ту ба набарди ман аст, пас охир ман ҳам номи паҳлавонӣ дорам ва кӯшиш хоҳам кард, ки ба ту зафар ёбам, то назди подшоҳ шармсор нашавам. Гуфтори Сиёвуш ба бародари шоҳ хуш омад ва ӯ хандиду сӯйи сипоҳаш бонг зад, ки: (cid:) Эй гарданкашон, аз шумо кӣ бо Сиёвуш набард карда ном баровардан мехоҳад? ҳама хомӯш буданд, он гоҳ Гурӯйи Зиреҳ ном ҷанговар пеш баромада гуфт: (cid:) «Манам шоистаи набарди ӯ». Сиёвуш аз гуфтори худписандонаи он ҷанговари одӣ чеҳрааш хира ва ҷабинаш пурчин гашт. Гарсеваз ба ӯ гуфт: (cid:) Аз гурдони лашкар касе ҳамтои Гурӯй нест. (cid:) Аз ту гузашт, набарди бузургон хор шуд, (cid:) гуфт Сиёвуш. (cid:) Акнун аз сипоҳи ту лоақал ду мард ба майдон барояд. Дар сипоҳи туркон Дамур ном гурде аз зӯртарин паҳлаво- нони Тӯрон буд, вай сухани Сиёвушро шунида, зуд пеш омад. Сиёвуш бо дуи онҳо набард кард. Нахуст Гурӯйи Зиреҳро ба камарбандаш чанг зада, тоб дода аз пушти зин гирифта ба майдон афканд, сипас ба Дамур дарафтида, бо як даст аз гарда- наш ва бо дасти дигар аз миёнаш гирифта бардошту ба замин зад. Дар ин дам агар устодаш Рустами Дастон набарди ӯро медид, дасташро мебӯсид. Аз лашкар нидоҳои ҳайрату офарин баланд шуд. Сиёвуш ба ин равиш аз ҳар ду ҳариф фориғ шуда, хандон ба паҳлуи Гарсеваз омаду дасти ӯро фушурд ва ба тахт нишаст. Гарсеваз тофта шуд, ғамгин шуд, рухсораш зард гашт. Аммо ӯ кӯшиш мекард, ки ин кайфияти худро ошкор накунад. Дуяшон ба кох баргаштанд. Гарсеваз як ҳафта меҳмони Сиёвуш буд, рӯзи ҳаштум ба роҳи бозгашт рӯ ниҳод. Сиёвуш ба меҳмони олиҷоҳи худ ҳадяҳои фаровон дод ва инчунин бо вай номае шомили сидқу ихлосу некхоҳӣ ба Афросиёб фиристод. Дар роҳ Гарсеваз ба ҳамроҳонаш мегуфт: (cid:) Моро аз Эрон бад омад. Подшоҳ марди эрониеро мепарварад, ки моро шарманда кард. Ду шери жаёни мо чун Гурӯй ва Дамур аз чанголи он нопокдил хору забун гаштанд. ҳайронам, ки чаро подшоҳ ӯро ин қадар бо меҳр менавозад. ИғВОГАРӣ Гарсеваз ба даргоҳи Афросиёб расида, номаи Сиёвушро ба ӯ супурд ва ҳар чӣ дар Сиёвушгирд дида буд, нақл кард. Шоҳ номаро хонда бисёр шод шуд. Гарсеваз ҳарчанд дилаш пур аз кину дард буд, лекин шодии шоҳро дида, дар мулоқоти аввал аз бадгӯӣ дар ҳаққи Сиёвуш худдорӣ кард. Аммо шаб ҳама шаб аз алам ба худ мепечиду хобаш намебурд. Пагоҳӣ боз назди Афросиёб омад ва ба ӯ ду ба ду нишаста сари гуфтугӯйро боз карду чунин суханони фитнаангез ронд: (cid:) Шаҳрёро, ман ойину рафтори Сиёвушро дигаргун дидам. Ба наздаш пинҳонӣ фиристодаи Кайковус омад, инчунин аз Руму Чин ҳам ба вай паём расидааст. ӯ мисли он ки Тур аз Манучеҳру Эраҷ ба дил кина гирифта буд, ниҳонӣ ба ту кина меварзад. Охир, шоҳони Эрону Тӯрон ҳар як аз гавҳари дигар ва бо ҳам чун обу оташанд. ӯро ба худ ёр гирифтани ту монанди он аст, ки кас бодро наҳуфта ба хона оварад. Ман бадном ва зишткирдор мебудам, магар ин розро аз ту пинҳон медоштам. Дарду ғаме ба дили Афросиёб роҳ ёфт. Ба Гарсеваз гуфт: (cid:) Медонам, ки ту ин суханонро аз дилсӯзӣ мегӯйӣ. Меҳри бародариат ҷунбиду туро раҳнамун шуд. Ба ман се рӯз муҳлат бидеҳ, то дар ин боб андеша биронам ва сипас сарриштаи корро биҷӯям. Гарсеваз се рӯз худро нишон надод ва чун рӯзи чаҳорум ба даргоҳ омад, Афросиёб ба ӯ гуфт: (cid:) Ба ту ҳамаи рози диламро мекушоям, ту жарф бингар ва маслиҳат бидеҳ, чӣ кор бояд кард. Ман дар асари ҳамон хоби ҳавлнок, ки дида будам, аз ҷанги Сиёвуш даст кашидам. Сиёвуш низ аз роҳи сулҳу сафо пеш омад. Чун барои халосии хешони ман ҳатто аз тоҷ даргузашт, хиради ӯ тор гашт ва ҳуши ман пуд. Омад, аз фармонам сар натофт, ман ҳам некӣ кардам, ба ӯ духтар додам ва бо пайванди хунӣ ба худ пайвастамаш. Бо Эрон тарки душманӣ кардам. Пас аз ин қадар некию меҳрубонӣ, агар ман ҳоло ба ӯ бадӣ кунам, дар ҷаҳон гуфтугӯй бисёр хоҳад бархост. Баҳонаи бадӣ кардан надорам; агар аз ман ба вай андаке бадӣ расад, бузургон бар ман забони таъну маломат боз хоҳанд кард. Ковус ҳам ба кинаи фарзандаш қиём хоҳад кард. Шери хашмгин на аз шамшер метарсад ва на аз оташ, агар ба бачааш захме расад, марғзоре табоҳ мекунад. Бар бегуноҳ шӯридани моро Офаридгор намеписандад. Ман чорае намебинам, ҷуз ин ки ӯро ба даргоҳ оварда нигоҳ дорам ва баъдан назди падараш бифиристам. ӯ вориси падараш, ки шуд, аз даъвои тоҷу тахт дар Тӯронзамин дармегузарад. (cid:) Эй шаҳрёр, ту ин корро саҳл магир, (cid:) эрод расонд Гарсеваз. (cid:) Агар Сиёвуш ба Эрон равад, кишвари мо дучори хатари бузурге мегардад. ҳар гоҳ ки хешат сирру асрори туро дониста аз ту бегона шуд, балои ҷони ту мешавад. Афросиёб сухани бародарашро маъқул дониста, аз гуфтори худ пушаймон шуд. Ба Гарсеваз чунин посух дод: (cid:) Рост. На дар сари ин кор некӣ аст ва на дар поёнаш. Сабр кунему бибинем, ки кушоиши ин гиреҳ аз чархи гардон чӣ гуна хоҳад омад. Ба ҳар кор диранг аз шитоб беҳтар аст. Магар ӯро ба даргоҳ даъват кунаму аз гуфтораш рози дилашро биҷӯям. Агар аз ӯ каҷӣ ошкор шавад, ночор шитоб хоҳем кард. Он гоҳ касе маломат нахоҳад кард, зеро мукофоти бадӣ ҷуз бадӣ нест. Гарсеваз ба ин гуфтори шоҳ низ эрод гирифт, зеро метарсид, ки агар Сиёвуш биёяду бо шоҳ дар гуфтугӯ шавад, буҳтони вай ошкор хоҳад шуд. (cid:) Эй шоҳи бинодил, (cid:) гуфт ӯ, (cid:) Сиёвуш бо он шавкату ҳашамате, ки дорад, ба даргоҳи ту бе сипоҳ намеояд ва чун бо сипоҳ омад, хуршеду моҳро ба ту тира мегардонад. Акнун Сиёвуш он гуна нест, ки дида будӣ, ӯ сар ба осмон барафрох- тааст. Фарангис ҳам акнун аз ҷаҳон бениёз гашта ва дигаргун менамояд. Лашкариёни ту шоҳи ҷавонеро ҳамчун Сиёвуш бо он чеҳраи тобону ҳуши расову дасти фарох бинанд, ҳама ба вай рӯ меоваранду туро дигар ба шоҳӣ намехоҳанд, ту мисли чӯпони берама хоҳӣ монд, Сиёвуш дар само ва ту дар самак хоҳед буд. Дигар ин ки ту ӯро аз он шаҳри ободу кишвари фаррухбунёдаш чӣ гуна берун меоварӣ, ки биё дар банди ман бош ва ба хории бандагӣ тан бидеҳ? Шер бо пил намезияд ва дарё бо оташ намесозад. Агар баччаи шери нохӯрдашир, Бипӯшад касе дар миёни ҳарир, Диҳад нӯш ӯро зи шаҳду шакар, ҳамеша варо парваронад ба бар, Ба гавҳар шавад боз чун шуд бузург, Натарсад зи оҳанги пили сутург. Гарсевази фитнаҷӯ бо ин гуфтораш хотири Афросиёбро мушавваш карда, ӯро ба андешаҳои ғамнок андохт. Бо вуҷуди ин шоҳ дар ҳукм баровардан шитоб накард. Пирӯзӣ ба марду- мони сангин даст медиҳад. Сари бодӣ ситуда нест. Марди сабуксор воло нест, агарчи сар ба фалак сояд. Аз он баъд Гарсеваз ҳар замон назди Афросиёб омада ҳар гуна рангомезӣ мекарду ӯро бармеангехт. Саранҷом он бадан- деш мағзи шоҳро заҳролуд ва дилашро пурдарду кин сохт. САФАРИ ДУЮМИ ГАРСЕВАЗ Рӯзе шоҳ ба Гарсеваз гуфт: (cid:) Ту ба даргоҳи Сиёвуш бирав, паём ва дуруди маро ба ӯ ва Фарангис бирасон, ба Сиёвуш аз забони ман чунин бигӯ: (cid:) «Бо Фарангис бархезу биё, ки маро ба дидори ту, ба пурҳунар ҷони бедори ту ниёз аст. Дар кӯҳсори мо ҳам нахчир ҳаст, ҷомҳои забарҷад ва шароби ноб ҳаст, то чанде бо ҳам гузорему шод бошем». Гарсеваз бо дили пуркинаву сари пур аз роз ба Сиёвушгирд равон шуд. Чун расид, ба Сиёвуш суханони шоҳро бозгуфт, лекин ба дили худ мегуфт, ки: (cid:) «Эй кош, ӯ баҳонае овараду ба даргоҳи шоҳ наравад». Аммо Сиёвуш хоҳиши Афросиёбро зуд пазируфт: (cid:) Ман ба рафтан ҳозирам. ҳамроҳи ту меравам. Аммо ту ду-се рӯз аз хастагии роҳ биосой, бо ҳам бода нӯшему ғубори дил бизудоем, ки дар ин панҷрӯза дунёи пурташвишу ғавғо дам ғанимат аст. Гарсевази кинахоҳ ба дил печид ва андешид, ки: (cid:) «Ман бояд чорае бисозам, то вай аз шоҳ бадгумон шавад». Пас замоне ба рӯйи Сиёвуш нигоҳ карда хомӯш монд ва аз чашмо- наш чанд қатра ашк фурӯ резонд. Сиёвуш ба нармӣ пурсид: (cid:) Чӣ шуд, бародар? Оё ғаме дар дил дорӣ нагуфтанӣ? Агар мабодо аз шоҳ ба ту озоре расида бошад, инак, ман ҳамроҳат меравам ва бо вай пархош мекунам, ки ба чӣ ваҷҳ туро озор медиҳад. Ва агар душмане падид омадааст, ғам махӯр, ки ман инак, ёри туям ва бо душманат меҷангам. Ё магар дурӯғгӯе аз ту назди шоҳ бадгӯйӣ карда обрӯятро резонду болотар аз ту ҷой гирифт? Рози дилатро бигӯ, ман чора месозам. Мераваму дар ҳаққи ту ҳар гуна кудуратро аз дили шоҳ бадар мекунам: Гарсеваз гуфт: (cid:) Эй дӯст, маро бо шоҳ кудурате дар миён нест ва ман аз душмане ҳам ба ранҷ нестам. Дар дилам аз сиришти неку бади одамиён андеша бархост. Ту медонӣ, ки бадӣ нахуст аз Тур омад. Баҳонаи ба Эраҷ кина варзидани ӯро ҳам шунидаӣ. Аз душмании Манучеҳру Афросиёб Эрону Тӯрон хароб шуд. Афросиёб марди камхирад ва бадхӯест. Ту ҳанӯз ӯро дуруст намешиносӣ. Ағрерасро ба ёд ор; бо ин ки ҳар ду бародарони ҳамтан буданд, Афросиёб ӯро бе гуноҳ кушт. Боз бисёр ном- дорони бегуноҳ ба дасти ӯ табоҳ шуданд. Аз ин сухан мақсудам қисмати туст; ман ғами туро мехӯрам. Ту, аз бозе ки ба Тӯрон омадӣ, ба ҳеҷ кас бадӣ накардӣ, ростӣ ва одамиятро пеша кардӣ. Акнун Аҳримани фитнаҷӯ дили шоҳро ба ту бад карда- аст. Боис чист, намедонам, лекин Афросиёб аз ту сахт кинавар аст. Медонӣ, ки ман дӯсти ту, некхоҳи туям, набояд фардо гумон барӣ, ки ман воқифи кинаи шоҳ будам ва туро аз хатар огоҳ накардам. Сиёвуш бовар накард ва гуфт: (cid:) Эй меҳтари некдил, хавотир макаш, ҷаҳонофарин ёри ман аст ва шоҳ бо ман меҳрубон: Гар озор будиш дар дил зи ман, Сарам барнаяфрохтӣ з-анҷуман. Надодӣ ба ман кишвару тоҷу гоҳ, Бару буму фарзанду ганҷу сипоҳ. Кунун бо ту оям ба даргоҳи ӯй, Дурахшон кунам тирагун моҳи ӯй. ҳар он ҷо, ки равшан шавад ростӣ, Фурӯғи дурӯғ оварад костӣ. Намоям диламро бар Афросиёб (cid:) Дурахшонтар аз бар сипеҳр офтоб. Аммо Гарсевази бадхоҳ исрор кард, ки: (cid:) Эй паҳлавон, ту ба зоҳири Афросиёб фирефта машав, ки ботини ӯ дигар аст. Фалаки каҷрафтор бозиҳои аҷиб дорад. ҳар гоҳ ки қазо тунд шуду чин ба абру кашид, ҳатто доноён ва хирадмандон ҳам аз чанбари вай роҳи халосӣ намеёбанд. Ту бо ин ҳама донишу хираду ҳуш, агар ғафлат кунӣ, дер мемонӣ. Бояд пеши роҳи бадбахтиро бибандӣ. ҳар он чи Афросиёб барои ту кард, ҳама ҳилаву афсун буд: мехост, ки ту мағрур шавӣ ва аз сари мағрурӣ ба ӯ густох шавӣ, то бо ин баҳона вай, бе он ки аз мардумон маломате шунавад, туро барандозад. Ошкори вай он буд ва ниҳонаш ин. Хешии ту бо вай аз Ағрерас бештар нест. Аз ин шаҳрёри тирадили хунхор ба ҷони худат эмин бош. Маккор чунин ба гӯши Сиёвуш афсун мехонд ва ба оби дида мижгон тар мекард, то он ки парешонӣ бар хотири шоҳи ҷавон роҳ ёфт. ӯ замоне ба андеша рафту гуфт: (cid:) ҳарчанд менигарам, худро сазовори кинаи шоҳ наме- бинам. Чи ба гуфтор ва чи ба кирдор баҳонае барои кинхоҳии ӯ надодаам. ҳар балое ҳам ба сарам ояд, аз фармони шоҳ сар намепечам, ҳамроҳи ту бе сипоҳ меравам. Ку бубинам, сабаби озурдагии вай аз ман чӣ бошад? Азми Сиёвуш ин буд, аммо Гарсеваз тавонист азми ӯро гардонад. Боз хеле афсун хонд, ки мард бояд аз мавҷи дарё эмин набошад ё дидаву дониста пой дар оташ наниҳад. Гуфт, ки Сиёвуш бо ин шитоб бахти бедорашро ба хоб меоварад; агар вай маслиҳати дӯсти ғамхораш Гарсевазро бигирад, дӯсташ кӯшиш хоҳад кард, ки ба оташи ғазаби шоҳ оби сард занад. Сиёвуш бояд ба Афросиёб нома навишта ба нарафтани худ ба даргоҳи ӯ баҳонае оварад. Масалан, бемории Фарангис. Зан (cid:) бемор ва шавҳари ғамгин бастаи болини ӯст. Баҳонаи нағз. Гарсеваз мебарад ва агар дар он ҷо кинаи Афросиёбро аз дили ӯ берун карда тавонад, пайке назди Сиёвуш мефиристад ва агар натавонад, боз ҳам тавассути пайк ба вай огоҳӣ медиҳад, ки Сиёвуш бе таъхиру диранг чораи наҷоти худро бибинад. Аз ин ҷо то кишварҳои ҳамсоя дур нест: то Чин фақат саду бист фарсанг роҳ аст, то Эронзамин (cid:) чиҳил фарсанг. Дар он тарафҳо ҳама дӯстдори Сиёвуш, ҳама ёру ёвари ӯянд. Дар Эрон падараш орзуманди дидори ӯ, чашми ёру дӯст ба роҳаш чор аст ва лашкар ҳама ба фармони вай. Шоҳи ҷавон ба ғафлат дар ин доми фиреб дармонд. ӯ нависандаро пеш хонда номае ба номи Афросиёб имло кард: «Ту дили худро ба меҳру вафо ороста, маро бо Фарангис ба назди худ хостаӣ. Фарангис ин замон бемори ноҷунбон аст ва ман баста дар сари болини ӯ. Тану ҷонам фидои подшоҳам бод, дилам дар иштиёқи дидорат тапон ва равонам ба ёди гуфторат фурӯзон аст, ҳамин ки ҳоли Фарангис беҳтар шуд, ба хидматат мешитобам». Гарсеваз бо ин нома шитобон ба роҳ афтод. Сиёвуш ларз-ларзон бо ранги парида ба шабистони худ даромад. Фарангис панҷмоҳа обистан буд. Хавотир кашида аз шавҳараш ҳол пурсид: (cid:) Чӣ рӯй дод? Сиёвуш он чиро, ки аз Гарсеваз шунида буд, нақл кард ва гуфт: (cid:) Дар Тӯрон рӯзи ман сиёҳ шуд. ҳайронам ва намедонам чӣ кор кунам? Агар гуфтори амакат рост бошад, аз дасти падарат дар ҳар ду дунё ҷон ба саломат намебарам. Фарангис, ки бераҳмӣ аз хунхории падарашро медонист, дасти ҳасрат ба сар зад, бо нохунҳои ҳиноӣ бар рӯйи чун гули арғувонаш ханҷол кашид, фиғон кард: Пур аз хун шуд он сунбули мушкбӯй, Дилаш шуд пуроташ, пур аз об рӯй. ҳаме канд мӯю ҳаме рехт об Зи гуфтору кирдори Афросиёб. Ба шавҳар гуфт: (cid:) Акнун чӣ кор мекунӣ? Ба Эрон равӣ, дар банди Ковус меафтӣ, ки аз ту дар ғазаб аст; Рустам дур, ба Чин рафтан нанг. Дар ҷаҳон кӣ туро паноҳ медиҳад? Паноҳат акнун ба Худованд асту бас. (cid:) Гарсеваз дӯст ва хайрхоҳи ман аст, (cid:) бо умедворӣ гуфт Сиёвуш, (cid:) ваъда дод, ки кинаро аз дили шоҳ мебарорад ва муж- даи бахшоиши ӯро ба ман мерасонад, шояд муваффақ шавад. ГАРСЕВАЗ ДАР БОРГОҳИ АФРОСИЁБ Гарсеваз бо аспи таковар роҳи сахту дароз ва пурнишебу фарозро беист дар се рӯз тай карда, рӯзи чаҳорум ба даргоҳи Афросиёб ҳозир шуд. Басо ранҷбурдаву шитобзада буд, шоҳ ӯро дар ин ҳол дида пурсид: (cid:) Чӣ хабар? Чаро бо шитоб баргаштӣ? Гарсеваз, ҷон пургуноҳ ва забон пурдурӯғ, чунин посух дод: (cid:) Кас дар ҷое, ки рӯзаш тира шуд, набояд дер истад. Сиёвуш на ба ман нигоҳ кард, на аз ман сухан шунид ва на номаи туро хонд. Маро дар сояи тахташ ба зону нишонд. Аз Эрон пайваста номаҳо мегирад, шаҳраш ба рӯйи мо баста, аз Руму Чин сипоҳе сӯйи ӯ равон аст. Агар ту ба кори ӯ диранг кунӣ, бод ба каф мемонӣ: Агар дер созӣ ту, ҷанг оварад, Ду кишвар ба мардӣ ба чанг оварад. В-агар сӯйи Эрон биронад сипоҳ, Кӣ ёрад шудан сӯйи ӯ кинахоҳ? Туро кардам огаҳ зи кирдори ӯй, Набояд, ки печӣ ту аз кори ӯй. АФРОСИЁБ БА ҷАНГ МЕРАВАД Заҳр кор кард. Афросиёб дигаргун шуд. Боди душмании куҳан бар сараш вазид. Аз хашм ба Гарсеваз посух надода фармуд, ки карнайҳоро бидаманд ва табли ҷангро кӯбанд. Бо сипоҳе ҷангҷӯй аз пойтахташ берун рафт. Пайки Гарсеваз ба назди Сиёвуш омада, аз забони ӯ чунин гуфт: (cid:) «Гуфтори ман ба Афросиёб судманд наяфтод, оташ шуъла гирифт, акнун ту чораи халосии ҷони худ биҷӯй. Бингар, сипоҳи худро ба кадом сӯ метавонӣ бикашӣ». Сиёвуш сӯйи Ганг (cid:) пойтахти Афросиёб талоя фиристод, талоя наздики саҳар баргашта хабар овард, ки лашкари шоҳи Тӯрон аз дур падидор гашт. Сиёвуш зуд сипоҳи худро ба по хезонд ва омодаи муҳориба шуд. Аммо Фарангис ба ӯ зорӣ кард, ки: (cid:) Эмин мабош ва сари худро ба тарафе бигир! ҳар тавре ки бошад, ту бояд зинда бимонӣ! Аммо дили Сиёвуш гувоҳӣ медод, ки ӯ зинда намемонад. Хост ба Фарангис васият кунад. ҳар ду нишастанд, Сиёвуш чунин суханҳо бар забон ронд: (cid:) Азизам, зиндагонии ман ба сар омад. Пас аз чаҳор моҳ ту нахустин фарзандамонро ба ҷаҳон меоварӣ. Дилам мегӯяд, ки ӯ писар хоҳад буд. Номашро Кайхусрав гузор. ӯ шаҳрёри бузург ва тавоное хоҳад шуд ва хуни маро аз душманонам хоҳад ситонд. Ман ба ноҳақ кушта мешавам, лекин ба кини ман аз Эрон лашкари гароне меояд, замоне пурошӯб мегардад. Рустам ба Рахши худ замин месипарад ва теғи интиқом бармекашад. Он гоҳ вой ба ҳоли Тӯрону тӯрониён! Дареғо, ки Афросиёби камхирад оқибати корашро намеандешад. ҳамсари бовафоям, нозанинам, ман рафтаниам, мехоҳам бо ту видоъ кунам. Фарангис навҳа андохт, рӯю мӯй канд. Дуяшон бо дидаҳои хунбор якдигарро сахт дар оғӯш гирифта, алвидоъ гуфтанд. Ба Сиёвуш шабранги бодпояшро оварданд. ӯ даст бар сару ёли асп молида ба гӯшаш роз ва орзуҳои ниҳонии худро мегуфт: (cid:) «Ман аз ҷаҳон меравам, лекин ту бимон. ҳасрати ҷудоиямонро махӯр: Кайхусрави ман меояд, туро савор меша- вад, дуятон хуни маро аз кушандагонам меситонед. Замин бикӯб ва бо наъли пӯлодинат кишварро аз душманон бирӯб». КУШТА ШУДАНИ СИЁВУШ ӯ бо як дастаи сипоҳи эронии худ ба роҳ афтод, мехост ба марзи Эрон гузарад, лекин ним фарсанг ҳам нарафта ба Афросиёб бархӯрд. Саворони тӯроншоҳ зуд аз ҳар ҷониб сари роҳҳоро гирифта шамшер бараҳна карданд. Эрониён омодаи ҷанг шуданд, лекин Сиёвуш онҳоро аз ҷангидан боздошт ва гуфт, ки ӯ ҳаргиз ба валинеъмати худ теғ нахоҳад кашид: Ба гавҳар бар он рӯз нанг оварам, Ки ман пеши шаҳ ҳадя ҷанг оварам. Ба мардӣ маро зӯру оҳанг нест, Ки бо Кирдгори ҷаҳон ҷанг нест. Афросиёб гуфтори ӯро шунида овоз дод: (cid:) Пас чаро бо сипоҳи ҷангҷӯй омадӣ? қасди ҷони ман дорӣ ва мехоҳӣ байни ду кишвар ҷангу ҷидол хезонӣ? Чаро? Пеш аз он ки Сиёвуш ба шоҳ посух диҳад, Гарсеваз ниқоб аз рӯй барканду бонг зад, ки: (cid:) Ба пешвози шоҳ омадӣ? Магар ба пешвоз бо камону зиреҳу шамшер меоянд? Бо суханони риёкорона киро мехоҳӣ фиреб диҳӣ? Сиёвуш фақат акнун донист, ки ба доми макри ӯ ғалтида будааст. Гуфт: (cid:) Эй нокаси зишткирдор! Маро ту гумроҳ кардӣ! Магар нагуфтӣ, ки шоҳ аз ман озурда шудааст?! Бо иғвогарии ту хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ рехта мешавад! Аммо бидон, ки ту он чӣ киштӣ, медаравӣ, саранҷом ба мукофоти амали зишти худ мерасӣ. Сипас ба Афросиёб рӯ оварда хитоб кард: (cid:) Шаҳрёро, тезӣ макун. Хуни маро рехтан бозӣ нест. Ба дурӯғи Гарсевази бадкирдор фирефта машав ва худро, кишварат ва давлататро дар хатар маяндоз. Гарсеваз барошуфту ба шоҳ гуфт: (cid:) Эй шаҳрёр, чӣ ҷойи гуфту шунид? Бо душман бо забони теғ гуфтугӯ мекунанд. Ин гуфтори ӯ шоҳро тез кард. ӯ ба саворони худ фармон дод, ки ҳуҷум оваранд ва ҳамаи сипоҳи Сиёвушро ба дами теғ супоранд. Онҳо якбора аз чаҳор тараф бо камонҳои кашидаву шамшерҳои бараҳна ба сари бахтбаргаштагон рехтанд. Дар як дам сипоҳи ҳазораи Сиёвуш, ҳама мардони размовари номдор, ки бо фармони сардори худ аз муқобилат худдорӣ мекарданд, кушта шуданд. Дашт аз хуни бегуноҳон лолагун гашт. Аммо аз сипоҳиёни Афросиёб ҳеҷ яке ба Сиёвуш ҷуръати даст ёзидан накард. Шоҳзодаи ҳуш аз сар паридаву дил аз ҷой ҷастаро Гурӯй ва Дамур, (cid:) ҳамон ду паҳлавони ҷангисавор, ки чанде пеш дар набардбозӣ аз вай ба як тарзи нангин мағлуб шуда буданд, бо ҳамроҳии шарикони худ даст бар пушт баста ва ба гарданаш полаҳанг зада, ба пешгоҳи Афросиёб кашиданд. Бо фармони шоҳ лашкараш аз паси ӯ бандии пиёдаро кашон- кашон сӯйи Сиёвушгирд ба роҳ афтоданд. Чун ба он ҷо расиданд, Афросиёб фармон дод, ки шоҳ- зодаро ба дашт бароварда сарашро бибуранд. Сиёвуш дар арзи роҳ ва дар ин ҷо ҳарчанд мегуфт, ки ӯ қурбони иғвогарист ва исрор мекард, ки шоҳ сухани охирини ӯро шунавад, лекин Гарсеваз бо гуфтори маккоронаи худ шоҳро аз шунидани сухани ӯ бозмедошт. Сипоҳиёни Афросиёб, ғайр аз Гурӯй ва Дамур, бо вуҷуди бераҳмию хунрезии худ, аз куштани шоҳзодаи бегуноҳ ибо мекарданд ва аз шоҳ пурсиданд, ки: «Шаҳрёро, охир аз шоҳзода чӣ гуноҳ дидӣ? ӯ ба ту чӣ бадӣ кард? Чаро ба мо намегӯйӣ?» Лекин дар ин ҷо боз Гарсевази бадандеш ба миёна даромад. Рӯйи бешармашро турш карда ба шоҳ гуфт: (cid:) Эй шаҳрёр, ту чаро ба гуфтори ин мардуми хомандеш гӯш медиҳӣ? Сипоҳи Сиёвушро куштӣ, бидон ки акнун агар худашро зинда гузорӣ, ӯ ба кинхоҳӣ аз Руму Чин лашкар оварда, рӯзгори туро табоҳ мегардонад! Агар ту ба ҷони вай зинҳор диҳӣ, ман назди ту намеистам, мераваму дар ҷое гӯша мегирам. Гурӯй ва Дамур ба пойи Афросиёб афтода талаби Гарсе- вазро ҳаводорӣ карданд. Дар ҳамин вақт Фарангис бо мӯйи парешону рӯи харошида хуншор, побараҳна, миён ба зуннори хунин баста, дар он ҷо ҳозир шуд. Хурӯшон пеши падар омада тани зор ба замин афканду хок бар сар рехт ва дод зад, ки: (cid:) Эй падар, чаро рӯзи духтаратро сиёҳ мекунӣ? Аз Худо битарс, сари тоҷдори бегуноҳро мабур. Сиёвуш барои ту тарки ватан кард, аз тоҷу тахт даргузашт, падарашро озурд. Бо иғвои Гарсевази нокас худро ангуштнамои ҷаҳониён магардон! Шоҳ Ковус ҳам зинда, Золи Дастон ва Рустами пилтан зиндаанд, аз кинхоҳии онон бияндеш! Пас вай ба Сиёвуш рӯ оварда навҳа андохт: (cid:) Эй диловар, эй сарвар, эй шерзоди сарафроз! Ба паноҳи Афросиёб омадӣ, ӯро падар пиндоштӣ ва акнун дастбаста ба хоки мазаллат афканда шудӣ. Лаънат ба Гарсеваз, лаънат ба Дамуру Гурӯйи бадгавҳар! ҳар кас, ки дасти бадӣ ба ту ёзид, дасташ бурида бод! Эй кош чашмони ман кӯр мешуданду чунин хории туро намедидам! Нолаҳои сӯзони Фарангис дили сангини падарашро ҳам об карданд. Аммо Афросиёб сир бой надод. Охир, ӯ подшоҳ буд, ҳукмдор буд, намехост сустии худро нишон диҳад. Агар Сиёвуш душман аст, зани вай ҳам дӯст нест, ҳарчанд духтари худаш бошад. Чин бар абру ба Фарангис гуфт: (cid:) Ба хонаат баргард! Ту чӣ донӣ, ки дар ин кор раъйи ман чист? Фармуд то навкаронаш Фарангисро кашон-кашон ба кох бурда, дар як хонаи торик андохтанд ва дари хонаро маҳкам карданд. Он гоҳ Гарсеваз ба Гурӯй ва Дамур имо кард, онҳо саре такон доданду назди Сиёвуш омаданд ва ӯро аз ришаш гирифта сӯи дашт кашиданд. Пилсам бародари Пирон аз қафои ӯ гирёну нолон мерафт. Сиёвуш ба вай овоз дод, ки: (cid:) ҳой, Пилсам, дуруди маро ба Пирон бирасон. Чаро ӯ дар Хутан ин қадар дер монд? Дареғо, ки ӯ дар ин маърака ҳозир нест, вагарна маро халос мекард. Гуфта буд, ки агар ман дучори бадӣ шавам, бо сад ҳазор савори шамшерзану зиреҳ- пӯши худ ба мадад мерасад. Гурӯй ва Дамур асири худро дар дашт ба ҷое, ки чанде пеш Сиёвуш ва Гарсеваз бо ҳам чавгонбозӣ ва найзазанӣ карда буданд, бурданд ва ӯро хобонда ташти зарринро зери гулӯяш ниҳоданд. Гурӯй бо ханҷари тез сари ӯро бурид. ҷое, ки хуни ӯро аз ташт ба хок рехтанд, яке гиёҳи сурх рӯид, он гиёҳро имрӯз ҳам хуни Сиёвуш меноманд(cid:)Шаҳрёр ДАР СИТОИШИ ХИРАД ВА ДОНИШ Хирад афсари шаҳрёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад. Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос, Хирад мояи зиндагонӣ шинос. Хирад раҳнамою хирад дилкушой, Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой. Аз ӯ шодмонию з-ӯ мардумист, Аз ӯят фузунию з-ӯ камист. Хирад тираву марди равшанравон, Набошад ҳаме шодмон як замон. Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад, Ки доно зи гуфтори ӯ бар хӯрад: Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш, Дилаш гардад аз кардаи хеш реш, ҳушивор девона хонад варо, ҳамон хеш бегона донад варо. Нахуст офариниш хирадро шинос, Нигаҳбони ҷон асту ҳам он се пос, Се поси ту гӯш асту чашму забон, К-аз ин се расад неку бад бегумон. ҳамеша хирадро ту дастур дор, Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор. *** Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй, Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй: Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад, Зи дониш дили пир барно бувад. Нигаҳ кун, саранҷоми худро бибин, Чу коре биёбӣ, беҳӣ баргузин, Ба ранҷ-андар орӣ танатро, равост, Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост. Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ, Аз омӯхтан як замон нағнавӣ. Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун, Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун. ғанавидан (ғунудан) (cid:) хобидан. ШИКОЯТИ ФИРДАВСӣ АЗ ПИРИИ ХУД Чу омад ба наздики сар теғи шаст, Мадеҳ май, ки аз сол шуд мард маст: Ба ҷойи инонам асо дод сол, Пароканда шуд молу баргашт ҳол, ҳамон дидбон бар сари кӯҳсор Набинад ҳаме лашкари бешумор. Гироянда ду тезнойи наванд ҳамон шасти бадхоҳ кардаш ба банд. Сароянда з-овоз баргашт сер, ҳамаш лаҳни булбул, ҳам овои шер. Чу бардоштам ҷои панҷоҳу ҳашт, Нагирам ба ҷуз ёди тобуту дашт. Дареғ он гулу мушку хушоби сӣ, ҳамон теғи буррандаи порсӣ. Нагардад ҳаме гирди насрин тазарв, Гули норван хоҳаду шохи сарв. ҳаме хоҳам аз довари Кирдгор, Ки чандон амон ёбам аз рӯзгор, К-аз ин номвар номаи бостон, Бимонам ба гетӣ яке достон, Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод, Зи ман ҷуз ба некӣ наорад ба ёд. Наёяд ба бун (cid:) бетаг, беохир. Киноя аз хира шудани чашм. Киноя аз вазнин шудани ҳар ду гӯш. Насрин (cid:) (гули насрин) киноя аз сафедии мӯй.