title
stringlengths 0
138
| content
stringlengths 12
102k
|
---|---|
Алӣ Бобоҷон | Алӣ Бобоҷон (10 феврали 1936 шаҳри Конибодом, 16 октябри 2020) — шоир ва нависандаи тоҷик. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журналистони СССР. Зиндагинома Алӣ Бобоҷон соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Соли 2016 дар зодгоҳи адиб шаҳри шаҳри Конибодом маҳфили адабии "Шаҳдрез" ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд. Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд. 1 Эҷодиёт Муаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публисистика аст, вале шуҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рӯи чопро дидаанд. Асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмӯъаҳои "Бачаҳои хуб", "Мусича", "Гули бодом", "Парвози орзу", "Мавҷи сурур", "Некӣ ба некӣ", "Усто-парасту", "Нилуфар", "Осмондара", "Намаки зиндагӣ", "Зардолуи маҳтобӣ", "Атри кӯҳистон", "Базмия", "Шеъри истиқлол", "Сад барги Ҳисор", "Обаки зарин", "Пайғоми парасту", "Алифбои парандаҳо", "Меҳрпайванд", "Мусиқии баҳор", "Наврӯзи наврасон" ба табъ расидаанд. Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои "Домулло Азизов", "Нахустқаҳрамони тоҷик", "Тоҷикистони ман", "Чароғи Ӯялӣ" (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ), "Соҳибҳунар", "Писархонди алоқачиён", "Конибодом" (дар ду ҷилд), "Меҳрпайванд", "Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд. Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни "Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон" ҷойи аввал насибаш гардидааст. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи "Китобхонаи бачагони халқҳои ИҶШС", ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби шеърҳояш "Устопарасту" (Боку, 1978) ба забони озарӣ, Мусиқии баҳор" ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд. Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ:Т.Муталлибов "Чӯҷаҳо", С.Мамадзода "Калид", тазкираи шуарои Вйетнам "Муҳаббат ва ғазаб" ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар "Китоби дӯстӣ" дастраси умум гардондааст. 2 3 Ҷоизаҳо Адабиёт дар бораи Алӣ Бобоҷон Намунаи ашъор СУБҲИ МУРОД Дилрабо, субҳи баҳорон бидамидаст, биё! Вақти сайри гулу гулзор расидааст, биё! Ҳар ниҳоле, ки ба боғ аст ба монанди арӯс, Чатр аз гул ба сари хеш кашидаст, биё! Аввалин ғунча ба гулзор шукуфон шудааст, Боиси чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳон шудааст. Ҳар тараф менигарам, дил зи фараҳ меболад, Ваҳ, табиат чи қадар хурраму хандон шудааст! Ин саҳар аз бари гулзор гузар бинмудам, Ба рухи тозаи гулғунча назар бинмудам. Ғарқи андеша нишаста ба лаби ҷӯи пуроб, Ёди он лоларухи тозаю тар бинмудам. Ёри гулбоз! Биё, аз қаду бастат гардам! Ғунчаро дида, даҳони ту ба ёд овардам, Ҷӯш зан, чашмаи ишқам, ба ҳазорон уммед Остин бар зада бар чидани гул сар кардам. Шарфаи пои ту ногоҳ ба гӯшам бирасид, Дили бесабрам аз андоза бурунтар битапид. То ту чун кабк задӣ хандаи мастона зи ноз, Синаам аз асари ваҷд чу дарё бидамид. Омадӣ, ваҳ, ба дилам тозаумед овардӣ! Аз бақодории ишқат ту навид овардӣ! Марҳабо, эй шафақи субҳи дурахшони мурод, Ёри дилбохтаро бахти сафед овардӣ!. |
Абдии Кобулӣ | Абдуллоҳхоҷа Абдии Кобулӣ (? — қарни) — шоир и форс-тоҷик Зиндагинома Шахси таҳсилкарда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1587 дар Бухоро ба мулозимати ӯ расида, муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳаққи устодӣ дошта, ӯро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Ҳиравӣ ҳидоят намудааст. Аз ашъори Абдии Кобулӣ намунаҳои каме ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. |
Абак | Абак, абақ — истилоҳи бисёрмаъно. Абак (тахтаи ҳисоб) Абак, асбоби арифметикиест аз чӯб ва муҳраҳои махсус, ба истилоҳ, нахустин "калкулятори чубин" дар ҷаҳон. Абак чун асбоби муҳосибӣ дар тамоми кишварҳои қадим истифода мешуд ва то ҳанӯз дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи "чӯт" баъзан истифода мешавад. Риёзидони асримиёнагии Италия Леонардо Пизанский, ки бо номи Фибоначчи маъруф аст, асаре бо номи "Китоби абак" низ таълиф намудааст. |
Абдибеки Шерозӣ | Абдибеки Шерозӣ — шоир, таърихнигор ва мутарҷими эронӣ Зиндагинома Авлоду аҷдоди Абдибеки Шерозӣ аз мардуми Шероз будаанд, бинобар ин ӯ нисбаи худро Шерозӣ зикр мекард. Падари Абдибеки Шерозӣ бо дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ) робитаи наздик дошт. Бо саъйи падараш ба хидмати дарбор дохил гардид ва якчанд сол дар Қазвин, Табрез, Ардабил кору зиндагӣ кард. Соли ба Гурҷистон сафар кард. Охири умраш дар Ардабил гузашт. Фаъолияти адабӣ Абдибеки Шерозӣ аз айёми ҷавонӣ ба фаъолияти адабӣ шурӯъ намуда, дар ибтидо бо тахаллуси "Навидӣ" шеър менавишт. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абдибеки Шерозӣ дар охири умр се девони ашъорашро мураттаб сохтааст, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор байт фароҳам омада буданд. Аммо то ҳол нусхае аз девонҳои шоир дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Дар миёнсолӣ ба худ тахаллуси "Абдӣ" гирифт ва маснавиҳо (се "Хамса"), асарҳои таърихӣ эҷод кард. Дар "Хамса"-и якум маснавиҳои "Махзан-ул-асрор", "Ҷоми ҷамшедӣ", "Маҷнун ва Лайлӣ", "Ҳафт ахтар", "Оини искандарӣ", дар "Хамса"-и дуюм маснавиҳои "Ҷавҳари фард", "Дафтари дард", "Фирдавс-ул-орифин", "Анвори таҷаллӣ", "Хазоин-ул-малакут", дар сеюм маснавиҳои "Равзат-ус-сифот", "Давҳат-ул-азҳор", "Ҷаннат-ул-асмор", "Зинат-ул-авроқ", "Саҳифат-ул-ихлос" фароҳам омадаанд (ҳамагӣ 54947 байт). "Хамса"-и сеюми Абдибеки Шерозӣ бо номи "Ҷаннат-ул-адн" машҳур аст. Аксар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар шакли нусхаҳои дастнависи аслӣ (автограф) ва ё нусхаҳои дар замони зиндагии шоир, ё каме баъдтар китобатшуда то рӯзгори мо расидаанд. Маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар пайравӣ ва ҷавоби маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар шоирони форс-тоҷик навишта шудаанд. Дар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ пойтахти онвақтаи Сафавиён шаҳри Қазвин, табиат, боғҳо, меваҷоти он, ороиш, нақшу нигори қасри шоҳ ва ғайра тавсиф шудаанд. Ба ибораи худи Абдибеки Шерозӣ ғайр аз "Хамса" боз ду маснавии дигар — "Саломон ва Абсол", "Тарабнома" таълиф карда будааст. Аз ин маснавиҳо то ҳол нусхаи дастнависе дастраси муҳақкиқон нагардидааст. Асарҳои таърихӣ Абдибеки Шерозӣ инчунин муаллифи асарҳои таърихии "Такмилат-ул-ахбор" (таърихи умумӣ), "Сареҳ-ул-мулк" (доир ба вақфҳои шайх Сафӣ — ҷадди сулолаи Сафавиён) ва "Дебочат-ул-баён" (ҳоло дастрас нагардидааст) мебошад. Абдибеки Шерозӣ ду асарро, ки ба таърихи пайғамбар Муҳаммад (с) ва халифа Алӣ бахшида шудаанд, аз забони арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст. Дар осори Абдибеки Шерозӣ воқеаҳову масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии садаи Эрон инъикос ёфтаанд. Забони осори Абдибеки Шерозӣ сода ва оммафаҳм аст. Тарҷумаи осори Абдибеки Шерозӣ Бо саъю кӯшиши шарқшиноси озарбойҷонӣ А. Раҳимов маснавиҳои "Маҷнун ва Лайлӣ", "Равзат-ус-сифат", "Давҳат-ул-азҳор", "Ҳафт ахтар", "Оини искандарӣ", "Ҷаннат-ул-асмор", "Зинат-ул-авроқ", "Саҳифат-ул-ихлос", "Ҷавҳари фард", "Махзан-ул-асрор" дар Москва ба табъ расидаанд. |
Ховар (хабаргузорӣ) | "Ховар" (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", кутаҳ. АМИТ "Ховар") — хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон. Таърих АМИТ "Ховар" — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. АМИТ "Ховар" имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ тавассути агентӣ пахш карда мешаванд. Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Хабарҳои агентии миллии иттилоотии "Ховар" -ро на танҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио, балки инчунин хонандагони сайтҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамони алоҳида чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он истифода мебаранд. Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ — шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. АМИТ "Ховар" бо марказҳои калонтарини иттилоотии минтақа ва ҷаҳон ҳамкории мутақобилаи муфид дорад. Хабарҳои АМИТ "Ховар" ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш карда мешаванд. Муассис — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбар — Садриддини Шамсиддин. |
Конфедератсияи футболи Осиё | Конфедератсияи Футболи Осиё — ташкилоти муҳими футбол дар минтақаи Осиё (ғайр аз баъзе ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС), конфедератсия дар соли 1956 ташкил шудааст. Маркази маъмурии он дар пойтахти Малайзия, Куала-Лумпур ҷойгир шудааст. Президенти конфедератсияи Муҳаммад Бин Ҳамман аз Қатар мебошад. 47 тим аъзои он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршави он ба 5 қисм чудо мешавад. Давлатхое ки ба ончо дохил мешавад Осиёи Маркази Тоҷикистон Эрон Федератсияи футболи Қирғизистон Федератсияи футболи Туркманистон Нигаред. |
Абай (ноҳияи Аскалдӣ) | Абай Абай) — деҳа дар ноҳияи Аскалдӣи вилояти Алмаатои Қазоқистон, ки дар соли 2009 957 нафар аҳолӣ дошт. |
Аббревиатура (мусиқӣ) | Аббревиатура дар мусиқӣ — нишонаҳо, мухтасар нишон додани нотаҳо, хатҳои иловагӣ ва ибораю ҷумлаҳои мусиқӣ дар хати нотавӣ. Аббревиатура ҳангоми якчанд бор такрор ёфтани як шакли усул гузошта мешавад. Аббревиатура бештар ҳамчун муродифи аломатҳои сегно, реприза, фонус, волта ва мелизмҳо (форшлаг, группетто, мордент, морденти хаткашида, морденти дукарата, морденти дукаратаи хаткашида) истифода мешавад. |
Аахен | Ахен — шаҳр дар Олмон, замини Райн-Вестфалени шимолӣ. Аз замонҳои қадим бо марказҳои табобати гармобаи худ машҳур аст. Маркази ҳавзаи ангиштсанг. Дар қисми ҷануби шаҳр боғи миллии Эйфел оғоз меёбад. Мавқеияти ҷуғрофӣ Таърих Меъморӣ Аҳолӣ Иқтисод Илм ва маориф Варзиш Осорхонаҳо. |
Абдулазиз ибни Шарафуддин | Абдулазиз ибни Абдулваҳоб (соли таваллуд ва вафот номаълум) — ҳунарманд ва рехтагари тоҷик (охири садаи – ибтидои садаи). Зиндагинома Дар дарбори Амир Темур (ҳукмронӣ 1370 – 1405) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Осор Аз амали Абдулазиз то замони мо осори кам расидааст. Намунаи машҳури ҳунари ӯ деги калонест, ки соли 1399 аз хӯлаи ҳафтҷӯш барои мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (шаҳри Туркистон) рехта шудааст. Ин дег намунаи барҷастаи санъати рехтагарӣ ва мисгарӣ буда, ҳашт ҳалқаи нуқракӯби зарандуд дорад. Дар девораҳои дег тасвири сари шер, мурғ ва моҳӣ муҷассам ва ҳаккокӣ гаштааст. Гирдогирди он бо хатҳои сулс, кӯфӣ ва риқоъ матнҳои гуногун китобат шудаанд. |
Абай (шаҳр) | Абай Абай) — шаҳрест (аз соли 1961) дар маркази Қазоқистон ҷойгир аст ва аз соли 2002 маркази ноҳияи Абайи вилояти Қарағандӣ буд. Аҳолӣ,550 нафар (2009 Натиҷаҳои баруйхатгирӣ), 33,066 наф (1999 Натиҷаҳои баруйхатгирӣ). Абай соли 1949 ҳамчун як шаҳраки ангиштканон бо номи Шерубай-Нура Шерубай-Нұра, -) таъсис ёфтааст.Дар соли 1961 ба номи Абай Қунанбайулӣ, шоир, оҳангсоз ва файласуфи қазоқ, ба номи Абай иваз карда шуд. Варзиш Дар соли 2014 дастаи шаҳри Абай дар чемпионати кишвар оид ба бенди байни наврасони соли таваллудашон 1996 ва хурдтар ширкат дошт. |
Кӯтаҳнавишт | Кӯтаҳнавишт, аббревиатура (— кӯтоҳ кардан, ихтисор; аз — кӯтоҳ) — калима, ихтисори таркибдор ва калимаҳои мураккаб дар забоншиносӣ. |
Абдол | Абдол (— ҷойнишин, ивазкунанда, халифа) — як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт тан орифони поку нексиришт иборатанд. Мақому манзалат Тибқи иттилои муҳаққиқи Эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, бузургони суфия, ки иборат аз 356 нафар мебошанд, аз рӯи мақому манзалати ишғолкардаашон дар маърифати тасаввуфӣ силсилаи маротиберо ташкил медиҳанд, ки дар он қутб дар раъси ин силсила қарор дорад, сипас нақиб (сетанон), баъд абдол (ҳафттанон) ва баъд мартабаҳои дигар хоҳанд омад. Дар ин силсилаи маротиб Абдол мақоми махсуси васатӣ дорад ва дар олами улвӣ низ шомили намоди (символ) худ мебошад. Рӯзбаҳони Бақлӣ дар "Абҳар-ул-ошиқин" оварда, ки дар канори ситораи қутбӣ дар осмони бекарон ба сурати фалаки "хирс" ҳафт ҷисми мунири осмонӣ (ситораи ҳафтдодарон) вуҷуд доранд, ки ин намодест аз ҳафт машоихи бузурги суфия. Ин машоих бо дарки рамзу рози олами улвӣ ҳафт иқлими олами гетиро ба таври нопайдо ба уҳда доранд. Ба ибораи дигар, ҳафт равзанае аз олами гетӣ ба сӯи олами малакут вуҷуд дорад, ки соликони тариқат ба воситаи абзорҳои маърифати ирфонӣ ба кунгураи арши илоҳӣ мерасанд ва офаридгори худро дарк менамоянд. Агар ин матлабро боз ҳам содатар карда гӯем, абдол ё худ ҳафттанон дар мартабае аз силсилаи маротиби машоих қарор доранд, ки ба туфайли маърифати ирфонӣ ва инояти илоҳӣ асрори ҳақиқатро бевосита дарк намуда, ҳар яке аз онҳо, дар навбати худ, мақоми қутби манотиқи як иқлими олами гетиро ба уҳда доранд ва дар ҳафт гӯшаи (иқлими) олам ҳукмфармоӣ хоҳанд кард. Дар адабиёти тасаввуфӣ соҳиби иқлими аввали олам Халилуллоҳ, соҳиби иқлими дуюм Мусо, соҳиби иқлими сеюм Ҳорун, соҳиби иқлими чаҳорум Идрис, соҳиби иқлими панҷум Яъқуб, соҳиби иқлими шашум Исо ва соҳиби иқлими ҳафтум Абулбашар қаламдод шудааст. Ҳафт ё худ абдол бо мурури замон яке пас аз дигаре ҷойнишини ин пайғамбарон хоҳанд шуд. Яъне абдол ё худ яке аз ҳафттанон агар ин дунёи фониро падруд гӯяд, ҷойи ӯро яке аз даҳтанон ва ҷойи даҳтанонро яке аз чилтанон пур хоҳад кард. Ин миқдор барои ҳамеша собит хоҳад монд. Абдол маъмулан аз низоми олам бохабаранд, орифи асмоъ ва сифати илоҳианд. Дар ирфони назарӣ ин масъала зимни баҳси масоили марбут ба Инсони комил аҳамияти хосса пайдо кард. Адабиёт Амирулмуъминин Домулло Мавлоно Муаззин Муробит Муҷоҳид Ноиб Ноқиб Охунд Халифаи рошид Ҳоҷӣ Шаҳид. |
Абарқудрат | Абарқудрат — ба кишваре гуфта мешавад, ки дорои мавқияти мумтозе дар равобити байналмилалӣ бошад ва тавонои таъсиргузорӣ дар тарҳҳо ва рухдодҳо дар миқёси ҷаҳониро дошта бошад. Ба таври суннатӣ абарқудрат марҳилаи болотар аз қудрати бузург маҳсуб мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва собиқ ИҶШС ду абарқудратҳо ба шумор мерафтанд. Пас аз фурупошии СССР, Амрико ягона абарқудрат дар ҷаҳон шуд. |
АПЛ (забони барноманависӣ) | (ва, ё мумкин,) — забони барномасозӣ, оптимизированный для работы с массивами, предшественник современных научных вычислительных сред, таких как, использует функциональную парадигму программирования. В своей области применения (физика, математическое моделирование, обработка данных) — мощный язык, обладающий кратким и выразительным синтаксисом. Например: Большое количество специальных символов в синтаксисе, функциональный стиль и краткие нотации (большинство операций обозначается символами) делает программы на крайне непонятными для непосвящённых. История Язык был разработан Кеном Иверсоном в начале 60-х гг. как система обозначений для описания вычислений. Позднее он использовался как язык машинной архитектуры, в котором поведение конкретных команд можно было легко описать в виде векторных операций. Третьей фазой развития стала его реализация для 360 в конце 60-х гг. Вследствие краткости выражений на, у этого языка появились немногочисленные, но преданные сторонники, которые гордились тем, что легко разрабатывали сложные программы. В начале 80-х годов в ВЦ АН СССР был разработано уникальное программное обеспечение для работы с на мини-ЭВМ серии СМ-4, СМ-1420 и и микро-ЭВМ Электроника-60, ДВК, Электроника-85. Разработчик А.В.Кондрашев. В состав комплекса входили: программный интерпретатор языка АПЛ; микросхемы знакогенератора для поддержки -символов на наиболее популярных алфавитно-цифровых мониторах; версия интерпретатора на плате ППЗУ для Электроника-60 и ДВК. Поддерживалась работа с графическими мониторами и графопостроителями, а также использование дисков и принтеров центральной мини-ЭВМ. Наряду с традиционным использованием -систем в системах анализа данных, в СССР также разрабатывались программно-аппаратные комплексы для использования в промышленности и атомной энергетике. Бо ин забон ҳарсола конференсия аз рӯи коидаҳои гузаронида мешаванд. Омӯзиши Дар вақти ҳозира омӯзиши системаи барномасозии дохил мешавад ба барномаи омӯзиши донишҷӯҳо аз рӯи махсусияти Диагностикаи Техникӣ дар Университети Обнинскии Давлатии Энергетикии Атом и(УОДЭА), шаҳри Обнински Федератсияи Россия. Ссылки. |
Абабурово (ноҳияи Юрев-Полский) | Абабурово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Юрев-Полский, ки дар вилояти Владимир қарор дорад, дохил мешавад. |
Фарҳод Аббос | Фарҳод Аббос — яке аз пешвоёни мубориза барои истиқлоли Алҷазоир; пойбанди ақидаҳои мӯътадили миллатгароӣ буд. Зиндагинома Фарҳод Аббос 24 августи 1899 дар шаҳраки Таҳер дар наздикии шаҳри Константини мустамликаи фаронсавии Алҷазоир дар оилаи деҳқони серфарзанд таваллуд шудааст. Вай яке аз 12 фарзанди Саид бин Аҳмад Аббос ва Магим бин Алӣ буд. Ин оила аз Қабилияи Хурд омадааст, аммо ҳанӯз дар соли 1871, пас аз саркӯбии исёни Муҳаммад эл-Мукранӣ, онҳо ба соҳил гурехтанд ва фелахҳо шуданд. Солм 1909 Аббосро барои таҳсил ба мактаб фиристоданд ва дар синни 14-солагӣ, ҳамчун хонандаи хуб, ӯро барои таҳсил ба Филиппвил (ҳоло Скикда) фиристоданд. Аз соли 1921 то 1924, Аббос дар артиш хидмат мекард ва мақолаҳояшро бо тахаллуси Комил Абенсеҷар дар рӯзномаҳои гуногун нашр мекард. Соли 1924 ба Донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Оғози карераи сиёсӣ Дар Донишгоҳи Алҷазоир Фарҳод Аббос ҳамчун дорусоз таҳсил кардааст. Ҳамзамон, ӯ дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзид — дар соли 1924 яке аз муассисони Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмони Африқои Шимолӣ дар Париж гардид. Соли 1926 ӯ ноиби президент ва соли 1927 президенти Ассотсиатсия шуд. Дар соли 1931, Аббос аз вазифаи президенти Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмон истеъфо дод. Дар худи ҳамон соли 1931 ӯ китоби Алҷазоири ҷавон-ро навишт, ки дар он ӯ мақолаҳои худро аз солҳои 20-ум чоп карда, нуқтаи назари худро дар бораи ояндаи Алҷазоир баён кардааст. Фарҳод Аббос дар бораи Алҷазоир ва арабҳои Алҷазоир навиштааст: - " Мо дар хонаем. Мо ба ҷои дигар рафта наметавонем. Ин замин ниёгони моро сер кард, ин замин фарзандони моро сер хоҳад кард. Новобаста аз он ки мо озод ҳастем ё ғулом, вай аз они мо ва мо аз они вай ҳастем ва намегузорад, ки мо ҳалок шавем. Алҷазоир бе мо зиндагӣ карда наметавонад. Мо бе ӯ зиндагӣ карда наметавонем. Онҳое, ки орзу доранд, ки ояндаи мо ояндаи сиёҳпӯстони Амрико хоҳад буд, хато мекунанд. Соли 1933 Фарҳод Аббос дар ташкили Иттифоқи халқии Алҷазоир ширкат варзид. Пас аз хатми ҳамон сол, Аббос ба сифати дорусози сертификатдор дар дорухонаи ба кор шурӯъ кард. Вай як чеҳраи маъруф шуд — дар соли 1934 ӯ мушовири умумӣ ва дар соли 1935 — узви шӯрои мунисипалии Сетиф интихоб шуд. Аббос ба Федератсияи Константин интихобшудаи мусалмонон пайваст ва аз соли 1933 ба ҳайси рӯзноманигор дар ҳафтаномаи - (Созишномаи Франко - Мусалмонон) кор мекард, ки онро одатан Созишнома меномиданд. Дар соли 1937 доктор Бенҷеллул, раҳбари Федератсияи Мусалмонони интихобшуда, Аббосро сармуҳаррири рӯзнома таъйин кард. Вай нашрияро ба минбар табдил дод, ақидаҳои худро бо мақолаҳои радикалӣ таблиғ кард, ба низоми муҳандис ва дигар фармонҳои мустамликавӣ шадидан мухолифат кард. Дар соли 1938 Аббос ҳизби Иттиҳоди халқии Алҷазоирро таъсис ва роҳбарӣ кард, ки ҷонибдори додани ҳуқуқи баробари алҷазоириҳо бо шаҳрвандони Фаронса буд. ИХА дар якҷоягӣ бо Федератсияи интихобҳои маҳаллӣ, ки ба он ҳамроҳ шуданд, сухангӯи асосии табъи доираҳои либералии Алҷазоир гаштанд ва шуҳрати калон пайдо карданд. Дар моҳи сентябри 1939, вақте ки Фаронса ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ворид шуд, Аббос ҳизби худро пароканда кард ва довталабона дар сафи артиши Фаронса хидмат кард. Дар соли 1940, Фаронса мағлуб шуд ва ӯ аз артиш бароварда шуд. Мубориза барои мухторияти Алҷазоир То соли 1942, Аббос пешвои шинохташуда дар мубориза барои тавонмандсозии мардуми Алҷазоир буд. Вақте ки моҳи ноябри ҳамон сол нерӯҳои англису амрикоӣ Алҷазоирро забт карданд ва генерал де Голл дар Фаронса довталаби ҳокимият шуд, роҳбарони Алҷазоир инро имкони ноил шудан ба талабҳои худ донистанд. 20 декабр ва 22 декабри 1942, Аббос, М.Бен Ҷалил ва дигарон ба мақомоти нави Фаронса ҳуҷҷатҳоеро фиристоданд, ки дар онҳо барномаи онҳо - Паёми намояндагони мусулмонон ифода ёфтааст. 31 марти 1943, Аббос ва тарафдорони ӯ Манифести халқи Алҷазоир -ро паҳн мекунанд, ки дар он онҳо идеяҳои ислоҳоти зидди мустамликаро дар Алҷазоир дубора таҳия мекунанд. 26 майи 1943 Аббос ва ҳамсафарони ӯ шахсан ба губернатори фаронсавӣ Жорж Катре шахсан Лоиҳаи ислоҳот - изҳороти муфассали тағироти зарурӣ дар Алҷазоирро тақдим мекунанд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ба худмуайянкунии Алҷазоир иҷозат дода шавад, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд, кафолатҳои озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дода шаванд ва пас аз ҷанг интихобот ба Маҷлиси Муассисон гузаронида шавад, ки он бояд барои Алҷазоири Автономӣ Конститутсия таҳия кунад. Ҳамзамон, Аббос ҷонибдори иттифоқ ва федератсия бо Фаронса, қонунияти комили воситаҳои сиёсии расидан ба ҳадафҳо ва садоқаташон ба метрополия мебошад. Ҳамаи ин пешниҳодҳо рад карда шуданд. 7 марти 1944 Кумитаи озодии миллии Фаронса (КОМФ) фармоне содир кард, ки ба намояндагони элитаи Алҷазоир, ки дар назди Франсия хидмат кардаанд, ҳуқуқи шаҳрвандии Фаронсаро ва тамоми аҳолии Алҷазоирро — ҳуқуқи интихоби 40% -и маҷлисҳои шаҳрӣ ва умумӣ додааст. Баъзе пешвоёни мубориза барои автономия худро ба вазъияти нав истеъфо доданд, аммо Аббос муборизаро идома дод. Як ҳафта пас аз фармони КОМФ, 14 марти 1944, вай иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро таъсис дод, ки ба он уламо бо роҳбарии Шайх Башир ал-Иброҳимӣ ва Ҳизби Халқии Алҷазоир бо роҳбарии Аҳмад Мессалӣ ал-Ҳаҷ ҳамроҳ шуданд. Аз 15 сентябри 1944, Аббос инчунин ҳафтаномаи Эгалит (Баробарӣ)-ро бо зери сарлавҳа Баробарии одамон — Баробарии нажодҳо — Баробарии миллатҳо нашр кард. Ассотсиатсия талаб кард, ки федератсияи Алҷазоири автономӣ бо Фаронсаи навсозишуда ва зидди мустамликадорӣ таъсис дода шавад. Вай дастгирии васеъ гирифт (то 600,000 тарафдорони фаъол), аммо дар дохили ассотсиатсия ҷудоихоҳӣ ба амал омад — тақвияти ҷиноҳи радикалии ҷавонон дар Ҳизби Халқии Алҷазоир боиси пайдоиши шиорҳои зидди Фаронса гардид, ки Аббос ба он эътироз кард. Дар моҳи марти 1945, роҳбарияти Дӯстони Манифест ва Озодӣ аллакай масъалаи истиқлоли Алҷазоирро муҳокима карда, масъалаи автономияро тарк кард. 15 майи 1945, мақомоти Фаронса иттиҳодияи Дӯстони Манифест ва Озодиро пароканда карда, онро дар ташкили исёни Алҷазоир айбдор карданд. Аббос ва дигар пешвоён боздошт шуданд. Бӯҳрони муборизаи ҳуқуқӣ Дар моҳи марти 1946, Ферҳат Аббос, ки аз зиндон раҳо шуда буд, Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир (ИДМА)-ро таъсис дод ва боз пешвои мубориза барои автономия гардид. Аллакай дар моҳи июн, ИДМА аз 13 курсии барои Алҷазоир ҷудошуда дар интихоботи Маҷлиси муассисони Фаронса 11-тоашро ба даст овард. Аббос, ки вай низ аз Сетиф вакили мардумӣ шудааст, борҳо дар Маҷлиси мухторияти Алҷазоир баромад карда, 9 августи 1946 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Автономии Алҷазоирро ба муҳокима пешниҳод кард. Лоиҳа иваз кардани режими мустамликадориро дар Алҷазоир бо автономияи дохилӣ дар бар мегирифт ва онро Маҷлиси муассисон рад кард. Моҳи ноябри соли 1946 маҷлис кори худро қатъ кард ва Аббос узви Ассамблеяи Иттиҳоди Фаронса гашт. Радди вакилони парлумони Фаронса аз қабули конститутсияи Алҷазоири автономӣ мавҷи ноумедиро дар ҷомеаи Алҷазоир ба бор овард. Хуруҷи оммавии ҷавонон аз Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир оғоз ёфт ва шумораи он аз 7000 фаъол то ба 3000 кам шуд. Дар ҳоле ки Аббос ҳимояти инқилоб бо қонун -ро идома медод, раҳбарии сиёсӣ ба Ҳаракат барои тантанаи озодиҳои демократӣ -и Мессалӣ Ҳаҷ гузашт. Рост ба роҳи қонунии худмухторӣ, Аббос моҳи апрели соли 1948 ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуда, ИДМА-и тунуккунандаро ба ҳизб табдил дод. Худи ҳамон сол, ӯ ҳафтаномаи худро Эгалит (Баробарӣ)-ро ба (Ҷумҳурии Алҷазоир) иваз кард. Дар соли 1951 Иттиҳоди Демократии Манифести Алҷазоир ба Фронти Алҷазоир барои ҳимоя ва эҳтироми озодӣ дохил шуд. Дар соли 1952, Аббос дабири кулли ИДМА шуд ва моҳи январи соли 1954 дубора ба Маҷлиси Алҷазоир интихоб шуд. Оғози ҷанг барои истиқлоли Алҷазоир Фарҳод Аббосро дар назди интихоби мустақим байни пайвастан ба муборизаи мусаллаҳона ва ҳамкорӣ бо Фаронса гузошт. Бо вуҷуди ин, чанд муддат ӯ ба ҳалли осоишта умедвор буд. То тобистони соли 1955, ӯ роҳҳои муколама бо Фаронсаро меҷӯст (гарчанде ки пешниҳодҳо буданд, ки тамосҳои аввалини Аббос бо шӯришиён дар моҳҳои апрел-май сурат гирифтааст). Дар соли 1955 вай ва ҷонибдоронаш дар гурӯҳи Алҷазоир гурӯҳи 61 -ро ташкил карданд, ки он нақшаи ҳамгироии Алҷазоир -ро, ки генерал-губернатори фаронсавӣ Жак Сустел пешниҳод карда буд, рад кард. Дар моҳи октябри ҳамон сол Аббос бо Ҷабҳаи Миллии Озодшавӣ робитаҳои махфӣ барқарор кард. Танҳо моҳи январи соли 1956 вай аз номи ҳизби худ изҳор дошт, ки ҶМО-ро дастгирӣ мекунад. 9 феврали 1956, Роберт Лакосте вазири доимии Алҷазоир шуд, ки вазифааш саркӯб кардани исён ва несту нобуд кардани ҶМО буд. Пас аз якуним моҳ Аббос аз ҳамкорӣ бо Фаронса даст кашид ва ба Фронти Миллии Озодкунӣ пайваст. Сардори Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир 25 апрели соли 1956, дар як нишасти матбуотӣ дар Қоҳира, Аббос эълон кард, ки ба муборизаи мусаллаҳонаи Фронти Миллии Озодкунӣ ҳамроҳ мешавад. Иттифоқи Демократии Манифести Алҷазоир пароканда шуд ва ба сафи ҶМО пайваст. 20 августи 1956, дар Конгресси Суммам ҶМО, Аббос узви Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир интихоб карда шуд. Дар моҳи августи соли 1957, Аббос узви кумитаҳои иҷроия ва ҳамоҳангсозии Шӯрои миллии инқилоби Алҷазоир интихоб шуд. Вай дар корҳои дипломатӣ оид ба эътирофи муборизаи ҶМО фаъолона ширкат варзид, узви ҳайати ҶМО дар иҷлосияи 12-уми Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти Алҷазоир буд. Дар моҳи июни соли 1958, ӯ ба ҳайати ҶМО дар мулоқоти кишварҳои Африқои Шимолӣ дар Тунис роҳбарӣ кард. Дар конфронсҳои намояндагони ҶМО ва ҳукуматҳои Марокаш ва Тунис дар Тунис ва Танжер (Марокаш) тасмим гирифта шуд, ки дар ғурбат ҳукумати муваққатии Алҷазоир таъсис дода шавад. Фарҳод Аббос мебоист ҳукуматро сарварӣ мекард. 19 сентябри 1958 Аббос аввалин раиси Шӯрои вазирони ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир (ҲМҶА) буд, ки марказаш дар Қоҳира воқеъ буд. Худи хамон рӯз дар Қоҳира Ҷумҳурии мустақили Алҷазоир ботантана эълон карда шуд. Ҳукумат наметавонист кишварро идора кунад ва маҷбур буд, ки истиқлоли Алҷазоирро эътироф кунад. Танҳо муовини сарвазир ва вазири нерӯҳои мусаллаҳ Крим Белкасем ба вазъи Алҷазоир бештар таъсир расонданд. 26 сентябри 1958 Аббос вазифаҳои асосии ҳукуматро шарҳ дода, омодагии худро барои оғози муколама бо Фаронса иброз дошт. Ферҳат Аббос 26 сентябри 1958 эълом дошт, ки ҳукумати ӯ роҳбарӣ кардани халқи Алҷазоир ва артиши онро дар мубориза барои озодии миллӣ вазифаи аввалин ва муқаддастарини худ медонад. 2 октябр ба даъвати Аббос ба муколама сарвазири Фаронса генерал Шарл де Голл посух дод. Вай дар шаҳри Константини Алҷазоир суханронӣ намуда, нақшаи худро барои рафъи бӯҳрон пешниҳод кард, ки он ба Алҷазоир додани замин, баробар кардани ҳуқуқи онҳо бо шаҳрвандони Фаронса, чораҳои бартараф кардани бекорӣ ва рушди саноат буд. Баъдтар ӯ розӣ шуд, ки шахсан як ҳайати ҶМО-ро барои гуфтушунид дар бораи оташбас мизбон кунад. Пас аз ду рӯз, 25 октябри 1958, Ферҳат Аббос пешниҳоди фиристодани ҳайатро рад кард ва онро талаби таслимшавӣ номид ва пешниҳод кард, ки дар як кишвари бетараф гуфтушунид кунад. Нақшаи Константин, ки де Голл ба миён гузоштааст, низ ба ҶМО мувофиқат намекард. Муколамае, ки Аббос саъй мекард, сурат нагирифт ва дар соли 1959 Артиши Миллии Озодкунӣ майдони ҷангро васеъ кард. Фаронса артиши 600,000 зидди ҶМО партофт ва аз амалиёти дар Кабилиаи Бузург, ки дар давоми он беш аз як миллион арабҳо дар лагерҳои махсуси ҷойгир шуданд анҷом дода мешавад. Аммо, дигар ҳеч гуна суҳбат дар бораи нобудсозии комили ҶМО набуд. 16 сентябри 1959 де Голл пас аз раъйпурсӣ, вале на дертар аз 4 сол пас аз истиқрори сулҳ ҳуқуқи Алҷазоирро ба худмуайянкунӣ эътироф кард. Вай ба гуфтушунид бо ҶМО розӣ шуд, аммо танҳо масъалаи бас кардани оташро баррасӣ кунад. Де Голл се роҳи ҳалли сарнавишти Алҷазоирро пешниҳод кард — истиқлол, мухторият ва пурра ҳамроҳшавӣ бо Фаронса. Вақте ки Ферҳат Аббос розӣ шуд, то музокирот дар бораи оташбасро оғоз кунад, де Голл ба иштироки ҶМО дар муҳокимаи шартҳои раъйпурсии оянда розӣ шуд. 12 декабр ҲМҶА намояндагони худро барои музокирот таъйин кард, аммо онҳо дубора баргузор нашуданд. Моҳи декабр дар Триполи маҷлиси Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир кушода шуд, ки дар он қарор дода шуд, ки қудрати ҷангии Фронтро тақвият диҳад ва бо роҳи низомӣ истиқлол ба даст орад. Танҳо 14 июни 1960 де Голл бори дигар пешниҳод кард, ки намояндагони Ҳукумати муваққатиро барои музокирот фиристанд. июни 1960 барои бори аввал дар Моулин дар наздикии Париж гуфтушунидҳои Фаронса ва Алҷазоир баргузор шуданд. Аммо, онҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Фарҳод Аббос Фаронсаро дар халалдор кардани музокирот айбдор кард ва пешниҳод кард, ки дар Алҷазоир таҳти сарпарастии СММ раъйпурсӣ баргузор шавад. Дар тирамоҳ, ӯ ба СССР ташриф овард ва дар он ҷо аз дастгирии роҳбарияти Шӯравӣ бо сардории Хрушёв 7 сентябри 1960 Иттиҳоди Шӯравӣ амалан Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоирро эътироф кард. Камтар аз як моҳ пас, 4 ноябри 1960, генерал де Голл гузаштҳо кард ва эълом дошт, ки тибқи нақшаи нави худ, Алҷазоир ҳукумати худ, муассисаҳо ва қонунҳои худро хоҳад дошт, аммо ҳуқуқҳои маҳдуд дар соҳаи иқтисод, маориф ва мудофиа хоҳанд буд. Де Голл аз баровардани артиши Фаронса аз Алҷазоир саркашӣ кард. Ин гузаштҳо ба роҳбарияти Алҷазоир мувофиқ набуданд. Дар аввали соли 1961 тамосҳои тарафҳо танҳо бо вохӯриҳои махфӣ дар Италия ва Швейтсария байни намояндагони Фаронса ва ҶМО маҳдуд буданд. Рӯзи 15 март эълом шуд, ки де Голл барои музокироти мустақим бо ҶМР ва ҲМҶА розӣ шудааст, аммо пас аз ду ҳафта гуфтушунид бо изҳороти беандешонаи вазири корҳои Алҷазоир Луи Ҷокс барбод рафт. Дар тобистон, Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Алҷазоир ва Фаронса ҳанӯз ҳам тавонистанд ду даври музокироти мустақимро — 20 май – 13 июни 1961 дар Эвиан дар наздикии марз бо Швейтсария ва 20 - 28 июн дар қалъаи Лугран дар наздикии кӯли Женева баргузор кунанд. Аммо, музокирот танҳо ба наздикшавии мавқеъҳо оварда расонд. Фарҳод Аббос натавонист худи раванди гуфтушунидро ба итмом расонад. 27 августи 1961, дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Инқилоби Алҷазоир дар Триполи (Либия), Фарҳод Аббос ба ҳайси раҳбаре омода буд, ки ба Фаронса гузашт кунад. Ба ҷои ӯ Юсуф Бен Хедда таъйин карда шуд. Ду рӯз дар сари Алҷазоир Дар давоми бӯҳрони тобистонаи 1962 дар байни ҲМҶА Бен Ҳедда ва Бюрои сиёсии ҶМО бо роҳбарии Бен Белла, Фарҳод Аббос 16 июли 1962 Бен Белларо дастгирӣ кард. 20 сентябри 1962 Аббос бо 155 овоз бо 36 бюллетени холӣ Раиси Маҷлиси Муассисони Алҷазоир интихоб шуд. 25 сентябри 1962 Фарҳод Аббос Ҷумҳурии мустақили Халқии Демократии Алҷазоирро эълон кард ва то интихоботи президенти ҷумҳурӣ сарвари муваққати давлат шуд. Дар давоми ду рӯз ӯ аввалин сардори давлати Алҷазоири мустақил буд. 27 сентябр Аҳмад Бен Белла Президент интихоб шуд, ки салоҳиятҳо ба ӯ дода шуданд. Дар Алҷазоири мустақил. 22 соли мухолифат Пас аз эълони истиқлоли Алҷазоир Ферҳат Аббос 25 сентябри соли 1962 Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир интихоб шуд. Вай ҳамчунон ҷонибдори рушди демократияи бисёрҳизбии парлумонӣ буд, аммо наметавонист бо авторитаристони сарвазир Аҳмад Бен Белла муқовимат кунад. 14 августи 1963, Фарҳод Аббос ба таври намоишӣ истеъфо дод ва бо лоиҳаи Қонуни Асосии пешниҳодкардаи роҳбарияти ҶМО, ки ҷорӣ намудани низоми якҳизбиро дар назар дошт, изҳори норозигӣ кард. Вай аз ҶМО хориҷ карда шуда, дар моҳи июли соли 1964 дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт ва сипас ба зиндони шаҳри Адрари биёбони Саҳро фиристода шуд. Фарҳод Аббос моҳи майи соли 1965 озод карда шуд. Аммо пас аз табаддулоти 19 июни соли 1965, Аббос пешниҳодҳои низомии ҳамкориро рад кард ва ба фаъолияти фаъоли сиёсӣ барнагашт. Вай дар мухоли режими артиш ва ҶМО боқӣ монд ва моҳи марти соли 1976 якҷоя бо Юсуф Бен Хедда ва дигар сиёсатмадорони оппозисиюн манифесте Муроҷиат ба мардуми Алҷазоир -ро паҳн кард. Дар он Фарҳод Аббос сиёсати Шӯрои инқилобӣ ва Хартияи миллиро танқид карда, Ҳуари Бумедӣенро дар ташкили режими ҳокимияти шахсӣ айбдор кард. Барои ин вай ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Аббос 13 июни 1978 озод карда шуд. Соли 1980 ӯ ёддошти худро бо номи Кушодани ҷанг (") ва соли 1984 — китоби Истиқлолият мусодира карда шуд (") нашр кард, ки дар он ӯ фасод ва бюрократияи онсолҳоро танқид мекард. Бо вуҷуди ин, президенти нави Алҷазоир Шадли Бенҷидид 30 октябри 1984, дар як вилла дар маҳаллаи Ҳусейн Дей, ба Фарҳод Аббос медали узви муқовиматро супурд. Фарҳод Аббос 24 декабри 1985 дар шаҳри Алҷазоир даргузашт. Вай дар Майдони Шаҳидон дар қабристони пойтахтии Эл-Алия дафн карда шуд. Адабиёт. |
Аскаралӣ Раҷабзода | Аскаралӣ Раҷабов (16 июни соли 1944, ноҳияи Сариосиё) — муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба номи Борбад, узви Иттифоқи оҳангсозони СССР ва Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зиндагинома Аскаралӣ Раҷабов 16 июни соли 1944 дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шуъбаи таърихи маданият мебошад. Фаъолияти илмӣ Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс — тоҷик Борбад хеле калон аст. Мавсуф ташкилкунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла "Донишномаи Шашмақом",, "Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик" (ба забони дар чор ҷилд, солҳои) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст. Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад. Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад, 1000-солагии эҷоди "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто, 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ. Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони Сосониён, Сомониён, рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои Х-Х саҳми бузурги илмӣ гузоштааст. Самти муҳими фаъолияти илмии Раҷабов А. таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни олим эҷодиёти композитории Ш.Соҳибов, А.Солиев, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, З.Шаҳидӣ инъикос гардидааст. Раҷабов А. дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва диг.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Осор Мақолаҳо дар маҷмуаҳои илмӣ Ҷоизаҳо Эзоҳ. |
Абакан | Абакан (хакасӣ: Ағбан) — шаҳр дар Федератсияи Русия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии Красноярск, дар қисми марказии ҳавзаи Минусинск, дар резишгоҳи дарёи Абакан ба дарёи Енисей воқеъ аст. Аҳолиаш 179 163 нафар 6. Таърих Санаи ташкилшавии Абакан(ҳамчун шаҳр) 30 апрели соли 1931 ҳисобида мешавад. Ҷуғрофия Иқтисодиёт Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мебошад, аэропорт ва бандар дорад. Дар Абакан корхонаҳои вагонсозӣ, истеҳсоли кранҳои борбардор ва контейнерҳо, заводу фабрикаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон фаъолият мекунанд. Маориф ва фарҳанг Донишгоҳ, филиалҳои донишкадаҳои Красноярск, пажӯҳишгоҳи забон, таърих ва адабиёт, театрҳои драма ва лӯхтак, осорхонаи кишваршиносии ҷумҳуриявӣ дорад. Дар шаҳр боғи ҳайвонот ва дендрарий мавҷуд аст. |
Аббос Алиев | Аббос Алиев — вазири аввалини маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, олим, доктори илм ва профессори аввалини тоҷик. Бо ордени "Ситораи зарин" -и Комиҷроияи Марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро мукофонида шудааст. Зиндагинома Аббос Алиев — соли 1899 дар Бухоро ба дунё омадааст, аз хурдсоли ятим мондааст ва аёми наврасӣ дар ш Чорҷӯй барои рӯзгузаронӣ меҳнат кардааст. Фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 — солагии ӯ оғоз ёфтааст. Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон буд. Аббос Алиев яке аз Қаӽрамонони Ҷумҳурии Халқии Бухоро гардиааст ва соли 1922 бо нишони "Ситораи зарин" ("Олтин юлдуз") сарфароз гардид. 1 Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар рисолаи Аббос Алиев (Муҳаммадҷон Шакурӣ. Аббос Алиев. — Душанбе, 2012) оид ба зиндагиномаи ӯ, навиштааст: 1 Соли 1922 мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии "Красная профессура"-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст. Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. Абдулқодир Муҳиддинов нахустин сарвазири Тоҷикистон — раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон — комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод Лоҳутӣ буд. 1 Дар муборизаи зидди босмачиён, маъракаи маҳви бесаводӣ ва инқилоби маданӣ иштирок намудааст. Дар пурсишномаи мазкур Аббос Алиев навиштааст, ки аз соли 1927 то 1936 узви Шӯрои шаҳри Тошканд буд. Яъне, шояд, то тобистони соли 1927 дар Тошканд будаасту баъдан, ба Маскав рафта бошад ҳам, узвияти ӯ дар Шӯрои шаҳри Тошканд ҳамчунон идома доштааст. Ш. Саъдиев дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Институти шарқшиносии Маскав андак батафсил сухан рондааст, ки "дар ин солҳо ӯ ҳамчун донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, урду ном бароварда, забонҳои лотинӣ ва инглисиро низ аз худ мекунад". Зиёда аз ин, Ш.Саъдиев порае аз назарнома (изҳори назар)-и академик В. В. Струверо дар бораи Аббос Алиев дар солҳои таҳсили ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав овардааст, ки аҷаб баҳои баланд дар бораи дониши Аббос Алиев аст. Дар мақолаи Ш.Саъдиев омадааст: (Ш.Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон "Адиб", 2004. — 6 с. 68). Забони оромӣ забони кӯҳнаи мурда — забони даҳум аст, ки Аббос Алиев то расидан ба синни 32-33 омӯхтааст. Ин ҳам муҳим аст, ки дар солҳои таҳсили олӣ дар ҳамон Донишкадаи Маскав аз таърихи Шарқи қадим дарс ҳам мегуфтааст. Пас, санаҳои асосии зиндагии Аббос Алиев, тартиби замонии рӯзгори ӯро аз нимаи даҳаи бист то нимаи даҳаи сӣ ба ин тарз метавон таъйин кард: (Тошканд). Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ менависад 1 Солҳои бадарғашавӣ (дар натиҷаи туҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуазӣ". Дар рисолааш Муҳаммадҷон Шакурӣ қайд намудааст, ки дар мақолаи Ш.Саъдиев порае аз тарҷумаи ҳоли Аббос Алиев оварда шудааст, ки сабаби зиндонӣ шуданашро эзоҳ медиҳад. Аббос Алиев навиштааст (Ш. Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон "Адиб", 2004. — 6. — с.68). Аббос Алиев баъд аз озодшавӣ аз бадарға, Ӯзбекистонро тарк намуда ба шаҳри Сталинобод кӯчидааст. Ӯ солҳои 193940 - 1947 касби омӯзгориро пеша намуда, ба ҳайси профессор, мудири кафедраи таърихи Шарқи Қадим ва халқҳои ИҶШС, мудири кафедраи таърихи умумӣ, декани факултети таърихи Донишкадаи давлатии педагогии ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият намудааст ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дарс гуфтааст. Соли 1947 ӯ соҳибӣ унвони илмии доктори илмҳои таърих — аввалин доктори илм аз байни тоҷикон гардидааст. Солҳои Аббос Алиев Тоҷикистонро тарк намуда фаъолияташро дар мактабҳои олии шаҳрҳои Бишкек, Владикавказ, Днепропетровск, Алмаато давом додааст. Дар шаҳри Алмаато соли 1958 дафн карда шудааст. Мероси илмии Аббос Алиев Аббос Алиев ҳамчун олими таърихшиноси мамлакатҳои Шарқ ҳанӯз дар солҳои сиюми асри гузашта ном бароварда буд. Асарҳои илмиаш "Таърихнигории Шарқи қадим" (соли 1933) ва "Таърихи халқҳои Осиёи Миёна" (соли 1935) сазовор қадршиносӣ гардида, ба қарори коллегияи Нозироти маорифи ИҶШС ва комиссияи аттестатсионии Русия ба А. Алиев соли 1947 дараҷаи илмии доктори илми таърих дода шудааст. Солҳои мибаъда ӯ боз даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Аз нахустин тарҷумон ва муҳаррирони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Муаллифи як қатор асарҳои илмӣ оид ба таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Ба қалами ӯ тарҷумаи зиёда аз 60 асари асосгузорони марксизм — ленинизм ба забони тоҷикӣ низ тааллуқ доранд. Пайвандҳо. |
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ | Абд Раббо Мансур Ҳодӣ (1 сентябри 1945, вилояти Абян, Протекторати Аден — Чумҳурии Яман) — арбоби давлатии Яман Президенти Яман аз 27 феврали соли 2012. Зиндагинома Соли 1970 хидмати ҳарбиро дар артиши Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман оғоз кардааст. Соли 1994, пас аз муттаҳид шудани Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман ва Ҷумҳурии Ямани Араб дар соли 1990 ба Ҷумҳурии Яман, ӯ дар давоми 4 моҳ бо рутбаи генерал -майор вазири дифоъ буд. 3 октябри соли 1994 президент Алӣ Абдулло Солеҳ ӯро ноиби президент таъйин кард. Аз 4 июн то 23 сентябри соли 2011 ҳангоми табобати Алӣ Абдулло Солеҳ, ӯ ба ҳайси президенти кишвар кор кардааст. 23 ноябри соли 2011 ӯ вазифаи худро ҳамчун сарвари давлат давом дод. Президент 21 феврал и 2012, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, Мансур Ҳодӣ ягона номзад буд, Мансур Ҳодӣ ба муҳлати ду сол президенти Яман интихоб шуд. 7 Рӯзи 25 феврали 2012 ӯ савганд ёд карда, ба вазифа нишаст 8. Ходӣ ягона номзад дар интихобот буд, аз номзадии ӯ ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифони порлумонӣ пуштибонӣ карданд. Кумиссиюни интихобот гуфт, 65% -и интихобкунандагони сабтиномшуда дар Яман ба ӯ раъй доданд. Яке аз аввалинҳо қароре ки ӯ қабул намуд, он буд, ки Яман дар оянда бояд ба модели федеролии ҳукуматдорӣ гузарад. Декабри 2012 ӯ фармони президентро дар бораи азнавташкилдиҳии Нерӯҳои Ҳавоӣ, Артиш (нерӯҳои хушкигард), Нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ, муҳофизати соҳили баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нерӯҳои стратегии захиравӣ содир кард. 9 Президент гуфт, ки мубориза бо Ал-Қоида ҳадафи муҳим аст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳодӣ ҳушдор дод, ки кишвараш ҳанӯз аз ошӯби мардумӣ, ки пешгузаштаи ӯ Алӣ Абдулло Солеҳро сарнагун кардааст, наҷот наёфтааст ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ бадтар аз Афғонистон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Яман бо се ҷанги эълоннашуда рӯбарӯ шудааст: террористони Ал-Қоида, роҳзанҳо дар халиҷи Адан ва шӯришгарони Ҳусӣ дар шимол ва Эрон бавосита ин мухолифонро дастгирӣ мекунад. 10 Моҳи январи соли 2014 ваколати Ҳодӣ ба як соли дигар тамдид карда шуд. 11 22 январи соли 2015, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона ва забти муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳуситҳо, ки назорати пойтахтро таъсис доданд, Ҳодӣ аризаи истеъфо дод, ки онро парлумон баррасӣ мекард. 12 Тибқи конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент Яҳё Алӣ ал-Рай гардид 13. Ҳукумати кишвар низ истеъфо дод; дар асл, президент ва вазирон дар ҳабси хонагӣ буданд 14. Аммо, 25 январ, Ҳодӣ тасмим гирифт, ки аризаи истеъфояшро бозпас гирад, аммо ин амал натавонист ӯро ба қудрат баргардонад 15. Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун пас аз таъсиси ҳукумати ҳусиҳо даъват кард, ки Ҳодӣ ба мақоми президенти Яман барқарор карда шавад. 6 феврал и соли 2015 Кумитаи Инқилобӣ таъсис дода шуд, ки мебоист Шӯрои президентӣ иборат аз панҷ нафарро таъйин мекард. Ҳамин тариқ истеъфои Ҳодӣ оҷибат ниҳоӣ шуд. 21 феврали соли 2015 пас аз дар ҳабси хонагӣ дар муҳлати як моҳ будан Ҳодӣ тавонист аз Санъо ба Аден фирор кунад. Дар он ҷо ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳокимони музофотҳои Ямани ҷанубӣ мулоқот кунад ва барои бозпас гирифтани аризаи истеъфояш изҳорот дод. 25 феврал Кумитаи Инқилобӣ ва мақомоти расмии давлатӣ ба ҷустуҷӯи собиқ президенти фирорӣ шурӯъ карданд 16 17. Ҳангоми фирор, Ҳодӣ шаҳри Аданро пойтахти муваққатии кишвар таъйин кард. Ҳодӣ аз як суиқасд наҷот ёфт (ҳуситиён ба қасри Адан, ки дар он ҷо Мансур Ҳодӣ ҷойгир буд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд). Ҳодӣ муқовиматро идома дод ва инчунин ба ҳуҷуми низомӣ ба Яман даъват кард. Пас аз он ки шӯришиён рӯзи 25 март Аданро ба даст гирифтанд, президенти пешин дар баробари намояндагиҳои дипломатии давлатҳои араб кишварро тарк кард. 18 Рӯзҳои 27-29 марти соли 2015 дар ҷаласаи 26-уми Лигаи кишварҳои араб ширкат варзид. Охири соли 2015 муносибатҳо байни Мансур Ҳодӣ ва ноиби президенти пешин, сарвазир Холид Баҳаҳ бад шудан гирифтанд. 1 декабр Бахах таъйинотҳои нави кабинети вазиронро аз ҷониби собиқ президенти фирорӣ Мансур Ҳодиро рад кард. Тибқи фармони президент аз 1 декабр, дар Яман бояд роҳбарони панҷ раёсат иваз мешуданд. Аз ҷумла президент Ҳодӣ роҳбари вазорати хориҷаро иваз кард: ба ҷои Абдулмалик ал-Маҳлафӣ, Риёз Ёсин таъйин шуд ва Ҳусейн Муҳаммади Араб роҳбари нави Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуд. Ҳамчунин, роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, хидмати давлатӣ ва иттилоот бояд иваз карда мешуданд. Вазири нави нақлиёт Салоҳ ал-Шанфара низ аз таъйиноти худ изҳори норозигӣ кард. Бино ба як манбаъ дар Ҷунбиши Ҷанубӣ, ки яке аз фармондеҳони он Аш-Шанфара аст, шайхони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки ӯро бовар кунонанд 19.:.57874936615600907287. Таҳқиқи фаъолияти президент 9 апрели соли 2015 Прокурори генералии Яман оид ба далели эҳтимолияти содир кардани ҷиноятҳои зидди амнияти давлатӣ аз ҷониби собиқ президенти ҷумҳурӣ Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва як қатор шарикони ӯ чораҳои маъмурӣ оғоз кард 20. 2 декабри соли 2015 дар Санъо мурофиаи президенти собиқ Абд Раббо Мансур Ҳодӣ оғоз ёфт. Додситонии кулл парвандаҳои ҳафт узви баландпояи роҳбарияти давлатро ба мурофиа фиристод. Додгоҳи ҷиноӣ, ки ба терроризм ва амнияти давлатӣ тахассус дорад, нахустин мурофиаи худро бо иттиҳоми хиёнат ба кишвар ва кумак ба душмани саъудӣ дар тахриби кишвар боз кард. Се мушовири президент, вазири пешини корҳои хориҷӣ Риёд Ясин, сардори ситоди Хадамоти амнияти миллӣ ва сафири ин кишвар дар ИМА низ ғоибона айбдор карда шуданд. 21 25 март25 марти соли 2017, додгоҳи таҳти назорати Ҳусҳо дар шаҳри Санъо амалкунанда, президенти фирорӣ Ҳодиро бо иттиҳоми барангехтан ва кумак ба давлати таҷовузкор - Арабистони Саудӣ - ва иттифоқчиёнаш ва хиёнат ба ватан ба қатл маҳкум кард. Илова ба ин, додгоҳ шаш мақоми дигари ҳукумати ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард, аз ҷумла сафири Яман дар ИМА Аҳмад Авад бин Муборак ва вазири пешини хориҷии ин кишвар Риёз Ясинро. 22 23.. Ҳолати саломатӣ Дар моҳи сентябри соли 2018 агентии иттлоотии дар бораи мушкилоти саломатии қалби Мансур Ҳодӣ хабар дод, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки барои табобат ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад. 24 11 майи соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки Ҳодӣ бо сактаи дил дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Санъо, Ҳодӣ дар панҷ соли охир аллакай панҷ маротиба аз беморхонаи Кливленд дар ИМА барои табобати дилу рагҳо ба воситаи ҳавопаймои хусусии саудӣ дидан кардааст. Як моҳ пеш, чунин сафар аз сабаби манъи парвозҳои марбут ба пандемияи -19 сурат нагирифт 25. Адабиёт Пайвандҳо. |

Аббосӣ | Аббосӣ — аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббоси дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. 1 аббосӣ 200 динор 4 шоҳӣ 1 50 туман 1 2. Дар садаи Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор арзиш дошт. Минбаъд сиккаҳои даврони сафавиён аз тило, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Аббосии аз тило зарбшуда "шоҳаншоҳӣ" ё "ашрофӣ" ном дошт ва он бо фармони ҳар шоҳи нав ба тахтнишаста дар ҷашни Наврӯз зарб зада мешуд. Аббосии нуқрагӣ дар сартосари давлатдории Сафавиён дар гардиш буд. Дар навоҳии Балх ва Мовароуннаҳр бештар сиккаҳои ниммисқолӣ, чорякмисқолӣ маъмул буданд. Баъзе сиккаҳои Сафавиён пас аз суқути ин давлатдорӣ дар Эрон ҳанӯз ҳам дар гардиш буданд. |
Абакумлево (ноҳияи Суздал) | Абакумлево - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Суздал, ки дар вилояти Владимир қарор дорад, дохил мешавад. |
Василий Абаев | Василий Иванович Абаев (осет. Абайты Иваны фырт Васо декабри 1900, деҳаи Коби, губернияи Тифлис, ҳозира Гурҷистон — 12 марти 2001, Маскав) — филолог, мутахассиси гурӯҳи забонҳои эронӣ. Миллаташ осетин. Доктори илмҳои филология, професор. Зиндагинома Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Аз соли 1945 то охири умраш ходими илмии Институти забоншиносии АИ Россия буд. Бештар аз 270 асари ӯ доир ба назарияи этимология ва таърихи пажӯҳишҳои забоншиносӣ, забоншиносии эронӣ ва ҳиндуаврупоӣ, оид ба масъалаҳои забоншиносии умумӣ ба табъ расидаанд. Абаев забонро дар робита ба таърих, ҳаёти иҷтимоӣ, маданият, ақоиди фалсафию динӣ ва урфу одати халқ тадқиқ кардааст. Ӯ Осиёи Марказиро нахустсарзамини мардуми ориёӣ шумурда, ҳампайвандии бевоситаи аланҳо ва дигар қавмҳои мардуми эронинажод ва скифҳоро нишон додааст Абаев мақолаҳои бунёдие дар бораи Зардушт, адабиётшинос (мақолаҳо оид ба асосгузори адабиёти осетинӣ Коста Хетагуров) ва ғайра мебошад. Дар Конгресси шарқшиносони Германия (Ҳалле, 1958), Конгресси байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст. Ҷоизаву ҷоизаҳо Ходими хизматнишондодаи илми Осетияи Шимолӣ ва Гурҷистон, нахустин барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Коста Хетагуров, барандаи Мукофоти давлатии СССР буд. |
Абалмасов (ноҳияи Волоконовск) | Абалмасов - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Волоконовск, ки дар вилояти Белгород қарор дорад, дохил мешавад. |
Абарсом | Абарсом, Абарсоми Ардашерфар — яке аз дарбориёни баландпояи дарбори Сосониён, вузург фармазор (вазири аъзами)-и Ардашери Бобакон. |
Сураи Абаса | Сураи Абаса (— рӯ турш кардан) — ҳаштодум сураи Қуръон. Аз 42 оят ва як рукӯъ иборат мебошад Мундариҷа Дар Макка нозил шуда, ба тартиби нузул сураи 17-ум аст. Номи Абаса аз ояти якум гирифта шудааст. Сабаби нузули онро чунин гуфтаанд: Абдуллоҳ ибни Умми Мактум дар ҳоле назди Пайғамбар (с) омад, ки ӯ машғули даъвати бузургони Қурайш ба Ислом буд ва бехабар сухани Пайғамбарро (с) бурид. Ҳазрати пайғамбар (с) рӯ турш карда аз ӯ рӯ гардонид. Худо Пайғамбарашро (с) итоб кард (оятҳои). Мавзӯи оятҳои дигар чунин аст: Қуръон, инсон, офаринишу парвариши ӯ, ризқу рӯзии ӯ, фаро омадани сайҳа — дамидани сур, даҳшатҳои он рӯз, гурӯҳи растагор ва гурӯҳи гирифтор дар он рӯз. Тафсир Эзоҳ. |
Абдон Порте | Абдон Порте ((1918-03-05) 5 Март 1918, Либертад, Дуразно Департмент, Уругвай) — футболбози уругвайӣ, нимҳимоятгар. |
Абай (ноҳияи Тӯлебӣ) | Абай Абай) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Тӯлебӣ ҷойгир аст. Дар соли 2009 тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ 1529 нафар аҳолӣ дошт. |
Абакумово (ноҳияи Каргополский) | Абакумово — деҳаест дар Русия, ки дар ҳайати ноҳияи Каргополский, вилояти Архангелск медарояд. |
Абаринки (ноҳияи Погар) | Абаринки - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Погар, ки дар вилояти Брянск қарор дорад, дохил мешавад. |
Аббакумово (ноҳияи Петушин) | Аббакумово - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Петушин, ки дар вилояти Владимир қарор дорад, дохил мешавад. |
Абганерово (ноҳияи Октябр, Волгоград) | Абганерово - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа дар ҳайати ноҳияи Октябр, ки дар вилояти Волгоград қарор дорад, дохил мешавад. |
Аббосӣ (рустанӣ) | Аббосӣ — авлодони рустанӣ мансуби мураккабгулон 26 намуди рустаниҳои як ё бисёрсоларо, ки дар Амрико ва Аврупо чун гиёҳи худру маъмуланд, дар бар мегирад. То 150 см қад мекашанд. Дар ҶШС Тоҷ-3 намуди А. (Т., Т., Т.)- чун гул мекоранд. Аббосӣ ростпояю сершох ва то-кабарг буда, гулҳои назаррабою муаттар дорад, баъд аз рӯзи кишт мекунад. Зад ва сармо барои ббосӣ номусоид аст. Аз гулу баргҳои аббосӣ (Т.) вғни эфир ва ранг мегиранд. |
Аббос ибни Бухорхудот | Аббос ибни Бухорхудот — ходими дастгоҳи идории хилофат дар аҳди Амин. Баъди футуҳоти исломӣ аъёну акобири Бухоро аз силсилаи Бухорхудотҳо дар дастгоҳи хилофат маъмурият ва эътибори хоссае доштаанд (Абдуллоев, с.39). Аббос яке аз чунин акобир маҳсуб мешавад, ки аз хусуси мақоми муҳиме доштани ӯ дар дастгоҳи хилофат дар соли 196811 Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар "Таъриху-р-русул ва-л-мулук"-и хеш ёдовар шудааст. |
Абдии Зоминӣ | Ҳаким Абдии Зоминӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик. Зиндагинома Дар зодгоҳаш – Зомин таҳсил карда, ба синни камолот расидааст. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо ёрии Ҳаким Абулфатҳи Гелонӣ, ки яке аз наздикони шоҳи онвақта – Акбар буд, ба дарбор роҳ ёфт. Ба сабаби мушкилоти рӯзгор ва фақру нодорӣ ашъори шикоятомез мегуфтааст, аз ин рӯ ӯро аз дарбор дур карданд. Аз намунаҳои ашъораш, ки тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд, бармеояд, ки ӯ шоири ғазалсаро будааст. |
Абдагаси I | Абдагас, Абдагаси, бародарзодаи Гундуфар. |
Ховар (хабаргузорӣ) | "Ховар" (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", кутаҳ. АМИТ "Ховар") — хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон. Таърих АМИТ "Ховар" — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. АМИТ "Ховар" имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ тавассути агентӣ пахш карда мешаванд. Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Хабарҳои агентии миллии иттилоотии "Ховар" -ро на танҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио, балки инчунин хонандагони сайтҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамони алоҳида чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он истифода мебаранд. Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ — шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. АМИТ "Ховар" бо марказҳои калонтарини иттилоотии минтақа ва ҷаҳон ҳамкории мутақобилаи муфид дорад. Хабарҳои АМИТ "Ховар" ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш карда мешаванд. Муассис — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбар — Садриддини Шамсиддин. |
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ | Абд Раббо Мансур Ҳодӣ (1 сентябри 1945, вилояти Абян, Протекторати Аден — Чумҳурии Яман) — арбоби давлатии Яман Президенти Яман аз 27 феврали соли 2012. Зиндагинома Соли 1970 хидмати ҳарбиро дар артиши Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман оғоз кардааст. Соли 1994, пас аз муттаҳид шудани Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман ва Ҷумҳурии Ямани Араб дар соли 1990 ба Ҷумҳурии Яман, ӯ дар давоми 4 моҳ бо рутбаи генерал -майор вазири дифоъ буд. 3 октябри соли 1994 президент Алӣ Абдулло Солеҳ ӯро ноиби президент таъйин кард. Аз 4 июн то 23 сентябри соли 2011 ҳангоми табобати Алӣ Абдулло Солеҳ, ӯ ба ҳайси президенти кишвар кор кардааст. 23 ноябри соли 2011 ӯ вазифаи худро ҳамчун сарвари давлат давом дод. Президент 21 феврал и 2012, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, Мансур Ҳодӣ ягона номзад буд, Мансур Ҳодӣ ба муҳлати ду сол президенти Яман интихоб шуд. 7 Рӯзи 25 феврали 2012 ӯ савганд ёд карда, ба вазифа нишаст 8. Ходӣ ягона номзад дар интихобот буд, аз номзадии ӯ ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифони порлумонӣ пуштибонӣ карданд. Кумиссиюни интихобот гуфт, 65% -и интихобкунандагони сабтиномшуда дар Яман ба ӯ раъй доданд. Яке аз аввалинҳо қароре ки ӯ қабул намуд, он буд, ки Яман дар оянда бояд ба модели федеролии ҳукуматдорӣ гузарад. Декабри 2012 ӯ фармони президентро дар бораи азнавташкилдиҳии Нерӯҳои Ҳавоӣ, Артиш (нерӯҳои хушкигард), Нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ, муҳофизати соҳили баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нерӯҳои стратегии захиравӣ содир кард. 9 Президент гуфт, ки мубориза бо Ал-Қоида ҳадафи муҳим аст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳодӣ ҳушдор дод, ки кишвараш ҳанӯз аз ошӯби мардумӣ, ки пешгузаштаи ӯ Алӣ Абдулло Солеҳро сарнагун кардааст, наҷот наёфтааст ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ бадтар аз Афғонистон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Яман бо се ҷанги эълоннашуда рӯбарӯ шудааст: террористони Ал-Қоида, роҳзанҳо дар халиҷи Адан ва шӯришгарони Ҳусӣ дар шимол ва Эрон бавосита ин мухолифонро дастгирӣ мекунад. 10 Моҳи январи соли 2014 ваколати Ҳодӣ ба як соли дигар тамдид карда шуд. 11 22 январи соли 2015, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона ва забти муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳуситҳо, ки назорати пойтахтро таъсис доданд, Ҳодӣ аризаи истеъфо дод, ки онро парлумон баррасӣ мекард. 12 Тибқи конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент Яҳё Алӣ ал-Рай гардид 13. Ҳукумати кишвар низ истеъфо дод; дар асл, президент ва вазирон дар ҳабси хонагӣ буданд 14. Аммо, 25 январ, Ҳодӣ тасмим гирифт, ки аризаи истеъфояшро бозпас гирад, аммо ин амал натавонист ӯро ба қудрат баргардонад 15. Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун пас аз таъсиси ҳукумати ҳусиҳо даъват кард, ки Ҳодӣ ба мақоми президенти Яман барқарор карда шавад. 6 феврал и соли 2015 Кумитаи Инқилобӣ таъсис дода шуд, ки мебоист Шӯрои президентӣ иборат аз панҷ нафарро таъйин мекард. Ҳамин тариқ истеъфои Ҳодӣ оҷибат ниҳоӣ шуд. 21 феврали соли 2015 пас аз дар ҳабси хонагӣ дар муҳлати як моҳ будан Ҳодӣ тавонист аз Санъо ба Аден фирор кунад. Дар он ҷо ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳокимони музофотҳои Ямани ҷанубӣ мулоқот кунад ва барои бозпас гирифтани аризаи истеъфояш изҳорот дод. 25 феврал Кумитаи Инқилобӣ ва мақомоти расмии давлатӣ ба ҷустуҷӯи собиқ президенти фирорӣ шурӯъ карданд 16 17. Ҳангоми фирор, Ҳодӣ шаҳри Аданро пойтахти муваққатии кишвар таъйин кард. Ҳодӣ аз як суиқасд наҷот ёфт (ҳуситиён ба қасри Адан, ки дар он ҷо Мансур Ҳодӣ ҷойгир буд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд). Ҳодӣ муқовиматро идома дод ва инчунин ба ҳуҷуми низомӣ ба Яман даъват кард. Пас аз он ки шӯришиён рӯзи 25 март Аданро ба даст гирифтанд, президенти пешин дар баробари намояндагиҳои дипломатии давлатҳои араб кишварро тарк кард. 18 Рӯзҳои 27-29 марти соли 2015 дар ҷаласаи 26-уми Лигаи кишварҳои араб ширкат варзид. Охири соли 2015 муносибатҳо байни Мансур Ҳодӣ ва ноиби президенти пешин, сарвазир Холид Баҳаҳ бад шудан гирифтанд. 1 декабр Бахах таъйинотҳои нави кабинети вазиронро аз ҷониби собиқ президенти фирорӣ Мансур Ҳодиро рад кард. Тибқи фармони президент аз 1 декабр, дар Яман бояд роҳбарони панҷ раёсат иваз мешуданд. Аз ҷумла президент Ҳодӣ роҳбари вазорати хориҷаро иваз кард: ба ҷои Абдулмалик ал-Маҳлафӣ, Риёз Ёсин таъйин шуд ва Ҳусейн Муҳаммади Араб роҳбари нави Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуд. Ҳамчунин, роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, хидмати давлатӣ ва иттилоот бояд иваз карда мешуданд. Вазири нави нақлиёт Салоҳ ал-Шанфара низ аз таъйиноти худ изҳори норозигӣ кард. Бино ба як манбаъ дар Ҷунбиши Ҷанубӣ, ки яке аз фармондеҳони он Аш-Шанфара аст, шайхони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки ӯро бовар кунонанд 19.:.57874936615600907287. Таҳқиқи фаъолияти президент 9 апрели соли 2015 Прокурори генералии Яман оид ба далели эҳтимолияти содир кардани ҷиноятҳои зидди амнияти давлатӣ аз ҷониби собиқ президенти ҷумҳурӣ Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва як қатор шарикони ӯ чораҳои маъмурӣ оғоз кард 20. 2 декабри соли 2015 дар Санъо мурофиаи президенти собиқ Абд Раббо Мансур Ҳодӣ оғоз ёфт. Додситонии кулл парвандаҳои ҳафт узви баландпояи роҳбарияти давлатро ба мурофиа фиристод. Додгоҳи ҷиноӣ, ки ба терроризм ва амнияти давлатӣ тахассус дорад, нахустин мурофиаи худро бо иттиҳоми хиёнат ба кишвар ва кумак ба душмани саъудӣ дар тахриби кишвар боз кард. Се мушовири президент, вазири пешини корҳои хориҷӣ Риёд Ясин, сардори ситоди Хадамоти амнияти миллӣ ва сафири ин кишвар дар ИМА низ ғоибона айбдор карда шуданд. 21 25 март25 марти соли 2017, додгоҳи таҳти назорати Ҳусҳо дар шаҳри Санъо амалкунанда, президенти фирорӣ Ҳодиро бо иттиҳоми барангехтан ва кумак ба давлати таҷовузкор - Арабистони Саудӣ - ва иттифоқчиёнаш ва хиёнат ба ватан ба қатл маҳкум кард. Илова ба ин, додгоҳ шаш мақоми дигари ҳукумати ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард, аз ҷумла сафири Яман дар ИМА Аҳмад Авад бин Муборак ва вазири пешини хориҷии ин кишвар Риёз Ясинро. 22 23.. Ҳолати саломатӣ Дар моҳи сентябри соли 2018 агентии иттлоотии дар бораи мушкилоти саломатии қалби Мансур Ҳодӣ хабар дод, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки барои табобат ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад. 24 11 майи соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки Ҳодӣ бо сактаи дил дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Санъо, Ҳодӣ дар панҷ соли охир аллакай панҷ маротиба аз беморхонаи Кливленд дар ИМА барои табобати дилу рагҳо ба воситаи ҳавопаймои хусусии саудӣ дидан кардааст. Як моҳ пеш, чунин сафар аз сабаби манъи парвозҳои марбут ба пандемияи -19 сурат нагирифт 25. Адабиёт Пайвандҳо. |
Адвокатура | Адвокатура — иттиҳодияи мустақили ҳукуқдонҳои касбӣ (адвокатҳо) мебошад, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Таъсиси адвокатура ба иродаи шахсони соҳибмаълумоти ҳукуқӣ (маълумоти олии ҳукуқӣ) вобаста аст. Шахсони маълумоти олии ҳуқуқӣ дошта камаш 40 нафар ба мақсади таъсис додани коллегияи адвокатҳо маҷлиси умумй даъват карда, оинномаи коллегияи адвокатҳоро қабул намуда. мақомоти роҳбарикунандаи коллегияи адвокатҳоро интихоб менамоянд. Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи адвокатҳои вилоят дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад. Рад кардан, ба қайд нагирифтаии ҳуҷҷатҳои коллегияи адвокатҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби адвокатҳо му мкин аст ба суд шикоят карда шавад. Азлаҳзаи ба қайдгирифтани коллегияи адвокатҳо он зери сарпарастии давлат қарор дорад. Давлат дар амалӣ гардидани вазифаҳои коллегияи адвокатҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо бино дар наздикии идораи суд таъмин намоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" вазифа ва ваколатҳои адвокатураро мукаррар кардааст, ки аз лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудан, тибқи қонун амалӣ карда мешавад. |
Абдол (шоир) | Абдол. Зиндагинома Дар зодгоҳаш — шаҳри Балхи Афғонистон таҳсил карда, ба камол расидааст. Сипас ба мақсади сайру сафар ба Озарбойҷон рафта, ба дарбори ҳукмронони он ҷо роҳ ёфт. Пас аз муддате ба Исфаҳон рафт ва ба хидмати Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ) дохил шуд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Абдол дар сурудани навъҳои гуногуни шеър, аз ҷумла ашъори мутоибавӣ ҳунарманд будааст. |
Охотсуку | Абашири, Охотсуку — яке аз ҳавзаҳои префектураи Ҳоккаидо, Ҷопон аст. |
Абдуазиз Бобоев | Абдуазиз Абдусамиевич Бобоев (5.05.1982, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) - омӯзгор, номзади илмҳои таърих. Зиндагинома Абдуазиз Бобоев соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров -ро хатм кардааст. Ихтисос, ҳуқуқшинос. |
Вяйнё Аалтонен | Вяйнё Валдемар Аалтонен — ҳайкалтароши финландӣ. Осор Асарҳои машҳураш: портретҳои психологӣ (Я. Сибелус, мармар, 1935, дар хона-музеяш), пайкараҳо ("Духтарон", хоро, 1917 – 41), муҷассамаҳо (А. Киви, биринҷӣ, 1932 – 34, Хелсинки), монументҳо ("Дӯстӣ", биринҷӣ, 1952, "Осоиш", хоро, 1950 – 52, Лахтида). Ҳамчун рассом ва устои медалсоз низ машҳур аст. Ҷоизаву ҷоизаҳо Адабиёт Эзоҳ Пайвандҳо. |
Ҷумҳурии мухтор | Ҷумҳурии мухтор, ҷумҳурии худмухтор, ҷумҳурии автономӣ, республикаи автономӣ – шакли мухторияти давлатӣ (вилоятӣ, сиёсӣ, миллӣ-ҳудудӣ) дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе дигар давлатҳо ва кишварҳо. Ҷумҳуриҳои мухтор дар Иттиҳоди Шӯравӣ Аз соли 1964 то декабри соли 1991 ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) 20 ҷумҳурии (худ)мухтори шӯравии сотсиалистӣ ҳамчунин: республикаи автономии советии сотсиалистӣ, ҷумҳурии автономии шӯравии сотсиалистӣ Автономная советская социалистическая республика; ихтис. АССР; тоҷ.: ҶМШСРАССҶАШСҶХШС) дохил мешуданд. Ҷумҳуриҳои мухтори шӯравии сотсиалистӣ - ҷумҳуриҳои худидоракунии шӯроҳо, ки як шакли мухторияти ақаллиятҳои миллие мебошад, ки дар қаламрави Иттифоқ истиқомат мекунанд. Конститутсияҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ сиёсати ҳуқуқи миллатҳо ва халқҳоро ба худмуайянкунӣ собитқадамона амалӣ намуда, бо қарори съездҳои шӯроҳои худ ва бо тасдиқи мақомоти олии ҷумҳурии дахлдори иттифоқӣ ҳуқуқи миллатҳои алоҳида барои ҷудошавиро муқаррар мекунанд 1. Ҳамаи ҶМШС дар ИҶШС ба ҷуз аз забони забони давлатии худро доштанд Дар РСФСР: Дар ҶШС Гурҷистон: Дар ҶШС Озарбойҷон: Дар ҶШС Ӯзбекистон: Дар ҶШС Украина: Ҷумҳуриҳои мухтори шӯравии сотсиалистӣ (ҶМШС) нисбат ба вилоятҳои мухтор ва округҳои мухтор мақоми баландтар доштанд. Масалан, аз онҳо 11 нафар вакилон ба Шӯрои Миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС интихоб мешуданд, дар ҳоле ки аз вилоятҳои мухтор - 5 нафар, аз округҳои мухтор - 1 нафарӣ. Раиси Шӯрои Вазирони ҶМШС аз руи вазифа аъзои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии иттифоқӣ мегардид. Дар ҳоле, ки Ҷумҳуриҳои мухтор нисбат ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мақому ваколати камтар доштанд. Онҳоро расман субъектҳои ИҶШС ҳамчун федератсия ҳисоб намекарданд, хусусиятҳои давлати соҳибихтиёрро надоштанд (ба монанди ҷумхурии иттифоқӣ), онҳо на танҳо ҳуқуқи ҷудо шудан аз ИҶШС, балки инчунин ҳуқуқи гузаштан аз як ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҷумҳурии дигарро надоштанд. Дар давраи ислоҳоти сиёсӣ, ки бо равандҳои таҷдид ва демократикунонии ҷомеа ва суқути минбаъдаи ИҶШС дар солҳои 1990-1991 алоқаманданд, як қатор мухториятҳо ва давлатҳои худхонда (Приднестровӣе, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон, Тотористон, Гагаузия, Қрим) барои худ кӯшиш намуданд, ки мақоми ҷумҳурии иттифоқиро соҳиб шаванд ва сипас ба Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибихтиёр дохил шаванд. Баъзе таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди имзои Шартномаи нави Иттифоқӣ барои ба даст овардани мақоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҷониби мухториятҳо равона карда шудааст, ки ба онҳо имконият додааст, ки ба таври қонунӣ истиқлол ба даст оранд. 24 майи соли 1991 оид ба номҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ тағирот ба Конститутсияи РСФСР қабул карда шуд - аз онҳо калимаи мухтор хориҷ карда шуд ва ҳамчун қисми РСФСР 2 илова карда шуд, ки ин хилофи моддаи 85 Конститутсияи ИҶШС буд 3. Дар ҳоле, ки барои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳуқуқи ҷудошавӣ аз ҷониби Конститутсияи ИҶШС дар соли 1977 эълон шуда буд 4, субъектҳои мухтор аз ИҶШС баромада наметавонистанд, зеро ҷойгиршавии онҳо дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мустақиман нишон дода шудааст, ки конститутсияҳои онҳо ба онҳо ҳуқуқи баромаданро намедод. Соли 1992, пас аз шаш моҳи фурӯпошии ИҶШС, ҷумҳуриҳои Русия созишномаи нави федеративирро имзо карданд (ба истиснои Чеченистону Ингушетия ва Тотористон) ва мутобиқи Конститутсияи Федератсияи Русия дар соли 1993 онҳо тобеи Федератсияи Русия шуданд. Таркиби миллии ҶМШС Эзоҳ: Дар сутуни Дигарон халқҳое номбар шудаанд, ки дуввумин аз рӯи шумораи аҳолии таҳҷоӣ дар ҷумҳуриҳои думиллата мебошанд. Кӯшишҳои ноком барои сохтани ҶМШС Республикаҳои автономӣ дар дигар мамлакатҳо Таърихӣ Дар кишварҳои муосири пасошӯравӣ Дар бисёре аз кишварҳои муосир воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мавҷуданд, ки тамоми хусусиятҳои ҷумҳуриҳои мухторро доранд, аммо ба таври гуногун номида мешаванд. Ҳамчунин нигаред. |
Адюдикатсия | АДЮДИКАТСИЯ - тарзи тасарруфи қаламрав ба воситаи қарори суд ва арбитражи байналхалқӣ аст. |
Аам | Аам — Ом) — як ченаки кӯҳнаи Ҳолландӣ аст, ки асосан барои шароб ва машрубот аст. Дар Ҳолланд, Дания ва Русия истифода мешавад. Дар воҳидҳои муосири андозагирии ҳаҷм:. |
Абдуазиз Бобоев | Абдуазиз Абдусамиевич Бобоев (5.05.1982, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) - омӯзгор, номзади илмҳои таърих. Зиндагинома Абдуазиз Бобоев соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров -ро хатм кардааст. Ихтисос, ҳуқуқшинос. |
Абай (ноҳияи Келес) | Абай Абай) — деҳа (ауыл) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Маркази маъмурии ноҳияи Келес ва ҷамоати деҳоти Абай ва ягона деҳа дар ҳайати он мебошад. Дар соли 2009 тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ 21 221 нафар аҳолӣ дошт. |
Абатурово (ноҳияи Няндомск) | Абатурово — деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Няндомск, ки дар вилояти Архангелск қарор дорад, ва ба ҳамин вилоят итоат мекунад, дохил мешавад 1. Ҷуғрофия Ин деҳа дар ноҳияе қарор дорад, ки ба ноҳияҳои Шимолгони Русия дохил мешавад. |
АЙРЕКС | АЙРЕКС — ташкилоти байналхалқии ғайримолиявиест, ки роҳбарӣ ва таъминкунии барномаҳои навтаринро ҷиҳати беҳтар гардонидани соҳаи маориф бар дӯш дорад ва бо масъалаҳои мустаҳкам гардонидани матбуоти озод ва омӯзонидани таълимоти рушди плюралистии ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор дорад. Идораи марказии АЙРЕКС дар Вашингтон, ИМА ҷойгир аст. АЙРЕКС соли 1968 созмон ёфтааст 4. Буҷаи солонаи барномаҳояш 50 миллион долларро ташкил медиҳад ва 500 кормандро дар тамом, ҷаҳон фарогир аст. АЙРЕКС ва шарики ӯ АЙРЕКС Европа барномаҳои гуногун ва таҷрибаи машваратиро дар зиёда аз 50 кишвари олам пешниҳод месозанд. Маориф Маориф рушди иқтисод, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъият таъмин карда, барои пешвоёни (лидерони) оянда заминаи устувор мегузорад. АЙРЕКС бо фардиятҳои ҷудогона, институтҳо ва давлат ҷиҳати беҳтару дастрас гардонидани маориф дар тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. АЙРЕКС барномаҳоро дар ин замина лоиҳагузорӣ карда, консалтингро таъмин мекунад, то ин ки таълимоти ибтидоии доимӣ дар сатҳи аввала ва миёна мавҷуд бошад. Идомаи ин ҳама метавонад таълимоти олӣ гардад, ки тренинги касбиро фарогир аст. Ташаккули институти таълимотӣ; Омӯзгорон ва тренинги факултативӣ; Рушди барномаи таълимӣ; Таҳқиқи байналхалқӣ ва аъзоигии касбӣ; Магистратура ва таҳсили донишҷӯён дар хориҷа; Технология барои таълим аз ҷумлаи барномаҳоянд. Матбуоти мустақил Матбуоти мустақил шаҳрвандонро ба равзанаи иттилоот ҷалб ва ошно месозад, ки тараққиёти демократӣ ва экологиро пешбарӣ менамояд. Сохтори касбии матбуот ба ҳокимияти шаффофу мустақил бунёд мегузорад, адолату иқтисодро пешбарӣ мекунад ва муҳокимаю баҳси воқеиро дар бобати масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ташкил мекунад. АЙРЕКС бо ҳамкорони маҳаллӣ фаъолият менамояд, то эътимодияти комили касбӣ ва мустаҳкамии иқтисодро дар нашрияҳо, радио, телевизион ва Интернет таблиғ кунад. Барномаҳои махсусгардонидашуда ва грантҳои хурд заминаи мусоидро барои таҳқиқи босуботи ҳисобот мегузоранд ва роҳбарикуниро дар сохтори ВАО хубтар карда, ҳимояи матбуоти мустқилро таъмин мекунанд. Доираи фарогирии барномаҳо: РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кормандони ҳокимияти маҳаллиро бобати дар ҳамкорӣ фаъолият доштан ҷиҳати беҳтар тарбия намудани давлати пурқудрат ҷалб мекунад. АЙРЕКС аз усули хос ва тренингҳояш истифода мекунад, то аз мӯҳтоҷоти ҷомеа хабардор бошаду шахсиятҳои иштиёқмандро барои беҳтару хубтар ба давлат хидмат кардан ҷалб созад. АЙРЕКС фаъолияти мақсадноки худро барои аҳолӣ пешкаш мекунад, ки миёни онҳо занон, ҷавонон, аққалиятҳои миллӣ, гирифторони бемории ВИЧСПИД ва маъюбон мавҷуданд. Нигаред низ. |
Аббат | Аббат, роҳиби бузург, роҳиби аъзам — дар калисои католикӣ роҳбалад ва пири дайр, қисман соҳибваколати роҳибони насронӣ, падари рӯҳонӣ, устод ва пешвои диндорон дар ҷамъияти роҳибон. Таърихи пайдоиши унвон Салоҳияти Аббат аз рӯи низомномаву қавоиди дайрӣ, ки муаллифону мураттибонаш Василий Великий Аббат аз тобеияти ҳокимияти императорӣ бароварда шуд. Аббат, ки дайри католикиро сардорӣ мекунад, одатан, аз вилояти тобеъ ба епископ интихоб ва ҳамчун Аббат қиёсан номгузорӣ карда мешавад (лотини); гарчанде ӯ унвони епископӣ надошта бошад ҳам, доираи ҳуқуқи вай ба салоҳияти епископи епархиалӣ мутобиқат мекунад. Аббатзан дар рафти идоракунии дайри занона ҳамон вазифаҳоро иҷро мекунад, лекин аз ҳуқуқу мартабаи олии муқаддаси роҳибӣ маҳрум аст. |
Абдол Султон, Абдумалик | Абдол Султон, Абдумалик (? — 1580, Ҳисор) — яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Абдуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон. Зиндагинома Абдол Султон дар аҳди Искандархон ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт ва дар мубориза бо ӯзбек Султон ба қатл расид. Пас аз қатлаш ҷасади ӯро ба Самарқанд оварданд ва дар мадрасаи Кӯкунчихон ба хок супурданд. Абдол Султон табъи шоирӣ дошта, бо тахаллус "Хуш" ба забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ шеър сурудааст. |
Абай (ноҳияи Қаросой) | Абай Абай) — деҳа дар вилояти Алмаатои Қазоқистон. Дар ноҳияи Қаросой ҷойгир аст. Дар соли 2009 10439 нафар аҳолӣ дошт. |
Абвилй (ҳавза) | Абвилй — ҳавза дар Фаронса, яке аз ҳавзаҳоест дар минтақаи Пикардия. Департаменти ҳавза — Департаменти Сомма. Супрефектура — Абвилй. Аҳоли ҳавза дар соли 2006 127 892 нафар мебошад. Масоҳати ин ҳавза танҳо 1589 км мебошад. Нигаред Пайвандҳо Абвилй Авалон Авен-сюр-Элп Авинон Авранш Агно Ажен Алансон Алес Албервил Алби Алткирш Амбер Амен Ангулем Анже Ансени Анси Антони Апт Аржантан Аржантёй Аржеле-Газо Аркашон Арл Аррас Аяччо Байонна Байё Банер-де-Бигор Бар-ле-Дюк Бар-сюр-Об Барселонет Бас-Тер Бастия Безансон Безе Беллак Белле Белфор Бержерак Берне Бетюн Бле Блуа Бобини Бове Бон Бонвил Бордо Брессюир Брест Бриансон Брив-ла-Гайярд Брие Бринол Бриуд Буле-Мозел Булон-Бийанкур Булон-сюр-Мер Бурж Бурк-ан-Брес Валанс Валансен Вандом Ванн Везул Вервен Верден Версал Вилнёв-сюр-Ло Вилфранш-де-Руэрг Вилфранш-сюр-Сон Вир Виссамбур Витри-ле-Франсуа Виши Вузе Венн Верзон Гавр Гап Гебвиллер Гере Грасс Гренобл Гурдон Дакс Ди Дижон Динан Дин-ле-Бен Дол Драгинян Дрё Дуэ Деп Дюнкерк Же Жонзак Иссенжо Иссуар Истр Исудён Кайенна Кале Калви Камбре Кан Каор Каркассон Карпантра Кастелан Кастелсарразен Кастр Кемпер Кламси Клермон Клермон-Ферран Колмар Коммерси Компен Кондом Конфолан Кон-Кур-сюр-Луар Коняк Корте Кретей Кутанс Ла-Рош-сюр-Йон Ла-Рошелй Ла-Трините Ла-Тур-дю-Пен Ла-Флеш Ла-Шатр Лавал Лан Лангон Лангр Ланс Ланон Ларжантер Ле Виган Ле-Блан Ле-Ман Ле-Марен Ле-Пюи-ан-Веле Ле-Ренси Ле-Сабл-д"Олон Лез-Андели Леспар-Медок Либурн Лизё Лилл Лимож Лиму Лион Лодев Лон-ле-Соне Лорян Лош Луан Люневил Люр Л"Аи-ле-Роз Майенн Макон Мамер Манд Мант-ла-Жоли Марманд Марсел Мелён Метс-шаҳр Метс-ҳумашаҳр Мийо Миранд Мо Молсайм Мон-де-Марсан Монбар Монбеляр Монбризон Мондиде Монлюсон Монморийон Монпеле Монтаржи Монтобан Монтрёй-сюр-Мер Морле Мортан-о-Перш Моряк Мулен Мюлуз Мюре Нанси Нант Нантер Нантюа Нарбонна Невер Нерак Ним Нисса Ножан-ле-Ротру Ножан-сюр-Марн Ножан-сюр-Сен Нонтрон Нйон Нйор Нёфшато Обюссон Олорон-Сент-Мари Орийак Орлеан Осер Отён Ош (Фаронса, ҳавза) Палезо Памйе Париж Партене Перигё Перонн Перпиняйн Питивйе По Понтарлйе Понтиви Понтуаз Прад Прива Провен Пуатйе Пуэнт-а-Питр Рамбуйе Редон Реймс Ренн Ретелй Рибовилле Риом Роанн Родез Роморантен-Лантене Рошешуар Рошфор Руан Саверн Санлис Санс Сарбур Саргемин Сарла-ла-Канеда Сарселй Сартен Сегре Седан Селеста-Ерстайн Сен-Бенуа Сен-Бриё Сен-Годанс Сен-Дени Сен-Дени (ҳавза, Реюнйон) Сен-Дизйе Сен-Дйе-де-Вож Сен-Жан-де-Морйен Сен-Жан-д"Анжели Сен-Жермен-ан-Ле Сен-Жирон Сен-Жюлйен-ан-Женевуа Сен-Кантен Сен-Клод Сен-Ло Сен-Лоран-дю-Марони Сен-Мало Сен-Мартен-Сен-Бартелеми Сен-Назер Сен-Полй Сен-Пйер (ҳавза, Мартиника) Сен-Пйер (ҳавза, Реюнйон) Сен-Флур Сент Сент-Аман-Монтрон Сент-Менеу Сент-Омер Сент-Этйен Сере Сомюр Страсбург-город Страсбург-пригород Суассон Танн Тарб Тонон-ле-Бен Торси Труа Тулон Тулуза Тулй Тур Турнон-сюр-Рон Тйер Тйонвилй-Восток Тйонвилй-Запад Тюлй Фижак Флорак Фонтенбло Фонтене-ле-Конт Фор-де-Франс Форбаш Форкалйкйе Фуа Фужер Шалон-ан-Шампанй Шалон-сюр-Сон Шамбери Шарлевилй-Мезйер Шаролй Шартр Шателйро Шато-Гонтйе Шато-Сален Шато-Тйерри Шато-Шинон Шатобриан Шатодён Шатолен Шатору Шербур-Октевилй Шинон Шоле Шомон Эври Эврё Экс-ан-Прованс Эперне Эпиналй Этамп Юсселй. |
Аббакумово (ноҳияи Гус-Хрусталний) | Аббакумово - деҳа, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини Федератсияи Русия мебошад. Деҳа, дар ҳайати ноҳияи Гус-Хрусталний, ки дар вилояти Владимир қарор дорад, дохил мешавад. |
Маркази зиддитеррористии давлатҳои ИДМ | Маркази зиддитеррористии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) — мақоми соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти экстремизм таъмин менамояд. Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ (ШСД ИДМ) аз 21 июни соли 2000 ташкил шудааст. 1 декабри соли 2000 Бо қарори ШСД ИДМ, Низомнома дар бораи Маркази зиддитеррористии ИДМ, таъйини шумораи кормандон ва дастгирии молиявии фаъолият тасдиқ карда шудааст. Роҳбари МЗТ ИДМ бо қарори ШСД ИДМ тасдиқ карда мешавад. Дар солҳои 2000-2006 вазифаи роҳбарро генерал-полковник Борис Александрович Милников, аз соли 2006 — генерал-полковники милитсия (аз 2011 генерал-полковники пӯлис) Андрей Петрович Новиков ишғол менамояд. Таърихи таъсиси МЗТ ИДМ 1 октябри соли 1999 дар шаҳри Киев, Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ба сарони давлатҳо ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба вазъи мубориза бо терроризм муроҷиатнома пешниҳод намуда, пешниҳод намуд, ки масъалаи таъсиси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ Маркази муваққатии зиддитеррористӣ, ки масъули ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳод дар мубориза бо терроризм дар доираи салоҳияти вазоратҳои корҳои дохилӣ таъсис дода шавад. 25 январи соли 2000 дар Маскав мубодилаи афкор аз ҷониби аъзои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (ШСД) оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар партави натиҷаҳои Саммити Истанбул дар САҲА сурат гирифт. Қарори ин нишаст аз ҷониби Шӯрои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсус, Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ таҳия шудани барномаи ҳадафи мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла ташкили маркази ягонаи зиддитеррористӣ мебошад. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ, ки 10 марти соли 2000 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав баргузор шуда буд, дар муттаҳид сохтани кӯшишҳои кишварҳои ИДМ дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм нақши назаррас дошт. Дар он лоиҳаҳои Барномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ дар давраи то соли 2003 ва Низомнома дар бораи Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Барномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм дар давраи то соли 2003 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 21 июни соли 2000 тасдиқ шудааст. Бо мақсади иҷрои банди 2.1-и барнома, бо қарори ҳамон ҷаласаи Шӯро, Маркази зиддитеррористии ИДМ таъсис дода шуд ва лоиҳаи Низомнома дар бораи марказ тасдиқ карда шуд. Санаи воқеии оғози фаъолияти марказро метавон аз 1 декабри соли 2000, аз лаҳзаи тасдиқ бо Қарори КМШ ИДМ дар Сент, Низомномаи Минскро дар бораи Маркази зиддитеррористии ИДМ, номид, ки шумораи кормандон ва дастгирии молиявии фаъолиятро муқаррар кард. |
АНЗЮС | АНЗЮС (—,,) — иттиҳоди (блок)-и ҳарбии се давлат: Таърих Ҳамкории ҳарбии ИМА бо Австралия ва Зеландияи Нав дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва амалиёти сулҳҷӯёна дар Тимори Шарқӣ (1999 – 2002) иштирок доштанд. Солҳои охир ИМА қувваҳои иттиҳодро бо мақсади мубориза зидди терроризми байналхалқӣ дар минтақа (дар ҳодисаҳои Афғонистон ва Ироқ) истифода мебарад. |
Амали таҷовузкорӣ (сиёсат) | Амали таҷовузкорӣ (аз заб. лотинӣ — таҷовузкорӣ) - дар ҳуқуқи баӣналхалқӣ намуди хатарноки поӣмолкунии сулҳ ба шумор меравад. Дар ҳолати ба вукӯъ омадани амали таҷовузкорона Шӯрои Амнияти СММ дар доираи салоҳият ва тибқи Оинномаи СММ тадбирҳо меандешад то ҳар гуна тахдид ба сулҳ бартараф гардад. Амалҳои таҷовузкоронаро Шӯрои Амнияти СММ муаӣян намуда, мутобиқи фасли Оинномаи СММ барои ҳифзу барқарории сулҳ ва амнияти баӣналхалқӣ тасмим мегирад ё тавсияҳо медиҳад. |
АПЛ | АПЛ — яке аз забонҳои барномасозӣ мебошад. Нигаред АПЛ (забони барноманависӣ). |
А- | А.. (Н пеш аз садонокҳо) — пешвандест, ки ба решаи калима ҳамроҳ карда мешавад ва ба ин васила калима маънои инкорӣ мегирад. Ин пешванд мансуб ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст ва аз рӯи вазифа ба пешвандҳои калимасози на-, но-, бе- баробар мебошад. Забонҳои эронӣ Калимаҳои зиёде дар забонҳои эронӣ – авестоӣ, форсии қадим, форсии миёна вомехӯранд, ки дар таркибашон ҳамин пешвандро доранд. Масалан: Забони тоҷикии муосир Дар забони тоҷикии муосир ин навъ калимаҳо ба таври нодир мавриди истифода қарор гирифтаанд: Калимаҳои иқтибосӣ Бо чунин маъниву вазифа дар забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосие (асосан аз забони юнонӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон а-, ан- доранд:. |
Абдувалӣ Рашидов | Абдувалӣ Рашидов (23.06.1949) шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Зиндагинома Соли 1970 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров ро хатм кардааст. Ихтисос, муаллими математика ҳиссоббарор. |
Андрей Абдувалиев | Андрей Абдувалиев (Абдувалиев Андрей Ҳакимович июни 1966, Ленинград) — варзишгар, гурзпартои Тоҷикистон ва Ӯзбекистони Шӯравӣ, устоди хизматнишондодаи варзиш. Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 1992 дар гурзпартоӣ. Чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук. Рекорди инфиродӣ — 83,46 м. Чемпиони ИҶШС 2. Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС. Зиндагинома Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Пас аз анҷоми касби варзишӣ аз соли 2000 ӯ ҳамчун котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ кор карда истодааст. Дастовардҳо Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штуттгарт, 1993; Гётеборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ИМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои ИҶШС, чемпиони СССР. Натиҷаи беҳтаринаш дар гурзпартоӣ 83 м 46 см (Сочи, 1990). |
Абдуалӣ Абдуманнонов | Абдуали Абдуманнонов — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор. Аълочии маорифи ҶТ. |
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ | Абд Раббо Мансур Ҳодӣ (1 сентябри 1945, вилояти Абян, Протекторати Аден — Чумҳурии Яман) — арбоби давлатии Яман Президенти Яман аз 27 феврали соли 2012. Зиндагинома Соли 1970 хидмати ҳарбиро дар артиши Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман оғоз кардааст. Соли 1994, пас аз муттаҳид шудани Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман ва Ҷумҳурии Ямани Араб дар соли 1990 ба Ҷумҳурии Яман, ӯ дар давоми 4 моҳ бо рутбаи генерал -майор вазири дифоъ буд. 3 октябри соли 1994 президент Алӣ Абдулло Солеҳ ӯро ноиби президент таъйин кард. Аз 4 июн то 23 сентябри соли 2011 ҳангоми табобати Алӣ Абдулло Солеҳ, ӯ ба ҳайси президенти кишвар кор кардааст. 23 ноябри соли 2011 ӯ вазифаи худро ҳамчун сарвари давлат давом дод. Президент 21 феврал и 2012, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, Мансур Ҳодӣ ягона номзад буд, Мансур Ҳодӣ ба муҳлати ду сол президенти Яман интихоб шуд. 7 Рӯзи 25 феврали 2012 ӯ савганд ёд карда, ба вазифа нишаст 8. Ходӣ ягона номзад дар интихобот буд, аз номзадии ӯ ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифони порлумонӣ пуштибонӣ карданд. Кумиссиюни интихобот гуфт, 65% -и интихобкунандагони сабтиномшуда дар Яман ба ӯ раъй доданд. Яке аз аввалинҳо қароре ки ӯ қабул намуд, он буд, ки Яман дар оянда бояд ба модели федеролии ҳукуматдорӣ гузарад. Декабри 2012 ӯ фармони президентро дар бораи азнавташкилдиҳии Нерӯҳои Ҳавоӣ, Артиш (нерӯҳои хушкигард), Нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ, муҳофизати соҳили баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нерӯҳои стратегии захиравӣ содир кард. 9 Президент гуфт, ки мубориза бо Ал-Қоида ҳадафи муҳим аст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳодӣ ҳушдор дод, ки кишвараш ҳанӯз аз ошӯби мардумӣ, ки пешгузаштаи ӯ Алӣ Абдулло Солеҳро сарнагун кардааст, наҷот наёфтааст ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ бадтар аз Афғонистон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Яман бо се ҷанги эълоннашуда рӯбарӯ шудааст: террористони Ал-Қоида, роҳзанҳо дар халиҷи Адан ва шӯришгарони Ҳусӣ дар шимол ва Эрон бавосита ин мухолифонро дастгирӣ мекунад. 10 Моҳи январи соли 2014 ваколати Ҳодӣ ба як соли дигар тамдид карда шуд. 11 22 январи соли 2015, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона ва забти муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳуситҳо, ки назорати пойтахтро таъсис доданд, Ҳодӣ аризаи истеъфо дод, ки онро парлумон баррасӣ мекард. 12 Тибқи конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент Яҳё Алӣ ал-Рай гардид 13. Ҳукумати кишвар низ истеъфо дод; дар асл, президент ва вазирон дар ҳабси хонагӣ буданд 14. Аммо, 25 январ, Ҳодӣ тасмим гирифт, ки аризаи истеъфояшро бозпас гирад, аммо ин амал натавонист ӯро ба қудрат баргардонад 15. Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун пас аз таъсиси ҳукумати ҳусиҳо даъват кард, ки Ҳодӣ ба мақоми президенти Яман барқарор карда шавад. 6 феврал и соли 2015 Кумитаи Инқилобӣ таъсис дода шуд, ки мебоист Шӯрои президентӣ иборат аз панҷ нафарро таъйин мекард. Ҳамин тариқ истеъфои Ҳодӣ оҷибат ниҳоӣ шуд. 21 феврали соли 2015 пас аз дар ҳабси хонагӣ дар муҳлати як моҳ будан Ҳодӣ тавонист аз Санъо ба Аден фирор кунад. Дар он ҷо ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳокимони музофотҳои Ямани ҷанубӣ мулоқот кунад ва барои бозпас гирифтани аризаи истеъфояш изҳорот дод. 25 феврал Кумитаи Инқилобӣ ва мақомоти расмии давлатӣ ба ҷустуҷӯи собиқ президенти фирорӣ шурӯъ карданд 16 17. Ҳангоми фирор, Ҳодӣ шаҳри Аданро пойтахти муваққатии кишвар таъйин кард. Ҳодӣ аз як суиқасд наҷот ёфт (ҳуситиён ба қасри Адан, ки дар он ҷо Мансур Ҳодӣ ҷойгир буд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд). Ҳодӣ муқовиматро идома дод ва инчунин ба ҳуҷуми низомӣ ба Яман даъват кард. Пас аз он ки шӯришиён рӯзи 25 март Аданро ба даст гирифтанд, президенти пешин дар баробари намояндагиҳои дипломатии давлатҳои араб кишварро тарк кард. 18 Рӯзҳои 27-29 марти соли 2015 дар ҷаласаи 26-уми Лигаи кишварҳои араб ширкат варзид. Охири соли 2015 муносибатҳо байни Мансур Ҳодӣ ва ноиби президенти пешин, сарвазир Холид Баҳаҳ бад шудан гирифтанд. 1 декабр Бахах таъйинотҳои нави кабинети вазиронро аз ҷониби собиқ президенти фирорӣ Мансур Ҳодиро рад кард. Тибқи фармони президент аз 1 декабр, дар Яман бояд роҳбарони панҷ раёсат иваз мешуданд. Аз ҷумла президент Ҳодӣ роҳбари вазорати хориҷаро иваз кард: ба ҷои Абдулмалик ал-Маҳлафӣ, Риёз Ёсин таъйин шуд ва Ҳусейн Муҳаммади Араб роҳбари нави Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуд. Ҳамчунин, роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, хидмати давлатӣ ва иттилоот бояд иваз карда мешуданд. Вазири нави нақлиёт Салоҳ ал-Шанфара низ аз таъйиноти худ изҳори норозигӣ кард. Бино ба як манбаъ дар Ҷунбиши Ҷанубӣ, ки яке аз фармондеҳони он Аш-Шанфара аст, шайхони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки ӯро бовар кунонанд 19.:.57874936615600907287. Таҳқиқи фаъолияти президент 9 апрели соли 2015 Прокурори генералии Яман оид ба далели эҳтимолияти содир кардани ҷиноятҳои зидди амнияти давлатӣ аз ҷониби собиқ президенти ҷумҳурӣ Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва як қатор шарикони ӯ чораҳои маъмурӣ оғоз кард 20. 2 декабри соли 2015 дар Санъо мурофиаи президенти собиқ Абд Раббо Мансур Ҳодӣ оғоз ёфт. Додситонии кулл парвандаҳои ҳафт узви баландпояи роҳбарияти давлатро ба мурофиа фиристод. Додгоҳи ҷиноӣ, ки ба терроризм ва амнияти давлатӣ тахассус дорад, нахустин мурофиаи худро бо иттиҳоми хиёнат ба кишвар ва кумак ба душмани саъудӣ дар тахриби кишвар боз кард. Се мушовири президент, вазири пешини корҳои хориҷӣ Риёд Ясин, сардори ситоди Хадамоти амнияти миллӣ ва сафири ин кишвар дар ИМА низ ғоибона айбдор карда шуданд. 21 25 март25 марти соли 2017, додгоҳи таҳти назорати Ҳусҳо дар шаҳри Санъо амалкунанда, президенти фирорӣ Ҳодиро бо иттиҳоми барангехтан ва кумак ба давлати таҷовузкор - Арабистони Саудӣ - ва иттифоқчиёнаш ва хиёнат ба ватан ба қатл маҳкум кард. Илова ба ин, додгоҳ шаш мақоми дигари ҳукумати ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард, аз ҷумла сафири Яман дар ИМА Аҳмад Авад бин Муборак ва вазири пешини хориҷии ин кишвар Риёз Ясинро. 22 23.. Ҳолати саломатӣ Дар моҳи сентябри соли 2018 агентии иттлоотии дар бораи мушкилоти саломатии қалби Мансур Ҳодӣ хабар дод, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки барои табобат ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад. 24 11 майи соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки Ҳодӣ бо сактаи дил дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Санъо, Ҳодӣ дар панҷ соли охир аллакай панҷ маротиба аз беморхонаи Кливленд дар ИМА барои табобати дилу рагҳо ба воситаи ҳавопаймои хусусии саудӣ дидан кардааст. Як моҳ пеш, чунин сафар аз сабаби манъи парвозҳои марбут ба пандемияи -19 сурат нагирифт 25. Адабиёт Пайвандҳо. |
Абдувалӣ Давронов | Барандаи озмуни байналхалқии Барои тарҷумаи беҳтарин дар номгӯи МЭТР-и мамолики ИДМ ва Балтик ва Абдувалӣ Давронов (29 май 1957, Ворух, вилояти Суғд — 5 январ 2013, Душанбе) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, тарҷумон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Арманистон, узви Иттифоқи тарҷумонҳои мамолики ИДМ ва Балтик, Аълочии маорифи Тоҷикистон Зиндагинома Абдувалӣ Давронов 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинободи (ҳоло Суғд) Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1974 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Солҳои дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат ва дар тӯли солҳои курси дусолаи муҳаққиқ-коромӯз ва баъдан аспирантураи Институти адабиёти ба номи Манук Абегяни АИ Арманистонро дар шаҳри Ереван хатм намуда, солҳои дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик фаъолият карда, соли 1988 курси такмили ихтисосро дар кафедраҳои адабиёти советии рус ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо ихтисоси "Адабиёти муосири рус" гузаштааст. Дар тӯли фаъолияташ дар донишгоҳи мазкур ӯ солҳои ба ҳайси муовини сарвари факулта ифои вазифа намудааст. Солҳои раиси бахши забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. 5 январи соли 2013 Абдувалӣ Давронов аз олам гузашт. Фаъолияти илмӣ Риштаи тадқиқоти Абдувалӣ Давронов масьалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ,назария ва танқиди тарҷума, адабиётшиносии муқоисавӣ, мушкилоти назму насри муосири тоҷик, нақди адабиро фаро мегирад. Абдувалӣ Давронов аз ибтидои фаъолияти илмии худ ба масъалаҳои пайвандҳои адабии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуда, тоҷикӣ ва русӣ таълиф кардааст ва асару мақолаҳояш дар сахифаҳои нашрияҳои Тоҷикистон, Арманистон, Фаронса, Эрон ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон китобу маҷмӯаи мақолот ва монографияҳо мебошад. Осор Ҷоизаҳо Нигаред низ Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. |
Абдувалӣ Абдурашидов | Абдувалӣ Абдурашидов – мутриб (танбӯр, сато, рубоб), номзади илмҳои санъатшиносӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Соли 1981 А. Абдурашидов шуъбаи мусиқии шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафиро бо ихтисоси рубоб хатм намудааст. Солҳои 1981-1987 омӯзгори кафедраи мусиқии шарқ ва солҳои 1987–1992 дар кафедраи мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон ба номи У. Гаҷибеков савияи касбиашро такмил додааст. А. Абдурашидов лауреати озмунҳои Шашмақом дар такмил медиҳад. Солҳои 2002–2004 – роҳбари бадеии Ансамбли давлатии шашмақомсароёни ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҳамчун дотсенти кафедраи навозандагии суннатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият мекард. Эҷодиёт Ҳамаи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории Абдувалӣ Абдурашидов ба омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи санъати классикии Шашмақом марбут аст. Ӯ муассис ва директори Академияи мақом дар Тоҷикистон мебошад. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб оид ба нигаҳдориву рушди минбаъдаи ин мероси гаронбаҳои миллати тоҷик, аз ҷумла эҳёву нумӯи санъати Шашмақом саҳми арзанда дорад. Солҳои 2002–2011 Абдувалӣ Абдурашидов бо дастаи шогирдони худ аз Академияи мақом дар бештари ҷашнвораҳои байналмилалӣ, аз ҷумла давлатҳои Хитой, Германия, Франсия, Белгия, Норвегия, Шветсия, Англия, Италия, Испания, ИМА, Юнон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Сурия, Марокаш ва чандин кишварҳои дигар санъати Шашмақоми тоҷикро сарбаландона муаррифӣ ва тарғиб намуда, сазовори ҷоизаҳову дипломҳои сатҳи байналхалқӣ гардидааст. Абдурашидов иштирокчии чандин симпозиум ва ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқишиносон (Самарқанд, Тошканд, Эрон, Исроил) ва узви ҳакамон дар чандин озмунҳои мусиқӣ низ буд. Ӯ ширкаткунандаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ЮНЕСКО (Париж, 2005), ҷашнвораҳои мусиқӣ дар Аврупо, ИМА мебошад. Абдувалӣ Абдурашидов мураттиб ва яке аз муаллифони маҷмӯаи "Фурӯғи меҳр" (шеъру суруд барои кӯдакон), муаллифи асари "Омӯзиши авзони шеър ва мусиқӣ" ("Арӯз ва мусиқӣ") (нашри якум – 2001, нашри дуюм – 2002) ва як қатор мақолаҳои илмӣ, аз зумраи "Танбӯр ва вазифаи он дар омӯзиши асосҳои Шашмақом", "Уд ва танбӯр – нигоҳдорандаи ду системаи мақом", "Шашмақом, асри: инкишофи санъати мусиқии классикӣ дар замони ҳозира", "Ташаккули авзони рубоӣ дар матни адвори зарбии мусиқӣ" мебошад. ӯ яке аз чаҳор муаллифи нахустнашрияи "Энсиклопедияи Шашмақом" аст. Ӯ китоберо бо номи "Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом". - Душанбе, Адиб, 2013 дар ҳаҷми 399 саҳ. навиштааст. Абдувалӣ Абдурашидов навозандаи маъруфи мусиқии суннатии тоҷик дар созҳои танбӯр, сато, рубоб ва уд мебошад. Дар мавзӯи "Танбӯр ва моҳияти он дар омӯзиши ташакулли пардаҳои мусиқии "Шашмақом" рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз 6 мақоми "Шашмақом", ки дар маҷмӯъ аз 252 навою тарона иборат мебошанд ("Мушкилот" иборат аз 48 наво), Абдурашидов кулли онҳоро моҳирона менавозад ва қисме аз онҳоро сабт кардааст ва ӯ мусиқии "Шашмақом"-ро пурра азёд медонад. Абдурашидов дар эҳёи анъанаҳои асили мусиқии "Шашмақом" - силсиласароӣ, "устод ва шогирд" ва тарбияи насли нави навозандагони ҳирфаии мусиқии суннатӣ низ саҳмгузор аст. С. 2007 ба ифтихори бузургдошти "Шашмақом" дастаи ҳунарии Академияи мақоми ҶТ, бори аввал дар таърихи шашмақомсароӣ зери сарварии ӯ силсилаҳои қисми овозии "Наср"-и мусиқии "Наср"-и мусиқии "Шашмақом"-ро паиҳам дар давоми 6 рӯз иҷро кард. 1 Ҷоизаҳо Барои хидматҳои арзандааш дар рушди санъати мусиқии классикӣ ӯро Президенти кишвар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонд. А. Абдурашидов инчунин бо ордени Командор дар ҷодаи риторика ва санъат (Фаронса, 2005) ва ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ шудааст. 2 Адабиёт. |
Абдуалӣ Абдуманнонов | Абдуали Абдуманнонов — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор. Аълочии маорифи ҶТ. |
Абдувалӣ Давронов | Барандаи озмуни байналхалқии Барои тарҷумаи беҳтарин дар номгӯи МЭТР-и мамолики ИДМ ва Балтик ва Абдувалӣ Давронов (29 май 1957, Ворух, вилояти Суғд — 5 январ 2013, Душанбе) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, тарҷумон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Арманистон, узви Иттифоқи тарҷумонҳои мамолики ИДМ ва Балтик, Аълочии маорифи Тоҷикистон Зиндагинома Абдувалӣ Давронов 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинободи (ҳоло Суғд) Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1974 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Солҳои дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат ва дар тӯли солҳои курси дусолаи муҳаққиқ-коромӯз ва баъдан аспирантураи Институти адабиёти ба номи Манук Абегяни АИ Арманистонро дар шаҳри Ереван хатм намуда, солҳои дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик фаъолият карда, соли 1988 курси такмили ихтисосро дар кафедраҳои адабиёти советии рус ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо ихтисоси "Адабиёти муосири рус" гузаштааст. Дар тӯли фаъолияташ дар донишгоҳи мазкур ӯ солҳои ба ҳайси муовини сарвари факулта ифои вазифа намудааст. Солҳои раиси бахши забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. 5 январи соли 2013 Абдувалӣ Давронов аз олам гузашт. Фаъолияти илмӣ Риштаи тадқиқоти Абдувалӣ Давронов масьалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ,назария ва танқиди тарҷума, адабиётшиносии муқоисавӣ, мушкилоти назму насри муосири тоҷик, нақди адабиро фаро мегирад. Абдувалӣ Давронов аз ибтидои фаъолияти илмии худ ба масъалаҳои пайвандҳои адабии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуда, тоҷикӣ ва русӣ таълиф кардааст ва асару мақолаҳояш дар сахифаҳои нашрияҳои Тоҷикистон, Арманистон, Фаронса, Эрон ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон китобу маҷмӯаи мақолот ва монографияҳо мебошад. Осор Ҷоизаҳо Нигаред низ Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. |
Абдувалӣ Бердиалиев | Абдувалӣ Бердиалиев (10 марти 1939, ноҳияи Бешариқ, вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон) — забоншинос, доктори илмҳои филология, профессор. Зиндагинома Хатмкардаи факултети таъриху филологияи ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Солҳои 1962-63 муаллими мактаби миёна, дар хидмати Артиши Шӯравӣ, 1966-1990 омӯзгори ДДОЛ ба номи С.М.Киров, 1990-94 мудири кафедраи забоншиносии умумӣ, 1994-97 мудири кафедраи забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Аз соли 1997 профессори кафедраи забони ӯзбекии ҳамин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Ба қалами Абдувалӣ Бердиалиев беш аз 220 мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ оид ба сарфу наҳви забони тарзҳои таълими он ва ғ. тааллуқ доранд. Абдувалӣ Бердиалиев узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Институти забоншиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Аз соли 1996 узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии назди ДДХ. Бо роҳбарии Абдувалӣ Бердиалиев 30 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Осор. |
Абдувалӣ Ҳаитов | Абдувалӣ Ҳаитов — зистшинос, доктори илми биологӣ. Зиндагинома Соли 1968 ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемурро тамом карда, ҳамчун лаборанти калон ва ходими хурди илмӣ дар шуъбаи ихтио-логия ва гидробио-логияи Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н, Павловскийи АИ Тоҷикистон фаъолият менамояд. Солҳои 1980-1985 сармутахассиси Иттиҳодияи моҳипарварии н. Абдураҳмони Ҷомӣ, 1985-1986 муовини раиси душанбегии Ҷамъияти моҳидорони Тоҷикистон буд. Аз соли 1986 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур заҳмат кашида, вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва зоологияро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур иҷро кардааст. Аз соли 2000 мудирии ҳамин кафедраро ба зимма дошт. Ҳамзамон вазифаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳипарвар"-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро адо намудааст. Бобати ҳифзи ҳайвоноти обанборҳои Тоҷикистон, роҳҳои беҳбуди фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ, таъсиси зооплактонҳо дар обанборҳо ва ғайра қариб ҳафтод кори илмӣ аз даст баровардааст. Бисёр пешниҳодҳои илмиаш амалӣ гардида, фоидаи иқтисодӣ овардаанд. Осор. |
Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф | Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф (1461, Оббурдон, ноҳияи Кӯҳистони Масчо — 1542, ҳамон ҷо) — хаттот ва катибанависи тоҷик. Зиндагинома Абдувалӣ шахси фозилу донишманд ва чанд муддат қозӣ ҳам будааст, вале бештар ҳамчун кандакори рӯи санг машҳур гардидааст. Дар катибаи санги рӯи қабраш ӯро чунин тавсиф кардаанд: "ҳокими шаръӣ, мақбули мулук ва салотин, имомулҳумом, сайидулҳукком, афзулулайём, мураббиюлфуқаро, муқаввиуззафо" ва ғайра. Нахустин катибаҳои рӯисангии Абдувалӣ ба солҳои мутаалиқ буда, аз деҳоти Похут ва Шаватки ноҳияи Айнӣ ба даст омадаанд. Матни ин катибаҳо аксар мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ доранд. Масалан матни катибаи санги байни деҳоти Шамтич ва Оббурдан: Катибаҳои ёдгормонда Аз Абдувалӣ катибаҳои бисёре ба ёдгор мондаанд, ки беш аз 20-тои онҳо дар захираи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (таҳти рақамҳои 1, 5, 15, 49, 52, 70, 85, 95, 96, 129, 131, 147, 148, 166, 185 ва ғайра) маҳфузанд. |
Абдуғафур Самадов | Абдуғафур Самадов (3 16 феврал 1909, вилояти Фарғона — 1996) — пахтакор, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли. |
Абдузафар Иномов | Абдузафар Иномов (28 сентябри 1953, Хуҷанд) — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати Зиндагинома Абдузафар Иномов 28 сентябри 1953 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Факултаи техникии Донишкадаи политехникии шаҳри Бишкеки Қирғизистонро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. |
Абдуворис Мингбоев | Абдуворис Юзбоевич Мингбоев (20.03.1959) ноҳияи Деваштич, вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои психологӣ, дотсент. Зиндагинома Соли 1982 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм намудааст. Ихтисос психолог. 1982-1984 - Омӯзгори фанни биология, химия мактаби таҳсилоти умумии 39 н. Деваштич. 1984-1987 - Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров. 1987-1991 - Аспиранти Пажӯҳишгоҳи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. 1991-1996 - Дотсенти кафедраи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. 1996-2001 - Ҷонишини мудири шуъбаи идеологии ҳукумати вилояти Суғд. 2011-2015 - Мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз с.2015- то 2020 - Декани факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз 09.2020 - то ҳол - Сармутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. |
Абдувалӣ Шарифзода | Абдувалӣ Қурбоналӣ Шарифзода (12 июни соли 1968, дар ноҳияи Кӯлоби) – олим, таърихнигор, номзади илмҳои таърих. Дорандаи медали "Хидмати шоиста" ва нишони тилоии ЭКО. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Зиндагинома Абдувалӣ Қурбоналӣ Шарифзода соли 1992 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1993-1994 дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 1994-2011 дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, аз ходими хурди илмӣ то директори ин муассиса. Солҳои 2011-2021 директори Муассисаи давлатии " Осорхонаи миллии Тоҷикистон "-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи апрели соли 2021 мудири Шуъбаи таърихи илм ва техника дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш -и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сардабири нашрияи "Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон", раиси Шӯрои илмӣ ва Комиссияи экспертии Осорхонаи миллии Тоҷикистон(то соли 2021) ва узви Комисияи ҷумҳуриявии экспертизаи бадеӣ ва коршиноси дараҷаи байналмилалист. Дар чандин ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок кардааст. Хатмкардаи курсҳои такмили ихтисос дар Академияи фарҳанг ва санъати Федератсияи Россия дар ш. Челябинск, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии реставратсия ва консерватсияи шаҳри Теҳрон ва барномаи байналмилалии "Идоракунии осорхонаҳо дар асри " дар кишварҳои Федератсияи Русия, Украина ва Белорусия. Муаллифи Нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионии Осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи вилоятии ба номи "Авасто"-и ш. Қурғонтеппа ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аксбардори ҳирфаист ва асарҳояш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон чоп шудаанд. 1 Фаъолияти илмӣ Мавӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ: сиккашиносӣ, катибашиносӣ, манбаъшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ. Чандин катибаҳои аҳамияти калони илмӣ доштаи Тоҷикистон, аз ҷумла катибаи куфии Меҳроби Искодар (асри), катибаҳои куфии мақбараи Ҳазрати Шоҳ (асри), катибаҳои куфӣ, насх ва сулси мақбараи Муҳаммад Башоро (асрҳои -) ва катибаҳои аксари ёдгориҳои меъмории асрҳои --и вилоятҳои Хатлону Суғд нахустин бор аз ҷониби ӯ таҳқиқ ва хонда шудаанд. Мақолаҳои илмӣ Муаллифи китобҳои "Клад кушанских монет из Вахшской долины" (Душанбе, 2010), "Клады средневековых монет" (Душанбе, 2011), "Экспозитсия ва экскурсияи осорхона" (Душанбе, 2012); "Шаҳраки кушонии Сайёд", (Душанбе, 2017), "Ганҷинаи Кӯлоб " (Дирҳамҳои сомонӣ) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад."Китобу-л-фароиз"-и Мавлоно Яъқуби Чархиро баргардон ва нашр намудааст. |
Абдуззоҳири Котиб | Абдуззоҳири Котиб (садаи) — хаттот ва хушнависи тоҷик. Зиндагинома Аслан аз Хева. Осори классикони адабиёти форс-тоҷикро бо хати настаълиқи зебо китобат кардааст. "Ҳафт авранг"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли китобаташ 1811) аз ҷумлаи асарҳои китобатнамудаи Абдуззоҳири Котиб мебошад. |
Абдуворис Мингбоев | Абдуворис Юзбоевич Мингбоев (20.03.1959) ноҳияи Деваштич, вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои психологӣ, дотсент. Зиндагинома Соли 1982 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм намудааст. Ихтисос психолог. 1982-1984 - Омӯзгори фанни биология, химия мактаби таҳсилоти умумии 39 н. Деваштич. 1984-1987 - Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров. 1987-1991 - Аспиранти Пажӯҳишгоҳи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. 1991-1996 - Дотсенти кафедраи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. 1996-2001 - Ҷонишини мудири шуъбаи идеологии ҳукумати вилояти Суғд. 2011-2015 - Мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз с.2015- то 2020 - Декани факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз 09.2020 - то ҳол - Сармутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. |
Абдувоҷид Ашӯров | Абдувоҷид Неъматович Ашӯров (14.02.1947, Самарқанд — 27.03.2002, Душанбе) — физикдон и тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика. Зиндагинома Абдувоҷид Неъматович Ашӯров соли 1970 факултаи физикаи ДДТ ба номи В.И Ленин ба итмом расонда, дар Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва то поёни умр ҷои кор дигар накард. Зинаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лаборатория, сарходими илмиро дар Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон паймудааст. Фаъолияти илмӣ Ҳамчун мутахассиси физикаи назариявӣ перомуни системаҳои конденсионӣ, усули ба истилоҳ "таҷрибаи мошинӣ", роҳҳои гудозиши филиззоти оддию мураккаб, тағйирёбии динамикаи молекулярӣ, ҳисоби коэффисентҳои кондексионӣ ва ғайра таҳқиқот анҷом додааст. Теъдоди осори илмиаш ба шаст мерасад. Осор. |
Абдувоҳид Розиқов | Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. Зиндагинома Дастпарвари Институти политехникии Тоҷикистон. Ассистенти кафедраи Институти политехникии Тоҷикистон, муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС, мудири шуъбаи Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (аз с.1997). Солҳои 1983-1990 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1986-2005 ва 1990-2010 фаъолона ширкат варзидааст. Дар ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба зимма дошт. 1 Адабиёт. |
Абдузунун Ғаффоров | Абдузунун Қаҳҳорович Ғаффоров (15.09.1927, Хуҷанд) - доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон. Зиндагинома Абдузунун Қаҳҳорович Ғаффоров соли 1946 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ба итмом расонда, фаъолия-таш пурра дар ҳамин ҷо ҷараён гирифтааст. Вазифаҳои ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсентро иҷро карда, 1973-2001 мудири кафедраи хӯрокдиҳии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур буд. Доир ба истеҳсоли хӯроки чорво ва хӯронидани он дар шароити комплекси саноатӣ, беҳтар намудани зоти гӯсфанд зиёда аз сад асару мақола навиштааст. Ҷоизаҳо Осор. |
Абдукарим Машраб | Абдукарим Машраб (Машрабов Абдукарим Ибодуллович; зод. 13 декабр 1983, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, овозхон. Зиндагинома Абдукарим Машраб 13 декабри соли 1983 дар хонадони ҳунарманд Ибодулло Машраб ба дунё омадааст. Дар соли 2001, пас аз хатми Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Малика Собирова, дар факултети овозхони академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идомаи таҳсил карда, онро соли 2007 хатм намудааст. Дар давраҳои донишҷӯияш дар ҷашну арӯсиҳо овозхонӣ кардаву якчанд суруд ҳам сабт намудааст 1. Фаъолият Фаъолияти ҳунариашро ҳамон сол аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз кардааст. Соли 2008 ба факултети актёри театри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад. |

Абдувалӣ Қушматов | Абдувалӣ Қушматов (Қушматов Абдувалӣ Акрамович декабри 1946, ноҳияи Ашт — 15 декабри 2021, Душанбе) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ордени Шараф дараҷаи. Зиндагинома Абдувалӣ Қушматов 5 декабри 1946 дар деҳаи Мулломири ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ). Ассистент, муаллим ва муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи УДТ, аспиранти Институти таърихи ИҶШС АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, дотсент, докторант, профессор кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (аз 2009). Соли 1985 дар мавзӯи "Заминдории вақфи шимоли Тоҷикистон дар солҳои" рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар мавзӯи: "Деҳқонони тоҷик дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 " рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши масоили умумии таърихи дунёи қадиму асрҳои миёна; вақфшиносӣ; муносибатҳои молию пулӣ ва аграрӣ; таърихи деҳқонӣ дар Шарқи Миёна, Осиёи Марказӣ ва Бухорои Шарқӣ дар аҳди қадим ва асрҳои миёна; низоми андозбандӣ ва маҷбуриятҳои деҳқонони тоҷик ва ғайра. Муаллифи чанд китоб, рисола, дастур, барнома ва зиёда аз 190 мақолаи илмӣ. Бо роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Узви Шӯрои олимони ДМТ ва Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ. Ҷоизаҳо Бо ордени Шараф (дараҷаи 2), Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ғайра қадрдонӣ шудааст. Фаъолияти илмӣ Ба қалами Абдувалӣ Қушматов зиёда аз 190 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ таалуқ дошта таълиф шудааст. Осор Даргузашт Абдувалӣ Қушматов баъд аз зуҳри 15 декабри 2021 бар асари беморӣ дар синни 71-солагӣ даргузашт. |
Абдукарим Қосимов | Абдукарим Қосимов (10 марти 1933, деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 19 октябри 1997, Тоҷикистон) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, муҳандис -обёр. Ирригатори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон. Зиндагинома Абдукарим Қосимов 10 маоти 1933 дар деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1956 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Солҳои усто, прораб, прораби калони СМУ-и 3 (ш. Ленинобод). саринжинер, сардори Управленияи сохтмону монтажи 22 (ш. Уротеппа), сардори трести "Тоҷикцединсторой", котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон, котиби партиявии вилояти Қурғонтеппа, сардори иттиҳодияи сохтмонии "Таджикводстрой"-и Вазорати хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон. Аз 7.05.10.1997 директори Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотиии Комиссияи байналдавлатӣ оид ба рушду устувори Бунёди байналмилалии наҷоти Арал. Вакилӣ Дар съездҳои 16-20-уми ҲК Тоҷикистон узви КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11). Мукофоту орденҳо Лаурети мукофоти ленинӣ. Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени "Нишони Фахрӣ", медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Презедиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Гиромидошт Пойгоҳи обкашии ноҳияи Зафаробод ба номи Абдукари Қосимов гузошта шуда, ҳамчунин осорхона-утоқи кории ӯ дар ин мавзеъ ташкил шудааст. Осор. |
Абдукарим Ҳалимов | Абдукарим Ҳалимов (12.05.1947, деҳаи Шаҳбачаи н. Муъминобод – 27.06.2015, шаҳри Кӯлоб) — олим, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Зиндагинома Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакиро хатм намуда, дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба сифати китобдор, раиси Иттифоқҳои касаба, муовини директор ва директор кор кардааст. Солҳои 1999-2010 директори Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, 2011-2012 муовини ректор оид ба таълими шабона буд. Аз соли 2013 то поёни умр вазифаи профессори кафедраи педагогика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлобро адо намудааст. 652 Доир ба афкори педагогии мутафаккирони форс-тоҷик, бахусус ақоиди педагогию башардӯстии Абулқосим Фирдавсӣ, илму маориф дар давраи Сомониён, тарбияи экологии хонандагон, асосҳои психологияи умумӣ ва ғайра қариб ҳафтод таълифот ба табъ расондааст. Осор. |
Абдукарим Қурбонов | Абдукарим Рахимович Қурбонов (11.05.1974, ноҳияи Ваҳдат) — олим, иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Зиндагинома Абдукарим Қурбонов 11 майи соли 1974 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон -ро бо ихтисоси муҳосиб-иқтисоддон хатм намудааст. Баъди хатми донишкада дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. |
Абдукарим Раупов | Абдукарим Раупов (18.04.1949, шаҳри Хуҷанд) - педиатр, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи МАН мактабҳои олӣ. |
Абдукарим Розиқов | Абдукарим Розиқов (1898, Хистеварз, вилояти Суғд — 1937) — ходими давлатӣ ва ҳизбии шӯравӣ, иштирокдори фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Узви ҲКИШ (аз 1918). Зиндагинома Аз оилаи деҳқони камбағал. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд шудааст. Розиқов Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябрро хушнудона истиқбол наму д. Аз аввалин командирони отряди яхтиёриён дар Қистакӯз. Соли 1920 курси 6-моҳаи командир тайёркунии шаҳри Хуҷандро хатм карда, аз аҳолии меҳнаткаши маҳаллӣ отряди ихтиёриён ташкил намуда, бар зидди босмачиён мубориза бурд ва дар торумори дастаи Мадад Махсум ҳисса гузошт. Корнома Солҳои Розиқов раиси Комиҷроияи волости Қистакӯз (ташаббускори аввалин ҳашар, якшанбегиҳои ободонӣ ва сохтмонҳои биноҳои ҷамъиятӣ дар Қистакӯз), солҳои дар корҳои роҳбарӣ дар шаҳру қишлоқҳои шимоли Тоҷикистон (Конибодом, Ашт, Хуҷанд ва ғайра), 1932 раиси "Совхоз трест"-и ҶШС Тоҷикистон, солҳои раиси Комитети иҷроияи шаҳри Душанбе. Депутати КИМ-и СССР, аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон, аъзои бюрои Комитети партиявии шаҳри Душанбе ва аъзои Президиуми КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда буд. |
Абдул Зоҳир | Абдул Зоҳир (23 майи 1910, Пагман 21 октябри 1982) — ходими давлатии Афғонистон. Сарвазири 9-уми Афғонистон, 9 июни соли декабри соли 1972. Дар давраи сарвазирии Абдул Зоҳир вазъи иқтисодии кишвар бадтар шуд (ба сабаби хушксолӣ), эътирозҳои донишҷӯен фаъол шуданд, низоъи ҳукумат ва парлумон афзоиш ефт. Ҳукумат ин мушкилотро ҳал карда натавонист ва истеъфо дод. Соли 1973 сафир дар Ҳиндустон. Худи ҳамон сол, пас аз сарнагун шудани мутлақияти подшоҳӣ, хизмати давлатиро тарк кард. |
Абдукибор Гадоев | Абдукибор Гадоев (10 феврали 1941, деҳаи Зардахами ноҳияи Балҷувон) — тахрихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор. Зиндаигнома Хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб, УДТ. Муаллими кафедраи таърихи КПСС ва иқтисоди сиёсии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, аспиранти УДТ, муаллими калони кафедраи таърихи КПСС ва иқтисодии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, докторанти Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав, дотсент ва мудири кафедараи таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва асосҳои назарияи иқтисодии ДДТТ, мудири кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ДСРТ, декани факултаи таърих ва филология, декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, мудири кафедраи таърихи умумӣ, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа. Аз соли 2012 профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ҳамин донишгоҳ. Муаллифи 2 монография, 3 дастур, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Ҷоизаҳо Бо ордени "Шараф" дараҷаи 2 сарфароз гардидааст. Осор. |
Абдулотӣ Убайдӣ | Абдулотӣ Убайдӣ — ходими давлатии Либия, вазири корҳои хориҷии АСНЛАД дар солҳои 1982-1984 ва 2011. Фаъолияти сиёсӣ Котиби генералии Конгресси умумихалкии ВСНЛАД дар солҳои. Баъд аз соли 1979 то соли 1981 Котиби генералии Конгресси умумихалкии (сарвари давлат) кор кардааст. Дар солхои котиби генералии Комитети Олии халқии ВСНЛАД. Аз соли 1982 то соли 1984 вазири корҳои хориҷӣ ва сафири Либиё дар Тунис ва Итолиё. 31 августи соли 2011 ӯ аз ҷониби нерӯҳои шӯришӣ 3 4 бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои давлатӣ ҳангоми пардохти ҷуброн ба қурбониёни бомбгузории Локерби дар соли 1988 5 боздошт шуд. Моҳи июни соли 2013 додгоҳ ӯро бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом бегуноҳ донист 6. Дар соли 2011 Абдулотӣ пас аз тарки кишвар аз ҷониби Мӯсо Куса дубора ба мақоми раҳбари вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуд. |
Абдуррашид Дӯстум | Абдуррашид Дӯстум — сиёсатмадор ва ҷангсолори узбактабори Афғонистон. Муовини раисиҷумҳури Афғонистон. Ӯ раҳбар ва муассиси Ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон аст, ки дараҷаи моршолро дар Урдуи миллии Афғонистон дорад. Зиндагинома Абдуррашид Дӯстум соли 1954 дар деҳаи Хоҷадукӯҳ шаҳристони Шибирғони вилояти Ҷӯзҷон дар оилаи деҳқони фақир ба дунё омадааст. Падараш узбак, модараш туркман 2. Далелҳои ҷолиб Номи "Дӯстум" дар забони тоҷикӣ ҳамон "Дӯстам" ё "Дӯсти ман" мебошад. |
Абдул Рауф Касим | Абдул Рауф ал-Касим — меъмор, академик ва сиёсатмадори суриягӣ. Сарвазири Сурия дар солҳои 1980-1987. Адабиёт. |
Абдул Раҳмон Халифовӣ | Абдул Раҳмон Халифовӣ (- 14 марти 2009) - сиёсатмадори суриягӣ, сарвазири Сурия (1971-1972 ва 1976-1978). Зиндагинома Соли 1930 дар Димишқ таваллуд шудааст. Офсари ҳарбӣ, муҳандиси қушунҳои зиреҳпуш. Ӯ дар артиши Сурия ва Ситоди генералии он вазифаҳо дошт. Солхои намояндаи Сурия дар ситоди фармондиҳии муттаҳидаи арабҳо дар Коҳира. Соли 1967 сардори шӯъбаи зиреҳпӯши артиши Сурия ва аз соли 1968 сардори шӯъбаи кадрҳои афсарони вазорати дифоъи Сурия буд. Моҳи ноябри соли 1970 вай вазири корҳои дохилии Сурия ва аъзои роҳбарияти минтақавии Бааси Сурия таъин шуд. Генерали дивизион. Сарвазири Сурия аз 3 апрели соли 1971 то 21 декабри соли 1972. 14 марти соли 2009 1 вафот кардааст. |
Абдул Сабур Фарид Кӯҳистонӣ | Абдул Сабур Фарид Кӯҳистонӣ - сиёсатмадори афғон. Аз 6 июли 1992 то 15 августи 1992 сарвазири Афғонистон буд. Аввалин сарвазири Давлати Исломии Афғонистон баъди барҳам додани Ҷумҳурии Афғонистон. Кӯҳистонӣ дар замони ҷанги дохилии кишвар байни гурӯҳҳои даргир пас аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ дар мақоми нахуствазир буд. узви ҳизби тундрави исломии Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр 1, ки дар мавқеъҳои зиддиғарбии худ алайҳи ҳукумати раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай истода буд. Дар солҳои охири умраш узви Сенати порлумони Афғонистон аз вилояти Кописо, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар. 2 майи соли 2007 дар наздикии хонааш дар Кобул ҳангоми ба намозхонӣ рафтанаш ба масҷид 2 аз ҷониби шахси ношинос кушта шуд. Сабаби содир кардани ҷиноят маълум нест. |
Абдураҳим Ғафурзай | Абдул Раҳим Ғафурзай ё Абдураҳим Ғафурзай (1947 – 21 августи 1997) сиёсатмадор ва дипломати афғон буд. Ӯ аз қавми пашту буда, аз қабилаи Муҳаммадзай аст 1. Вай дар вазифаи сарвазири Афғонистон ва вазири корҳои хориҷӣ кор кардааст.Абдураҳим Ғафурзай соли 1947 таваллуд шудааст. Дар солҳои 1970-ум ӯ ба Хадамоти хориҷии Афғонистон пайваст. Вай ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои намояндагии маъмурияти сиёсии аз тарафи Иттиҳоди Шуравӣ дастгирӣшаванда фиристода шуд. Ғафурзай ҳамчун сафири СММ дар Созмони Милали Муттаҳид вазифаи худ медонист, ки аз шарикони ҷаҳонӣ даъват кунад, ки вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979-ро маҳкум кунанд. Аз он вақт то соли 1992 ӯ барои ташвиқи мухолифати байналмилалӣ ба режиме, ки Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон насб кардааст, кор кардааст. Вақте ки Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар соли 1992 суқут кард, Ғафурзай ҳамчун миёнарав барои муттаҳид кардани ҷиноҳҳои рақиби мушоҳидин баромад кард. Вай то соли 1995 дар Созмони Милали Муттаҳид кор кард, муовини вазири умури хориҷаи кишвар шуд. Пас аз он дар моҳи июли соли 1996 вазири умури хориҷа шуд 2. Ғафурзай то 11 августи соли 1997 вазири умури хориҷаи Афғонистон буд. 11 августи соли 1997, ҳамагӣ даҳ рӯз пеш аз маргаш, сарвазири ҳукумати Давлати Исломии Афғонистон таъин шуд. Ӯ 21 августи соли 1997 бар асари суқути ҳавопаймо дар вилояти Бомиён даргузашт, ки дар он ҷо мехост бо иттифоқчиён дар бораи ташкили кобинаи вузарои хеш музокира кунад. |
Абдул Кабир | Муҳаммад Абдул Кабир (пушту) — узви Толибон. Иҷрокунандаи вазифаи муовини сеюми сарвазири Афғонистон оид ба масъалаҳои сиесӣ аз 4 октябри Соли 2021 қаблан ӯ иҷрокунандаи Вазифаи сарвазири Нахустин Аморати Исломии Афғонистон аз 16 апрели Соли 2001 то 13 ноябри Соли 2001 ва аз 17 май то 17 июли Соли 2023 буд. Абдулқодир вазифаи иҷрокунандаи вазифаи сарвазирро аз 17 май то 17 июли соли 2023 иҷро мекард, Дар ҳоле Ки Ҳасан Ахунд аз беморӣ шифо меефт. 1. |
Абдул Салам Харсийев | Абдул Салам Султанович Харсийев — футболбози русӣ, муҳофиз. |
Subsets and Splits
No community queries yet
The top public SQL queries from the community will appear here once available.