title
stringlengths
0
138
content
stringlengths
12
102k
Абдулло Навҷувонов
Абдулло Навҷувонов (Навҷувонов Абдулло Шанбиевич июли 1965, ҶШС Тоҷикистон) — генерал-майори милитсия Зиндагинома Абдулло Навҷувонов 10 июли соли 1965 ба дунё омадааст. Маълумоташ олии — ҳуқуқӣ. Хидмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз 24 июни соли 1991 1. Фаъолият Муовини сардори шуъбаи молияи РКД-и ВМКБ, сардори ШКД, сардори ШКҶ РКД-и ВМКБ, дар Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кардааст. Сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ. Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Абдулло Навҷувонов аз 24 январи соли 2020 ба вазифаи сардори РВКД дар вилояти Суғд таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст. Ҷоизаҳо.
Абдулло Кулобиев
Абдулло Нишанбаевич Кулобиев (8.01.1977, ноҳияи Панҷ) — омӯзгори забони номзади илмҳои филология. Зиндагинома Абдулло Кулобиев хатмкардаи факултаи филологияи руси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Солҳои 2002-2008 ассистент ва муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти муосири руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2012-2014 унвонҷӯи донишгоҳи номбурда ва муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони Рисолаи номзадиро дар мавзуи "Структура и семантика номинативних предложений в русском и таджикском языках" дифоъ намуда, аз 2018 инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Осор Пайвандҳо Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Абдулло Раҳимов
Абдулло Раҳимов (1 июни 1932, ноҳияи Ҳоит, вилояти Ғарм — 30 июли 2010, Душанбе) — файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор. Зиндагинома Соли 1951 Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм, соли 1953 Донишкадаи муаллимтаёркунии ш. Кӯлоб ва соли 1957 Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои инспектори шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб, директори мактаб-интернати собиқ ноҳияи Обигарм, аспиранти Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, ректори Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб буд. Солҳои дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кор кардааст. Солҳои мушовири ректор ва профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Фаъолияти илмӣ Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, инкишофи маданияти халқи тоҷик, проблемаи инсон ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Таҳти роҳбарияш 2 нафар рисолаи докторӣ ва 8 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Осор.
Абдулло Ғафуров
Абдулло Ғафуров (Абдулло Мутилоевич Ғафуров июни 1964, Ҷамоати деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии ҶШС Тоҷикистон) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих. Дорандаи ордени "Шараф". Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Зиндагинома Абдулло Ғафуров соли 1984 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1989 онро бо муваффақият хатм намуд. Соли 1989 бо даъвати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Акаадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷо ба кор омада, то имрӯз фаъолият дорад. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ кор кардааст. Аз 1 январи соли 1999 то сентябри 2015 вазифаи мудири шуъбаи таърихи муосир ва аз сентябри соли 2015 то соли январи 2023 вазифаи ҷонишини директор оид ба илми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва сипас ҳамчун ходими илмӣ фаъолият дорад. 1 Фаъолияти илмӣ Соли 1998 рисолаи номзадии илми таърихро дар мавзӯи "Фаъолияти Кумитаҳои инқилобии Тоҷикистон (1917 – 1924)" дар Шӯрои дифоъи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Пайваста дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат менамояд. Аз ҷумла дар конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Бишкек, Москва, Санкт-Петербург, Кишинев, Ереван, Алматы, Ташкент, Минск, Исыккул, Санкт-Петербург, Белгород, Москва, Боку, Москва, Минск, Москва, Остона, Тошканд доир ба масоили гуногуни таърихи муосири Тоҷикистон ва ИДМ маърӯза намудааст. Осор Мукофотҳо ва ҷоизаҳо.
Абдулло Раҳмонзода
медали "Хидмати шоиста" Абдулло Раҳмонзода (Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ феврали 1983, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, ҳуқуқшинос ва давлатмарди тоҷик, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ 1. Зиндагинома Абдулло Раҳмонзода 21 феврали соли 1983 дар ноҳияи Фархор дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст 2. Соли 2005 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор хатм кардааст. Корнома Солҳои ассистент, муаллими калони кафедраҳои "Ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ", "Ҳуқуқи иқтисодӣ"-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои аспиранти шуъбаи ғоибонаи Институти "Давлат ва ҳуқуқ"-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузорӣ, солҳои ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси ташкилоти ҷамъиятии "Созандагони Ватан", солҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар солҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд 3. Аз 16 январи соли 2024 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шудааст 4. Ҷоизаҳо.
Абдулло Орипов
Абдулло Неъматович Орипов — арбоби давлатии Ӯзбекистон, чорумин Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 декабри соли 2016 1. Зиндагинома 24 майи соли 1961 дар пойтахти ҶШС Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Соли 1983 Донишкадаи электротехникии алоқаи Тошкандро хатм кардааст. Ихтисос — иуҳандиси барқ. Аз соли 1983 то соли 1992 дар стансияи телефону телеграфии Тошканд ба сифати муҳандиси барқии дараҷаи 1 кор кардааст. Сипас то соли 1993 сармутахассиси Вазорати алоқаи Ӯзбекистон. Аз соли 1993 то соли 1995 дар вазифаи муовини директори ширкати тиҷорати хориҷии "Узимпексалоқа" кор кардааст. Муддати кӯтох сардори шуъбаи сохтмону таъминоти Вазорати алоқаи ҶШС Ӯзбекистон, шуда кор кард. Аз соли 1995 то соли 1996 дар вазифаи директори генералии КМ "ТашАфиналАЛ" кор кардааст. Сипас як муддати кӯтоҳ дар вазифаи сардори Раёсати хусусигардонӣ ва рушди рақобати Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Соли 1997 дар Агентии почта ва телекоммуникатсия Ӯзбекистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 2000 дар вазифаи директори Фонди дастгирии давлатии рушди почта ва телекоммуникатсия кор кардааст. Солҳои 2000-2001 дар вазифаи муовини аввали директори генералии Агентии почта ва телекоммуникатсияи Ӯзбекистон фаъолият намудааст Аз 15 августи соли 2001 дар вазифаи директори генералии Агентии почта ва телекоммуникатсияи Ӯзбекистон кор кардааст. Соли 2002 ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин мегардад. 22 августи соли 2012 ӯ аз мақоми муовини нахуствазир барканор шуд (он вақт расонаҳо барканории ӯро бо низоъе, ки дар атрофи ширкати мобилии МТС-Ӯзбекистон, "духтар"-и ширкати русии МТС сар зад, рабт медоданд 2). Аз моҳи августи соли 2012 то сентябри соли 2016 дар Коллеҷи алоқаи шаҳри Тошканд ба ҳайси омӯзгори калон кор кардааст. Аз 14 сентябри соли 2016 и.в. Президенти Ӯзбекистон бо фармони хеш А. Орипов ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин мегардад. 3. Дар сари хукумат 12 декабри соли 2016 дар анҷумани Ҳизби ҳокими Либерал-Демократии Ӯзбекистон номзадии А. Орипов ба мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбарӣ карда шуд. 4 ва аз ҷониби Палатаи қонунгузор ва Сенати Олийи Маҷлис 14 декабри соли 2016 тасдиқ карда шуд. 5. Оила Оиладор, соҳиби панҷ духтар. Унвонҳо Орипов номзади илмҳои иқтисодӣ, унвони дотсент дорад. Мукофотҳо.
Абдулло Назрӣ
Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Абдуллоҳи Назрӣ (ҳанг. Абдулло Назриев сентябри 1930, ноҳияи Дарвоз — 5 марти 2006, Душанбе) — сароянда и тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон. Саргузашт Абдуллоҳи Назрӣ 20 сентябри соли 1930 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст ва аз пайравони мактаби хонандагии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб буд. Ӯ соли 1954 аз Дарвоз ба шаҳри Сталинобод даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Яккахони ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Яккахони коллективҳои мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ аз ҷумла ансамбли шуҳратёри "Шашмақом" (аз 1965) ва то охири ҳаёт фаъолият дошт. Даргузашт Абдулло Назрӣ 5 марти соли 2006 дар сини 76-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт 1. Фаъолияти эҷодӣ Санъати мусиқӣ ва сурудро аз падараш – Назрихӯҷа, сипас аз ҳофизони маҳаллӣ Саидамир Бобӣ, Суръат, Акашариф Ҷӯраев омӯхта, ҳамчунин аз сабти патефонии (қартагии) Ҳоҷӣ Абдулазиз, Мулло Тӯйчӣ ва дигарон баҳра бурдааст. Иҷрокунандаи осори мусиқии мардумӣ ("Нигорам", "Сиёҳчашм", "Дилбари ман", "Санам", "Мустазод", "Мискин" ва ғайра), муаллифи сурудҳои зиёд ("Асри ман", "Халқи бузургворам", "Меҳри Ватан" ва ғайра) ва сюитаҳои рақсӣ ("Таронаҳои меҳнат", "Биё ёрам", "Мурғи саҳар", "Шашзарб" ва ғайра). Чанд шогирди боистеъдод тарбия кардааст (Исмоил Назрӣ, Давлат Назрӣ, Н. Суфиев ва дигарон). Ба ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар репертуараш сурудҳо дар васфи Ватан, сулҳ: "Асри ман" (М. Турсунзода), "Халқи бузургворам" (Б. Раҳимзода), "Меҳри Ватан" (М. Фарҳат) ва ғ., сурудҳои халқию классикии "Нигорам", "Сиёҳчашм", "Дилбари ҷон", "Санам", "Мустаҳзод", "Мискин", "Роғ" ва ғ. дар иҷрои Абдулло Назрӣ хеле хуб иҷро шудаанд. Ӯ муаллиф ва басаҳнагузорандаи силсилаи сюитаҳои рақсист, ки "Таронаҳои меҳнат", "Биё ёрам", "Мурғи саҳар", "Шашзарб" аз қабили онҳоянд. Садои баланду ширадор ва марғулавии Н. ҳангоми авҷи сурудҳояш баръало ҳувайдо мегардид. Абдуллоҳ Назрӣ дар якчанд созҳои халқӣ ҳунарнамоӣ мекард, вале бештар ба сози сетор рағбат дошт. Абдулло Назрӣ иштирокчии Фестивали умумииттифоқии ҷавонон ва студентон (Москва, 1956, лауреат); Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва, Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон (Москва, 1957) буд. Иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987). Ба Афғонистон ва Эрон сафари ҳунарӣ кардааст. 2 Ҷоиза ва унвонҳо азовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Бо ордени "Нишони Фахрӣ", медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст. 2 Гиромидошт Эзоҳ Видео.

Абдулло Табарӣ
Табарӣ Абдулло Ҳабибулло — олим, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зиндагинома Табарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 феврали соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1985 Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣро хатм кардааст. Ихтисос математик-физик. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор. Бо ҷоизаи баноми Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 1998) мукофотонида шудааст 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. низ.
Абдулло Султон
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулло Султон (Султонов Абдуллоҳ Қӯзихонович апрели 1955, деҳаи Меҳнатобод, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон — 10 сентябри 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони маъруфи тоҷик, асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Абдулло Султон 15 апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст 1. Соли 1977 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Фаъолияти ҳунарӣ Пас аз чанд соли фаъолият дар радио фаъолияти хешро дар Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Баъд аз чанд муддати фаъолият дар ансамбли "Шашмақом" ба Ансамбли давлатии "Дарё"и кумитаи зикриномрафта гузариш менамояд ва то охири умр овозхони ансамбл мазкур буд 2. Шодравон Абдулло Султон тавонист дар баҳри беканори санъати мусиқӣ ҳамчун ғаввоси моҳир ғўтта зада, аз қаъраш дурру гуҳари фаровон ба каф орад ва ба мардум расонад. Сурудҳои яғнобӣ Абдулло Султон бунёдгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд мавсуф ба Яғнобу мардуми он ҳеҷ иртибот надошт, дар дилаш ба эҷодиёти даҳонии ин минтақаи суғдзоди кишвар меҳру муҳаббат ҷўш зад ва навоҳои яғнобиро вирди забонҳо гардонд: Сурудҳои дигар "Тоҷикистон", "Рўди Сир", "Зулфи мушкин", "Муҳаббат", "Наврӯзӣ", "Корвон", "Бо чашми наку", "Васфи чӯпон", "Дилором", "Сайри бўстон", "Падар", "Зуд бирафтӣ", "Пайғом", "Рӯ аз ту нагардонам", "Боғи Фирдавс", "Чобуксаворо", "Эй шамсу қамар", "Панд", "Бунафша", "Зиндонии хаёл", "Лолаи ман", "Дўстӣ", "Афсўс", "Нигоҳ" ва ғайра Нигаред.
Абдулло бини Азиз
Абдулло бини Азиз - вазири давлати Сомониён. Дар китоби "Осор ул-вузаро" - и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати вазири сулолаи Сомониён, чунин маълумоте оварда нашудааст: "Дар таърих мазкур аст, ки аз мутахаввирони вузаро ва гарданкашии кубаро буд. Бо ал-Утаба дар ғояти муодот ва муноқиша буд ватадбироти эшонро мекард. Дараввали вазорати Хисом ад-давла Ҳусайн Утбӣ буд, мавфуд кард ва иборати лашкар ба вилояти Хуросон ба Абдулҳусайни Симҷурӣ дод. Тош гурехта ба Гургон рафт. Баъж аз чанд вақт Абдулло Азизро ба вазорат маоф дошта Абунаср бини Ал-вазирро вазорат доданд." 1 Дар китоби "Осор ул-вузаро" - и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати вазири сулолаи Сомониён, чунин маълумоте оварда шудааст, ки Абдулло бини Азиз аз уҳдаи идораи вазорат набаромадааст ва аз вазирӣ дур карда шудааст.
Абдулло Субҳон
Абдулло Субҳон, соҳиби унвони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон", барандаи медали "Шуҳрат" дар Ӯзбекистон. Зиндагинома Абдулло Субҳон 2 марти соли 1955 дар дар хоҷагии ҷамоавии "Ғалаба"-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба дунё омадааст. Деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато (вилояти Навоии Ӯзбекистон), ки дар ашъораш аз он бисёр ёд кардааст, зодгоҳи падару бобоии ӯст. Падару модараш бобои Амонуллоҳ ва момои Таскина инсонҳои одии зиндагидӯст будаанд, ки бо касбу кори хоксоронаи деҳқонӣ фарзандони худро неку хуб ба камол расондаанд. Абдулло Субҳон мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Садриддин Айниро соли 1972 дар зодгоҳи худ хатм кардааст. Сипас ба муддати чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд таълим гирифтааст. Ҳоло шоир бо хонаводааш дар шаҳри Тошканд иқомат дорад. Дар зиндагии муштарак бо ҳамсари худ – Қурбонгул се писару як духтарро (Ҳаким, Карим, Паймон ва Таҳмина) тарбият дода бузург кардаанд, ки онҳо имрӯз бо фарзандонашон меҳрубону ғамхори падару модар ҳастанд. Фаъолияти корӣ Абдулло Субҳон пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар мактаби миёнаи рақами 9 хоҷагии ҷамоавии Карл Маркси (ҳоло ба номи Қодирқул Султонов) ноҳияи Сайҳунобод аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Азбаски ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ маъолаю шеърҳои ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба табъ мерасиданд, маҳорати хоманигориашро ба инобат гирифта, дар соли 1989 маъмурияти рӯзномаи "Овози тоҷик" ӯро ба кор даъват мекунад. Шоир то ба имрӯз дар ҳамин идора ба ҳайси мудири бахши адабиёт ва ҳунар машғул аст. Фаъолияти эҷодӣ Дӯстдорони каломи ноби шоирон ва аҳли адаб хуб медонанд, ки дар байни форсисароёни Ӯзбекистон Абдулло Субҳон мақоми босазо дорад. Ӯ бар замми тааҳҳудоти худ ва навиштани шеър бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд. Суханаш ҷаззоб, рангин, пур аз тамсил ва тозапардозӣ, ошиқона ва то ҷое орифона аст. Ҳоло шеъри тоҷикӣ ҳам дар шаклҳои суннатӣ ва ҳам бо усули нав (мисли "шеъри сафед") гуфта мешавад. Агарчи Абдулло Субҳон шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ аст, ӯ дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ҳадафи худро ба курсӣ нишондааст. Аз навиштаҳояш пайдост, ки ҳеч гуна шакли шеърӣ дар баёни фикру андешаҳояш банд намеандозад. Шоир на танҳо аз ин ё он шакли шеърӣ парҳез намекунад, ҳатто саъйаш бар он аст, ки ба ҳар шакле бо шеваи тозатар сухан гӯяд. Ҳини мутолиаи дафтарҳои шеърии ӯ дар назари аввал барои хонанда чунин менамояд, ки эҷодкор мехоҳад ҳар падидаи атроф, ба хусус, зуҳуроти табиатро бо тамоми вижагиҳояш, бо он ҳама шаклу таровате, ки дорад, тасвир намояд, аммо ин тавр нест. Хонандаи закӣ ва борикбин бо як баррасии ҷиддӣ ва бо назари амиқтар метавонад дарёбад, ки манзури шоир баёну маълум сохтани зуҳуроти ба чашм бархӯрда нест, балки бо ин васила мехоҳад розҳои зиндагӣ, дарду талошҳои одамон, ҳиссиёт ва орзуҳои ҳамешагии бани башар, ниёишҳои ниҳонии қалбҳои хасташуда, эҳсосоти шӯрангез ва дар айни ҳол пинҳони аҳли дардмандро ифшо намояд. Адабиётшинос Султонмурод Олим дар мақолаи илмӣ-интиқодии худ "Дунёи дили шоир" ("Овози тоҷик", 02.03.2005) аз ҷумла овардааст: "Дар шеърҳояш колорити миллӣ ҳаст, дилаш аз ишқи ватан ҷӯш мезанад. Мисол, дар бораи абрӯ то имрӯз бисёр шоирон навиштаанд, шояд дар Ғарб низ чунин бошад. Вале дар шеъри "Бо абрӯ имоям кунӣ" шоир аввал абрӯи моҳи нави болои масҷидро ба забон меоварад, сипас ба маъшуқа арз мекунад, ки "бар боми масҷиди сухан ман моҳи абрӯят задам".. Шоир дар ин ҷо орзуеро баён мекунад, ки ба хаёли ҳеч кас намеояд: Абрӯи ту оро диҳад хоҳам сари гӯри маро. Шабҳо тамошояш кунам, бо абрӯ имояш кунам, Ин гуна сатрҳоро касе рӯйи коғаз рехта метавонад, ки аз сеҳри сухани шоирони классик огоҳ бошад". Абдулло Субҳон, гузашта аз шоирӣ, ҳамчун рӯзноманигори серпаҳлӯ фаъолияти пурсамар дорад. Дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳои бешумор навиштааст. Осори назмӣ ва насрии эҷодкорони ӯзбек ва тоҷикро ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума мекунад. Дафтарҳои шеър Ба ғайр аз ашъори парокандае, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳои мухталиф ба табъ расидаанд, маҳсули хоманигории шоир Абдулло Субҳон тавассути китобҳои "Мушки субҳ" (Душанбе, "Адиб", 1988), "Нидои сарбадор" (бо алифбои Тошканд, "Ҳоҷӣ Сотимхон", 1992), "Уфуқи пиндор" (Тошканд, "Меҳнат", 2000), "Гарди анҷум" (Тошканд, "Ӯзбекистон", 2007) ва "Марзи хуршед" (Тошканд, " ", 2015) ба дасти хонандагон расидааст.
Абдулло Яъқубов
Абдулло Яъқубов (16.05.1932 – 2003, Хуҷанд) — пизишки муолиҷакунанда, доктори илмҳои тиб, профессор. Аълочии нигоҳдории тандурустии ИҶШС. Зиндагинома Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. Ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти Тоҷикистон, унвончуи Пажуҳишгоҳи беҳдошти АИ ИҶШС ва Пажуҳишгоҳи беҳдошти меҳнат ва бемориҳои касбии ш. Киев, мудири ташхисгоҳ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошт, мудири кафедраи зообеҳдошти Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, мудири кафедраи беҳдошти умуми ва иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мудири кафедраи беҳдошти умуми ва иҷтимоии БХ ДДТТ. Фаъолияти илмӣ Муаллифи бештар аз 140 асари илми ва илмию методи. Ташкилкунанда ва иштироккунандаи як қатор ҳамоиш ва конфронсҳои байналхалқӣ оид ба масоили беҳдошт ва токсикологияи нестетсидҳо. Осори илмӣ Пайвандҳои беруна.
Абдулло Тангриев
Тангриев Абдулло Товашевич, вилояти Сурхандарё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — ҷудукор ва курашкори узбак. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар куштии ҷуду ва кураш 2. Қаҳрамони мутлақи ҷудуи ҷаҳон. Барандаи нишони нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Пекин), барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон (2003, 2005, 2009), Қаҳрамони панҷкараи ҷудуи Осиё (2003, 2005, 2007, 2008, 2011), қаҳрамони кураши ҷаҳон 2005 года 3. Корномаи варзишӣ Абдулло Тангриев 28 марти соли 1981 дар вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст. Аз синни 10-солагӣ ба тамрини ҷуду ва кураш шурӯъ кард. Аз соли 1991 ӯро мураббии шоистаи Узбакистон Владимир Пятаев тамрин медиҳад. Вай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ якчанд ғалаба ба даст овардааст. Дар 19-солагӣ ба ҳайати дастаи олимпии Узбакистон дохил карда шуд. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2000 дар Сидней ба Тангриев муяссар шуд, ки дар ду рақобат ғолиб ояд. Соли 2001 Тангриев дар Қаҳрамонии ҷудуи Узбакистон ғолиб омад. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин соли 2008 ба Тангриев муяссар шуд, ки дар вазни беш аз 100 кг ба даври ниҳоӣ бирасад ва дар он ҷо бо ҷудукори ҷопонӣ Сатошӣ Ишиӣ рақобат кунад. Дар ҷараёни мубориза ҳарду паҳлавон ягон партофт ё дигар амали арзёбишударо иҷро накарданд. Ғалаба ба япониҳо барои фаъолии бештар дода шудааст. Ҷоизаҳои давлатӣ.
Абдулло Раҳимбоев
Абдулло Раҳимбоев (1 июн 1896, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон — 7 май 1938, Маскав) — инқилобчии ӯзбек, сиёсатмадор, ходими ҳизбии ҲК Итттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун миллатчии буржуазӣ дар ИҶШС қатл карда шудааст. Зиндагинома Абдулло Раҳимбоев 1 июни соли 1896 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи бозаргон ба дунё омада аст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас солҳои дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии Самарқанд, семинарияи омӯзгории Тошканд таҳсил карда, муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ карда, сипас ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ мешавад. Вай яке аз бунёдгузорону раҳбарони Шӯрои коргарони мусулмони Хуҷанд буд. Соли 1919 узви Ҳизби Коммунисти болшевикҳои Русия (ҲКР (б)) ва котиби комиҷроия дар шаҳри Мирзочӯл таъйин шуд. Солҳои вай котиби кумитаи ҳизби коммунисти уезди Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Самарқанд буд. Солҳои раиси КИМ ҶШС Туркистон, котиби КМ ҲК Туркистон (октябри 1920 то июни 1923), узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР, 1923 - 1924 котиби якуми КМ ҲК Бухоро, котиби дуюми КМ ҲК Туркистон ва аз майи 1922 то сентябри 1926 узви Шурои инқилобӣ-низомии Фронти Туркистон буд. Раҳимбоев яке аз имзокунандагони Паймони таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ дар 30 декабри 1922 буд. Соли 1923 ӯ узви ҳайъати нави КМ ҲКРусия (б) интихоб нашуд ва ӯро котиби КМ Ҳизби коммунистии Бухоро (аз июл то ноябри 1923) таъйин карданд ва сипас котиби дувуми КМ ҲК Туркистон шуд. Пас аз бунёди ҶШС Узбекистон, Раҳимбоев котиби КМ ҲК (б) Ӯзбекистон (аз декабри 1923 то декабри 1925) интихоб шуд. Аз майи 1924 то декабри 1925 дубора номзадияшро барои узвият дар КМ ҲКИШ(б) пешниҳод карданд, аммо сипас аз ҳама симатҳо барканораш карда барои таҳсил дар курсҳои марксизм-ленинизм дар Академияи коммунистӣ ба Маскав фиристоданд (аз октябри 1926 то июни 1928). Вай дар солҳои раиси Раёсати Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС, аъзои коллегия ва раиси комитети ақаллиятҳои миллии Комиссариати халқии маорифи ҶШФСР ва солҳои раиси Шӯрои комиссариони халқи ҶШС Тоҷикистон ва ҳамзамон яке аз раисони КИМ ИҶШС буд. Вакили анҷуманҳои — ва ҲКР (б), бисёр конференсияҳои ҳизбии Иттиҳоди Шуравӣ буд. Дар анҷумани ва ҳизби коммунист номзади узвият дар КМ ҲКР (б) дар анҷумани ин ҳизб узви Дафтари КМ ҲКР (б) дар Осиёи Миёна, узви Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Вай ҳамчунин узви КИМ ИҶШС дар даъватҳои ва буд. Дорандаи чандин нишон, аз ҷумла (Орден) Нишони Ленин ва Нишони Байрақи Сурх будааст. 1 Тобистони соли 1937 аз симати раиси Шӯрои нозирони халқи ҶШС Тоҷикистон барканор ва аз узвият дар ҲКИШ(б) ихроҷ карда шуд. Моҳи августи 1937 дар Сталинобод боздошт ва ба Маскав фиристода шуда дар зиндони Лефортово бандӣ буд. 7 майи 1938 бино бар ҳукми Ҳайъати низомии Додгоҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳкум ба марг ва дар Бутово парронда шуд. Соли 1956 парвандаашро дубора баррасӣ карда ӯро бегуноҳ бароварданд ва узвияташро дар ҲКИШ барқарор карданд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Абдулло Раҳимбоев: Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Файзулло Хочаев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд. Некдошт Нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст.:.13484--------. Бойгонӣ шудааст 8 июни 2017 сол.
Абдулло Қурбонов
Абдулло Қурбонов (Қурбонов Абдулло Убайдуллоевич; зод. 17 сентябр 1985, Душанбе) — бонкдор, яке аз бунёнгузорон ва собиқ роҳбари Алиф Бонк 1. Зиндагинома Абдулло Қурбонов 17 сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2002 Литсейи тоҷикӣ-туркии Душанберо хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи Босфори Туркияро бо ихтисоси менеҷмент хатм ва ду сол дар магистратураи Донишгоҳи иқтисодии Лондон таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил як муддат дар Британияи Кабир ва Муғулистон ба ҳайси таҳлилгари Бонки кор кард. Солҳои муовини раиси "Ориёнбонк" буд. Соли 2014 бо чанд нафари дигар муассисаи молии "Алиф Сармоя"-ро таъсис дод, ки ҳоло номи "Алиф-Бонк"-ро дорад ва аз ҳамон сол то соли 2022 мудираш буд. Аз моҳи ноябри соли 2022 ӯро Гуланор Атобек дар ин вазифа иваз кард. 2 Ӯ ҳамчунин яке аз муассисони тарҳи "." ва бунёди хайрияи "Пешрафт" низ дониста мешавад 3. Хонавода Абдулло Қурбонов ҳамсар ва 3 фарзанд дорад 4.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Дар муассисаҳои нашаротии "Ирфон"-у "Маориф", Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Фаъолияти эҷодӣ Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд. Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ "Риштаи тасвир", "Хандаи субҳ", "Боргоҳи ишқ", "Чамани хаёл", "Оби нуқра", "Айёми гул", "Гулшани роз" (ба ҳуруфи 1992), "Баҳои ҷон", "Сабзаи мижгон", "Сукути гиряҳо", "Меҳроби сухан" ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби "Саодати омӯзгор" гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд 1. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд 2. Унвони ҷоизаҳо Даргузашт Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Дар муассисаҳои нашаротии "Ирфон"-у "Маориф", Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Фаъолияти эҷодӣ Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд. Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ "Риштаи тасвир", "Хандаи субҳ", "Боргоҳи ишқ", "Чамани хаёл", "Оби нуқра", "Айёми гул", "Гулшани роз" (ба ҳуруфи 1992), "Баҳои ҷон", "Сабзаи мижгон", "Сукути гиряҳо", "Меҳроби сухан" ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби "Саодати омӯзгор" гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд 1. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд 2. Унвони ҷоизаҳо Даргузашт Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт.
Абдулло Ғафуров
Абдулло Ғафуров (Абдулло Мутилоевич Ғафуров июни 1964, Ҷамоати деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии ҶШС Тоҷикистон) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих. Дорандаи ордени "Шараф". Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Зиндагинома Абдулло Ғафуров соли 1984 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1989 онро бо муваффақият хатм намуд. Соли 1989 бо даъвати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Акаадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷо ба кор омада, то имрӯз фаъолият дорад. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ кор кардааст. Аз 1 январи соли 1999 то сентябри 2015 вазифаи мудири шуъбаи таърихи муосир ва аз сентябри соли 2015 то соли январи 2023 вазифаи ҷонишини директор оид ба илми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва сипас ҳамчун ходими илмӣ фаъолият дорад. 1 Фаъолияти илмӣ Соли 1998 рисолаи номзадии илми таърихро дар мавзӯи "Фаъолияти Кумитаҳои инқилобии Тоҷикистон (1917 – 1924)" дар Шӯрои дифоъи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Пайваста дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат менамояд. Аз ҷумла дар конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Бишкек, Москва, Санкт-Петербург, Кишинев, Ереван, Алматы, Ташкент, Минск, Исыккул, Санкт-Петербург, Белгород, Москва, Боку, Москва, Минск, Москва, Остона, Тошканд доир ба масоили гуногуни таърихи муосири Тоҷикистон ва ИДМ маърӯза намудааст. Осор Мукофотҳо ва ҷоизаҳо.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Дар муассисаҳои нашаротии "Ирфон"-у "Маориф", Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Фаъолияти эҷодӣ Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд. Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ "Риштаи тасвир", "Хандаи субҳ", "Боргоҳи ишқ", "Чамани хаёл", "Оби нуқра", "Айёми гул", "Гулшани роз" (ба ҳуруфи 1992), "Баҳои ҷон", "Сабзаи мижгон", "Сукути гиряҳо", "Меҳроби сухан" ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби "Саодати омӯзгор" гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд 1. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд 2. Унвони ҷоизаҳо Даргузашт Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт.
Абдуллогӣ
Абдуллогӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (то м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 4536 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, тӯр-тӯри сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лӯнда (вазнаш г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергӯшт. Донакаш калон-калон (вазнаш 3,,5г), паҳн; мағзаш пурра ва ширин. Баъди пухтан % қанд ва 0,,9 % туршӣ дорад. Ниҳолаш пас аз соли шинонидан самар меорад (тақрибан сол мева медиҳад). Аз дарахти 90-солааш 120 кг ҳосил ғундоштан мумкин аст. Ҳосилашро тар мехӯранд, хушконида ғӯлинг мекунанд. Ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Дар заминҳои санглох ва нишебиҳо хуб месабзад. Абдуллогӣ навъи зардолуи нодири водии Зарафшон буда, дарахтони ҷудогонааш дар деҳаҳои Работ, Урметану Рарзи ноҳияи Айнӣ ва баъзе деҳаҳои ноҳияи Масчо дучор меояд. Аз касалиҳои занбӯруғӣ ва ҳашароти зараррасон зарар мебинад.
Абдулло Ҷин
Абдулло Ҷин — кошикори тоҷик (асрҳои 19 – 20). Кошикорӣ Ҳавлии сангини Хева, Мақбараи Паҳлавон Маҳмуд ва деворҳои дохилӣ ва берунии Арки Кӯҳна (қабулхона ва масҷиди айвондор)-ро кошикорӣ кардааст. Дар кошикорӣ услуби хос дошт. Нақшҳои "гиреҳ" ва "сӯзана"-и дар кошикорӣ истифодабурдаи ӯ ҷолиби диққатанд.
Масрур Абдуллозода
Абдуллозода Масрур Аҳмад (Абдуллоев Масрур Аҳмадович; зод. 7 июн 1966, Душанбе) — омӯзгор, рӯзноманигор ва донишманди тоҷик, доктори илмҳои филология 1, профессор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Абдуллоев, Музаффар Мансурович
Музаффар Абдуллоев (Абдуллоев Музаффар Мансурович (6 июни 1967, Конибодом) — арбоби низомӣ, генерал-майор. Зиндагинома Хатмкардаи Донишкадаи олии ҳарбии автомобилии шаҳри Уссурийск ва Академияи ҳарбии автомобилии Россия. Солҳои 1988 – 92 сардори шуъбаи худрав дар қисмҳои низомии Иттифоқи Советӣ (Ленинград), 1992 – 93 командири рота дар Артиши Тоҷикистон, 1993 – 95 сардори шуъбаи автомобилии Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон, 1995 – 97 муовини командир ва командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, 2001 – 05 сардори Ситоди қӯшунҳои хушкигард, муовини вазири мудофиаи ҶТ, 2005 – 06 сардори раёсати Вазорати мудофиаи ҶТ, 2006 – 07 муовини раиси Комитети давлатии сарҳади ҶТ, 2007 – 08 сардори раёсати Комитети давлатии амнияти миллии ҶТ, 2008 – 2010 сардори шуъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ. Аз соли 2010 нафақагир.
Абдулло Қаҳҳор
Абдулло Қаҳҳор (17 сентябри 1907, Ашт — 25 майи 1968, Маскав; мадфун дар қабристони Чиғатойи Тошканд) — нависандаи узбек. Раиси Правленияи ИН Ӯзбекистон. Зиндагинома Факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Фаъолияти эҷодиаш соли 1924 аз таълифи ҳаҷвияҳо ва новеллаҳо оғоз ёфтааст. Дар рушди новелла саҳми арзанда дорад. Фаъолияти эҷодӣ Солҳои 30 садаи маҷмӯаҳои ҳикоёти "Ҷаҳон ҷавон мешавад".
Файзулло Абдуллоев
Файзулло Абдуллоев (30 октябри соли 1946) — ҳуқуқшинос, ходими давлатӣ, собиқ Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири адлияи Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зиндагинома Файзулло Абдуллоев 30 октябри соли 1946 дар совхози Кангурти ноҳияи Совет, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1973 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи. В. И. Ленин ро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз вазифаи коромӯзи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон сар кардааст (солҳои 1974-1976). 23 декабри соли 2011-ум дар ҷаласаи 13 (ғайринавбатии) Ассамблеяи АврАзЭС ба вазифаи судяи Суди АврАзЭС таъйин шуд, ки он фаъолияти худро аз 1 январи соли 2012 оғоз кардааст. Ҷоизаҳо Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2006 бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи -ум ва 22 июни соли 2007 бо Ифтихорномаи Суди Иқтисодии ИДМ сарфароз шудааст. Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо унвони олии Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум мушарраф гардидааст.

Аҳмадулло Абдуллоев
Аҳмадулло Абдуллоев (1910, деҳаи Каттатоҷики вилояти Андиҷон, Ӯзбекистон – 13 сентябри 1966, Душанбе) — сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон. Зиндагинома Санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарманди номии Андиҷон Қорӣ Камол омӯхтааст. Соли 1930 ба Тоҷикистон кӯчида омад ва то соли 1937 дар собиқ ноҳияи Куйбишев колхозчӣ шуда кор кард. Соли 1937 сароянда ва навозандаи Театри мусиқии шаҳри Сталинобод (ҳозира Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) ва аз соли 1938 то охири умр ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Суруду оҳангҳо Суруду оҳангҳои Абдуллоев ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Истеъдоди баланд ва маҳорати хуби сарояндагии Абдуллоев махсусан дар иҷрои сурудҳои "Духтари озоди Ватан" (шеъри М. Аминзода), "Баҳори зиндагӣ" (шеъри Р. Озод), "Ба ғайрам" (шеъри Сайидо), "Парвона медонад" (шеъри А. Лоҳутӣ) зоҳир гаштааст. Аҳмадулло Абдуллоев чанд суруд аз "Шашмақом" низ иҷро кардааст, ки дар Радиои тоҷик ва грампластинка сабт шудаанд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Адабиёт.
Руслан Абдуллоев
Абдуллоев Руслан Абдуллоевич (7 марти 1944 1 — 30 январи 2002, Озарбойҷон) — футболбози шӯравӣ сармураббии озарбойҷонӣ. Ӯ ҳамчун ҳамлагар бозӣ мекард. Устоди варзиши ИҶШС. Мураббии шоистаи ҶШС Озарбойҷон. Вай яке аз беҳтарин мураббиён дар таърихи футболи Озарбойҷон дар давраи шӯравӣ ба шумор меравад 1.
Аловуддин Абдуллозода
Аловуддин Абдуллозода (Аловуддин Абдуллоев майи 1965, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон — 17 феврали 2022, Бохтар, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли ахири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Нақшҳо Театр "Моҷарои имтиҳон", "Антигона", "Табиби зӯракӣ", "Бозиҳои манфиатҷӯёна", "Ҳиллаҳои Аҷузкампир", "Аршин мол-олон", "Лаку Пак", "Шаби гирифтани моҳ", "Давлати Сомониён", "Найрангҳои Скапен", "Масал бигӯ, Эзоп" аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст. Синамо Дар филмҳои "Братан", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Чоҳ", "Қиёми рӯз", "Шоҳид" ва "Интихоби ман", филмҳои телевизионии "Дар орзуи падар", "Боғоч", "Фарзандони бегона", "Қарзи виҷдон", силсилафилми "Хуррамдиёр" ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст. Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст. Телевизион Барномаи махсуси телевизионии "Шӯхиҳои Аловуддин", ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст. Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи буданд 1. Даргузашт Аловуддин Абдуллоев субҳи панҷшанбеи 17 феврали 2022 бар асари сактаи дил 2 дар шаҳри Бохтар даргузашт 3 4. Хотира Дар соли 2022 ба номи Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи ӯ гузошта шуд 5.
Мироҷ Абдуллоев
Мироҷ Абдуллоев (Абдуллоев Мироҷ Санонович августи 1948, ноҳияи Муъминобод) — ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоев Мироҷ Санонович 15 августи соли 1948 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1975, Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва соли 1984 Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС-ро дар шаҳри Москва хатм кардааст. Ихтисос-забон ва адабиёти рус ва ҳуқуқшинос. Фаъолияти корӣ 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ғанӣ Абдулло
Ғанӣ Абдулло (11 марти 1912, гузари ӯфӣ Розиқи шаҳри Самарқанд — 28 январи 1984, Душанбе) — драматург, шоир, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоки нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, котиби ИН Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ будааст. Ширкатвари Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ, Эҷодиёт Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои сиюми асри гузашта рост меояд. Маҷмӯаҳои ашъораш "Ситораҳои сохтмон" (Д., 1932) ва "Бо номи Веддинг" дар Тошканд ба табъ расидааст. Соли 1935 дар Душанбе маҷмӯаи шеърҳои тоҷикияш "Садо" ва достони "Ду соҳил"-аш ба табъ расидаанд. Ҳамзамон, чанд мақолаи илмияш интишор ёфтаанд, ки "Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ" аз он шумул аст. Дар ин муддат чанд мақолаи илмиаш ба табъ расидаанд. Яке аз онҳо "Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ". Аз ин баъд ба навиштани асарҳои саҳнавӣ миён бастааст. Муаллифи драмаҳои "Вахш"; варианти дуюмаш "Водии бахт", "Рустам ва Суҳроб" (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода, 1935), "Шӯриши Восеъ", "Пеш аз субҳ", "Шарафи инсон", "Суруди кӯҳсор", "Тӯфон" (бо ҳамқаламии Шамсӣ Қиёмов, 1957), "Ҳуррият", "Мо аз Боми Ҷаҳон", "Ҷомӣ ва Навоӣ", "Сарбозони инқилоб", "Фарёди ишқ", "Ситораҳои умед" (1975, дар бораи Шириншо Шотемуров), "Шамъи маърифат" (1978, дар бораи С.Айнӣ), "Мурғи саҳар" (1980, дар бораи А.Лоҳутӣ), "Рухшона". Соли 1972 барои драмаҳои "Ҳуррият" ва "Сарбозони инқилоб" сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардидааст. Беҳтарин асарҳояш дар маҷмӯаи "Ҳуррият" гирд оварда шудаанд. Бисёр асарҳои нависандагони рус ва ҷаҳон, аз ҷумла, пиесаи "Духтари бебисот"-и А.Островский, "Ҷавоне аз шаҳри мо"-и К.Симонов, "Платон Кречет"-и А.Корнейчук, "Арӯси оташ"-и Ҷ.Ҷабборлӣ, "Қурбонӣ"-и Р.Такҳур, "Доми фиреб"-и Т.Драйзер ва диг. ба тоҷики гардонидааст. Бисёр асарҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои ҷудогонаи Р.Такур, М.Горкий, Т.Драйзер, А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст 1 2. Ҷоизаҳо Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.
Сайфулло Абдуллоев
Сайфулло Абдуллоев (1899, Хоруғ — 1938) — ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Зиндагинома Солҳои дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои дар хидмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои аввал дар сафи отрядҳои револютсионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитети револютсионии ВМКБ, мудири шуъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд. Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои котиби масъули Комитети ҳизбии округи Ҳисор, мудири шуъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати республика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст 1. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.
Абдуманнон Абдуллоев
профессор Абдуманон Абдуллоев (17 декабри 1950, Конибодом) — физиолог-биохимик, доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия. Ходими хидматнишондодаи маориф ва илми - узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия 1, Зиндагинома Абдуллоев Абдуманнон - 17-уми декабри соли 1950 дар шаҳри Конибодом дар хонадони зиёи ба дунё омадааст. Соли 1958 ба мактаби миёнаи 7 ш. Конибодом рафта ва соли 1968 мактаби миёнаро хатм намудааст. Дар ҳамон сол ба факултаи химияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1973 донишгоҳро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро ҳамчун омӯзгор дар мактаби 3 ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) огоз намуда сипас дар заводи химиявии ноҳияи Исфара кор кадааст. Аз соли 1975 -1978 аспиранти Институти физиология ва биофизикаи рустаниои АИ ҶТ, лаборанти калон 1978-1980, корманди хурди илми 1980-1983, ходими калони илми 1983-1985, аз соли 1985 то ин ҷониб мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институт. Соли 1980 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи омӯзиши структураи РУБИСКО ҳимоя намудааст. Соли 1994 дар мавзӯъи "Ферментҳои карбоксилони ва танзими ассимилиятсияи гази карбонат дар рустаниҳои дараҷаи оли" рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудааст. Самти тадқиқотҳои илми гуногунчабҳа буда, зиёда аз 30 сол инҷониб барои яке аз равандҳои ҳаёт тавлиди илми биология- фотосинтез бо кушишу зиёди амалпешаги, корҳои илмии муҳиму зарурро анҷом медиҳад. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография. Нақши Абдуллоев А. дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон дар илмӣ биологияи Тоҷик мавқеъи хоса дорад. Дар таҳти роҳбарии Абдуллоев А. 10-нафар рисолаи номзади ва доктори илмиро бо муваффақият ҳимоя намудаанд. Соли 1994 Абдуллоев А. рисолаи доктори худро ҳимоя намудааст. Соли 2004 бо сифати профессори хориҷи дар Донишгоҳи Малаканди Покистон дар 3-семестр кор кардааст. Соли 2007 унвони профессор дар соҳаи "Физиология ва биохимия рустани"-ро гирифтааст. Оиладор соҳиби 3-писар. Фаъолиятҳои илмӣ Соли 1980 натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худро дар мавзӯъи "омӯзиши сохтори рибулозобифосфат- карбоксилаз-оксиген аз бо усули нишони спини" дар ш. Тиблиси рисолаи номазадии худро ҳимоя намудааст. Соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯъи "Ферментҳои карбоксилони ва танзими ассимилиятсияи гази карбонат дар рустаниҳои дараҷаи олӣ". Самти асосии тадқиқотиҳои илми Абдуллоев А. ин омӯзиши фотосинтез ва метаболизми фотосинтетикии карбон дар рустаниҳои дараҷаи оли ба омилҳои экологӣ ва зиёдшавии маҳсулнокии рустаниҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Дар солҳои охир тадқиқот дар ин самт дар байни физиологҳо ва биохимиконе, ки масъалаҳои фотосинтезро дар аспетҳои экологӣ меомузанд мавқеъи хоса дорад. Дар ин ҷода усулҳои мушаххаси ҷудокуни ва тозакунии ферментҳои фотосинтез РУБИСКО, ФЕП-карбоксилазаҳо ва дигар ферментҳои фазаи карбоксилшави ба роҳ монда шудааст. Дар хлоропластҳои С3-рустаниҳо амалиёти то ҳол номаълуми табдилёбии туршии С4, ки ба ҳосилшавии туршиҳои карбондор, яъне декарбоксилшавии С4-туршиҳои дукарбона (бо иштироки ферментҳои ФЭП-система) ва истифодаи бокимондаҳое, ки дар давраи Калвин ҳосил шудаанд, нишон дода шудааст. Вазифаи физиологии ин протсес дар шароити муътадил аз таъмин намудани синтези пайвастагиҳои органики иборат аст, аммо ҳангоми фарорасии шароитҳои номусоид, вай воситаи иловагии дастрас намудани гази дуоксиди карбон ба маркази карбоксилшавӣ мешавад. Дар шароити муътадил синтези туршиҳои органики, аминокислотаҳо, сафедаҳо ва липидҳо таъмин карда мешавад, аммо дар шароити номусоид бошад, роҳҳои иловагии дастраскунии гази карбонат (СО2) ба марказҳои карбоксилшави фаъолият мекунад. Фаъолкунонии ФЕП-карбоксилшави дар шароитҳои номусоиди муҳит ҳамчун аломати мутобиқ буда, бо ошкор шудани қобилияти ҳасос ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит, ошкор мешавад Фаъолкунонии ФЕП-карбоксилшави дар шароитҳои номусоиди муҳит ҳамчун аломати мутобиқатӣ буда, бо ошкор шудани қобилияти хасос ба таъсири омилҳои номусоиди муҳит, ошкор мешавад. Осори илмӣ Абдулоев А. яке аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи физиология ва биохимияи фотосинтез дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1975 то ин ҷониб дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании (собик Институти физиологияи рустани ва генетика) АИ ҶТ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба фаъолият намуда, дар тадқиқоти ҷудокуни ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ ва кимиёвии карбон дар 3 ва 4 фотосинтези ва танзими он дар омилҳои экологӣ. Таҳти роҳбарии Абдуллоев А, омӯзиши фаъолияти фотосинтетики 3 дар рустаниҳо шароити гуногуни экологӣ омухта шудааст. Ин натиҷаҳоро метавон натанҳо барои пешгуии ва барномасозии таркиби ферментҳои карбоксилшави, балки ҳамчунин барои ҳалли вазифаҳои актуали оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хочагии русто истифода бурд. Дар солҳои охир ӯ ба омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои физиологии зироатҳои нигаронида шудааст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев А. кор оид ба омӯзиши равандҳои физиологи гандум дар мавсими кишт дар сенарияҳои мухталифи тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо рустании гандум гузаронида шудааст. Дар ин ҳолат маҳсулнокии биологӣ ва хоҷагии рустани омухташуда, инчунин баҳодиҳи биохимиявии сифати дони гандум (сафеда, крахмал, нахи ва таркиби элементари) гузаронида шуд. Маълумотҳои ба даст омада дар таъсиси моделҳои математикии гандум дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим истифода шудаанд. Роҳбари барномаи ҳамкориҳои илмӣ ва техникии бо Академияи илмҳои Булғория (Варшава Паймони, 1981-1990). Менеджери лоиҳаи "Таъсири нурҳои ултрабунафши радиатсиони ва СО2 дар рустаниҳои дараҷаи олӣ", 1996-1998. Менеджери лоихаи "Таъсири омилҳои антропогени дар ҷамоаи рустаниҳо", 2003-2005. Менеджери лоиҳаи МБИТ "Тадқиқот барои таъсири тағйирёбии иқлим ба афзоиши, рушд ва ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон" (Т-1635). 2008-2011. Суб-менеджери лоиҳаи МБИТ "Фаъолияти биологии олигосахаридҳо ва комплекси он бо полифенол" (Т-2148). 2015-2018. ҳамчунин иштирокчии лоиҳаҳои МБИТ Т-1420 ва Т-1436 бо Институти Химияи АИ ЧТ. Дар асоси ин корҳои илмию тадқиқоти таҳти роҳбарии Абдуллоев А. 9- номзад ва 1- доктори илм (рисолаи доктори Чумаев Б.Б., рисолаи номзади Абдураҳманова З.Г.,Гайратов Б. П., Акрамов У., Сафаров Е.,Амонов Б.,Саидов Н.,Каримова И., Бобоев И.) Профессор Абдуллоев А. муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илми, аз ҷумла 5 монография. Китобҳо (Монографияҳо) Касымова Г.Ф., Маниязова Н.А., Сабоиев И., Усманов Т., Абдуллаев С. Физиологияи гандум дар шароити Тағйирёбии иқлими. Китоб. Душанбе: Дониш, 2015. 162 с. Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо.
Аловуддин Абдуллозода
Аловуддин Абдуллозода (Аловуддин Абдуллоев майи 1965, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон — 17 феврали 2022, Бохтар, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли ахири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Нақшҳо Театр "Моҷарои имтиҳон", "Антигона", "Табиби зӯракӣ", "Бозиҳои манфиатҷӯёна", "Ҳиллаҳои Аҷузкампир", "Аршин мол-олон", "Лаку Пак", "Шаби гирифтани моҳ", "Давлати Сомониён", "Найрангҳои Скапен", "Масал бигӯ, Эзоп" аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст. Синамо Дар филмҳои "Братан", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Чоҳ", "Қиёми рӯз", "Шоҳид" ва "Интихоби ман", филмҳои телевизионии "Дар орзуи падар", "Боғоч", "Фарзандони бегона", "Қарзи виҷдон", силсилафилми "Хуррамдиёр" ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст. Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст. Телевизион Барномаи махсуси телевизионии "Шӯхиҳои Аловуддин", ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст. Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи буданд 1. Даргузашт Аловуддин Абдуллоев субҳи панҷшанбеи 17 феврали 2022 бар асари сактаи дил 2 дар шаҳри Бохтар даргузашт 3 4. Хотира Дар соли 2022 ба номи Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи ӯ гузошта шуд 5.
Дилором Абдуллоева
Дилором Абдуллоева (20.03.1950) ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ. Зиндагинома Соли 1971 ДДОЛ ба номи С.М.Киров хатм кардааст. Ихтисос, омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек.
Файзулло Абдуллоев
Файзулло Абдуллоев (30 октябри соли 1946) — ҳуқуқшинос, ходими давлатӣ, собиқ Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири адлияи Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зиндагинома Файзулло Абдуллоев 30 октябри соли 1946 дар совхози Кангурти ноҳияи Совет, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1973 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи. В. И. Ленин ро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз вазифаи коромӯзи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон сар кардааст (солҳои 1974-1976). 23 декабри соли 2011-ум дар ҷаласаи 13 (ғайринавбатии) Ассамблеяи АврАзЭС ба вазифаи судяи Суди АврАзЭС таъйин шуд, ки он фаъолияти худро аз 1 январи соли 2012 оғоз кардааст. Ҷоизаҳо Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2006 бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи -ум ва 22 июни соли 2007 бо Ифтихорномаи Суди Иқтисодии ИДМ сарфароз шудааст. Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо унвони олии Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум мушарраф гардидааст.
Ҳамидҷон Абдуллоев
Ҳамидҷон Абдуллоев (20 июли 1945, деҳаи Рӯмон, ноҳияи Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ. Зиндагинома Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод. Ассистенти кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод, аспиранти Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ ва Институти физикаи биологии АИ СССР (шаҳри Москва,), ходими хурд ва калони илмӣ, мудири кабинети микроскопи электронии Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ, мудири Озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии рустаниҳо, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи АИ ҶТ. Аз соли 2005 академик-котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ. Фаъолияти илмӣ Абдуллоев олими шинохтаи соҳаи физиологияи рустанӣ, генетика ва селексияи пахта буда, барои омӯзиши генетикаи фотосинтез, коркарди тест-аломатҳои физиологӣ, беҳтар намудани фаъолияти фотосинтез бо мақсади баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ тадқиқот анҷом додааст. Абдуллоев якҷоя бо Ш. Т. Бурнашев чанд навъи зудрас, серҳосил ва ба касалии вилт тобовари пахтаи миёнанахро кашф намудааст ("Гулистон", "Гулистон-2", "Шавкат-80"), ки дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Фархор, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кишт мешаванд. Абдуллоев муаллифи 150 таълифоти илмӣ, аз ҷумла як монография, ду шаҳодатнома ва ду патент барои ихтирои навъҳои пахтаи миёнанах аст. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Унвону ҷоизаҳо Бо унвони "Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон" сарфароз гаштааст. Осор.
Гулсара Абдуллоева
Гулсара Абдуллоева (Абдуллоева Гулсара Сангиновна; зод. 15 майи 1948, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А В. Луначарскийи Москва. Аз соли 1971 актрисаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Абдуллоева нақшҳоро содаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меофарад. Саҳнаҳои театрӣ Дар саҳнаи театр бештар аз 100 рол офаридааст, ки беҳтаринашон инҳоанд: Офарандаи симои модар Абдуллоева яке аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик мебошад. Ӯ симои модаронро хубу табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офаридааст, муборизу фаъоланд, одамонро ба ободонии Ватан, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд. Махсусан муроҷиати модар ба оламиён дар иҷрои ӯ самимию таъсирбахш садо медиҳад. Нақшҳо дар синамо Ҳунарпешаи соҳибистеъдоди кинои тоҷик Гулсара Абдуллоева дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 нақшҳоро бозидааст: Гулсара Абдуллоева дар намоишҳои театрии телевизион иштироки фаъол дорад. Ҷоизаҳо Гулсара Абдуллоева дар Кинофестивали тоҷик беҳтарин актриса дониста шуд.
Абдуллоҳ (шоир)
Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи — ибтидои садаи). Зиндагинома Дар зодгоҳаш — шаҳри Ҷом таҳсил карда, ба шеъргӯӣ оғоз намуд ва чун шоири тавоно шуҳратманд гардид. Аз истеъдоди баланди ӯ дар эҷоди ғазалу рубоӣ ва маснавӣ Алишери Навоӣ дар "Маҷолис-ун-нафоис" иттилоъ додааст. Ба "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, "Хамса"-ҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ ва маснавиҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷавобия навиштааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:.
Раънохон Абдуллоева
Абдуллоева Раънохон (зод. 20 декабри 1928, шаҳраки Ким, ноҳияи Исфара — 19 апрели 2016, ноҳияи Исфара) — омӯзгор, Аълочии маорифи халқи ҶТ. Зиндагинома Раънохон Абдуллоева 20 декабри соли 1928 дар шаҳраки КИМ (имрӯза Нурафшон) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, ба Донишкадаи давлатии педогогии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1957 ба итмом расонидааст 1. Корнома Ҳисобчии хоҷагии ёрирасон, котиби озоди комсомолӣ, сардори шуъбаи кадрҳои корхонаи истеҳсолии нефти Ким, муаллимаи забони русии мактабҳои миёнаи 5,9, методисти Институти такмили ихтисос, инспектори шуъбаи маорифи шаҳри Ленинобод — ҳозира Хуҷанд,, директори мактаби ба номи Гагарини шаҳри Исфара, ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара, раиси комиҷроияи шаҳри Чкаловск, мудири шуъбаи маданияти вилоят, раиси кумитаи шаҳрии иттифоқи касабаи коркунони соҳаи коммуналӣ ва саноат ва аз соли 1984 нафақахӯри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, муаллимаи мактаби 12. Ҷоизаҳо Хидматҳояш бо ордени "Нишони фахрӣ", медалҳо ва Ифтихорномаҳи Президиуми Шрои Олӣ ва КМ ПК Тоҷикистон қадр шудаанд.
Абдуллообод
Абдуллообод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Ҷуғрофиё Аз Абдуллообод то маркази шаҳр 12 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 727 нафар, лӯлиҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Ҳамидҷон Абдуллоев
Ҳамидҷон Абдуллоев (20 июли 1945, деҳаи Рӯмон, ноҳияи Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ. Зиндагинома Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод. Ассистенти кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод, аспиранти Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ ва Институти физикаи биологии АИ СССР (шаҳри Москва,), ходими хурд ва калони илмӣ, мудири кабинети микроскопи электронии Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ, мудири Озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии рустаниҳо, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи АИ ҶТ. Аз соли 2005 академик-котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ. Фаъолияти илмӣ Абдуллоев олими шинохтаи соҳаи физиологияи рустанӣ, генетика ва селексияи пахта буда, барои омӯзиши генетикаи фотосинтез, коркарди тест-аломатҳои физиологӣ, беҳтар намудани фаъолияти фотосинтез бо мақсади баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ тадқиқот анҷом додааст. Абдуллоев якҷоя бо Ш. Т. Бурнашев чанд навъи зудрас, серҳосил ва ба касалии вилт тобовари пахтаи миёнанахро кашф намудааст ("Гулистон", "Гулистон-2", "Шавкат-80"), ки дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Фархор, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кишт мешаванд. Абдуллоев муаллифи 150 таълифоти илмӣ, аз ҷумла як монография, ду шаҳодатнома ва ду патент барои ихтирои навъҳои пахтаи миёнанах аст. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Унвону ҷоизаҳо Бо унвони "Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон" сарфароз гаштааст. Осор.
Абдуллообод (Чимканд)
Абдуллообод Әбділабад) — деҳаи (ауыл) барҳамёфта дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Дар ноҳияи Сайрам ҷойгир буд. Дар соли 2014 қисме аз (маҳаллаи) шаҳри Чимканд шуд ва аз ҳисобҳо бароварда шуд. Дар соли 2009 2043 нафар аҳолӣ дошт.
Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода (Абдуллозода Аҳтам Рустам октябри 1980, деҳаи Андароб, ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб) — ходими давлатӣ, Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи Футболи Тоҷикистон. Зиндагинома Аҳтам Абдуллозода 31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоб и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ро хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ гаштааст. Хонавода Аҳтам Абдуллозода оиладор буда ва 3 фарзанд дорад. Фаъолият Солҳои дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии "Иқлим" ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ "Юнитекс" фаъолият намудаст. Соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2017 то 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 1 Аз 24 январи соли 2020 то 18 ноябри 2020 дар вазифаи муовини аввали Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва аз 18 ноябри 2020 дар вазифаи Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз фаъолият мекунад. Унвону ҷоизаҳо Рутбаи ҳарбии полковник дошта, бо медалҳои ҷашнии "80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа", "85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "85-солагии милитсияи Тоҷикистон", "15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон" ва "20 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 солагии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ҷоизаву унвонҳо Соли 2016, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали "Хидмати шоиста" сарфароз гардонида шуд. Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (аз 2014 то 2020), муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 январи 2017 то 28 декабри 2021) ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. 2 Корҳои илмӣ Муаллифи китобҳои Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ (зери таҳрири Бобоев У. Х.). Душанбе (2011. 362с. Дар ҳаммуаллифӣ); Пешвои миллат бо ҷавонон (Душанбе 24.12.2018); Концессионные договоры. Перспективы и развитие.
Абдулло Султон
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулло Султон (Султонов Абдуллоҳ Қӯзихонович апрели 1955, деҳаи Меҳнатобод, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон — 10 сентябри 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони маъруфи тоҷик, асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Зиндагинома Абдулло Султон 15 апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст 1. Соли 1977 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Фаъолияти ҳунарӣ Пас аз чанд соли фаъолият дар радио фаъолияти хешро дар Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Баъд аз чанд муддати фаъолият дар ансамбли "Шашмақом" ба Ансамбли давлатии "Дарё"и кумитаи зикриномрафта гузариш менамояд ва то охири умр овозхони ансамбл мазкур буд 2. Шодравон Абдулло Султон тавонист дар баҳри беканори санъати мусиқӣ ҳамчун ғаввоси моҳир ғўтта зада, аз қаъраш дурру гуҳари фаровон ба каф орад ва ба мардум расонад. Сурудҳои яғнобӣ Абдулло Султон бунёдгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд мавсуф ба Яғнобу мардуми он ҳеҷ иртибот надошт, дар дилаш ба эҷодиёти даҳонии ин минтақаи суғдзоди кишвар меҳру муҳаббат ҷўш зад ва навоҳои яғнобиро вирди забонҳо гардонд: Сурудҳои дигар "Тоҷикистон", "Рўди Сир", "Зулфи мушкин", "Муҳаббат", "Наврӯзӣ", "Корвон", "Бо чашми наку", "Васфи чӯпон", "Дилором", "Сайри бўстон", "Падар", "Зуд бирафтӣ", "Пайғом", "Рӯ аз ту нагардонам", "Боғи Фирдавс", "Чобуксаворо", "Эй шамсу қамар", "Панд", "Бунафша", "Зиндонии хаёл", "Лолаи ман", "Дўстӣ", "Афсўс", "Нигоҳ" ва ғайра Нигаред.
Абдуллоҳ Аҳмад ал-Халифа
Абдуллоҳ Аҳмад ал-Халифа — ҳокими Баҳрайн дар байни солҳои 1821-1843 буд. Вай панҷумин подшоҳи сулолаи Ал-Халифа буд. Ҳаёт ва ҳукмронӣ Абдуллоҳ ал-Халифа соли 1769 таваллуд шудааст Ӯ писари Аҳмад Муҳаммад Халифа, ҳокими Баҳрайн буд. Абдуллоҳ ва бародари калонии ӯ Салмон ибни Аҳмад ал-Халифа соли 1796 вақте ки падарашон Аҳмад дар Манома вафот кард, ба идораи кишвар шурӯъ карданд. Соли 1802 Баҳрайн аз ҷониби ҳокими Масқат забт карда шуд. Ҳокими Дирия Абдулазиз ибни Муҳаммад онро дубора забт кард ва Абдуллоҳ ибни Уфайсонро дар он ҷо волӣ таъин кард. Сипас Абдуллоҳ ва Салмон ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба Дирия фиристода шуданд, ки дар он ҷо ҳама боздошт шуданд. Бар асари ҳамлаҳои усмонӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад натавонист қудрати худро дар Баҳрайн мустаҳкам кунад ва маҷбур шуд, ки нерӯҳои худро коҳиш диҳад, ки ба ал-Халифа имкон дод, ки ҳукмронии худро барқарор кунад. Волии ӯ Абдуллоҳ ибни Уфайсонро ал-Халифа боздошт кард. Соли 1814 Абдуллоҳ аз номи Англия бо ширкати Ист-Индия шартнома имзо кард. 1 Ин тавофуқ ба Абдуллоҳ имкон дод, ки дар муқобили таҳдидҳои ҳокимони Қаҷор аз кумаки Бритониё бархурдор шавад. Дар навбати худ Абдуллоҳ бояд ба тамоми талабҳои инглисҳо итоат мекард. Ин аввалин дахолати назарраси Бритониё ба Баҳрайн буд. Ҳукмронии муштараки Абдуллоҳ ва Салмон то соли 1821, вақте ки охирин вафот кард, идома ёфт. 2 Писари Салмон Халифа ба ҷои падараш ба ҳайси ҳоким нишаст, аммо Абдуллоҳ ҳокими асосӣ буд. Дар соли 1820 Абдуллоҳ бо мақомоти Бритониё шартнома ба имзо расонд, ки ба ӯ ҳуқуқи ҳимояи Бритониё аз ҳамлаҳои давлатҳои ҳамсоя, бахусус аморати Наҷдро намедиҳад. 3 Азбаски ӯ ҳимояи Бритониёро таъмин накардааст, бо ҳокими аморати Наҷд Туркӣ ибни Абдуллоҳ Ал-Сауд шартнома баст ва бартарии аморатро эътироф кард ва ба пардохти закот розӣ шуд. Дар навбати худ Туркӣ ибни Абдуллоҳ Баҳрайнро аз ҳар гуна ҳамлаи дигарон ҳимоят кард. Аммо созиши онҳо то соли 1833 давом кард. Соли оянда Халифа бин Салмон даргузашт, ва Абдуллоҳро ҳокими ягона кард. Абдуллоҳ ал-Халифа дар соли 1839, вақте ки нерӯҳои мисрӣ таҳти сарварии Хуршид Пошо Алҳасаро ишғол карданд, бо Миср шартнома баст. 4 Дар паймон аз ӯ талаб карда шуд, ки бартарии мисриёнро эътироф кунад ва ба онҳо закотеро, ки ба аморати Наҷд дода шуда буд, бидиҳад. 5 Талаби дигари ин паймон ин буд, ки як агенти турк бояд дар Баҳрайн иқомат кунад, то фармони Муҳаммад Алии Пошо, раҳбари мисриёнро иҷро кунад. Дар соли 1842 Абдуллоҳ ҷияни бузургаш Муҳаммад ибни Халифа, писари Халифа бин Салмонро дар набарди Насфа мағлуб кард, ки пас аз шикасти ӯ аз Абдуллоҳ ибни Тунаян Ал Сауд, амири Наҷд кумак хост ва паноҳандагӣ гирифт, аммо кумаки низомӣ надошт. Аммо Абдуллоҳ дар соли 1843 қалъаи Даммомро ба Файсал ибни вориси Абдуллоҳ ибни Тунаён, дар натиҷаи бетартибӣ дар сарзаминаш аз даст дод. Солҳои баъдӣ ва марг Дар соли 1843 Абдуллоҳ аз ҷониби ҳукумати Бритониё маҷбур шуд, ки ба далели созиш бо Миср дар соли 1839 ва чолишҳои Муҳаммад бин Халифа аз тахт даст кашад. 6 Барканории ӯ низ натиҷаи муборизаи дохилии оилавӣ буд, ки дар соли 1842 ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд овард. Ҷонишини ӯ Муҳаммад ибни Халифа ал-Халифа, ҷияни ӯ буд. 7 Абдуллоҳ ал-Халифа ва писаронаш дар ҷазираи Даммом, ки яке аз писаронаш Муборак дар он волӣ буд, сукунат карданд ва муддате дар он ҷо зиндагӣ карданд, то ҳокими аморати Наҷд Файсал ибни Туркӣ бо Муҳаммад ибни Халифа созиш баст. Ал-Халифа ба онҳо кӯмак намекунад. 8 Абдуллоҳ соли 1849 дар Маскат вафот кард 9 ва авлоди ӯ аз он замон дар ғурбат ба сар мебаранд.
Абдуллоҳ Зарири Абевардӣ
Абдуллоҳ Зарири Абевардӣ — шоир ва мутарҷими арабизабони эронитабори аҳди Сомониён. Ӯ зарбулмасалу мақолҳои форсиро ба забони арабӣ тарҷума карда, дар қолабҳои гуногуни шеърӣ ҷой кардааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ — сиёсатмадори паштуни аҳли Афғонистон. Вай вазири умури хориҷаи пешини ин кишвар ва аз номзадони аршади мақоми райёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст, ки муовини аввал ва дувуми интихобии эшон Муҳаммад Хон ва Муҳаммад Муҳаққиқ мебошанд. Абдуллоҳ аз ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷаи Афғонистон буд. Зиндагинома Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул дар оилаи паштун ба дунё омада, 7 хоҳар ва 2 бародар дорад 3. Гимназии "Нодира" ва соли 1984 — факултети тибии Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Дар беморхонаи Пешовар барои гурезагон кор кардааст. Номзад дар интихобот Сӯиқасд Рӯзи 19 феврали соли 2014 аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасидааст. 4 Пайвандҳо.
Абдуллоҳ Мирзо
Абдулло Мирзо. Аз сулолаи Темуриён. Фарзанди хурдии Иброҳим Мирзо, додари Улуғбек. Ҳукмронӣ Баъд аз вафоти падараш ҳокими вилояти Форс таъйин гардид. Аз сабаби ноболиғ будани Абдулло Мирзо модараш Руқиябегим дар вилоят ҳукмронӣ мекард. Соли 1447 баъд аз вилояти Форсро гирифтани амакбаччааш Султон Муҳаммад Мирзо Абдулло Мирзо ба Ҳирот гурехт. Соли 1448 ба дарбори амакаш Улуғбек омада ба духтари ӯ хонадор шуд. Баъд аз Абдуллатиф ба сари тахти Мовароуннаҳр нишаст. Абдулло Мирзо дар ҷанг бо даъвогари тоҷу тахт Султон Абусаид Мирзо ҳалок гардид.
Абдуллоҳ Камолии Бухороӣ
Абдуллоҳ Камолии Бухороӣ (қарни) — шоир и форс-тоҷик Зиндагинома Аз шоирони доираи косибон (дӯзанда)-и Бухоро буд. Дар нодориву камбизоатӣ мезистааст. Дар тазкираҳои қарни аз ӯ чун шоири баркамол ёд шуда, намунаҳое аз ашъораш сабт гардидааст. Байтҳои зер аз ӯст: Маҳи ситамкори нозанинам намуда хашму кушода ханҷар, Бихоҳадам кушт зору ғамгин, зи баҳри қатлам расида бар сар.. Марост маскан диёри меҳнат, туӣ муқими сарои ишрат, Ту фориғ аз ман, манам ба ёдат, ғамат маро кард зору абтар. Ҷигаркабобам, ба дил кабобам, туро инон асту ихтиёрам, Манам гадои сагони кӯят, ту шоҳ монӣ ба ҳафт кишвар. Ҳамеша хоҳам зи Ҳақ(қ) висолат, бувад таманнои ман ҷамолат, Марон зи кӯят, намо тараҳҳум, агарчи бошад Камолӣ аҳқар.
Абдуллоҳ Ибни Сабаъ
Абдуллоҳ Ибни Сабаъ — бунёдгузори яке аз фирқаҳои ифротӣ ва ғулоти шиа бо номи Сабаия, аз яҳудиёни Санъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд. Зиндагинома Абдуллоҳ Ибни Сабаъ аз яҳудиёни Санъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд. Вай баъдан аз Мадина ба Басра ва Куфа омад ва пас аз муддате ба Шом рафта, дар байни мардум ба бадгӯӣ ва таъни халифаи сеюм Усмон ва нашри ақоиди худ дар бораи улуҳияти Алӣ ва дигар андешаҳои фитнаангези худ пардохт. Чун мардум аз ҳадафҳои шум ва ақидаи зиддиисломии вай огаҳ шуданд, ӯро аз Шом берун карданд. Вай равонаи Миср шуд ва дар он ҷо ба нашри бидъати худ пардохт ва гурӯҳе аз мардуми авом ва шахсиятҳои муғриз перомуни ӯ гирд омаданд. Усули эътиқодие, ки Абдуллоҳ Ибни Сабаъ дар байни мардум тарвиҷ мекард, аз улуҳияти Алӣ ва раҷъати Муҳаммад (с) иборат буданд. Вай мегуфт, ки Алӣ ҳаргиз намемирад, вай дар байни абрҳост ва тундар (раъд) садои хашми ӯст. Ҳамчунин мегуфт: Ман аз касоне дар шигифтам, ки ба раҷъат ва бозгашти Исо (ъ) бовар доранд, вале бозгашти Муҳаммадро дурӯғ мепиндоранд, дар ҳоле ки назди онҳо Муҳаммад аз Исо бузургтар аст. Вай мегуфт, ки ҳар паёмбар васие дорад ва Алӣ васии Муҳаммад аст, ки Усмон ҳаққи ӯро ғасб кардааст ва бо ин суханон мардумро бар зидди Усмон ба шӯриш таҳрик мекард. Гӯянд: Вақте мардум пас аз шаҳодати Усмон ба Алӣ байъат карданд, Абдуллоҳ Ибни Сабаъ бархост ва хитоб ба Алӣ гуфт: Туӣ он зоте, ки заминро офаридаӣ ва ба мардум рӯзӣ мебахшӣ. Алӣ аз ин гуфтори вай ба хашм омад ва ӯро ба Соботи Мадоин табъид кард. Абдуллоҳ Ибни Сабаъ бо истифода аз авзоъи ошуфтаи уммат дар замони хилофати Алӣ даъвати худро ошкор ва ба муҳаббати аҳли байти расули Худо (с) тазоҳур намуд ва андешаҳои тавротии худро дар миёни мардум паҳн сохт. Вай барои эҷоди ихтилоф дар миёни мусулмонон ва шикастани ваҳдати уммат ҷиҳати таҳқиқи ҳадафҳои зиддиисломии худ тарҳи дупаҳлӯаеро, ки қаблан барномарезӣ шуда буд, иҷро мекард. Аз як сӯ, кинаву адоватро бо Усмон изҳор медошт ва аз сӯи дигар, андешаҳоеро дар бораи Алӣ ривоҷ медод, ки ба мақсадҳои дини ислом носозгор буданд. Аз ҷумла, мегуфт: Мавзӯи вилоят ва имомати Алӣ дар Таврот зикр гардидааст ва Муҳаммад (с) боз ба дунё бармегардад, зеро вақте Исо (ъ) ба дунё бозмегардад, пас Муҳаммад (с) ба тариқи авло бояд боз гардад. Пас аз кушта шудани Алӣ ба соли 40 ҳ.661 м. ба дасти яке аз хавориҷ Абдуллоҳ Ибни Сабаъ боз ба нашри андешаҳои ботил ва харобиовари худ пардохт ва ин афкори вай дар пайдоиши фирқаҳои гуногуни шиа нақши муҳимме доштаанд. Гузашта аз ин, яке аз ин фирқаҳои шиа дар таърих бо номи сабаиён шинохта мешавад.
Абдуллоҳ Гул
ҷоизаи Абдуллоҳ Гул — сиёсатмадори президенти Туркия (аз 28 августи 2007 то 28 августи 2014). Қабл аз он - сарвазири Туркия, баъдан муовини 1-уми сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ. Вай ҷонибдори ҳамгироии аврупоии Туркия, талошҳои зиёде ба харҷ дод, то кишвараш тавонист музокирот дар бораи пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ро оғоз кунад. Дар баробари ин, вайро пайрави арзишҳои исломӣ медонанд. Президент Моҳи май Раҷаб Эрдуғон нахуствазир Абдуллоҳ Гулро номзади аслии ҳизби ҳоким дар интихоботи президентии соли 2007 эълон кард. Ин тазоҳуроти аҳзоби мухолифро ба бор овард, ки аз номзадии Гул, ки ҳамчун "исломгаро" шӯҳрат дошт, комилан қаноатманд набуданд. Аҳзоби мухолиф тасмим гирифтанд, ки ба далели надоштани кворум раъйи президентро бойкот кунанд ва интихоботро беэътибор эълон кунанд. Дар шаҳрҳои бузург алайҳи пешниҳоди Гул ба мақоми президентӣ ва дифоъ аз низоми дунявии Туркия раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Сардори штаби генералй Я. Буюканит аз эътирозгарон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки дар сурати таҳдид ба низоми дунявӣ артиш омода аст дахолат кунад. Зери фишори густарда Абдуллоҳ Гул аз номзадии худ даст кашид. Моҳи июл дар Туркия интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Адолат ва Рушд ба раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон пирӯзии комил ба даст овард. Парлумони тозатаъсис ба номзадии президент овоз дод. Дар як овоздиҳии такрории рӯзи 28 августи 2007 Гул раисиҷумҳур интихоб шуд ва худи ҳамон рӯз ба курсии худ нишаст. 28 августи 2014 ӯ курсии президентии кишварро тарк карда, ваколатҳоро ба нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон вогузор кард, ки дар интихоботи 10 август и соли 2014 пирӯз шуда буд. Ҳаёти шахсӣ Соли 1980 бо Хайруниссо Озюрт, ки ҷияни ӯ буд 5, издивоҷ кард ва ҳамсарони Гул соҳиби се фарзанд - писарон Аҳмад Мунир ва Маҳмад Эмре ва духтар Кубра шуданд. Унвонхои фахрй Пайвандҳо.
Абдуллоҳ Иброҳим
Абдуллоҳ Иброҳим аз 16 декабри 1958 то 3 майи 1960 сарвазири Марокаш буд. 4.
Абдуллоҳ Саллол
Абдуллоҳ ас-Салол (январи 1917 - 5 марти 1994) пешвои инқилоби Ямани Шимолӣ дар соли 1962 буд. Вай аз 27 сентябри соли 1962 то 5 ноябри соли 1967 аввалин президенти Ҷумҳурии Ямани Араб буд.
Абдуллоҳ Мусаввири Хуросонӣ
Абдуллоҳ Мусаввири Хуросонӣ, ё Абдуллоҳи Бухорӣ — наққош ва рассоми форс-тоҷик. Зиндагинома Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад. Ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст. Осори боқимонда То замони мо аз осори ӯ минётураҳои "Гулистон" ва "Бӯстон" -и Саъдӣ, "Туҳфату-л-Аҳрор"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1550 ва 1575) омада расидаанд. Бартарии услуби Абдуллоҳи дар он аст, ки вай ба воқеият ва тарзи хоси қиёфаю ҳаракати инсон аҳамият дода, ҷанбаҳои воқеии (реалистии) санъати тасвирии халқи тоҷикро инкишоф додааст. Мусаввараҳои ӯ бо зебоӣ, ҷилваи рангҳо, нозукию возеҳият ва мавзӯи пандомӯз дар санъати тасвирии ниёгон нақши тоза гузоштаанд.
Абдуллоҳ Муҳаммад Комил
Абдуллоҳ Муҳаммад Комил — сиёсатмадори Ҷибутӣ, сарвазири Ҷибутӣ дар моҳҳои феврал-октябри 1978. Фаъолияти сиёсӣ Абдуллоҳ Муҳаммад Комил Институти тадқиқоти сиёсии Порисро хатм кардааст. Иҷрокунандаи вазифаи котиби генералии хукумат дар соли 1974. Пеш аз ба даст овардани истиқлолияти Ҷибутӣ дар соли 1977, Комил дар вазифаи раиси Шӯрои ҳукумат (29 июли 1976 - 18 майи 1977) кор кардааст. Баъд аз эълон шудани истиқлолияти Ҷибутӣ дар хукумати якум вазири корҳои хориҷӣ шуда кор кард ва баъд аз истеъфои сарвазир Аҳмад Динӣ Аҳмад 5 феврали соли 1978 дар сари хукумати нав сарвазир таъин шуд ва дар айни замон вазири корҳои хориҷӣ ва вазири мудофиа дар кор монд. 2. Президент Гулед Оптидун 21 сентябри соли 1978 ҳукуматашро пароканда кард ва баъдан Баракот Ҳамадуро сарвазир таъин кард 3. Адабиёт.
Абдуллоҳ Рӯзбеҳи Нукатӣ
Абдуллоҳ Рӯзбеҳи Нукатӣ — шоир и қасидасарои форс-тоҷик, аз аввалин шоири посигӯи Ҳиндустон дар дарбори султон Масъуди Ғазнавӣ.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абумансур Муҳаммад Ансорӣ (апрел 1006 (1006-04-10), Куҳандиж, Ҳирот — 1089, Козургоҳ, Ҳирот) — шоир ва нависандаи мутасаввифи форс-тоҷик, назарияпардоз ва муаррихи тасаввуф, фақеҳ. Бо лақаби Пири Ҳирот ва Шайхулислом низ шуҳрат дорад. Зиндагинома Абдуллоҳ Ансорӣ 10 майи 1006 дар Куҳандижи Ҳирот дар оилаи дӯкондори суфимашраб ба дунё омадааст. Забони арабиро дар кӯдакӣ ёд гирифта, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур омӯхтааст. Имом Шарифи Марғазӣ дар фиқҳ устодаш буд. Ҳадисро дар Ҳирот аз Абулфазл Муҳаммади Ҷорӯдӣ (ваф. 1022) фаро гирифт. Илми тафсир ва ҳадисро Абдуллоҳ Ансорӣ дар назди донишманди замон Хоҷа Яҳёи Аммор (ваф. 1031) такмил кард. Соли 1020 Абдуллоҳ Ансорӣ бо Абуабдуллоҳи Тоқӣ (ваф. 1025), ки аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ буд, вохӯрда, фиқҳи ҳанбалиро омӯхт. Абдуллоҳ Ансорӣ дар эътиқодот даставвал пайрави аҳли калом буд. Абдуллоҳ Ансории чаҳордаҳсола ба Балх омад ва минбаъд шаҳру вил-ҳои Хуросону Эронро сайру саёҳат намуда, муддатҳо дар Балх, Нишопур, Тус, Бистом истиқомат кардааст. ӯ дар Рай бо Бобо Кӯҳӣ вохӯрда, дар Нишопур ба мулоқоти Абусаиди Абулхайр мерасад. Ниҳоят Абдуллоҳ Ансорӣ дар 27-солагӣ дар Рай бо суфии машҳур Абулҳасани Харақонӣ вохӯрд. Баъди ин аз ҷамъоварӣ ва тавҷеҳи ҳадис, таълимоти калом даст кашид. Вай соли 1080 бо номи "Замму-л-калом ва аҳлиҳӣ" ("Дар мазаммати калом ва аҳли он") асаре навишта, таълимоти Ашъариро роҷеъ ба калом танқид кард ва онро бидъату ботил шумурда, бар зидди мӯътазила низ қиём намуд. Хусусан тафсири ақлонии Қуръонро напазируфт, зеро ба ақидаи ӯ Қуръонро мувофиқи далелҳои созгори ақли инсон шарҳ додан дараҷаи раббонии онро паст кардан будааст. Ошноӣ бо Харақонӣ эътиқоди Абдуллоҳ Ансориро дар тасаввуф устувор гардонд ва аз ин ҷиҳат мухолифати ӯ бо аҳли калом ва ҳанафиёну ҳанбалиён шиддат гирифт. Соли 1049 мухолифони Абдуллоҳ Ансорӣ ӯро ба зиндон партофта, дар ҳабсхонаи Фушанҷ, ки дар беруни Ҳирот воқеъ буд, нигоҳ медоранд. Ба ҳамин сабаб ӯро боз ду бор зиндонӣ ва се бор бадарға мекунанд, вале аз ин эътиқоди ӯ ба тасаввуф суст нашуд. Минбаъд ӯ фақат чун орифи тайкунандаи манзилҳои муҳаббат ва мурағғиби ин маслак фаъолият нишон дод. Абдуллоҳ Ансорӣ ду бор ба ҳаҷ рафт ва ҳангоми сафарҳо бо бисёр ҳаммаслакони хеш мулоқот намуд. Абдуллоҳ Ансорӣ соли 1088 Козургоҳи Ҳирот вафот кардааст. Тасаввуф Бояд гуфт, ки Абдуллоҳ Ансорӣ аз суфиёни эътидолӣ буд, шариат ва тариқатро аз ҳам ҷудо накарда, онҳоро дар роҳи дарёфтани ҳақиқат ба ҳамдигар ёвар шумурда мекӯшид, ки тасаввуфро бо исломи расмӣ оштӣ бидиҳад. Абдуллоҳ Ансорӣ дар радду қабули самоъ боэҳтиёт буда, дар ин бора ошкоро чизе намегӯяд. Назариёти тасаввуфии Абдуллоҳ Ансорӣ чун тамоми тасаввуф поя ва асоси илмӣ надорад. Бо вуҷуди ин дар таълимоти Абдуллоҳ Ансорӣ ҷиҳатҳои муҳим ва арзишманд низ ба назар мерасанд, ки ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Инсондӯстӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳатҳои салими ақоиди ӯст, ки дар танқиди беадолатиҳои замон, зулму золимии давр ва арбоби айём, дар мазаммати ахлоқи замима ва суфиёну рӯҳониёни риёкор, дар тарғиби адолат, ахлоқи ҳамида, ҷавонмардию накӯкорӣ, дӯстӣ зоҳир мешавад. Дар бисёр мавридҳо ин ғояҳо дар омезиш бо таълимоти ирфонӣ ва ақоиди мазҳабии ӯ баён мегарданд. Тамоюлоти халқию мардумпарварӣ дар ҳаҷвияҳои нешдори Абдуллоҳ Ансорӣ, ки ба унвони аъёну сарватмандон, вазирону амирон ва зоҳидони риёкору қаллоб нигаронда шуда буд, бештар аён мегардад. Андешаҳои ахлоқии Абдуллоҳ Ансорӣ, ки рафтори некро тарғиб ва кирдори зиштро маҳкум мекунад, имрӯз ҳам судманданд. Таълифот Абдуллоҳ Ансорӣ ба тоҷикӣ ва арабӣ таълифоти бисёре дорад. Тамоми асарҳоеро, ки имрӯз ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат медиҳанд, ба се гурӯҳ ҷудо бояд кард: Аз гурӯҳи охир се девони ашъорро бояд ном бурд, ки ба Абдуллоҳ Ансорӣ нисбат дода мешаванд, вале дар асл ҳовии ашъори суханварони гуногун мебошанд. Ду гурӯҳи аввали асарҳои Абдуллоҳ Ансорӣ аз инҳо иборатанд: "Илоҳинома", ки бо номҳои "Муноҷот" ва "Малфузот" низ маълум аст, "Ганҷнома", "Қаландарнома", "Рисолаи дилу ҷон", "Канзу-с-соликин", "Зоду-л-мусофирин", "Муҳаббатнома", "Рисолаи воридот", "Ҳафт ҳисор", "Сад майдон", "Насоеҳ", "Табақоту-с-суфия", "Манозилу-с-соирин" ҷомеътарин асари Абдуллоҳ Ансорӣ мебошад, ки дар шарҳи мақомот ва манозили роҳравони тариқат ба арабӣ тасниф ёфта, дар даҳ боб, ки ҳар кадоме даҳ қисмат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назарӣ ва амалии тасаввуф, ҳақоиқи ирфон, сайри сулук, иршоди тариқат таълимот пешниҳод карда мешавад. Дар асрҳои баъдина ба "Манозилу-с-соирин"-и Абдуллоҳ Ансорӣ донишмандони суфимаслак шарҳҳои бисёре навиштаанд. Ин асар соли 1898 дар Теҳрон ба тарзи литографӣ ва соли 1953 дар Қоҳира ба табъ расидааст. Аз осори тоҷикии Абдуллоҳ Ансорӣ "Канзу-с-соликин", "Зоду-л-мусофирин", "Муҳаббатнома", "Сад майдон" ва "Табақоту-с-суфия" дар омӯзиши ҷаҳонбинии Абдуллоҳ Ансорӣ арзиши хос доранд. Осори мансур Абдуллоҳ Ансорӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аз аввалин касонест, ки қиссаи Юсуф ва Зулайхоро дар чаҳордаҳ маҷлис бо номи "Анису-л-муридин ва шамсу-л-маҷолис" бо наср таҳрир намуда, рамзиёти тасаввуфиро ба тарзи бадеӣ ба василаи образҳои асосии достон баён кардааст. Ин асари Абдуллоҳ Ансорӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик чун намунаи хуби насри бадеӣ, чун қиссаи романмонанд аз ҷиҳати мавзӯъ мақоми хос дорад. Нусхаи ягонаи маълум ва қадимаи он таҳти рақами 1458 дар китобхонаи Индиа-Оффис маҳфуз аст. Абдуллоҳ Ансорӣ шогирдони бисёр дошт, ки ҳикматҳои пурмаънии ӯро навишта мегирифтаанд ва ба ин васила як силсила осори мустақили фикрии Абдуллоҳ Ансорӣ дар қайди китобат даромада то ба замони мо расидааст. Соли 1056 яке аз шогирдони Абдуллоҳ Ансорӣ шарҳу тафсирҳои устоди худро роҷеъ ба Қуръон ҷамъ ва тадвин намуда, ба он "Сад майдон" унвон гузошт. Онро донишманди афғон Абулҳай Ҳабибӣ бо муқаддима, ҳавошӣ ва тасҳеҳ (Кобул, 1962) чоп намуд. Аз Абдуллоҳ Ансорӣ девони алоҳида намондааст. Вале зимни осори мансури ӯ ғазал, рубоӣ, қитъа ва дигар анвои шеър ба назар мерасанд. Абдуллоҳ Ансорӣ дар бисёр асарҳояш, аз ҷумла дар ашъори тоҷикиаш ғояи шикасти нафс, мағрур нашудан ба молу ҷоҳ ва аз гузашта дар ин бобат ибрат гирифтанро тарғиб менамояд. Лирика Лирикаи Абдуллоҳ Ансорӣ самимонаву равон ва аз лиҳози бадеият ва тарзи баён ба сурудҳои халқӣ наздик буда, саршор аз ҳаяҷону азоби ишқи пуршӯр аст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар лирика низ ба ороиши маснӯи шеър, ки хоси шоирони дарбор буд, накӯшида, ба ҷои шӯру шавқи рамзии қасоиди дарборӣ эҳсосоти гарми инсониро ифода намудааст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар муборизаҳои тезутунди идеологии замонаш иштирок карда, бар зидди ашъариён ва мӯътазилиён сахт мубориза бурдааст. Хидмати Абдуллоҳ Ансорӣ дар баёни зиндагӣ ва ақидаи шайхону идеологҳои тасаввуф чашмгир мебошад. Дар "Табақоту-с- суфия" ӯ дар бораи намояндагони бузурги тасаввуфи пеш аз худаш монанди Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Шиблӣ, Тамистонӣ, Харроз, Қассоби Омулӣ, Абуалии Рудборӣ ва дигарон маълумоти муфид додааст. Се асари Абдуллоҳ Ансорӣ "Сад майдон", "Манозилу-с-соирин"-и форсӣ ва "Манозилу-с-соирин"-и арабӣ ба масъалаҳои муҳими маърифати тасаввуф оиданд. Дар онҳо Абдуллоҳ Ансорӣ силсилаи мақомоти тасаввуфро ба тариқи муайян барои пайравони гуногуни тасаввуф тартиб додааст. Афкори фалсафӣ ва маърифатӣ Ба ақидаи Абдуллоҳ Ансорӣ Худо ягона моҳияти мутлақ ва ҳастии кул буда, таҷаллии он боиси ба вуҷуд омадани ақлу олам гардидааст. Дар таълимоти Абдуллоҳ Ансорӣ Худо чун офаридгори олам, аз як тараф, вуҷуди трансендентӣ буда, бо ақидаи дини ислом мутобиқ аст, вале аз тарафи дигар ӯ ваҳдати вуҷудро эътироф карда, ягонагии ҷавҳарии Худову оламро таъкид менамояд, ки ин ақида моҳиятан ба пантеизми ирфонӣ мегаравад. Дар системаи мураккаби гносеологии Абдуллоҳ Ансорӣ, ки аз яқза (бедорӣ) шурӯъ шуда ба тавҳид меанҷомад, сад мақоми тасаввуфӣ зикру тавсиф шудаанд. Метавон гуфт, ки мутафаккир аз ҷумлаи аввалин шахсонест, ки кӯшидааст назарияи сулуки орифонаро ба низоми муайян дарорад. Дар ин системаи Абдуллоҳ Ансорӣ масъалаҳои муҳими маърифати тасаввуф, аз ҷумла зӯҳд, яқин, басират, тафаккур, фақр, талаб, эҳсон, сидқ, фано, бақо, мукошафа, муҳаббат ва ғайра таҳлил шудаанд. Абдуллоҳ Ансорӣ маърифатро ба се навъ тақсим кардааст: таҳрирӣ, тасдиқӣ ва таҳқиқӣ. Навъи аввали он маърифати сифот ва навъҳо мебошад. Навъи дуюмаш маърифатест, ки ориф дар натиҷаи тааммули амиқ дар ашёю ҳодисаҳо ба вуҷуди сонеъ қоил мешавад. Аммо маърифати таҳқиқӣ ба ваҳдати вуҷуд, ба фанову бақои ирфонӣ мерасонад, яъне зимни он суфӣ моҳиятан бо холиқ як мешавад. Роҳи расидан ба машъуқ ба воситаи ишқ муяссар мешавад ва камоли инсон дар тарки сифатҳои разил мебошад, ки аз онҳо ишқи воқеӣ наҷот меёбад. Абдуллоҳ Ансорӣ мегӯяд: То дар раҳи ишқи ӯ муҷаррад нашавӣ, Ҳаргиз зи худии хеш бехуд нашавӣ. Дунё ҳама бандест бар гардани ту, Дар банди қабул бош, то рад нашавӣ. Афкори ахлоқӣ Абдуллоҳ Ансорӣ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ саҳми боарзише гузоштааст. Ӯ зулму ситами синфи ҳукмрони замонашро зери танқид гирифта, касби хислатҳои ҳамидаи инсониро ташвиқу таблиғ кардааст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар рубоиёташ махсусан ақидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии худро бо ҷуръати бештар баён намудааст. Дар рубоиёташ баъзан васфи ишқу муҳаббати одии инсон, баъзан мунозара бо Худо, эътироз ба ӯ, норизоятӣ аз ҳаёти пурмашаққат изҳор гардидаанд. Бештари рубоиёти Абдуллоҳ Ансорӣ дар рӯҳияи тасаввуфӣ навишта шудаанд. Дар баъзе рубоиёташ таблиғи оини ҷавонмардӣ ва футувват ҳувайдост, ки аз алоқаи ӯ бо ин равияи иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Абдуллоҳ Ансорӣ дар инкишофи тасаввуф, ақидаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик ва халқҳои ҳамҷавор дар асрҳои миёна хидмати босазое анҷом додааст. Таъсири мероси Абдуллоҳ Ансорӣ ба Абулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Абдурраҳмони Ҷомӣ равшан дида мешавад.
Абдуллоҳ Муҳсин Аква
Абдуллоҳ Муҳсин Аква 1 — сиёсатмадори яманӣ аст, ки аз 24 сентябри 2014 2 то 9 ноябри соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Яман буд.
Абдуллоҳ Якто
Абдуллоҳ Якто (Яфталӣ) (6 майи июли 2003) — ходими давлатии Афғонистон буд. Иҷрокунандаи иазифаи Сарвазири Афғонистон 11 октябр — 1 ноябри соли 1967. Абдуллоҳ Якто (Яфталӣ) аз соли 1967 вазири банақшагирӣ дар ҳукумати Муҳаммад Ҳошим Майвандвал буд. Дар тирамоҳи соли 1967 ӯ иҷрокунандаи вазифаи сарвазир пас аз истеъфои Майвандвал буд. Дар солҳои 1967-1969 муовини дуюм, дар солҳои 1969-1971 муовини аввали сарвазир Нур Аҳмад Эттемадӣ. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Довуд дар истеъфо буд. Сипас ба ИМА муҳоҷират кард, ки дар он ҷо 17 июли соли 2003 вафот кард.
Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ
Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ, мулаққаб ба "Ошпаз";? — 1475) — котиб, хаттот, наққош ва шоир и 1 форс-тоҷик. Зиндагинома Абдуллоҳи Таббох дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, дар зодгоҳаш ва Самарқанду Машҳад касби камол кардааст. Дар замони ҳукмронии Шоҳрух Мирзо хаттоти китобхонаи Темуриён буд. Шогирди устод Ҷаъфари Табрезӣ. Бо фармони Шохрух Мирзо солҳои оромгоҳи Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро бо хати хеле зебо ва мақбулаш оро додааст. Абдуллоҳи Таббох дар ороиши бисёре аз сохтмонҳо ва биноҳои давлатии Темуриёни Ҳирот фаъолона ширкат намудааст. Баъд аз вафоти султони Ҳирот Бойсунқур Мирзо дар хидмати писари ӯ Алоуддавла буд. Улуғбек Алоуддавларо шикаст дода, хаттотону мусаввирони моҳирро ба Самарқанд овард, ки дар байни онҳо Абдуллоҳи Таббох низ буд. Абдуллоҳи Таббох дар ороиши як зумра биноҳои Самарқанд иштирок намудааст. Ӯ солҳои 60 садаи аз Самарқанд ба Ҳирот баргашта, дар дарбори султон Ҳусайни Бойқаро ба сифати хаттот хидмат кард. Дар ин давра чандин биноҳои Машҳад ва Ҳиротро бо хати хуб ва зебои худ ороиш дод, ки ёдгориҳои меъмории Козоргоҳ (дар Ҳирот) ва "Оғочабегим" (дар Машҳад) аз ҷумлаи онҳоанд. Абдуллоҳи Таббох дар ҳунари ороиши китоб ("афшон" ва "барафшон") низ аз нодирони замони худ будааст. Осори боқимонда Аз Абдуллоҳи Таббох 45 нусхаи бо хати зебо китобатшудаи Қуръон боқӣ мондааст. Як нусхаи дастнависи Абдуллоҳи Таббох ва Содиқбегӣ Афшор дар Истанбул маҳфуз аст, ки доир ба хаттотон ва мусаввирони он давр маълумот медиҳад. Теъдоди зиёди китобати Абдуллоҳи Таббох то замони мо расидааст, ки аз ҳунар ва истеъдоди баланди ӯ шаҳодат медиҳанд.
Абдуллоҳ Саллол
Абдуллоҳ ас-Салол (январи 1917 - 5 марти 1994) пешвои инқилоби Ямани Шимолӣ дар соли 1962 буд. Вай аз 27 сентябри соли 1962 то 5 ноябри соли 1967 аввалин президенти Ҷумҳурии Ямани Араб буд.
Абдуллоҳ Саллол
Абдуллоҳ ас-Салол (январи 1917 - 5 марти 1994) пешвои инқилоби Ямани Шимолӣ дар соли 1962 буд. Вай аз 27 сентябри соли 1962 то 5 ноябри соли 1967 аввалин президенти Ҷумҳурии Ямани Араб буд.
Абдуллоҳ Саллол
Абдуллоҳ ас-Салол (январи 1917 - 5 марти 1994) пешвои инқилоби Ямани Шимолӣ дар соли 1962 буд. Вай аз 27 сентябри соли 1962 то 5 ноябри соли 1967 аввалин президенти Ҷумҳурии Ямани Араб буд.
Абдулло Назрӣ
Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Абдуллоҳи Назрӣ (ҳанг. Абдулло Назриев сентябри 1930, ноҳияи Дарвоз — 5 марти 2006, Душанбе) — сароянда и тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон. Саргузашт Абдуллоҳи Назрӣ 20 сентябри соли 1930 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст ва аз пайравони мактаби хонандагии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб буд. Ӯ соли 1954 аз Дарвоз ба шаҳри Сталинобод даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Яккахони ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Яккахони коллективҳои мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ аз ҷумла ансамбли шуҳратёри "Шашмақом" (аз 1965) ва то охири ҳаёт фаъолият дошт. Даргузашт Абдулло Назрӣ 5 марти соли 2006 дар сини 76-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт 1. Фаъолияти эҷодӣ Санъати мусиқӣ ва сурудро аз падараш – Назрихӯҷа, сипас аз ҳофизони маҳаллӣ Саидамир Бобӣ, Суръат, Акашариф Ҷӯраев омӯхта, ҳамчунин аз сабти патефонии (қартагии) Ҳоҷӣ Абдулазиз, Мулло Тӯйчӣ ва дигарон баҳра бурдааст. Иҷрокунандаи осори мусиқии мардумӣ ("Нигорам", "Сиёҳчашм", "Дилбари ман", "Санам", "Мустазод", "Мискин" ва ғайра), муаллифи сурудҳои зиёд ("Асри ман", "Халқи бузургворам", "Меҳри Ватан" ва ғайра) ва сюитаҳои рақсӣ ("Таронаҳои меҳнат", "Биё ёрам", "Мурғи саҳар", "Шашзарб" ва ғайра). Чанд шогирди боистеъдод тарбия кардааст (Исмоил Назрӣ, Давлат Назрӣ, Н. Суфиев ва дигарон). Ба ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар репертуараш сурудҳо дар васфи Ватан, сулҳ: "Асри ман" (М. Турсунзода), "Халқи бузургворам" (Б. Раҳимзода), "Меҳри Ватан" (М. Фарҳат) ва ғ., сурудҳои халқию классикии "Нигорам", "Сиёҳчашм", "Дилбари ҷон", "Санам", "Мустаҳзод", "Мискин", "Роғ" ва ғ. дар иҷрои Абдулло Назрӣ хеле хуб иҷро шудаанд. Ӯ муаллиф ва басаҳнагузорандаи силсилаи сюитаҳои рақсист, ки "Таронаҳои меҳнат", "Биё ёрам", "Мурғи саҳар", "Шашзарб" аз қабили онҳоянд. Садои баланду ширадор ва марғулавии Н. ҳангоми авҷи сурудҳояш баръало ҳувайдо мегардид. Абдуллоҳ Назрӣ дар якчанд созҳои халқӣ ҳунарнамоӣ мекард, вале бештар ба сози сетор рағбат дошт. Абдулло Назрӣ иштирокчии Фестивали умумииттифоқии ҷавонон ва студентон (Москва, 1956, лауреат); Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва, Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон (Москва, 1957) буд. Иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987). Ба Афғонистон ва Эрон сафари ҳунарӣ кардааст. 2 Ҷоиза ва унвонҳо азовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Бо ордени "Нишони Фахрӣ", медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст. 2 Гиромидошт Эзоҳ Видео.
Абдуллоҳ бин Халифа Оли Танӣ
Абдуллоҳ бин Халифа Оли Танӣ (25 декабри соли 1959 дар Доха 1) - Сарвазири Қатар аз 29 октябри соли 1996 то 3 апрели 2007, бародари амири Қатар Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ. Зиндагинома Абдуллоҳ бин Халифа дар Қатар таҳсил карда, соли 1976 Академияи низомии шоҳона дар Сандхурстро хатм кардааст. Баъдан ӯ ба артиши Қатар пайваст ва дар вазифаҳои зиёди раҳбарӣ кор кардааст. Дар соли 1989 Абдуллоҳ бин Халифа ёвари фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ бо рутбаи подполковник таъин шуд. Соли 1979 раиси Кумитаи олимпии Қатар шуд ва то соли 1989 ин мақомро бар ӯҳда дошт. Фаълияти сиёсӣ.
Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Танӣ
Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Танӣ (- Сарвазири Қатар 26 июни соли 2013 - 28 январи соли 2020. Азбаски Шайх Абдуллоҳ узви маҷлиси ҳокими Қатар Оли Танӣ аст, аз соли 2005 то 2013 дар вазифаи вазири корҳои дохилии Қатар кор кардааст. Ҳамзамон, Қатар дар радабандии самаранокии ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мебошад, ҷои аввалро гирифт. Фаъолият Пас аз дохил шудан ба хидмати ҳарбӣ дар Қатар, 1 ӯ дар соли 1985 ба ҳайси афсари патрулӣ дар полиси наҷот хидмат кардааст. 2 Дар соли 1989 ӯ ба ҳайси афсари амнияти варзишгоҳ дар Шӯъбаи полиси Амнияти Митрополит хидмат мекард. Сипас дар вазифаи ёвари фармондеҳи шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи полис кор кардааст. Абдуллоҳ фармондеҳи бригадаи амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии махсуси раёсати пулис ва фармондеҳи воҳиди вижа дар ҳайати раёсати амнияти махсус таъйин шуд. 28 декабри соли 2001 ёвари фармондеҳи Нерӯҳои амалиёти махсус шуд. Дар моҳи сентябри соли 2004 ӯ ба унвони генерали бригадир таъйин карда шуд. 1 Шайх Абдуллоҳ пас аз кор дар вазифаҳои мухталиф 15 феврали соли 2005 вазири давлати Қатар таъйин шуд. 1 3 26 июни 2013 дар натиҷаи тағйирот дар девони вазирон, ба ҷои Ҳамад бин Ҷосим бин Ҷобир Оли Танӣ сарвазир таъйин шуд. 4 Ҳамзамон дар пайи ҳамон тағйироти идоравӣ ӯ Абдуллоҳ бин Халифа Оли Танӣ ро вазири умури дохила иваз кард. 5 6 Оила Шайх Абдулло оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. 7 Унвон Мукофотҳо Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Танӣ соҳиби ҷоизаҳои зиёд, аз ҷумла Ордени Легиони Шараф (19 ноябри соли 2009) шудааст.
Абдуллоҳ Танӣ
Абдуллоҳ ат-Танӣ (Талаффузи Либия:, -) - сиёсатмадори либиёист, ки 11 марти соли 2014, замоне, ки баъди барканории Алӣ Зейдан ба вазифаи муваққатӣ сарвазири Маҷлиси Намояндагони Либиё таъйид шуд. Вай қаблан дар ҳукумати Зейдан вазири дифоъ буд. 1 Сарвазир Моҳи апрели соли 2014 Танӣ дар мавриди боз кардани ду аз чаҳор бандари нафтӣ, ки шӯришиён тасарруф кардаанд, музокира кард. 2 Ҳамчунин, пас аз таҳдиди истеъфои ӯ, Конгресс ӯро расман ба унвони сарвазир дар мақоми доимӣ таъйид кард ва ба ӯ салоҳиятҳои бештаре барои ҳалли мушкилоти Либия дод. Бо вуҷуди ин, Танӣ 13 апрели соли 2014 истеъфои худро аз мақоми сарвазири ҳукумати муваққатӣ пешниҳод кард, ҳарчанд аз ӯ дархост карда шуд, ки то замони интихоби вориси худ дар вазифаи муваккал боқӣ монад. 3 Дар ниҳоят Аҳмад Майтиқ сарвазири нав интихоб шуд, аммо интихоботи Майтиқ рӯзи 9 июн лағв шуд ва Танӣ ба вазифаи муваккал барқарор шуд. 4 Пас аз интихоби Маҷлиси Намояндагон барои роҳбарии Либиё, Танӣ дар маросими ифтитоҳи парлумони нав дар Тобрук рӯзи 4 августи соли 2014 ширкат кард 5 Ӯ ва девони вазирони ӯ 29 августи соли 2014 дубора истеъфо доданд, 6 ба далели зарурати додани порлумони нави баҳсбарангез барои интихоби ҳукумати нав ва фарогир 7 пас аз даъвати вакилони исломгаро ҷаласаи нави Конгресси умумимиллӣ дар Триполи Таниро аз вазифа озод карда эълон кард, гарчанде ки вай Маҷлиси Намояндагони интихобшударо "ягона хокимияти конунии давлат" ҳимоя кард. 8 Аммо ҳафтаи оянда вакилони муқими Тобрук Таниро дубора ба мақоми мартвазир таъйин карданд ва ба ӯ дар ташкили ҳукумати бӯҳронӣ супориш доданд. 9 Вақте ки Либиё ба ҷанги шаҳрвандӣ байни ду ҳукумати рақиб ворид шуд, Танӣ ба генерал Халифа Ҳафтар фармон дод, ки моҳи октябри соли 2014 Триполиро "озод кунад". 10 Дар моҳи марти соли 2015, дар пайи оғози мудохилаи низомӣ ба ҳимоят аз ҳукумати байналмилалӣ дар Яман, Танӣ вазъ дар кишварашро бо вазъ дар Яман муқоиса кард ва гуфт, Либиё аз Лигаи Араб даъват хоҳад кард, то "барқарор кардани қонуният" назорат кунад. 11 26 майи соли 2015 аз як сӯиқасд ҳангоми тирандозии афроди мусаллаҳ ба сӯи корвони ӯ дар Тобрук ҷон ба саломат бурд. 12 Абдуллоҳ Танӣ рӯзи 11 августи соли 2015, дар тӯли як сол пас аз ҷанги дуввуми шаҳрвандии Либиё истеъфо дод ва гуфт, ки хуруҷи ӯ роҳи ҳал аст. 13 Танӣ ва Маҷлиси Намояндагон Ҳафтарро ба унвони фелдмаршал бо эътирофи роҳбарӣ дар амалиёти "Раъди ногаҳонӣ" ва забт кардани чаҳор бандари муҳими нафтӣ (Сидра, Ра Лануф, Брега ва Зуветина) дар халиҷи Сирт ба унвони фелдмаршал пешбарӣ карданд. Гвардияи иншооти нафтӣ дар давоми ҷанги шаҳрвандии Либия. 14 Танӣ 13 сентябри соли 2020 дар посух ба эътирозҳои Либиё дар соли 2020 истеъфои ҳукумати худро пешниҳод кард.
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ — намояндаи оилаи шоҳии Қатар, амири Қатар. Дар замони ҳукмронии ӯ нафт бори аввал дар Қатар кашф шудааст. Зиндагинома 5-умин калонтарин аз 19 писари Шайх Ҷосим бин Муҳаммад Оли Танӣ буд. Бритониёи Кабир ва Имперотурии Усмонӣ ҳуқуқи ӯро барои роҳбарии тамоми нимҷазираи Қатар эътироф карданд. Бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ усмониҳо Қатарро тарк карданд ва 19 августи соли 1915 онҳоро маҷбур кард, ки Доҳаро тарк кунанд. 3 ноябри соли 1916 Бритониё бо шайх шартнома имзо кард, ки мувофиқи он Қатар ваъда дод, ки бе ризоияти пешакии онҳо бо дигар давлатҳо муносибат накунад. Перси Закариас Кокс, сокини сиёсии Халиҷи Форс, ки ин паймонро имзо кард, ҳимояти Қатарро аз таҷовузи баҳрӣ кафолат додааст. 5 майи соли 1935 вай аз Бритониё созишнома ба даст овард, ки на танҳо аз таҳдиди берунӣ, балки аз таҳдиди дохилӣ ҳам муҳофизат карда шавад. Дар соли 1927 ӯ дар Ал-Бидда қалъаи Ал-Кутро, ки бо номи Доҳа маъруф аст, сохтааст, то ҳамчун истгоҳ ва дифоъ аз душманони беруна хидмат кунад. Дар соли 1938 Форт Зубараҳ дар шаҳри Зубараҳ, ки дар музофоти Қатар, Ал-Шамал, 105 километрии Доҳа ҷойгир аст, сохта шудааст. Баъди он ки Бритониё писараш Шайх Ҳамадро вориси конунии унвони амир эътироф кард, Абдуллоҳ 17 майи соли 1935 аввалин созишномаи консессияи нафтро бо ширкати нафти Бритониё ва Форс имзо кард. Дар моҳи октябри соли 1938 аввалин дастгоҳи пармакунй ва дар моҳи январи соли 1940 кашфи аввалини кони нафт шуд. Бо вуҷуди ин, истеҳсоли нафт дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боздошта шуд. Дар соли 1940 ӯ ба фоидаи вориси худ ва писари дуюмаш Шайх Ҳамад бин Абдуллоҳ Оли Сонӣ аз тахт даст кашид. Аммо, пас аз 8 сол даргузашт ва ӯ дубора ба кор даромад. То соли 1949, то замоне ки қудратро ба писари калониаш Алӣ дод, амири Қатар боқӣ монд.
Абдуллоҳ ибни Ашкоми Хоразмшоҳ
Абдуллоҳ ибни Ашкоми Хоразмшоҳ — амири Хоразм дар аҳди салтанати Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ.
Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб
Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим — падари паёмбар Муҳаммад (с) ва писари Абдулмутталиб. Зиндагинома Қурбонӣ Абдуллоҳ дӯстдоштаи Абдулмутталиб буд. Тибқи ривоят, Абдулмуталлиб қасам хӯрдааст, ки агар 10 писар дошта бошад, яке аз писарони худро қурбонӣ мекунад. Вақте ки баъди чандин сол писаронаш ба дунё омада ба воя расиданд, ба ёдаш назр кард. Абдулмутталиб барои муайян кардани кадоме аз писарон қурбонӣ кардан, қуръа партофта, қуръа бар Абдуллоҳ афтод. Абдулмутталиб бо тавсияи Қурайш аз нақшаи худ даст кашид ва ба ивази писараш 100 шутур қурбонӣ кард 5. Издивоҷ Абдуллоҳ бо зебоии хоса, хислати покизаи худ фарқ мекард ва занони зиёде зид набуданд, ки бо ӯ издивоҷ кунанд. Соли 569 Абдуллоҳ бо духтари ашрофӣ Омина бинти Ваҳб издивоҷ кард ва аз ин издивоҷ Муҳаммад (с) ба дунё омад. Аммо Абдуллоҳ каме пеш аз таваллуди писараш даргузашт ва ӯро надида буд 5. Марг Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ҳангоми маргаш 25 сол дошт. Муаррихон гузориш медиҳанд, ки Абдуллоҳ барои тиҷорат ба самти Сурия рафтааст, аммо дар роҳ дар Мадина бемор шуда, даргузашт. Ҳамчунин хабарҳое ҳастанд, ки Абдуллоҳ дар вақте ки Муҳаммад 2-моҳагӣ буд, вафот кардааст.
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ — намояндаи оилаи шоҳии Қатар, амири Қатар. Дар замони ҳукмронии ӯ нафт бори аввал дар Қатар кашф шудааст. Зиндагинома 5-умин калонтарин аз 19 писари Шайх Ҷосим бин Муҳаммад Оли Танӣ буд. Бритониёи Кабир ва Имперотурии Усмонӣ ҳуқуқи ӯро барои роҳбарии тамоми нимҷазираи Қатар эътироф карданд. Бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ усмониҳо Қатарро тарк карданд ва 19 августи соли 1915 онҳоро маҷбур кард, ки Доҳаро тарк кунанд. 3 ноябри соли 1916 Бритониё бо шайх шартнома имзо кард, ки мувофиқи он Қатар ваъда дод, ки бе ризоияти пешакии онҳо бо дигар давлатҳо муносибат накунад. Перси Закариас Кокс, сокини сиёсии Халиҷи Форс, ки ин паймонро имзо кард, ҳимояти Қатарро аз таҷовузи баҳрӣ кафолат додааст. 5 майи соли 1935 вай аз Бритониё созишнома ба даст овард, ки на танҳо аз таҳдиди берунӣ, балки аз таҳдиди дохилӣ ҳам муҳофизат карда шавад. Дар соли 1927 ӯ дар Ал-Бидда қалъаи Ал-Кутро, ки бо номи Доҳа маъруф аст, сохтааст, то ҳамчун истгоҳ ва дифоъ аз душманони беруна хидмат кунад. Дар соли 1938 Форт Зубараҳ дар шаҳри Зубараҳ, ки дар музофоти Қатар, Ал-Шамал, 105 километрии Доҳа ҷойгир аст, сохта шудааст. Баъди он ки Бритониё писараш Шайх Ҳамадро вориси конунии унвони амир эътироф кард, Абдуллоҳ 17 майи соли 1935 аввалин созишномаи консессияи нафтро бо ширкати нафти Бритониё ва Форс имзо кард. Дар моҳи октябри соли 1938 аввалин дастгоҳи пармакунй ва дар моҳи январи соли 1940 кашфи аввалини кони нафт шуд. Бо вуҷуди ин, истеҳсоли нафт дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боздошта шуд. Дар соли 1940 ӯ ба фоидаи вориси худ ва писари дуюмаш Шайх Ҳамад бин Абдуллоҳ Оли Сонӣ аз тахт даст кашид. Аммо, пас аз 8 сол даргузашт ва ӯ дубора ба кор даромад. То соли 1949, то замоне ки қудратро ба писари калониаш Алӣ дод, амири Қатар боқӣ монд.
Абдуллоҳ ибни Абдурраззоқ
Абдуллоҳ ибни Абдурраззоқ (? — қарни Х) — сарҳанги Хуросон дар даврони Сомониён.
Абдуллоҳ ибни Аҳмади Фарғонӣ
Абдуллоҳ ибни Аҳмади Фарғонӣ (—1007) — муаррих и бузурги форс-тоҷик.
Абдуллоҳ ибни Аббос
Абдуллоҳ Ибни Аббос ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф (619 – 687) — аз муҳаддисон ва муфассирони аввалӣ. Писари амаки Пайғамбар (с), кунияташ Абулаббос, лақабаш "Ҳабрулуммат" (Донишманди уммат). Авлод ва хулафои Аббосиён аз насли Абдуллоҳ мебошанд. Зиндагинома Абдуллоҳ ҳангоми вафоти Пайғамбар (с) 13-сола буд, вале бо вуҷуди ин аз ӯ ҳадисҳои бисёре ривоят кардаанд. Ҷамъе аз оятҳои Қуръон дар асоси шарҳу тавзеҳоти Абдуллоҳ тафсир ёфтаанд. Абдуллоҳ соли 648 бо Абдуллоҳ ибни Сарҳ ба ғазои Ифриқия баромад, дар замони хилофати Алӣ ибни Абитолиб ҳамроҳи ӯ ба Ироқ рафт, дар ҷанги Сиффин иштирок кард, чанде ҳокими Басра буд, пеш аз вафоти Алӣ ба шаҳри Тоиф рафт ва то вафоташ он ҷо монд. Убайдуллоҳ, Фазл, Қусам ва Маъбад бародарони ӯ мебошанд.
Абулқосими Балхӣ
Абулқосим Абдуллоҳ ибни Маҳмуди Балхӣ — фақеҳ, муҳаддис, мутакаллим, муаррих, котиб ва дабири баъзе аз умарои Сомониён, муаллифи "Қабулу-л-ахбор ва маърифату-р-риҷол", "ат-Тафсири кабир фӣ-л-Қуръон" ва "Китобу-ғ-ғуррар ва-н-наводир". Зиндагинома Дар Балх таваллуд ёфта, таҳсилоти ибтидоиро низ дар он ҷо гирифтааст. Дар калом ба эътизолу эътиқод ва муътазилӣ низ машҳур буд. Котиби Муҳаммад ибни Зайд ба шумор мерафтааст. Муддати тӯлонӣ дар Бағдод иқомат гузида, дониши худро такмил дод. Бо фармондеҳи саркаши Наср ибни Аҳмади Сомонӣ — Аҳмад ибни Саҳли Марвазӣ наздикӣ ҷуста, мақоми вазорати ӯро низ ба даст овардааст. Бо шикасти Марвазӣ Абулқосими Балхӣ низ муддате зиндонӣ шуд. Ӯ ҳамеша афкори эътизолии худро миёни мардум тарғиб мекард ва то ҷое ҳам дар ин кор муваффақ гардида, сабаби хашми Абумансури Мотуридӣ гардид. Номбурда дар осораш ба Абулқосими Балхӣ аз назари интиқодӣ нигаристааст. Осор Бештари осори Абулқосими Балхӣ дар фалсафа ва калом буда, машҳуртарини онҳо "ат-Тафсири кабир фӣ-л-Қуръон", "Мақолот", "Уйуну-л-масоил ва-л-ҷавобот" дар 9 ҷилд, "Ғурар ва-н-наводир" ва ғайра мебошанд.
Абдуллоҳ ибни Исҳоқ ибни Иброҳим
Абдуллоҳ ибни Исҳоқ ибни Иброҳим, узве аз хонаводаи Тоҳириён.
Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос
Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (сол пеш аз ҳиҷрат616 м. – Макка, 65 ҳ.684-685 м. – Шом) — аз бузургони саҳоба ва аввалин касе, ки ҳадиси расули Худо (с)-ро китобат намудааст. Абдуллоҳ ибни Амр дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз падараш Амр ислом овард ва дар маҷмӯаҳои ҳадисӣ аз вай 700 ҳадис ривоят шуда, ки 7 ҳадиси он дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадаанд. Зиндагинома Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) саҳобаи бузург ва аввалин касе аст, ки ҳадиси Расули Худо (с)-ро китобат намудааст. Вай ҳафт сол пеш аз ҳиҷрат дар соли 616-уми милодӣ дар Макка ба дунё омада, дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз падараш Амр (р) ислом овардааст. Абдуллоҳ (р) дар тамоми ғазавот ҳамроҳи Расули Худо (с) ширкат намуда, бо ду шамшер меҷангид. А. и. А. дар тамоми машоҳид – ғазавот бо расули Худо (с) ширкат намуда, бо ду шамшер меҷангид ва аз зоҳидон ва порсоёни саҳоба ба шумор мерафт. Хабари зуҳду ибодати вай ба паёмбар (с) расид ва он ҳазрат (с) дар ҳадиси машҳуре ба вай фармуд: "Ҷисмат бар ту ҳақ дорад, ҳамсарат бар ту ҳақ дорад ва чашмонат бар ту ҳақ доранд". Аҳли ҳадис аз вай 700 ҳадис ривоят кардаанд. Вай соли 65 ҳиҷрӣ 684-685 милодӣ дар Шом вафот кардааст.
Ибни Маъруф, Муҳаммад ибни Абдулхолиқ
Муҳаммад ибни Абдулхолиқ ибни Маъруфи Гелонӣ (1;? — 1478) — забоншинос, луғатнигор, нависанда, шоир ва муаллифи фарҳанги "Канзу-л-луғот".
Абдуллоҳ ибни Иброҳим
Абдуллоҳ ибни Иброҳим (1443, Ҳирот – 1451, Самарқанд) — султони Самарқанд (1450 – 1451) баъд аз қатли Абдуллатиф. Зиндагинома Абдуллоҳ Иброҳим набераи Шоҳрух буд ва баъди марги бобояш Форс дар ихтиёри ӯ шуд, лекин дар натиҷаи ҳуҷуми сипоҳиёни Султон Муҳаммад он ҷоро тарк кард. Пас аз қатли Улуғбек, азбаски Абдуллоҳ Иброҳим яке аз ворисон барои тахту тоҷ буд, ҳабс шуд ва баъди аз зиндон раҳоӣ ёфтан даъвои тахту тоҷ кард. Шоҳзодагони дигар, аз ҷумла Алоуддавла ибни Бойсунқур, Абусаид ибни Муҳаммад, ки дар замони марги Улуғбек дар зиндон буд, алайҳи Абдуллоҳ Иброҳим шӯриданд. Онҳо низ даъвои подшоҳӣ доштанд. Дар задухӯрде, ки байни шоҳзодагон рух дод, Абусаид шикаст хӯрд. Абдуллоҳ Иброҳим маҷбур шуд, ки зидди шоҳзодагони дигар низ мубориза барад. Дар ин муддат Абусаид ҳавзаи Сирдарёро бо Туркистон ба тасарруфи худ дароварда, дар ҷанге, ки байни сипоҳиёни Абдуллоҳ Иброҳим ва Абусаид дар назди рустои Булунгур рух дод, бо кумаки Абулхайрхон бар Абдуллоҳ Иброҳим фирӯз шуд.
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдурраззоқ
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдурраззоқ — сардори лашкари Хуросон дар аҳди Абулқосим Нӯҳ ибни Мансур.
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад
Абдуллоҳ Ибни Муҳаммад ибни Узайр (? — вафот тақрибан 997) — вазири дарбори Сомониён дар аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур. Зиндагинома Писари Абумансур Муҳаммади Узайр, ки аз ҷумлаи вузарои амирони сомонӣ буд. Абдуллоҳ Муҳаммад дар натиҷаи зиддиятҳои дохилидарборӣ аз вазифа сабукдӯш гардида, ба Хоразм бадарға шуд. Ба ҷойи ӯ Абуалии Домғонӣ соҳиби мансаб гардид.
Абдуллоҳ ибни Зубайр
Абдуллоҳ ибни Зубайр (Мадина, 1 ҳ.622 м. – Макка, 73 ҳ.692 м.) — аввалин навзоди муҳоҷирон дар Мадина пас аз ҳиҷрат, аз донишмандони саҳоба, яке аз Абдуллоҳҳои чаҳоргонаи маъруф дар садри ислом, халифаи ислом ва аввалин шаҳиди овехта ба дор дар Макка. Зиндагинома Абдуллоҳ ибни Зубайр аз ҷиҳати модарӣ писари Асмо ва ба халифаи дувум Абубакр (р) насаб мебарад. Асмо (р) мегӯяд: Дар Макка бо Абдуллоҳ ҳомила шудам ва моҳам тамом шуда, ки ба Мадина ҳиҷрат кардам ва чун ба Қубо расидам, ӯро таваллуд кардам. Вайро назди расули Худо (с) бурдам ва дар канораш гузоштам. Расули Худо (с) хурмое хост ва онро хоида дар даҳонаш тӯф кард ва аввалин чизе, ки ба шиками Абдуллоҳ даромад, оби даҳони расули Худо (с) буд, сипас барояш дуои баракат кард. Абдуллоҳ ибни Зубайр улуми диниро илова бар бузургони саҳоба аз падару модараш Асмо ва Зубайр, падарбузургаш Абубакр (р) ва холааш Оиша (р) омӯхта ва ба қадре дар онҳо мутабаҳҳир гашта буд, ки аз саҳобагони муҷтаҳид ва соҳибназар дар масоил ба шумор мерафт. Дар ҷавомеи ҳадисӣ аз вай 33 ҳадис ривоят шудааст. Абдуллоҳ ибни Зубайр дар замони Усмон (р) дар фатҳи шимоли Африқо ҳузур дошт ва яке аз панҷ саҳобае буд, ки бо Язид ибни Муъовия байъат накарданд, соли 64 ҳ. пас аз вафоти Язид бо вай ба хилофат байъат шуд ва ба муддати 9 сол бар сарзаминҳои паҳновари ҷаҳони ислом, ба ҷуз манотиқе аз Шом, хилофат ронд. Вай Мадинаро пойтахти хилофаташ қарор дод ва хонаи Каъба ро бар асоси бинои иброҳимӣ аз нав бино кард. Абдуллоҳ ибни Зубайр бузургтарин инқилобро бар зидди Умавиён роҳбарӣ кард, задухӯрдҳои сангине бо онҳо ба роҳ андохт. Пас аз ҳамлаи лашкари Ҳаҷҷоҷи Сақафӣ ба Ҳиҷоз пойтахташро ба Макка интиқол дод ва гӯянд: Пас аз ҳар намозе ба даври Каъба тавоф мекард ва чанд боре, ки саҳни онро сел пӯшонида буд, шинокунон ба даври он тавоф мекард ва дар ниҳоят соли 73 ҳ.692 м. ба дасти Ҳаҷҷоҷ – фармондеҳи сипоҳи Абдулмалик ибни Марвон дар назди хонаи Каъба ба шаҳодат расид. Ҳаҷҷоҷ ӯро пас аз куштан сарнагун ба дор овехт. Модараш Асмо (р) назди Ҳаҷҷоҷ рафт ва гуфт: Оё вақти он нарасида, ки ин савора поин оварда шавад! Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ҳамон мунофиқ! Асмо (р) гуфт: Ба Худо, ки мунофиқ набуд, балки рӯзадору шабзиндадор буд. Гуфт: Бирав, пиразане, ки ақлатро гум кардаӣ! Асмо (р) гуфт: Ба худо, ақламро гум накардаам, аз расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: "Аз Сақиф дурӯғгӯ (каззоб)-е ва нобудсозанда (мубир)-е мебарояд. Аммо каззобро дидем ва аммо нобудсозанда, пас он туӣ".
Абдуллоҳ ибни Масъуд
Абдуллоҳ Ибни Масъуд ибни Ғофил ибни Ҳабиби Ҳузалӣ — яке аз саҳобаҳои наздики Муҳаммад (с). Куняаш Абуабдурраҳмон, Ибни Умми Абд ва Ибни Масъуд. Шашумин нафарест, ки дини исломро пазируфт ва аз ин рӯ ӯро Содиси Ситта (Шашуми шаш нафара) мегуфтанд. Зиндагинома Мувофиқи ривоёт ӯ дар асари як муъҷиза, ки бо даст расонидани Пайғамбар (с) пистони барраи меши ҳанӯз бор нагирифта пури шир шуд, мусулмонӣ пазируфт ва аз он пас мулозими хидмати Пайғамбар (с) гардид. ӯро соҳиби наълайн, висода ва сивок (кафш, болиш ва мисвоки Пайғамбар (с) мехонданд. Абдуллоҳ нахустин касест, ки Қуръонро дар Макка ошкоро хонда ба гӯши мушрикон расонд. Абдуллоҳ зулҳиҷратайн (соҳиби ду ҳиҷрат) аст, зеро як бор ба Ҳабаша ва бори дигар ба Мадина ҳиҷрат кард ва дар ҳамаи ғазавоти Пайғамбар (с) ҳозир буд. ӯ яке аз ашараи мубашшара (даҳ ёри Пайғамбар (с), ки ба онон ваъдаи биҳишт фармуд) аст. Дар ҷанги Ярмук иштирок дошт. Ҳангоми вафот дар Мадина беш аз шаст сол умр дошт. Абдуллоҳ яке аз муфассирони машҳури асҳоби киром ва асосгузори мактаби тафсир дар Ироқ ба шумор меравад. Асоси таълимоти ҳалқаи Ҳаммод ибни Абусулаймон – устоди Имоми Аъзам ба ҳамин мактаби Абдуллоҳ мепайвандад.
Абдуллоҳ ибни Умари Бомахрама
Абдуллоҳ ибни Умар — фақеҳ ва ҳайатшинос. Зиндагинома Дар улуми мухталиф, аз ҷумла ҳайат, таърих, шеър ва хусусан фиқҳ соҳибназар буд ва дар ҳалли масоилу мушкилоти печидаи фиқҳӣ ҳамто надошт, ҳатто ӯро "Шофеъии сағир" мехонданд. Соли 1537 мансаби қазои Шиҳрро пазируфт, вале сипас курсии устодиро бар ин мансаб авло дониста, ба Адан бозгашт ва то поёни умр ҳамон ҷо зист. Зимни адои мансаби ифто (фатводиҳӣ) назорати умури авқофи се мадрасаро ба уҳда дошт. Дар улуми мухталиф таълифоти зиёде дорад. Аз ҷумлаи осори ӯст: "Рисола фи-л-амали би-р-рубъи-л-мӯҷаб", шарҳи "ар-Раҳбия фи-л-фароиз", "ал-Фатово-л-адания" ё "ал-Фатово-л-ҳиҷрония", "ал-Лумъа фӣ илми-л-фалак", "Набзатун фӣ илми-л-фалак".
Абдуллоҳ ибни Муборак
Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Мубораки Ҳанзалии Марвазӣ, машҳур ба Ибни Мубарак — донишноманавис, суфии машҳур, муҳаддис, аз фақеҳон ва асҳоби ҳадис. Зиндагинома Ибни Муборак аз падари турк ва модари хоразмӣ зода шуда, падараш аз маволии бозаргоне аз бану Ҳанзала буд ва дар Ҳамадон иқомат мекард. Ибни Муборак дар 20-солагӣ ба омӯзиши илм оғоз кард; назди Рабеъ ибни Анаси Хуросонӣ рафта, аз ӯ ҳадис шунид. Соли 758 барои касби илм ба Бағдод, сипас ба Макка рафт. Дар ин сафар буд, ки бисёре аз тобеинро дарёфт ва аз онҳо дониш омӯхт. Ибни Муборак дар Марв мавриди эҳтиром будааст, то ҷое ки волии Марв Абдуллоҳ ибни Абилаббоси Тарсусӣ барои истимои ҳадис ба манзилаш мерафтааст. Дар ду работе, ки барои толибони ҳадис ва фиқҳ дар Марв бино карда буд, маҷолиси дарсӣ барпо мекард, хонаи ӯ низ маҳалли ҷамъшавии толибони илм будааст. Ибни Муборак барои омӯзиши улум ба Мадина, шаҳрҳои мухталифи Ироқ, Шом, Миср, Яман ва Хуросон сафар карда, аз шайхони он ҷойҳо ҳадис шунидааст. Дар ин сафарҳо дар баробари касби илм ба тиҷорат низ мепардохтааст. Ибни Муборак аз зумраи нахустин шогирдони Абуҳанифа буда, ӯро фақеҳтарини онон медонист. Аз Молик ибни Анас низ фиқҳ омӯхта ва китоби "Муватта"-и ӯро аз худаш ривоят кардааст. Дигар устоди ӯ дар фиқҳ Суфёни Саврӣ мебошад. Ибни Муборак дар масъалаҳои фиқҳӣ назари иҷтиҳодӣ дошт. Ба қавли Ибни Муборак, ӯ аз 400 шайх ҳадис шунида, аз 1000 тани онҳо ривоят кардааст. Аз Ибни Муборак дар "Саҳеҳ"-ҳои шашгона ва ғайри онҳо ҳадисҳои бисёр ривоят шудааст. Ибни Муборак дар нақди ҳадис низ миёни муҳаддисон аз шуҳрати кофӣ бархӯрдор буд, орои ӯ дар ин замина мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҳадис, аз ҷумла Ибни Салоҳ ва Ибни Ҷамоа қарор гирифтааст. Аз Ибни Муборак муҳаддисони машҳур, аз қабили Яҳё ибни Маъин, Аҳмади Бағавӣ, Абудовуди Таёлисӣ, Ибни Абишайба, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Абукариб Муҳаммад ибни Алои Ҳамадонӣ, Нуъайм ибни Ҳаммод ва Яҳё ибни Одам ҳадис ривоят кардаанд. Ибни Муборак дар фиқҳ низ аз шуҳрати хоссае бархӯрдор буд ва ақволу нақлиёти фиқҳии ӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешиниёну мутааххирон ба замми ситоиши мақоми илмии Ибни Муборак бо авсофи зоҳид, порсо, обид ва сахӣ ӯро бо саҳобаи паёмбар (с) муқоиса кардаанд. Ибни Муборакро ба шеъру шоирӣ низ ситуда, баъзе ашъори шомили панду андарзҳои ӯро нақл кардаанд. Таълифот "аз-Зуҳду ва-р-рақоиқ" ва "Китобу-л-ҷиҳод" асарҳои чопшудаи Ибни Муборак, "ал-Бирру ва-с-салот" ва "ал-Муснад" аз ҷумлаи осори чопнашудаи ӯянд.

Убайдуллоҳ ибни Бухтишуъ
Абдуллоҳ писари Бухтишуъ — пизишк ва донишманди суриёнизабони эронитабор, аз наводаҳои Бухтишуъи табиби машҳури Гундишопур.
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ
Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ — намояндаи оилаи шоҳии Қатар, амири Қатар. Дар замони ҳукмронии ӯ нафт бори аввал дар Қатар кашф шудааст. Зиндагинома 5-умин калонтарин аз 19 писари Шайх Ҷосим бин Муҳаммад Оли Танӣ буд. Бритониёи Кабир ва Имперотурии Усмонӣ ҳуқуқи ӯро барои роҳбарии тамоми нимҷазираи Қатар эътироф карданд. Бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ усмониҳо Қатарро тарк карданд ва 19 августи соли 1915 онҳоро маҷбур кард, ки Доҳаро тарк кунанд. 3 ноябри соли 1916 Бритониё бо шайх шартнома имзо кард, ки мувофиқи он Қатар ваъда дод, ки бе ризоияти пешакии онҳо бо дигар давлатҳо муносибат накунад. Перси Закариас Кокс, сокини сиёсии Халиҷи Форс, ки ин паймонро имзо кард, ҳимояти Қатарро аз таҷовузи баҳрӣ кафолат додааст. 5 майи соли 1935 вай аз Бритониё созишнома ба даст овард, ки на танҳо аз таҳдиди берунӣ, балки аз таҳдиди дохилӣ ҳам муҳофизат карда шавад. Дар соли 1927 ӯ дар Ал-Бидда қалъаи Ал-Кутро, ки бо номи Доҳа маъруф аст, сохтааст, то ҳамчун истгоҳ ва дифоъ аз душманони беруна хидмат кунад. Дар соли 1938 Форт Зубараҳ дар шаҳри Зубараҳ, ки дар музофоти Қатар, Ал-Шамал, 105 километрии Доҳа ҷойгир аст, сохта шудааст. Баъди он ки Бритониё писараш Шайх Ҳамадро вориси конунии унвони амир эътироф кард, Абдуллоҳ 17 майи соли 1935 аввалин созишномаи консессияи нафтро бо ширкати нафти Бритониё ва Форс имзо кард. Дар моҳи октябри соли 1938 аввалин дастгоҳи пармакунй ва дар моҳи январи соли 1940 кашфи аввалини кони нафт шуд. Бо вуҷуди ин, истеҳсоли нафт дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боздошта шуд. Дар соли 1940 ӯ ба фоидаи вориси худ ва писари дуюмаш Шайх Ҳамад бин Абдуллоҳ Оли Сонӣ аз тахт даст кашид. Аммо, пас аз 8 сол даргузашт ва ӯ дубора ба кор даромад. То соли 1949, то замоне ки қудратро ба писари калониаш Алӣ дод, амири Қатар боқӣ монд.
Абдуллоҳ ибни Тоҳир
Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ — сарлашкари хуросонӣ, амири Миср, амири тоҳирии Хуросон, писари Тоҳир ибни Ҳусайн. Зиндагинома Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб нақши муассир гузошт. Абдуллоҳ тавонист шӯришҳои умарои ба монанди Наср ибни Шабас, қиёмҳои Ироқ, саркашии Убайдуллоҳ ва ҷунбишҳои Мисрро фурӯ нишонад. Абдуллоҳ соли 829 тибқи фармони халифа барои фурӯ нишондани тохтутози хавориҷ дар Хуросон ба он вилоёт фиристода шуд. Абдуллоҳ дар соли 830 ба Нишопур расид ва онро пойтахти худ интихоб кард. Дар муддати понздаҳ соли ҳукуматаш эҳтироми хулафои Аббосиёнро риоят мекард. Халифа Мӯътасим бар хилофи Маъмун нисбат ба Абдуллоҳ хушбин набуд. Абдуллоҳ қабл аз маргаш, илова бар Хуросон, ҳамчунин бар вилоёти Рай, Ҷибол, Мозандарон, Табаристон, Руён ва Кирмон фармонравоӣ мекард. Ҳамзамон фармондеҳи низомиёни Бағдод буд. Сиёсати Абдуллоҳ нисбат ба халифаи аббосӣ мусолиматомез ва дӯстона буд. Вай саъй мекард то хашми халифаро нисбат ба худ ва дудмонаш барнаангезад. Абдуллоҳ адиб ва шоир ҳам буд ва монанди падараш ба арабӣ шеър мегуфт. Ба мусиқӣ алоқа дошт ва баъзе оҳангҳоро ба ӯ мансуб донистаанд. ӯ монанди падараш рӯҳияи арабӣ ва таассуб ба мазҳаби ислом дошт ва китобҳои эрониёни қабл аз исломро оташ мезад. Идораи Хуросон Халифа Маъмун писари дигари Тоҳир Абдуллоҳро, ки дар ҷабҳаҳои дигари хилофат бо шӯришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъйин кард. Абдуллоҳи Тоҳир хирадмандтарин намояндаи Тоҳириён маҳсуб мешавад. Халифа Мӯътасим барои костани нуфузи Тоҳириён мухолифони онҳоро ба шӯриш таҳрик мекард. Абдуллоҳ ба умури кишоварзӣ аҳамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоҳот низ гузаронид. Ӯ барои ҳимояи кишоварзон кормандони хироҷро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима диҳанд. Дар он замон ба навиштаи муаррихи тоҷик Гардезӣ миёни кишоварзон барои корезҳо хусуматҳо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фақеҳон китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли ин гуна мушкилҳо дар асрҳои минбаъда ҳам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи ҳукумати ӯ Абдуллоҳи Тоҳир ҳеч норозие набуд ва шӯришҳои зиёде, ки зери шиорҳои мазҳабӣ дар Сиистон рух медод, ҳикоят аз мавҷуд будани ситамгарӣ ва бедодӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон ҳеч кас мисли ӯ муваффақ набуд, зеро мулкро комилан мустақилона идора мекард ва пойтахтро низ ба Нишопур овард. "Ҳакими Оли Тоҳир" Абдуллоҳи Тоҳир ба илму адаб алоқаи зиёд дошт, зеро дар Бағдод таҳти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоҳи Тоҳир мегуфт, ки "дар ту ҳеч айбе нест, ҷуз он ки ба шеър ва аҳли он алоқаи бисёр дорӣ". Намунаи дигари илмдӯстиву маърифатпарварии Абдуллоҳ он буд, ки дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иљбориро ба роҳ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ӯ нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талҳа, ки ҳокими Марв, Омӯл ва Хоразм буд муҳаббати бепоён дошта, ӯро "ҳакими Оли Тоҳир" меномид ва бо ӯ мефахрид. Набояд фаромӯш кард, ки фарқи Абдуллоҳ аз падараш он буд, ки ӯ дар муҳити арабӣ таҳсил карда, нисбат ба суннатҳои адабиву фарҳангии то исломӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) бегона буд. Абдуллоҳ дар шаҳри Нишопур китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоҳишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи Тоҳириён ба Нишопур даъват шуда, дар ин шаҳр мезистанд ва аз ёрии амирони тоҳирӣ бархурдор мегаштанд. Ба дарбори хилофати Бағдод пайравӣ карда, амирони тоҳирӣ дар Нишопур базмҳои шеъру мусиқӣ доир менамуданд, ки беҳтарин шоирону аҳли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабӣ дар ин базмҳо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ғуломони турк дар Хуросон ва Мовароуннаҳр меафзояд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои хуби даромад дар саросари қаламрави хилофат буд.
Абдуллоҳбеки Котиб
Абдуллоҳбеки Котиб (? — 1914, Бухоро) — хаттот ва хушнависи тоҷик. Зиндагинома Аз мирбачаҳои Яккабоғ будааст. Амир Музаффар ҳангоми Яккабоғро зери тасарруфи худ гирифтан Абдуллоҳбеки Котиб ва бародари ӯ Абдураҳмонбекро ба Бухоро овард. Бародари Абдуллоҳбеки Котибро ба қатл расонид ва худи ӯро ҳабс кард. Ҳангоми даҳ соли дар маҳбас будан Абдуллоҳбеки Котиб ба таври худомӯзӣ хатро машқ кард ва камол ёфт. Дар навиштани хати насх ба пояи Мирубайд ва дар настаълиқ ба Миралии Ҳиравӣ расид, гарчанде ба ин ду устоди насху настаълиқ касе баробар нашуда буд. Аз осори китобати ӯ "Мусҳаф" (таҳти рақами 2117) ва "Сурат-ул-аврод" (таҳти рақами 2480) дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд, ки бо хати нодиру зебо рӯйнавис шуда, дорои қимати баланди бадеӣ мебошанд.
Абдуллоҳ ибни Умми Мактум
Абдуллоҳ ибни Қайс ибни Зайди Қуршӣ, маъруф ба Ибни Умми Мактум — саҳобаи паёмбар Муҳаммад, аз қабилаи Қурайш, писартағои Хадиҷа бинти Хувайлид, яке аз аввалин нафароне, ки исломро қабул кардааст; дуввумин муаззин дар таърихи ислом. Зиндагинома Аз модари нобино зода шудааст. Модараш Отика бинти Абдуллоҳро Умми Мактум (Модари Нобино) ном мебурданд. Ибни Умми Мактум мавриди таъқиби сахти мушрикони Қурайш қарор гирифта буд. Баъди ҳиҷрат аз Макка ба Ясриб (Мадина) ҳамроҳи Мусъаб ибни Умайр дар байни аҳолии он ҷо исломро таблиғ мекард. Паёмбар (с) Билол ва Ибни Умми Мактумро муаззин таъйин кард, то яке азон ва дигарӣ иқомат мегуфт. Дар моҳи Рамазон бо гуфтани азон яке аз ибтидои тановули хӯроки саҳарӣ ва дигарӣ аз интиҳои он хабар медод. Дар шаъни Ибни Умми Мактум ду бор оят нозил шудааст. Бори аввал дар Макка ҳангоми сарони Қурайш Утба ибни Рабиа, бародари ӯ Шайба, Амр ибни Ҳишом (Абуҷаҳл), Умайя ибни Халаф ва Валид ибни Муғираро барои пазируфтани ислом таблиғ кардани паёмбар (с). Ибни Умми Мактум ба он ҷамоат наздик шуда, ба паёмбар (с) гуфт: "Ай фиристодаи Худо! Маро чизе биомӯз, ки Худо туро омӯхтааст!". Паёмбар (с) аз чунин рафтор абру дарҳам кашид ва рӯй гардонид. Ҳамоно баъди суҳбат сураи "Абаса" (Қуръон 8016) нозил шуд, ки итоби паёмбар (с) буд бар ивази рафтораш бо Ибни Умми Мактум Бори дуввум дар Мадина баъди ҷанги Бадр ба паёмбар (с) ваҳй нозил шуд дар фазилати саҳобагоне, ки дар ҷанг иштирок мекунанд, бар онҳое, ки дар хонаҳо нишастаанд (Қуръон, 4). Ин оят ба Ибни Умми Мактум таъсир кард, зеро бо сабаби нобиноӣ дар ҷангҳо ширкат карда наметавонист. Вай ба даргоҳи Худо дуо кард, то ҷиҳати истиснои беморону нотавонмандон ояте нозил шавад. Пас, идомаи оят нозил шуд ва маъзурон истисно гаштанд. Паёмбар (с) ҳангоми ба ғазавот рафтан 13 бор Ибни Умми Мактум-ро дар Мадина ҷонишини худ гузоштааст. Бо вуҷуди он ки Ибни Умми Мактум аз ҷанг озод шуда буд, хоҳиш намуд, ки ӯро алам (дирафш)-дори сипоҳи мусулмонон таъйин кунанд. Дар ҷанги Қодисия ӯ аламдори лашкари Саъд ибни Абиваққос буд ва баъди ҷанг дирафш ба даст дар байни кушташудагон ёфт шуд.
Абдуллоҳ ибни Тоҳир
Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ — сарлашкари хуросонӣ, амири Миср, амири тоҳирии Хуросон, писари Тоҳир ибни Ҳусайн. Зиндагинома Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб нақши муассир гузошт. Абдуллоҳ тавонист шӯришҳои умарои ба монанди Наср ибни Шабас, қиёмҳои Ироқ, саркашии Убайдуллоҳ ва ҷунбишҳои Мисрро фурӯ нишонад. Абдуллоҳ соли 829 тибқи фармони халифа барои фурӯ нишондани тохтутози хавориҷ дар Хуросон ба он вилоёт фиристода шуд. Абдуллоҳ дар соли 830 ба Нишопур расид ва онро пойтахти худ интихоб кард. Дар муддати понздаҳ соли ҳукуматаш эҳтироми хулафои Аббосиёнро риоят мекард. Халифа Мӯътасим бар хилофи Маъмун нисбат ба Абдуллоҳ хушбин набуд. Абдуллоҳ қабл аз маргаш, илова бар Хуросон, ҳамчунин бар вилоёти Рай, Ҷибол, Мозандарон, Табаристон, Руён ва Кирмон фармонравоӣ мекард. Ҳамзамон фармондеҳи низомиёни Бағдод буд. Сиёсати Абдуллоҳ нисбат ба халифаи аббосӣ мусолиматомез ва дӯстона буд. Вай саъй мекард то хашми халифаро нисбат ба худ ва дудмонаш барнаангезад. Абдуллоҳ адиб ва шоир ҳам буд ва монанди падараш ба арабӣ шеър мегуфт. Ба мусиқӣ алоқа дошт ва баъзе оҳангҳоро ба ӯ мансуб донистаанд. ӯ монанди падараш рӯҳияи арабӣ ва таассуб ба мазҳаби ислом дошт ва китобҳои эрониёни қабл аз исломро оташ мезад. Идораи Хуросон Халифа Маъмун писари дигари Тоҳир Абдуллоҳро, ки дар ҷабҳаҳои дигари хилофат бо шӯришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъйин кард. Абдуллоҳи Тоҳир хирадмандтарин намояндаи Тоҳириён маҳсуб мешавад. Халифа Мӯътасим барои костани нуфузи Тоҳириён мухолифони онҳоро ба шӯриш таҳрик мекард. Абдуллоҳ ба умури кишоварзӣ аҳамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоҳот низ гузаронид. Ӯ барои ҳимояи кишоварзон кормандони хироҷро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима диҳанд. Дар он замон ба навиштаи муаррихи тоҷик Гардезӣ миёни кишоварзон барои корезҳо хусуматҳо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фақеҳон китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли ин гуна мушкилҳо дар асрҳои минбаъда ҳам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи ҳукумати ӯ Абдуллоҳи Тоҳир ҳеч норозие набуд ва шӯришҳои зиёде, ки зери шиорҳои мазҳабӣ дар Сиистон рух медод, ҳикоят аз мавҷуд будани ситамгарӣ ва бедодӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон ҳеч кас мисли ӯ муваффақ набуд, зеро мулкро комилан мустақилона идора мекард ва пойтахтро низ ба Нишопур овард. "Ҳакими Оли Тоҳир" Абдуллоҳи Тоҳир ба илму адаб алоқаи зиёд дошт, зеро дар Бағдод таҳти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоҳи Тоҳир мегуфт, ки "дар ту ҳеч айбе нест, ҷуз он ки ба шеър ва аҳли он алоқаи бисёр дорӣ". Намунаи дигари илмдӯстиву маърифатпарварии Абдуллоҳ он буд, ки дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иљбориро ба роҳ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ӯ нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талҳа, ки ҳокими Марв, Омӯл ва Хоразм буд муҳаббати бепоён дошта, ӯро "ҳакими Оли Тоҳир" меномид ва бо ӯ мефахрид. Набояд фаромӯш кард, ки фарқи Абдуллоҳ аз падараш он буд, ки ӯ дар муҳити арабӣ таҳсил карда, нисбат ба суннатҳои адабиву фарҳангии то исломӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) бегона буд. Абдуллоҳ дар шаҳри Нишопур китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоҳишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи Тоҳириён ба Нишопур даъват шуда, дар ин шаҳр мезистанд ва аз ёрии амирони тоҳирӣ бархурдор мегаштанд. Ба дарбори хилофати Бағдод пайравӣ карда, амирони тоҳирӣ дар Нишопур базмҳои шеъру мусиқӣ доир менамуданд, ки беҳтарин шоирону аҳли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабӣ дар ин базмҳо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ғуломони турк дар Хуросон ва Мовароуннаҳр меафзояд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои хуби даромад дар саросари қаламрави хилофат буд.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Дар муассисаҳои нашаротии "Ирфон"-у "Маориф", Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Фаъолияти эҷодӣ Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд. Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ "Риштаи тасвир", "Хандаи субҳ", "Боргоҳи ишқ", "Чамани хаёл", "Оби нуқра", "Айёми гул", "Гулшани роз" (ба ҳуруфи 1992), "Баҳои ҷон", "Сабзаи мижгон", "Сукути гиряҳо", "Меҳроби сухан" ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби "Саодати омӯзгор" гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд 1. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд 2. Унвони ҷоизаҳо Даргузашт Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт.
Абдуллоҳ ибни Умар
Абӯабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб ал-Қурашӣ, маъруф ба Ибни Умар (610, Макка, Хилофати Рошидин — 693, Макка, Хилофати Умавиён) — яке аз машҳуртарин афроди насли аввали ислом ва яке аз бузургтарин ровиёни ҳадис аст. Абдуллоҳ писари халифаи дувум Умар ибни Хаттоб (р) ва бародари ҳамсари Муҳаммад (с) паёмбари ислом аст. Зиндагинома Абдуллоҳ ёздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат ё ба наҳве 34 сол пас аз воқеъаи омму-л-фил дар Макка ба дунё омад. Вай ба ҳамроҳи падараш мусулмон шуд ва муддате пеш аз падараш ба Мадина муҳоҷират кард. Абдуллоҳ хоҳони мушорикат дар ғазавоти Бадр ва Уҳуд буд, аммо Муҳаммад (с) ба иллати поин будани синни Абдуллоҳ ба вай иҷоза надод. Аммо дар ғазваи Хандақ ва ҳангоми муҳосираи Мадина, ки ба синни 15-солагӣ расида буд, ба вай иҷоза дода шуд. Пас аз он, вай дар лашкаркашиҳои пурхатаре монанди ғазваи Мута (соли 7 ҳиҷрӣ), фатҳи Макка (соли 8 ҳиҷрӣ), дар ҷангҳои алайҳи касоне монанди Мусайлама ва Тулайҳа, ки иддаои паёмбарӣ карда буданд (соли 12 ҳиҷрӣ), дар лашкаркашӣ ба сӯи Миср (соли 18 то 21 ҳиҷрӣ), дар ҷанги Наҳованд (соли 21 ҳиҷри), дар ҷанги Гургону Табаристон (соли 30 ҳиҷрӣ) ва дар ҷанги Қустантания ба раҳбарии Язид дар соли 49 ҳиҷрӣ ширкат кард. Аввалин маъмурияти сиёсии вай тавассути падараш Умар (р) дар ҳангоме, ки дар бистари марг буд, ба вай дода шуд, ки дар шӯрои интихоби халифаи баъдӣ машварат диҳад. Бо ин ҳол, вай ҳаққи раъй ё номзад шудан надошт. Дар интихоби хулафои баъдӣ, вай баъд аз иҷмоъи уммат бар онон, бо онон байъат менамуд ва ҳамин муҳиммро ба унвони далели байъат накардан билфосила бо Алӣ ироа кард. Бо муҳаққақ нашудани иҷмоъи уммат бар сари хилофати Алӣ ва бурузи ҷангҳои дохилӣ, Абдуллоҳ мавзеъи бетараф иттихоз намуд. Вай дар ибтидо хилофати Язидро ба иллати эҷод бидъат аз сӯи Муъовия дар интихоби халифа напазируфт, вале пас аз марги вай билфосила бо Язид байъат намуд. Абдуллоҳ ба ҷуз чанд маъмурияти кӯчак, ҳеҷ гуна мансаб идорие қабул намекард. Шояд ба далели инки тамоюл дошт аз сиёсат ба канор бошад ва авқоти худро сарфи анҷоми ибодат ва умуроти мазҳабии шахсӣ кунад. Ӯ ба далели тарс аз инки натавонад ҳукми Худоро ҷорӣ кунад, ҳеҷ гуна қазоватеро қабул намекард. Вижагиҳо Дар замоне, ки мусулмонон даргири ҷангҳои дохилӣ (даврони Алӣ) буданд, вай аз ширкат дар ин ҷангҳо худдорӣ кард. Ӯ дар анҷоми дастурҳои динӣ бисёр муқайяд буд ва ҳатто ҷузъиёти зиндагияш монанди наҳваи кӯтоҳ кардан ва хизоб кардан ришаш дар манобеъ омадааст. Ривояот зиёде дар манобеъ дар мавриди илму дониш, тақво, мулоямат, иффат ва зӯҳди вай омадааст. Донишномаи ислом бар ин бовар аст, гарчи мумкин аст бархе аз ин ривоёт сохтагӣ бошад, аммо наҷобати Абдуллоҳро наметавон инкор намуд. Вай дар ривоят кардани аҳодис бисёр дақиқ буд ва тамоми саъйяшро мекард, ки ҳадисро бидуни кам кардан ё изофа кардан мунтақил намояд. Се бор ба вай пешниҳоди хилофат дода шуд, билфосила пас аз қатли Усмон дар соли 35 ҳиҷрӣ656 мелодӣ, дар ҳангоми музокироти ҳукмайн бар сари низоъи Алӣ ва Муъовия дар Саффин дар 37 ҳиҷрӣ657 мелодӣ ва пас аз марги Язид дар соли 64 ҳиҷрӣ683 мелодӣ, ки дар ҳар се бор ба иллати инки тамоюл дошт, мардум бар хилофаташ муттафиқулқавл бошанд ва ҳеҷ гуна хунрезӣ барои ҳифзи он ниёз набошад, ин пешниҳодро рад кард.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Зиндагинома Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корӣ Дар муассисаҳои нашаротии "Ирфон"-у "Маориф", Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Фаъолияти эҷодӣ Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд. Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ "Риштаи тасвир", "Хандаи субҳ", "Боргоҳи ишқ", "Чамани хаёл", "Оби нуқра", "Айёми гул", "Гулшани роз" (ба ҳуруфи 1992), "Баҳои ҷон", "Сабзаи мижгон", "Сукути гиряҳо", "Меҳроби сухан" ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби "Саодати омӯзгор" гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд 1. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд 2. Унвони ҷоизаҳо Даргузашт Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт.
Абдуллоҳ Ҳамдук
Абдуллоҳ Ҳамдук — пешвои ҳукумат ва сиёсатмадори судонӣ, 15-умин нахуствазири Судон. Зиндагинома Пеш аз таъин шуданаш ба вазифаи сарвазир, Ҳамдук дар вазифаҳои зиёди маъмурии миллӣ ва байналмилалӣ кор кардааст 3 Аз ноябри соли 2011 то октябри соли 2018 муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Африқо буд. Кормандони Ҳамдукро ҳамчун "дипломат ва шахси хоксори ақли дурахшон ва интизомнок" тавсиф карданд 4. Сарвазир Дар моҳи августи соли 2019 Ҳамдук ҳамчун номзади эҳтимолӣ ба мақоми сарвазири Судон дар соли 2019 барои гузариши Судон ба демократия эълон шуд 5 6. Шурои сохибихтиёрии Судон мувофиқи талаби лооҳаи эъломияи конститутсионӣ Ҳамдукро 20 август сарвазир таъин кард. Ӯ баъдан рӯзи 21 август савганд ёд кард 7. Мутобиқи моддаи 19 лоиҳаи эъломияи конститутсионӣ аз моҳи августи соли 2019, ҳамчун сарвазир дар давраи гузариш ба Ҳамдук (дар қатори дигар раҳбарони воломақоми давраи гузариш) иштирок дар интихоботи умумӣ дар Судон дар соли 2022, ки пас аз анҷоми давраи интихобот ба нақша гирифта шудааст, манъ карда шудааст 8 Ҳамдук девони вазиронро ҳамчун сарвазир таъин кард. 4 октябри соли 2019 ӯ роҳбарияти донишгоҳҳои давлатии Судонро аз кор озод карда, 28 ректор ва 35 муовини ректорро барканор кард ва 34 муовини ректорро таъин кард. Ҳадаф иваз кардани одамон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ки аз ҳукумати ал-Башир намояндагӣ мекунанд, буд 9 7 феврали соли 2021 Ҳамдук ҳукумати муваққатро пароканда кард. Сарвазири Судон вазиронро дар бораи қатъ гардидани ваколатҳои онҳо бо мақсади гузаштан ба ташаккули Девони нави вазирон огаҳ кард 10. 9 марти соли 2020 Ҳамдук аз як сӯиқасд дар пойтахти кишвар Хартум наҷот ёфт. Ҳадди ақал 3 мошин осеб дидааст, аммо аз талафоти одамон пешгирӣ карда шуд, ба истиснои як афсари амниятӣ, ки "сабук маҷрӯҳ шудааст" 11. Дар моҳи октябри соли 2021 Абдулло Ҳамдук эълом дошт, ки ҳукуматро пароканда намекунад, то ҳукумати дигарро таъсис диҳад. Генерал Абдулфаттоҳ Абдулраҳмон ал-Бурҳон, раиси Шӯрои Интиқоли Ягона ин дархостро дар ҷараёни мулоқот расман баён кард. Сарнагуншавӣ Шаби 25 октябри соли 2021 Ҳамдук аз ҷониби низомиён дастгир карда шуд 12. 26 октябри соли 2021 дар як нишасти хабарӣ генерал Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон гуфт, ки сарвазир Ҳамдук дар хонаи ӯ "ҳамчун меҳмон аст, то ӯро аз маҳдудиятҳое, ки нерӯҳои сиёсӣ бар ӯ ҷорӣ кардаанд, муҳофизат кунад". Баъд аз он рӯз хабар расид, ки Ҳамдук ба хона баргаштааст 13 Ҳаёти шахсӣ Ҳамдук соли 1993 дар ҷануби Манчестер бо иқтисодшинос Муна Абдулло издивоҷ кард. Онҳо 2 писари калонсол доранд; як нафар дар Донишгоҳи Эксетер дар соли 2019 таҳсил мекунад ва дигаре дар охири солҳои 2010 донишгоҳро дар Иёлоти Муттаҳида хатм кардааст. 1.
Ибни Муқаффаъ
Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Рӯзбеҳ пури Додвеҳ оғоз карда буд. Сипас ба сифати дабир ба хидмати Язид ибни Умар ибни Ҳубайр, ки аз ҷониби охирин халифаи умавӣ Марвон ибни Муҳаммад ба ҳукумати Ироқ гумошта шуда буд, пайваст. Тибқи иттилои манбаъҳо, дар дарбори оли Аббос низ аввал дабир, сипас омӯзгори фарзандони амир таъйин шуд. Ӯ дар ҳамин даргоҳ ислом овардааст. Дар бораи эътиқоди динии Ибни Муқаффаъ байни ровиёну нависандагони ҳамаср ё баъди ӯ қазоватҳо гуногунанд. Абурайҳони Берунӣ ӯро зиндиқу монавӣ медонад, зеро дар тарҷумаи "Калила ва Димна" аз паҳлавӣ ба арабӣ қиссаи "Барзуяи табиб"-ро бар он афзудааст. Масъудӣ ва Нёлдеке низ қавли ӯро пазируфтаанд. Сайид Муртазо Ибни Муқаффаъ ва теъдоде аз ҳамнишинонашро ба таври ошкор зиндиқ меҳисобад. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ низ дар "Таърихи гузида" менависад, ки Ибни Муқаффаъ бо иттиҳоми зиндиқӣ кушта шудааст. Бархе сабаби марги ӯро сиёсӣ медонанд. Сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, Ибни Муқаффаъ-ро роҳи тайкардааш дар фараҳангу адаб ҳамчун як шахсияти намоёни иҷтимоӣ, инсони воло, пойбанди усулҳои ахлоқӣ ва нависандаву мутарҷими тавоное муаррифӣ кардааст. Ӯ тавонист, ки арзишҳои фарҳангии тамаддуни эрониро ба олами араб ошно кунад ва ҳамчун симои барҷастаи адабиёти араб номвар шавад. Насри арабии Ибни Муқаффаъ бисёр шево буд ва сармашқи сухандонону нависандагони арабинавис ва арабизабон шумурда мешуд. Тарҷумаҳояш аз беҳтарин осори адабию ахлоқии забони арабиянд. Аз ин рӯ, китобҳои Ибни Муқаффаъ дар баъзе донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла донишгоҳҳои кишварҳои араб баррасӣ мешаванд. Таълифот Ибни Муқаффаъ аз аввалин ва сермаҳсултарин тарҷумонҳои эронист, ки осори юнониву эрониро ба забони арабӣ баргардон кардааст. Дар фосилаи кӯтоҳи зиндагии 36-солааш ба таври шигифтангез осори зиёди арзишманде таълиф кардааст, вале мутаассифона, бештаре аз асарҳои ӯ аз байн рафтаанд. Он чӣ то имрӯз аз ӯ боқӣ мондааст, инҳоянд: "Калила ва Димна" номвартарин асари Ибни Муқаффаъ аст, ки онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардон кардааст. Асли ин китоб "Панчатантара" ном дошт, ки дар рӯзгори Анӯшервон онро Барзуяи табиб аз забони санскрит ё эҳтимолан аз прокрит ба паҳлавӣ баргардон кард ва достонҳои дигаре низ аз маъхазҳои ҳиндӣ (монанди "Маҳабҳарата")-ро бар он афзуд. Ибни Муқаффаъ низ шаш фасл ба ин китоб илова кардааст, ки ҳамаи онҳо то замони мо нарасидаанд. Маъруфтарин иловаи фасли Ибни Муқаффаъ боби "Барзуяи табиб" ва аз қавли Барзуяи табиб аст, ки бархе онро иншои худи Ибни Муқаффаъ медонанд. Аммо Нёлдеке муътақид аст, ки равиши тарҷумаи вай чунон буд, ки дар ибораҳо дахлу тасарруф мекардааст. Баъзе аз муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки Ибни Муқаффаъ забони қаҳрамонони худро ранги исломӣ дода ва бисёре аз ҷанбаҳои андешаву зиндагии иҷтимоиро, ки дар китоби "Калила ва Димна" ошкор шудаанд, бо замони худ созгор кардааст. Дар матни арабии "Калила ва Димна" (чопи Қоҳира) ин боб ба Бузурҷмеҳри Бухтагон мансуб аст. Насри тарҷумаи Ибни Муқаффаъ дар ин китоб аз намунаҳои беҳтарини насри арабист, ки зуҳури он бисёре аз андешамандонро дар ҷаҳони араб ба худ ҷазб кард. Бархе кӯшидаанд, ки онро дубора ба арабӣ тарҷума кунанд ва баъзе низ онро ба назм даровардаанд. "Калила ва Димна", аз рӯи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ, ба забонҳои суриёнӣ, юнонӣ, туркӣ ва лотинӣ тарҷума шуда, дар миёни гӯяндагони ин забонҳо паҳн гардидааст, аммо асли тарҷумаи арабии Ибни Муқаффаъ дар даст нест. "Худойнома" ё "Хватойномак" муҳимтарин китобест, ки дар таърихи Эрон ба таври мустақим аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шудааст. Тарҷумаи он муҳимтарин китоби Ибни Муқаффаъ пас аз "Калила ва Димна" аст. Асли он достоне муфассал аз шарҳу воқеаҳои таърихи қадими Эрон аст, ки бо афсонаҳои миллии порсӣ даромехта, ривоёти аз таърихи суриёниҳову юнониҳо гирифташуда, шомили таърихи Эрон аз аҳди Каюмарс то замони Хусрави Парвиз ҷамъоваришуда ва аҳди Яздгурди -ро дар бар гирифтааст. Аз ин китоби азим танҳо қитъаҳое дар матнҳои таърихӣ боқӣ мондааст. Ба навиштаи Тафаззулӣ, тарҷумаҳои "Худойнома" маъхази умдаи таърихнависони давраи исломӣ, монанди Табарӣ, Масъудӣ, Ибни Қутайба, Балозурӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Саолабӣ қарор гирифт. "Худойнома"-и Ибни Муқаффаъ ба дасти мо нарасидааст. "Китобу-л-оин" рисолаест, ки дар бораи созмонҳо ва русуму одоби дарбории Сосониён навиштаҳое доштааст. Ба гуфтаи Масъудӣ, нусхаи комили ин рисола дар чанд ҳазор сафҳа дар назди мубадону бузургон ва зимомдорон буд. Ибни Муқаффаъ китоб ё бахшҳое аз онро дар аввалҳои асри 8 ба арабӣ тарҷума карда буд. Шакли комили ин тарҷума дастрас нест, аммо бахшҳое аз он дар китобҳои аз ҷумла "Уюну-л-ахбор"-и Ибни Қутайба омадаанд. Асари дигари Ибни Муқаффаъ "ад-Дуррату-л-ятима" аст, ки назди арабҳо чун намунаи аълои фасоҳату балоғат баҳо гирифтааст. "Рисолату-с-саҳоба" китоби кӯчак, вале бисёр муҳим дар сиёсат аст, ки Ибни Муқаффаъ онро барои халифаи давр навиштааст. Мақсади муаллиф дар нигориши он ҷалб кардани таваҷҷуҳи халифа ба ислоҳот ва инсофу дод дар ҳукуматдорӣ будааст. Ибни Муқаффаъ бо огоҳӣ аз низоми аҳди Сосонӣ дар бораи шева ва вазъи ҷамъоварии андозу молиёт, равиши додгустарӣ, доварӣ ва интихоби атрофиёни халифа, аз ҷумла ройзанон, коргузорон ва дабирон пешниҳоду супоришҳои судманд кардааст. Баъзе тахмин кардаанд, ки шояд забони сареҳи ин асар боиси ранҷиши халифа ва поёни умри фоҷиабори Ибни Муқаффаъ шуда бошад. Рисолаи дигари ӯ — "Номаи тансар" матолиби таърихӣ ва маҷмӯи қонунҳои иҷтимоиро фаро гирифтааст, ки Ибни Муқаффаъ онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонидааст. Асли паҳлавӣ ва ҳам арабии он гум шудааст. Ибни Исфандёр дар муқаддимаи "Таърихи Табаристон"-и худ тарҷумаи форсии онро овардааст. Муҳаққиқи Дармстетер, ин номаро пас аз Авесто ва Катибаҳои Ҳахоманишӣ муҳимтарин санади таърихии Эрон мешуморад. Ӯ матни ин номаро аз рӯи нусхаи хаттии Ибни Исфандёр бо тарҷумаи фаронсавии он дар маҷ. "Журнол Азиатик" чоп кард. Китоби "Мардак" асари дигар Ибни Муқаффаъ мебошад, ки ба шеваи "Калила ва Димна" аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонида шудааст ва Абон ибни Абдулҳамиди Лоҳиқӣ онро ба забони арабӣ ба назм даровардааст. Ин китоб дар сарчашмаҳо бо номҳои "Марвак" ва "Маздак" ҳам омадааст. Касоне, ки номи онро "Маздак" овардаанд, таъкид кардаанд, ки он бо Маздаки рӯзгори Қубод рабте надорад. Минавӣ тахмин мекунад, ки қаринаи дурусти он "муздак" (муждак) бошад, ба маънои мужда ва башорат, ки барои номидани китобҳои динӣ муносибат доштааст. "ал-Адабу-л-кабир" ва "ал-Адабу-с-сағир" унвони ду китоб аз осори таълифии Ибни Муқаффаъ аст. Муаллиф дар "ал-Адабу-л-кабир" аз боби сиёсату одоби муошират ва чигунагии кишвардорӣ сухан кардааст. "ал-Адабу-с-сағир" китоби ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда, онро аввалин бор шарқшиноси фаронсавӣ Силвестер де Соси соли 1816 дар Порис ва сипас соли 1825 дар Миср мунташир кард. Рихтери олмонӣ низ онро соли 1915 ба олмонӣ баргардон карда, дар Штутгарт ба чоп расонд. Ин асарро соли 1911 Аҳмади Закипошшо ва соли 1913 Муҳаммади Курдалӣ дар Қоҳира чоп карданд. Ибни Муқаффаъ девони ашъоре бо номи "Девону-л-ҳамоса" низ доштааст. Ба таъкиди муаллифи "Ахбору-л-ҳукамо" дар олами ислом Ибни Муқаффаъ нахустин шахс аст, ки ба тарҷумаи китобҳои мантиқ пардохт. Аҳли таҳқиқ тарҷумаҳои ӯро бисёр шево ва равону дилнишин арзёбӣ кардаанд. Ибни Муқаффаъ чанд асари Арасту, аз ҷумла "Категорияҳо" (дар юнонӣ, дар англисӣ) ба маънои "зумрабандӣ" ё "радабандӣ", хулосаи "Бори Арминиёс" (ба юнонӣ ва ба англисӣ) ба маънои "дар тафсир", "Аналитика" (дар юнонӣ ва ба англисӣ) ба маънои "воковӣ", "Мантиқ", "Мақулот", "Таҳлилу-л-қиёс" ва "Исоғуҷи" -ро (асари мутафаккири лубнонӣ Пурфири, ки даромадест бар "Категорияҳо"-и Арасту) аз юнонӣ ба арабӣ баргардон кардааст. Аз ин рӯ, Роғиби Исфаҳонӣ ӯро ҷузви ноқилони улум ном мебарад. Ибни Муқаффаъ аз нахустин афроде буд, ки ҷаҳони арабро бо илм, фалсафа ва ҳикмат ошно кард. Мутафаккироне чун Абунасари Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Абурайҳони Берунӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мутанаббӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон таълимоти ахлоқию иҷтимоии ӯро инкишоф додаанд.